Минбари коршинос


Маъифати сиёсии чавонони точикро чи гуна арзёби мекунед?

Дар ҳоле ки чавонони дигар мамолик дар маъракаҳои сиёсии кишварашон, дар хама гуна хамоишу гирдихамоихо ва умуман гуфтан мумкин дар фазои сиёсии чомеаашон намудору фаолу устуворанд, дар мо чавонон нисбати он чи дар кишвар мегузарад ва нисбати он маъракаҳои сиёси тибки назари баьзе коршиносони кишвар бетаваччуҳи зоҳир менамоянд. Метавон ҳадс зад, ки аксарашон нисбат ба ончи дар фазои сиёсии кишвар рух медиҳад бепарво ҳастанд Албатта дар миёни чавонон (ба истиснои бархе) бемаърифатии сиёси низ дида мешавад, ки ҳатто иттилое перомуни  кучактарин хизбхо  надоранд. Кам нестанд шумори он чавононе ки хатто намедонанд, роҳбари фалон ҳизб кист ва Точикистон бо кадом давалатҳо муносибати сарду гарм дорад. Онгуна ,ки ёдовар шудем дар дигар мамолик чавонон бемалол, бидуни тарсу ваҳм фаоли майдони сиёсат ҳастанд. Ва аз кучактарин ҳаводиси кишвари хеш огоҳанд.Чавонони точикро имруз падидаи хатарноку камиттилоию ноогоҳи ва нобовари ба худ таҳдид мекунад. Онҳо тамоиле ба ворид шудан ба сиёсатро надоранд. Дар онҳо бино ба назари коршиносон ангор имону часорат,устуворию суботкори, мустакилияту масъулиятшиноси хеле ва хеле кам дида мешавад.Пас суолоте инчо матрах мешавад,ки ба ин хама бетафовутихо ва бемаьрифатихо киро метавон мукассир донист? Дар Точикистон ки беш аз 60 фисади аҳолиро чавонон ташкил мекунанд,оё ин кишр то кадом андоза нисбат ба сиёсат таваччух дорад?Ва то кадо андоза ба кудрати ин кишр бовари доранд ва то кадом андоза онхо сохибвазифаанд? Оё бахои коршиносон ва гурухи муаяни чомеа нисбат ба маьрифату часорати сиёсии чавонони имруза чанд буда метавонад?Посухи ин ва чандин суолотро метавонед аз назару акоиди мухталифи рузноманигорон ва коршиносони точик чуё бишавед.Аммо кабл аз он,ки ручуь намоем ба назари онхо, мехостам  инчо дар  ин навишта  чанд омил ва далел рочеъ ба бетаваччуҳиюи ҳунукназарии чавонон ба сиёсатро биоварам:

1)Дониши пасти сиёси  дар мавриди низоми давлатии кишвар.

2)Нобовари ба худ ва ба дониши худ

3)Камиттилоии онҳо дар мавриди ҳаводиси дохилу хоричи мамлакат.

4)Надонистани ҳукуку озодиҳои худ.

5)Надоштани часорату сифати устувори.

6)Набудани ташвикот аз чониби роҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар

7)Набудани барномаи вижаи чалби чавонон ба сиёсати дохили кишвар.

Хикматулло Сайфуллохзода тахлилгари масоили сиёси

Мавзуъи маърифат дар умум ва маърифати сиёсӣ ба таври хос аз мавзуъҳое мебошанд, ки пайваста сари  он баҳсҳои зиду нақиз сари ҳар нишаст ва суҳбатҳое сурат мегиранд, ба вижа маърифати сиёсии қишри ҷавонони кишвар. Дар ин маврид даъво ва далилҳои мухталиф низ ироъа мегарданд.

Бале, ин як мушкилоти аслии ҷомеъа ба ҳисоб меравад ва шаҳрвандони кишвари мо эҳтимол аз нигоҳи маърифат дар сатҳи солҳои 60-уми асри гузашта  қарор дошта бошанд ва ин иштибоҳ нест. Агар ҷомеъа дар ин сатҳ бошад, оё насли наврас ва ҷавони онро метавон бо маърифат гуфт?  Оё барои ҷавони имрўз дар ҷомеъа мояи ифтихоре ҳаст, ки онро бо чашми сар бубинаду боиси такони ў гардад, то рў ба соҳибмаърифатӣ биёрад? Дар ҳоле ки дар кучаву паскуча, ҳатто дар долонҳои муасиссаҳои таълимӣ, ба хусус онҳое, ки дар пойтахти кишвар ҳастанд, танҳо алфози қабеҳ ва муносибатҳои ѓайриахлоқиро мешунавию мебинӣ, оё инро самтгиири ҷавонон суи маърифат гуфтан мумкин аст?. Чунин ба назар мерасад, ки гўё василаи дарёфти маърифат дар ин гуна ҷойҳо ҳамин тарз бошад.

Банда, дар ҳеҷ маврид ва ҳеҷ замоне насли ҷавонро гунаҳгор надонистаам, ба хусус дар бемаърифатӣ. Ҳамавақт муҷрим калонсолонанд, чунки мутаасифона ба асли инсоният, яъне маънавиёт ва маърифат таваҷҷўҳ зоҳир намекунанд. Ойинаи ҷавон волидайн, устод ва раҳбари ин ва ё он муасиссаву коргоҳ аст, ки дар афкор ва маърифати ҷавон таъсиргузори мустақим аст. Албатта дарёфти илм яке аз омилҳои соҳибмаърифатист, вале бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки олим шудан осон, вале… Низоми феълӣ ҳам дар маҳдудаи бемаърифатӣ нигоҳ доштани ҷавонон таъсири мустақим дорад. Пайваста мавриди тарсу ҳарос ва фикри ҷавононро танҳо ба мавзуъҳои нолозим машѓул доштан, дар пайдоиши фикрронии мустаъқилона имкон надодан, хушомадгуиву чоплусӣ ва афкори ѓуломиро тавассути ТВТ ба намоиш гузоштан, афкори ҷониберо «душманона» ё «хиёнаткорона» арзёбӣ кардан ва дар афкори ҷавонон ҷой кунонидан ва ҳамин қабил корҳову иқдомҳо онҳоро беҳавсала ва аз сиёсат дур кардааст.

Агар соҳибмаърифатии имрузаи ҷавононро ба таври иҷмолӣ ба риштаи таҳлил бикашем, пешравӣ эҳсос мешавад, вале дар ин пешравӣ низоми имрузаи кишвар 1% ҳам саҳм надорад. Ин иддае аз ҷавонон ҳастанд, ки новобаста ба мушкилоти рўзафзун ва ҳаросҳои мухталифи мавҷуд бо мурури вақт бо хоҳиш ва иродаи худ вориди раванди маъракаҳои сиёсӣ мешаванд. Ҳар лаҳза ва фурсати онро ба таври худ таҳлил мекунанд ва нозукбинона ба ин ва ё он ҷараёни сиёсӣ ворид мешаванд. Аммо мутаъасифона хеле каманд ин гуна ҷавонон ва аѓлаби онҳо дар ҳақиқат аз иттилоъот дуранд, ки боиси камфаъолӣ ва дурӣ ҷустан аз равандҳои сиёсӣ гардидааст. Боз ҳам ба такрор мегуям, ки воқеияти имрўза ва раванди муносибатҳои сиёсӣ муҷрими беҷуръатӣ ва дурӣ ҷустани ҷавонон аз сиёсат аст. Ҳатто афкоре ҳам ҷой дорад, ки иддае аз соҳибмазҳабони мо ширкат дар сиёсатро ҳаром эълон доштаанд. Аммо худ намедонанд, ки худ ва дигаронро кайҳо бозичаи дасти дигарон қарор додаанд.

Банда, ба ин боварам, ки интихоботи гузаштаи парлумонӣ дар афкор ва сатҳи маърифати ҷавонон такони ҷиддӣ ворид кард. Онҳо бозиҳои ҳарому ҳалоли онро ба хубӣ диданду эҳсос карданд. Ба ин хотир, ҳамаи буъдҳои ширкат доштан ва надоштани ҷавононро дар сиёсат ва дарёфти маърифат ба инобат гирему ба он баҳогузорӣ намоем, мувофиқати банда сари севу ним мебуд. Сатҳи баҳогузорӣ шуда давраи аз интихоботи соли 2005 то интихоботи 2010 аст, ба хусус 2-3 соли ахир. Ва бовар дорам, ки дар интихоботи соли 2015 ҳарфи ҷавонон ё раъйи сиёсии онҳо ҳалкунганда хоҳад буд. Чунки таҳавулоти афкорӣ ва маърифатнокии онҳо дар ҳолати рушди густарда қарор дорад.

Субхони Чалил рузноманигор

Чавонон имрузхо новобаста ба он, ки огохии каме дар мавриди масоили гуногуни сиёси доранд,  дар мавриди сиёсату  интихобот, накши хамсолонашон дар чомеа, номзадхои чавон… баъзан назари худро  мегуянд. Вале мушохида мешавад, ки намояндахои насли «бузург»  ё худ НА чавон фаъолтаранд. Як вакт мусохибаи як номзади чавонтарини Думаи Маскавро хондам, ки барояш як  хамсоли дигараш суол додааст, ки  «дар Думаи Маскав дедовщина нест?  Яъне хатто чавони Маскав хам аз такдири ояндаашон дар парлумон нигарон будаанд. Инро шояд нишони  масъулиятшиноси хам метавон унвон кард.  Яъне онхо фикр мекунанд, ки ман метавонам ончо намояндаги кунам, ман хамин гуна кудрату донишу имкон  ва….дорам, ки шарманда нагардам? Чавонони мо чи хел фикр мекарда бошанд? Мушохида мешавад, ки баъзехои арзанда аслан ба ин майдон ворид шудани нестанд, барои он, ки гумон доранд, «ракобат ва талошхоро» тахаммул карда наметавонанд. Барои баъзехо имконият даст намедихад, шояд аксарият намедонанд, аз чи огоз кунанд, аммо кам нестанд, нафароне, ки комилан бефарк хастанд. Аз сухбату мусохиба ва назаргуихо маълум мешавад, ки баъзехо фикр мекунанд, депутатхо бояд барои тозагии чуйборхои кучаи онхо талош кунанд, роххои онхоро асфальтпуш кунад  ва амсоли ин.  Ва акнун аксарияти онхоро душвор аст, бовар кунондан, ки депутат аслан масъулияту вазифаву…  одди карда гуем, кору бори дигарро бояд анчом дихад. Агар ки парлумон аз ин пас макони бузурги омодасозии кадрхои пешбар барои хама самтхои чомеа гардад, пас бояд ба ончо мардуме ворид гарданд, ки донишманд хастанду дар ниходи онхо хамин гуна  неру, лаёкат ва истеъдод хаст.

Дар яке аз маъракахои мухими сиёси-интихоботи охири парлумони  хам чанд тан аз чавонон ширкат карданд.. Ин аллакай  хуб аст. Ва бояд коре кард, ки нигохи мардум ва хама ба чавонони сохибандеша ва эчодкор дигар шавад. Давраи ба мардум шинос шудан ба гумонам, ки бояд тулони бошад. Пайваста бо ибтикору бо пешниходи барои манфиати мардум равонашуда худро ба онхо муаррифи кардан мумкин аст.  Хама корманди ТВ ё Радио буда  наметавонад-ку то мардум онхоро  шиносанду ба чонибдориашон  овоз бидиханд.  Аз суи дигар,  чавонон бояд имруз дониши мукаммали сиёси ва иктисоди дошта бошанд, ки онро хам ба назарам, мо  дар мактабу Донишгох намегирем. Ман мехостам, ки шумо як бор ба ин руйхати нопурра назар афканед. Шояд ман чизеро галат мегуям ё чизе сарфи назар мешавад, вале ба хар сурат бояд сабаби андеша кардан шавад:

•          чавононе, ки аъзои ин ё он хизби сиёси хастанд, оё хуб медонанд, ки максад аз аз хамрахихо бо кадом хизбе чи аст?

•          чанд фоизи чавонони аъзои хизбхои сиёси худашон-бе тавсия, пешниход ва мачбуркунии касе ба он хизб аъзо шудаанд?

•          чанд фоиз чавонони мо сарварони ташкилоту созмонхои чамъияти хастанд ва тачрибаи мустакилона кор кардану тасмим гирифтан доранд?

•          кадоме аз онхоеро, ки донишу истеъдоди хуб доранд,  танхо будан, хешу табори машхур ва пулдор  надоштан ба ташвиш намеорад?

•          то замони интихобот кадоме аз чавонони мо дар мадди назари мардум хастанд, киро аз чавонон аксарият мешиносанд? Бо кадом амалу кору акидаву навгонихо моро мардум метавонад,  ки ба хотир орад?

•          чанд фоиз аз чавонони моро барои кор ва фаъолият ба кадом вазорату идора даъват мекунанд ва оё каблан даъваткунанда даъватшавандаро мешинохт?

•          чанд фоизи чавонону хамсолони мо  медонад, ки бо кадом рох худро бояд муаррифи кунанд ва ба максадхояшон бирасанд?

•          хамсолони мо ба дигаргунихо ва тагирот дар дохили хизбхо, манъ будани баъзе хизбу харакатхо  чи назар дошта бошанд?

•          чанд фоиз фикр мекунад ва бовари дорад, ки дар ёфтани чои кори хуб ва мавкеъ  мухим акидаи сиёси ва узвият ба кадом хизбе набуда, истеъдоду донишу тачриба аст?….

Гузашта аз ин хис мекунам, ки аксарияти  мо чавонон  ба комёбихои худамон бовари надорем. Имруз хам мушохида мекунем, ки бо доштани хукуки овоз додан хам мо  хануз барои овоз додан ва чидди кабул кардани ин маърака таёр нашудаем. Зеро шунидам, ки гурухе мегуфтанд ки  «мебинем-да, агар вакт ёбем овоздихи меравем…» (?)

Рост аст, ки дар интихоботу овоздихихо ширкат накардан хам то чое баёни мавкеъи хамон шахс  буда метавонад,  вале муайян будани мавкеъ, устувор будан дар акидаи дурусте макбултар ва  бехтар аст.

Чамшеди ОБИДПУР рузноманигор

Гумонам дар ин маврид ин аст, ки мутаассифона чавонони точик дар бораи сиёсат, давлатдори ва муносибатхои дипломати дониши камтаре доранд. Ин аст, ки гохо аз миёни сиёсатмадорони бузургсол сару садохои бармехезанд, ки чавононро набояд ба корхои масъули давлати таъин намуд. Аммо ин дар холест, чавонон, яъне мову шумо бояд ба хар роху васила кори давлатдориро омузем. Зеро хамон тавре, ки мегуянд ояндаи миллату давлат дар дасти мову шумо. Зимнан икрор бояд шуд, ки хамакун теъдоди зиёди чавонони точик часорати камтаре доранд. На танхо дар умури сиёсат балки дар хамаи бахшхои чомеа. Фикр мекунам, ин низ ба тарбияи маънавии чавонон бастагии зиёд дорад.

Оё мо ниёзе ба Порлумон дорем?

Дар холе, ки мавзуи кулли расонахои чи хатти ва чи электронии точики таи чанд мохи ахир асосан ба масоили умда ва доги рузе чун боздошти вагонхои Точикистон дар каламрави Узбекистон, пулаки шудани рохи ДушанбеЧанок ва албатта нооромихо дар кишвари хамсоя ишора мекард ва гуфтан метавон мучиби нигаронии шадиде дар чомеа гаштааст, Порлумони кишвар нисбат ба ин масоил бетафовут буд ва хомуширо ихтиёр намуд. Бо интихоби Шукурҷон Зуҳуров, ба мақоми раиси Маҷлиси Намояндагон, ки шахсияти чадиде барои Порлумон махсуб меёбад бисёриҳо, бар ин бовар буданд, ки бехбудие дар Порлумон эчод хохад шуд. Тибки назари коршиносон Порлумон кудрати дигар ва тагйир намудани самти зиндагии мардумро надорад. Ва ба гуфти аксар тахлилгарони точик Порлумон ва вакилони он танхо ба хостахои худ расидаги меккунанду халос. Магар мояи тааҷҷуб нест вакте мебини вакилони сокиту хомуши Порлумон, ки намояндаи ин ва он минтақа ва созмони сиёсӣ дар ниҳоди олии қонунгузории кишвар мебошанд, нисбати ташвишхо ва нигаронии мардум аз ину он масоил мухри хомуши бар лаб мениханд ва сукутро ихтиёр мекунанд? Аммо суоли матрах инчост, оё дар холе, ки Порлумон нисбати нооромихо дар Киргизистон бетафовут буду хеч вокунише аз худ нишон надод ва дар холе ки натавониста нисбати масоили мубрами дар боло зикршуда садо буланд кунад, оё фаолияти Порлумонро чи гуна метавон арзёби кард? Оё дар холе, ки аз дасти вакилон коре сохта нест, дар холе, ки ягона ниходи вижаи давлати, ки бояд додрасу химоятгари мардум бошад, пунбадаргуш аст, оё мо ниёзе ба чунин Полумон дорем ё хайр? Барои посух ба ин суолхо мутавваччех бошед ба назархои зер.


Чура Юсуфи, рузноманигор

Бадбахтона ин хайати нави парлумон хам маколи кузаи наву обаш хунукро ба ёд меорад. Сабаб он аст, ки аксарияти мутлаки вакилон аз як хизб (ХХДТ) ё ахзоби дастнигари ин хизби хоким астанд ва харчанд байнашон шахсиятхои шинохта хеле зиёд хастанд, тахти шиори «хохи нашави расво, хамранги чамоат шав» ба ин чамъияти камранг бо номи Мачлиси намояндагон пайвастаанд. Ва барои хомушии мармузи парлумон дар киболи умдатарин масоили хаёти ичтимои, иктисоди ва сиёсии Точикистон бояд ХХДТ посух гуядПосух гуяд, ки чаро парлумон (собикаш хам аз они ХХДТ буд), конуни рохро ба манфиати ширкатхои хоричи тагйир доду манфиатхои мардумро поймол кард ва рохеро, ки Рохи Вахдаташ номидем, пулаки шуд?…Чаро парлумон дар мавриди баёноти пайдарпайи муовини спикери Думаи Русия дар бораи зери суол бурдани Истиклолияти давлатии Точикистон ва хатто ба хайати Русия ворид кардани он хомуш аст? Ва боз чарохои дигарУмуман парлумон дар кишвари мо чазираеро мемонад, ки гуё аз розу ниёз, дарду ранч, хулоса, мушкилоти чомеа дар канор аст.

Хикматулло Сайфуллохзода тахлилгари масоили сиёси

Парлумон ягона ниҳоди давлатиест, ки афкрори ҷомеъа то ҷое ба дарки вазифа ва салоҳияти он мерасад. Ва албатта, шинохти ин шохаи муҳими ҳокимияти давлатӣ ҳанўз аз солҳои 90-уми асри пор оѓоз меёбад. Ин ҳамон марҳалаест, ки ду ҷанбаи мусбӣ ва манфии парлумон ба ҷомеъа ошкор гардид. Аммо то интихоботи соли 2000-ум дар мавриди фаъолияти парлумон ҳеҷ ҷонибе таваҷҷўҳ зоҳир намекард. Бо омадани мухолифин ба кишвар ва аз сар гирифтани фаъолияти сиёсии онҳо, ба хусус ворид шудани намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба парлумони касбӣ, таваҷҷўҳи ҷомеъа низ сўи парлумон пайдо гардид. Аммо, мутаасифона таҷрибаи10 соли гузашта нишон медиҳад, ки фаъолияти парлумон, сатҳи баҳсу андеша ва масоили матраҳи он ва қонунҳои қабулшуда ҳанўз ба сатҳи парлумони ѓайрикасбии соли 1990 нарасидааст.

Сабаб чӣ бошад, ки бо доштани давлати мустаъқил ва парлумони касбӣ миллат соҳибандешону донишмандонеро дар парлумон пайдо намекунад, ки масоили доѓ ва умдаеро ба баҳс бикашад ва дар ѓафлатзадагии дигарон такон ворид намояд. Ба гумони банда, мушкил як аст, роҳ надодан ба пешниҳоди расмии андешаву фикр ва зери назорати шаддид қарор додани тасмимгириҳои парлумон аз сўи дастгоҳи раёсати ҷумҳур. Агар ин низоми ѓайрирасмӣ аз байн наравад, ҷойгоҳ ва мавқеи парлумон барои ҷомеъа нолозим мешавад. Бале, масъулияти давлатдорӣ, ба хусус дар шароити феълӣ тақозо мекунад, ки масъулиятшиносии давлатмардони кишвар ба маротиб боло бошад, аммо дар нисбати сарвари давлат ин ҳарфҳо боз ҳам болотаранд. Аммо, ин набояд ба маънои маҳдудсозии шохаи дигари ҳокимияти давлатӣ қарор дода шавад. Бо ин тарзи муносибат мо пайдо шудани андешаи солим ва иқдомҳои наҷибро дар ҷомеъа аз байн бурда, ҳамаро вобастаи як фикр мегардонад. Ва миллат ба як миллати сархам ва бетафовут табдил меёбаду тақдир, дурнамои онро боз ҳам дигарон тарҳрезӣ мекунанд.

Бисёр аҷиб аст барои доираи соҳибандешон, ба хусус ВАО, ки чаро парлумон дар қиболи масоили доѓ хомўш меистад ва вокунише аз худ нишон намедиҳад, дар ҳоле ки афкор ва назари қишри пешқадами ҷомеъа дар ВАО матраҳ мегардад. Ва саволи муҳим ҳам ҳамин аст, ки оё ВАОард ҳамроҳ бо миллат ва ё парлумон? Ин аз ҷумлаи саволҳои матраҳи ҷомеъа аст, ки аз ин ба баъд ниёзе ба чунин парлумони лабайк гуро қабул надорад. Бояд масъулини парлумон ва вакилони муҳтарами он андаке тафаккур намоянд, ки оё ин тазоди фикрии миёни парлумон ва ҷомеъа то кай идома меёфта бошад? Оё ин бумбасти низоми се шохаи ҳокимияти давлатӣ нест? Оё вақте мардум дар навоҳие ба хотири дифоъи ҳуқуқи хеш ба майдон мерезанд ва дар ҷои дигаре дилҳои мардум ором надоранд, парлумон, ягона ниҳоди мардумии кишвар хомўш буданро ҳақи хеш медонад? Ин гуна хомўшӣ хилофи раъйи мардуми кишвар нест?

Саволҳои ниҳоят зиёде ҳаст дар миёни мардум, вале парлумон бо ин хомушии хеш онҳоро на кам, балки афзоиш мебахшад. Худо кунад, ки оқибати он нек бошад!

Хуршед Атовулло сардабири рузномаи Фараж

Аслан аксар вакилон вакилони парлумони пешин хастанд ва ба дасти худ шартномаи пулаки шудани рохро миёни Хукумати Точикистон ва он ширкати хоричи тасдик кардаанд. Ва имруз танхо ин пулаки шудани рох метавонад дар Точикистон таркиши ичтимоиро ба вучуд орад. Имруз ба душмантарошихои баъзе ВАО дар симои Махмуду Абдулочонов хандаи кас меояд, зеро мардум мардуми солхои наввад нест ва думболи ин гунахо дигар намехезад. Ин амал ба хотири тарошидани симои душмани беруна ва бо ин бахона то андозае муттахид доштани чомеаву аз мушкилоти дохили дур кардани онхо амали мешавад.

Фикр мекунам ниёзе ба парлумон нест ва дар ин маврид ман чанд бор гуфта будам. Ба чои харочоти хангуфт ба чои нигох доштани парлумон метавон як шуъбаи хурде дар назди дастгохи ичроияи президент таъсис дод аз хисоби дусе хукушиносу иктисоддон, зеро тамоми конунхо аз чониби хукумат пешниход мешаванд ва гохгохе парлумон ба он тагиротхои чузъи ворид менамояд.

Руз аз руз мебинем, ки муносиботи макомоти ду кишвар ба самти сард шудан меравад. Ва имруз тибки акоиди аксар сохибназарони точик давлати Тошканд ба хамсояи худ ба унвони хам як ракиб менигарад ва хам як хамсояи душман . Бар асоси оморҳои мақомоти кишвар чанд мох мешавад, ки чандин вагонхои Точикистон бидуни ҳеч далеле дар қаламрави Узбакистон мутавақиф шудаанд ва зиёнхои бархоста аз ин амалкарди кишвари ҳамсоя даххо миллион доллар ба будчаи Точикистон баровард шудааст. Аммо тибки макомоти болоии кишвар Узбакистон вайроншавии роҳи оҳан дар бархе манотиқро иллати тавқифи вагонҳои Точикистон эълом мекунад аммо тавақуфи вагонҳо тибки аксар коршиносони точик бештар ангезаҳои сиёсй доранд, зеро аз ҳамон рох ҳамаруза қаторҳои мусофирбарй аз Русия ва Қазоқистон ба Точикистон меоянд. Аммо ин хама бахонаи Узебакистон ба гуфти коршиносон аз як тараф дар такмили неругохи Рогун хулоса мешавад.
Узбекистон хануз ба убури каторахои ба Точикистон меомада монеаву садхо эчод менамояд.Дар холе,ки дар фазои Осиёи Маркази асрхо ин чониб намояндагони милали мухталиф зиндаги мекунанд, макомоти узбак, ки шомили хамин фазо хастанд нисбати хамсояи худ Точикистон, сиёсати ноадолатонаеро пиёда кардаанд.Оё ин сиёсати мугризона аз чониби Узбекистонро чи гуна метавон арзёби кард? Ва оё рохи халле мавчуд аст? Оё дар сурати гирди мизи музокирот нишастани макомоти болоии ду кишвар метавон шохиди боз шудани гиреххои муносиботи ин ду кишвари хамсоя шуд? Ва умуман ин суол моро азият медихад, ки чаро Узбекистон бо кишваре чун Точикистон дасти дусти намедихад?
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки қарни 21 робитаҳо миёни ду кишвари ҳамсояро тағйиру таҳаввули зиёде ворид кард, ки онро наметавон ба самти мусолиматомез тавсиф кард. Давлати Тошканд барои Точикистон ва точикистонихо хеле махдудиятхо эчод намудааст.Аз соли 2000 Тошканд барои шаҳрвандони Точикистон низоми виза чорй намуд ва аз баҳори соли баъд марз бо Точикистонро ба истилох минакорй кард. Ба илова беш аз 17 сол аст, ки миёни ду кишвар робитахои ҳавойи вучуд надорад.Ва оё рохи халле дар ин муносибот мавчуд аст?
Оиди ин ва чандин суолоти дигар мутаваччех гардед ба назару дидгоххои коршиносони масоили сиёси.

Хикматулло Сайфуллохзода тахлилгари масоили сиёси

-Киссаи нохамворхо дар муносибати Точикистону Узбакистон пахлухои зиёд дорад. Вале ду мавриди онро зикр кардан лозим ба назар мерасад. Бале, миллатхои мо дар замони пеш пахлуи хам дар як каламрав, Мовароунахр зиндаги мекарданд. Агар баъдан онро Осиёи миёна ном мебурданд, аз замони таксимбандихои импературии Рус ва Инглис огоз меёбад ва баъди фурупошии шурави боз хам дар натичаи ситёсатхои калон номи он тагйир кард ва Осиёи Маркази шуд. Болшевизми Рус бошад дар нисбатии ин каламрав кореро кард, ки онро минтаќаи мазкур ёд надошт. Манзур таксимбандихои тахмилии чамохири шурави дар солхои 20-ум аст. Ва ин хама барои дурнамо буд, ки агар миллатхо истиклолхох шаванд ва ё кадом талаби дигареро пеш гузоранд, пеш аз хама чумхурихои хамсояи онхо мухолифат намояд. Дар таксимбандихои замони болшевики нухбагони миллат низ гунохи нобахшидани доранд, чун онхо дар аввал худро дар багали туркхо партофтанд ва туркгароиро чонибдори карданд ва табдили хатро ба хотири дур шудан аз ислом чонибдори карданд ва иддаи дигаре туркгаро шуданду худро дар багали онхо партофтанд. Ва баъди дарки «асрор»-и паси парда дигар коре аз дасташон наомад, бо истиснои рози шудан ба пешниходи нухбагони сиёсии вакти узбак, хамчун чумхурии мухтор. Манзури ин харф ризо шудан ба таксимоти марзи миёни Узбакистон ва Точикистон. Имруз вакте мебинем, ки дар хошияи каламрави Осиёи Маркази карор дорем ва хеч коре бе ризоияти хамсоякишвар ичро намешавад, гузашта аз ин кишвари кудратманде низ дар пахлу дорем, ки даъои дигар дорад, иштибохоти замони нухбагони вакти миллат ба ёд меоянд.

Муносибати нохамвори имрузаи мо бо Узбакистон таърихчаи дигаре низ дорад, ки аз замони хушунатхои дохили Точикистони авохири солхои 89 ва аввали 90-ум огоз меёбанд. Узбакистон дар Точикистон манофеъи зиёд дошт ва ба хеч сурат намехост, ки миллати точик такдири хешро худ ба даст бигирад. Ин чо масъалаи дигареро низ мехохам тазаккур дихам, ки дар замони Шурави нафари аввали Точикистон беичозаи Тошканд сари мизи хеш нишаста наметавонист. ВА тахавулотхои солхои 80-уми асри гузаштаи Точикистон Тошкандро мачбур сохт, ки дахолати мустаъкиме дар умури кишвари мо дошта бошад, то манфиати хешро аз даст надихад. Ва чанги тахмилие ки чонибхои даргири вакти точик онро тахмили мегуянд, пеш аз хама дасти хоричро дарназар доранд. Баргузории сесияи 16-ми Шурои олии Точикистон дар Хучанд хам махз бо ризоияти Узбакистон сурат гирифт. Ва тахлилхо баёнгари он хастанд, ки хар чизе ки дар он чо гузашт, бо мувофикаи Тошканд амали шуданаш ѓайри имкон ба назар мерасад.
Акнун савол ин аст, ки чаро Узбакистон дар раванди афзоиш пайдо кардани хушунатхои дохилии Точикистон аз Фронти халки чонибдори кард ва инро то миёнаи солхои 90-ум идома дод. ВА чи сухбату мувофикахое миёни рахбарияти вакти ду кишвар баъди сесияи 16-уми сурат гирифт? Ин хамон муамоест, ки то имруз посухи хешро наёфтааст. ВА сабабхои тагир пайдо кардани муносибатхои имрузро низ наметавон берун аз хамин муамохо пайдо кард.
Имруз хар мушкиле пеш омадааст, танхо мардуми одии ду кишвари хамсоя, пеш аз хама мардуми мо зарар мебинанд. ВА имруз метавонем муносибати хукумати Узбакистонро бо хар харфе ном бубарем: душманона, мугризона, тахкиркунанда, назарногирона ва дигару дигар. Вале бо ин гуна суханпароканихо мушкил хал намешавад, балки печидатар мегардад. Бади кор дар он аст, ки масъулини буланпояи мо имконот ва василахои хешро кабл аз тасмимгирихо дар мавриди коре ба инобат намегиранд. Вакте диданд, ки ба мушкил мувоччех шудаанд, аз минбархои балан шуруъ мекунанд ба сангпартоии чониби дигар, гуё хамин бошад василаи халли масъала . Харгиз ин тавр нест ва мо он кишваре нестем, ки имкониятхои фарвоне дошта бошем ва таваччухи кишвархои дигарро ба худ чалб созем. Хамаи мавкеъгирихои доирахои сиёси ва молиявии чахонро низ донистем, ки чи манофеъеро онхо думбол мекунанд ва ба кадом хотир.
Аз хама бадтар он аст, ки дипломатияи мо дар тамоми масоили муносибот бо кишвари хамсоя танхо бохт доштааст. Онхо бояд дарк кунанд, ки хамсояро рохи табдили хамсоя дар миён нест ва назокатхои хамсоягиро бояд мухимтарин васила донист. Агар чое имкони пирузи нест, гузаштро бохт набояд донист. Агар чониби мухолифини точик дар замони чанги дохили гузашт ва тахамулро омили мухим дар муносибатхои дипломатии ва музокарот намедонист, мо хеч гох ба сулх намерасидем. Сулхе ки имруз аз минбархои баланд сифаташ мекунем, сахми чониби тахамулкунанда ва гузашткунандаро низ бояд чое ишора кард.
Пешниход дар мавриди казияи печида ва ру ба афзоиши муносиботи нохамвори Узбакистон ва Точикистон аз назари мо ин аст:
— Пеш аз хама доир гардидани дидор ва мулокоти сарварони ду чониб ва матрах кардани мушкилот ба таври мунсифона ва пайдо кардани рохи хал дар заминаи тахамули якдигари ва гузашт.
— Ба рох мондани дипломатияи сарехи расми ва гайрирасми.
— Савум ин эхтимоли истифода шудани миёнчи дар казия миёни ду кишвар, ки ин гуна масъулиятро Казокистон ва Чопон ичро карда метавонанд. Аввали манфиатдори муносибатхои минтакавист ва дувуми баркарории суботи умумро чихати хамкорихои иктисоди мухим медонад ва дар хамкорихои иктисоди кадом гаразеро думбол надорад

Хилватшоҳи Маҳмуд- сармуҳаррири ТВ «СМТ»

-Назарам ба муносиботи хамсоякишвар ба таври зайл аст:
1) Тибки иттилои коршиносони масоили иктисоди тайи 19 соли замони истиклол хисороте, ки аз масдуд кардани роххо ба Точикистон расидааст, муодили 20 миллиард доллари амрикои арзёби мегардад.
2) Хукук ва озодихои шахрвандони точиктабори табааи Узбакистон (онхо 8 миллион нафаранд) хамаруза накз гардида, дар шиносномахояшон миллати онхо тагйир дода шудааст, атфоли точики ин кишвар зуран дар мактабхои таълимашон бо забони гайр фаро гирифта шудаанд.
3) Макомоти олии рохбарикунандаи давлати хамсоя ба хеч шарту шароите моили хамкории хасана бо Точикистон нест, харчанд инро санадхои мухталифи байналмилали такозо мекунанд.
4) Бузургону ниёгони моро беасос аз они худ мекунанд, онхоро узбакасл муаррифи мекунанд(агар онхо хатто калимае бо туркиву узбаки хам эчод накарда бошанд хам. Масалан, Шайхурраис Сино…)
5) Шуруъ аз 16-уми марти соли равон худуди беш аз 1700 вагони молу коло ва махсулоти ниёзи аввал бе хеч чурме дар банди Узбакистон афтида, имкони ба нуктаи нихоии худ расиданро надорад, ахиран бо як фосилаи кутохи иртиботи рафтуо боз дубора (аз 22-май) харакати каторро масдуд кард.
6) Точикистон борхо пешниход кард (ва мекунад хам), ки омодааст мустакиман бо Тошканд хати парвози таёрахоро боз кунад, аммо окои Каримов ба таври бесобика хомуш аст.
7) Ахиран ва аз хама нуктаи асоси: Тошканд ба сарханги балвогар- Махмуд Худойбердиев на факат панохгох додааст, балки як пойгохи ба таври муосир чихозонидашудаи низомиро дар ихтиёраш гузоштааст.Ин дар холест, ки бо оддитарин дархости Узбакистон, хукумати Точикистон Чумъаи Намангони ва дигар аъзоёни ХИУ-ро аз каламрави чумхури берун карда, амнияти Тошкандро комилан таъмин карда буд.
Аммо рохи халлаш хаст: Агар сарони хар ду кишвар бе миёнарав ба хам сўхбати чиддї бикунанд, илло мушкилот идома хохад кард.

Раҷаби Мирзо, журналист ва таҳлилгари мустақил

— Мутаассифона мо дар шароите ва кишварҳое зиндагӣ дорем, ки чеҳраи аслии онҳоро ба зудӣ шинохтан душвор аст, агар номумкин нагўем. Барои чунин вазъ, агар аз як ҷиҳат «омилҳои дохилӣ» мусоидат карда бошад, аз сўи дигар ва фикр мекунам асосан «заминаҳои хориҷӣ» мувофиқ омадаанд. Ба сифати «омилҳои дохилӣ» ба таври табииву қонунӣ рушд наёфтани кишварҳои минтақа аст. Ба ҳар сурат, мо тақрибан намебинем ҳич кадоме аз мақомдорони мамолики Осиёи Миёна вобаста ба худҷўшии нерўҳояш ислоҳоте бадар кунанд. Баҳонаҳое чун набудани «лидерҳои дигар» вазъеро ба вуҷуд меорад, ки сарварони кишварҳо солҳои тўлонӣ дар мақом боқӣ монанд. Аммо кӣ аз онҳо пурсид, ки чаро пешвоҳову сиёсатмадорони дигар ба майдони сиёсат  намеоянд? Шояд онҳоро аз зиндонҳо ҷўё шавем? Ин раванд боиси изтироб намебуд, агар дар минтақа баҳсу ларзишҳо то ҷое ҳассос намешуданд. Аммо сабабҳои аслии ин ҳолатро кӣ ҷўё шуд? То куҷо ин баҳсҳо характери обеъективӣ ва то куҷо субъективӣ доранд? Чаро баҳс сари масъалаҳое пайдо мешавад, ки чанде пеш раҳбарон ба он мувофиқ буданд? Ё шояд дар «сўҳбатҳои хос» «чизи дигаре» низ баррасӣ шуда буд?

Борҳо гуфтаам ва боз ҳам мўътакидам, ки то дар минтақа ислоҳоти ҷиддии сохторӣ ба миён наояд, кишварҳо ором намегиранд. Ҳади ақалл то иваз шудани раҳбарияти кишварҳо, чун мо намедонем қаблан чӣ қарордоде байни ҳам доштанду чаро онро баъдан таѓйир доданд.

Аммо он чи ки ба «заминаҳои хориҷӣ» марбут аст, мавқеъгирии кишварҳои абарқудрат аст. Нерўҳои мухолифи сиёсӣ дар ибтидо дар симои онҳо шарикони худро медиданд, феълан муҷримони таҳаввулотнопазир шудани минтақаро. Дигар хел шуданаш имкон надошт. Зеро ин ҳукуматҳоянд, ки ба мухолифони сиёсии худ «доѓи хиёнат» ва ҳамбастагӣ бо созмону кишварҳои алоҳидаро «часпонданӣ» мешаванд, аммо дар асл худи ҳукуматҳо он қадар аз кўмаку дастгирии ин созмону мамолик вобаста шудаанд, ки ҳич кореро бе ишораи онҳо анҷом дода наметавонанд. Ҳатто арзиши нерўи барқу гази худро барои мардуми худ ва дигарон бе «иҷозат» каму зиёд карда наметавонанд. Ҳол он ки барои ин созмону мамолик ҳадафҳои геополитикиву геостратегӣ муҳимтар аз ҳама чиз аст. Барояшон дар ин доира як рўз Ислом Каримов «бачаи хуб» мешавад, рўзи дигар «гапнодаро». Як вақт мебинем, ки Назарбоев «подшоҳу авторитар» аст, рўзи дигар раиси ОБСЕ.

Агар газу нефти туркманӣ зарур шуд, дар ҳисоботи Амрико аз он «кишвари пешрав» ёд мекунанд. Тоҷикистон чизе ҷуз  обу ҳамсояи «хубубадаш» Афѓонистон надорад. Рус агар дар ин ҷо пойгоҳи низомӣ сохтанӣ шавад, Қасри сафед талхакаф, агар баръакс шавад, зери ҳуҷумҳои матбуотӣ хоҳад монд.

Баҳси Тоҷикистону Ўзбекистон низ ба ѓайр аз худхоҳии президент Каримов бастагӣ дорад ба омилҳои баршумурдаи ман. Яъне ман кам бовар дорам, ки ин баҳсҳо танҳо дар қасрҳои ҳукуматӣ роҳандозӣ шаванд. Ҳади ақалл ба баррасии ин мавзўъҳо дар утоқҳои ҳукуматҳои мамолики минтақа ман шак дорам. Онро дар амбитсияҳои бархе аз раҳбарони феълӣ ва ҳадафҳои стратегиву геополитикии кишвару созмонҳои абарқудрат ҷўё шудан осонтар менамояд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: