Минбари шумо


Шумо низ имкон доред навиштачоти хешро бо нишонии зер хамрох бо расми худ ирсол доред.Мо навиштачоти шуморо кадр мекунем. khfirdavs84@yahoo.com ferdoos@rambler.ru


Фалсафаи шурур ва бадиҳо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба хилофи пиндори бархе, мабоҳиси фалсафӣ, печидагӯӣ ва ё беҳудасаройӣ нест, ва ҳамчунин, пурсишҳое, ки дониши фалсафа ӯҳдадори посух ба онҳост, масоиле нест, ки танҳо зеҳни як қишри муайян аз ҷомеаро ба худ андармон сохта бошад, балки ҳар инсоне, ҳар кӣ ҳаст, бо онҳо рӯбарӯ ва дар ҷустуҷӯи ёфтани посухашон мебошад. Бад-ин ҷиҳат, ҳунари як файласуф он аст, ки бо забони сода ва бидуни ба кор бастани вожаҳо ва истилоҳоти печида ва номафҳум барои мардумон, масоили фалсафиро баён кунад.

Ҳол, яке аз пурсишҳое, ки пеши ҳамагон худнамоӣ карда, эшонро водор барои пайдо намудани посухи қаноатбахш месозад ин пурсиш аст, ки: чаро мо одамиён, дар олами ҳастӣ мувоҷеҳ бо анвои бадиҳо ва шурур ҳастем; зилзила, сел, ҳайвоноти даранда, одамони бадсиришт ва ситамгар…

Ба вижа агар худобовар бошем, ин пурсишҳо, ранги дигаре барои худ мегиранд ва ёфтани посух ба онҳо мушкилтар менумояд. Аз худ мепурсем: агар ҷаҳони ҳастӣ худое дорад одил, пас чаро шарр офарида; зилзила ва сели вайронгар бар сари мардумони бепаноҳ оварда, ҳайвоноти даранда ва озоррасон офарида? Дар мавриди инсонҳо низ, чаро якеро тандуруст ва дигареро шал ё кӯр ва ё бадқиёфа намуда? Асосан, чаро Иблисе офарида, ки баъдан он бечораро вориди оташи дӯзахаш кунад? Оё намешуд ҳамаро яксону якнавохт биёфаринад? Оё намешуд Иблисе наёфарад то ӯ мо одамиёни хокиро васваса кунад? Ва аз ин қабил чарову чӣ гунаҳо, ки поёне надоранд.

Ин мақола гунҷоиши посухи муфассал ба ин чароҳоро надорад, аз ин рӯ, кӯшиш мекунем ба гунаи мухтасар ба посухи онҳо бипардозем.

Дар нигоҳе дақиқ ва тааммуле амиқ ба ҷаҳон, рӯшан мешавад, ки порае аз шурур ва бадиҳо, асосан аз синхи “нестӣ” ҳастанд, ва порае ҳам, гарчи аз синхи “ҳастӣ” мебошанд, аммо бадии онҳо нисбӣ ҳастанд, на ин ки ба худии худ, бад ва шарр бошанд. Ҳол, андаке бештар тавзеҳ медиҳам.

Пеш аз тавзеҳ, лозим аст ёдоварӣ гардад, ки дар ин навиштор, ду масъала мусаллам гирифта шудааст: яке он ки ҷаҳон офаридгоре дорад, ва дигар он ки ин офаридгор, ороста бо ҳар камол ва пок аз ҳар олойиш аст; бинобар ин, ӯ ҷуз хайр намеофаринад. Ин ду масъала, дар ҷои худаш ба далоил ва бароҳини мутқани ақлӣ ба исбот расида ва ин ҷо маҷоли исботи он ду нест.

1. Адамӣ будани порае аз шурур:

Шурур ва бадиҳое аз қабили ҷаҳлу нодониҳо, фақру тангдастиҳо, аҷзу нотавониҳо, зулму ситамгариҳо, агар воқеан аз синхи “вуҷуд”, “ҳастӣ” ва “чизе офаридашуда” буданд, дар ин сурат, ҳақ доштем чунин эътироз ба дастгоҳи офариниш намойем, ки чаро инҳоро офаридӣ? Аммо агар аз синхи “нестӣ” бошанд, эътирозе надорад. Ҷаҳл, чизе нест, ки бигӯем чаро вуҷуд дорад? Ҷаҳл яъне адами илм. Он чи ҳаст ва либоси вуҷуд бар тан дорад, илм аст. Он чи вуҷуд дорад, дороӣ аст. Он чи ҳаст, адл аст… Мо вақте касеро мебинем, ки чизе медонад; яъне нисбат ба чизе огоҳӣ дорад, мегӯем, нисбат ба ин масъала олим аст, ва каси дигаре ки аз он матлаб огоҳ нест, мегӯем ҷоҳил аст нисбат ба он масъала. Аммо ҳамон аввалӣ, ки олимаш номидем, агар нисбат ба масъалае дигар огоҳӣ надошта бошад, мегӯем ҷоҳил аст. Пас, сифати “ҷаҳл” чизе ҷуз адами илм нест, ва адами илму огоҳӣ, яъне нестӣ.

Пас, ҳар он чи офарида шуда ва либоси вуҷуд бар тан дорад, ҷуз хайр намебошад, аммо чун мавҷудоти ҷаҳони ҳастӣ (чи зот бошад ё сифот) бо ҳам мутафовитанд, мо аз муқоисаи байни онҳо, сифате ба номи “ҷаҳл”-ро дар зеҳни худ дуруст мекунем ва чунин мепиндорем, ки ҷаҳл низ чизе мисли илм вуҷуд дорад. Ҳамчунин аст авсофе чун зулм, фақр, аҷз ва ғайра…

2. Нисбӣ будани бархе аз шурур:

Порае аз падидаҳое ҳам ҳастанд, ки ҳарчанд аз синхи вуҷуданд ва офаридгор халқашон намуда, аммо бадӣ ва шарораташон, сифати зотии онҳо нест; яъне чунин нест, ки Худованд онҳоро ба унвони мавҷуде шарур ва бад офарида бошад, балки ин ҷо ҳам пойи дигарон аст, ки унвони шарр ва ё бад ба онҳо мениҳанд, мисли зилзилаҳо, селҳо, бархе аз мавҷудоти даранда ва озоррасон ва ғайра… Каждум, мавҷуде нест, ки ба худии худ бад ва шарр бошад ва чунин нест, ки мегӯяд: “Неши ақраб на аз раҳи кин аст, иқтизои табиаташ ин аст”. Аз дидгоҳи дақиқи фалсафӣ, ин сухан дуруст нест. Каждум чун моро неш мезанад ва чи басо аз заҳри неши ӯ бимирем, ӯро “бад” ва “шарр” донистем. Чи басо ҳамон каждум вақте бо одамиён мувоҷеҳ мешавад, аз он ҷо ки медонад зуд иқдом ба куштанаш менамоем, пеши худ ба Худояш бинолад, ки Худоё! Чаро мавҷуде шарур ба номи инсон офаридӣ? Вагарна, каждум, ба худии худ, мавҷудест мисли соири маҳлуқоти гетӣ ва ҷойгоҳе барои худ дар ҳастӣ дорад, ки агар набуд, ҳастӣ комил набуд.

Падидаҳои табиие чун зилзила, сели вайронгар, тӯфон ва ғайра, ҳама чунинанд. Барои ҳар яке дар ҷаҳони ҳастӣ ҷойгоҳе ҳаст, ки агар набуд, ҳастӣ дар маҷмӯъ ноқис буд.

Ҷаҳони ҳастӣ, дар маҷмӯъ, дуруст андоми одамиро монад, ки ҳар узве дар он ҷойгоҳи махсусе дорад; чашм вазифае дорад, гӯш барои худ вазифае, дасту по масъулияте доранд ва ғайра… дар айни замон, ин аъзо бо ҳам яксону якнавохт намебошанд, балки мутафовитанд. Шояд олати ҷинсии одамӣ пеши худ бигӯяд, чаро мисли чашм мӯҳтарам офарида нашудам, чаро аз ман ҳамагон мутанаффиранд ва авратам номидаанд, ғофил аз он ки ин узв барои худ ҷойгоҳе дорад, ки агар набуд, андом комил набуд, андоме ноқис буд, ва ба гуфтаи яке аз дӯстонам, шояд олати ҷинсӣ муҳимтарин узв барои андом шумурда шавад, ки агар мард аз он маҳрум бошад, мурданаш беҳ аз зистанаш.

Ҷаҳони ҳастӣ ҳам чунин аст; ҳар мавҷуде дар он ҷойгоҳе барои худ дорад, ки агар набуд, ҷаҳон дар маҷмӯъ, ҷаҳони ноқисе буд. Ҳеҷ мавҷуде дар он, зотан ва ба худии худ, бад ё шарр нест, балки хайри мутлақ аст, шояд мавҷуде дар чашми мавҷуде дигар шарр нумоён шавад, аммо меъёр ӯ нест; меъёр маҷмӯи ҷаҳон аст.

Агар бадӣ набуд, хубӣ шинохта намешуд

Худованди Ҳаким, ҳеҷ чизе беҳуда ва беҳадаф наёфарида; ӯ некӯтарин ва зеботарин низоме офарида, ки беҳтару некӯтар аз он қобили тасаввур нест. Бояд ба ҷаҳон, аз боло нигаҳ афканд, на аз пойин ва бо диде танг. Яке менолид, ки чаро Худованд Иблис офарида? Беҳтар набуд ӯро наёфарад? Чаро Фиръавну фиръавниён офарида ва фурсати ситам бар мардумон бар эшон дода?

Посухи ӯ ин аст, ки аввалан, Худованд аз оғоз на Иблисро Иблис офарида ва на Фиръавнро бо хӯйи дарандагӣ, балки ҳамин Иблис дар оғоз мавҷуде буд мисли соири мавҷудоти осмонӣ, ва аз қазо, чунон ибодатпеша буд, ки фариштагон ангушти ҳайрат мегазиданд ва ғибтаи ӯ мехӯрданд. Аммо муртакиби амале нописанд шуда ва ба ихтиёри хеш аз даргаҳи илоҳӣ ронда шуд.

Ин васвасаи шайтон аст, ки мардумонро аз раҳ мезанад, ва он гоҳ яке дар баробари он васвасаҳо муқовимат мекунад ва дигаре дар муқобили он сар фуруд меоварад. Агар ин васваса набуд, мо ҳеҷ гоҳ инсони комил ва шоистаро аз инсони паст ва нолоиқ намешинохтем.

Фиръавн ҳам дар оғоз бо фитрати солими инсонӣ офарида шуда, аммо туғён намуд ва аз ҷиргаи хубон баромад.

Аз ҳама муҳимтар, агар бадӣ, нописандӣ, ситам ва норавоӣ набуд, магар хубӣ, писандида будан, адл ва равоӣ шинохта мешуданд? Асосан, мо чаро шефтаю дилбохтаи Мӯсою мӯсавиён, Исою исавиҳо, Муҳаммаду маҳаммадиён ҳастем? Чун хубанд. Хубияшон аз куҷо бароямон маълум аст? Чун Фиръавне ҳаст, ки дар баробари Мӯсо истода, чун Қайсаре ҳаст, ки дар баробари Исо ҷилва мекунад, чун Абӯсуфёне ҳаст, ки дар муқобили Муҳаммад (с) қарор дорад. Вагарна, на Мӯсо тафовуте бо Фиръавн дошту на Исо фарқе бо Қайсару на Муҳаммад имтиёзе аз Абӯсуфён.

Сухане ҳаст аз бону Зайнаб духтари Алии Муртазо пас аз воқеаи дилхароши Карбало, ки зеботар аз он қобили тасаввур нест. Он замон ки ӯро ҳамчун асир пеши Язид ибни Муовия, қотили Имом Ҳусайн, меоваранд ва аз ӯ мепурсанд, аз Худо чӣ дидӣ? Язиду язидиён мунтазир буданд, ки бону Зайнаб, ки анқариб ҳамаи бастагон аз даст дода ва сари мубораки бародари бузургвораш дар нӯки найзаҳо мушоҳида кардааст, шиквае ба даргоҳи илоҳӣ бикунад, ки Худоё! Бо мо чӣ кардӣ? Аммо ин бонуи мукаррам ва набераи паёмбари гиромӣ (с) дар посух фармуд: “Мо раайту илла ҷамило”; яъне ман ҷуз зебоӣ аз Ӯ (парваридагор) надидам.

Фалсафаи гуфтори бону Зайнаб ҷуз ин нест, ки мехоҳад бирасонад, ки ҷамоли мардонагӣ, қашангии шуҷоат, некӯии ошиқӣ ва зебоии дилбохтагии бародарам Имом Ҳусайну ҳамраҳонаш дар роҳи барқарории адлу дод то бад-он ҷо, ки ҳозир шуданд ҷони худ дар ин раҳ нисор кунанд, аммо дар баробари ситамгар сар фуруд наёваранд, замоне мутабалвар шуд ва барои ҳамагон ошкор гарид, ки мисли ту ва ҳамраҳонат вуҷуд доред. Агар ту набудӣ, он зебоӣ бармало намешуд ва он гоҳ улгу барои озодихоҳону озодидӯстон мафқуд буд. Агар ту ва амсоли ту набудед, он ҷамол худнамоӣ намекард.

Кимиёи саодат

Осиёи Марказӣ ва хатароти низоъҳои қавмӣ

Аъзам Хуҷаста

Нигоҳе ба раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки ин минтақаи стротегй ба тадрич вориди як бозии хатарноке мешавад. Ба иборати дигар, бархе давлатҳои ин минтақа бо ба миёни мардум кашидани масъалаҳои ҳассос, дар ростои афрухтани низоъи қавмй, заминасозй мекунанд.

Ин давлатҳо ба андешаи худ, бо ин кор қасд доранд мардумро дар расидагй ба масоил муҳим мушорикат диҳанд ва аз ин тариқ осонтар ба аҳдофи худ даст ёбанд. Аммо воқеият он аст, ки бо ин кор Осиёи Марказй ба тадрич ба суи чангҳои қавмй харакат дода мешавад. Чунин вазъияте дар равобити Узбакистону Қирғизистон ва Узбакистону Точикистон бештар аз дигар кишварҳо ба мушоҳида мерасад.

Баъд аз он ки дар Точикистон тарҳи сохтани неругоҳи Роғун тарҳй миллй эълом ва саҳмияҳои он ба фуруш бароварда шуданд, Узбакистон бо истифода аз абзорҳо ва каналҳои мухталиф мухолифатҳои худро бо ин иқдоми кишвари ҳамсоя пуршиддат кард.

Ин кор ибтидо аз баёнияҳои шифоҳй (даҳонй) оғоз шуд, сипас мақомоти узбак аз минбарҳои байналмилалй кор гирифтанд ва дар идома бо ирсоли баёния ба мақомоти точик, чабҳаи мухолифатҳои худро густариш доданд. Дар ин миён Тошканд муваффақ шуд ширкати русии «Газпром»-ро аз мушорикат дар тарҳи Роғун барҳазар кунад ва Чинро мутақоид намояд, ки сохтани неругоҳ дар рудхонаи Зарафшонро, ки қарордоди он миёни Пекин – Душанбе ба имзо расида буд, ба ҳолати муаллақ дароварад. Аммо Точикистон бо беэътинои ба ин коршиканиҳои кишвари ҳамсоя, барномаи такмили неругоҳи Роғунро дунбол мекард. Дар як муддати кутоҳ ба маблағи 200 миллион доллар саҳмияҳои неругоҳи Роғун фурухта шуд ва корҳои сохтмонй дар ин тарҳи муҳим равнақи бештар мегирифт.

Дар чунин вазъияте мақомоти узбак аввал иқдом ба мутаваққиф кардани вагонҳои дорои маводи сохтмонй ва ғизойи, ҳамчунин сузишворй ба Точикистон карданд. Ҳарчанд гуфта мешавад, ин кор аз баҳори соли 2010 оғоз шуд, аммо далелҳо бангар аз он аст, ки Узбакистон аз муддатҳо қабл бо ҳар баҳонае вагонҳои мутаалиқ ба Точикистонро дар қаламрави худ мутавққиф кардааст. Вале ин бор беш аз 2000 вагони борҳор мухталиф барои ширкатҳои хусусй ва давлатии Точикистон, аз тарафи роҳи оҳани Узбакистон мутаваққиф шуданд, ки ин кор таъсири манфй ба иқтисоди Точикистон ва зиндагии рузмарраи мардум, ба вижа дар вилояти Хатлон, ворид кард.

Ҳамзамон бо ин дар бархе манотиқи Узбакистон гирдиҳамойиҳои эътирозй бар зидди фаъолияти корхонаҳои муҳими Точикистон, аз чумла корхонаи алюмин созмондоҳй шуд. Дар идомаи ин мухолифатҳо, муътаризони узбак бо ҳидояти сохторҳои амниятии ин кишвар, борҳо пеши роҳи ҳаракати қатори мусофирбарии Душанбе – Хучандро, ки аз қаламрави Узбакистон гузар мекунад, гирифтанд. Дар ин эътирозҳо шиорҳои зидди неругоҳи Роғун, ҳатто зидди мардуми точик сар дода шуд.

Раҳбарии чумҳурии мухтори Қароқалпоқистон низ бо ирсоли нома ба давлати Точикистон, зимни мухолифати шадид ба сохтани неругоҳи Роғун, тақозо кард, ки такмили ин тарҳ ба таври фаврй мутаваққиф шавад.

Дар зимн, гуфтан ба маврид аст, ки солҳои охир доираҳое дар ин чумҳурй иддеяи чудо шудан аз Узбакистонро замзама мекунанд. Ин доираҳо мегуянд давлати Ислом Каримов бо миллати қароқалпоқ бархурди табъизомез дорад ва дар пайи нобудии одобу русум ва забони онҳо баромадааст. Ба эътиқоди коршиносони ғарбй, акнун ба назар мерасад Тошканд бо вориди масъалаи Роғун намудани ин чумҳурии чудоиталаб, касд дорад аз як су чабҳаи мухолифат ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистонро тақвият кунад ва аз суи дигар наҳзатҳои худшиносй ва бедории миллй дар ин чумҳуриро аз ҳадафҳои худ дур намояд. Мухолифатҳои Узбакистон ба сохти неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон баъд аз он ки Русия эълом кард дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй аз манофеи Тошканд ҳимоят мекунад, чанбаҳои густурдатаре гирифт.

Дар чунин вазъияте, баъд аз тағйири давлат дар Қирғизистон (апрели соли чорй), Точикистон дар дифоъ аз тарҳҳои энержии худ дар минтақа, танҳо монд ва фишорҳои Тошканд ба ин кишвар бештар шуд. Аммо оҳиста – оҳиста шаҳрвандони Точикистон низ вориди амал шуданд ва дар пайи эътирозҳои инфиродй, точикони муқими Қирғизистон бо тачаммуъ дар муқобили сафорати Узбакистон дар ин кишвар, норизоятии худро аз тавқифи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон иброз ва аз мақомоти узбак хостанд дар ростои одоби ҳамсоядорй, даст аз ин иқдоми зиддибашарй бардоранд.

Дар идомаи ҳамин раванд, рузи 4 июн занҳои саршиноси Точикистон бо тачаммуъ дар муқобили сафорати Узбакистон дар шаҳри Душанбе, аз раҳбарони Узбакистон даъват карданд ба муҳосираи иқтисодии Точикистон хотима диҳад. Дар хамин руз точикони муқими Амрико низ дар муқобили сафорати Узбакистон дар Вошингтан гирдиҳамойии эътирозй барпо намуданд.

Аммо хатари чиддии вуқуъи низоъҳои қавмй, дар Қирғизистон ва дар рузҳои нооромиҳои ин кишвар шакл гирифт. Рузи 19 май дар Чалолобод дар пайи руёруйии қирғизҳо ва узбакҳои муқими ин вилоят, нахустин қурбониёни низоъҳои қавмй ба сабт расиданд. Дар ин руз ҳудуди панч ҳазор қирғиз дар маркази Чалолобод, ки бахши аъзами аҳолиашро узбакҳо ташкил медиҳанд, тачаммуъ карданд. Ин гирдиҳамойи дар ҳоле сурат мегирифт, ки 20 соли қабл, дар соли 1990 дар ин чо задухурди хунине миёни қирғизҳо ва узбакҳо ба вуқуъ пайваст, ки 150 кушта ва садҳо захмй аз ҳарду тараф бар чой гузошт. Дар пайи ташаннучи авзоъ дар Чалолобод, ки вайрон кардани роҳҳо ва ба оташ кашидани мошинҳо аз чумлаи паёмадҳои он буд, Узбакистон худсарона ва бидуни дар чараён қарор додани ҳукумати мувақатии Бишкек, ба қаламрави ин кишвар дар минтақаи Сух низомиён ва тачҳизоти низомии худро ворид кард. Ба манзури пешгирй аз густариши нооромиҳо, рузи 1 июн мақомоти амниятй ва низомии ду кишвар ба таври изтирорй дар вилояти Фарғонаи Узбакистон мулоқот карданд ва дар заминаи контрули авзоъ тавофуқнома имзо карданд. Сохтани девори амниятй дар минтақаҳои марзии мавриди баҳс, хуручи фаврии тачҳизоти низомй ва сарбозони узбак аз қаламрави Қирғизистон, аз чумлаи ин тавофуқҳо буд.

Бо таваччуҳ ба амалкарди Узбакистон дар мутавққиф кардани тулонимуддати вагонҳо ва паёмадҳои манфии он ба иқтисоди кишварҳои ҳамсоя, ин эҳтимол чой дорад, ки дар моҳҳои оянда доманаи эътирозҳои зидди сиёсатҳои давлати Ислом Каримов ба дигар кишварҳо, аз чумла Қазоқистон ва Афғонистон кашида шавад. Зеро гуруҳе аз точирони қазоқ аз он норозианд, ки Узбакистон монеъи интиқоли борҳои онҳо ба ҳамкорон ва муштариёнашон дар Точикистон шуда, зарару зийнҳои фаровоне ба онҳо ворид кардааст. Ин даста аз точирони қазоқ дар пайи ирсоли номаи эътирозй ба масъулони узбак ҳастанд.

Аз суи дигар рузи 3 июн Ғуломмуҳаммад Элакй, вазири тичорат ва саноеъи Афғонистон бо лаҳни эътирозомез баён кард, ки тавқифи 3,5 ҳазор систернаи маводи сухт дар қаламрави Узбакистон, боиси камбуд ва афзоиши қимати маводи сухт дар Афғонистон шудааст. Вазири тичорат ва саноеъи Афғонистон аз амалкарди Тошканд дар мутавқиф кардани вагонҳои ин кишвар бо лаҳни шадид интиқод кард ва акнун баъд аз Точикистон буд, ки Афғонистон низ аз амалкарди Узбакистон дар мутаваққиф кардани вагонҳо ва паёмадҳои он, садои эътироз баланд кард.

Бидуни шак эътирозҳо дар муқобили он чи ки амалкарди зиддибашарии Узбакистон дар муҳосираи иқтисоди ҳамсоягон тавсиф мешавад, оқибатҳои асфборе барои давлати Тошакнд ба ҳамроҳ хоҳанд дошт. Агар ин эътирозҳои мусолиматомез роҳ ба чое набаранд ва давлати Тошканд дар паси ҳимоятҳои Русия ва дигар қудратҳои султаталаб ва манфиатчу, ба сиёсатҳои зидди меъёрҳои байналмилалии худ идома диҳад, аз эҳтимол дур нест ки мухолифони сиёсатҳои Тошканд даст ба иқдомҳои дигаре зананд.

Чунин таҳаввуле беш аз ҳар кишвари дигаре дар Афғонистон имкони рух додан дорад ва тарҳҳои дар ҳоли ичрои Узбакистон дар ин кишвар дар маърази хатароти чиддй қарор хоҳанд гирифт. Ба иборати дигар, ба таври тақрибан ғайриқобили эҳсос Осиёи Марказй ба суи нооромиҳои қавмй дар ҳоли ҳаракат аст, таҳаввуле ки беш аз ҳар чизи дигаре сиёсатҳои давлати Ислом Каримов омили аслии он хоҳад буд. Аз ин ру ҳануз ки дер нашуда, бояд сарони ин минтақа дар чиҳати ҳалли ин буҳрон бидуни дахолати бегонагон худ даст ба иқдом шаванд.

http://khujasta.wordpress.com/

Ояндаи раҳбарияти маънавии ҲНИТ Сайидюнуси Истаравшанӣ
Бо даргузашти устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки пас аз вафоти поягузори Наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон яъне устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбарияти маънавии ин ҳизбро ба ӯҳда дошт, бе тардид, таваҷҷӯҳи ҳаводорони ҲНИТ аз як сӯ, ва низ коршиносони масоили динӣ ва сиёсӣ аз сӯйи дигар, равонаи ин матлаб аст, ки инак чӣ касе ба унвони раҳбари маънавии ҷадиди наҳзатиёни Тоҷикистон баргузида хоҳад шуд.Дар оғоз сазовор аст ба ин нукта ишора шавад, ки барои як ҳизби сиёсии динӣ, ҷойгоҳи раҳбарияти маънавӣ, ҳарчанд дар нигоҳи ибтидоӣ, як мақоми ташрифотие беш намоён намешавад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки аҳзоби диние ҳамчун ҲНИТ, ки на танҳо як ҳизби сиёсии маҳз, балки дар дараҷаи аввал, ба унвони як ниҳоди динии пойбанд ба идеологияи исломӣ матраҳ аст, ин ҷойгоҳ, аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст.Раҳбари маънавии як ҳизби динӣ, ҳамон муршид, назорагар ва марҷаи ташхиси сиҳҳату суқми амалкарди диндоронест, ки дар майдони сиёсат ба фаъолият мепардозанд. Раҳбари маънавӣ, дар воқеъ, зомин ва гаранти динӣ боқӣ мондани ҳизбест, ки иддаои ҳизби динӣ буданро дорад. Зеро, фаъолият дар майдони сиёсат, он ҳам барои як диндор, коре бас душвор аст, ки ба ҷуз мардони ангуштшуморе аз хатарҳои он ҷони солим ба дар намебаранд; майдоне, ки имрӯза ба майдони дурӯғу шайтанату найранг табдил гашта аст.Дар ҷаҳони муосир, таҷрубаи фаъолияти аҳзобе, ки иддаои динӣ буданро дошта ва доранд, нишон медиҳад, ки аз миёни онҳо, танҳо ҳизбе чеҳраи динии хешро то ба охир ҳифз ва нигаҳ дошта бурда аст, ки дар мавоқеи ҳассос ва сарнавиштсоз; он ҷо ки миёни интихоби дину дунё мемонад, ҷониби динии хешро баргузида аст. Ва дар ин гуна мавоқеъ аст, ки нақши раҳбари маънавӣ ошкор мешавад.

Илова бар ин, аз он ҷо ки раҳбарони маънавии аҳзоби динӣ маъмулан касоне ҳастанд, ки мавриди қабули ҳамагон ва аз обрӯю эътибори вижае назди ҳаводоронашон бархӯрдор мебошанд, аз ин рӯ, дар ҳолоти бурузи ихтилофи назар миёни ҳизбиён, ба унвони марҷаи ҳаллу фасл ҳам қарор мегиранд.

Дуруст аст, ки дар баданаи ҳар ҳизби диние, ниҳоде ба унвони ниҳодӣ динӣ (ва ё Шӯрои уламо) ба унвони марҷаи ташхиси сиҳҳату суқми амалкарди он ҳизб фаъолият дорад, аммо дар бисёре аз мавоқеъ, худи ин ниҳод ҳам тараф қарор мегирад, ки ҳаллу фасли қазияро душвортар месозад. Ва дар ин гуна маворид низ ҷойгоҳи раҳбари маънавӣ бештар мутабалвир мегардад.

Нуқоте, ки дар боло аз барои як раҳбари маънавӣ ва ҷойгоҳи муҳимми вай дар баданаи як ҳизби динӣ мутазаккир шудем, илова бар он аст, ки раҳбари маънавӣ, илова бар виҷҳаи динӣ ва руҳонӣ доштан, ҳамчунин шахси огоҳ ба замона ва воқиф ба сиёсат ҳам бошад. Аслан, лозимаи раҳбари руҳии як ҳизби динӣ будан, дар дараҷаи аввал, огоҳии сиёсии ӯ дар канори огоҳии динияш ба шумор меравад.

Ҳоло, ба таваҷҷӯҳ ба нуқоте, ки дар боло перомуни ҷойгоҳи як раҳбари маънавии ҳизби динӣ ва аҳамияти он ёдовар шудем, инак, бо ин пурсиш рӯбарӯ ҳастем, ки дар ҳоли ҳозир, кадом шахсияте дар миёни уламои динии сиёсатмадори ҷомеаи мо, сазовор ва шоистаи тасадди чунин мақом дар ҲНИТ мебошад?

Хушбахтона, чунин шахсиятҳое мавҷуд ҳастанд ва лозим ҳам нест аз эшон дар ин ҷо ном бубарем, зеро ин кор, дар навбати аввал, кори худи наҳзатиён аст, ки иншоаллоҳ як нафар шахсияти шоистаеро барои чунин ҷойгоҳе бармегузинанд, ва ё ин ки раҳбарии феълии ҲНИТ ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ, ки аз дониши динии кофӣ ва лозиме бархӯрдор аст, метавонад мутасаддии чунин ҷойгоҳе ҳам гардад. Зеро, аслан ҷудоӣ андохтан миёни ин ду ҷойгоҳ; раҳбари сиёсӣ ва раҳбари маънавӣ, барои як ҳизби динӣ, танҳо дар мавоқеест, ки як шахсияти ҷомее, ки ин ду мақомро ҷамъ кунад ёфт нашавад.

Аммо, бо таваҷҷӯҳ ба фарҳанги роиҷ миёни моён, ки маъмулан раҳбари маънавиро дар чеҳраи як шахсияти солхӯрда, таҷрубадида ва ба унвони як нафар мулло ва руҳонӣ дар ҷомеа шӯҳрат дошта-ро мебинанд, аз ин рӯ, ба назар мерасад ҲНИТ имрӯз барои ин ҷойгоҳ, ба суроғи як чунин шахсияте бошад.

Кимёи саодат

5 чизе, ки Точикистон бояд аз Амрико биёмузад
Ботур Косими
Амрико, ки хамчун «кишвари озоди» ё «сарзамини мухочирон» ном баровардааст, дар давоми таърихи хамаги 234-солаи худ бешубха ба пешравихои назарраси сиёсиву иктисоди дар микъёси чахони ноил гаштааст. Бинобарин, Точикистони азизи мо аз ин «аждахои иктисоди» ва «сарлашкари низоми демокроси» барои ободии худ хеле чизхои зиёдро метавонад биёмузад. Имруз оид ба 5 гояи мухимтарине, ки аз Амрико ба Точикистон бояд интикол дод ва азхуд кард, сухбат мекунам. 1. Таъмини волоияти конун.

Хеч чизе болотар аз конун дар Амрико нест. Аз раисчумхур то ронандаи одди хама худро дар назди конун баробар ва чавобгар хис мекунанд. Конунро барои як гурух бо тавре ва барои нафароне дигар тавр шарх намедиханд. Коидаву конунро инчо ба маънои тамомаш риоя мекунанд ва хар касе, ки аз доираи он берун кадам зад, новобаста аз макому вазифаву кораш муносибати сазовор ва сарзанише хохад гирифт, то ба рости гаравад. Инчо мегуянд, ки «одамон аслан качрав нестанд, вале конун ва низом бояд ба кач рафтани онхо рох надихад». Дар як вакт чомеа аз равандхои конуни барои эъчоду кабули конунхои бехтар пайваста мекушад.* Афсус, дар Точикистони имруза конун асосан дар когазу хуччатхо боки монда, бозичаи дасти мансабдорони боломаком гаштааст. Хар касе ё чизе, ки онхо хоханд мекунанд ва конунро нодида мегиранд. Бубинед интихоботи мохи кабл чи буд. 2. Химоя аз озодии сухан ва баён.

Дар Амрико мардумон хар фикру андешахои дилхох мувофики конунхои мавчуда озодона баён мекунанд. Агар касе аз рохбарии махалла, шахрдор ё сардори давлат норози бошад ба ибрози нигарони ва назари у шароит мухайё мекунанд. Гуфтугу ва бахсхои солиму созанда дар ин чамъият бисёр пазирои ва дастгири мешавад.* Касе дар Точикистон чуръат дорад, ки дар телевизион ё хафтаномае нисбати фаъолияти раисчумхур норозигии худро баён намояд? Бубинед додгохи оли ба нашриётхои мустакил чи тахдидхо мекунад. Аммо, дар Амрико мо харруз аз садову симо ва нашриётхо ба таъриф ва хам танкиди натичахои кори раисчумхур Обама ва хукумат шохид мешавем. Хеч кас дигариро тахдид ё тахкир намекунад, хама дар доираи конун амал мекунанд ва аз чизе ба чуз аз конуншикани наметарсанд. 3. Рушди имкониятхои иктисоди.

Амрико бо пуштибони намудани навоварихо ва хислати кашшофи обруманд аст. Агар шумо чизи нав ё дигаре гуфтани дошта бошед ва барои исботи фикри худ далелхои боварибахш нишон дода тавонед, сохиби эхтиром ва хам даромади хубе ба зуди гашта метавонед. Мардуми инчо кори худро кадр мекунанд ва кор доштан ё сохиби кори худ буданро омили асосии зиндагии худ мешуморанд. Вале, инхо корзада (workaholic) нестанд ва албатта, барои вакти берун аз кории худро самаранок ва чолиб гузаронидан шароитхои хеле оли доранд. Амрикоихо чидди ва бо диккат ба чузъиёт кор мекунанд ва корхоеро талаб мекунанд, ки наздик ба макони писандидаашон ва зиндагии хонаводаашон бошад. Хеч яке аз онхо намехохад бо тарки хонаводаву махалли дустдоштаи худ дар кишвархои бегона кор интихоб намояд.* Навоварихои мо ин кадом либос ё хурокаи нави Чини ё Ирони ё руси ворид гашта аст. Дар Точикистон 20 соли охир чи кашфиёте кардем ва чи навоварие дар иктисоди худ ба дасти худ сохтем? Фикри дигар гуфтан ва баромад кардан дар чомеаи мо ба хуби кабул намешавад. Ба одамон фарк надорад, ки кори дилхох дар зодгох, Ватан ва назди хонавода пайдо хаст ё нест. Кор нест, мераванд ба мардикори бе тайёри ва бидуни донишу забон, худро ба чари мезананд. Чаро касе боре хости худро талаб намекунад ва савол намедихад, ки наход дар Ватани худ корхои шоиста дошта натавонем. 4. Бедории милли ва ватандусти.

Амрикоихо зиёд ватандуст хастанд, кишвари худро хеле дуст доранд ва барои арзишхову акидахои фарханги худ хамеша омодаи дифо кардан хастанд. Онхо дарк мекунанд, ки гузаштагонашон ба ин сарзамин бо азобу машаккат барои ёфтани озодии бештар ва имкониятхои иктисодии бехтар омадаанд. Холо онхо гуё «аз дарахти бобоёни худ мева мехуранд» ва хис мекунанд, ки барои насли оядаи кишварашон чунин дарахте дар навбати худ гузоштан ухдадор хастанд.* Вакте аз ватандусти ва миллатдори харф мезани, хоинон ва бехирадон гуянд миллатгаву нажодпараст. Аз манфиатхои Ватан сухан кардан ва арзишхои фархангии худро эхтиёт кардан дар байни мардуми мо эътибори кам дорад, афсус. Аз панду насихатхои бузургони гузаштаи худ дар боби ватандустиву хунари кишвардори мо андаке хабар дорем ва бадбахтона, руз аз руз аз он мерос дуртар мешавем ва танхо дар гами сер кардани шиками худ ва паси сар кардани имруз хастем. Чи монад моро ба фикри насли оянда ва хулосае, ки онхо аз кори мо рузе хоханд бардошт. 5. Шахсиятдусти зидди чомеадусти (Individualism vs Socialism).

Дар Амрико мустакиллияти шахси ва мустакилона хал кардани масъалахои зиндаги бисёр кадр карда мешавад. Фарханги инчо мардумро аз синни хурди то бузурги ба мустакил будан, аз фикри худ гуфтану кор кардан, рохи худро дар хаёт бо дастони худ сохтан ва аз он фахр намуданро меомузонад. Хар як шахсият дар чомеаи инчо хурмати хосса ва кафолати намояндаги намудан аз манфиатхои худро дорад. Чомеаи Амрико аз зухури «хукумати беандоза ва бузург» метарсад ва дуруст медонанд, ки хар як шахс, махалла, шахр ё вилоят масъалаву мушкилихои худро бехтару хубтар аз хукумати маркази (федероли) халлу фасл карда метавонад. Ба акидаи Амрикоихо хукумат бояд танхо бо чамъоварии андозхои одилона, тахияи конунхои адолатпарвар ва таъмини бехатарии имрузу фардои миллат дар дохил ва аз хоричи кишвар машгул бошад.* Чомеаи имрузаи Точикистон на шахсиятхои сарвар, балки «пода» мепарварад. Хама ба гардани якдигар савор шудан гаштанро авлотар аз он медонанд, ки бо донишу хунари худ сохиби кору сармояву хона шаванд, гарчанд бо мушкиливу азоб. Падар модар мехоханд фарзандонашон доимо тахти назораташон ва «зери бол» бошанд ва хама чизро ба онхо барохат омода карда диханд. Мардум мехоханд, ки хукумат бузургу васеъ бошад ва дар хама масъалахо ба зиндагиашон бо бахонаи кумак мудохила намояд, хаёти онхоро идора намояд. Агар хамин тавр гузорем, мо вобастаи дигарон боки мемонем ва хеч гох фарди Точик аз ухдаи мустакилона ва муваффак пеш бурдани оила, шахр ва кишвари хеш намебарояд.

http://bkosimi.wordpress.com/

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси аршади фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Инқилоби дилҳо; инқилоби пойдор

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пас аз эъломи натоиҷи интихоботи порлумонии соли ҷории Тоҷикистон ва навъе хиёнати КМИР ба орои мардуми тоҷик, ба вижа орое, ки ба суди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, бисёре аз ҳамватанонамон, ҳатто баъзе аз коршиносон, таваққӯъ доштанд ҲНИТ ҷиҳати эҳқоқи ҳаққи мусаллам ва қонунияш, ба инқилобе ором аз навъи инқилоби рангӣ даст бизанад.Ба назари нигоранда, як чунин таваққӯе, бо таваҷҷӯҳ ба марҳалае, ки кишвари азизамон дар ҳоли убур аз он аст ва низ бо назар ба таҷоруби кишварҳое, ки ин навъ инқилобҳо дар онҳо ба вуқӯъ пайваста ва умре ҷуз андак надидааст, таваққӯе буд беҷо ва ғайри мантиқӣ. Ба вижа агар ин нуктаро ҳам мадди назар қарор бидиҳем, ки маъмулан дар варои як чунин инқилобҳо, ҷиҳоте аҷнабӣ қарор мегиранд.Илова бар ин, мусаллам аст, ки агар имрӯз як чунин таҳарруке аз сӯи наҳзатиён сурат мепазируфт, бе тардид танҳо ҷиҳате ки зарар гиребонгираш мешуд, ин худи ҲНИТ буд, ва шояд баъзе аз руқабои сарсахти ин ҳизб, ки имрӯзҳо аз боло рафта истодани ҷойгоҳу эътибори ҲНИТ дар ҷомеа ранҷ мебаранд, аз худояшон буд, ки ҳизб ба як чунин иқдоме носанҷида даст ёзида ва худ қабри хештанро бо дастонаш биканад ва сипас ин руқабо нафасе ором бикашанд.Хушбахтона мавозеи ахири ҲНИТ, ба вижа мавозеи раиси он ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ дар вокуниш ба иқдоми ноҷавонмардонаи КМИР ва касоне ки пушти парда қарор доранд, нишондиҳандаи он аст, ки эшон ба дурустӣ бесамар будани як чунин иқдомеро дарк карда ва мекунанд.Албатта, ин ба маънои он ҳам нест, ки ҲНИТ дар баробари ин ҳама ноҷавонмардиҳо сукут ихтиёр бикунад, ва воқеан ҳам сукут ихтиёр накардааст. Таҳаррукоте, ки имрӯза ҲНИТ дар ростои эҳқоқи ҳуқуқи мусаллами хеш аз худ нишон медиҳад ва ҳамагон шоҳидем, таҳаррукотест ҷиддӣ. Ба назари нигоранда, роҳе, ки имрӯз ҲНИТ барои эҳқоқи ҳаққи худ пеш гирифтааст, хеле мантиқӣ ба назар мерасад. Имрӯз ҲНИТ бе тардид дар ҳоли анҷоми як инқилоб аст.Аммо ин инқилоб, ҳарчанд метавон гуфт инқилобест ором, аммо мусалламан аз он навъ “инқилобҳои ороми рангӣ” нест, ки ба иллати идорааш аз берун нопойдор, сатҳӣ ва кӯтоҳумр бошад, балки инқилобест бархоста аз дарун, ки дар сурати ба самар расидан, пойдор ва решаӣ хоҳад буд.Ин инқилоб, чунон ки раҳбари ҲНИТ худ мегӯяд, инқилоби дилҳост. Кабирӣ мегӯяд: “Ҳама интизор доштанд, ки инқилобҳое, ки кишварҳои пасошӯравӣ дар натиҷаи интихоботҳо доштанд, дар Тоҷикистон низ сар мезанад, аммо ҲНИТ ҳеҷ гоҳ ҷонибдори инқилобҳои кӯчагӣ нест, мо ҳатман тарафдорӣ ва пайгирӣ аз инқилобҳои фикрӣ кардаем ва хоҳем кард. Ва инак, дар интихоботи 2010 мо дар Тоҷикистон як инқилоб кардем; инқилобе, ки ранг надорад, инқилобе, ки ҳанӯз ном надорад, ва ин инқилоб, инқилоби қалбҳо буд. Ин инқилобе буд, ки на дар кӯча, на дар хиёбон, балки дар қалбҳо ва дар зеҳни мардум иҷро шуд. Ин инқилоб аллакай анҷом шуд ва мо мардумро бори дигар худашро ба худаш шиносондем. Мардум эътимод пайдо карданд, ки воқеан, як миллат ҳастанд, нерӯе ҳастанд, ки метавонанд тақдири худро ба дасти худ гиранд. Пас месазад, ки инқилоби моро Инқилоби қалбҳо номгузорӣ кард”.

Оре, инқилобе, ки ҷомеаи азизи мо имрӯз ба он ниёзи мубрам дорад, дар дараҷаи аввал, ҳамин инқилоби дилҳост. Инқилоби дилҳо, ҳамон инқилоби дарун аст, ки инқилоби берун дар воқеъ аз он сарчашма мегирад. То замоне ки мо аз дарун мунқалиб нашавем, ва ба иборати дигар, то замоне ки мо дар даруни хеш инқилоб эҷод накунем, инқилоби берун, ҳатто агар воқеъ ҳам, ки шавад, аммо чун реша дар дарун надорад, нопойдор хоҳад буд.

Чӣ зебо баён дошта Қуръони карим ин воқеиятро он ҷо ки фармуда: “Ҳамоно Худованд вазъи қавмеро дигаргун намесозад то он гоҳ ки эшон худ ба дасти хештан он чиро дар дарунашон аст дигаргун насозанд”. (Сураи Раъд, ояти 11).

Агар мо имрӯз дар ҷомеа ниёз ба тағйиру таҳаввул дар тамомии абъод, чи сиёсат, чи иҷтимоъ, чи иқтисод ва чи фарҳанг дорем, ки дорем, бояд ин тағйиру таҳаввул аввал дар дарунамон сурат бигирад. Тағйири берун, дар сурати адами тағйири дарун, тағйирест шаклӣ ва бесамар.

Дар буъди сиёсӣ агар хоҳони истиқлоли сиёсӣ ҳастем, дар навбати аввал бояд так-таки афроди ҷомеа дорои руҳе мустақил бошанд ва хештанро вобастаи ҳеҷ кас ё ҷиҳате наангоранд, бояд эътимоди ба нафс дошта бошанд, худро дар баробари дигарон кам нашуморанд.

Ҳамчунин дар буъди иқтисод агар хоҳони рӯи пои хеш истоданем, дар дараҷаи аввал бояд ин ҳақиқатро ба худ бибоваронем, ки мо метавонем кишварамонро худамон бо дастони худ бисозем ва даст ба сӯи ину он наёзем.

Дар буъди фарҳанг ва иҷтимоъ низ чунин аст. Миллате, ки мехоҳад аз як истиқлоли фарҳангӣ бархӯрдор бошад, лозимааш ин аст, ки ба фарҳанги бумии хеш биболад, дар фарҳанги бегона зуб нагардад, аҷнабиро дорои фарҳанге болотар аз худ наангорад.

Оре, мо имрӯз, беш аз ҳар вақти дигар ниёз ба як инқилоби дарун, ки иборати ухрои ҳамон инқилоби дилҳост дорем, ки ҲНИТ ба мавқеъ ин ниёзро дарк ва дуруст ташхис дод.

Аммо ҳанӯз дар аввали роҳем. Ҳанӯз бар сари роҳи таҳаққуқи як чунин инқилоб, ки бе шак ба маротиб душвортару сангинтар аз анҷоми як инқилоби берун ва сатҳист, мавонеъ ва фарозу нишебҳои мутааддиде қарор дорад, ки бояд ҳамаро сарбаландона убур намоем.

http://www.kemyaesaadat.com

Хизбхои фармоишй дар Туркманистон

Аъзам Хучаста Рузи 18 феврали соли чории милодй Қурбонгулй Бердимуҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон дар нишасти ҳайати давлат тарҳи ташкили аҳзоби мухолиф дар ин кишварро ироа намуд.Раиси чумҳури Туркманистон иброз дошт, ки имруз дар саросари кишвар дар ростои пешрафти чомеа кору эчод ва ибтикор дар тамомии бахшҳо чараён дорад. Вай афзуд , аз чумла тайи се соли охир 677 тарҳи азим ба маблағи 6 миллиарду 500 миллион доллар мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, ки хатҳои интиқоли гази фаромиллии Туркманистон – Чин ва Туркманистон – Эрон, пул бар болои рудхонаи Амударё, корхонаҳои азими санъатй, минтақаи туристии «Аваз» ва кули Туркман аз ин чумлаанд.Қурбонгулй Бердимуҳаммадов таъкид кард,ин ҳама рушду тавсаъа баёнгар аз он аст, ки кишвари мо дорои иқтисоди муназзам буда дар бисёре аз бахшҳо ба худкафойи даст ёфтааст.Раиси чумҳури Туркманистон дар идомаи суханони худ ба усули демократияи воқеи пардохта, ишора кард, ки дар шароити кунунй ташкили аҳзоби мухталиф, ҳатто мухолиф на нафъи чомае хоҳад буд.Вай гуфт, ҳар ҳизбе, ки дар чорчуби қонуни асосй дар заминаҳои мухталифи кишоварзй, санъатй ва амсоли ин ташкил шавад, метавонад озодона фаъолият намояд. Хамин тавр барои аввалин бор пас аз касби истиқлолият дар соли 1991, дар Туркманистон масъалаи ташкили аҳзоби мухолиф матраҳ шуд.То ин дам дар ин кишвар ҳизби ҳокими демократ, ки баромада аз батни ҳизби комунист буд,танҳо ҳизби фаъол маҳсуб мешуд. Албатта теъдоде созмону ташаккулҳои чонибдори давлат, ки узви чунбиши миллии «Қалқиниш» (Растохез)буданд, фаъолият мекарданд.Ин ниҳодҳо як навъ такмилкунанда ё шохаҳои ҳизби ҳоким ҳисоб мешуданд, ки вазифаи аслиашон тарғибу тарвичи сиёсатҳои Туркманбошй – Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон буд.Ба эътиқоди фаъолони ҳуқуқи башари туркман ин чунбиши ба истилоҳ миллй ва ниҳодҳои шомили он, ҳамчунин ҳизби ҳокими демократ бар хилофи муқаррароти қонуни асосии Туркманистон ташкил шуда, аз тарафи давлат сармоягузорй мешаванд.Фақат ҳизби ҳоким ва созмонҳои шомили чунбиши «Қалқиниш» ҳаққи ширкат дар интихоботро доштанд. Акнун раиси чумҳури Туркманистон бар он шудааст, ки бо мушорикат додани аҳзоби мухолиф дар ҳаёти сиёсии кишвар аз як су аз фазои хафақони даврони Туркманбошй бикоҳад, аз суи дигар бо чомеаи озод чилва додани Туркманистон, ҳар гуна таҳаррук ва вокунишро аз мухолифони табъидии худ аз байн барад ва интиқодҳои мачомеи байналмилалиро дар мавриди маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандй дар кишвараш, хунсо кунад.Албатта то ин дам раиси чумҳури Туркманистон дар ростои аз байн бардоштани осори даврони худкомагиҳои Туркманбошй иқдомҳое анчом дод ва дар идомаи ҳамин раванд ахиран бо дастури у бузургтарин мучассамаи Ниёзов дар пойтахт барчида шуд. Қобили зикр аст, ки Туркманистон дар даврони Сафармурод Ниёзов бо эъломи сиёсати бетарафй, худро зоҳиран аз таҳаввулоти чории минтақа ва чаҳон канор гирифт. Давлати Ашқобод ба мушорикат дар созмону ниҳодҳои минтақайи таваччуҳи чандоне намедод фақат ба хотири бархе аз барномаҳои иқтисодии худ, дар маъдуд нишастҳо ҳузур меёфт.Фазои сиёсии ин кишвар ҳамеша мавзуи интиқодоти созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар буд.Гуруҳи туркмании ҳуқуқи башар, ки қароргоҳи он дар Вена аст, ҳамеша бо интишори баёнияҳо поймолкунии ҳуқуқи башар ва усули демократй тавасути давлатмардони туркманро ба гуши ба истилоҳ ҳомиёни байналмилалии ҳуқуқи башар мерасонд. Аммо боре ҳам нашуда, ки ниҳодҳо ва ё кишварҳои муддайии дифоъ аз ҳуқуқи башар, иқдоме дар чиҳати беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Туркманистон анчом дошта бошанд. Зеро Туркманистон дорои бештарин захоири нафту газ дар Осиёи Марказй маҳсуб мешавад ва ҳеч як аз кишварҳои ғарбии мудаъйии дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳозир набуд бо сард кардани равобити худ бо давлати Ашқобод, худро аз ин захираҳо бенасиб кунад.Давлатмардони туркман низ аз чунин шароите ниҳояти истифодаро намуданд ва фазоро он гуна эчод карданд, ки бар муроди ҳокимияташон буд. Бо ин ҳол иқдоми раиси чумҳури Туркманистон дар мавриди ташкили аҳзоби мухолиф, аз суи расонаҳои ин кишвар таҳаввуле муҳим дар ҳаёти сиёсй ва ичтимойи Туркманистон арзёбй шудааст.Ба эътиқоди дастандаркорони ин расонаҳо, ки нашъат гирифта аз тафаккури Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аст, вучуди ҳизбҳои рақиб дар шаклгирии фазои солими демократй муассир хоҳад буд, амре ки руйдодҳои сиёсй ва ичтимойии кишварро низ мазмуни тозае хоҳад бахшид. Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аз замони ба қудрат расидан дар соли 2006, ба тадрич иқдом ба ислоҳи вазъ дар бахшҳои мухталифи сиёсй, иқтисодй ва ичтимойиу фарҳангии Туркманистон ва аз байн бурдани мероси даврони тактозиҳои Туркманбошй намуд.Руйгардонй аз сиёсатҳои иқтидоргароёнаи Ниёзов, ки худро раиси чумҳури модомулумри Туркманистон эълом кард, аз вижагиҳои сиёсатҳои Бердимуҳаммадов будааст.Аммо ало рағми эъломи раиси чумҳури Туркманистон дар мавриди эчоди фазои чандҳизбй дар арсаи сиёсии ин кишвар,ҳеч ояндаи рушане аз беҳбуди авзоъ дар ин замина ба чашм намерасад.Зеро чомеаи туркман хотироти хубе аз фарчоми фаъолиятҳои дигарандешон надорад ва сарнавишти талхи Абдураҳмон Абдураҳмонов, раиси гуруҳи чамъиятии «Илкинчилер», ки фақат ба хотири ироаи тарҳи алтернотифи ташкили иттиҳодияҳои кишоварзй ба 8 сол зиндон маҳкум шуд, ҳамчунон дар азҳони мардум боқист. Аз ин чо ба назар мерасад, ки пешниҳоди раиси чумҳури Туркманистон барои ташкили аҳзоби мухолифи фармоишй, талошест дар чиҳати ҳамсуйии зоҳирй бо дигар кишварҳои минтақа ва боло бурдани чойгоҳи худ ба унвони раиси чумҳури одил.Аммо аз он чо ки раиси чумҳури Туркманистон ва чомеаи ин кишвар дар мавриди аҳзоби мухолиф дидгоҳҳои мутафовуте доранд, ба назар намерасад, ки дар ояндаҳои наздик шоҳиди шаклгирии як ҳизби воқейии мухолиф дар ин кишвар бошем. Ба вижа он ки аз ҳоло доираҳои тамаъчу дар ҳайати ҳокимаи давлати Ашқобод саъй доранд бо додани унвонҳои баландпарвозона аз Бердимуҳаммадов як Туркманбошии дигар дуруст кунад. Дар ҳамин росто дар поёни чаласаи рузи 18 феврали ҳайати давлат Мурод Қориев, раиси кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Туркманистон пешниҳод кард, ки ба раиси чумҳур унвони «қаҳрамони Туркманистон» дода шавад. Ҳарчанд ин бор Бердимуҳаммадов ин пешниҳодро напазируфт, аммо ин нигаронй чой дорад, ки дар чорчуби «қудратталабии шарқй» ва «иқтидоргаройии» мероси Шуравй, раиси чумҳури кунунии Туркманистон ба тадрич аз масири салафи худ гом бардорад.

http://khujasta.wordpress.com/

Мюнҳавзенҳои Вазорати маорифАдаш ИстадОиди зарурати ислоҳоти куллии маорифи Тоҷикистон қариб даҳ мақола навиштам. Аз байн рўзҳои зиёде гузаштанд.Ҳама хомўш. Садое нест.Сипас аз як шоносам хоҳиш кардам, ки ба Вазорати маориф саре бизанад ва бифаҳмад, ки дар сари ягон мансабдори ин идораи муҳимтарини ҳукумат, ки ояндаи миллат ба он вобаста мебошад, андешаи ислоҳот ҳаст ё нест.Он рафиқ иттилоъ дод, ки на танҳо андешаи ислоҳот нест, балки ҳар касеро, ки аз ислоҳот даҳон кушояд, унсури бегонапараст меҳисобанд. Боварам наомад, ки дар ин вазоратхона, ки роҳбараш таҷрибаю маҳорати зиёди кори роҳбарӣ дорад, чунин бошад. Худи вазир мавҷудияти муаммоҳои зиёди маорифро боре ҳам инкор накардааст.Аммо, чунон ки аз барномаҳои телевизионӣ мушоҳида мекунам, кормандони ин вазоратхона ҳангоми таҳлилу баррасии масъалаҳои маориф он қадар ҳарф мезананд, ки муаммоҳо зиёд нестанд ва ҳалли онҳо низ осон аст.Масалан дар боби ислоҳоти мактаби олӣ гуфта шуд, ки бо гузаштан ба усули кредитӣ мактабҳои олӣ ба сатҳи Кембриҷу Гарвард мерасанд.Имкони ҳама вақт дидани барномаҳои телевизионро надорам. Ҳафтае пеш телевизорро гирондам, ки боз як масъули Вазорати маориф сухан мекунад. Охири барнома будааст. Ин масъули вазорат дар даст ҷадвале дошт ва исбот кардан мехост, ки мактабҳои таълими ҳамагонии Тоҷикистон дар боби барномаи таълими аз мактабҳои кишварҳои пешрафтаи хориҷа фарқе надоранд. Ҳарчизе ки дар онҳо ҳаст, дар мактабҳои мо низ ҳаст – чунин буд хулосаи ин масъули маориф дар ниҳояти барномаи телевизионӣ.«Ман ба даҳ кишвари Ғарб сафар карда мактабҳои онҳоро дида омадам. Ҳамон чизҳое, ки мактаббачаҳои мо меомўзанд, онҳо низ меомўзанд», — гуфт он масъули вазорат.Мехоҳам аз чунин масъулони вазорат бипурсам: Магар дар он мактабҳои хориҷие, ки шумо рафта дидаед, ба педагогикаи Коменский амал мекунанд ё Монтессори ва Френе? Магар дар мактабҳои Тоҷикистон усули финландии таълим то соати 16 ҷорӣ шудааст? Магар аз туалет сар карда то ошхонаи мактабро ба тарзи аврупоӣ сохтаед?Камина аз пешрафти Тоҷикистон шод мешавам, агар ягон падидаи онро шунавам ё аз ТВ бубинам.Дар як вохўрӣ бо раиси ҷумҳур чанд соҳибкор изҳор карданд, ки дар қишлоқҳояшон бо пули худ биноҳои нави мактабҳоро сохтаанд. Ба ёд оред, ки даҳ-понздаҳ сол пеш чунин суханҳоро умуман намешунидед. Яъне соҳибкорон ба он дараҷаи пешрафти фикрӣ расидаанд, ки медонанд: пешрафти иқтисодӣ бе мактаби пешрафта ғайриимкон аст.

Аммо ба чунин соҳибкорон бояд фаҳмон, ки мактабҳои намунавӣ бисозанд. Яъне лоиҳаи ягон мактаби финландиро гиранду бисозанд ва бигўянд: Ҳар як мактаби мо бояд чунин бошад.

Яке аз дурўғҳои достони Барон Мюнҳавзон ин буд, ки дар муҳориба нисфи аспашро буридаанд ва ў савори нисфи пеши асп баъди чанд вақти тўлонӣ ҳине ки асп об менўшаду об дар шикамаш наистода ба замин мерехт инро дидааст.

Агар соатҳои дарсии мактаби финландиро ба мисоли аспи бутун бигўем, пас мактаби тоҷикӣ нисфи аспро дорад.

Масъули маориф бошад пофишорӣ мекунад, ки нисфи асп низ аспи бутун аст.Манбаъ: http://gerbisherdor.blogspot.com/

Хамлаи иктисодии Чин ба Осиёи Марказй
Аъзам Хучаста Ҳукумати Қазоқистон дар ҳоли баррасии тарҳе мебошад, ки бар асоси он мехоҳад даҳҳо ҳектор заминро ба манзури анчоми фаъолиятҳои кишоварзй ба Чин вогузор кунад.Ин тарҳ пешбинй мекунад, ки кишоварзони чинй дар ин заминҳо зироатҳои лубиёиро ба манзури истеҳсоли руғани растанй парвариш кунанд.Аммо ин иқдоми Остона вокунишҳои шадидеро дар чомеаи ин кишвар доман зад ва мухолифони тарҳи мазкур ибрози нигаронй карданд, ки сарозер шудани шаҳрвандони чинй ба Қазоқистон дар дарозмуддат истиқлолияти ин кишварро таҳти таъсир қарор хоҳад дод.Воқеият он аст, ки Чин баъд аз фурупошии Шуравй бар асоси як барномаи роҳбурдй ҳамкориҳои худ бо кишварҳои Осиёи Марказиро шакл дод ва тайи 10-15 соли ахир ба таври қобили мулоҳизае арсаро барои рақибони аслии худ дар ин минтақа танг намуд. Дар пайи он чи ки таҳлилгарони ғарбй тачовузи иқтисодии Чин тавсиф мекунанд, чойгоҳи ин кишвар дар ҳаёти иқтисодии чумҳуриҳои Осиёи Марказй ба таври бесобиқае тавсаъа ёфта, бозорҳои ин кишварҳо пур аз маҳсулоти чинй шудааст. Дар моҳи декабри соли 2009, дар пайи ифтитоҳи хати лулаи интиқоли гози Туркманистон – Узбакистон – Қазоқистон – Чин, пирузии Пекин бар рақибонаш дар бозори энержии Осиёи Марказй рақам хурд ва марҳалаи чадиди ҳамкориҳо миёни ин кишвар ва Осиёи Марказй оғоз шуд. Акнун Чин қасд дорад бо сохтани роҳи оҳани Қирғизистон – Узбакистон – Туркманистон – Чин, ки роҳи оҳани Чумҳурии халки Чинро бо роҳҳои релии Эрон ва Туркия пайваст ва вуруди маҳсулоти ин кишвар ба бозорҳои Аврупои ғарбиро осон хоҳад намуд, заминаи сарозер шудани сармояи худ ва маҳсулоти тавлидкунандагони чинй ба минтақаи стротегии Осиёи Марказиро фароҳам намояд. Дар тавчеҳи ин тарҳ ва чалби ҳимояти кишварҳои Осиёи Марказй дар такмили он, вазири роҳи оҳани Чин таъкид кард, ки тарҳи мазкур мучиби рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказй шуда, ҳамгарои миёни ин кишварҳоро тақвият ва дастрасии ононро ба кишварҳои аврупойи осон хоҳад кард. Дар ростои такмили ин тарҳ Чин дар пайи он аст, онро дар чорчуби Созмони ҳамкории Шангҳой дунбол кунад.
Дар моҳи январи соли чории мелодй дар пайи сафари як ҳайати аршади Қирғизистон ба Пекин, дар раванди ҳамкориҳо миёни ду кишвари Қирғизистон ва Чин таҳаввули чадиде рух дод ва ду тараф дар мавриди бисёре аз масоил ба тавофуқоти созанда даст ёфтанд.Аз чумла дар чорчуби ин сафар тарҳи пайваст намудани роҳҳои оҳани ду кишвар қатъй шуд. Ҳамчунин дар ҳамин рузҳо буд, ки барои аввалин бор хабари эъломи тамоили Туркия ва Эрон чиҳати пайвастан ба роҳи оҳани чадид мунташир шуд.Мушкили мавчуд дар ин замина ба арзи хати роҳи оҳан дар ин кишварҳо бармегардад.Дар ҳоле ки роҳҳои оҳани Чин, Туркия ва Эрон бар асоси стандартҳои Аврупо 1435 миллиметр арз доранд, ин рақам дар Қирғизистон 1520 милллиметрро ташкил медиҳад.Роҳи оҳани Қирғизистон чун ҳамаи кишварҳои Шуравии собиқ бо ин вижагй аз дигар кишварҳо фарқ мекунад. Албатта ба чуз тарҳи мавриди назари Чин, дар Осиёи Марказй тарҳҳои дигаре низ дар ҳоли пайгирй ҳастанд. Тарҳо бонки осиёии рушд мавсум ба САRЕС, ки тавсаъаи роҳҳои иртиботй бо манотиқи ғарбии Чин, Русия, Узбакистон, Точикистон, Қирғизистон, Озарбойчон, Афғонистон ва Муғулистонро пешбинй мекунад, аз ин чумла мебошад.
Аз суи дигар Иттиҳодияи Аврупо аз соли 1990 дар пайи ичрои тарҳи ТРАСЕКА – коридори Осиёи Марказй ба Аврупо аст ва саъй дорад бо давр задани қаламрави Русия Осиёи Марказиро ба Аврупо васл намояд.Тавофуқнома дар ин замина соли 1998 дар Боку ба имзо расид.Қазоқистон, Қирғизистон, Точикистон, Узбакистон, Туркманистон,Озарбойчон, Арманистон, Гурчистон, Украина, Муғулистон, Молдова, Булғористон, Румонй ва Туркия кишварҳои ҳозир дар ин тарҳ мебошанд, аммо мушкилоти чуғрофиёи ичрои онро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.Ҳамчунин, Русия ва Чин дар ҳамкорй бо Қазоқистон тарҳи интиқоли коло аз Чин ба Аврупо тавассути қаламрави Русияро дар ҳоли пайгирй мебошанд.Ба илова, тарҳи дигаре бо номи коридори «Шимол – Чануб», ки моҳи сентябри соли 2000 тавассути Русия, Эрон ва Ҳиндустон ба имзо расид ва баъдан Белорус, Қазоқистон, Точикистон, Озарбойчон, Арманистон, Қирғизистон, Украина, Булғористон, Туркия, Уммон ва Сурия ба он пайвастанд, дар ҳоли пайгирй мебошад.Бо ин ҳол Чин қасд дорад ба унвони алтернотиф ва дар ростои эҳёи чодаи Абрешим тарҳҳои мавриди назари худ дар Осиёи Марказиро амалй намояд.
Имруз Чин беш аз ҳар кишвари дигаре дар Осиёи Марказй дар Точикистон фаъол аст ва тарҳҳои азими иртиботй дар ин кишварро дар марҳалаи ичро гузошта аст. Ҳамчунин мубодилоти тичорй миёни ду кишвар дар ҳоли густариш аст, ба гунае ки Чин дар соли 2009 дар ин замина аз Русия пешй гирифт ва ба рақами рекордии 1,5 миллиард доллар расид. Сохтани роҳҳо ва неругоҳҳо, сармоягузориҳои калони иқтисодй ва додани қарзҳои азим, аз дигар мавориди ҳамкориҳои ру ба рушд миёни Точикистон ва Чин мебошанд.Ин ҳама дар ҳолест, ки ба эътиқоди соҳибназарони точик, идомаи ин раванд ва бетаваччуҳии давлати Душанбе ба пайомадҳои он, дар дарозмуддат истиқлолияти Точикистонро ба хатари чиддй мувочеҳ хоҳад кард.
Дар Узбакистон низ Чин барномаҳоеро дунбол мекунад ва сарфи назар аз он ки давлати Ислом Каримов бо Кореяи Чанубй ба унвони шарики аслии худ, бештар таваччуҳ дорад, аммо Пекин дар чорчуби Созмони ҳамкории Шонгҳой ва ҳамчунин дар ростои эҳёи чодаи абрешим, дар қиболи ин кишвар низ барномаҳоеро дар назар дорад.
Ин ҳама таҳаррукоти Чин дар Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки дар оянда фазои сиёсии ин минтақаи стротегй дастхуши таҳаввулоти азиме хоҳад шуд ва тағйирот дар сиёсатҳои хоричии давлатҳои Осиёи Марказй бо афзоиши раванди тамоилоти онҳо аз Русия ба самти Чин, аз ин чумла хоҳад буд.Бо таваччуҳ ба ин ки баъд аз Амрико Чин дар ҳоли табдил шудан ба дуввумин абарқудрати чаҳонй аст, муқобила дар қиболи барномаҳои он коре нест, ки аз дасти давлатҳои кучаки Осиёи Марказй сохта бошад. Аз ин ру чавомеи ин кишварҳо бо дарки чунин таҳдидоте аз ҳоло садои эътироз баланд кардаанд, то шояд битавонанд пеши роҳи он чиро ки тачовузи хазандаи Чин ба кишварашон меноманд, бигиранд.Эътирози мардуми қазоқ ба сиёсатҳои Чин дар кишварашон аз ҳамин зовия қобили арзёбй ва таамул мабошад.

http://khujasta.wordpress.com/

Манфиатхои Точикистон аз ичрои накши калиди дар бехбуди муносибатхои Гарб бо Ирон ва Афгонистон
Ботур Косими
Барои Точикистон аз нигохи забони, фарханги ва таърихи кишвархои аз
хама наздиктарин Ирон ва Афгонистон мебошанд. Агар ин 3 кишвар ба
иттиходе даст зананд, бо ахолии бештар аз 100 миллион, масохати кариб 2.5 миллион км мураббаъ аз Халичи Форс то сархади Чин, захирахои бойи нафту газ, маъданхои кухи ва мавкеи стратежии чугрофи макоми баландтареро дар сахнаи чахони сазовор хоханд шуд.

Чунин иттиходе дар мукоиса бо хамгироии кишвархои Осиёи Маркази ё бо русия, ки забону фарханги дигар доранду максадашон низ аслан пешрафти Точикон нест, бартарихои хоса дорад ва метавонад ба эъёи Ачам, яъне мардумони форсизабон, ки дар он ман шахсан ояндаи дурахшони Точикистонро мебинам, мусоидат намояд.

Вале баргардем ба вазъи имруз. Холо ки чомеаи чахони омода аст
сармояхои бузургеро барои бехбудии муносибат бо Ирон ва амалиётхо дар Афгонистон чудо намояд, Точикистонро зарур аст, ки аз ин фурсат истифода намуда, манфиатхои молияви ва обруи хуби сиёсиро сохиб гардад.Якум, вобаста ба Афгонистон, мо метавонем ба Амрико ва Паймони Атлантик мурочиат намуда, бифахмонем, ки назар ба Покистон, ки аслан пайваста такондихандаи чангу чунбишхои тундгарои мухталиф дар Афгонистон будааст, барномахои сулху субот ва рушди иктисодиро инак тавассути Точикистон ба рох мондан бехтар аст. Он гах аз он миллиард доллархое, ки барои Афгонистон чудо мешаванд, ба Точикистон низ хатман фоидаи назаррас хохад расид. Дар натича корхонаи истехсолии зиёде барои таъмини ниёзи амалиётхои харби дар Афгонистон ва бозсозии баъдии он дар Ватани мо бунёд ёфта, ахолии бештар бо чойхои кории хуб ва иктисод бо фанноварихои навтарин таъмин мегардад.Дуюм, бо афзоиши накши Точикистон дар халли казияи Афгонистон нуфузи Точикон ва умуман, Форсзабонон низ дар ин кишвари хамсоя бештар хохад гашт ва хатари фарханги аз чониби паштунхо кохиш хохад ёфт. Баъдан, кисмати шимолу гарбии Афгонистон аз Панчшер то Хирот, ки аксаран Точикнишин аст, аз кисмати чанубу шаркии паштунишин барои чудо намудан тавсия додан мумкин аст. Бояд ба чахониён нишон дихем, ки сулх ва тараккиёти Афгонистон аз шимол, яъне Точикистон, хохад омад, на аз чануб, яъне Покистон.Вобаста ба Ирон, мо метавонем дархости ворид шудан ба музокиротро намуда, накши миёнаравро байни кишвархои Гарб ва Ирон ичро бикунем. Дар як вакт аз барномахои неруи хастаии ин кишвар ва хакки хар як миллат ба истифодаи сулхомези фанноварихо пуштибони нумуда, аз суи дигар бо рохбарияти Ирон гуфтугуи мустакким ва мукаммалро таъсис дода, дар ончо ба чойи тундгароии дини аз афзалиятхои диндории муътадил ва давлатдории дуняви бештар ташвик намоем. Барои ин хизмати “миёнарави” низ мо аз Гарб маблагхои хангуфт низ метавонем ба даст биёрем.Аммо, барои ин Точикистон бояд аввал худро хамчун намунаи бехтари кишвари хукукбунёд ва дуняви бо эхтиром ба арзишхои дини ва иродаи мустаккили милли нишон дихад. Бояд нигоххои мухталиф ва хамчунин мухолифро дар чомеа дастгири кард, ба фаъолон рох ба Мачлиси Олиро осон кард, чун факат дар натичаи бахсхои кушода ва чалби намояндагони гуногуни мамлакат дар давлатдори, мо ба хакикат, адолат ва пешравии милли хохем расид. Чуноне ки дар рушди иктисоди ракобати озод накши асоси мебозад, доштани мухолифини созанда дар сиёсат низ ахмияти бузург дорад.Хулоса, хушбин аз он хастем, ки вохурии баландпояи Точикистону Амрико ин хафта дар Вошингтон баргузор гардид ва сафари чаноби Ричард Холбрук хафтаи оянда ба Душанбе хам ба назар гирифта шудааст. Ин имконияти хубе фарохам меоварад, ки мо аз чунин накшахо барои манфиати миллии худ истифода намоем. Барои ин танхо аз “мафкураи махалли” берунтар баромадан, дуртар андешидан, ба ояндаи некуи миллат бовар кардан ва онро аввалиндарача гузоштан зарур аст.

http://bkosimi.wordpress.com/

Ҳақорат ҷуз аз Ҳақир сар намезанад Мулоҳизае кӯтоҳ перомуни барномаи “Наша Раша” Сайидюнуси ИстаравшанӣМуддатест достони “Наша Раша” ва коргардону бозигарону дастандаркорони пушти пардаи ин барномаи густох, зеҳни бисёре аз ҳамватанонамонро ба худ машғул карда аст, ба гунае ки ҳар гоҳ номи он далғакони беадаб матраҳ шавад, ҳар тоҷики бошарафе лаънат ба ҷониби эшон мефиристад, ҳатто кори он бетарбиятон то ҷое моро расонида, ки мутасиддиёни умури муҳоҷирони тоҷикӣ дар Русия аз болои ин барномаву дастандаркоронаш ба додгоҳ шикоят бурданд.Дар ин навиштор, роқими сутур бар он аст, андаке перомуни ин барномаи густохона баҳс ба амал оварад, аммо на аз он зовия, ки то ба ҳол бисёре аз ҳамватанони шарифамон баҳс карда ва ҳаққи матлабро ба гӯши касоне ки бояд ба гӯши ношунавояшон бирасад некӯ расониданд.Мухотаби нависанда дар ин навиштор, он бетарбиятон нестанд, балки худи моён ҳастем, ки мавриди “тамасхур”-и онон қарор мегирем, аммо на аз ин ҷиҳат, ки мухотабро мавриди сарзанишу маломат қарор бидиҳад, ки набояд “ин чунин”-у “он чунон” мебудӣ то аз болоят биханданд, чун соҳиби навиштор мӯътақид аст, ин “ин чунин”-у “он чунон” будан, ки сюжаи “тамасхур”-и он далғакони беадаб қарор гирифтааст, дар ҳақиқат чизе нест, ки боисти мавриди маломат қарор бигирад; ин падида, як амри комилан табиӣ буда ва барои ҳар инсоне, чи мутамаддину чи бефарҳанг, агар дар ҳамон шароите, ки азизони мо дар он қарор мегиранд воқеъ шавад, иттифоқ хоҳад афтод.Роқими сутур мехоҳад моҳияти ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор бидиҳад, ки аслан чӣ чизе мояи маломат аст, ки агар гиребонгирамон аст, маломату ришханди маломаткунандаро тавҷеҳпазир бидонем ва барояш ҳақ бидиҳем, ки бихандад, ва он гоҳ худ дар дурсозии он сифат аз доманамон камар бибандем, ки дигар касе моро мавриди тамасхури хеш қарор надиҳад? Ва ҳам, чӣ чизе мояи маломату сарзаниш нест, аммо бо вуҷуди он, маломату сарзаниш мешавем, ки дар ин сурат, айб дар маломатшаванда нахоҳад буд, балки дар маломаткунанда нуҳуфта аст, ки ҳикоят аз бефарҳангӣ, берешаӣ ва ҳақир будани ӯ мекунад.Ҳоло бояд бубинем, чӣ чизе аз моёнро он далғакони бемаърифат мавриди ришханд қарор медиҳанд?Яке, надонистани забонест, ки забони модарии он далғак ба шумор меравад, ва ё агар ҳам огоҳӣ ба забон вуҷуд дорад, дуруст талаффуз накардани он забон аст;Дигарӣ, ба хотири надорӣ машғул шудан ба амалест, ки аз назари он далғак ин амал як амали “паст” ба ҳисоб меравад, мисли ин ки касе ба кори кӯчарӯбӣ машғул бошад;Сеюмӣ, нисбат доштан ба як миллият бо фарҳанге хосс, ки ин фарҳанг, ба ҷиҳати номаънус будан барои он далғак, “бефарҳангӣ” менумояд.Ҳеҷ як инсони бомаърифатеро, ки барои худ эҳтиром қоил аст намешиносем, ки ин се падидаро сюжаи тамасхур ва ё ришханд қаламдод кунад. Фарз кунед, як нафар русизабон ва ё арманитабор, ки забони мо тоҷикон намедонад ва ё агар донист, наметавонад онро мисли мо тоҷикон талаффуз намояд, меҳмони мо шуд ва дар ҷамъи моён ба гунае сӯҳбат кард, ки нохоста хандаи моро барангехт. Дар ин ҷо, агар мо инро барои ӯ айб бигирем ва танҳо ба ҳамин хотир аз болояш бихандем ба гунае ки тараф обрӯю иззати худро поймолшуда эҳсос кунад, дар ин ҷо, ин мо ҳастем, ки бефарҳангем, на ӯ, ки тақсире дар надонистани забон ва ё дуруст талаффуз накардани он надорад.

Ва ё фарз кунед, як нафар рус, ки дар диёраш ба мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯ гардида ва ночор пеши мо омадааст то коре барои худ пайдо карда ва қути лоямуте барои фарзандону аҳлу иёлаш фароҳам оварад, вале коре муносиб барои худ наёфта ва аз рӯи ночорӣ ба кӯчарӯбӣ машғул шавад, оё ин иқдом аз сӯйи вай, таҳсинбарангез аст ё мояи маломату сарзаниш? Қатъан, таҳсинбарангез аст, чун аз барои фароҳамоварии нони хонаводааш, ҳозир шудааст даст ба як чунин коре бизанад, на даст ба гадоӣ пеши ину он дароз кунад. Касе ки чунин фарди шариферо маломат кунад, ё хеле нокас аст, ё касест бетарбият ва ҳақир.

Ва ё фарз кунед, як фарди жопонӣ меҳмони мо шавад, ки қатъан фарҳанге дорад хосси худаш ва шояд барои мо он фарҳанг номаънус ва аҳёнан хандаомез намояд. Агар мо ӯро ба хотири ҳаракоту саканоташ, ки реша дар фарҳанги ӯ дорад, мавриди маломату сарзаниш қарор дода ва аз болояш бихандем, ва ё сару либосашро сюжаи тамасхури хеш қарор бидиҳем, ин иқдом аз сӯйи мо, ҳикоят аз бефарҳангӣ, беадабӣ ва бетарбиятии мо мекунад. Дар ин сурат, агар аҳёнан ӯ аз болои мо бихандад, ҳақ дорад, на ин ки мо аз ӯ бихандем.

Бо ин ҳисоб, амалкарди дастандаркорони барномаи “Наша Раша” ва далғаконеро, ки мардумеро ба хотири он се падидаи фитрӣ мавриди “тамасхур”-и хеш қарор медиҳанд, ҳамл бар чӣ чизе бикунем? Оё ҷуз ин аст, ки барояшон тараҳҳум намойем, ки чӣ бефарҳанг, бетарбият, нодида ва ҳақиранд?

Бечорагон ҳатто намедонанд, ки ҳеҷ мардуме ба хотири адами талаффузи саҳеҳи забони бегонае мавриди ришханд қарор намегирад.

Намедонанд, ки тамасхури мардуме ба ҷиҳати шуғл, ҷуз кори одами ҳақир ва нодида нест.

Намедонанд, ки пойбандӣ ба фарҳанги бумӣ, бо ин ки шояд назди дигарон хандаовар нумояд, мояи шараф ва иззати фард аст, на мояи бешарафӣ ва зиллат.

Залилу бешараф он касест, ки пойбандӣ ба фарҳанги обову аҷдодашро канор зада ва аз боби “Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат шав” (ки қатъан як инсони бешарафе ин зарбулмасалро ихтироъ намудааст) ҳар ҷо ки равад ранги он ҷоро гирад.

Пас, оё ҷуз ин аст, ки амалкарди он бетарбиятонро ҳамл ба ҳақир буданашон кунем?

Оре, ҳақорат ҷуз аз Ҳақир сар намезанад.

http://www.kemyaesaadat.com/

Аллома Мухаммад Икболи Лохури аз нигохи Шиммели Олмонави

Имоммухаммади Самеъзод

Бидех дасте зи по афтодагонро,

Ба гайр Аллох дил нододагонро.

Аз он оташ ки чони ман барафрухт,

Насибе дех мусалмонзодагонро.

Оре, хамин аст садои муслихонаи аллома Мухаммад Икболи Лохури ба куллияи суханвароне, ки имруз харфи Икбол ба забон меоранд ё худ ба вижа хитоб аст ба мухакикине, ки акидаву осори у Икболро тахти омузиш мегиранд. Маълум аст, ки хануз аз даврони хаёт ва пас вафоти аллома  Икбол дар мудати 71 сол то имрузи мо садхо нафар донишмандони Fарбию Шарки  афкори баландсайри уро мавриди пажухиш карор додаанд. Аммо мусаллам аст, ки дар тарики икболшиноси кам будаанд нафароне, ки паёму нигохи хакикии  Икболро ба насли писандида ва мавриди назари Икбол чун амонат ато фармоянд. Акнун арзанда аст ин мавзуъро дар баёни хидматхои шоистаи доктори олмонави Онемари Шиммел дар икболшиноси ихтисос намоям. Сараввал,тазаккур намоям,ки бону Шиммел як исломшиноси олмони, шаркшинос, донишманд, нависандаи пурбор ва  муаллифи зиёда аз 100 номгуи китоб аст ки бо истеъдоди фавкулъодааш дар олами ислом ва дар саросари Шарку Гарб шахомат дорад.

У дар шахри Ерфурти Олмон дар соли 1922 ба олам омад. Дар сини 15 солаги У бо иштиёки тамом вориди олами ислом шуд ва забони арабиро омухт. Дар сини 19 солаги ба унвони доктори илмхои фалсафа ва улуми омузиши исломи дар донишгохи Берлин мушарраф шуд. Хамчунин доктор Шиммел  профессори фахрии Донишгохи Хорвард мебошад. Дар солхои фаъолияти эчодиаш У дар шахрхои Анкара, Бонн, Хорвард, Ню-Йорк ва Лондон маърузахои илмии хешро пешкаши донишчуен сохтааст.

Доктор Шиммел як олимаи эхсонкори башарист, ки зиёда аз 50 соли умри пурбаракати худро фидои тавзеху ташрехи ислом ба олами Fарб кардааст. Хамакнун ба маврид аст, ки илхоми таассуроти ин олимаро, ки аз мутафаккирини олами ислом маншаъ мегирад, ёдовари намоям.

Дар миёни осори А. Шиммел ки зиёда аз 100- номгуи китоб аст, кам ба назар меояд, ки дар он асар исми аллома Икбол ба миён наояд. Сараввал бояд зикр кард, ки заминаи аслии мутолиоти бону Шиммел ва метавон гуфт, ки аксари тахкикоту навиштахои у дар дарёи пахновари ирфони исломи сурат мегирад. Бо ин маъно, ки аввалин дилбастагии у ба ирфон аз рохи мутолиаи осори Мавлавии Балхи ибтидо меёбад, ки дар канори тарчумаи «Маснавии маънави» ба олмони тахкике густарда ба унвони «Шукухи Шамс» анчом додааст. Аммо  рочеь ба шахсияти Икболи Лохури ва осори у, ин тавр мефармояд.

«Дилбастагии ман ба осор ва афкори Икбол дар даврони донишчуиям дар донишгох иттифок уфтод. Ман хануз рузеро дар ёд дорам, ки нахустин бор ба исми Икбол ошно гаштам. Дар Берлин будам ва солхои чанги чахони буд, ки маколаи шаркшиноси инглис Риналд Николсон дар мачаллаи «Исломико» хондам. Николсон дар он макола китоби «Паёми машрик»-и Икболро ба хонандагони урупои муаррифи карда буд.Рейнолд Николсон,  каме пештар манзумаи бахсангези «Асрори худи»-и Икболро бо забони инглиси тарчума ва  тафсир карда буд. Аммо дар макола у китоберо муаррифи мекард, ки то он замон танхо ягона посухи беназир ба девони «Гарби -Шарки»-и  Гёте буд.

Маколаи Николсон ва пеш аз хама он китъаи шеър дар китоби «Паёми машрик», ки Икбол дар он дидори самимонаи рохбарони маънавии худ яъне дидори Гётеи Гарби ва Румии Шаркиро бо тасвир кашидааст, маро ба вачд овард ва дар руъёи рузе будам, ки ба осори ин шоири мусалмон бештар ошно шавам ва дар бораи у бештар мутолиъа ва тахкик кунам».

Ишораи Шиммел ба ин китъаи шеъри Икбол аст, ки дар он Гёте ва Руми бо хам дидор ва гуфтугу мекунанд ва хамдигарро хамдилу хамзабон меёбанд.

Нуктадони олмониро дар Ирам,

Сухбате афтод бо Пири Ачам.

Шоиру к- у хамчунон оличаноб,

Нест пайгамбар вале дорад китоб.

Хонд бар донои асрори кадим,

Киссаи паймони иблису хаким,

Гуфт: Руми эй суханро чоннисор,

Ту малаксайд хастиву яздоншикор.

Фикри ту дар кунчи дил хилват гузид,

Ин чахони кухнаро боз офарид .

Сузу сози чон ба пайкар дидаи,

Дар садаф таъмири гавхар дидаи.

Хар касе аз рамзи ишк огох нест,

Хар касе шоёни ин даргох нест.

«Донад он к-у некбахту махрам аст,

Зираки з-иблису ишк аз Одам аст».

Дар соли 1947 профессор  Шиммел мухозароти нахустин давраи тадриси худро дар бораи «Машрикзамин дар адабиёти Олмон» ро дар донишгохи Морбурги Олмон бо ишорае ба посухи шаркии Икбол ба девони Гарбии Гёте ба поён мебурд. Шаш мох баъд хангоме, ки Покистон чун давлати мустакил дар чугрофияи чахони ворид шуд, аз Шиммел хоста шуд то барои «Фаслномаи Покистон» маколае бинависад ва e хохиш мекунад дар ивази хакки таълиф китобхое дар бораи Икбол ба у бидиханд.

Бону Шиммел менависад: «Кадами баъди дар рохи шинохти амики Икбол дустии ман бо Хeнс Мейнке буд. Ва дар вокеъ боиси ошноии ман бо Meйнкеро ро файласуфи машхур Рудолф Панвитс фарохам карда буд. Чунки Панвитс пас аз мутолиаи аввалин  тахкики ман дар бораи Икбол бузургтарин ситоишгари ин мутафаккир ва шоири мусалмон шуд. Хeнс Мейнке бошад у худ яке аз омузгорони   махфили адабии Oтoзур Линдe буд. Бар мегардем бо асли казия. Ин тавр, ки дар соли 1930- милоди  Хeнс  Мейнке  9-китъа аз сурудахои аллома Икболро аз руи тарчумаи матни ингилисии онхо бо риштаи назм кашида ва сипас ин тарчумаи манзумро бо хушнависии тамом руи когаз овард ва бо аллома Икбол фиристода буд. Нусхаи аслии ин тарxумахо имруз низ дар «Музеи Икбол» дар Лохур махфуз мондаанд. Икбол хам дар чавоби ин мухаббат ду китоб аз осори худро ба у хадя мефиристад, ки онон китобхои «Паёми Машрик» ва «Човиднома»  мебошанд. Х. Мейнке, ки форси намедонист ин ду китобро ба ман, дусти чавонаш, ки форси медонам,хадя намуд. Шиммел мегуяд: «Ман боре натавонистам, ки худро аз афсуни китоби «Човиднома бирахонам. Ва чунин буд, ки тарчумаи манзуми ин китобро бо забони Олмони ба анчом расонидам>>.Ин китоб бо пешгуфтори Хeрмaн Хeссe шоир ва нависандаи Олмони дар соли 1957 дар шахри Мюнхен мунташир шуд.

Пас бубинед, ки чи тавре дар боло зикр шуд, каблан шахсиятхои номдори  дигар низ бо аллома Икбол шиносои ва дилбастаги доштанд, аммо баробари ворид шудани профессор Шиммел, икболшиноси дар гарб куллан ранги дигар мегирад. Акнун хохед дид, ки тарчумаи «Човиднома» бо як чахон  шахомати эъчозангези худ вориди майдони илму фарханги Олмон мешавад ва каломи Икбол дар умки андешаву баёни чомеаи Fарб рох меёбад.

Таваччух фармоед, ки дар пешгуфтори «Човиднома» Хeрмaн Хeссe як шоири олмони то чи андоза аллома Икболи форсигуи мусалмонро ситоиш мекунад. Банда комилан мутмаинам, ки дар пешгуфтори Хeрмaн Хeссe хеч навъе аз сохтакориву замонасози ё хиёнатхои мазхабиву дини рох наёфта аст. Ин шоири поквичдони олмони хар чи бардоште аз афкори муслихонаи Икбол дар рохи густариши дини ноби ислом доштааст, пешкаши чахониён сохта аст,ки ин хеле мардонаги мехохад.

Х.Хессе содикона чунин мегeяд:

«Мухаммад Икболи Лохури ба се каламрави маънави тааллук

дорад. Осори гаронбахои у низ аз ин се сачашмаи  маънави сероб мешавад;

  1. Каламрави маънавии хинд
  2. Чахони Ислом
  3. Дунёи андешахои Магрибзамин

Ва Икбол мусалмоне бархоста аз сарзамини хинд, омухтаи Куръон, таълимдидаи фарханг ва ирфони форси-араби аммо,сахт мутаъассир аз печидагии фалсафаи Гарб ва бо Баргсон ва Нитче ошно моро дар уручи физояндае ба каламрави маънавии хеш хидоят мекунад. Аммо сарчашмаи фикрии у дар чои дигар нухуфтааст, дар дионат ва  дар имони уст. Икбол диндор аст, диндоре, ки худро вакфи рохи Худо кардааст. Бо ин хама имони у кутохназару кудакона нест, у сартосар  шучоату мардонагист ва оташину пайкоргар. Пайкори у танхо дар рохи Худо нест, балки муборизае барои ин чахон низ хаст. Зеро имони Икбол иддиои фарогирии чамъият дорад то хуррияти динии ва озодманишии уро таьмин намояд. У дар талаби чомеьае буд, ки мутахид ва дар хидмати Худо бошад».

Боз хамон Хессе мегуяд: «Кудрати ишки Икбол ва неруи халокияти шоиронаи у шоистаи тахсин аст ва соликони ин рох ба хотири оташе, ки дар сина нихон ва ба хотири чахони тасовири шеърхояи уро гироми хоханд дошт ва китоби «Човиднома»-и уро чун «Девони Шарки- Гарби»-и Гёте дуст хоханд дошт.

Ин буд таасурот ва бахогузории шоири Олмони Херман Хессе дар пешгуфтори «Човиднома»-и Оннамери Шиммел.

Хамчунин пас аз як соли тарчумаи олмонии «Човиднома» тарчумаи туркии он низ ба табъ расид ва ин дар хамин айём буд, ки бону Шиммел дар Анкара тадрис мекард ва дар суханхояш аз ин китоби пурмухтаво нуктахо ва фоидахо меоварад,аз ин ру аз у хохиш шуд, то онро ба турки низ тарчума кунад. Ва он ба шакли наср анчом пазируфт.Олима Шиммел дар китоби «Машрикзамин ва Магрибзамин; зиндагии шарки ва гарбии ман» ёдовар мешавад, ки ин китоб ба кумак ва заминасозии махсуси вазири фарханги Туркия Хасан Алии Пучал ба итмом расид. Маълум мешавад, ки дар ин авкот дилбастаги ба афкору осори Икбол дар чомеаи Турки макоми худро доштааст.

Вале матлаби дигареро мебояд инчо мунсифона арза дошт, ки хушпазирои ва мухаббати мардуми мусулмони турк аз Икболро асосу омили дигаре аст, ки оташи ин мухаббатро худи аллома Икбол фурузон карда буд.Чунин омадааст: Хангоме, ки Юнон ба Туркия хамла намуд, калби Икбол дар дунёи гам фуру рафта буд ва у ашк мерехту мегуфт, ки : ин хамла на факат ба Туркия балки ба худи исломи азиз аст.У боз метапид то андешахои мусулмоноро аз кайди мустамликоти зехни ва хавопарасти рахо гардонад. Ин буд, ки у ба химмати хеле баланди шеъри «Тулуи ислом»-ро руи когаз овард.

Дар ин муддат хамаи нусхахои «Тулуи ислом» фурухта ва ба дастури Икбол маблаги хосилгардида ба мусулмонони Туркиё фиристода шуда буд.

Боз меоем ба чараёни кори О. Шиммел дар тадкики Икбол дар Туркиё, ва кайфияти дифои профессор Шиммел аз Икбол ва акидаву афкори у.

Пас аз интишори «Човиднома» ба забони турки ба унвони тарчумон Шиммел номахои сипосгузории зиёде мерасад. Аммо дар байни номахо номае аз як пешхидмат аз тарабхонаи шахри Анатолиё ба Шиммел расид, ки мухтавояш чунин аст, ки навишта буд; «тасаввури Икбол аз ислом аз хамон тасаввури рeъёист, ки у хам аз ислом дорад, яъне у хеч бартари ва тафовуте дар андешахои Икбол надидиааст».

Барои боз хам дифо аз баён ва афкори Икбол профессор Шиммел чунин менависад: «Бе хеч шак афкори адаби ва фалсафии Икбол фахмида нахохад шуд,илло ба омухтани дурнамои динии сарзамини ачдодии у. Акоиди у ба таври мухкам ба суннати паёмбари ислом Мухаммад (с) печида ва ба афкори тасаввуфи хинд марбут аст. E зидди хамаи навокисе, ки дар  ин равия медид, мубориза кард ва ба аъмоли муслихонаи худ ниходи инсониро боз хам ташаккул ва камол дод. Икбол асоси дини пуеи Мухаммадиро на факат дар мухозароти фалсафи тасвир мекунад, балки ин матлабро чун вахй дар ашъори пурасрор ва ниёишхои риккатбори худ мармуз месозад».

Аммо рочеъ ба мохияти афкори фалсафии аллома Икбол доктор Шиммел  мегeяд:

«Дар масъалаи илми фалсафа, набояд кас фаромуш кунад, ки инчо тафовуте байни фалсафаи илми ва фалсафаи набави вучуд дорад. Мусаллам аст, ки афкори  Икбол пойбанди фалсафаи дуюм мебошад.»

Боз Шиммел меафзояд:

«Ва гохо ашхосе гумон мекунанд, ки таасуроти аз олами Гарб гирифтаи Икбол дар равиши хаёти уро контрол кардааст.Аммо ман ба эътикоди кави мегeям, ки аксарият ё худ куллияи андешаву афкори чолиби хаётан мухим, ки акнун  ба файласуфону андешамандони гарб ихтисос дорад, хануз карнхои кабли, хамон мафхум танхо бо рангу буи дигар аз файласуфону олимони исломи садо дода буд».

Чолиб аст айнан дар ин маъно иктибосе аз гуфтаи Икболро зикр намоям, ки у дар соли 1916 чунин навишта буд:

«Дируз Маснавии маънавии Мавлавии Румро нигох мекардам, ки дар он хар як фикри он фикри дигар боз мекунад, як андеша андешаи дигар мехарошад. Субхоноллох, дар кисми махсус ин маъниро гузошта буд, ки хаммаи ашъё тахти кудрати Кодири Мутлак ва хаммаи мавчудот гарки нишонахои Аллох аст.

Ва гуё Руми чунон фалсафаи Шекспирро мухокима ва барраси намуда буд, ки равони Шекспирро ларза гирифта буд».

Шиммел мегeяд, махз ин усули таъвилкуни ва бардошти илми аз фархангу мероси ниёгон Икболро ба имкононоти чадид таъмин кард то у тавонист,хале мавзун суннату акидахои исломро ба аксари тахкикотхои илмии чадид тавъам намояд.Икбол муътакид аст, ки хануз Авруп бидехкор ва вомгирифта аз ислому муслимин аст.Аз хамин лихоз пазируфтани натоичи илми чадиди гарб хеч шигифтиву мазарате ба тафаккури олиоутбаи Исломи надорад».

Икбол худ чунин ишора карда буд:

“Агар имруз муслимин медонистанд,ки аксари афкори Эйнштейн  хануз дар ислом мавчудаст, муслимин аз ин акоид фавоиди зиед касб мекарданд ва онхоро хеле огохона меомухтанд ”

Аз ин ру фалсафа ва тамаддуни гарб барои афкори Икбол чун воситае барои хидояти ручуъи муслимин ба сарчашмаи таммадуни худ хидмат карда аст.

Икбол бо ин васила дар гуши мусилмин чараси бедодиро мезанад, ки ин хама сару садохои навоварии гарб чуз аз мероси муслиминин чизи дигаре нест.

Икбол мегуяд:

Хикмати ашё фарангизод нест,

Асли он чуз лаззати эчод нест.

Нек агар бини мусалмонзодааст,

Ин чу гухар аз дасти мо афтодааст.

Дар васати ин гуфтахо хеле зарур аст  мунсифона арз намоям, ки мо форсизабонони мусулмон чун меросбари Румиву Икбол то он даме, ки ба  ислом ру наорем, хеч гох наметавонем харфи ин абармардонро фахмида бошем. То замоне, ки мо мунхариф аз чодаи ислому куръон бошем ва давои Румиву Икбол дошта бошем кeтохназаре беш нахохем буд, ки бо «шакар» гуфтан дахон ширин мекунем. Хам акнун замоне фаро расидааст, ки моро мебояд дар зиндагии хеш каме тачдиди назар намоем ва бубинем, ки оё дар ин масир харакат мекунем е на.

Икбол мегуяд:

Зи куръон пеши худ оина овез,

Дигар гун гаштаи аз хеш бигрез.

Барои таквият ва густариши чумлахои фавк шоиста аст ибороте чанд аз гуфтахои хонуми Олмони А. Шиммел дар нисбат ба эхтироми тамаддун ва фарханги исломи иктибос оварам.

Дар ин росто хидмати бузурги хонум Шиммел чи бар олами гарб ва чи барои шарки исломи ин тарчума ва нашри китоби «Боли Чабраил» омузиши афкори динии Икбол мебошад. Ин китоб яке аз олитарин намунаи тахкикоти Шиммел дар икболшиноси махсуб мегардад. Дар пешгуфтори ин китоб соли 1962 Шимммел худ иброз медорад:

«Муддати 25-сол пас аз марги Икбол садхо китоб,тарчумаву маколахо ба ифтихори файласуф,шоири мусалмон аллома Икбол таълиф шудааст, ки аксари онхо дар Покистон, кишваре, ки уро ба ифтихор падари миллат меноманд, руи чоп омадаанд. Хамоно дар Гарб низ шухрати Икбол на кам аз дигар мамолики шарки боло рафтааст . Хамчуни шоистаи зикр аст,ки аз нахустин таълифоти ман дар икболпажухи то хол факат кушиш намудаам, ки Икбол худ сухан гуяд ва афкорашро шахсан баён намояд, на ин ,ки ман чун шарех ё муфассир баёни уро шарх намоям. Ман факат мекушидам то Икболро зери назари хонандагон гузорам то e худ андеша ронад, бахс намояд ва дар охир худ салохияти дини исломро кашф намояд. Аз ин ру ин китоб дар хама холат метавонад xавобгуи хамагуна суолхо дар икболшиноси бошад ».

Шиммел «Боли Чабраил»-ро ба панч кисм чудо мекунад, ки хар кисм бахси чудогонаеро дар бар мегирад.

  1. Дар кисми аввал у  дурнамо ё худ заминаи торихии Икбол, чихати зебоии кори у ва ангезахои динии Икболро тахия мекунад.

2. Дар кисми дуввум у андешахои Икболро дар мавриди мавзeъ ва мохияти панч  сутуни Ислом барраси менамояд

3. Дар бахши саввум А. Шиммел чи гуна ниёзманд будани инсон ба динро аз нигохи Икбол шарх медихад.

4. Дар кисми чахорум  робитаи Икбол бо ирфон ва тасаввуф ва чанде аз таасуроти гарби ва шаркии Икбол пешкаш мешавад.

5. Дар кисми нихои бошад у хулосаи корхои худро дар икболшиноси  мухтасаран баен мекунад.

Акнун ба тарзи хулоса аз афкору нигохи андешамандони гарби, ки хамаги ба фалсафа ва ашъори алома Икбол арзиш коил гаштаанд, аз Николсон то Хессе, Шиммел ва гайрахо  хамаги ба як нукта иттифок кардаанд, ки доираи афкори фалсафию ирфонии Икбол танхо бо ин чахони модди иктифо намекунад. Афкори Икбол дарбаргирандаи ду чахон аст, ки дар мархилаи ин чахон инсони муьмин бояд тахти тоату ибодати Офаридагори хеш ба рушду камол бирасад ва дар мархалаи чахони баъди ба тарзи мучозот аз Ахкамулхокимин ба саодати абад бирасад,на инки дар натичаи сахлангори дар умури дини Худо,худро ба дасти халокати абад биспарад:

Мусалмон фокамасту жандапуш аст,

Зи кораш Чабраил андар хуруш аст.

Бие тархи дигар миллат бирезем,

Ки ин миллат чахонро бори душ аст.

Дигар миллат,ки коре пеш гирад,

Дигар миллат,ки нуш аз неш гирад.

Нагардад бо яке олам ризоманд,

Ду оламро ба души хеш гирад.

Дуруст зиндагии аллома Икбол вакфи рохи Худо буд, рохе, ки мустаким асту инсонхоро ба хаёти саодатмандонаи абад мебарад.Максади зиндагонии ин чахониро у факат дар ба даст овардани ризои Эзади Мутаъол медид,ки ин назарияи у имрeз ба мо чун офтоб равшан аст.

Аз хамин лихоз аст, ки Херман Хессеи дурандеш гуфта буд: «Сарчашмаи тавонои фикрии Икбол ва биниши У дар чои дигар нухуфта аст яъне дар дионат ва имони уст.У сар то сар мардонаги, пайкоргар ва оташин аст». Ин гуфтахои Херман Хессе чунин хулоса шудаанд: ки Аллох (ч) дар китоби мукаддаси Куръон фармудааст:

وَالَّذِينَ جَاهَدُوا فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا وَإِنَّ اللَّهَ لَمَعَ الْمُحْسِنِينَ

«Касоне, ки барои ризоияти мо ба талош истодаанд ва дар рохи пирузии дини мо чиход кунанд, мо ононро рахнамои ва шомили химоят ва хидояти хеш мегардонем. Хароина Худо хамрохи накукорон аст»(сураи анкабут-69)

Ва чои дигар Худованд дар сураи «Анфол ояи 29» мефармояд:

با ایها الذین آمنوا ان تتقوا الله یجعل لکم فرقاناً و یکفر عنکم سیئاتکم و یغفر لکم والله ذو الفضل العظیم.

«Эй он касоне, ки имон овардед агар тарси Худо пеша кунед, Худо биниши вижае ба шумо ато мекунад, ки дар партави он хакро аз ботил мешиносед ва ташхис медихед ва Худо гунохони шуморо бипушонад ва шуморо магфират намояд,ки Худо дорои фазли бузург ва рахмати бепоён аст».

Дар [амин маврид Расул Акрам (с) чунин мегeяд:

اتقوا فراسِة المؤمن فاءنه ینظر بنوراللهِ

«Аз зираки ва фаросати марди муъмин битарсед, ки у ба василаи нури Худо чизхоро менигараду мебинад».

Акнун бо максади хулосагири суоле матрах мекунам, то дар посухи он калиде ба даст оварда бошем, ки ба воситаи он фатхи кулли андешахои фавк, аз гуфтахои Шиммел . Хессе ва аходиси набавию оёти Куръони ба мо ошкор гардад:

Чаро аллома Икбол бо хама афкори танкидии худ ба чахони Гарб, ки имрeз бо хамагон маълум хаст,Икбол боз хам махбуби чомеаи гарбисту дусташ медоранд то чое, ки дар Олмон хиёбонеро ба исми ин орифи муслих мегузоранд?

Аз нигохи банда посух чунин аст: Икбол чун  муъмини мухсин дар аввал шомили хидояти Аллох гашту пас ба биниши вижаи худ хакро аз ботил чудо кард, ки файзу фавоиди афкори у сар то сари шарку гарбро  фаро гирифт.

Хар нигохи вижа дар ниходи у  шуру талотум бунёд мекард,ки у масъули ислохи ахли башар аст.

Мутаманнан иброз бояд дошт, ки ин гуна нигохи масъулиятро танхо фарригуттахсилини мадрасаи Мухаммад (с) ба ирс бурданд, ки такмилу таблиги ин ихтисос бар эшон фарз аст.

Бо баробари ба итмом раонидани вазоифи  хеш дар поёни умри худ ба ин гуна афрод чун Икбол як шоди, як сурури гайри кобили васф даст медодааст, ки эшон муваффак шудаанд.

Шоиста хаст,дар хотима киссае иктибос оварам, чун намуна аз хаёту мамоти ингуна мардон: «Гуянд чун марги Билол (р) фаро расид завчааш фарёдкунон мегуфт во мусибато» чи андухи бузургест. Аммо Билол гуфт: ин тавр нагу!Бигу во фархато «чи шодии бузургест».Хамсараш гуфт ту мемири ман гуям «во фархато»? Билол гуфт: Имруз мулокоти дустонро дорам,Мухаммаду (с) ва соликони рохи уро мебинам».

Ин аст, ки  аллома Икбол рахматуллохи алайх  чунин мегуяд:

Нишони марди мумъмин бо ту гуям,

Чу марг ояд табассум бар лаби уст.

Адабиетхои истифодашуда:

1.Куллиети  форсии аллома Икболи Лохури

2.”Шигифтихои андешаи Икбол”таълифи шайх Абулхасан Алихасани Надави

3.Боли Чабраил.О. Шиммел (инглиси)

4.”Мухтасари Эхеи улуми дин.Таълиф ва ихтисор:Имом Мухаммади Газзоли”Тарчума ва тахкики Мухаммадсолех Саъиди-1386

Маколахои инглиси:

1.”Онемари  Шиммел:Донишманди бузург ва узлатнишин”Тахкики Икбол ахмад Рашид, март-2004

2.”Боли Чабраил.Шохкории др.Онемари  Шиммел дар Икбол”др. С.Ахмад Хан

3.”Икбол,Куръон ва иттиходи муслимин”др.Мансур Алам

4.” Мухаммад Икбол ва Олмон””Мукотаботи Дил” М.А.Хобохм

Арабистони Сауди

Қазоқистон аз тарҳҳои энержии Қирғизистон ва Точикистон ҳимоят кард
Аъзам Хучаста

Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон эълом карданд, ки дар ояндаи наздик имкони муттаҳид кардани системи энержии худро мавриди баррасй қарор хоҳанд дод.Дар ин бора Абдулатиф Аҳмадов, сафири Қазоқистон дар Душанбе хабар дод.Сафири Қазоқистон ҳамчунин дар мавриди чанд тарҳи муштараки се кишвар гуфт, Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон дар пайи таъсиси низоми чадиди энержии муштарак ва роҳҳои иртиботии чадид аз Қазоқистон ба Точикистон тавассути Қирғизистон мебошанд. Вай афзуд, барои таъсиси низоми чадиди энержй бояд хати чадиди интиқоли барқ аз шаҳри Уш (Кирғизистон) то шаҳри Хучанд (Точикистон) сохта шавад.

Абдулатиф Аҳмадов ибрози умедворй кард, ки аз фаъолият бозмондаи системи воҳиди энержии Осиёи Мракзй як зуҳуротй муваққатй аст ва мо тамоми талоши худро ба харч хоҳем дод, то ин систем бо ҳузури кишварҳои манфиатдор мучаддадан фаъолияти худро аз сар гирад.
Қарори маълум аз аввали декабри соли 2009 ва дар пайи хуручи Узбакистон аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказй, фаъолияти ин систем халалдор шуд. Дар пайи ин руйдоди номатлуб, ба ҳар як аз кишварҳои минтақа ба мизони мухталиф зарару зиёнҳо ворид шуд, ки дар фаъолиятҳои иқтисодиашон бетаъсир набуд.
Системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй дар замони Шуравй таъсис шуд, ки ба унвони меконизми воҳид ва мутмаъин фаъолиятҳои энержии ҳамаи кишварҳои минтақаро таъмин менамуд. Ин систем имкон медод, ки мубодилоти энержй миёни кишварҳои минтақа танзим ва аз ҳар гуна мушкилй дар таъмини энержй пешгирй шавад.Ба илова аз тариқи ҳамин систем ба таври утумотй танзими тақсими об миёни кишварҳои Осиёи Марказй сурат мегирифт. Дар давраи Шуравй системи барқи кишварҳои Осиёи Марказй ба бисёре дигар аз чанбаҳои зиндагии мардуми ин минтақа таъсир дошт ва ниёзмандиҳои ҳар як аз чумҳуриҳои ин минтақа тавассути ҳамсоягони он бартараф мешуд. Аз он чо ки дар он давра ин чумҳуриҳо чузъи як кишвари воҳид маҳсуб мешуданд, ихтилофоти онҳо бо марказияти Маскав ҳаллу фасл мегардид ва имконе барои ташдид ва табдил ба буҳрон намеёфт.Ин вазъият пас аз фурупошии Шуравй ва тақсими мероси он ба кишварҳои мухталифи ин минтақа, тағйир кард ва талоши онҳо барои касби истиқлол дар ҳавзаҳои мухталиф, ба вижа истифода аз манобеи энержии минтақа, сабаби бурузи ихтилофот дар равобити байни ин кишварҳо шуд. Дар ин миён баҳрамандии бархе кишварҳои ин минтақа аз манобеи нафту гоз, аз чумла Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ниёзи Точикистону Қирғизистон ба ин манобеъ ва дар муқобил, қарор гирифтани ин ду кишвар дар болооби рудхонаҳои чорй дар Осиёи Марказй ва ниёзи кишварҳои пойиноб ба ин манобеъ,сабаби печидатар шудани ҳарчй бештари мавзуи энержй дар ин минтақа шуд. Нигоҳе ба қобилиятҳои ин кишварҳо низ нишон медиҳад, ки тавони тавлиди барқ дар ин минтақа ба наҳви мутафовуте тақсим шудааст.Точикистон ва Қирғизистон ба унвони кишварҳои болодасти рудхонаҳои Осиёи Марказй, ки 80 дарсади манобеи обиро дар ихтиёр доранд, бо сохти таъсисоте дар масири ин обҳо, иқдом ба тавлиди барқ аз тариқи неругоҳҳои обй мекунанд. Кишварҳои пойиноб мухолифи чунин иқдоме ҳастанд.
Ва аммо он чи ба системи воҳиди энержии Осиёи Марказй бармегардад, бояд ба ин нукта ишора кард, ки ҳудуди 80 дарсади барқи ин минтақа аз тариқи ин систем таъмин мешуд ва хуручи ҳар як аз кишварҳо, ба вижа кишварҳои аслии таъминкунандаи барқ ва тронзити ин систем, аз чумла Узбакистон ва Қазоқистон ба маънии поёни ҳаёти ин систем буд, иттифоқе ки минтақа шоҳиди он аст.Акнун Қазоқистон, ки тамоилоти ҳамгаройии бештар дар минтақаро аз худ нишон додааст, саъй дорад занчирҳои аз ҳам гусастаи ин системро, ҳарчанд дар шакли номукаммал, мучаддадан пайваст кунад. Ин иқдоми Остона хилофи он талошҳоест, ки Тошканд дар минтақа анчом медиҳад.Яъне дар ҳоле ки Узбакистон бо қудратнамойи дар қиболи ду кишвари Қирғизистон ва Точикистон, ҳамвора саъй кардааст хостаҳои худ дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказиро ба ин ду кишвар таҳмил кунад, Қазоқистон талош кардааст, ки зимни рафъи суитафоҳумот, мавзеъҳои кишварҳои минтақаро ба ҳам наздик ва ҳамгароиро тавсаъа ва таҳким бахшад.Ин талошҳои Остона дар шароите, ки Қазоқистон раёсати даврайии Иттиҳодияи Аврупоро уҳдадор шудааст, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият доранд. Зеро Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказй аҳдофи худро дорад ва моил нест, ки авзоъ дар ин минтақа печида бошад.Аз суи дигар, Узбакистон тамоми фаъолиятҳои худ дар равобит ба кишварҳои ҳамчаворро дар ростои касби нақши кишвари бартар шакл додааст. Ба иборати дигар, Тошканд саъй дорад, ҳамон гуна ки дар замони Шуравй буд, ҳарфи аввалу охирро дар Осиёи Марказй бигуяд ва барои дигар кишварҳо, ба истилоҳ таъйини таклиф намояд. Аммо Остона мухолифи сарсахти ин худхоҳиҳои Тошканд аст ва ҳеч вачҳ намехоҳад аз дидгоҳҳои Узбакистон пайравй кунад.Баръакси он чи ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби худхоҳиҳои худ дунбол мекунад, Нурсултон Назрбоев, раиси чумҳури Қазоқистон талош дорад кишварҳои минтақа ҳамкориҳои бештаре бо ҳам дошта бошанд ва ҳар мушкилеро дар чорчуби ниҳодҳои минтақайи ҳаллу фасл кунанд.
Дар ҳоле ки баҳсҳо бар сари сохти неругоҳи Роғун дар Осиёи Марказй доғ шудаанд, Роберт О. Блейк, муовини вазорати умури хоричаи Амрико оид ба Осиёи Марказй ва Чанубй, гуфтааст, Амрико ба барномаҳои Точикистон дар мавриди таъмини амнияти энержй эҳтиром қоил аст ва талошҳои ҳукумати Точикистонро чиҳати таъмини аҳолй, корхонаҳо ва ниҳодҳо бо манбаъи собити энержй дастгирй мекунад.Ин мақоми амрикойи аз Точикистон даъват кардааст, ки ба ҳангоми сохтани тарҳҳои энержии обие чун Роғун, назари ҳамсоягонашро низ ба ҳисоб бигирад. Роберт Блейк гуфтааст, ҳамзамон бо такмили неругоҳи Роғун, Точикистон масъалаи сохти неругоҳҳои кучакро низ дар назар дошта бошад.
Ҳамчунин Александр Яковлев, намояндаи тичоратии Русия дар Точикистон иброз дошт, ширкатҳои азими кишвараш ҳузури худро дар тарҳҳои бузурги сармоягузории Точикистон, аз чумла ниругоҳи Роғун тавсеа медиҳанд. Дар иртибот ба ҳамин мавзуъ раҳбари Сандуқи байналмилалии пул дар Точикистон дар дидор бо Эмомалй Раҳмон, дар баробари изҳори эҳтиром ва пуштибонй аз мавқеи Душанбе чиҳати такмили неругоҳи Роғун таъкид кардааст, ки ҳукумати Точикистон бояд ба фикри тарбияи мутахассисони баландпояи касбй дар бахши энержй бошад. Ва аммо кушиши Остона барои ҳамгаройии бештар дар Осиёи Марказй идомаи ҳамон талошҳоест, ки Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон тайи солҳои ахир анчом медиҳад.Қарори маьлум, дар ҳамин росто дар оғози ҳазораи саввум Нурсултон Назрбоев пешниҳод кард, ки ниҳоди минтақайи бо номи Иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказй таъсис шавад, аммо ин пешниҳод дар пайи мухолифати шадиди Тошканд амалй нашуд. Амре ки ҳосили рақобатҳо миёни ду кишвари Узбакистон ва Қазоқистон барои касби нақши раҳбарй дар минтақа таъбир мешавад.Акнун ба назар мерасад Остона аз раҳгузари расидагй ба мушкилоти кишварҳои ҳамсоя, мехоҳад зимни маҳори монеътарошиҳои Тошканд, барномаҳои роҳбурдии худ дар Осиёи Марказиро дунбол кунад. Дар айни ҳол ин иқдоми Қазоқистон мавриди истиқболи аксари кишварҳои Осиёи Марказй воқеъ гардидааст.

http://khujasta.wordpress.com/

Об ответственности СМИ перед обществом.

Муллоев Ш. Б. Салимзаде О. С

Стар. преподаватели РТСУ

Официально признано, что днем рождения таджикской журналистики является

11 марта  1912 года – дата выхода в свет первого номера первой таджикской газеты

«Бухорои шариф». Эта дата считается днем национальной печати. С того исторического момента прошло много времени, в течение которого таджикская печать прошла довольно сложный и славный путь развития. Это был путь становления и развития, в результате которого печать превратилась в видящие око, слышащее ухо и говорящий язык. Теперь читатели из газет узнают о событиях в стране и во всем мире, получают информацию о различных аспектах социальной жизни, приобщаются к культурным, морально-нравственным ценностям. Действительно, журналисты, печать, воздействуют на духовное  и интеллектуальное развитие общества, и комментируют социальные программы развития государства, они информируют структуры власти государства о мнениях и просьбах народа. Современная печать  республики по праву  является сильнейшим рычагом в общественной жизни и играет значимую роль в освещении всех проблем современной жизни. Независимо от того, какова ориентация периодических изданий, газеты и журналы в республике освещают политические, культурные, общественные события в жизни страны. Особенно это важно сейчас, когда наше современное суверенное государство увереннее шагает  по пути к мировому сообществу в политическом, экономическом, культурном отношении, когда оно развивается как независимое государство. Мы обязаны оценивать и поддерживать процесс суверенизации страны в средствах массовой информации. Сегодня  СМИ республики являются активной частью общества и готовы переградить путь любому нежелательному общественному явлению. В этом плане среди представителей  огромного отряда журналистов республики есть мастите профессионалы  и талантливая молодежь, и каждый из них, испытывая ответственность  перед государством, обязан способствовать укреплению мирной политики страны, повышать её авторитет на мировой арене.

СМИ как важнейший институт общества обязаны разрешать сложные проблемы сегодняшний жизни, повышать культурный уровень его граждан. Кроме того, СМИ обязаны бороться  с незаконным оборотом наркотических веществ и обратить самое серьезное внимание  на проблему снижения уровня бедности людей. Надо признаться, что чтение периодических изданий, просмотр телепрограмм и прослушивание радиопередач свидетельствуют о том, что работники этой отрасли в решении задач нового этапа развития нашей страны далеко не полно используют свои  возможности воздействия на общество. Считаем необходимым подчеркнуть тот факт, что наша страна вступила в качественно новый исторический этап, и сегодня общество обязано решить  те задачи, которые оно по известным причинам не могло решить несколько десятков лет тому назад. Вступления в новый этап развития представляется делом сложным и нелегким. Социалистическое общество, имевшее плановую систему хозяйства и обеспечивавшее стабильное существование для большинства граждан за счет государства, ушло в прошлое. Новая система хозяйствования, основанная  на рыночных отношениях, создала большие возможности для реализации творческих замыслов каждого гражданина, увеличила ответственность перед самим собой и государством.

В этой связи хотелось бы отметить  несколько особенно важных социально значимых проблем, обязательных для освещения в СМИ республики: это развитие рыночных отношений в экономике, в экономической сфере решения важных проблем  использования природных ресурсов, водных проблем, борьба с нежелательными явлениями – экономическими преступлениями, незаконным оборотом

наркотиков и. т.д.

В нынешнее время без эффективного решения этих проблем невозможно добиться прогресса. Государство только в том случае сможет успешно решить данные проблемы, если журналисты обеспечат плодотворное развитие общественной мысли и умело направят  и используют издания и средства пропаганды для решения политических, социальных, научно-культурных проблем.

Мы считаем, что экономический кризис, с одной стороны, связан с событиями 90-х годов, с другой стороны, с не хваткой специалистов высокого уровня. В результате народные массы  испытывают огромные трудности в условиях новых социально-экономических отношений.

В большинстве случаев возникают трудности из-за непонимания  сути экономических изменений, осуществляемых руководителями, кроме того детали экономических реформ не доводятся до народа, печать мало обращает внимание на освещение экономических проблем и. т. д.

Отсюда возникает необходимость освещения жизненно важных  вопросов журналистами, они обязаны опираться на опыт своих коллег, особенно журналистов России, тем более, что на многочисленных сайтах Интернета можно обнаружить нужную информацию и творчески использовать её.

Сейчас многие информационные материалы, опубликованные на страницах периодических  изданий и аудиовизуальных средств, составляют неумелые  перепечатки или копирование российских телепередач и сайтов Интернета. К примеру, сегодня в Интернет пространстве, где нет, казалось бы, никаких преград для получения информации и не нужны посредники между её отправителями  и адресатом, возникла особая разновидность  СМИ – Интернет – издания производящее тот же продукт, что и печатные, электронные, но с некоторыми новыми чертами, своими особенностями. Это свидетельствует  о том, что профессия журналиста, обогащаясь, все новыми гранями востребована в обществе как никогда. Этот тезис не только доказывает необходимость данной профессии, но и обязывает быть ответственным в освещении тех или иных событий, происходящих в обществе.

Сегодня когда мир, в том числе Республика Таджикистан как его часть коренным образом меняет прежние социальные идеологические и экономические установки, а бурный прогресс информационно-коммуникационных технологий диктует столь же резкое изменение  коммуникационных процессов, возникает вопрос и о перспективах  журналистской профессии. Считаем необходимым отметить, что обществу  нужны образованные профессиональные кадры, которые обязаны ориентировать её членов на реальный созидательный труд и избегать гиперболизированного восхваления и неуместной критики, потому, что их последствия печальны. Наши помыслы и суждения должны быть справедливыми и чистыми. В тоже время на страницах печати отсутствуют такие актуальные жанры, как созидательная критика, фельетоны, памфлеты, публицистика. Эти жанры печати очень популярны в СМИ передовых странах  в частности, в печати России, потому, что там они являются средством пропаганды и агитации. На страницах республиканских и местных  периодических изданий уместной была бы критика злостных неплательщиков за коммунальные услуги – газ, электричество, воду и. т. д., критика предпринимателей, уклоняющихся  от уплаты государству налогов в соответствии с существующим законодательством, обманщиков и аферистов всех мастей, которых стало очень много. Необходима критика других социальных пороков и негативных явлений. Здесь очень кстати были бы указанные выше сатирические жанры, а в газетах их нет и в помине. Читателям необходимо разъяснить о пользе сборов налогов, ведь в этом выгода и благополучие народа. Собранные средства будут израсходованы на развитие сельского хозяйства, социальную помощь пенсионерам, сиротам и малообеспеченным семьям, а также тем категориям населения, которые живут за счет бюджетных средств.

К сожалению до нынешнего времени вопросы прав и обязанностей налогоплательщиков, способов обложения налогами  не нашли своего места на страницах периодической печати и в общественном сознании.

Правильное решение этих экономических задач во многом зависит от деятельности средств массовой информации, так как развитие и прогресс в жизни правового демократического честного общества исходит из этих явлений.

Круглые столы с участием журналистов являются своего рода сотрудничества СМИ с общественными организациями и государством. Но эти  встречи  в основном носят  официальный характер и приносят мало пользы. Здесь будет уместным, подчеркнуть  то, что эти встречи в основном безрезультатны, так как после прослушивания докладов и отчетов руководителей официальных организаций работники СМИ во всем соглашаются с ними.

Вмешательства журналистов в обсуждение проблемы с позиции посредника между властью и народом не наблюдается. Поэтому нам необходимо повысить профессиональный уровень журналистов.

Руководство республики всячески поддерживает  деятельность средств массовой информации, потому что в них  оно видит своих главных политических единомышленников. Деятельность СМИ, бесспорно, может способствовать  продвижению нашего государства по честному пути развития, это связано, в первую очередь, со свободой слова. На современном этапе Правительство Республики Таджикистан, министерства и ведомства республики пристальное внимание уделяют вопросам кадровой политики во всех сферах народного хозяйства, развитию и усовершенствованию полноценного базового образования молодых специалистов, в том числе журналистов, развитию умения  легко адаптироваться и использовать полученные  знания на практике.

Осталось меньше пяти лет до славной даты 100-летия со дня образования таджикской журналистики. Давайте же встретим эту дату творческими успехами. У нас есть, чем гордиться, но есть и много важных тем, которые нуждаются в разработке и осмыслении.

Ҷавонгаройии аҳзоби сиёси

Фитрати ХИКМАТ

Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон аҳзоби сиёси атрофи ҷавонгаройи ва ҷалб кардани ҷавонон ба парлумони кишвар дар маъракаҳои пешазинтихоботи сухан меронанд, аксари ҷавононе, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, дар бораи фаъолияти ҳизбҳои сиёси маълумот надоранд. Бархе аз онҳо андеша доранд, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёси барои ҳимояи манфиати ҷавонон таъсиргузор нест.

Заҳмати ҷавонон – манфиати дигарон

Дар воқеъ қувваи корие, ки мо имруз дорем, берун аз мамлакат барои пешрафти давлати ғайр сарф гашта истодааст. Ин ҳам бошад неруи бузурги созанда ва ҳам ояндаи ватану халқу миллати тоҷик-ҷавонон аст, ки дар хориҷи кишвар таҳсилу кору фаъолият доранд. Мутаассифона, имруз аксарияти донишҷуёни донишгоҳҳову факултаҳои забонҳои хориҷи низ дар дохили кишвар ният доранд пас аз хатми донишгоҳ роҳ ҷониби давлати бегона гиранд ва бо ҳамин дар дигар мамлакатҳо кори мувофиқе пайдо намоянду дигар ба ватан бар нагарданд. Дар охир он неруи бузурги созандае, ки мо захира дорем ва имконият намедиҳем то дар дохили кишвар фаъолият бубаранд, моро тарк карда, барои пешрафти дигар мамлакат хоҳанд шитофт. Аммо барои ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо имруз дар дохили давлат ҳеҷ чораҳое ба анҷом расонида намешавад. Ин нуктаро сарвари давлат Эмомали Раҳмон зимни як баромади худ таъкид дошт ва аз барнагаштани ҷавонон пас аз таҳсил дар берун аз кишвар изҳори нигарони намуд: «Мувофиқи ин нишондод бояд ҳар сол қариб 500 толибилм мактабҳои олии давлатҳои хориҷиро хатм намуда, ба Ватан баргардад. Вале дар асл ҳар сол ҳамаги то 50 нафар бармегардад ва фақат як қисмаш бо кор таъмин карда мешаваду халос».

Хамчунин Президент дар идома гуфтааст, ки «Ин далел возеҳи он аст, ки вазорату идораҳои дахлдор (нисбат) ба ин масъала бемасъулияти зоҳир менамоянд ва дар натиҷа ин неруи пуриқтидори ихтисосмандон дар рушди иқтисодиёти милли самаранок истифода намегардад».

Фотима Давлатова, як нафар донишҷудухтари тоҷик, ки дар риштаи ҳуқуқшиноси дар давлати Русия таҳсил мекунад дар робита ба ин масъала гуфт, ки бояд дар дохили кишвар идораҳои дахлдор барномаҳое қабул кунанд, ки ба манфиати ҷавонон бошад ва аз ҳуқуқи ҷавонон пуштибони кунад:

-Аксарият мегуянд, ки ҷавонон баъди таҳсил ба ватан барнамегарданд. Ин дуруст аст, аммо чи тавр баргардем, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон барои худ кори мувофиқ ва ҳам аз руи ихтисос пайдо карда наметавонем. Масъулин бояд ҷавононро фаромуш накунанд ва барномаҳое қабул созанд, ки ҷавонон пас аз таҳсил дар давлатҳои хориҷа ба ватан баргарданд ва аз руи ихтисоси худ ҷойи кори доими ва муносиб пайдо карда тавонанд.

Воқеан, бетаваҷҷуҳии идораҳои дахлдор нисбати ҷавонон ва дастрас набудани шароиту имконият барои эшон як андоза метавонад боиси дилсардии онҳо аз ҳукумат гардад. Аз ин ҷост, ки чеҳраҳои ҷавон дар сафи курсинишинон ва ҳам парлумони кишвар кам ба назар мерасад. Аммо Маҳмудҷон Файзраҳмонов, устоди донишгоҳи Исломоди Покистон ва номзади улуми адёни ҷаҳон дар ин маврид назари дигар дорад. Вай мегуяд, ҳануз ҳам ҷавонгаройи дар Тоҷикистон ба шакли умум заифтар аст:

Банда фикр мекунам, ки ҷавонгаройи ба шакли умум дар Тоҷикистон аз ду ҷиҳат заифтар аст:

Нахуст, ин ки ҷавонон аз сиёсати якрангаи ҳукумат ва, хосатан аз сиёсати кадрии ҳукумат дилсард шудаанд. Барои ҳамин агар ҷавон кучактарин фурсатро дар хориҷ пайдо кунад, кишварро тарк мекунад.

Дуюм ин аст, ки аксари ҷавонон ҳам ҳуқуқҳои худро намедонанд ва ҳам аҳзоби сиёсии кишвар заиф аст. Аммо то ҳадде ҷавонгаройиро дар ҳизбҳои сиёси эҳсос кардан мумкин аст.

Аҳзоби сиёси ва ҷавонгаройи

Чизи дигар ин аст, ки шинохта шудан, тарбияи сиёсиву ҳуқуқи гирифтан ва ҳам раҳ ёфтани ҷавонон ба парлумони кишвар тавассути аҳзоби сиёси, хусусан дар маъракаҳои интихоботи, метавонад онҳоро ба сиёсати давлатдори ворид созад. Аммо ҳизбҳои сиёси дар ин маврид чи кушишҳое доранд? Дар пеш ҷомеаи Тоҷикистонро як маъракаи муҳим, яъне интихоботи ҳизбҳои сиёси, интизор аст ва раҳбарони ин ҳизбҳо дар барномаҳои худ атрофи ин масъала чи чораҳое андешидаанд?

Наимҷон Самиев, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегуяд, ки яке аз ҳадафҳои аслии ҳизби наҳзати исломи ин ҷавонгаройи ва тарбия намудани кадрҳои ҷавон аст:

-Дар бораи ҷавонгарои, хусусан ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса дорад. Аз он ҷумла, шуъбаи ҳизби наҳзати исломи дар вилояти Суғд ҳам тарбия кардани ҷавононеро, ки донишгоҳро хатм мекунанду ҷои кор надоранд, вазифаи муҳим мешуморад.

ҳамчунин Наимҷон Самиев гуфт, ки наздик си фисади номзадҳои моро ҷавонон ташкил медиҳад:

— Аз 20 нафаре, ки дар руйхати  номзадҳои ҳизби наҳзат аз ҳавзаҳои якмандатии умумиҷумҳурияви пешбари шудаанд, наздик 30 фисадашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз се ҳавзае, ки мо дар вилояти Суғд номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбари кардаем, якеаш ҷавон мебошад. Ин ҳам бошад Илҳом Ёқубов ҷавони 32-сола, ки дар ҳавзаи 13-и шаҳри Хуҷанд барои Маҷлиси намояндагон пешбари гардидааст. Ва дар умум дар сатҳи ҷумҳурияви номзадҳои ҳизби наҳзатро қариб 50 фисадашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Раҳбари ХСДТ дар вилояти Суғд Дилбар Самадова дар робита ба ин масъала гуфт, ки ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон низ ба ҷавонон бештар таваҷҷуҳ дорад:

-ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон яке аз он ҳизбҳост, ки таваҷҷуҳашро бештар ба ҷавонон равона кардааст. Мо ҳам дар пойтахт ва ҳам дар вилоят созмони ҷавонон ташкил кардаем, ки бевосита атрофи ин чиз кор бурда истодааст. Ва кушиш мекунем, ки такя ба ҷавонон кунем. Вале имруз то кадом дараҷа ҷавонон бовари ба сиёсат доранд, то кадом андоза дар ҳалли масъалаҳои худ иштирок кардан мехоҳанд, ин масъалаи дигар аст. Аммо кушиш мекунем, ки имконияти бештар барои ҷавонон фароҳам орем.

Дилбар Самадова мегуяд чизе асосие, ки пеши роҳи ҷавононро аз номзад шудан медорад ин гаравпулист, зеро меафзояд у, дар шароите, ки маоши ҳадди ақал 60 сомониро ташкил медиҳад, ингуна маблағро ҷавонон пасандоз карда наметавонанд:

— Мутаассифона, мо ягон нафар ба Маҷлиси намояндагон пешбари карда натавонистем. Ба хотире, ки пеши роҳи ҷавононро нахуст он чизе медорад ин гаравпулист, ки 7000 сомониро ташкил медиҳад. Дар шароити Тоҷикистон, ки маоши ҳадди ақал 60 сомонист, кадом ҷавон имруз ин миқдор маблағро барои худ пасандоз карда метавонад, дар ҳоле, ки кафили шаффофияти интихобот фақат Президент аст, на қонун. Ба ҳар бобат мо имруз ба он ҷавононе, ки дар мусофират ҳастанд ё дар хориҷа кору фаъолият ё ки таҳсил мекунанд, бештар такя менамоем.

Аммо бо вуҷуди ин кадрҳои ҷавон дар парлумони кишвар ва, аз ҷумла дар вазифаҳои гуногун қариб, ки ба назар намерасанд. Ин аз он гувоҳи медиҳад, ки кушиш худи ҷавонон дар ин маврид нест ва ҳам онҳо дониши казоии сиёси надоранд. Бисёре аз таҳлилгарон бар он назаранд, ки пойдевори дониши ҷавонон хеле заиф аст ва аксари эшон дар маъракаҳои сиёси калаванда ҳастанд. Бархеи дигар аз коршиносон мегуянд, ки ҳануз ҳам норасоиву камбуди дар соҳаи маорифи кишвар ҷой дорад ва аз инҷост, тарбияи сиёсии онҳо он қадар устувор нест ва ҷойи кор пайдо карда наметавонанд.

Файзуллоҷон Файзиев, раиси созмони ҳизби демократии Тоҷкистон дар вилояти Суғд (каноти Маҳмадрузи Искандаров) ҷойи кор пайдо накардани ҷавононро аз бисёр будани донишгоҳҳо медонад. У мегуяд, ки яке аз сабабҳои бо ҷойи кор таъмин нашудани ҷавонон ба ин чиз вобастаги дорад:

-Бо як шиор партофтан ва ба забон овардан соҳаи маориф пеш намеравад. Бояд мо дар соҳаи маориф ислоҳоти куллиро ҷори кунем. ҳам дар мақому манзалати омузгор ва ҳам дар мухтасар намудани донишгоҳҳо. Дар вилояти Суғд имруз якчанд донишгоҳҳо фаъолият бурда истодаанд, ҳол он ки ду-се донишгоҳ кифоя аст барои кадр тайёр кардан. Он кадрҳое, ки аллакай хатм кардаанд, бо кор таъмин намешаванд. То он даме, ки мо соҳаи маорифро ба таври кулли ислоҳот нагузаронем ва то он даме, ки ба таври кулли тафаккури ҷавононро тағйир намедиҳем, даҳҳо Роғунсози кунем ҳам, даҳҳо роҳҳои автомобилгард созем ҳам, иқтисодиётамон пеш рафта наметавонад, зеро маҳз тафаккури инсони метавонад иқтисодиётро пеш барад.

Шинохти ҳизбҳо аз диди ҷавонон

Бо ин ҳама норасоиву камбудиҳо ҷой дошта дар соҳаҳои мухталиф, ҳануз бисёре аз ҷавонон, ба вижа ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар кору таҳсил доранд, аҳзоби сиёсии кишварро ба хуби намешиносанд. Дар суҳбати интернети бо як чанд ҷавононе, ки дар Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, маълум мешавад, ки баъзеи онҳо ҳатто дар бораи интихоботи дар пешистода огоҳие надоранд ва ҳам ҳизбҳоро ба пурраги намешиносанд.

Ибодҷон Раҳимов, донишҷуи Донишгоҳи педагогии шаҳри Маскав зимни як пурсиши интернети изҳор кард, ки аз баргузор шудани интихобот дар Тоҷикистон ҳеҷ хабар надорад. ҳамчунин Майгуна Муборакшоева, як донишҷуи Донишгоҳи Дустии халқҳои Русия низ дар ин суҳбат гуфт, ки дар бораи интихобти қарибулвуқуъ иттилое надорад. ҳамин гуна дар суҳбат ҷавонони тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд аксарияташон ҳатто ХХДТ-ро аз ХДТ фарқ карда наметавонанд. Аксари ҷавонон дар суҳбат изҳор доштанд, ки чи мешуд як намояндаи ҷавонон ва ё худ як ҳизби ҷавонон таъсис меёфт, то дар дохили кишвар тамоми ҷавонони ҳам берун ва ҳам дохили ватанро намояндаги мекард.

Халифа Пайрав, аспиранти Донишгоҳи Дустии халқҳои Русия дар робита ба ин масъала мегуяд, ки хуб мешуд ҷавонон ва донишҷуёни тоҷикистонии Русия дар парлумони кишвар намояндаи худро медоштанд:

-Аз ҳар чизе бештар бояд ҷавонону донишҷуён намояндаги ва мавқеи доими дошта бошанд, зеро онҳо қисми фаъолу созандаи ҷомеъа ҳастанд.

Панду ҳикмат дар «Маснавии Маънавӣ»

Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ офарандаи шоҳасари бегазанди «Маснавии маънавӣ» буда, бо шоҳкории бемисли хеш дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми шоистаро соҳиб гашта, бо панду насиҳати арзишмандаш ба дили хонандагон роҳ ёфтааст.Муҳаммад Ҷалолиддин мутафаккири бузурги фалсафаи Шарқ, донишманди закӣ, уламои дини мубини Ислом, мударриси олимартаба дар эҷоди «Маснавии маънавӣ» аз панду ҳикмат, зарбулмасалу мақолҳои мардумӣ, ки асрҳо ин ҷониб дар ҳаёти моддӣ ва маънавии халқамон мавқеи хос дошт, хирадмандона истифода кардааст. Бояд зикр, ки ҳар як миллату халқият панду ҳикматҳои аҷдоди худро эҳтиром мекунанд, халқи мо ҳам ба суханони ҳикматомези гузаштагон ихлос ва муҳаббати бепоён дорад.«Мснавии маънавӣ» ҳам саропо панд аст. Асрҳост, ки шоҳбайтҳои ҳикматноки шоир аз даҳон ба даҳон гузашта, чун дастур ба мардум хизмат мекунад.Мавзӯъҳои «Маснавӣ» аз ростиву накӯӣ, одобу забондонӣ, илоҳидониву хештаншиносӣ, адлу инсондӯстиро фаро мегирад. Мавлавӣ шоири гавҳаршинос буда, аз дурдонаҳои халқӣ ҳакимона фаровон истифода бурдааст.
Муҳаммад Ҷалолиддин дар офариниши ин асари безавол қариб 14 сол ранҷ бурда, калимаю ибораҳои соф тоҷикиро моҳирона истифода кардааст, ки ба мутолиакунанда ҳаловат мебахшад.Мо талош кардем, ки аз ин хазинаи маънавӣ то қадри имкон панду ҳикматҳоро ба дӯстдорони осори шоир пешкаш кунем:

Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб,
Беадаб маҳрум монд аз лутфи Раб.

Чунки ояд ӯ ҳакими ҳозиқ аст,
Содиқаш дон, к-ӯ амину содиқ аст.

Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,
Бенаво шуд, гарчӣ дорад сад наво.

Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак,
В-аз адаб маъсуму пок омад малак.

Гарчи тафсири забон рӯшангар аст,
Лек ишқи безабон рӯшантар аст.

Офтоб омад далели офтоб,
Гар далелат бояд аз вай рӯ матоб.

Дона чун андар замин пинҳон шавад,
Баъд аз ин сарсабзии бӯстон шавад.

Зар хирадро волаву шайдо кунад,
Хоса муфлисро ки ҳуш расво кунад.

З-он ки ишқи мурдагон поянда нест,
З-он ки мурда сӯи мо оянда нест.

Ҳамчу Исмоил пешаш сар бинеҳ,
Шоду хандон пеши теғаш ҷон бидеҳ.

Мӯъминонро бурд бошад оқибат,
Бар мунофиқ мот андар охират.

Ҳисси дунё нардбони ин ҷаҳон,
Ҳисси уқбо нардбони осмон.

Шукр кун, мар шоирон банда бош,
Пеши ишон мурда шав, поянда бош.

Тифлро гар нон диҳӣ бар ҷои шир,
Тифли мискинро аз он дунё мурда гир.

Иттиҳоди ёр бо ёрон хуш аст,
Пои маъно гир, сурат саркаш аст.

Сурати саркаш гудозон кун зи ранҷ,
То бубинӣ зери он ваҳдат чу ганҷ.

Сӯҳбати солиҳ туро солиҳ кунад,
Сӯҳбати толиҳ туро толиҳ кунад.

Сурати нафс ар биҷӯй, эй писар,
Қиссаи дӯзах бихон бо ҳафт дар.

Андароед, эй мусулмонон, ҳама,
Ғайри узби дин азоб аст он ҳама.

Одами хокӣ зи Ҳақ омӯхт илм,
То ба ҳафтум осмон афрӯхт илм.

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.

Толиби ҳикмат шав аз марди ҳаким,
То аз ӯ гардӣ ту бинову алим.

Чун муаллим буд ақлаш з-ибтидо,
Баъд аз он шуд ақл шогирде варо.

Ҳар ки ҷабр овард худ ранҷур кард,
То ҳамон ранҷурияш дар гӯр кард.

Аз дирамҳо номи шоҳон баркананд,
Номи Аҳмад то қиёмат барзананд.

Нури нури чашм худ нури дил аст,
Нури чашм аз нури дилҳо ҳосил аст.

Боз нури нури дил нури Худост,
К-ӯ зи нури ақлу ҳис поку ҷудост.

Таҳияи
Рустами Ато, омӯзгор,
ноҳияи Ашт


Роль  русскоязычных СМИ в информационном пространстве Республики Таджикистан.

Муллоев Ш. Б. к.ф.н

ст. преподаватель кафедры

истории и теории журналистики

и электронных СМИ

В последние годы важнейшая функция современных средств массовой информации становится все более очевидной – это формирование  и совершенствование общественного сознания с целью воспитания в каждом гражданине – представителе единого социума и обществе в целом взглядов и убеждений, отвечающих требованиям времени.

О роли русскоязычных СМИ в развитии таджикского общества написано достаточно, но единой работы, содержащей целостный и всеобъемлющий анализ указанного явления духовной жизни современного таджикского общества, нет. Сегодня когда качество информационных технологий и их использования все больше определяют характер жизни общества, вопрос о значении прессы приобретает особую актуальность, особенно в условиях многоязычия, характерных для современного Таджикистана.  В печатных и электронных СМИ, на радио и телевидении можно встретить материал, посвященный анализу общественного значения русскоязычной прессы в целостном информационном потоке республики. На наш взгляд, эта проблема, как в теоретическом, так и в практическом аспекте до сих пор не потеряла своей актуальности и нуждается в дальнейшем рассмотрении. Ни для кого, ни секрет, что русскоязычная пресса  в Таджикистане более популярна, чем периодическая печать на таджикском языке. В данной статье мы попытаемся подвергнуть анализу данный факт.

В республике Таджикистан в настоящее время  издается более трехсот наименований печатных СМИ (газет и журналов), из которых четыре газеты и восемь журналов  республиканские, двадцать газет областных, газет городских Хукуматов Республики Таджикистан. Из них на русском языке и на двух языках (русском, таджикском) выходит около пятидесяти наименований периодических изданий.

Для современной прессы в Таджикистане двойственность её статуса. С одной стороны, газета, как и другие средства массовой информации, – это институт, созданный для информационного обслуживания общества или какой-то его части. Н ос другой стороны, с возникновением в нашей стране информационного рынка,  газета и её редакция – это предприятие, деятельность которого нацелена на получение прибыли. Вторая экономическая сторона является, на наш взгляд, более приоритетной, так  как, многие газеты издаются с одной целью – найти больше покупателей своих изданий. Пресса Таджикистана в основном издается для получение прибыли.  Однако существуют издания, которые печатаются с учетом потребительского спроса читателей.

Русскоязычные издания в основном  в большей степени входят в известные медиа-холдинги «Чархи гардун», «Азия-плюс», «Оила». По содержанию и тематике они носят характер «Дайджестов» и публикуют свои материалы в соответствии  с популярной тематикой. Здесь необходимо отметить, что эти темы в основном отвечают потребностям большинства читателей.

Каждая издаваемая газета на русском языке, несомненно, имеет свое направление. Например, газета «Крим-инфо», вошедшая в медиа-холдинг «Точикистон», публикует материалы  на криминальную тематику. Обзору развлекательных событий посвящена газета  «Дайджест-пресс». Газета «Авиценна» публикует свои материалы на медицинскую тематику. На наш взгляд, самым популярным изданием является газета «Азия-плюс». Она отличается высоким рейтинговыми показателями и считается газетой самых оперативных и достоверных новостей.

Русскоязычные СМИ в Таджикистане пользуются самым популярным жанром журналистки – интервью. Например,  в газете «Азия-плюс» одним из приоритетных жанров является  жанр интервью, поскольку около 24-25% публикуемых материалов составляют материалы данного жанра.

В нынешний период единственным правительственным изданием остается  «Народная газета». Основным направлением  этой газеты  в советский и постсоветский период является освещение деятельности структур государственной власти республики и пропаганда их идей.

Газета «Бизнес и политика», основанная в 1991 году, считается одним из первых независимых русскоязычных изданий. От других русскоязычных СМИ её отличает то, что большинство материалов, публикуемых на страницах этой газеты, посвящено Российско-таджикским отношениям.  Несмотря на сокращение общего объема оригинальных авторских материалов, информация о внутренних и внешних событиях публикуется оперативно. Следует отметить несколько наиболее заметных тенденций в деятельности и содержании прессы Таджикистана современного периода. Одна из таких тенденций —  рост  количества русскоязычных изданий.

Несмотря на то, что за период гражданской войны большинство русскоязычного населения покинуло республику, в столице  и в других крупных городах наблюдается увеличение количества наименований  газет и журналов на русском языке.

Подобная тенденция очень мало наблюдается на таджикском телевидении и радио. Исключением являются коммерческие радиостанции, например, «Ватан», «Азия-плюс», «Русское радио —  Ориено», которые в основном ведут вещание на русском языке. Русский язык продолжает преобладать на рекламном рынке республики и в таджикском секторе Интернета.

Такая противоречивая тенденция в средствах массовой информации страны обусловлена несколькими факторами, основные из которых сводятся к следующим:

— Богатый русскоязычный сектор Интернета позволяет  использовать материалы без перевода, то есть, есть возможность перепечатки готовых материалов из российских печатных СМИ. Большинство  перепечаток попросту «присваивается», источник информации в них не указывается.

— Нехватка профессиональных кадров, пишущих на таджикском языке. В период братоубийственной войны в начале 90 – х. годов новое поколение журналистов,  абсолютное большинство которых  было таджикаязычными,  под давлением новых властей покинуло республику. Они выехали в разные страны, в основном в Иран, Россию и Чехию. Часть из них устроилась в таких мировых СМИ, как Би-би-си, Радио Свобода, Голос Хоросана и др., которые имеют таджикские и персидские отделения. Многие выехавшие из республики журналисты поменяли профессию.

Ведущие русскоязычные СМИ в основном освещают внутри и внешне политические события страны, что касается Российско-таджикских  взаимоотношений в различных областях, то эти темы не входят в число первоочередных публикаций в данных СМИ.

Следует отметить, что среди русскоязычных СМИ республики особое место принадлежит  аудивизульным средствам массовой коммуникации. После приобретения республикой независимости  появились новые возможности у государственного радиовещания. Радиоканал «Садои Душанбе» начиная, с 18 января 1999 года по настоящий период ведет вещание на таджикском и русском языках. Каждый час  выходит выпуск новостей. Этот радиоканал внес, неоценимый вклад в развитие Российско-таджикских отношений, он напрямую пропагандирует  русскую культуру в Таджикистане.  Кроме радиоканала «Садои Душанбе», есть ещё два «Радио Таджикистан», «Русское радио – Ориено», которые были созданы в 2003 году. На наш взгляд, они не являются пропагандистами экономических связей России и Таджикистана, а работают в общем формате, как и другие радиоканалы. Вопрос  об уровне работы в эфире РТ, а также уровне  использования русского языка в настоящий момент на радио и других СМК представляется очень трудным. Уровень эфирной продукции данных СМИ оценивается довольно низко. Например, на ТВТ вообще отсутствует жанр журналистского расследования.

В целом значение русскоязычных СМИ в информационном пространстве  Республики Таджикистан огромно. Ведущие русскоязычные СМИ РТ, прежде всего, анализируют факты внутри и внешнеполитической жизни страны. Как и другие СМИ РТ, русскоязычные СМИ в основном делают упор на получение прибыли, а информационные материалы, опубликованные на страницах этих изданий и аудивизуальных средств, составляют перепечатки или копирование российских телепередач и сайтов Интернета.

Сафари Ҳолбрук ба Точикистон ва Узбакистон
Аъзам Хучаста

Бар асоси гузоришоте, ки расонаҳои мухталиф мунташир намуданд, Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон, ҳафтаи оянда ба Душанбе ва Тошканд сафар хоҳад кард.Ин мақоми амрикойи қарор аст бо масъулони Точикистон ва Узбакистон масоили марбут ба равобити фимобайн ва авзои Афғонистонро мавриди баҳсу баррасй қарор диҳад.

Сафари фиристодаи вижаи Амрико ба ду кишвари Осиёи Марказй дар шароите анчом мешавад, ки як ҳайати олирутбаи мақомоти точик, ки дар садри он Ҳамрохон Зарифй, вазири корҳои хоричаи ин кишвар қарор дорад, дар Амрико ба сар мебарад ва то имруз дидору гуфтугуҳои зиёде миёни намояндагони ду кишвари Точикистон ва Амрико баргузор шудааст. Бино ба гуфтаи манобеи вазорати корҳои хоричаи Точикистон, дар ин дидорҳо дурнамои ҳамкориҳои стротегии ду тараф,аз чумла дар қиболи масоили Афғонистон дар меҳвар қарор доштааст.Аз он ру сафари Ҳолбрук ба Душанберо метавон дар ростои идомаи ҳамин ройзаниҳо арзёбй кард. Ин дар ҳолест, ки бархе расонаҳо қабл аз сафари ҳайати Точикистон ба Вашингтон авзои сиёсй – иқтисодии минтақа, ичрои тарҳҳои гидроэнергетикй ва ҳамлу нақлро аз аслитарин масъалаҳои мавриди баҳс дар музокироти мақомоти Душанбе – Вашигтон баршумурданд. Ҳамрохон Зарифй дар бораи барномаи сафари худ ба Амрико гуфта буд, қасд дорад тарҳи сохти хати роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон(Мазори шариф) – Точикистон ва хати лулаи газ дар ҳамин масир, ҳамчунин тезонидани равнди сохти хати интиқоли барқи Қирғизистон – Точикистон – Афғонистон – Покистон бо номи САSА-1000-ро ба тарафи амрикои пешниҳод кунад.Вай ҳамчунин иттилоъ дода буд, ки баҳрабардорй аз манобеи оби минтақа, сохтани неругоҳи Роғун, замонати ҳуқуқии фаъолияти ширкатҳо ва сармоягузориҳои Амрико дар Точикистон аз дигар масоиле ҳастанд, ки бо мақомоти амрикои баррасй хоҳанд шуд.
Аммо он чи ба сафари Ричард Ҳолбрук ба Узбакистон бармегардад, таваччуҳи вижаи Амрико ба ин кишвар ба унвони шарики аслй дар амалй шудани барномаҳои Ғарб дар Афғонистон мебошад. Ҳарчанд Узбакистон дар конфронси Лондон, ки ба баррасии масоили Афғонистон ихтисос дошт, ширкат накард, аммо фосила гирифтани ин кишвар аз Маскав ва наздикшавии он ба Амрико як ҳақиқатест, ки маҳофили мухталиф ба он ишора мекунанд. Чанде қабл, рузи 28 январ, ҳамзамон бо ифтитоҳи канфронси Лондон, Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон санадеро таҳти унвони «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» имзо кард. Имзои ин санад тасодуфй набуд, балкй ҳосили сафари моҳи октябри соли 2009 Роберт Блейк, ёвари вазири хоричаи Амрико ба Тошканд ва ройзаниҳои мақомоти ду тараф дар 17-18 декабри ҳамон сол дар Вашингтон буд. Ин санад иборат аз 40 маврид масоили аз чумла марбут ба бахши дифоъ ва амният мебошад ва боздиди ҳайати вижаи вазоратхонаҳои умури хорича ва дифоъи Амрико барои ташхиси ниёзҳои артиши Узбакистон ба силоҳ ва муҳиммот ва интиқоли ин тачҳизот ба Узбакистон дар чорчуби барномаи «Сармоягузории хоричии низомй»ро пешбинй мекунад.Омузиши кадрҳои низомй ва афсарони артиши Узбакистон дар муассисаҳои пешрафтаи Амрико аз дигар бахшҳои санади мазкур мебошад.Бахши аъзами санади «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» ба ҳамкориҳои ду тараф дар Афғонистон ихтисос дорад.Афзоиши тронзити коло ба Афғонистон тавассути қаламрави Узбакистон ва дар ин росто ичрои тарҳи роҳи оҳани Хайратон – Мазори шариф низ шомили ҳамин бахш мебошад.
Табиист, ки бо наздик шудан ба Вашингтон, Душанбе ва Тошканд ба фосилаи худ бо Маскав хоҳанд афзуд.Нуктаи муштарак дар ин иқдоми ду кишвари ҳамсоя он аст, талош доранд ҳар он чиро ки аз Маскав ба даст наоварданд, аз Вашингтон ба даст биоваранд.Дар ин миён Узбакистон интизороти бештаре аз наздикшавй бо Амрико дорад ва иқдомоти Маскавситезии он мавриди таваччуҳ ва истиқболи бештари Вашингтон қарор дорад. Қарори маълум Узбакистон танҳои кишвари узви Паймони амнияти чамъй аст, ки ба таъсиси неруҳои вокуниши сареъ таҳти фармондеҳии Русия, мухолифат кард. Ҳамчунин Тошканд иқдоми Маскав барои таъсиси пойгоҳи чадиди низомй дар Қирғизистонро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Аз суи дигар Узбакистон дар марз бо ҳамсоягони худ ҳамеша низоъҳои мухталифро саҳнасозй мекунад.Чунин иқдомоти Тошканд ба нафъи Вашингтон аст, ки дар садад аст нуфузи геополитикии худ дар минтақаро тавсаъа бахшад ва бадеҳист хилофи манофеи Русия аст. Бар асоси санади ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико пешбинй мешавад, ки артиши Узбакистон ба тадрич бо силоҳ ва муҳимоти амрикои мучаҳҳаз хоҳад шуд.Ин ба он маънист, ки дар ояндаи наздик Маскав бозори таслиҳоти худ дар Узбакистонро аз даст хоҳад дод.
Равобит ва ҳамкориҳо миёни Амрико ва Узбакистон дар соли 2005, баъд аз он ки давлати Чорч Буш иқдоми Тошканд дар саркуб ва қатлиоми тазоҳуркунандагон дар Андичонро мавриди интиқодҳои шадид қарор дод, ба сардй гароид.21 ноябри ҳамон сол бо дастури Тошканд пойгоҳи низомии Амрико дар Хонобод таътил шуд. Бо руи кор омадани Барак Обама Вашингтон ва Тошканд бар он шуданд, ки дар равобити худ бознигарй кунанд, амре ки авзои минтақа заминаҳои онро фароҳам намуд.
Ҳамакнун ба назар мерасад, ҳам Душанбе ва ҳам Тошканд бар ин умеданд, ки Вашингтон дар масъалаи чанчолбарангези истифода аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи марказй аз манофеи онҳо дифоъ хоҳад кард. Дар ин замина Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба таври расмй эълом кард, ки аз манофеи Узбакистон дифоъ мекунад. Аммо имзои қарордод миёни Русия ва Қирғизистон дар мавриди сохтани неругоҳи Қамбарота, эътимоди Тошкандро ба садоқати Маскав ба таври камсобиқа коҳиш дод.Точикистон низ пас аз амалй нашудани ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларии Русия дар иқтисоди ин кишвар, дигар ба ваъдаҳои Маскав эътимоде надорад. Ба иборати дигар дар айни ҳол шароит ба нафъи Амрико пеш меравад. Аммо набояд нодида гирифт, ки Маскав ҳаргиз ҳозир нахоҳад шуд кишвари дигаре, ба вижа Амрико дар он чи ки минтақаи суннатии нуфузи худ медонад, чойи по пайдо кунад. Аз ин ру минтақаи Осиёи Марказй обистани иқдомоти чавобии Кремл аст, ки дар ояндаи на чандон дур шоҳиди натичаҳои он хоҳем буд.

http://khujasta.wordpress.com/

Суннии воқеӣ ҳамон шиа аст ва шиаи воқеӣ ҳамон суннӣСайидюнуси Истаравшанӣ

Нигоҳе гузаро ба додаҳои ривоии ҳар як аз мактаби аҳли суннат ва шиа, қатъи назар аз ин ки пайравонаш оё ба ин додаҳо таваҷҷӯҳ доранд ё на, нишон медиҳад, ки ҳатто дар мавориде, ки ҳар як аз ин ду мактаб рақибашро ба кӯтоҳӣ ва тақсир дар он маворид муттаҳам карда ва тамассук ба онро нишона ва аломати ҷудоии хеш аз рақиби худ мепиндорад, ҳатто дар ин мавориди ба истилоҳ ихтилофӣ низ, ин ду мактаб тақрибан ваҳдати назар доранд.

Аҳли суннат ва шиа, ки бештари мусалмонони имрӯзро пайравони ин ду мактаб ташкил медиҳанд, мутаассифона ҳар яке одат кардаанд хештанро ба он чи ӯро аз рақибаш ҷудо месозад ба намоиш гузоранд ва аносиреро, ки ҳар дуро бо ҳам як ҷо гирд меоварад ва ба эшон ваҳдат мебахшад, ба фаромӯшӣ супоранд, ки боис мегардад фосила ва ҷудоии пайравони ин ду мактаб аз якдигар бештару амиқтар шавад.Масалан, аҳли суннат одат доранд хештанро ба унвони пайравони саҳоба муаррифӣ кунанд, то бо ин кор собит кунанд, ки шиаён аз сираи саҳоба ба дуранд, ва дар муқобил, шиаён бештар пайравии худ аз Аҳли байти паёмбар (с)-ро ба рух мекашанд, то бо ин кори худ собит намоянд, ки аҳли суннат аз ин падида маҳруманд.Бо ин кор, ҳар ду исрор доранд хештанро аз дигарӣ ҷудо созанд. Фаромӯш мекунанд, ки ҳар ду ба ваҳдонияти Худо ва паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) иқрор доранд, ҳар ду Қуръонро ба унвони китоби фурӯфиристода аз ҷониби Худо барои ҳидояти мардумон қабул доранд, ҳар ду пайравӣ аз суннати паёмбар (с)-ро воҷиб мешуморанд, ҳар ду ба рӯзи қиёмат ва зинда шудани мурдагон дар он рӯз имон доранд, ҳар ду рӯ ба як қибла истода намоз мегузоранд, ҳар ду рӯзаи моҳи мубораки Рамазон, пардохти закоти мол анҷоми маносики ҳаҷ ва ғайра аз фароизро воҷиб медонанд ва ғайраву золик…Илова бар ин, нигоҳе гузаро ба додаҳои ривоии ҳар як аз мактаби аҳли суннат ва шиа, қатъи назар аз ин ки пайравонаш оё ба ин додаҳо таваҷҷӯҳ доранд ё на, нишон медиҳад, ки ҳатто дар мавориде ҳам, ки ҳар як аз ин ду мактаб рақибашро ба кӯтоҳӣ ва тақсир дар он маворид муттаҳам карда ва тамассук ба онро нишона ва аломати ҷудоии хеш аз рақиби худ мепиндорад, ҳатто дар ин мавориди ба истилоҳ ихтилофӣ низ, ин ду мактаб тақрибан ваҳдати назар доранд.Аммо ин ки чаро пайравонаш пойбанд ба он додаҳо нестанд, ва ё ба он таваҷҷӯҳ намекунанд, ин як матлаби дигар аст. Муаррифи як мактаб, додаҳо ва маорифи он аст, ки дар китобҳои мӯътабараш дарҷ гардида, на рафтору кирдори пайравонаш, ки ҳаргиз наметавонад гӯёи моҳияти он мактаб бошад. Магар на ин аст, ки вақте мебинем афроде аз пайравони мактаби аҳли суннат даст ба як кори инҳирофӣ бизананд, мегӯйем, ин афрод пойбанд ба додаҳои мазҳабашон нестанд, вагарна чунин намекарданд, вале ҳамин ки мебинем гурӯҳе аз шиаён коре кунанд, ки дар он инҳироф дида мешавад, мегӯйем, ин аст мазҳаби шиа!?Инак, нигоҳе биандозем ба ду маврид аз он мавориде, ки ҳар як аз шиаву суннӣ дигариро дар он муқассир, ва дар натиҷа мазҳаби якдигарро ба боди интиқод мекашанд, аммо кутуб ва манобеашон дар хусуси он ду масъала чӣ мегӯяд:1. Саҳоба ва ҷойгоҳи эшон дар назди шиаЯке аз маойибе, ки аҳли тасаннун ба шиаён мегиранд ин аст, ки мегӯянд, мазҳаби шиа дидгоҳе манфӣ нисбат ба саҳобагони ҳазрати паёмбар (с) дорад. Аммо воқеият ин аст, ки дар кутуби мӯътабари шиа, мисли Наҳҷул-балоға, ки яке аз муҳимтарин манобеи шиаён ба шумор меравад, мебинем, ки ҳазрати Алӣ (к) саҳобаи ҳазрати паёмбар (с)-ро чунин тавсиф мекунад:“Ман асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ-ро дидам, аммо ҳеҷ кадом аз шуморо монанди онон наменигарам. Онҳо субҳ мекарданд дар ҳоле, ки мӯйҳои жулида ва чеҳраҳои ғуборолуд доштанд, шабро то субҳ дар ҳоли саҷдаву қиём ба ибодат мегузаронданд ва пешониву гунаҳои суратро дар пешгоҳи Худо бар хок мегузоштанд, бо ёди қиёмат чунон ноором буданд, ки гӯё бар рӯи оташ истодаанд. Пешонии онҳо аз саҷдаҳои тӯлонӣ пина баста буд. Агар номи Худо бурда мешуд, чунон гиря мекарданд, ки гиребонҳои онон тар мешуд. Ва аз кайфаре, ки аз он бим доштанд ё барои подоше, ки ба он умедвор буданд, монанди дарахт дар рӯзи тундбод меларзиданд”. (Наҳҷул-балоға, хутбаи 97).Дидгоҳи шиаён дар бораи саҳобаи Расули акрам (с), ҳамон дидгоҳест, ки мавлояшон Алӣ ибни Абӯтолиб (к) дар ин ҷо мегӯяд. Агар ақаллияте аз уламои шиа перомуни саҳоба дидгоҳе дигар иброз медоранд, бо таваҷҷӯҳ ба ин сухани ҳазрати Алӣ (к), эътиборе нахоҳад дошт.Пас, метавон чунин натиҷа гирифт, ки ҳам шиа ва ҳам суннӣ, дар бораи саҳобагони Расули гиромӣ (с) тақрибан назаре воҳид доранд, ва он ин ки эҳтироми саҳобагон воҷиб аст ва беэҳтиромӣ ба эшон, як навъ беэҳтиромӣ ба Расули Акрам (с) хоҳад буд.Оре, тафовуте, ки байни аҳли суннат ва шиа дар мавриди саҳоба вуҷуд дорад ин аст, ки шиаён мисли аҳли тасаннун, тамомии саҳобагонро бидуни истисно одил намедонанд, балки танҳо саҳобагонеро одил ва мавриди эҳтиром медонанд, ки илова бар ифтихори сӯҳбат ва ҳамроҳии ҳазрати паёмбар (с)-ро доштан, инчунин аз аввал то ба охири ҳаёти хеш дар хатти Қуръону фармудаҳои ҳазрати паёмбар (с) буда ва заррае аз он хутут берун нарафта бошанд. Шиаён мӯътақид ҳастанд, маҳзи саҳоба будан ва шарафи ҳамроҳии ҳазрати паёмбар (с)-ро доро будан, имтиёзе барои як нафар мусалмон ба шумор намеравад то модоме ки пойбанд ба дастуроти Қуръону фармудаҳои Расули Акрам (с) набошад.Аз ин рӯст, ки шиаён нисбат ба касоне аз саҳоба мисли Муовия ибни Абӯсуфён, ки бо ҳазрати Алӣ (к) ба ҷанг бархоста ва ӯро мавриди лаън қарор додааст, диди манфӣ доранд. Онҳо ҳар он касеро, ки бо Аҳли байти паёмбар (с) миёнаи хубе надошта бошад, чи саҳоба бошад ва чи ғайри саҳоба, мавриди эҳтиром намедонанд.Аммо оё ин нукта, яъне диди манфии шиаён нисбат ба саҳобагоне чун Муовия ибни Абӯсуфён ва ё дигароне, ки аҳёнан миёнаи хубе бо Аҳли байти паёмбар (с) надоштанд, метавонад мояи дурӣ ва душманӣ бо онҳо гардад?Агар чунин бошад, пас бо ин ривоёт, ки дар кутуби мӯътабари аҳли суннат ворид шудааст ва тақрибан дидгоҳи шиаёнро таъйид мекунад, чӣ кор бояд кард?1. Саҳобагоне чун Ибни Масъуд, Ибни Умар, Абӯсаид, Ҷобир, Муҳаммад ибни Майсам ва ҷамоате дигар, дар бораи Алӣ (к) мефармоянд: ”Мо мунофиқонро ҷуз аз рӯи душманияшон бо Алӣ ибни Абӯтолиб намешинохтем”.Ҳадиси мазкур дар китобҳои зерин нақл шудааст:Сунан-и Тирмизӣ 2/299 ва 5/593 р.3717, Фазоил-ус-саҳоба-и Аҳмад 2/579 р.979-1146, Ҳилят-ул-авлиё-и Абӯнаим 6/295, Ал-истиоб-и Ибни Абдулбар 3/46, Мӯъҷам-ул-авсат-и Табаронӣ 2/328 р.2125, Маҷмаъ-уз-завоид 9/132, Мустадрак-и Ҳоким, 3/139 р.4643, Ансоб-ул-ашроф-и Билозарӣ с.113, Таърихи Ибни Асокир 42/285 то 288 ва с.374 (бо 14 санад), Тафсири Қуртубӣ 1/267. Қобили ёдоварист, ки санади Аҳмад ибни Ҳанбал саҳеҳ аст ва муҳаққиқи китобаш низ онро саҳеҳ дониста. Ва ҳамчунин исноди дуюми Тирмизӣ ва исноди Ибни Абдулбар ва Ҳоким низ саҳеҳ ҳастанд.2. Саҳобии бузург Абӯзари Ғифорӣ мегӯяд: “Мо мунофиқонро ҷуз бо се аломат намешинохтем, ва он аломатҳо иборат ҳастанд аз: Худо ва паёмбар (с)-ро такзиб кунанд, дар намоз ширкат накунанд ва ин ки Алиро душман бидоранд”.Ривояти номбурда дар манобеи зерин нақл шудааст:Мустадрак-и Ҳоким ҷ.3 с.129, Риёз-ун-назра-и Табарӣ ҷ.3 с.163, Ҷомеъ-ул-кабир-и Суютӣ ҷ.6 с.390, Асно матолиб-и Ҷазарӣ, ки мегӯяд: “Ҳоким санади ин ҳадисро саҳеҳ донистааст”.Пас, бо таваҷҷӯҳ ба ин ду ривоят ва ривоятҳои фаровони дигаре, ки дар онҳо ҳазрати Алӣ (к) меъёри шинохти мӯъмин аз ғайри он қарор гирифтааст, оё наметавон гуфт, ки аҳли суннат низ — агар пойбанд ба маорифи ворида дар бархе аз манобеи ривоияшон бошанд — дар мавриди бархе аз саҳобагон, хусусан касоне ки бо Алӣ ба душманӣ бархостаанд, дуруст мисли шиаён меандешидаанд?Оре, аз ин нукта ҳам наметавон чашм пӯшид, ки ҷумҳури аҳли суннат Муовия ибни Абӯсуфёнро дар зумраи саҳобагони одил, ки мавриди эҳтиром ҳастанд дохил ва ҷангу набарди ӯ ва низ лаъну нафринаш мар ҳазрати Алӣ (к)-ро навъе иҷтиҳод аз ҷониби ӯ қаламдод мекунанд, ки агар хато карда як савоб бурда ва агар дуруст карда соҳиби ду подош шудааст.Аммо бо вуҷуди ин, наметавон аз ривоёте ҳам, ки Муовияро мавриди накӯҳиш қарор додааст чашм пӯшид, ва ба осонӣ аз канори онҳо рад шуд.Ба ҳар ҳол, ҳадди ақалли он чи дар заминаи дидгоҳи шиаён нисбат ба бархе аз саҳоба метавон гуфт ин аст, ки онҳо низ дар ин мавзӯъ навъе иҷтиҳод кардаанд, ки агар хато бошад, як подош, вагарна дорои ду аҷр хоҳанд буд, на ин ки бар сари ин мавзӯъ бо онҳо ба ҷанҷол пардозем.2. Аҳли суннат ва Аҳли байти паёмбар (с)Бархе аз шиаён чунин мепиндоранд, ки Аҳли байти паёмбар (с) дар назди аҳли суннат ҷойгоҳе надоранд, ва аз ин рӯ, алоқа ва муҳаббат ба Аҳли байтро хоссаи шиаён меангоранд, дар ҳоле ки воқеият ин аст, ки агар ба манобеъ ва масодири мӯътабари аҳли суннат муроҷеа кунем, хоҳем дид, ки ҷойгоҳи Аҳли байт дар назди пайравони аҳли тасаннун, камтар аз ҷойгоҳи эшон дар назди шиаён буда наметавонад, ва дар ин маврид ҳам, метавон гуфт, ки шиаву суннӣ тақрибан назаре воҳид доранд.Инак, он чи дар мавриди Аҳли байти паёмбар (с) ва хусусан ҳазрати Алӣ (к) дар манобеи мӯътабари аҳли суннат ворид шудааст:1. Язид ибни Ҳайён мегӯяд: “Ҳамроҳи Ҳусайн ибни Сабра ва Язид ибни Муслим ба назди Зайд ибни Арқам рафтем. Вақте нишастем, Ҳусайн гуфт: Эй Зайд! Ҳамоно хайри зиёдеро дидӣ, паёмбар (с)-ро дидӣ, ҳадисашро шунидӣ, ҳамроҳаш ҷиҳод кардӣ ва пушташ намоз хондӣ ва хулоса хайри зиёде дидӣ. Эй Зайд! Ба мо аз он чи аз паёмбар (с) шунидӣ ҳадис нақл кун. Зайд гуфт: Эй писари бародарам! Ҳамоно синну солам боло рафта ва маргам наздик шуда ва баъзе чизҳоеро, ки аз паёмбар (с) фаро гирифта будам фаромӯш кардам, бинобар ин ҳар ҳадисе, ки нақл кардам қабул кунед ва дар чизе, ки нагуфтам маро маҷбур накунед. Сипас гуфт: Рӯзе Паёмбар дар байни мо барои хондани хутба ва суханронӣ дар байни Макка ва Мадина дар сарзамини Ғадири Хум бархостанд. Он гоҳ Худоро ҳамду сано гуфтанд ва мавъиза карданд. Фармуданд: Эй мардум! Ман башар ҳастам ва наздик аст, ки фариштаи марг биёяд ва ман қабул кунам. Ман байни шумо ду чизи боарзиш мегузорам: аввалӣ, китоби Худост, ки дар он нур ва ҳидоят аст, пас, китоби Худоро бигиред ва бар он чанг бизанед. Хулоса, ба китоби Худо суфориш намуда ва баъд фармуд: Дуюмин чиз (баъд аз китоби Худо), Аҳли Байтам аст, шуморо дар мавриди Аҳли Байтам суфориш мекунам. Се мартаба ин суханро такрор фармуд”.

Ривояти мазкур дар ин манобеъ зикр шудааст:

Саҳеҳ-и Муслим 4/1873 р.2408, Муснад-и Аҳмад 4/366, Саҳеҳ-и Ибни Хузайма 4/62 р.2357, Сунан-и Доримӣ 2/524 р.3316, Мӯъҷамул-кабир-и Табаронӣ 5/182 р.5028, Сунан-и Насоӣ 5/51 р.8175.

2. Паёмбар (с) фармуданд: “Ҳар кӣ аз ман итоат кунад, ҳатман Худоро итоат карда ва ҳар кӣ аз ман итоат накунад, Худоро итоат накардааст. Ҳар кӣ аз Алӣ итоат кунад, ҳатман аз ман итоат карда ва ҳар ки Алиро нофармонӣ кунад, ҳатман маро нофармонӣ кардааст”.

Ин ҳадисро Абӯзар, Ҳузайфа, Ҳориса ибни Зайд ва Яъло ибни Марра ривоят кардаанд. Манобеи ривояти номбурда:

Мин ҳадиси Хайсама 1/72, Мӯъҷам-уш-шуюх-и Абӯбакри Исмоилӣ 1/485р134, Мустадрак-и Ҳоким 3/121-128 р.4617-4641, Таърихи Ибни Асокир 42/270. Ҳоким ва Заҳабӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд.

3. Паёмбар (с) фармуданд: “Эй Алӣ! Ҳар кӣ аз ман ҷудо шавад, аз Худо ҷудо шудааст, ва ҳар кӣ аз ту ҷудо шавад, дар ҳақиқат аз ман ҷудо шудааст”.

Ин ҳадис низ аз ҳазароти Абӯзар, Умар, Абӯҳурайра, Ибни Умар ва Бурайда дар ин масодир ривоят шудааст:

Мӯъҷам-ул-кабир-и Табаронӣ 12/496 р.13559, Таърихи кабир-и Бухорӣ 7/333, Мӯъҷам-ул-авсат 6/162 р.6085, Муснад-и Баззор 9/455 р.4066, Фазоил-ус-саҳоба-и Аҳмад 2/570 р.962, Мустадрак-и Ҳоким 3/124-146 р.4624-4703, Маҷмаъ-уз-завоид 9/128-135.

4. Паёмбар (с) фармуданд: “Ҳар кӣ бихоҳад ба Одам дар илмаш, ба Нӯҳ дар фаҳмаш, ба Иброҳим дар бурдборияш, (ба Яҳё дар зуҳдаш), ба Мӯсо дар азаматаш ва ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар зебоӣ ва ҳуснаш нигоҳ кунад, пас ба Алӣ ибни Абӯтолиб нигоҳ кунад.

Ин ҳадисро Ибни Аббос ва Абӯҳамроа дар масодири зерин ривоят кардаанд:

Риёз-ун-назра-и Табарӣ 2/217, Шарҳи Мақосид-и Тафтозонӣ 2/219, Таърихи Ибни Касир 7/392-393, Таърихи Ибни Асокир 42/280.

Аз машҳуртарин санади ин ҳадис, санади ҳадисест, ки Ёқути Ҳамавӣ дар “Мӯъҷам-ул-удабо” ривоят кардааст, ки ҳеҷ хадшае дар он вуҷуд надорад. Ва он санад иборат аст аз: Аҳмад ибни Ҳанбал, аз Абдураззоқ, аз Муаммар, аз Зуҳрӣ, аз Саид ибни Мусаййиб, аз Абӯҳурайра.

5. Паёмбари гиромии ислом (с) фармуданд: “Алӣ аз ман аст ва ман аз Алӣ. Алӣ баъд аз ман валӣ ва сарпарасти тамоми мӯъминон аст”.

Ин ҳадисро Имом Алӣ, Имом Ҳасан, Абӯзар, Ибни Аббос, Ҷобир, Абӯсаид, Ибни Масъуд, Бурайда, Абулайло, Барроъ, Имрон, Абдуллоҳ ибни Амр, Ваҳаб ибни Ҳамза, Ҳабашӣ ибни Ҷунода, Амр ибни Ос, Амр ибни Шос ва Ибни Умар ривоят кардаанд.

Манобеи ин ҳадис ба ин шарҳ аст:

Муснад-и Аҳмад 1/330 р.3062-3063 4/437 5/356 р.33062, Саҳеҳ-и Тирмизӣ 5/590 р.3712, Саҳеҳ-и Ибни Ҳаббон 15/373 р.6929, Мӯъҷам-ул-авсат 5/217 6/294, Сунан-и Насоӣ 5/45 р.8146-8453-8474, Хасоис-и Насоӣ р. 88-89, Муснад-и Абӯяъло 1/293 р.355-488, Мӯъҷам-ул-кабир 12/78 18/129 р.265, Мусаннаф-и Ибни Абӯшайба 6/373 р.32121 7/503 12/80 р.55-59-12170, Муснад-и Таёлусӣ 1/111-360 р.829-2752, Муснад-и Руёнӣ 1/125 р.119, Ал-оҳод ва ал-масонӣ 4/278 р.2298, Мустадрак 3/119-143 р.4578-4652, Исоба 3/604 4/468 р.5705 6/623 р.9163, Фатҳ-ул-борӣ 8/67, Ал-истиоб 2/470, Маҷмаъ-уз-завоид 9/128-129, Сияру аълом-ун-нубало 8/199, Фазоил-ус-саҳоба-и Аҳмад 2/605-620-649-688 р.1035-1060-1104-1175, Тафсири Саълабӣ зери ояти: “Анзир аширатака ал-ақрабин”, Таърихи Ибни Асокир 42/100-189-190-191-198-199 (бо даҳ санад). Таърихи Бағдод 4/338 р.2167 ва дигарон.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ривоёт, оё метавон гуфт, ки Аҳли байти паёмбар (с) ва хусусан ҳазрати Алӣ (к) дар назди аҳли суннат ҷойгоҳе надоранд? Пас, бад-ин тартиб, мебинем, ки дар мавриди Аҳли байти паёмбар (с) низ, шиаву суннӣ тақрибан назари воҳиде доранд, ва ҷои ҳеҷ гуна ҳаёҳу ва ҷанҷол надорад.

Дар поёни ин навиштор бароям боқӣ намемонад ҷуз ин ки даст ба дуо бардошта аз Худованди Маннон таманно намоям, ки миёни мусалмонон ба вижа шиаёну сунниҳо ваҳдату ҳамдилӣ эҷод ва ононро аз душманӣ ва кинатӯзӣ бо якдигар раҳо бахшад. Омин!

http://www.kemyaesaadat.com/


Салими АЮБЗОД: Ҳар куҷо имкон ҳаст, Ватане бояд сохт

Каюмарси Ато

Салими АЮБЗОД ва Каюмарси АТО

Салими Аюбзод 18 августи соли 1960 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Ҳафтганҷ» ва «Чароғи рӯз» кор кардааст. Охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк намуда, дар Маскав ба сифати котиби масъули ҳафтаномаи «Голос» ва таҳлилгари «Независимая газета» фаъолият намуд. Дар соли 1995 барои кори доимӣ ба радиёи «Озодӣ» даъват шуд ва ба Прага кӯчид. Муаллифи осори мустанади «Ҳамосаи пайкон» (1988), «Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум» (2002) ва бадеии «Девор (1991), «Гунги хобдида» (1999). Осораш ба забонҳои англисӣ, чехӣ, олмонӣ, русӣ ва эстонӣ нашр шудаанд. Собиқ узви садорати Иттифоқи журналистони СССР, барандаи ҷойизаи аввали Конфедератсияи кишварҳои муштаркулманофеъ дар соли 1990.


-Салими Аюбзод. Ин ном барои ман аз аввал ҳам ошно буд. Аммо ба назари Шумо, Салими Аюбзод имрӯз барои хонандагони ҳафтаномаи «Варорӯд» кӣ буда метавонад?


-Ман ба ҷойи хонанда чизе гуфта наметавонам, аммо ҳадс мезанам, ки барои бахше ошно ва барои бахше ноошно бошам. Бояд аз худи онҳо пурсид. Лекин инро ҳам муҳим намедонам. Зеро ҳар кас ба диду завқу ақидаи хоси худ ҳақ дорад. Ман кайҳо ба натиҷае расидаам, ки набояд аз зовияи дигарон ба хештан нигарист.


-Аслан Шумо низ аз қабили он нафарҳоед, ки пас аз воқеаҳои хунини солҳои навадум дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ ба сар мебаред. Вале эҳсос мекунам, ки нисбат ба тақдири ин мардум ва миллат он қадар беаҳамият ҳам нестед. Пас, ба ёди Ватан, дур аз Ватан зиндагӣ кардан чӣ маънӣ дорад?


-Бояд дар Ватан зист ва бо мардуми худ ҳамтақдир буд. Ҳама чизи дигар кӯшиши тасаллост. Аммо ман ояндаи тоҷиконро дар он мебинам, ки дар ҳар кишвари ҷаҳон ҷомеаҳои худро дошта бошанд ва аз ҳар гӯша барои мардуму Ватани худ кор кунанд. Дигарон Ватани моро ин қадар тангу кӯчак карданд, ҳоло подош бигиранд. Тоҷикистон наметавонад даҳҳо миллиёнро ғунҷонад. Хар куҷо имкон ҳаст, Ватане бояд сохт, вале барои имдод ба Ватани аслӣ, ба Тоҷикистони азиз.


-Ҳоло андешаи онро ҳам надоред, ки барои зиндагии доимӣ дигарбора ба Тоҷикистон баргардед?


-Дар лаҳзаҳое, ки эҳсос дар ман пирӯз меояд, сахт мехоҳам бархезаму баргардам ва лаҳзаҳое, ки ақли солим бо ман ҳарф мезанад, бозгаштро ба рӯзи дигаре вогузор мекунам.


-Аз рӯзномаи «Чароғи рӯз» то бахши тоҷикии радиёи амрикоии «Озодӣ». Ин фаъолияти рӯзноманигорӣ барои Салими Аюбзод манбаи нон буд, ё манбаи ном?


-На ин ва на он. Асли матлаб – озмоиши хештан, ёфтану шинохтани худ. Баъдан мумхолифат ба беадолатӣ ва дурӯғ ва ҷустуҷӯйи ҳақиқату гуфтани ошкорои он ба дигарон ва кӯмак ба мардуми хеш бо ин амал.


Ахиран, китоби «Гунги хобдида» — и шуморо хондам. Тарзи навишти он ёде аз адабиёти муосири Ғарб мекунад. Ҳоли ҳозир, шахсан ба адабиёти тоҷик таваҷҷӯҳ доред? Агар «ҳа», пас ба вазъияти адабиёти аҳди истиқлол дар Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳед?


-Афсӯс, на ҳама чизи нав дар адабиёти имрӯзи кишвар дастрас мешавад. Аммо ахиран китоби Қодири Рустам ба дастам расид. Аз қиссаи зинда шудани Рӯдакӣ дар рӯзгори мо ва эссе дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд мутаассир шудам. Вале ба сурати кул (л) адабиёти мо як давраи раҳҷӯйиро ба сар мебарад ва комёбиҳои ҷаҳонии он дар пешанд.


-Бисёриҳо ҳанӯз ҳам аз ақидаи он ки гӯё оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон рӯзноманигорон аланга додаанд, рӯй нагардонидаанд. Агар махфӣ набошад, ҳамчун рӯзноманигори давраи ҷанги шаҳрвандӣ мегуфтед, ки оё ин нукта воқеият дорад?


-Агар воқеаҳо ба дунболи хабару мақолаҳои мо ба амал меомаданд, на баръакс, шояд ин гап заминае дошт. Вале воқеаҳо ба суръате рӯй медоданд, ки мо ба онҳо расида наметавонистем. Акнун мо чӣ тавр гунаҳкор бошем? Дигар ин ки кадом нашрия ба мардум силоҳ тақсим кард ва кадом нашрия нагузошт, ки тарафҳо дар гуфтушунид ба созиш расанд? Ягон нашрияи кишвар Русия ва ӯзбекистонро даъват накард, то дар ҷанги Тоҷикистон саҳм гиранд. Мақсад аз тӯҳматҳо пӯшонидани ҳақиқат ва як андозае ҳасад аст. Ҳанӯз он қуллаеро, ки журнолизми он солҳо, бо вуҷуди камбуду камомадҳояш фатҳ кард, касе накардааст. Албатта, тарфи дигари масъала зиёдарваиҳо буд, ки бояд эътироф шаванд, вале ҳеҷ яке аз онҳоро намешавад, сабаб ё ангезаи ҷанг номид.


-Китоби таърихии «Сад ранги сад сол» саросар ба шикастҳои таърихии халқи тоҷик дар асри бистум навишта шудааст. Мақсад аз таълифи ин китоб чӣ буд? Акнун мо дар кадом марҳила қарор дорем ва моро чӣ шикастҳои навбатӣ дар қарни бисту якум интизор аст?


-Мақсад дарёфти решаҳои вазъи имрӯзии кишвар ва сарчашмаҳои миллии тоҷикон буд. Мо ҳоло дар марҳилаи бисёр муҳими таърихӣ ҳастем ва дар ҳоле метавонем, аз шикастҳои нав худро эмин гардонем, ки наслҳои донишманд, ҳушёр, пурғайрат ва озодандешро ба воя расонем. Ба ҳамаи навгониҳо боз бошем ва ҳамзамон рӯҳи миллии худро нигаҳ дорем. Кишвари мо сарватҳои буурги нафту гоз надорад, дар роҳбандон ҷой гирифтааст. Мемонад фақат ин ки ақл ва нерӯи худро ба ҷаҳон содир кунад. Алҳол мо содиркунандаи нерӯи кори сиёҳ ҳастем. Ин ҳол метавонад, моро дар ҳошияи таърих нигаҳ дорад.


-Оё аз аҳволи журналистон ва журналистикаи муосири тоҷик дараке доред? Барои журналистони имрӯз чӣ чиз намерасад (ё дар навбати худ чӣ бурдҳо доранд)? Ҳамчунин дар мавриди озодии сухан (матубот) дар Тоҷикистон чӣ гуфтаниҳо доред?


-То андозае аз вазъи ҳамкасбон огаҳӣ дорам ваш одам, ки бо вуҷуди ҳамаи сахтиҳо онҳо тавонистаанд, рӯҳӣ озодандеширо дар матбуот ҳифз кунанд. Афсӯс, на ҳама дар кишвар мепазиранд, ки озодии сухан хамирмояи ҷомеи пешрафта ва шукуфон аст. Норасоӣ дар сатҳи кордонӣ ва ҳирфавият, иттиҳоди қавӣ, рақобати созанда ва масъулиятшиносист. Аммо инҳо ислоҳшавандаанд. Ҳукумат ва матбуот бояд дар асоси манфиатҳи умумимиллӣ дар ҳамкорӣ бошанд. Зеро ҳукумат бе матбуот хеле нотавон хоҳад буд. Ба назар мерасад, ки ҳоло қойидаҳои ин ҳамкорӣ ва ҳамбозӣ ҷобаҷо нашудаанд.


-Худшиносии миллӣ. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар фикри онанд, ки чи гунна эҳсоси Милли мардумро боло баранд. Ба фикри Шумо, худшиносии миллӣ кадом аст, ки мардум ба он арҷгузор бошанд?


-Худшиносии миллӣ, аз нигоҳи банда, чизест, ки мо аз падару модар мерос мегирем, аз ҷамоаҳои мо бармеояд ва сипас аз муштаракоти забонӣ, таърихӣ, ҳудудӣ, фарҳангӣ ва динӣ тақвият ёфта фаротар меравад. Ҳоло он дар миёни мардуми мо ба ду таҳдиди бузург рӯбарӯст. Яке – бесоҳибӣ ва бегонагӣ. Давлат бояд ингуна бошад, ки ҳеҷ як аз узви ҷомеа худро бесоҳиб ва бегона ҳис накунад. Дигар – маҳал ва минтақагароӣ, ки кушандаи ҳамагуна худшиносист. Афроди камсаводу камҳунар ва нолоиқу тасодуфӣ аз маҳалгароӣ ҳамчун сипа рва ё тахтаи хез (tramplin) истифода мекунанд. Бо вуҷуди он ки онҳо даври худро аз афроде, ки худ зеҳнашонро заҳролуд кардаанд, пур менамоянд. Дар асл онҳо хеле ва хеле танҳову бечораанд. Ва ман онҳоро махавҳои маънавӣ мешуморам. Аммо ҳарду таҳдиди решапайванд сунъӣ ва ғайритабииянд. Маразҳои сирояткунанда, аммо табобатшавандаанд. Ин ҳам яке аз майдонҳои набарди матбуот, маориф, адабиёт ва ҳунари мост.


— Шояд гоҳ-гоҳе аз давраи зиндагиятон дар Тоҷикистон ёд ҳам кунед. Ҳоло ба назаратон кадом лаҳзаи беҳтарини зиндагиятон дар Тоҷикистон гузаштааст?


-Беҳтарин лаҳзаҳои умрам дар Тоҷикистон – сӯҳбату сайругаштҳо бо падарам. Шахсе, ки номи кӯчаҳоро дар деҳкадаи мо ба ёдгорӣ Рӯдакӣ, Ҳофиз, Хайём, Саъдӣ, Ҷомӣ, Бедил, Зебуннисо гузошт. Шахсе, ки метавонист ба зинаҳои баланди мансабҳои давлатӣ рассад, аммо дар солҳои шастум аз узвият дар Ҳизби Коммунист рӯй тофт ва бо ҳамин ба мактаб баргашт, то беҳтарин шогирдонро ба воя расонад. Ман аз китобхонаи сарватманди ӯ баромадаам. Дар зодбуми ман номи ман аҳамияте надорад. Чунки он ҷо маро пештар ҳамчун «набераи Домуллоаюб» мешинохтанд, акнун ҳамчун «писари устод Иброҳим». Дареғо, натавонистам аз сӯҳбатҳои ӯ сер шавам ва интизори рӯзи дидор ҳастам. Ҳарчи ҳастам, аз ӯ ҳастам!


-Беҳтарин идорае, ки он ҷо фаъолият кардаед, кадом буд?

-Ин идораи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» буд дар солҳои 1982 – 91. Сардабири мӯҳтарами мо Аскар Ҳаким тавониста буд, ки ҳайъатеро аз инсонҳои нодир ва боистеъдод ҷамъ оварад. Манн хушбахтам, ки ӯ маро пас аз ронда шуданам аз «Комсомолии Тоҷикистон» — и Ато Ҳамдам (ба иллати ошӯбгарӣ) ҷустуҷӯй кард ва ба кор даъват намуд. Хушбахтам, ки бо Адаш Истад, Муаззама Аҳмадова, Муҳаммадзамони Солеҳ, Баҳманёр, Мазҳабшои Муҳаббатшо, Раҳмат Назрӣ, Абдулҳамиди Самад, Бахтиёр Муртазоев ва афроде монанди онҳо ҳамкор Будам ва аз ҳар кадоме онҳо хеле чизеро омӯхтаам. Мо воқеан як дастаи олиҷаноб будем ва беҳуда набу, ки адади нашри рӯзнома он вақт аз 2 ҳазор ба 200 ҳазор нусха расида буд.


-Нахустин маводи навиштаи журналистиятон ба ёдатон ҳаст? Он кадом буд? Беҳтарин навиштаатон кадом аст?


-Дар ёдам ҳаст, ки як хабари мактабӣ дар нашрияи ноҳиявӣ буд. Ин ҷо боз ҳам падарам ба ёдам мерасанд, ки маро – талабаи синфи шашумро боре ба идораи ин нашрия ва матбааи он ба «экскурсия» бурда буданд. Баъдан манн инро фаромӯш карда будам ва фақат вақте ки дар нашрияи ноҳияи Файзобод таҷрибаомӯз будаму вориди матбааи он шудам, он сафари кӯдакӣ дар зеҳнам зинда шуд. Беҳтарин навиштаро бояд аз хонандагон пурсид. Аммо ҳамин лаҳза, агар фикр кунам, мақолаҳоям дар бораи партовгоҳи радиоактивии Файзобод, «Кишвари қабрҳои кӯчак» дар бораи маргумири модару кӯдак, зарурати эҳёи номи шаҳри Хуҷанд бо он номаи эътирозии депутатҳои Ленинобод, ки барои ман ҷазо талаб мекарданд. Зеро навиштам, ки бояд номи бостонии Хуҷанд зинда шавад. Инҳо ба фикрам моли солҳои 1990 ва 1991 – и «Адабиёт ва санъат» мебошанд.


-Ҳоло дар сари кадом андеша ҳастед? Андешаи таълифи ягон асари дигарро дар бораи тоҷикон надоред?


-Ҳоло бо мадад ва раҳнамоии райиси бахши тоҷикии радиёи «Озодӣ» Маъсумаи Турфа ба таҳияи риштабарномаҳое бахшида ба сулҳи Тоҷикистон омодагӣ мебинам. Ин силсила ба муносибати даҳсолагии сулҳи Тоҷикистон дар соли 2007 нашр хоҳад шуд. Аз ҳоло бисёр чеҳраҳои маъруфе аз Тоҷикистон, Русия, Ирон ва Созмони миллали муттаҳид ризоият додаанд, ки дар он ширкат кунанд.


-Он чӣ чиз буд, ки гуфтан мехостеду ман напурсидам?


-Чизи мушаххасе надорам, ҷуз ташаккур кунам аз Шумо, ки ба василаи саволҳои Шумо Ватани азиз ва бисёр чизҳои гузашта ба ёдам расид. Кам фурсат мешавад ба ин. Кор зиёд аст. Вақт хеле кам. Аммо ман шукр мекунам ҳанӯз шӯри ҷавонӣ дар дил дорам ва шояд кори асосии худро ҳанӯз ҳам анҷом надода бошам

Моҳи ноябри соли 2005, нашрияи Варорӯд

http://kayoumars.blogspot.com/


Ғарб дар ботлоқи Афғонистон

Аъзам Хучаста

Рузи якшанбеи 7 феврал дар конфронси амниятии Мюнхен раиси чумҳурии Афғонистон, ки дар бораи мушкилоти амниятии кишвараш сухан мегуфт, хабар дод, ки дар ростои тақвияти артиши миллй дар назар дорад хидмати сарбозиро барои ҳамаи шаҳрвандони афғон ҳатмй намояд. Ҳомиди Карзай бо ишора ба ин ки бояд ба тадрич умури амниятии кишвар ба неруҳои бумй вогузор шавад, таъкид кард, ки уҳдадории низомии шаҳрвандон имкон хоҳад дод, камбуди неру дар сохторҳои артиш рафъ шавад.

Албатта ин ибтикори раиси чумҳури Афғонистон баргирафта аз авзои дохилии ин кишвар аст, ки тайи чаҳор даҳсола бо чангу хунрезй ҳамроҳ будааст. Аммо шароити кунунии Афғонистон ичрои чунин иқдомеро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст, зеро беэътимоди мардум ба давлати Кобул ва нотавонии ин давлат дар таъмини амнияти шаҳрвандон боис шудааст, ки шаҳрвандони Афғонистон камтарин мушорикатро дар барномаҳои давлат дошта бошанд. Ҳарчанд қабл аз нишасти Мюнхен дар канфронси Ландан барномаҳое дар ростои тақвияти давлати марказии Кобул дар назар гирифта шуд, аммо меконизми ичрои ин барномаҳо, ки такрори нишастҳои номуваффақи қаблй аст,умеди амалй шудани ин барномаҳоро беш аз ҳар замони дигаре заъиф кардааст. Аз суи дигар Ғарб дар расидагй ба мушкилоти Афғонистон, ё саҳеҳтар бигуем, барои раҳои аз ботлоқи Афғонистон дучори сардаргумй аст ва дар ҳоле, ки Амрико талош дорад ҳузури низомии худ ва муттаҳидонашро дар он кишвар тақвият кунад, масъалаи пуштибонй аз неруҳо бо мушкилоти фаровоне мувочеҳ шудааст. Қарори маълум, дар пайи ташаннучи авзоъ дар Покистон, ки масири аслии интиқоли тачҳизоти зарурй барои неруҳои ғарбии мустақар дар Афғонистон буд, давлатҳои ғарбй ба саркардагии Амрико ру ба кишварҳои ҳамчавор дар Осиёи Марказй оварданд, то амалиёти пуштибонй аз неруҳои худ дар манотиқи мухталифи Афғонистонро анчом диҳанд. Кишварҳои Осиёи Марказй, ки ба таври суннатй дар вобастагиҳои мушаххасе аз Русия қарор доранд, ҳарчанд ҳозир ба ҳамкорй шудаанд, аммо ба бовари ғарбиҳо ин раванд метавонад ҳар лаҳза халалдор шавад.Яъне ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказй дар бисёр ҳолатҳое ба наҳваи равобит миёни Амрико ва Русия бармегардад, амре ки эътимоди Ғарб ба садоқати кишварҳои ин минтақаро заъиф кардааст. Ба вижа ҳузури наёфтани Узбакистон дар конфронси Ландан кишварҳои ғарбиро ба ин натича расонд, ки ба фикри масирҳои чойгузини таронзити тачҳизоти мавриди ниёз ба Афғонистон бошанд. Дар ҳамин росто гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавзуи таронзити коло ва муҳимоти пуштибонй аз неруҳои низомии ғарбии мустақар дар Афғонистон аз тариқи Чинро дар дастури баррасй қарор додааст. Мақомоти амрикойи эҳтимоли истифода аз бандарҳои Русия дар Шарқи дурро низ дар чорчуби ҳамин барнома қарор додаанд. Албатта Вошингтон ба масъалаи мушорикат додани Чин дар масоили Афғонистон эҳтиёткорона амал мекунад, зеро Чинро аз рақибони сарсахти худ дар минтақа медонад.Мақомоти амрикои эътироф кардаанд, ки бо вучуди ҳамкориҳои Тошканд дар чиҳати интиқоли коло ва муҳимот ба Афғонистон, бюрократияи мавчуд дар сохторҳои ин кишвар , ҳамчунин ришвахорй ва худхоҳии масъулон узбак онҳоро хаста кардааст. Коршиносон ва мутахассисони амрикойи мегуянд, дар роҳ ба Афғонистон мушкил сари мавзуи расидан ба Осиёи Марказй нест, балки мушкили аслй гузаштан аз қаламрави Узбакистон аст. Мақомоти узбак дар мавриди мушорикат накарданашон дар нишасти Лондон ҳеч гуна ибрози назаре накарданд, аммо бо таваччуҳ ба амалкарди Узбакистон дар қиболи масоили Афғонистон, ин андеша тақвият мешавад, ки ин иқдоми Тошканд дар ростои бочхоҳиҳои навбатии Узбакистон аз кишварҳои дахлдор дар масоили Афғонистон сурат гирифтааст. Аммо воқеият ин аст, ки дар шароити кунунии Осиёи Марказй, ки тақрибан ҳамаи кишварҳо талош доранд аз мушорикат дар барномаҳои ғарбии марбут ба Афғонистон суд бибаранд, шанси Узбакистон дар ин замин чандон зиёд нест. Аз суе, гуфта мешавад, ки нодида гирифта шудани пешниҳоди Ислом Каримов дар мавриди тачдиди фаъолияти гуруҳи ҳамсоягони Афғонистон бо номи гуруҳи 6+2 (Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон,Чин, Покистон, Туркманистон, Русия, Амрико),иллати ҳузур наёфтани намояндаи Узбакистон дар конфронси Лондон мебошад. Аммо бо таваччуҳ ба ин ки ҳамзамон бо баргузории нишасти Лондон (28 январ)дар яке аз сойтҳои интернетии марбут ба ҳукумати Узбакистон иттилоия дар мавриди қарори Ислом Каримов таҳти унвони «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» ба табъ расид, чунин бармеояд, ки адами ҳузури намояндаи Узбакистон дар конфронси Лондон як худнамойии дигар аз тарафи раиси чумҳури Узбакистон буд. Асли қазия он аст, ки давлати Тошканд ба ҳамкориҳо бо Ғарб дар чорчуби масоили Афғонистон аҳамияти зиёде қоил аст.Зеро ин ҳамкориҳо ба Тошакнд имкон медиҳанд, ки стротегияи нуфузи худ дар шимоли Афғонистонро осонтар пайгирй кунад.Додани ичозатномаи сохти роҳи оҳан аз бандари Хайратон то Мазори Шариф ба Узбакистон, натичаи ҳамин ҳамкориҳои ин кишвар бо Амрико будааст. Аз баррасии масоили Афғонистон ва наҳваи расидагии кишварҳои ғарбй ба ин масъалаҳо бармеояд, ки аслитарин ҳадафи ишғоли ин кишвар на кумак ба мардуми Афғонистон, балки аз байн бурдани рақибони худ дар минтақа ва тасарруфи манобеъ ва сарватҳои бештар мебошад. Гузоришҳои мақомоти расмии давлати Кобул дар мавриди истифода аз кумакҳои башардустона ва сармоягузориҳои кишварҳои ғарбй дар Афғонистон баёнгар аз он аст, ки бахши аъзами ин кумакҳо барои ба истилоҳ умури ташрифотии ниҳодҳои байналмилалии воқеъ дар Афғонистон харч мешавад. Ин умури ташрифотй иборит аст аз ичораи дафтарҳо, хариди мошинҳои люкс, маъмуриятҳои заруру нозарур ва ҳуқуқи кормандони ин ниҳодҳо. Дар ин маврид ҳатто дар порлумони Афғонистон борҳо баҳсҳо матраҳ шудаанд.Ҳамин масъала боис шудааст, ки мардуми Афғонистон ва нухбагони сиёсию фарҳангии ин кишвар ба натоичи конфронсҳое назири канфронси Лондон ба дидаи шак ва шубҳа нигаранд.Ба илова, тарҳи чадиди Ғарб дар мавриди музокира бо толибони муътадил ва чудо кардани 500 миллион доллар ба ин манзур, ин ақидаро тақвият кардааст, ки чанг бо толибон баҳонае барои ишғоли Афғонистон тавассути Ғарб будааст ва акнун бо мушорикат додани гуруҳе аз толибон дар корҳои идоракунии Афғонистон, Ғарб қасад дорад зимни эчоди нифоқ дар сафҳои ин гуруҳи иртичойи, заминаи сирояти нооромиҳо ба кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистонро фароҳам намуда, барномаҳои роҳбурдии худ дар ростои ғорати миллатҳоро дунбол кунад. Аммо он чй ба барномаи давлати Карзай дар заминаи ҳатмй эълом кардани хидмат дар артиш барои чавонони ин кишвар бармегардад, дар чорчуби барномаест, ки тибқи он то соли 2011 теъдоди неруҳои артиши Афғонистон ба 171 ҳазор ва пулиси ин кишвар ба 134 ҳазор афзозоиш хоҳад ёфт. Бо ин ҳол беэътимодии мардуми Афғонистон ба давлати ин кишвар, ичрои ин барномаро ба амре ғайриқобили ичро табдил кардааст, ки ҳосили он фирори бештари мардуми ин кишвар ба хорич хоҳад буд. Амре ки хонаводаҳои афғон дар ростои ҳифзи чони фарзандони худ анчом хоҳанд дод. Зеро барои аксари кулли мардуми Афғонистон маълум нест, ки дар кишварашон ин ҳама чангу куштор ба хотири кй ва чй ҳаст?

http://khujasta.wordpress.com/

Биёед, ба Галустян мадад кунем

Салими Аюбзод

Рости гап, бадӣ ё ҳатто фақат ангезаи он, яъне бадхоҳӣ, шадидан хилофи табиат ва арзишҳои ахлоқии ман аст. Вале ҳангоме ки сухан аз нанги миллӣ меравад, бадие, ки ҳадафаш на осебрасонию интиқом, балки сабақ додан аст, қобили қабул намудор мешавад.

Ва чунин “бадӣ” шояд на бадӣ, балки кори дурусту ҳақпарастона бошад. Ё вокунише бо мақсади дифоъ аз шаъну обрӯи миллӣ ва посухе мутамаддин ба шахсе, ки симои як миллатро дар ҷаҳон лодаву бефаросат, гӯлу лаванду бесавод нишон додааст. Манзурам, ҳамон Михаил Галустян ва шариконаш аст, ки аз мардикори тоҷик дар шабакаҳои телевизион ва чанде пеш дар як филми пурраметраж тасвири аблаҳу аҳмақеро додааст. Агар ин намоишҳои таҳқиромези галустянҳо ба миён намеомад, олами танз ҳеҷ зиёне намедид, вале он гоҳ беҳурматӣ нисбат ба тоҷикон дар Русия низ то ба ин ҳад намерасид, ки бархе аз нашрияҳо вожаи “тоҷик”-ро бо “джамшутҳо” иваз кунанд.

Албатта, худи муҳоҷирон низ дар ин раванд саҳми муайян доранд, аммо бесаводӣ ва тафовутҳои фарҳангӣ танҳо хоси тоҷикон набудаву нест, балки намояндагони миллатҳои дигар низ дар диёри бегона метавонанд, ба ҳар гуна иштибоҳҳо роҳ диҳанд.

Аммо Галустян ва коргардони ӯ, Гарик Мартиросян бепаноҳтарин муҳоҷиронро ҳадафи ҳаҷви сиёҳи худ қарор доданд. Ман бисёр фикр кардам, ки чаро маҳз тоҷиконро интихоб карданд, на узбакҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ё туркманҳоро? Ба андешаи ман, ин интихоб ҳисобшуда буд. Аз фурӯпошии шӯравӣ то имрӯз тоҷикон рӯшану ошкор нишон доданд, ки аз хештан дифоъ карда наметавонанд. Барои ин на иттиҳод доранд ва на дониш. Ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997 худ дар матбуоти Русия аз тоҷикон як симои манфӣ ба ҷой гузошта буд. Баъдаш вазири дифоъи Русия Павел Грачев аз тариқи телевизион мавҷи аввали муҳоҷиронро “рвань и шваль” номида буд, ки бояд аз Маскав ба зарба берун афканда шаванд (вышвырнуть из Москвы!). Дар ҷавоб – сукути тамом. Ба думболи ӯ намояндаи раисиҷумҳури Русия дар Думаи давлатӣ, Котенков аз минбари ниҳоди олии қонунбарори ин кишвар тақрибан ба ҳамин маънӣ ба рӯйи тоҷикон тфу кард. Сипас, Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Владимир Лукин муҳоҷирати тоҷиконро “як ҳаракати хазанда” номид. Баъд Лужков, ки борҳо нону намаки тоҷиконро чашидааст, низ заҳри худро чаконд. Ду сол пеш як рӯҳонии бонуфузи Русия духтарчаи тоҷик – Хуршеда Султоноваро, ки аз ёхдаҳ зарби кори пӯстсарҳо кушта шудааст, “тоҷири ҳероин” унвон кард. Ҳамаи ин беҷавоб монд ва ҳеҷ яке аз онҳо барои тавҳин маъзарат нахост. Дар ин ҳама таҳқир ба унвони узбакҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ё туркманҳо садо надодааст, пас чаро галустянҳо онҳоро интихоб кунанд? Дареғо, ки иғво идома дорад. Акнун, ба болои ҳамаи таҳқире, ки ин бозигарони ношуд дар ҳаққи як миллат раво диданд, Галустян ба ҳайси “пи-ари сиёҳ” ё таблиғияи тӯҳматомез хабар додааст, ки тоҷикон ба ҷони ӯ ва аҳли оилааш таҳдид мекунанд, биноан бояд зери ҳимояти хадамоти амниятии Русия ба сар барад. Мехоҳад, аз худ Салмон Рушдӣ созад. Ин овоза гӯё аз шарҳу номаҳои хашмолуди тоҷикон дар шабакаи интернет бархостааст. Қатъиян маҳкум мекунам онҳоеро, ки агар дар ҳақиқат чунин номаҳо нашр карда бошанд.

Бо ҳар ҳарфи таҳдидомез ё дашному таҳқир муаллифон пеш аз ҳама миллати худро таҳқир мекунанд ва ба хидматгорони Галустян табдил ёфта, намоишҳои вайро тасдиқ мекунанд. Пешниҳоди ман дигар аст ва таъсири он низ тамоман дигар хоҳад буд. Бояд бо як номаи дастаҷамъона ба шаҳрдории Нюрнберг муроҷиат кард, ки Галустянро барои ширкат дар консертҳои “Ледниковҳй период” дар ин шаҳр роҳ надиҳанд. Қарор аст, дар аввалҳои моҳи апрел Галустян дар ҳайати ҳунарпешагони Русия ба Олмон ва аз ҷумла шаҳри Нюрнберг сафар кунад. Таври маълум дар ин шаҳр мурофиаи додгоҳии натсистҳо баргузор гашта буд. Дар он муҳокимаи таърихӣ на танҳо саркардагони фашизм, балки куллан идеологияи натсистӣ ва нажодпарастӣ маҳкум шуданд. Пас бо кадом рӯ Галустян, ки намоишҳои ӯ намунаи барҷастаи идеологияи фашистиянд, ба ин шаҳр сафар мекунад ва чаро бояд шаҳрдории Нюрнберг ё умуман Олмон вуруди чунин шахси нажодпарастро ба қаламрави худ манъ накунад? Барои ин муроҷиати тоҷикон ба шаҳрдории Нюрнберг, Вазорати умури хориҷии Олмон ва сафорати Олмон дар Тоҷикистон даркор аст. Ҳукумати Олмон ба чунин масъалаҳо бисёр ҳассос аст ва чунин талабномаро бепосух нахоҳад гузошт. Ин ба ҳеҷ ваҷҳ шабеҳи зарбаи ноҷавонмардона ба тахтапушт нест, балки талаби қонунии онҳоест, ки аз “мӯъҷизаҳо”-и Галустян таҳқир дидаанд. Беэҳтиромӣ ба муҳоҷирони тоҷик, латукӯб ва қатлу куштори онҳо, аз ҷумла буридани сари ҷавони тоҷик дар Маскав, зери таъсири бевоситаи намоишҳои Галустян ба вуқӯъ пайвастаанд. Танзи ӯ намунаи ҳунар ё латифа нест. Ин хандаи мусбат нест, балки сиёҳкории мудаввому систематик ва паст задани як қавм дар баробари қавми дигар аст, ки 100 дарсад баёнгари ақидаҳои фашистӣ мебошад. Ин маъниро бояд ба ҳукуматдорони Олмон расонд, ки ба чунин шахс иҷозаи вуруд ба Олмонро надиҳанд. Бояд шитофт, зеро имрӯзҳо мумкин аст, Галустян дар пайи дарёфти раводиди сафари Олмон бошад. Бояд садо баланд кард ва агар дарвоқеъ ӯро ба ин кишвар роҳ надоданд, беҳтарин хабар ва беҳтарин танз хоҳад буд. Ин бадӣ ба Галустян не, балки некӣ ба ӯ хоҳад буд, то бидонад, ки агар ба боми касе кулӯх адохтӣ, интизори санг ба боми худат бош ва то шояд бифаҳмад, ки бо иззати нафси як миллат бозӣ кардан, ҳаргиз шаъну обрӯ намеорад. Худо кунад, рӯ ба ростӣ ва некӣ орад? Биёед ба ӯ кӯмак кунем.

Мо метавонем?

http://aioubzod.wordpress.com/

Бо дард зист, бо дард рафт…

Салими Аюбзод

Намедонам чаро, аммо мехоҳам, дар рӯзи марги Устод Фаррухи Қосим бихандам. Баланд! Ҷарангдор! Беохир! Гӯшкаркунанда! Магар дар рӯзи мотам кас механдад? Охир ин беэҳтиромӣ ба рӯҳи майит нест? Касеро дидаед, ки ба думболи тобут хандакунон биравад? Агар рӯзи 8-уми феврали соли 2010 чунин касеро дар роҳ ба қабристони Лучоб дида бошед, он ман будам…

Хандаи ман ҳамон хандаи сароғози “Тӯдаи риёкорон” аст, ки Фаррух қариб 30 мол пеш рӯйи саҳнаи театри Лоҳутӣ овард. Ва ҳамон хандае, ки дар поёни ин намоиш садо медиҳад. Хандае ба ҳазорон рангу маънӣ. Хандае мисли мушт ба рӯйи риёкорон. Дақиқтараш ба ниқоби риёкорон, чун онҳо рӯй надоранд. Хандаи ниқобшикан.Хандаи маро худи Фаррух сохтааст ва вақте аз даруни тобут онро мешунавад, сад дарсад бовар дорам, лабханд мезанад. Медонад, ки намурдааст ва намемирад. Онҳое, ки мегирйед, наход бовар мекунед, ки ӯ бозии беҳунаронаи шуморо намефаҳмад ва гиряҳои риёкоронаи шуморо намешиносад?Ҳоло мефаҳмам, ки дар “Тӯдаи риёкорон” Фаррух на нақши Молйерро мебозид, балки саргузашту сарнавишти худро мезист. Оре, ӯ нақшҳоро намебозид, балки мезист. Ва онеро мезист, ки ҳамнавои дилаш бошад. Молйер дар тасвири Михаил Булгаков на танҳо Молйер, балки худи Булгаков низ буд ва дар иҷрои Фаррух – ҳарсе. Риёкорон – ҷомеае, ки мо дар он мезистем. Саргузашту сарнавиште пур аз дард ва машаққат, ҳасрат ва андӯҳ, дарбадарӣ ва саргардонӣ, озор ва фишор. Ниқобҳои хандону гирён ҳанӯз аз замони Юнони қадим рамзи театранд. Аммо бархе онҳоро ба таври таҳтуллафз мепазирад ва ҳам дар саҳнаву ҳам дар зиндагӣ бо ниқоб мегардад. Барои Фаррух на он ҷо ва на ин ҷо ниқоб вуҷуд надошт. Вақте Фаррух Булгаковро ба саҳна мегузошт, бисёриҳо дар Тоҷикистон кӣ будани Булгаковро намедонистанд, чун аксари осори ӯ мамнӯъ буд. Он вақт пас аз хандаҳои молйерӣ, ҳомерӣ, булгаковӣ ва фаррухӣ дар “Тӯдаи риёкорон” бинанда дар роҳ ба хонааш мегирист, вале чунинҳо кам буданд. Шоҳро дар “Риёкорон” Ато Муҳаммадҷонов мебозид. Ҳузураш дар саҳна кӯтоҳ, аммо фаромӯшнопазир буд. Ҳанӯз ҳам пеши чашмонам аст. Ҳузуре, ки ҳайбаташ на танҳо саҳна, балки толорро ҳам пур карда буд. Солҳо баъд дарк кардам, ки Ато на танҳо шоҳ, балки ҳамзамон Сталин, Брежнев, Маҳкамов, диктатор ва раҳбарро мебозидааст. Раҳбарони худро мардум дар “Хонасӯзон” ҳам дидааст. Дар ин намоиш Фаррух ду сол қабл аз вуқӯяшон рӯйдодҳои феврали соли 1990 ва чаҳор сол пеш аз сар заданаш ҷанги хонумонсӯзи Тоҷикистонро пешгӯӣ кард. Ин намоиш соли 1988 ба саҳна омад ва ҳанӯз мардум намедонист, ки бо шиор ба кӯча баромадану митинг кардан чист. Нахустин гирдиҳамоии эътирозии Тоҷикистон дар саҳнаи Театри ҷавонон бо хости Фаррух Қосим ба вуқӯъ пайваст. Аммо ин эътирози ҷангҷӯёна набуд, балки ҳушдори сахт аз кажроҳа, норозигӣ аз вартаи бузурги байни ҳукумат ва мардум, дақиқтараш деворе байни ин ду, ки танҳо садои пушти деворро мешуниданд ва ҳамдигарро намедиданду намедонистанд ва ҳар тараф ба таври худ мезист. Ин ҳушдор буд, ки як раҳбар ва як миллат рӯи бучкаҳои бензин паҳлуи оташбозон нишастаанд ва агар роҳе ба дили ҳамдигар наёбанд, хонаи худро хоҳанд сӯхт. Ҷомеаи риёкор ҳушдорро нашунид ё шунида бошад ҳам, нодида гирифт. Хона сӯхт ва хонасӯзон ҳам сӯхтанд. Ҳушдори қавитаре акнун дар рӯзҳое садо медод, ки аз ҳаво бӯйи хун меомад. “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр”. Бародаркушӣ. Чанде баъд вожаи “ҷанги бародаркуш” сари забонҳо мешавад. Аз ҳар кошона нолаи модарон баланд мешавад. Магар нашунида будем, навҳаи занонро дар ҳаққи Юсуф? Магар надида будем, чархи арғувониро, ки вақте ба ҳаракат омад, саҳна ҳама мисли хун сурх шуд? Пас на танҳо риёкору кар, кӯр ҳам будем! Оё чунин касон ба ҷуз аз хунрезӣ чӣ инқилобе карда метавонанд? Фаррух ҳадаф надошт, бо ин намоишҳояш дар театр, тавре имрӯз мегӯянд, инқилоб кунад. Вай мехост, дар зеҳни мо инқилоб орад. Дар гӯшаи хотираш набуд, ки “Юсуф” ба кишварҳои дуру наздик меравад ва дар ҳунари театрии онҳо чархиши куллие ба вуҷуд меорад. На, вай ин намоишҳоро барои онҳо насохта буд , балки барои мо, барои халқи худаш. Зеро ин халқро баробари ҷони хеш дӯст медошт, ҳатто шояд бештар аз он. Вале мо чӣ кардем. На ман, ки механдам, балки риёкороне, ки имрӯз мегирянд. Бистуду сол ӯро кӣ сарсону дарбадар кард? Ҳанӯз раҳбари вақти Тоҷикистон, Қаҳҳор Маҳкамов дар ҳузури даҳҳо тан аз фарҳангиёни тоҷик ваъда дода буд, ки барои театри “Аҳорун” толор медиҳад. Сол аз пайи сол ба ӯ ваъда медоданд, аммо вафо намекарданд. Бепулу бенон бо бачаҳояш шоҳкорҳо меофарид. Замоне ӯро қадрдонӣ мекарданд, ки дигарон, аз берун бикунанд. Чӣ касоне дар ин муддат сарвару раҳбару коргардону саркоргардони Театри Лоҳутӣ нашуданд. Чӣ карданд онҳо ва чӣ гузоштанд аз худ? Аммо боре магар ӯро даъват карданду калиди ин биноро ба дасташ доданд ва гуфтанд, биёр, бачаҳои гуруснаву саргардонатро, ошиқону девонагони театрро, бигир ин толорро ва обрӯи тоҷиконро ба осмонҳо расон? Бигзор некӣ накунанд, аммо бадӣ ҳам накунанд. Магар риёкорон тамоми корро накарданд, ки ӯ ин гуна хору залил бимонад ва дар ниҳояти амр сактаи қалб шавад, аз дасту пой афтад? Чаро ному ҳунару шӯҳраташ нағз буд, худаш бад? Наход, сарнавишти ҳамаи бузургони тоҷик ҳамин гуна бошад? Соле ки ӯ театр месохт, раҳбари Тоҷикистон талош мекард, пахтаи тоҷик ба 1 миллион тонна расад. Куҷо шуд он пахтаву чӣ монд аз он? Касе ҳаст дар тамоми олам, ки аз ин “қаҳрамонии бардагон” ёд кунад? Бардагони сиёҳи “тилои сафед”! Аммо арзишҳои ҳунарие, ки Фаррух офарид, мондагоранд. Номи раҳбарон ҳам аз таърих сутурда мешавад, тоннаҳои пахта низ, вай мемонад ва на танҳо дар ватанаш, ки бо вуҷуди даҳҳо даъватномаҳои хориҷӣ нахост, онро тарк кунад, балки дар ҳамон кишварҳои Шарқу Ғарб, ки бо ҳунараш онҳоро тасхир кард. Фаррухи азизи мо боқӣ хоҳад монд дар зеҳну дили садҳо ҳазор нафаре, ки аз кору осори ӯ андешидан, фаҳмидан, зистан ва офариданро омӯхтанд. Дар дили наслҳое, ки умрашонро намоишҳои ӯ ғановат додаанд ва бо андешаву эҳсос пур кардаанд. Як даврае бисёр мехост, даст ба синемо занад. Шояд ҳоло сарвати мо боз ҳам бештар мебуд. Дареғ. Касе нахост рақиби бузургро. Магар сазовори ханда нестанд, ин кӯчакдилони тангбин? Фаррух ҳам умри худро фидо кард, то мо ҳақиқатҳоеро дарк кунем, хун гирист, то мо бихандем. Ин аст, ки ман механдам. Ба думболи тобуташ меравам ва механдам. Чаро нахандам, ки худо насибам гардонд, ҳамасри ӯ бошам, ӯро дидаву дасташро фишурда, борҳову борҳо дар сӯҳбаташ нишаста ва аз ӯ омӯхта риёкор набуданро, инсон буданро… Чаро нахандам, чун хандаи маро ӯ сохта, ханда чист, аслан маро ба он гунае, ки имрӯз ҳастам, Фаррух сохтааст. Чаро нахандам, ки акнун дар он дунёи нуронӣ боз менишинанд дар сӯҳбати дӯстони чорёр – Маҳмуди Воҳид, Ато Муҳаммадҷонов, Фаррухи Қосим ва Муҳаммадзамони Солеҳ ва дигарону дигарон… Хандаи ман барои фарқ карданам аз ашкҳои дурӯғин аст. Аз дард ва лоилоҷист. Аммо самимона аст. Фаррух дӯст медошт самимиятро…

http://aioubzod.wordpress.com/

Тоҷикистон ва Олмон: Фарқ аз замин то осмон?

Каюмарси Ато

Ин матлабро шаш сол пеш аз ин, замоне ки мақомоти Тоҷикистон барои нашри ҳафтаномаҳои озодбаёни “Нерӯи сухан”, “Рӯзи нав” ва “Одаму олам” мушкил пеш оварданд, навишта будам. Аммо то ҳоло рӯйи чоп наомада буд. Имрӯзҳо, ки дигарбора дар остонаи интихобот барои ҳафтаномаҳои мустақили дигар ҳамингуна як мушкил пеш омадааст, зарур донистам ин матлабро аз бойгониам гирифта, нашр кунам. Бидуни таҳрир.

Баъд аз наклхои хонум Сюзан Франглер ба хулосае омадам, ки журналистони олмони аз дигар сайёраанду мо аз сайёраи дигар.Акнун чойи бахс нест. Дар Точикистон агар кахри мансабдорони оли ояд, дар як вакт метавонанд, ба хар бахона амнияту озодии журналистон ва рузномахои озодро халалдор созанд. Гувохи ин гуфтахо амронамаи Прокуратураи Генерали ба хафтаномахои «Рузи нав» ва «Неруи Сухан» мебошад.Чоп накардани “Шарки озод”, чопхонаи Дастгохи ичроияи Президент, рузномахои «РН», «НС» ва «Начот» -у «Одаму олам»-ро боз хам чи метавон гуфт? Албатта, норозигии ахли Хукумат аз мавчудияти рузномахои озод. Дар баробари ин, хатто созмонхои байналмиллал низ хомушанд. Онхо хам ёд гирифтаанд, факат бо як мактуб кобили кабул набудани кори хукуматро менависанду тамом.Аммо дар давлати Олмон мардумаш аз мардикорон ва наркобаранхои точик хеле зиндагии осудаву ором доранд. Ба ин монанд, журналистони олмони низ аз хамкасбони точики худ хеле дар пешанд. Дар ин маврид хонум Сюзан Франглер (33 сола, Устоди Донишгохи Берлин ва Швейтсариё), ки тайи чанд муддат дар Хучанд аст, таъкид мекунад, ки дар Олмон журналистон нисбат ба дигар табакахои чамъият хукукхои бештар доранд. Онхо метавонанд аз кадом масъули давлати набошад, ба саволи худ чавоб гиранд, дар холе ки журналистони точик аз дастнораси ба иттилоот танкиси мекашанд.Сюзан мегуяд, дар хамон Олмоне, ки аз Точикистон ба сари ахоли ва худуд бисёр калон аст, давоми кариб 60 соли ахир ягон латукуби журналистон ва фишоровари ба онхо ба кайд гирифта нашудааст. Аммо дар Точикистони кунуни баъд аз соли навадум агар сари зиёда аз 60 журналист хурда шуда бошад, латукуби онхо то хол аз тарафи одамони ношинос идома дорад. Холати имрузаи журналистони точикро хонум Сюзан Франглер ба давраи пешазчангии давлати Олмон мекунанд. Яъне мо аз олмонихои имруз бештар аз 60 сол кафо мондаем.Атрофи масъалаи бакайдгири бошад, Сюзан меафзояд, ки дар Олмон аз тарафи ягон вазорат ба кайдгири нест. Бинобарин, дар Олмон хар як шахрванд метавонад, ки рузномаи худро таъсис дихад. Хатто журналистони олмони маоши хеле баланд доранд. Аз ин сабаб онхо барои дарёфти маблаг аз дигар сарчашмахо овора намешаванд. Аслан онхо маблагро барои нашри рузнома аз хисоби обунаи рузномаи худ ба даст меоранд. Обуна мисоли рузномахои хукуматии Точикистон мачбури сурат нагирифта, балки мардум аз руйи хосташ ба рузномахои хонданбоб обуна мешавад. Ин мисоли он нест, ки агар ягон нафари олирутбаи Точикистонро журналистон камбудяшро гуянд, у худсарона тамоми рузномахоро аз дукон бардораду мардум барои харидани як рузнома вакти зиёди худро сарф кунад. Хонум Сюзан хеле дар ташвиш аст, ки дар чумхурии мо ягон газетаи харруза интишор намеёбад. Вале дар Олмон зиёда аз 130 номгуйи газетаи харруза интишор мешавад. Аммо Хукумати Точикистон кодир нест, ки акаллан рузномахои озодро гузорад, то аз хисоби худ хафтаномахоро ба чоп расонанд. Пас аз ин, ахволи журналистони точикро бо олмони мукоиса карда мешавад? Ё вокеан онхо аз сайёраи дигаранду мо аз сайёраи дигар???

Соли 2004, шахри Хучанд

http://kayoumars.blogspot.com/

Мухолифати Узбакистон алайхи тархи миллии Рогун

Аъзам Хучаста

Нашрияи «Правда Востока» (Ҳақиқати Шарқ), ки марбут ба ҳукумати Узбакистон аст, рузи 3 феврал номаи Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон ба Оқил Оқилов, нахуствазири Точикистонро дар мавриди неругоҳи Роғун, ба табъ расонд.Дар ин нома аз чумла омадааст:Масъалаи сохти неругоҳи Роғун марбут ба ҳамаи кишварҳои минтақа аст, зеро дар ин тарҳ ба манфиатхои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказй таъсир хоҳад гузошт.Дар ин маврид Узбакистон борхо ба Точикистон, Русия ва мачомеи байналмилалй мурочиъа кардааст, то қабл аз ҳар иқдоми ниҳойи, баррасиҳои мустақили байналмилалй дар заминаи пайомадхои зистмуҳитй ва амниятии тарҳи Роғун анчом шавад. Дар номаи нахуствазири Узбакистон бо ишора ба зилзилахез будани минтақаи неругоҳи Роғун, таъкид шудааст, ки ин тарҳ бар асоси фановариҳои 35-40 соли қабл таҳия шуда ба меъёрҳои имруз чавобгу нест.Аз ин ру боястй коршиносон ва мутахассисони мустақили байналмилалй ин масъаларо аз нав баррасй намоянд.

Мирзиёев дар номаи худ ёдовар шудааст, ки созмонҳои бонуфузи байналмилалй ва муассисаҳои молй, назири Созмони миллали муттаҳид,Иттиҳодияи Аврупо,бонки чаҳонй, бонки Осиё ва бонки исломии рушд аз мавзеи Узбакистон ҳимоят намудаанд.Нахуствазири Узбакистон дар поёни нома таҳдид кардааст: Дар сурати нодида гирифтани мавзеи чумҳурии Узбакистон, мо ҳақи худ медонем, ки дар ин масъала ба мачомеи байналмилалй ва созмонҳои экологии чаҳонй, мурочиа намоем, то пеши роҳи фочеахои эҳтимолй, ки такмили ин тарҳ ба ҳамроҳ хоҳад дошт, гирифта шавад. Албатта ин барои аввалин бор нест, ки давлати Тошканд мухолифати худ ба сохтани неругоҳи Роғун дар чумҳурии Точикистонро баён медорад. Чунин эътирозоте дар мавриди сохтани неругоҳи Қамбарота дар чумҳурии Қирғизистон низ матраҳ шудаанд.Аммо ин бор дар пайи тасмими чиддии Душанбе дар мавриди такмили тарҳи неругоҳи Роғун тавассути имконоти бумй, бар қотеияти Тошканд дар пайгирии иқдомоти пешгиронааш афзудааст.Қарори маълум баъд аз он ки талошҳои Точикистон дар чиҳати чалби сармояи хоричй барои такмили тарҳи Роғун натоичи матлубе ба бор наовард, ин кишвар бо тарҳи миллй эълом кардани Роғун, саҳмияҳои онро ба фуруш баровард, то имкони мушорикати тамоми аҳлиро дар раванди сохтани он фароҳам намояд.Ин иқдом, ки тавасути раиси чумҳур ироа шуд, мавриди истиқболи густурдаи аҳолй қарор гирифт ва дар як моҳи нахусти шуруъи он, болиғ бар 170 миллион доллар саҳмия ба фуруш рафт.Яъне Точикистон аз ин тариқ ин паёмро ба мухолифон ва мувофиқони тарҳи Роғун дод, ки дар ростои манфиатҳои миллии худ ва касби истиқлолияти энержй, неругоҳи Роғунро хоҳад сохт, то вобастагиҳои энергетикии худ ба дигар кишварҳоро рафъ намояд. Чумҳурии Точикистон бо доро будани 60% аз захирахои оби Осиёи Марказй, аз зарфияти тавлиди солиёна 527 миллиард киловат-соат неруи барқ бархурдор аст, аммо дар айни ҳол фақат 5 % дар сад аз ин зарфиятҳо мавриди баҳрабардорй қарор гирифтааст.Имруза Точикистон барои рафъи мутолиботи дохилии худ ба 20 миллиард киловат-соат неруи барқ ниёз дорад. Неругоҳҳои мавчуд дар ин кишвар солона ҳудуди 15-16 миллиард киловат-соат неруи барқ тавлид мекунанд ва камбуди энержй 2 миллиард киловат-соатро ташкил медиҳад.Ин масъала ҳамасола дар фасли зимистон ба буҳрон табдил мешавад ва мақомоти точик дар ростои коҳиши шиддати ин буҳрон, замонбандии таксими энержй ба аҳолиро чорй мекунанд.Бар асоси барномаи стротегияи рушди бахши энержй, пешбинй мешавад, ки то соли 2015 тавлиди неруи барк ба 35 миллиард киловат-соат дар сол афзоиш ёбад.Бар асоси ин барнома дар солҳои оянда содироти энержй ба Афғонистон, Покистон, Эрон ва дигар кишварҳои Осиёи Чанубй дар назар гирифта шудааст. Узбакистон, ки иддаои раҳбарй дар Осиёи Марказиро дорад, пайваста талош кардааст, дар барномаҳои гидроэнергетикии Қирғизистон ва Точикистон монеъ эчод кунад.Дар пайи мудохилоти Тошканд буд, ки ширкати русии «РусАл» бо ироаи баҳонаҳои бе асос аз такмили тарҳи Роғун сар боз зад ва Чин низ ичрои қарордоди худ бо Точикистон дар маврид сохтани неругоҳ дар рудхонаи Зарафшонро ба таъвиқ андохт.Хуручи Узбакистон аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй (дар нимаи дуввуми соли гузаштаи милодй)бар мушкилоти Точикистон афзуд ва ин кишвар натавонист дар фасли тобистон энержии изофии худро содир кунад ва мачбур шуд оби сади Норакро дар ҳачми 2 миллиард киловат-соат энержии барқ, холй кунад. Ҳамчунин ин иқдоми кишвари ҳамсоя имкони воридоти барқи харидорй шуда аз Туркманистон ба Точикистонро аз байн бурд ва бар мушкилоти мардуми точик дар фасли зимистони афзуд. Мақомити давлати Душанбе дар нахустин вокуниши худ ба номаи нахуствазири Узбакистон, дарёфти чунин номаро таъйид карданд. Аз чумла Давлат Назриев, сухангуи вазорати умури хоричаи Точикистон иброз дошт, ки паёми нахуствазири Узбакистон дар айни ҳол мавриди омузиш қарор дорад.Аммо қабл аз ин иддаоҳои давлати Тошканд дар мавриди хатароти зистмуҳитии неругоҳи Роғун, аз тарафи масъулон ва мутахассисони Точикистон инкор шудаанд. Академик Собит Неъматуллоев, мутахасиси варзидаи бахши зилзилашиносй муътақид аст, ки минтақаи сохтани неругоҳи Роғун ба гунае, ки Узбакистон иддао мекунад, минтақаи зилзилахез нест ва чудо аз ин, фановариҳои имруз қодир ба сохти садҳои муқовим дар баробари зилзила ҳастанд. Воқеъият он аст, ки идомаи ихтилоф миёни Тошканд – Душанбе дар мавриди сохтани неругоҳи Роғун бар сардии равобит миёни ду кишвар афзуда, авзои минтақаро дастхуши буҳронҳои чадиде хоҳад кард, ки чуз фароҳам кардани заминаи мудохилоти қудратҳои фароминтақайи дар умури кишварҳо ва сарнавишти мардуми минтақа, пайомадҳои дигаре нахоҳад дошт. Аз ин ру салоҳи кор он аст, ки ду кишвари ҳамсоя гирди мизи ройзаниҳо нишинанд ва масоили мавчуд дар равобитро аз тариқи музокирот ҳаллу фасл намоянд.Аммо тазаккури нахуствазири Узбакистон рочеъ мурочиа ба созмонҳои байналмилалй чиҳати дифоъ аз мавзеъхои худ, ин паёмро ба ҳамроҳ дорад, ки Тошканд бо тамоми тавон дар роҳи такмили тарҳи Роғун монеътарошй хоҳад кард.Амре ки ояндаи равобити ду кишвари ҳамсоя ва субот дар Осиёи Марказиро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.

http://khujasta.wordpress.com/

Чаро пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, ихтилофи шиаву суннӣ шиддат гирифт?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Мутолеаи дақиқи таърихи ислому мусалмонон ва таҳлиле амиқ ва беғаразона дар он, нишон медиҳад, ки ҳамвора, сиёсати палид, аз вуҷуди ихтилофи назари фирақ ва мазоҳиби гуногуни эътиқодӣ ва фиқҳии исломӣ, дар ростои аҳдофи касиф ва шуми худ баҳра ҷустааст.Зикри намунае аз ихтилофи фирақи исломӣ дар гузаштаБа унвони намуна, яке аз ихтилофҳое, ки миёни мусалмонон аз ҳамон оғоз буд, ихтилофи онҳо дар хусуси каломи илоҳӣ буд, ки иддае мӯътақид буданд каломи Худо қадим аст, ва иддае дигар бовар бар ин доштанд, ки каломи Худо ҳодис аст. Қадим, ба маънои ин ки аввале надорад, аз оғоз будааст, ва ҳодис, ба маънои он ки аз аввал набуда, балки баъдан ба вуҷуд омадааст. Ҳар ду гурӯҳ, ба навбати худ, бар бовари хеш далел меоварданд.Ин ихтилоф, як ихтилофи сад дар сад назарӣ буд, ва чун иҷтиҳод дар масоиле, ки нассе сареҳ (ишорае ошкор) аз ҷониби шореи муқаддас дар хусуси онҳо ворид нашудааст, барои мусалмонон ҷоиз мебошад, аз ин рӯ, ҳар як аз фирақ, бо таваҷҷӯҳ ба тарзи тафаккури худ, дар он масоил иҷтиҳод мекарданд, ки агар дуруст буд, тибқи фармудаи паёмбари ислом (с), ду подош доштанд ва агар нодуруст буд, як подош, ва дигар, баҳонае барои ҷору ҷанҷолу ҳаёҳуи беҳуда миёни онҳо вуҷуд надошт.Аммо ҳамин ихтилофи назари сода, ба сабаби суистифодаи дастгоҳи сиёсат, ба як балое миёни мусалмонон мубаддал гардид, ки натиҷааш рехта шудани хуни ҳазорон, ҳатто даҳҳо ҳазор мусалмони бегуноҳ шуд. Дар замони Маъмун, яке аз хулафои аббосӣ, ба далоиле номаълум (ки ҳатман сиёсӣ буд), ақидаи гурӯҳе, ки мӯътақид ба ҳодис будани каломи Худо буданд, мавриди пазириши дастгоҳи хилофат ва шахси халифа шуд, ва ӯ дастур дод, ҳар он кас ки қоил ба қадим будани каломи Худост бояд сараш аз тан ҷудо гардад. Тибқи гузоришҳои таърихӣ, маъмурони дастгоҳи хилофат, хона ба хона гашта ва ҳар он касеро ки ақида ба қадим будани каломи Худо дошт, бе ҳеҷ гуноҳе, кушта мешуд. Миёни ин ду гурӯҳ ихтилоф ба ҷое расида буд, ки қалам аз навиштани ҳоли он оҷиз аст.Шиа ва суннӣБарои касе пӯшида нест, ки мусалмонони имрӯз, бархе аз пайравони мактаби аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд, ки ба навбати худ ба чанд мазҳаб мунқасиманд ва инҳо дар ҷаҳони ислом аксариятро ташкил медиҳанд, ва бархе ҳам шимазҳаб ҳастанд, ки инҳо низ ба навбати худ ба мазоҳиби исмоилӣ, зайдӣ ва исноашарӣ тақсим мешаванд.Ихтилофи аҳли суннат ва шиа дар порае аз масоили эътиқодӣ ҳам барои касе пинҳон намебошад, ки муҳимтарини он, ихтилофи онҳо дар хусуси ҷонишинии паёмбари ислом (с) аст, ки аҳли суннат мӯътақиданд хилофат пас аз паёмбари ислом (с) ба дасти худи мусалмонон аст, аммо шиа мӯътақид аст хилофат пас аз он ҷаноб (с), азони Аҳли байт яъне Алӣ ва фарзандонаш мебошад. Ҳар яке, ба навбати худ, бар мӯътақади хеш далел меоварад ва далели тарафи муқобилро саҳеҳ намеангорад, ки дар китобҳои фариқайн ба гунаи муфассал баён гардидааст ва мо ин ҷо дар садади баёни онҳо нестем. Аммо, ба иттифоқи уламои рӯшангари ин ду тоифа (на аққаллият), ихтилофи назари номбурда, боиси хуруҷи ҳеҷ як аз ин ду гурӯҳ аз қаламрави ислом намебошад. Яъне ҳар ду гурӯҳ, бо вуҷуди ихтилофи назари мазкур, мусалмонанд. Дар тӯли таърих, ин ихтилоф, то модоме ки мавриди суистифодаи душманони берунӣ ва ё сиёсатпешагони ба ном мусалмони дохилӣ қарор намегирифт, дар ҳадди забон боқӣ буд ва аз он таҷовуз намекард. Агар дар замони Оли Буя, ё Ғазнавиён, ё Хоразмшоҳиён ва ё Сафавиён, шоҳиди даргириҳое миёни пайравони ин ду фирқаи исломӣ ҳастем, омили ин даргириҳо ҷуз сиёсат ва ё худ давлатмадорон нестанд, ки ба ҷиҳати расидан ба аҳдофи сирф сиёсии хеш, якеро дар муқобили дигарӣ қарор дода ва ба истилоҳ аз оби гилолуд моҳӣ сайд мекарданд. Инқилоби исломии Эрон 31 сол пеш дар ҳамин рӯзҳо дар Эрон, ба раҳбарии Имом Хумайнӣ, инқилоби исломӣ ба вуқӯъ пайваст, ва ин инқилоб на танҳо дар минтақа, балки метавон гуфт дар сатҳи ҷаҳон, заминаи дигаргуниҳо ва таҳаввулоти азиме гардид, аз ҷумла дар ҷиҳати бедории исломии мусалмонон. Ба ақидаи ғолиби коршиносони динӣ-сиёсӣ, инқилоби исломии Эрон, омили муҳимми “бахудойӣ”-и мусалмонони ҷаҳон ва тасбити ин бовар дар замири эшон мебошад, ки дар асри ҳозир, мусалмонон метавонанд бар асоси додаҳои динии хеш ҳукумат барпо намоянд. Бо пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, нахустин иқдоми исломгароён ин буд, ки эшон сафорати “Исроил”, ин давлати худхонда ва ғуддаи саратонӣ-ро дар Теҳрон бастанд ва ба ҷои он, парчами Фаластинро барафроштанд. Имом Хумайнӣ, расман эълом намуд, ки мо давлате ба номи “Исроил” намешиносем, ин давлат бояд барчида шавад. Ӯ, на танҳо “Исроил”-ро ҳадаф қарор дод, балки ба интиқоди абарқудратҳое чун Амрико, ки ҳомии аслии давлати худхондаи “Исроил” ба шумор меравад шурӯъ кард, ҳатто кор ба ҷое расид, ки миёни Эрону Амрико робита ба куллӣ қатъ гардид. Ҳамчунин, Эрони исломӣ, бо давлати Миср, ки “Исроил”-ро зимни иттифоқи Камп-Девид ба расмият шинохт, қатъи робита намуд. Эрониён, амалан шурӯъ ба ҳимояти ҳамаҷонибаи муборизони фаластинӣ барои озодии комили сарзамини Фаластин аз дасти ғосибони саҳюнист намуданд. Баъд аз таҷовузи саҳюнистҳо ба кишвари Лубнон ва шурӯи муборизаи ҷунбиши Ҳизбуллоҳ алайҳи ғосибон, Эрони исломӣ ба ҳимояти моддӣ ва маънавии муборизон пардохт. Ҷунбиши Ҳизбуллоҳ, баъд аз муқовимати тӯлонӣ, муваффақ ба берун рондани артиши саҳюнист аз сарзамини Лубнон гардид. Ин пирӯзӣ, барои фаластиниён нашоте тоза ва барояшон ин боварро тақвият намуд, ки метавон бо такя бар хештан, сарзаминашонро аз дасти ғосибон бозпас гиранд. Аз он пас, интифозаи мардумӣ дар саросари сарзамини Фаластин оғоз, ва низ муборизаи мусаллаҳона алайҳи артиши саҳюнистҳо шурӯъ шуд. Ин иқдомот ва гомҳое дигар назири он аз сӯйи эрониён, ба коми амрикоиҳо ва муттаҳидонаш аз кишварҳои минтақа, хуш наомад. Аз ҳамон рӯзҳои аввали инқилоб, ин кишварҳо ба фикри нобудии ин инқилоби тозароҳафтода баромаданд. Ибтидо, Ироқро таҳрик ба ҳамла ба Эрон намуданд ва режими Саддом, дар як ҳаракати ноҷавонмардона ва бо ҳимояти ҳамаҷонибаи абарқудратҳо ва низ кишварҳои арабӣ, ба сарзамини Эрон таҷовуз намуд. Ин ҷанг ҳашт сол идома дошт ва мутаассифона дар тӯли ин ҷанги нобаробар, садҳо ҳазор хуни бегуноҳ рехта шуд. Барои касе пӯшида нест, ки дар пушти ин ҷанг, асосан Амрико ва кишварҳои арабӣ қарор доштанд. Тибқи омори расмӣ, кӯмаки рӯзонаи танҳо кишварҳои арабӣ ба Саддом бар зидди Эрон, 13 миллион долларро ташкил медод. Баҳонаи кишварҳои арабӣ аз ҳимоятҳояшон аз Саддом алайҳи Эрон дар он замон ин буд, ки гоҳе мегуфтанд: “Инқилоби Хумайнӣ, инқилоби маҷусиён (зардуштиён) аст, ки бояд ҷилави он гирифта шавад”, ва гоҳе ҳам мегуфтанд: “Инқилоби Хумайнӣ, инқилоби шиаён аст алайҳи аҳли суннат”. Ҳол он ки дар воқеъ, тарси ин кишварҳо, на аз “маҷус” буду на аз “нуфузи шиа”; сардамдорони ин кишварҳо на парвои суннат доштанд ва на парвои шиа, балки нуфузи рӯзафзуни исломгароён дар кишварҳояшон, ки бо пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон руҳе тоза гирифта буд, онҳоро метарсонид. Онҳо дар воқеъ аз курсиҳову аршҳои худ, ки насл ба насл ба мерос мебурданд метарсиданд. Эрон дар ин ҷанги нобаробар пирӯз омад. Саддом ночор ба имзои оташбас гардид ва ҷанг поён ёфт. Баъд аз он, Саддом дар як ҳаракати аҳмақонае, ба давлати Кувайт ҳуҷум овард. Ба гуфтаи Рағад Саддом (духтари Саддом) дар ёддоштҳояш, “Иллати асосии ҳуҷуми падарам ба Кувайт ва таҳдиди Арабистони Саудӣ, ин буд, ки падарам аз сиёсатҳои ноҷавонмардонаи кишварҳои халиҷӣ, махсусан Арабистони Саудӣ, ки Ироқро ба ҷанг алайҳи хумайниҳо таҳрик намуда сипас худро канор зада буданд хеле нороҳат буд”. Бо шикасти режими Саддом дар ҷанги Халиҷ дар баробари артиши Амрикову муттаҳидонаш, ва низ шикасти Толибон дар баробари нерӯҳои НАТО дар Афғонистон, на ин ки низоми исломӣ дар Эрон мутазалзил шуд, чунон ки бархе аз таҳлилгарон меандешиданд, балки эрониҳо бо як сиёсати зираконае коре карданд, ки Амрико бо ин ду ҷанге, ки роҳ андохт, дар як ботлоқе гирифтор шавад, ки имрӯза намедонад чӣ гуна аз он берун ояд. Яъне, натиҷаи ин ҷанг, боз ҳам ба суди инқилоби исломӣ поён ёфт, ва дар ин ду кишвари ҳамсояи Эрон, касоне бар маснади қудрат қарор гирифтанд, ки замоне аз ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон бархӯрдор буданд. Илова бар он, пирӯзии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷанги 33 рӯза алайҳи артиши то ба дандон мусаллаҳи “Исроил” дар соли 2006, ва низ муқовимати беназири ҷунбиши Ҳамос дар Фаластин дар баробари артиши режими саҳюнистӣ дар соли 2008, ки ин ду ҷунбиш аз муттаҳидони Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақа ба шумор мераванд, боис гардид бар нуфузи инқилоби исломӣ дар кишварҳои арабӣ афзуда шавад. Ин авомил боис гардид, кишварҳои арабӣ, ба вижа кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва Миср, бо пуштибонии Амрико, ба фикри костан аз нуфузи инқилоби исломӣ ва густариши он дар минтақа бароянд. Аммо бо кадом васила? Бо ҷанг, ки зоҳиран дигар ҳадафашон таъмин намешавад. Ин ҷо буд, ки барои костан аз нуфузи инқилоби исломӣ дар минтақа, мутавасил ба абзори мазҳаб ва ҳассосиятҳои мазҳабӣ шуданд, ки дар воқеъ коромадтарин васила барои расидан ба ҳадаф дар ин рӯзҳост. Муҳимтарин корҳое, ки дар заминаи шиддат гирифтани ихтилофоти мазҳабӣ анҷом пазируфтааст Дар хилоли панҷ шиш соли ахир, чанд кор дар ин замина анҷом шуд, ки дар шиддат гирифтани ихтилофи мазҳабӣ миёни шиаву суннӣ, саҳми калоне гузошт. Инак, дар поёни ин навишор, ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Ба роҳандозии шабакаҳои моҳвораии гуногуни мазҳабӣ аз сӯйи мамлакати Арабистони Саудӣ ва баргузории нишастҳо ва иҷрои барномаҳое бо даъват аз мубаллиғони салафӣ, ки коре ҷуз парокандасозии кинаву адоват нисбат ба шиаён надоранд; 2. Ба роҳандозии шабакаҳои моҳвораии мазҳабии шиӣ дар Амрико ва бархе аз кишварҳои арабӣ ва иҷрои суханрониҳо ва барномаҳои мазҳабии мухталиф бо даъват аз мубаллиғони шиа, ки корашон ҷуз эҷоди кинаву адоват нисбат ба мусалмонони аҳли суннат ва низ ба миён кашидани баҳсҳои ихтилофӣ нест. Лозим ба ёдоварӣ бошад, ки ағлаби дастандаркорони чунин шабакаҳо, касоне ҳастанд, ки бо инқилоби исломӣ миёнаи хубе надоранд. Яке аз онҳо, хонадони маъруфи Шерозӣ аст, ки бештари ин шабакаҳо дар Амрико тавассути ин хонадон идора мешавад; 3. Иҷрои мунозараҳои мазҳабӣ бо даъват аз мубаллиғони салафӣ аз як тараф, ва уламои тундрави шиа аз сӯйи дигар дар шабакаҳои маъруфи арабзабон ва ё форсизабон. Аввалин гом дар иҷрои як чунин барномаи тафриқаафкан, тавассути шабакаи моҳвораии “Алмустақилла”, ки аз Ландан идора мешавад, бардошта шуд ва дуруст замоне иҷро гардид, ки амрикоиҳову муттаҳидонаш ба Ироқ таҷовуз намуда буданд. Тибқи назарсанҷиҳо, ин барнома, бештарин саҳм дар коштани тухми ихтилофу кинаву адоват дар миёни мусалмонони шиаву суннии Ироқ, ки аҳёнан мунҷар ба даргириҳо мешуд-ро доштааст; 4. Таълиф ва ё тарҷумаи китобҳое ба забонҳои роиҷи дунё, ки дар онҳо бештар рӯи нуқоти ихтилофи мазоҳиб ва фирақи гуногуни исломӣ такя мешавад, ва чопу нашру тавзеи онҳо ба сурати густарда ва ба сурати маҷҷонӣ; 5. Таълифи китобҳо ба забонҳои роиҷи дунё ва чопу нашри онҳо ба сурати васеъ дар бораи Имом Хумайнӣ, ки гӯи фарди ғайри солеҳе буда ва аҳёнан иттиҳоми Имом Хумайнӣ ба ин ки гӯи “ҷосуси фаронсавӣ” будааст, ва низ дар бораи инқилоби исломии Эрон, ки ба дасти бегонагон, хусусан сервиси амниятии кишварҳои ғарбӣ “ҷиҳати пешгирӣ аз нуфузи исломи аҳли суннат” роҳ андохта шудааст; 6. Ба роҳандозии давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат тавассути сервиси амниятии мамлакати Арабистони Саудӣ ва ба дасти мубаллиғони саудӣ, барои ҷавонони мусалмони кишварҳои мухталиф (хусусан ҷавононе, ки ҳанӯз бо омӯзаҳои исломӣ ошно нестанд) ва талқини ин бовар дар онҳо, ки исломи ҳақиқӣ, ҳамон исломест, ки имрӯз дар Арабистони Саудӣ роиҷ аст (яъне маслаки ваҳҳобият) ва низ ин бовар, ки гӯи имрӯз олами исломро хатаре бадтар аз Эрону шиаён таҳдид намекунад ва Ҷумҳурии исломии Эрону шиаён ҳатто аз “Исроил” бадтар ҳастанд. Ҳатто кор ба ҷое мерасад, ки бархе аз ин ҷавонон, баъд аз омӯзиш дар ин давраҳо, ҳозиранд хештанро дар миёни ҷамъи шиаён битараконанд ва бо ин иқдоми хеш, исломро аз “хатар”-и шиаву эрониён бираҳонанд;

http://www.kemyaesaadat.com/

РАСУЛИ САРЗАМИНИ БОВАРХО

Нурали Нурзод Номзади илмҳои филологи, узви иттифоқи нависандагони Точикистон

Рисолати инсон дар зиндагонии камфурсати хеш дар қаламрави ҳасти пеш аз ҳама ба тачаллии амалҳои неки у дар оинаи пиндору рафтораш пайванди муҳкам мегирад. Ба таъбири дигар, танҳо мазҳари нек доштану некувона рузгор ба сар бурдану дар ҳамин росто ба эътимоду бовар сазовор гардидан метавонад умри одамро маънии ҳақиқи бахшида, будани уро рангу xилои мунаққашу зебо ато намояд. Таърихи вучуди башарият ин ҳикмати мондагорро бо чандин шеваву рангу равиш собит сохтааст ва агар нафаре давому абадияти ному пайкор ва номаи зиндагонии хешро бо офариниши осоре мондагор, падидаҳои ақлии мучассам дар китоб, анвоъи ҳунар, асари дастони эъчозофарини хеш рақам зада бошад, дигар аъмолу атвору рафторе аз худ судур кардааст, ки ҳамаги вирди забонҳо буда, имруз ҳам самбулу ормони наслҳову пайвандҳо гардидааст.

Достони ростони ин табор афрод ва мардони роҳи ҳақиқатро аз соири кутуби аҳли назар, чун «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Аттори Нишобури, «Нафаҳот-ул-унс»-и Абурахмони Чоми ва дигар осоре бад-ин шева метавон мутолиа намуда. сабақҳое омузанда гирифт. Ва ё мусаллам аст, ки имруз саховатманди ба номи Хотами Той, сабуриву устувори ба номи Юнус, ҳилму караму чилои зебоиҳо ба номи Юсуф ва амсоли ин пайванд мегирад, ки бо ошкор кардани ин фазилатҳо аз худ намоди маърифати хулқу атвори шоёне гардидаанд барои башарият.

Китоби зиндагии тамомии инсонҳо ҳам бо файзгири аз зарраҳои хуршеди атвори ин бузургон метавонад рангину гуворову завқангез ва мондагор таълиф гардида, падидаи маърифат барои ҳамзамонону ояндагон бошад. Ба андешаи ман, бародари арчманди мо Олимчон Салимзода ҳамин рисолати некувона зиндаги кардану нек буданро ҳам аз ниёкони худ ва ҳам аз хонаводаи соҳибназари хеш ба тадрич касб намуда, онро меҳвари зиндагониву амали хеш қарор додаанд, то аз мақоми қатра то ба дарёи бирасанд. Ман, эшонро ҳануз аз айёми фаъолият ба симмати муовини вазири фарҳанги Точикистон будан мешиносам ва зуҳури ин фазилатҳоро пайваста дар хар бархурд ва мулоқот эҳсос кардаам. Шинохти мақоми худ ҳамчун инсон ва аз суи дигар инсон будан дар пешоруи ҳама кас новобаста аз манзалату рутбату чойгох муҳимтарин унсури фитрат ва шахсияти Олимчон аст, ки ҳар нафари огоҳ дар суҳбату равобит ба он кас ин падидаи ирсиву фардиро ба хуби дарк мекунад. Ирси гуфтан хам беҳикмат нест, чун ман дигар бародарону пайвандонашонро аз наздик мешиносам ва иртиботи пайвастаи мо бо онҳо борҳо зоҳир кардааст, ки ин фазилатҳо ба масобаи як рукни муҳими хонаводаги аз қиблагоҳи равоншодашон ба мерос монда ва ҳар бор сари ин ҳикматхо андеша мекунам дар зеҳнаш хадиси Расули Акрам(с) мечархад, ки беҳтарини Шумо онҳое ҳастанд, ки шабеҳи падарашон бошанд.

Тачаллии пайвастаи хамин фазилатхо дар ниходи Олимчон Салимзода шахсияти эшонро ба симмати намояндаи мардуми дар Мачлиси намояндагони Мачлиси олии Чумҳурии Точикистон мувофиқ гузошт,чун аз рисолати аслии вакили халқ будан ба андешаи ман файз доштан аз ин рукнҳои одамият ва дар хидмати халқ будан барои сазовор шудан ба эътимоду боварии онон маҳсуб мегардад. Акои Олимчон ҳамин муҳассанотро дар худ бо хама чузъиёташ, ки аз сарчашмаи зулоли асолат обишхур дошт, бо камоли хоксориву фурутани парвариш дода, дар анчоми вазифаи аслии худ ҳамеша талош меварзанд. Шояд нусрати ҳамин хасаноти одамии эшон буд, ки садоқаташонро ба фаъолияти меҳнати, касб, сиёсати давлат, ватану миллат ва мардуми шарафманди хеш эҳсос карда, бо боварии тамом сарвари давлат, пешвои ҳизби халқии демократии Точикистон, Эмомали Раҳмон ваколати намояндагиро аз номи ҳизб дар парлумони мамлакат ба уҳдаи эшон гузоштанд ва шукрона, ки акои арчманди мо ҳам ба ин эътиқоду бовар сазовор будани хешро собит месозанд. Тули фаъолият ба ҳайси намояндаи мардуми дар Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон барои ҳалли мушкилоти зиёди фардиву мачмуии сокинони навоҳии Айни, Куҳистони Масчоҳ ва қисмате аз Панчакент, ки ба ҳавзаи интихоботии рақами 22 шомил ҳастанд, ба қадри тавон ва дар доираи ваколатҳои худ талош варзидаанд. Зимни суҳбат бо аксари онҳое, ки ба Олимчон Салимзода мурочиат намудаанд, маълум мегардад ки аксар ризоят ва миннатдории хешро баён месозанд. Хатто як нафар сокини ноҳияи Айни борхо дар суҳбат таъкидан мегуяд, ки намояндаи мо Олимчон Салимзода пеш аз ҳама муносибати хуб доранд ва ҳар нафаре, ки ба эшон мурочиат месозад, дар навбати аввал бо одоби  баланди муошират истиқбол менамоянд, ки аз ҳамин муносибат аллакай одам эҳсос мекунад, муаммояш ҳал шудааст. Дар канори ин, барои ҳалли муаммоҳои чойдошта дар ҳудуди ноҳияҳои мазкур низ пайваста эҳтимом меварзанд. Аз чумла, солҳои тулони буд, ки роҳи миёни ноҳияи Айни ва Куҳистони Масчоҳ ба мушкилоти фаровоне мувочеҳ буд ва ба наздики дар суҳбат бо Раиси ноҳия Рустам Раҳматов маълум гардид, ки барои таъмиру тачдиди ин роҳ ва бартараф кардани минтақаҳои мушкилгузари он аз чониби Хукумати Чумчурии Точикистон 700 ҳазор сомони маблаu чудо шудааст. Дар анчоми ин амали шоён, ки ба нафъи мардум мебошад, саҳми Олимчон Салимзода ҳамчун вакили мардум муаасир ва арзанда мебошад.

Харчанд фаъолияти эшон ба ҳайси намояндаи мардуми аз феврали соли 2004 шуруъ гардид, вале ин амал аз соли 2005 ранги мукаммал пайдо намуд. Мавсуфро баъд аз интихоб шудан ба вакилии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон вакилони Парлумони касбии чумҳури дар нахустин чаласаи хеш муовини Раиси Кумитаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон оид ба корҳои байналмилали, иттиходияҳои чамъияти ва иттилоот интихоб намуданд. Аз моҳи марти соли 2009 бошад Олимчон Салимзода. Раисии  ин Кумитаро ба уҳда доранд. Эшон ҳамчун шахси огоҳ аз фаъолиятхои дар корҳои байналмилали ва сиёсати берунаи маъруф бо дарҳои бози давлати Точикистон дар қабули як қатор санадҳои байнидавлати, шартнома ва аҳдномахои байналмилали, ки Точикистон ба имзо расонидааст, саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Ин аст, ки ҳамзамон хамчун Раиси ин кумита  дар сафарҳои расми ба кишвархои Миср ва Сурия (с.2007) ва сафари давлати ба Федератсияи Россия (с. 2009) Роҳбари Давлати Точикистонро ҳамроҳи намудаанд.

Хамчун вакили мардуми дар парлумони касби ва мутаххасиси соҳаи табъу нашр ва фарҳанг Олим Салимзода дар таҳия, тахрир ва тадвини Қонунхои Чумҳурии Точикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» (с. 1990), «Дар бораи табъу нашр» (с. 1993), «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқхои вобаста ба он» (с. 1998) иштироки бевосита намудаанд. Хамзамон, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори соли 2007 лоиҳаи Қонуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастраси ба иттилоот»-ро таҳия ва ба муҳокимаи вакилон пешниход намуданд. Тарҳи мазкур аз чониби вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон бо ҳамовози қабул гардида,  имрўз хуб амал карда истодааст.

Дар канори фаъолиятхои сиёси, ширкат дар мақоми қонунгузори пайванди хешро ба илму маориф, матбуоту фарҳанг харгиз гусаста накардаанд. Ин буд, ки хосили пажухишхои хешро дар робита ба таърихи журналистикаи точик чамъбаст намуда, рисолаи илмии хешро соли 2000 дар мавзуи «Публистистикаи Мирзо Чалол Юсуфзода» муваффақона ба дифоъ расонида, сазовори унвони номзади илмҳои филологи гардиданд. Ин масъулияти бузурги пажуҳандаги эшонро хидоят бар он дошт, ки донишхои андухтаи хешро барои хидояти насли xавони сохаи журналистика масраф намоянд. Бо иродат ба хамин рукни маърифатсолории тафаккури инсони имруз дар Донишгохи славянию тоxики ба тадриси масоили журналистика машuули тадрис хастанд ва мустадом бар ин ҳосили таҳқиқоти хешро дар мачмуаҳои илмии ин донишгоҳ ба нашр мерасонанд. Чустучуву ковишхои илмии Олимчон Салимзода, ки ҳамрадиф ба корхои сиёсиву давлати чараён дорад, ба хукми як рисолаи мукаммали илмии доктори дар робита ба масоили публистисти дар матбуоти точик дар арафаи анчомёби мебошад ва умедворем, ки дар марҳилаи нави фаъолиятхои муваффақонаи қонунгузори ин дарахти боuи пажухишхои доманадори эшон самарахои  фаровон ба бор хоҳад овард.

Анчоми хамин рисолатхои инсониву касби ва намояндагии мардуми руз аз руз эътимоду бовар, иродату ихлоси мардумро нисбати эшон боло мебарад. Ин аст. ки конфронси муштараки ҳизби халқии демократии Точикистон дар навоҳии Айни, Куҳистони Масчоҳ бори дигар Олимчон Салимзодаро ба мақоми вакилии Маxлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон пешниход намуданд ва боварии комил доранд, ки бо интихоб шудани эшон барномахои дар самтхои муайяни пешрафти хоxагии халқи нохияхои мазкур пешбининамудаи намояндаи худ беш аз сатхи пештара пиёда гардида, ганчи мақсуд ҳамеша дар каф хоҳад буд. Мо ҳам боварии комил дорем, ки мардуми минтақа, ки харгиз дар интихоби худ хато накардаанд ва бо таxрибаи бойу uани  ин шахсияти арxмандро хамчун расули сарзамини бовархои хеш дубора пешбари намудаанд, якдилона ба xонибдориашон овоз дода, бо итминону эътимод ва сазовор будан бо боварии ҳамдигар дар пешрафти минтақа сахми арзанда хоҳанд гузошт.

Борони аризаҳои додгоҳӣ бар сари матбуот

Салими Аюбзод

Аз таҳдиду дашному латукӯб ё ҳатто “қатлҳои фармоишӣ”-и журналистон дар даҳсолаҳои пеш ба толори додгоҳ кӯчидани ҷанги мансабдорон бо озодии сухан, бешубҳа, метавонад падидаи мусбат шумурда шавад.Танҳо як мушкил дар миёна мемонад, ки кош, додгоҳҳои Тоҷикистон бетарафу беғараз, мустақил, қонунсолор ва боадолат бошанду ҳамаро дар назди қонун баробар донанд. Он гоҳ муҳокима танҳо ба ошкор шудани ҳақиқат сабаб мегардад, на ба танбеҳу таъқиби журналистон.Мутаассифона, матолибе, ки сабаби ба додгоҳ кашида шудани се нашрия – “Азия-Плюс”, “Озодагон” ва “Фараж” шудааст, дақиқан акси инро нишон медиҳад. Бино бар номаи вакили ҳуқуқӣ Солеҳҷон Ҷӯраев дар ҳарсе нашрия ва мусоҳибаи “Азия-Плюс” бо додситон Рустам Олимов, вазъи иҷрои қонун ва таъмини адолат дар додгоҳҳои Тоҷикистон бенуқс нест.Шояд дар таърихи додгустарӣ кам иттифоқ афтода бошад, ки ҳам вакили дифоъ ва ҳам айбдоркунандаи давлатӣ аз ҳукми додгоҳ норозӣ бошанд ва он ҳам на додгоҳи одӣ, балки Додгоҳи олии кишвар, ки бояд намунаи поку барҷастаи ҳақиқат барои ҳамагон бошад.Адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев дар номаи бози худ ба раҳбарияти кишвар ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон чандин намунаи “парвандаҳои фармоишӣ” ва “ҳукмҳои ғариқонунӣ”-ро меорад. Номаи ӯ дарвоқеъ як нуқтаи чархиш дар бозтоби низоми додрасии Тоҷикистон аст ва чашми ҷомеаро ба воқеияти хатарноки он во мекунад.Бисёриҳо мегуфтанд ва аксарият ҳадс мезад, ки на ҳама ҳукмҳои додгоҳ дар кишвар бар пояи қонун ва адлу ҳақиқат содир мешаванд, аммо шояд кам касон медонистанд, ки вазъ то ба ин андоза ваҳашатангез аст.Оё медонистед, ки соҳибкор Раҳматулло Турмановро, ки бо пули худ корхонаи футуррафтаи давлатро обод кардааст, ба “дуздии пули худаш” ва напардохтани андоз ва истифодаи ғайримақсадноки 620 ҳазор сомонӣ (Чӣ кунам, истифодаи ғайримақсадноки 1 миллиард доллар аз тарафи Муродалӣ Алимардонов ба ёдам мерасад,) айбдор кардаанд, дар ҳоле ки вазорату идораҳои давлатӣ санад додаанд, ки чунин набуду несту набудаасту нашудааст.Ҷӯраев менависад, баъд аз аризаи шикоятӣ дар ин бора аризадиҳанда – ҳамсари Турмановро низ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд. То ариза вай гуноҳе надоштааст, баъд аз ариза гунаҳкор шуд ва агар айбномаи шавҳараш то ариза аз 2 модда иборат буд, ба 15-то расид.Пас аз ду тафтиши густарда, додгоҳи ноҳиявӣ ин оиларо бегуноҳ баровардааст, вале додгоҳи болоӣ дубора парвандаро боз кард. Оё муфаттишон иштибоҳ мекунанд ва ё додгоҳ бо ҳар роҳ муҷозоти Турмановро мехоҳад?Чанд намунае, ки адвокат Ҷӯраев овардааст, ҳамаро рӯшан нишон медиҳанд, аммо ончӣ ба парвандаи “исфарагиҳо” рабт мегирад, билкул такондиҳанда аст. Кас мехоҳад, ба хотири зинда доштани умеди он ки давлати мо ҳуқуқбунёд аст, ба далелу хулосаҳои Ҷӯраев бовар накунад, аммо бархе аз фактҳое, ки ӯ меорад, ин қадар рӯшану мантиқиянд, ки илоҷе боқӣ намемонад.Масалан, чӣ тавр мумкин аст, ки хонае дар соли 1979 сохта шуда бошаду хиштҳоро барои он дар соли 2005 ва 2006 “дуздида” бошанд?Ё чӣ тавр силоҳи Калашникове, ки аз рӯи шуморааш бояд дар бойгонии милиса бошад, дар хонаи айбдоршаванда “ёфт мешавад”? Ё чӣ чизе иттифоқ меафтад, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз иттиҳоми пешакӣ бо сабаби исбот нашуданаш даст мекашад, вале додрасҳо, ки бояд аз сабук шудани корашон хушҳол шаванд, баракс ба он “мечаспанд”?Чаро додгоҳ аз пурсидани шоҳидони ҷиноят худдорӣ мекунад? Аз чӣ моликияти айбдоршавандагон ҳанӯз пеш аз ҳукми додгоҳ мусодира ва “тарака” шудааст? Ва суолҳои зиёди дигаре. Зимнан аз ҳамон оғоз дар бораи “фармоишӣ” будани парвандаи Низом Ҷӯраев овозаҳо зиёд буд. Нахуст касе мехост, ӯро ҷисман аз байн барад. Тирамоҳи соли 2006 мошини ӯ ҳадафи тирборон қарор гирифт. Ҷон ба саломат бурд. Ва дар моҳи июли соли 2007 бар зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Чаро касе ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони ӯро таҳқиқ намекунад ва оё дар ин бора парвандае боз шудааст? Охир то ҳукми додгоҳ вай на “ҷинояткор”, балки “айбдоршаванда” буд. Аммо даъвогарони имрӯза ва онҳое, ки паси сари онҳоянд, аз июли соли 2007 Низом Ҷӯраевро “ҷинояткор” эълон карда буданд ва барои ташкили афкори умум аз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ба таври густарда истифода мекарданд. Имрӯз, ки нашрияҳо ақидаи тарафи дигарро мунташир карданд, онҳо низ “ҷинояткор” эълон мешаванд. Аммо журналистони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон, ки акнун, зоҳиран, зери борони даъвоҳои додгоҳӣ мондаанд, бояд заррае наҳаросанд, зеро бо нашри матолибе, ки сабаби шикоятҳо шудаанд, даст ба ҷинояте назадаанд, балки вазифаи худро дар назди виждони худ, ҷомеа, ҳукумат, Президент ва ҳатто ҳамон даъвогарон ба ҷо овардаанд. Агар сурату симо чунин аст, чаро бояд ойина гунаҳкор бошад? Баракс, онҳое бояд битарсанд, ки дар рӯбарӯи фактҳои сахту сангин дар мавқеъи дифоӣ қарор доранд. Онҳо бояд исбот кунанд, ки маълумоти ифшошуда асос надорад. Ҳамлаи “додгоҳӣ” ба нашрияҳои мустақил ба обрӯи байнулмилалии Тоҷикистон зарбаи ҷонкоҳе хоҳад зад. Мусалламан, он ба ҳамаи гузоришҳои байнулмилалӣ ворид хоҳад гашт ва вазъи озодии баёнро дар Тоҷикистон асафбор қаламдод хоҳад намуд. Дар ростои интихоботи порлумонии кишвар фурӯ рехтани ин “борони аризаҳои додгоҳӣ” ҳатман сабаб мегардад, ки кишварро дар фишор ба матбуот бо мақсади кӯмак ба пирӯзии ҳизб ё гурӯҳи муайян дар интихобот айбдор кунанд. Яъне ҳамаи ин аризаҳо ангеза ва бозтоби сиёсӣ касб мекунанд. Бархе аз тарафҳои муҳими қазия ва назару вокунишҳоро ба он журналисти таҳлилпешаи тоҷик Мирзои Салимпур дар сомонаи Радиои Озодӣ баррасӣ кардааст ва ибораи боронии ман аз навиштаи ӯ дар бораи арбҳои тира дар осмони матбуоти тоҷик баромадааст. Агар додгоҳи Тоҷикистон бо идомаи ҳамин сабке, ки то номаи Ҷӯраев пеш гирифта буд, журналистон ва нашрияҳоро маҳкум кунад, кишвар шояд ба сафи “Душманони озодии матбуот” ворид гардад. Махсусан, ки акнун парвандаҳои додгоҳии “Миллат” ва “Пайкон”, идомаи фишор ба шабакаи телевизионии “Симои Муcтақили Тоҷикистон” низ таваҷҷӯҳи созмонҳои байнулмилалиро ба худ кашидаанд. Рӯзи 29-уми январ Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ошкоро гуфт, ки аз шеваи кори Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар норозист. Оё ин изҳороти ӯ кофӣ хоҳад буд, ки матбуоти мустақил, обрӯи байнулмилалии Тоҷикистон, ҳуқуқи шаҳрвандон ва адлу қонунро аз хашми додрасҳо ва ниҳодҳои давлатӣ наҷот бидиҳад ва бо назардошти вазъи ҳассос ӯ ба оғози як ислоҳоти бунёдии низоми додрасӣ дастур бидиҳад?

http://aioubzod.wordpress.com/

Аз хаёти мухочирони точик.Лахзахои гуворои пуралам…. Раъно Бобочонова Аскарро чанде пеш ба Москав даъват карданд ва барояш кор хам ёфтанд. Ў бояд дар кўча барфтоза кунад. Хаво сард, хама чо сап-сафед. Аскар кўча тоза мекунад. Назди хонахои бисёрошно аз як тараф мошинхо гузошта шудааст. Мехохад кўмак кунад ва бо бели барфтозакуни барфи болои мошинро ба замин мепартояд. Дар натича «капоти мошин» харошида шуда Аскар бошад 40 хазор рубл ба сохиби мошин ќарздор мегардад.

Музофоти РусияБарои аксарият чои кор нест ва бисёри корхонахо кор намекунанд. Шояд аз ин сабаб чавонон ба шахр мекўчанд ва аксарияти ахоли менўшанд. Клавдия Владимировна мегўяд: ман ба точикон ќоил хастам. Онхо танбалиро намедонанд, тез хама хунархоро аз худ мекунанд.Шавкатро гирем, муаллими таърих бошад хам имрўз сохтмончи, корчаллон аст. Камолиддин ваќте ба ин чо омад шояд 10 калима медонист ба забони руси, хозир ба забони руси бемалол харф мезанад, бозор ба ў забон омўхт. Шояд офтобу замин ба точикон ќувват мебахшанд, ки онхо тавоно, мехнатдўст ва корчаллонанд. Бисёр мардхояшон ин чо зан гирифтаанд, харчанд дар ваташон зан доранд ва барои ду оила кор мекунанд. Аксарият мардхои рус бошад, як оиларо таъмин карда наметавонанд.«Мо потенсиали эчодиро барои ояндаи кинои точик нигох доштем…»Дар «Хонаи Миллатхо» -и шахри Маскав суруди Хасан Хайдар Душанбе садо медод ва ин оханги марѓуб даъватнома ба толор буд. Дар ин чо на танхо точикони муќими Москва, балки намояндагони дигар миллатхоро низ вохўрдан мумкин буд. Сабаби нишасти имрўза бошад шаби эчодии кинорежиссёр Валерий Ахадов аст. Дўстдорони санъати кино, эчодкорон чамъ омада буданд.Валерий Ахадов бо оилаи худ дар Москав зиндаги ва кор мекунад. У студияи эчодии худро дорад, ки шогирдонаш махсули кори худро дар шаби эчодии устод муаррифи намуданд. Аз чумла филми бадеии Валерий Ахадов «Парниковый эффект» пекаши тамошобинон гардид.Кинорежиссери чавон Тахмина Ахадова филми худро бо номи «Талоќ» пешниход намуд. Мусиќиро ба филми мазкур ва сенарияи онро Заррина Миршакар пешниход намудааст. Сужаи филм дар назари аввал барои онхое, ки аз таълимоти дини ислом бехабаранд, диќкатчалбкунанда ва хайратовар аст. Ќахрамони филм дар Русия зиндаги дорад ва хамсараш Зарринаро аз Точикистон даъват менамояд. Заррина асли воќеаро нафахмида чанчол мебардорад, ки дар натича шавхарашро ўро «се талоќ» мегўяд ва аз таълимоти илми фиќх рохи ошти танхо дигар оила бунёд кардани чавонон аст. Умед аз дўсти худ хохиш менамояд, ки бо Заррина никох банданд ва баъди 10 рўз ў омада занашро мебарад. Дар натича ў 10 рўз неву 6 мох гумм мешавад, ки оилаи нав ба хам унс мегиранд, дўст дошта чудо шудани нестанд. Умед Зарринаро чустучў дорад, пайдо карда ба хонааш даъват менамояд, вале Заррина пинхон мешавад. Умед бошад, бо лахни точики бахшиш м епурсад ва ба бечавобии Заррина нигариста ба ду чўрааш занг мезанад. Онхоро ба воситаи телефон шохид намуда хамсараш Зарринаро 9 маротиба талоќ мегўяд ва хулоса мебарорад: акнун якчо шудани мо дар хеч холат номумкин аст. баъди ин суханхо баромада меравад. Барои ман шунидани 9 бор калимаи талоќ ва хулосаи Умед ќахрамони филм ногахони ва нодуруст намуд. Зеро дар ягон адабиёт чунин тарзи вайроншавии оиларо нахонда будам. Дар назари дигарон эхсоси осон будани вайрон шудани оилаи анъанави намоён гашт. Режиссёри чавон ба масъалаи доѓи рўз ахамият додаст, вале пояхои назарияи фиќхи чуќур наомухтааст. Бисер сатхи муносибат кардааст.Барои ман дар ин шаби эчоди суханони самими Валерий Ахадов хотирмон буд. Ў аз чумла гуфт: Санъати кино дар собиќ Шўрави лахзахои душворро паси сар кард, вазъият дар хама чо душвор буд. Чанд сол пештар дар Мосфилм аксарият точикистониён кор мекарданд ва дар корхои хуб аз рўи ихтисоси худ чалб шуда буданд. Бигзор дар Точикистон филмхои хуб дар ин муддат ба навор гирифта нашуданд, вале мо потенсиали эчодии киноматографияи точикро нигох доштем. Онхо замоне мешавад, ки ба ватан бармегарданд ва бо диди нав, тачрибаи нав ба эчод оѓоз менамоянд.

http://nigoh.wordpress.com/

Хумайрои Бахтиёр,  дар мавриди даъвати навбатии чумхурии Узбекистон чихати анчом додани ташхиси неругохи Рогун ва хамзамон аз лихози экологи химоя шудани тарххои энержии Точикистон гузорише омода намуда ки он каблан тавассути родио «Имруз» шунавонида шудааст ва инчо шакли хаттии онро манзур мегардонем.

Хумайрои Бахтиёр

Хукумати чумхурии мардумии Чин тасмим гирифтаст, ки бахши энержии кишварашро пурра тадкик намояд. Бо ин максад хафтаи сипаришуда Шурои давлатии Чин Кумисияи миллии энержиро тахти рахбарии Вень Цзябао таъсис дод. Хадафи асли коркарди стратегияи амнияти энержии Чин аст, ки бо ин максад дар хайати кумисияи мазкур Вазири умури хорича Ян Тсечи ва рахбари амнияти давлатии Чин Гэн Хуэйчан шомил шудаанд. Гуфта мешавад, Кумисияи миллии энержии Чин шабехи Кумитаи таъсиси додаи нахуствазири ИМА Дик Чейни мебошад, ки онро номбурда замони хучум ба Ирок ва Афгонистон таъсис додааст.

Тахлилгарони донишгоххои Колумбия ва Йел натичаи тадкикоти худро оид ба вазъи экологии кишвархои дуне нашр намуданд. Ин хайати мухитшиносон хар ду сол дар асоси асноди барномахои мухиталифи Созмони Милали Мутахид, Бонки Чахони ва Институти захоири чахони вазъи экологии сайёраро тахти унвони «Нишондоди дастовардхои экологи» тахлил мекунанд. Ин навбат гузориши мухитшиносон дар асоси санчиши вазъи экологии 163 кишвари дуне аз руйи 25 нишондоди асли тахия шудааст. Чойи аввалро дар фехрасти мазкур нимчазираи Исландия ишгол карда, баъдан давлатхои Шветсария, Коста-Рика ва Норвегия омадаанд. Бояд гуфт, ин давлатхоро мухитшиносон барои чахду талошашон дар мавриди рушди экологии инфросохтори дар садри аввал чойгузин кардаанд. Аз кишвархои минтакаи Осиёи Маркази Туркманистон дар дахгонаи кишвархои бадтарин аз лихози экологи шомил шуда, мавкеи 157-умро ба худ касб кардааст. Аз хама охир кишвари Сьерра Леон карор дорад. Маврид ба зикр аст, «Нишондоди дастовардхои экологи» аз соли 2006 ин су дар ду сол як маротиба нашр мешавад, ки бори аввал мухитшиносон вазъи экологии кишвархои дунеро аз руйи 16 нишондоди асли бахогузори мекарданд.

РОВИ: Пас аз шунидани чанд хабари чадид оид ба вазъи экологии чахон бармегардем сари бунеди неругохи обии Рогун. Чунин ба назар мерасад, ки Узбекистон хамоно зидди бунеди ин иншооти хаётан мухими Точикистон аст. Зеро, хамакнун нахуствазири Узбекистон унвони хамтои точики худ Окил Окилов мактубе навиштааст, ки аз мухтавои он шуморо Хумайрои Бахтиёр ошно месозад. Бо мо бошед.

ХУМАЙРО: Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбекистон бо ирсоли мактубе унвони Окил Окилов бори дигар хостори ташхиси неругохи обии Рогун шудааст. Мактуби нахуствазири Узбекистон дар хафтаномаи расмии ин кишвар «Правда Востока» нашр шудааст. Дар он Шавкат Мирзиеев гуфтааст, ки масъалаи мазкур барои манфиати кули кишвархои минакаи Осиёи Маркази мебошад. Нахуствазири Узбекистон аз мурочиатхои бенатичаи хукумати кишвараш ба хукумати Точикистон,  федератсияи Русия ва дигар сохмонхои байналмилали рочеъ ба хатми будани ташхиси мустакили неругохи Рогун, ки бунеди он солхои 80-уми асри гузашта огоз шудааст, оварда гуфтааст, ки тархи энержии мазкур ниёз ба ташхис дорад. Ба иддаои нахуствазири Узбекистон кишвараш танхо ба хотири мутобики тархи эенржии солхои шурави бунед шудан, чунин мавкеъгири дорад. Узбекистон иддао дорад, ки кабл аз шуруъ намудани бунеди Рогун, он бояд аз чониби мутахасисон холисона оид ба натичаи бунеди иншооти бузурги Осиёи Маркази ва таъсири он ба кишвархои минтакаи бахогузори шавад ва бояд ба чанд омил таваччух кард:

-неругохи Рогун метавонад, ба мувозинати экологии меъери минтакави дар робита ба окибати фочиавии бахри Арал хисорот орад;

-бунеди Рогун метавонад ба чоришавии Амударе, ки бештар аз миллионхо ахолии кишвархои минтака аз хисоби он хаёт ба сар мебаранд, таъсири манфи расонад;

омадааст дар мактуби Шавкат Мирзиёев.

Гуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили энержи мегуяд, Узбекистон хамеша нисбати тарххои энержии Точикистон гараз дошт ва Душанбе ниез ба мутахасисони «сохта»-и хукумати Узбекистон надорад, зеро неругохи Рогун дар асоси санади байналмилали пас аз ташхиси мутахасисони созмонхои байналмилали бунед мешавад. Ба бовари номбурда даъвои Узбекистон беасос буда, бунеди неругохи Рогун хеч рабте ба Амударёву окибати фочиавии бахри Арал надорад.:

SADO: 1 «Фочиаи Арал 60 дарсад аз чониби Узбекистон ба вучуд омад, зеро ин кишвар зиеда аз 50 обанборхои бузург сохт ва дар кулхо обхоро такшин карда онро бо роххои махсус бухор мекард. Гунчоиши ин обанборхои сунъии Узбекистон аз гунчоиши Арал зиед аст »

Ба иддаои Гуломиддин Сайфиддинов ирсоли мактуб бозии навбати Узбекистон буда, Точикистон ба мисли Узбекистон хеч гох ба бухорнамоии об даст намезанад. Мушкили чониби Узбекистонро коршиноси масоили энержи дар самаранок амал нашудани системаи энергияи хароратии Узбекистон бидуни системаи энержии Точикистон арзеби намуда мегуяд, зери ин мактуб ва дархости Тошканд найрангхои сиёси нихон аст.

SADO: 2 «Точикистон набояд хар гапхои бехудаи Узбекистонро гуш дихад, чониби Точикистон бояд корхои худашро идома дихад дар ин замина. Аз чониби дигар Точикистон истгохи барки обиро дар дарехои худаш бунед мекунад, комилхукук аст ва дигар набояд аз дигар касс ичозат пурсад, чун истгохи барки мо обро намехурад, тавре обанборхои Узбекистон бехуда бухор мекунанд »

Нахуствазири Узбекистон хамзамон дар мактуби худ гуфтааст, ки мутахасисон бояд дарачахои химояи лоихаи мазкурро аз хатархои хусусияти техногени, махсусан заминларзахои шадид дакик намоянд, зеро ба бовари Шавкат Мирзиёев бунеди неругохи Рогун дар минтакае чойгир шудааст, ки аз чихати сейсмологи ташвишовар мебошад. Макомоти Узбекистон хамзамон нигарони аз он доранд, ки неругоххои обии Норак ва Тухтагул ба таъмири капитали ниез дошта, дар хар сурат метавонад мувочехи мушкилихо гардад. Ба таври мисол нахуствазири Узбекистон аз садамаи неругохи Саяно-Шушенскии Русияи овардааст. Дар хамин хол, Яраш Пулодов, мудири Пажухишгохи Вазорати об ва обёрии Тоҷикистон, мегуяд, даъвои Узбекистон дар ин маврид асоси илми фанни надорад, зеро олимону донишмандон ва мутхасисону коршиносон тархи энержии Рогунро муддати зиеда аз 30 сол омухтаанд. Давлат Назриев, сухангуи Вазорати умури хоричии Точикистон мегуяд, ки феълан мактуби нахуствазири Узбекистон мавриди омузиши нахуствазир Окил Окилов карор дорад.

Бояд гуфт, чунин мавкеъгирии Узбекистонро созмонхои байналмилали, назири Созмони Милали Мутахид, Иттиходи Аврупо, Бонки Чахони, Бонки Рушди Исломи ва Бонки Рушди Осиёву хамзамон федератсияи Русия чонибдори кардаанд. Аммо, мегуяд нахуствазири Узбекистон новобаста ба мурочиатхои пай дар пайи Тошканд хукумати Точикистон аз ин даъво ва даъвати Узбекистон хамеша батаваччухи зохир кардааст. Ин хам дар холест, ки ба бовари Абдугафори Камол тахлилгари точик чониби Точикистон хеч гох мурочиатхои на танхо Узбекистон, балки тамоми кишвархои минтакаиро сарфи назар накардааст:

САДО: 1 «Точикистон кариб 10 сол ба ин харфхо гуш дод ва Рогунро насохт ва чун дид, ки рох ба чойе намебарад худаш тасмим гирифт бо неру ва сармояи дохили бисозад. Акнун на ин ки Моро тахкир намекунанд, балки Моро эътироф хам мекунанд ва имруз Узбекистон фардо дигар ва пасфардо дигар мехоханд бо мо аз мавзуъи баробар сухбат кунанд харфи худро бигуянду ба харфи мо гуш диханд »

Дар мавриди даъвои дигари хукумати Узбекистон, яъне тишхиси тархи энержии Точикистон кабл аз бунед, бояд гуфт, ки тибки маълумоти Вазорати энержи ва саноати кишвар натичаи ташхиси неругохи Рогун ба хама давлатхои минтакави аз чумла Узбекистон равон шудааст. Абдугафори Камол, тахлилгари точик мегуяд, бо вучуди ризоияти чониби Точикистон барои ташхиси неругох, даъвои Узбекистон дар ин замина беасос аст:

САДО: 2 «Хамин тарх бо ин хусусиятхояш дар Тошканд ба вучуд омада зиеда аз 30 сол омузиш шудааст. Бисер содалавхист, ки агар мо бигуем, як тархи бузурге ба мисли Рогун дар солхои шурави тархрези шуда онро танхо барои 40 сол омухтаанд ва наметавонем онро амали намоем, зеро он кухна шудааст. Ин тархро мутахасисони шурави барои зиеда аз садсолахо омухтаанд..»

Мактуби расмии хукумати Узбекистон гувох аз он аст, ки хамакнун чониби Тошканд тасмим гирифтааст, то бо Точикистон дар мавриди бунеди тарххои энержи музокирот намояд, изхор дошт Абдугафори Камол. Тахлилгари точик бар ин назар аст, ки мактуби нахуствазири Узбекистон оханги шартгузори ва тахдидро надорад. Ёдровар мешавем, чумхурии Узбекистон хамчун кишвари поёноби Осиёи Маркази хамеша зидди тарххои энержии Точикистон буд ва борхо талаби катъи бунеди неругохи Рогунро кардааст. Тахлилгарон бар ин назаранд, ки Узбекистон то ба охир барои ба даст овардани хукуки ташхиси неругохи Рогун талош хохад варзид. Ва пайдо шудани як фраксияи мухитшиносонро дар порлумони Узбекистон тахлилгарон пофишории Тошканд чихати эчоди монеа барои амалишавии тарххои энержии Точикистон медонанд. Ин хам дар холест, ки тибки маълумоти масъулини Точикистон тамоми тарххои энержии кишвар аз лихози экологи ташхис ва химоя шудаанд.

Родио «Имруз

«Hуфузи иттилоотии Узбакистон дар кишварҳои ҳамсоя Аъзами Хучаста Гузоришҳои мунташира аз Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки Узбакистон дар чорчуби барномаҳои стротегии худ ба истилоҳ «таҳочуми иттилоотй» ба ҳамсоягонро густариш додааст. Бар асоси тахкикоти коршиносони киргиз, давлати Тошканд бо истифода аз адами пушиши иттилоотии манотиқи ҳаммарз тавассути шабакаҳои радио — телевизионии кишварҳои ҳамсоя, бо тақвияти фиристандаҳо амвочи телевизионии шабакаҳои саросарии Узбакистонро ба осонй дар ин манотиқ пахш ва сиёсатҳои худро ба гунае эхсос нашаванда тахмил мекунад.Ин фиристандаҳо ба ҳадде қавй ҳастанд, ки ҳатто пахши барномаҳои телевизионии Точикистон ва Қирғизистонро дар манотиқи марзии ин кишварҳо ба мушкил мувочеҳ кардаанд.Аз ин чост ки мардуми ноҳияҳои ҳаммарз бо Узбакистон новобаста аз майлу иродаи худ барномаҳои телевизионии Узбакистонро тамошо мекунанд.Ин дар ҳолест, ки ду кишвари Точикистон ва Қирғизистон ба далели надоштани имконот, тавони пахши барномаҳои телевизионии худ дар манотиқи дурафтодаро надоранд.Ва хамин мавзуъ боис шудааст, ки кишвари хамсоя вориди амал шавад. Бар асоси оморҳои замони Шуравй дар Қирғизистон узбакҳо ҳудуди 14 дарсади чамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд.Узбакҳои Қирғизистон умдатан дар чануби ин кишвар ва чудо аз дигар манотиқи маскунй зиндагй мекунанд.Риштакуҳҳои Тён Шон, ки ин манотиқро иҳота кардаанд, ба унвони садде дар баробари амвочи телевизионии шабакаҳои Қирғизистон маҳсуб мешаванд.Аз суе узбакҳои Қирғизистон ба далели каммуҳтавойии барномаҳои қирғизй, тамоили чандоне ба шунидан ва дидани барномаҳои радио — телевизионии Қирғизистон надоранд ва ҳамеша барноамҳои Узбакистонро афзалият медиҳанд.Чунин вазъ дар Точикистон низ ба мушоҳида мерасад, ба гунае ки дар бозорҳои шаҳри Хучанд, навору СД-ҳои овозхонони узбак таблиғ мешаванд ва таронаҳои узбакй баландтар аз таронаҳои точикй садо медиҳанд. Бар асоси оморҳои расмии мунташира, дар Қирғизистон 69 рустои дурафтодаи ин кишвар аз дарёфти барномаҳои телевизионии Бишкек маҳруманд.Мақомоти Бишкек аз он бим доранд, ки Узбакистон бо нуфуз дар фазои иттилоотии навоҳии ҳаммарз, сиёсатҳои худро ба шаҳрвандони Қирғизистон таҳмил ва заминаи султаи худ дар қаламрави ҳамсоягонро фароҳам кунад. Ин масъала дар шароите, ки сохтани неругоҳҳои барқи обй дар рудхонаи Норин муносиботи Бишкек — Тошкандро таҳти шуъо ва ду кишвари ҳамсояро дар муқобили ҳам қарор додааст, бештар аҳамият касб намудааст.Ин эҳтимол тақвият шудааст, ки Узбакистон аз ақалияти узбактабори Қирғизистон дар ростои мухолифатҳои худ ба сохтани неругоҳи Қамбарота истифода кунад, амре ки метавонад водии Фарғонаро ба конуни низоъҳои қавмй дар минтақа табдил кунад.Бо дарки чунин хатаре дар порлумони Қирғизистон масъалаи тачовузи иттилоотии Узбакистон ба манотиқи ҳаммарзи ин кишвар чандин бор мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Дар Қирғизистон ин воқеиятро эътироф мекунанд, ки сифати барномаҳои телевизионии Тошканд беҳтар аз барномаҳои телевизиони Бишкек аст, аз ин ру масъулони қирғиз бар он шудаанд, ки ин нуқсонро рафъ кунанд.Аммо дар мархалаи кунунй давлати Бишкек аз имконот ва зарфиятҳои лозим барои муқобила бо он чи ки «тачовузи иттилоотии Узбакистон» унвон мешавад, бархурдор нест. Баррасиҳо нишон медиҳанд, барномаҳои телевизиони Узбакистон то чое бар афкори умумии чавомеи манотиқи ҳамчавор таъсир кардаанд,ки имруз кудакони хонаводаҳои узбаки муқими Қирғизистон Исалом Каримовро ба унвони раиси чумҳури худ мешиносанд.Дар соли 2001 Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар гузорише «тачовузи иттилоотии Узбакистон»-ро таҳдиде чиддй ба амнияти миллии кишвар арзёбй ва давлатмардони Бишкекро даъват намуд дар баробари ин таҳдид чораҳои фаврй андешанд.Дар ин гузориш ишора шуда буд, ки надоштани дастрасии аҳолии манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон ба расонаҳои марказй, мардумро дар инзивои иттилоотй қарор додаст ва ин амр арсаро барои расонаҳои фурсатталаби кишвари ҳамсоя боз намудааст. Тибқи оморҳои чанд соли қабл дар Точикистон ҳудуди як миллион нафар узбак зиндагй мекунад, ки бахши умдаи онҳо дар шимоли кишвар, дар устони Суғд, ҳамчунин дар навоҳии ҳамчавори чануб, назири Шаҳритус, Кубодиён ва Турсунзода мустақар ҳастанд.Баъд аз касби истиқлоли Точикистон ва оғози чанги таҳмилии шаҳрвандй, теъдоди қобили таваччуҳе аз узбактаборони Точикистон ба Узбакистон муҳочират карданд.Аммо аксари ин муҳочирон таҳти фишори мақомоти маҳаллии узбак ба Точикистон боз гаштанд.Бархе аз доираҳои коршиносии Гарб ин иқдоми Узбакистонро дар ростои аҳдофи стротегии давлати Тошканд дар минтақа арзёбй карданд, ки тавсаъаи нуфуз ва чойгоҳи забону фарҳанги узбакй аз он чумла аст.Хануз дар замони Шуравй заъфи барномаҳои радио — телевизионии Душанбе дар таҳти пушиш қарор додани манотиқи дурафтодаи кишвар машҳуд буд ва фақат 80 дарсади қаламрави Точикистон аз дарёфти амвочи радио ва ба вижа телевизиони марказй бархурдор буд.Имруз низ ин вазъ беҳбуди чандоне пайдо накардааст ва манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон умдатан барномаҳои телевизионии Тошкандро тамошо мекунанд.Агар аз як су тасвирҳои ношаффофи барномаҳои телевизиони марказ омили ин амр тавсиф шавад, аз суи дигар сифатии пойини барномаҳои телевизионҳои маҳаллй ва марказии точик шаҳрвандони узбак ва ҳатто ғайриузбаки ин кишварро ба тамошои барномаҳои телевизиони Тошканд ташвиқ кардааст.Назарсанчиҳои ичмолй баёнгар аз он аст, ки филмҳои дублашуда ва барномаҳои пурмуҳтавои телевизиони Узбакистон, ба вижа барои кудакон ва чавонон омилони аслии чалби таваччуҳи мардум ба ин шабакаҳо ҳастанд. Нуктаи чолиб дар масъалаи тамошои барномаҳои телевизионй он аст, ки ҳам дар Қирғизистон ва ҳам Точикистон узбактаборони ин кишварҳо ба он гунае ки мебояд, худро шаҳрвандони ин кишварҳо эҳсос намекунанд ва як дилбастагии ниҳоние ба Узбакистон ба унвони ватани аслиашон доранд. Дар пойтахти Точикистон, дар аксари фурушгоҳҳое, ки соҳибонашон узбак ҳастанд ба таври ғайримустақим ва ғайри қобили эҳсос метавон ба ин вокеият пай бурд ва узбактаборони муқими Душанбе тамоили чандоне ба иттилорасонии васоити ахбори Точикистон надоранд, ниёзи худ дар ин заминаро тавассути моҳвора ва бо тамошои барномаҳои шабакаҳои туркй ва узбакй бароварда мекунанд.Чунин вазъе дар Қирғизистон низ ба мушоҳида мерасад. Барномаҳои телевизиони Узбакистон дар шароите ба фазои иттилоотии Қирғизистон ва Точикистон соя афкандаанд, ки бино ба арзёбиҳои ниҳодҳои байналмилалй, васоити ахбори умум дар Узбакистон таҳти назорати шадиди давлат буда, кучактарин интиқод ва эътироз дар нутфа саркуб мешавад.Аз арзёбиҳои анчомшуда бармеояд, ки хадамоти махсуси давлати Тошканд дар як барномарезии дарозмуддат тасаллут бар фазои иттилоотии минтақаро дар дастури кор қарор додааст, то аз ин тариқ роҳаттар ба хостаҳои худ даст ёбад ва иттилорасониро ба гунае ки манфиатҳои Узбакистон тақозо мекунад, ба роҳ монад. Дар ҳамин робита як манбаи наздик ба сохторҳои амниятии Точикистон, ки аз зикри номаш худдорй кард, иброз дошт,теъдоди қобили мулоҳиза аз афроде, ки ба иттиҳоми узвият дар ҳаракати исломии Узбакистон дар Қирғизистон ва Точикистон боздошт шудаанд, бо сохторҳои амниятии Узбакистон хамкорй доранд. Бо таваччуҳ бапай омадҳои ногувори нуфузи иттилоотии кишвари ҳамсоя давлати Бишкек аксуламалҳое нишон дода, барноами муқобила бо ин падидаро руи даст гирифтааст. Аммо дар Точикистон зоҳиран ба ин мавзуъ аҳамияти чандоне намедиҳанд.Албатта расонаҳои ин кишвар борҳо дар ин замина ҳушдорҳое додаанд, вале вокунишҳои ончуноние дар қиболи ин ҳушдорҳо ба амал наомадааст

http://khujasta.blogspot.com/

Оё Раисчумхур Обама масъалаи бекориро дар соли 2010 хал карда метавонад?

Ботур Косими

Соли пеш вакте ки Борак Обама ба макоми раисчумхури Амрико расид, иктисоди пуркувваттарини дунё дар хакикат ру ба руи хатари муфлисшави карор дошт. Баъди як сол ва $787 миллиард доллар сарф шудан, иктисод баркарор гашта, тадричан афзоиш мекунад, аммо камшавии бозори чойхои кори ва сатхи бекори дар 10% хамоно боки мондан, норозигии чомеаро аз хукумат дар ин кишвар хеле боло бурдааст.Соли 2-уми хокимияти худро Обама бо суханронии солонаи раисчумхур оид ба ваъзи миллат дар Конгрес (парлумон) огоз карда, ба масъалаи бекори диккати аввалиндарача дод ва фавран бо бахсхои озоду супоришхои мушаххас акнун кушиш дорад, ки хар чи зудтар барномахои наву мутаассирро бахри рушди иктисод ва зиёдшавии чойхои кори амали намояд.Ин барномахо кай натичахои дилхох хоханд дод, холо маълум нест, вале он чиз маълум аст, ки агар чаноби Обама ин мушкилиро ба зуди хал карда натавонад, яъне сатхи бекори аз 10% кам нашавад ва шумораи чойхои кории эъчодшаванда ба таври назаррас афзоиш наёбад, уро ба даври 2-уми раисчумхури мардуми Амрико интихоб нахоханд кард. Мувофики пурсишхо худи хозир аллакай пуштибонии шахрвандон аз чаноби Обама аз худуди 68% то ба 45% поён рафтааст.Масъалаи бо кор таъмин будани ахоли ва рушди иктисоду корхонахои хусуси дар сахнаи сиёсии Амрико накши хаётан мухим мебозад. Мардуми инчо бо зангхои бешумор ба вакилони худ дар Конгресс ва номахои дарднок ба раисчумхури худ талаб мекунанд, ки бо чойхои кории хубу даромаднок дар Ватани худ таъмин бошанд, на он ки дар хорич саргардонии мухочирати кориро касе насибашон гардонад.

Афсус, дар Точикистон вазъият баръакси ин хол аст. Бештар аз 1 миллион нафар дар азияти мухочирати мехнати, сифат ва даромади корхои мавчуда хеле паст ва бахси бекориву камкори дар хонадонхои Точик аз хама мавзуи дарднок гаштааст. Ба ин хама нигох накарда, холо хам мардуми мо аз хукумат имкон ва тавони талаб кардани таъмини чойхои кории кобили кабул дар корхонаву идорахои Точикистонро надоранд. Аслан, баъд аз тасдики сохтори сиёсии давлат, ягона масъалаи мухимтарин барои хар як рохбар инкишоф додани иктисодиёт ва ташкил кардани имконияти мехнат ва зиндагонии бошараф барои хар як фарди миллат бояд бошад.

http://bkosimi.wordpress.com/

Чойгоҳи расонаҳои мустақил дар Точикистон

Аъзами Хучаста

Хабари дархости ғаромат аз панч нашрияи Точикистон ба иллати он чи ки риоят накардани қонуни матбуот ва нашри ахбори кизб таъбир шудааст, фазои иттилоотии ин кишварро таҳти таъсир қарор додааст.Бар пояи ин хабарҳо вазорати кишоварзй, муассисаи «Точикстандарт» ва чанд додрас аз ҳафтаномаҳои мустақили «Миллат», «Пайкон», «Фараж», «Озодагон» ва «Азия плюс» талаби пардохти ғаромат ба маблағи 7 миллион сомонй — муодили 1,5 миллион доллар намудаанд. Аз чумла дар шикояти вазорати кишоварзии Точикистон таъкид шудааст, ки ҳафтаномаи «Миллат» бояд ба ин вазоратхона барои интишори матолиби кизб як миллион сомонй ғаромат пардохт намояд.

Дар ин замина сухангуи ин вазорат гуфт, ҳафтаномаи «Миллат» дар шумораи 49, 10 декабри слои 2009 таҳти унвони «Вазорати кишоварзй фасодзадатарин ниҳод аст» оморе мунташир намуд, ки дур аз воқеият мебошад.Ин дар ҳолест, ки масъулони нашрия мегуянд омору рақамхоро аз гузориши Сафаралй Гулов, раиси Кумитаи будчаи Мачлиси намояндагони Точикистон иқтибос кардаанд, ки дар як чаласаи парлумон гуфта буд. Аз суе ду қозии додгоҳи олй ва як додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳафтаномаҳои «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» барои он чи ки таҳкир ба шаъну шараф ва ҳайсияти додрасҳо таъбир кардаанд,ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Аммо масъулони ин нашрияҳо муътақиданд, ки ин иқдомот ҳосили як барномарезии аз қабл пешбинй шудаи гуруҳҳои фурсатталаб аст, ки дар чунин марҳалаи ҳасос саъй доранд фазои дохили кишварро ба бухрон бикашанд. Аҳли матбуот бар ин боваранд, дар шароите ки Точикистон ба интихоботи порлумонии 28 феврал омода мешавад ва мавзуи мушорикати мардум дар тарҳи азими неругоҳи Роғун дар меҳвари фаъолиятҳои расонаи қарор дорад, иддае бар он шудаанд сарнавишти давлат ва миллати Точикистонро қурбонии тамаъхои муғризонаи худ кунанд.Таҳлилгарони точик низ бо ишора ба ҳамин мавзуъ мегуянд, вазоратхонаҳое ки дар пешбурди вазифахои худ муваффақ набудаанд, дар остонаи чаласи солонаи ҳукумат, ки тибқи маъмул бо чойивазкунии кадрй ҳамроҳ аст, талош доранд бо чунин чанчолофариниҳо афкори умумиро ба бероха баранд. Дар ҳамин ҳол Созмони гузоришгарони бидуни марз, ки қароргохи он дар Париж мебошад, бо интишори баёнияе аз мақомоти точик хостааст,аз афзоиши фишор ба матбуоти мустақил пешгирй кунанд.Дар ин баёния, ки ҳафтаи гузашта мунташир шуд, аз он ибрози нигаронй шудааст,ки бо иддаоҳои беасос ба додгоҳ кашидани фаъолиятҳои рузноманигорй дар Точикистон, дар ҳоли табдил шудан ба як анъана аст. Нигоҳе ба амалкарди расонаҳои иттилоотии Точикистон тайи чанд соли охир, баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар муқоиса бо бархе кишварҳои ҳамсоя, рузноманигорони Точикистон дар вазъи беҳтаре аз нигоҳи истиқлоли амал бархурдоранд.Ба иборати дигар, меъёрҳои демократй ва озодии баён то ҳадди қобили мулоҳизае дар ин кишвар риоят мешаванд ва ин имкон додааст, ки рузноманигорон бо худбоварии бештаре анчоми вазифа кунанд.Қонуни матбуоти Точикистон, ки дар чанд навбат мавриди тағйиру ислоҳ қарор гирифт, сарфи назар аз бархе костиҳо, фазои нисбатан мусоидеро дар ихтиёри аҳли қалами ин кишвар қарор додааст.Албатта дар ин замина ҳануз масъалаҳои зиёде вучуд доранд, ки ҳалли онҳо ба эҳтимоми масъулон ва рафтори касбии ахли расона вобаста аст. Дар моҳи майи соли 2009 гуруҳе аз рузноманигорони Точикистон бо имзои санаде бо номи «Ойинномаи ахлоқи журналист», иқдом ба таъсиси Шурои чамъиятии матбуот намуданд, то аз ин тариқ зимни тақвияти маҳоратҳои касбии хабарнигорон, фаъолияти ононро дар чорчуби қонунхо ва муқаррароти мавчуд тазмин кунанд. Аммо на ҳамаи дастандаркорони матбуоти точик аз ин иқдом истиқбол карданд ва иддае бо андешаи ин ки Шурои мазкур як ниҳоди чадиди назоратй ба фаъолиятҳои рузноманигорй дар Точикистон табдил хоҳад шуд, аз пайвастан ба он худдорй карданд. Гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалй дар мавриди вазъи озодии баён дар Точикистон хикоят аз он дорад, ки дар соли 2009 ин кишвар бо 7 зина суқут аз мақоми 106 ба мақоми 113 нузул кардааст.Дар чунин гузориши соли 2007 Точикистон дар мақоми 115 қарор дошт.Харчанд дар гузориши мазкур вазъи озодии баён дар Точикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа ру ба беҳбуд арзёбй шудааст, аммо аз падидаи «худсонсур» дар миёни рузноманигорони точик ва фишори бархе сохторҳо ба матбуот ба унвони монеи чиддй дар масири ин раванд, ибрози нигаронй шудааст. Бар асоси оморҳои расмй дар Точикистон 22 шабакаи мустақили радои ва телевизион фаъолият мекунанд.Хамчунин дар вазорати фарҳанги ин кишвар беш аз 360 ҳафтанома сабти ном шудаанд, ки теъдоде аз онҳо ба иллати мушкилоти молй аз фаъолият бозмондаанд.Точикистон аз чумлаи андак кишварҳо дар қаламрави Шуравии собиқ аст, ки ҳануз рузнома, яъне нашрияе, ки ҳар руз ба табъ расад, надорад.Бархе аз нашрияҳои давлатй руздармиён чоп мешаванд. Гуфтан чоиз аст, ки зуҳури матбуоти мустақил дар фазои иттилоотии Точикистон, ки аз нахустин падидаҳои сиёсати бозсозии (перестройка)Горбачёвй буд, таҳаввуле чиддй дар фаъолиятҳои рузноманигорй дар ин кишвар эчод кард.Аввалин нашрияҳои мустақил, назири «Сухан», «Ҳафт ганч», «Чароғи руз»,«Адолат»,«Растохез» бо чопи матолиби миллию мазҳабй, инқилобе дар афкори чомеаи точик эчод карданд.Нахустин ҳосили талоши ин нашрияҳо мақоми давлатй касб кардани забони форсии точикй дар Точикистон дар соли 1989 буд.Ин матбуот бедории миллиро дар Точикистон ба гунае густариш доданд, ки ин кишвар ба маркази чунбишҳои миллй дар минтақа табдил шуд ва раванди бозгашт ба хештани хеш дар зехни фард-фарди мардум ба таври бесобиқае тақвият шуд.Дар сарорсари Точикистон масочид дарҳои худро ба руи намозгузорон боз карданд, омузиши алифбои ниёкон (хати форсй) дар мактабхо чорй ва Навруз ба унвони чашни миллй дар тақвим зикр шуд.Аммо оғози чанги таҳмилии шаҳрвандй дар соли 1992, ки то соли 1997 идома кард, камари ин наҳзатро шикаст.Дар оғози ҳазораи саввум, бо бозгашти суботу амният ба сарзамини точикон, матбуоти мустақил мучаддадан ҳузри худро дар саҳна пурранг кард, ҳарчанд ҳолу ҳавои даҳаи 90 қарни гузаштаро надошт.Бо ин ҳол тайи солҳои охир ин матбуот тавонист бо ҳимоят аз манофеи миллии Точикистон дар баробари бархе кишварҳо, чойгоҳи худро боло бибарад.Вокунишҳои шадид дар баробари озору азият ва куштори муҳочирони кории точик дар Русия ва тарғиби давлат ба иқдоми амалй дар ин замина, аз нахустин муваффақиятҳои ин расонаҳо дар давраи ба истилоҳ ҳаёти дубораашон дар чомеаи точик мебошанд.Химоят аз тарҳи азими неругоҳи Роғун ва руёруйи бо иддаҳои беасоси кишварҳои ҳамсоя, аз дигар амалкарди мусбати ин расонаҳо маҳсуб мешавад, ки истикболи густурдаи чомаеро ба хамрох дошт.Аз ин чост, ки раиси чумҳури Точикистон бо судури фармони 622 тамоми ниҳодҳои давлатиро вазифадор кард, ки ба танкидҳои расонаҳо посух гуянд ва масъулони ҳукуматй дар нишастҳои матбуотй ҳузур ёбанд. Бо ин ҳол имруз матбуоти Точикистон, аз чумла нашрияҳои мустақил бо бархе мушкилоте ру ба ру ҳастанд, ки бар фаъолиятҳои онон соя афкандааст. Аз чумлаи ин мушкилот нотавонии молй мебошад, ки ин нашрияҳоро дар ҳолатҳое ба мубаллиги сиёсатҳо ва хостаҳои афрод ё ниҳодҳои сармоягузор табдил кардааст. Аз муҳтавои чунин расонаҳо ба осонй эҳсос мешавад, ки ба ивази дарёфти маблағ, сиёсатҳо ва ҳадафхои дигаронро дунбол мекунанд.Ин падидаи номатлуб қабл аз ҳама фарҳанги чомеа ва арзишҳои миллию мазҳабии мардумро ҳадаф қарор додааст, ки идомаи ин раванд на танҳо суботу амният, балки мавчудияти Точикистонро ба унвони давлати мустақил таҳти савол қарор хоҳад дод. Масъалаи риояти қонуни забон аз дигар мушкили расонаҳои Точикистон мебошад.Забони баёни бархе аз ин расонаҳо ба ҳадди солхои 60 асри гузашта омиёна ва бархе дигар ончунон печида ва дур аз меъёрҳои забони точикй менависанд, ки хонандаро ба бероҳа мебарад.Албатта ин мавзуи баҳси чудогона аст. Аммо дар остонаи интихоботи порлумонй ба додгоҳ кашидани расонаҳои мустақил, ёдовари ҳамон иқдомҳоест, ки дар соли 2005 ва низ дар остонаи интихоботи порлумонй анчом шуда буд.Амре, ки ба манъи чопи нашрияҳои мустақили «Рузи нав», «Одаму олам» ва «Неруи сухан» анчомид.Албатта ҳар рузноманигоре вазифадор ба риояти меъёрҳои хабарнигорй аст ва ин сохторҳои дахлдор ҳастанд, ки дар мавриди шикоятҳо қазоват хоҳанд кард.Бо ин ҳол ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил ин бор таъкидҳои пай дар пайи мақомоти точик, ба вижа раиси чумҳур дар мавриди тазмини интихоботи шаффоф ва озодро то ҳадде таҳти сояи худ қарор додааст.

http://khujasta.wordpress.com/

Андозҳои беандоза барои рушданд ё рукуд?

Мирзонабии Холиқзод

«Аз дасти андозситонҳо ва андозҳои беандоза намедонӣ додатро ба кӣ гӯӣ. Дар мулоқоти президент бо соҳибкорон маро роҳ надоданд. Вагарна ман танҳо дар бораи бедодии ситемаи андози Тоҷикистон гап мезадам.» Ин ҳарфҳоро як дӯсти соҳибкорам мезаду ҳайрон буд, ки чӣ кор кунад. Вай, ки як ширкати «кошисозӣ» ё кафелсозӣ дорад, гуфт, ки беҳтар аст ба Русия ё Қазоқистон раваду корашро онҷо идома диҳад. Бистуяк навъи андоз дар Тоҷикистон дар кишвари кӯчаке, ки дорои 7 миллион аҳолӣ асту наздики 60 дар сади ҷамъияташ дар фақру бенавоӣ ба сар мебарад ба фоидаи кист. Ва он ҳам тибқи иттилои созмонҳои ҷаҳонии масоили шуғли аҳолӣ ҳудуди 1 миллион нафари аҳолиаш дар Русия ба кори сиёҳ машғул асту тақрибан якуним миллиони ҷамъияташ бо оғози фасли кор ба Русия ва ба кишварҳои дигар мераванду меоянд. Агар шумо ба гузориши ҳамкорам Зулфиқори Исмоилиён «Андози бисёр – буҷаи холӣ» таваҷҷӯҳ кунед, хеле рӯшан гуфта шудааст, ки дар кишвари ҳамсояи мо Қирғизистон ҳамагӣ ҳафт навъи андоз вуҷуд дорад. Дар ибтидо қирғизҳо 23 навъи андоз доштанд. Вале Ҳукумати Қирғизистон ва порлумони ин кишвар дар зарфи даҳ соли ахир бо омӯхтани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва шароиту тавонмандии мардуми худ ин теъдоди андозҳо аввал ба 16 ва баъд ба ҳафт расониданд. Аҳолии Қирғизистон ба андозаи ҷамъияти Тоҷикистон аст. Ва ҳарду кишвари кӯҳистонанд. Ва ҳарду кишвари камбағалтарини Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Чаро қирғизҳо метавонанду тоҷикҳо ҳатто дар фикри ислоҳи вазъ ба хотири беҳбуди зиндагии худ нестанд. Як корманди Идораи андози пойтахт гуфт, вақте ки дар Тоҷикистон масъалаи навиштани қонуни андоз пеш омад, қонуншиносон ва қонуннависҳо кодекси андози Русия ва чанд кишвари дигарро бе назардошти шароити Тоикистон ва бидуни таҳрир гирифтанду таҳмил карданд. Охир барои мисол чӣ гунна мешавад Русияро бо Тоҷикистон қиёс кард? Вақте ки ҳамкорам Абдуқаюми Қаюмзод дар бораи фаъолияти камранги порлумон гузориш дод, таҳти унвони «Вакилони хомӯшу хоболуди порлумон» матни он дар саҳифаи интернетии радиои Озодӣ ҷой дода шуд. Фардои ҳамон рӯз аз порлумон чанд вакили мардумӣ бо хашму ғазаб аз тариқи телефон дод мезаданд, ки «ин мақоларо аз саҳифа зуд бардоред, мо хомӯшу хоболуд нестем». Чаро депутатҳо медонанд, ки андози бисёр ба суди Тоҷикистон нест, вале дар давраи фаъолияти онҳо чанд навъи андозу андозчаҳо изофа карда шуд? Як соҳибкоре, ки худро Ҷовид Розиқов муаррифӣ намуд, гуфт, ки «агар дар системаи андоз ё дар Вазорати умури дохилӣ ё дар Кумитаи амният ва ё дар додситонӣ ё аз наздикони президент ва ё мансабдорон «шинос» надошта бошӣ ҳатман миёнатро бо ин андозҳои зиёд мешикананд. Маҷбур мешавӣ ҳамаро партоию аз Тоҷикистон равӣ Аҷибтар ин аст, ки вақте президент бо соҳибкорон дар охири соли гузашта мулоқот орост, пас аз суханронии худ аз соҳибкорон тақозо намуд, ки барои суолу пешниҳодҳо панҷ дақиқа вақт дода мешавад, то ин ки ҳама имкони баёни назар дошта бошанд. Ман ва шояд миллионҳо бинандагони дигаре ки аз тариқи телевизион ин сӯҳбатро тамошо мекарданд, интизор доштем, ки ҳоло соҳибкорон дар бораи вазъи танги иҷтимоӣ хусусан дар бораи андозҳои бешумор пешниҳоду суолҳо медиҳанд. Аммо аксари соҳибкорон аз рӯи варақҳо танҳо ва фақат «зиндабод!», «урабод!» мегуфтанд. Ҳол он ки вақте ба студияи мо меоянд, ин соҳибкорон ончунон системаи андозро танқид мекунанд, ки ба қавли онҳо, сабаби тамоми бадбахтиҳои иҷтимоӣ ҳамин 21 навъи андоз аст ва ин бонги изтироб барои ҷомеаи Тоҷикистон аст. Вале он рӯз дар чашми мардум дар баробари раиси ҷумҳур «илтифот» мекарданд. Як дӯстам ки ин мулоқотро тамошо кардааст, гуфт, ки ба он вохӯрӣ соҳибкорон бо «рӯйхати махсус» даъват шудаанд. Барои ҳамин аз рӯи «сенария» давом мекард. Аслан кадом мулоқот бар рӯи кадом сенария барпо карда мешавад мо коре надорем, бо андози зиёд буҷаи давлат пур намешавад? Ва чаро худи кормандони андоз мегӯянд. ки бо 9 ва 10 навъи андоз буҷаро мешвад иҷро карду вале касе аз паи ислоҳи ин намешавад. Пушти ин шеваи андозситониҳо кӣ истодааст ва ин бебандуборӣ ба суди кист? Чаро ҳамсояҳои мо зуд ба фоидаи худ ин масъаларо тавонистанд, ҳал кунанд? Дар як навиштаам таҳти унвони «Тарки фикр марги тан» ишора карда будам, ки агар мо бар рӯи амри андешаи дигарон мехоҳем зиндагӣ кунем вориди як тамаддун хоҳем шуд, ки онро тамаддуни ҷангалӣ меноманд. Вале ман иштибоҳ кардам. Мо аллакай дар тамадуни ҷангалӣ ба сар мебарем. Дар рӯзи рӯшан дар пеши чашми мардум «зӯр» «беҷон»ро мехӯрад. http://www.ozodi.org

Ишқ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Миёни соҳибназарон ва андешмандон як чунин баҳсе доир аст, ки наздиктарин ва беҳтарин роҳ ба сўи Худо, ки моро бо Ў ошно созад, кадомин роҳ бошад? Гурўҳе бар онанд, ки беҳтарин роҳ, роҳи ақл аст. Яъне тамошои ҷаҳоне, ки гирду атрофи одамиро печонидааст, андешаву тафаккур дар падидаҳои табиат, тааммуқ дар ҷаҳони ҳастӣ, кофист инсонро ба офаридгори ҷаҳон огоҳ созад. Ҳарчанд ин роҳ, ба унвони як муқаддима, роҳи некўест ва одамӣ дар роҳи худошиносӣ аз он бениёз нест, аммо ба гуфтаи бархе аз дарёнавардони уқёнуси маърифати худоӣ, роҳи ақл, ба танҳоӣ кофӣ нест фитрати худоҷўии одамиро сероб кунад. Инсони худоҷў фақат бо ошноии маҳзи ақлӣ, ки барояш бигўяд ҷаҳонро Худоест, басанда намекунад, ташнагияш бартараф намегардад. Аз ин ҷост, ки орифони дилбаста, пойи ақлро дар худоёбӣ ланг мешуморанд. Мавлавӣ гўяд: Пои истидлолиён чўбин бувад Пои чўбин сахт бетамкин бувад Агар бихоҳем роҳи шиносонидани ақл аз Худоро ба чизе ташбеҳ созем, метавон онро ба касе ташбеҳ кард, ки барои ташнае макони оберо нишон медиҳад ва то лаби об ўро мебарад, вале ташна аз об сероб намешавад. Танҳо тамошои об мекунаду аз нўшиданаш маҳрум мемонад. Одамӣ на танҳо мехоҳад Худоро бишносад, балки мехоҳад бо тамоми вуҷуд Ўро эҳсос кунад. Чунин эҳсосеро фақат ишқ барояш мебахшад. Дар вуҷуди одамӣ, дар фитрати ў, дар табиаташ ишқи худоӣ ҳаст, фақат онро бояд парвариш дод. Аз ин ҷост, ки мебинем дар дини мубини ислом, ба тақвияту парвариши фитрати илоҳӣ зиёд таъкид шудааст. Ислом бар он аст, ки конуни эҳсосоти олии илоҳии қалбиро бояд тақвият кард ва монеаҳои рушду густариши онро бояд аз миён бурд, ва ба истилоҳ, бояд қалбро тасфия ва поксозӣ кард, ва он гоҳ бо маркаби нерўманду сабукболи ишқ ба сўи Худо парвоз намуд: “Ва ба нафс (ҷону равон)-и одамӣ ва Худое, ки онро сомон бахшид ва он гоҳ бадкорию парҳезгорияшро ба вай илҳом кард, ба дурустӣ растгору комёб шуд он касе ки нафсро пок гардонид ва покиза дошт, ва ноумеду бебаҳра гашт он касе ки онро олуда сохт”. (Сураи Шамс, оятҳои 7 то 9). Роҳи тақвияту поксозии конуни дил ҳам, анҷоми вазоифи шаръист: бояд намоз хонд, рўза гирифт, закоти мол пардохт… аммо бо ихлос. Ва ҳамчунин ба ахлоқу кирдорҳои некўву писандида хештанро ороста намуд: бояд ростгў буд, амонатдор буд, боихлос буд, вафои ба аҳд кард… Монеаҳои рушди он ҳам, анҷоми аъмоли зишт, саҳлангорӣ дар адои вазоифи шаръӣ, хўрдани моли ҳаром, зулму ситам ба халқи Худо, бадбинӣ, адами эҳтиром ба падару модар, такаббур, ба худ болидан, риё, молу ҷоҳпарастӣ… аст. Агар инсон битавонад Худоро аз роҳи ишқ биёбад, дар вуҷудаш Ўро эҳсос кунад, ҳамеша Худоро ҳозиру нозир бинад, дар он сурат, ибодаташ ҳам фарқ хоҳад кард. Тафовути ибодати касе, ки Худоро танҳо аз роҳи ақл шинохтааст, бо ибодати он касе, ки Худоро на танҳо шинохта, балки Ўро эҳсос мекунад, вуҷудаш аз ишқи офаридгор моломол аст, дар ин аст, ки аввалӣ ибодату парстишро, ё аз рўи тамаъ анҷом медиҳад ва ё аз рўи тарс. Ў Худоро мепарастад то ба биҳишт ноил гардад. Ва ё метарсад агар Худоро ибодат накунад, ҷойгоҳаш оташ гардад. Аммо дуюмӣ, барояш биҳишту дўзах матраҳ нест. Ў асири ҷаннату ҷаҳаннам намебошад. Ў озода аст, Худоро барои худи Худо мехоҳад, на барои тарс аз дўзах ё тамаи биҳишташ. Ибодат барои ў ишқ аст, лаззат аст, кайфу сафост. Дар ривояте ҳаст, ки мегўяд: “Гурўҳе Худовандро ба ангезаи найл ба подошу даст ёфтан ба неъматҳояш бандагӣ мекунанд. Ин қисм ибодат, шоистаи савдогарони судҷўст. Баъзе Худовандро аз тарси азобаш мепарастанд. Ин қисм ибодат низ, дар хўри бардагони зархарид аст. Касоне ҳастанд, ки Худовандро ба манзури шукргузорӣ ва анҷоми як вазифаи инсонӣ парастиш менамоянд. Ин ибодат, ибодати озодагон аст, ва чунин ибодате, бартарини ибодатҳост”. Орифе мегўяд: Не аз Ту ҳаёти ҷовидон мехоҳам Не айшу танаъуми ҷаҳон мехоҳам Не коми дилу роҳати ҷон мехоҳам Ҳар чиз ризои туст он мехоҳам Ва ё дигаре мегўяд: Рўзи маҳшар ошиқонро бо қиёмат кор нест Кори ошиқ ҷуз тамошои висоли ёр нест Аз даргоҳи Худованди Меҳрубон мехоҳем моро аз бандагони ошиқи худ қарор бидиҳад, ва чунинамон кунад, ки Ўро фақат барои худаш, барои ба дастоварии ризояташ бипарастем. http://www.kemyaesaadat.com/

Мӯди  охири тоҷики навгаро: холкӯбии бадан ва халқа дар гӯшу бинӣ Холкӯбӣ дар бадан тақлид ба Аврупо Ҷамшеди Каёнӣ

Холкӯбӣ ё ба истилоҳ тасвирпардозӣ дар бадан маъруф бо таъбири татуировка аз падидаҳои маъмули паҳншуда дар Аврупо аст, ки умдатан дар миёни ҳофизон ва афроди ҷиноятпеша рушд кардааст. Гуфта мешавад, вожаи татуировка баргирифта аз калимаи тату буда, асосан маънои тасвир ва нақшу нигор дар баданро дорад. Мувофиқ ба иттилои дастрасшуда он таърихи беш аз шаш ҳазорсола доштааст. Тибқи маъулмотномаи шабакаҳои интернетӣ феълан барои иҷрои ин амал мухтахассисони вижа аз дастгоҳҳои махсус кор мегирифтаанд. Чунонки мушоҳида мешавад, солҳои охир холкӯбӣ дар байни ҷавонон тоҷик ва асосан тоҷикони навгаро ҳам афзудааст. Аслам Акбаршоев як сокини вилояти Суғд, ки дар дасту панҷаҳояшро замони ҷавониааш холкӯбӣ кардааст, гуфт ҳанӯз 20 сол пеш аз рӯйи ҳавову ҳавас даст ба ин амал зада буд. Ӯ мегӯяд, барои холкӯбӣ кардани бадан бояд дарди ҷонгудозеро паси сар намуд. Бино ба таъкиди ҳамсӯҳбатам, иҷрои амали мазкур аз чанд марҳила иборат аст: – Аввал ягон ҷойи баданро бо қалам нақш намуда, баъдан аз рӯйи тасвири кашидашуда, бо сӯзани чокдӯзӣ, ки омехтаи ранг аст ба он мезананд. Дар натиҷа – мегӯяд ҳамсӯҳбатам – ҳамон ҷойи тан аз зарби сӯзан хуншору захмин мегардад, вале пайи он барои ҳамешагӣ боқӣ мемонад. Аслам Акбаршоев, таъкид медорад, ҳарчанд баъди холкӯбии дастааш, аз волидайн сарзаниш шунида, барои рафъи он кӯшишҳо кардааст натиҷа надода будааст: – Дарди бадро даъвои бад гуфта, ҷойи холкӯбикардаро бо сӯзан шикоф кардам то ҷойи татуировка комилан нобуд шавад – гуфт мусоҳибам ва илова кард: – вале даст хуншор шуду захмин гашт ва ман умедвор будам, ки пайи тасвир нобуд мешавад, аммо чунин нашуд. Ӯ мегӯяд, ки дар замони ҷавониаш аз рӯйи ҳавас чунин карда буд, вале, таъкид медорад ҳамсӯҳбатам, дар ин авохир бештари ҷавонон дар тақлиди кӯр-кӯрона ба ғарбиҳо, бидуни андешаи ояндаи кор, чунин мекардаанд. Дар ҳамин робита Аслам Акбаршоев тавсия медиҳад, ки аз чунин амалкарди бемантиқ бояд худдорӣ варзид. Аз назари ӯ, тақлид ба миллатҳои дигар ба мардуми тоҷик зебанда набудааст. Вале бо ин вуҷуд солҳои охир майли теъдоде аз ҷавонон ба пардози қисматҳои бадан, аз ҷумла холкӯбӣ намудани дасту бозу ва қафасҳои сина ҳоли афзудан дорад.

Ба ҷойи абрӯи таббиӣ –

холкӯбии сунъӣ?!

Бино ба таъкиди коршиносон агар чанд сол пеш холкӯбӣ танҳо барои афроди маҳбасдида ва баъзе нафарони дар сафи артиш хидматнамуда, ба ҳукми одат даромада ва як навъ анъана буд, аммо имрӯз ин амалро дар салонҳои пардози ҳусн бо пардохти маблағи муайян иҷро мекардаанд. Бону Азиза Миркамолова, як сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ҳамакунун барои занҳо имконият фароҳам оварда шудааст, ки дар салонҳои зебопардозӣ абрӯвони худро ба як муддати мадиде холкӯбӣ намоянд: – Ҳангоме ман бо як зани қошашро холкӯбикарда ҳамсӯҳбат гаштам, вай гуфт, ки дар пайравӣ бо занҳои дигар абрӯяшро ба чунин тарз зеб додааст. Ин зан гуфт – идома медиҳад Азиза Миркамолова – пеш аз он ки атрофи қошро бо таври дилхоҳ холкӯбӣ кунанд ба ҷойи лозима, барои ҳис нашудани дард, сӯзадору мезандаанду сипас ба амалиёт шурӯъ мекардаанд. Он зан гуфт, ҳангоми холкӯбӣ ҳис карда будааст, сӯзан то ба устухонааш расидаанд, вале бо таъсири дору дардро эҳсос накардааст. Ин бонуи мусоҳибам дар шигифт аст, ки чаро аксарият дидаву дониста худро ба машаққат гирифтор мекунад ва аз ҳамин гуна ҳусни сунъӣ барои онон чӣ нафъ бошад? Ҳамсӯҳбатам бар ин назар аст, ки амали мазкур аксаран дар маркази вилоят рушд карда, дар дигар минтақаҳои вилоят, аз ҷумла дар деҳот комилан дида намешудааст. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, феълан дар машшотахонаҳо холкӯбӣ 50 доллари амрико арзиш дошта, вобаста ба сифату муддати коршоямии он қимматаш низ меафзудааст. Вале аксари ходимони толорҳои ҳусн вобаста ба ин масъала сӯҳбат карданро бо мо салоҳ надонистанд. Аммо дар робита ба ин мавзӯъ пизишкон гуфтанд, ки чунин амалкард метавонад дар пай оқибатҳои ногуворе ба бор оварад. Аз нигоҳи онҳо холкӯбӣ ба саломатӣ хатаровар аст, зеро ҳангоми сӯзанзанӣ эҳтимоле вуҷуд дорад, ки ба рагҳои хунгузар зарар расад ва ё ба хун бактерия ворид шавад.

Тасвирпардозии бадан бо

коғазширеши холкӯбишуда

Бо ин вуҷуд ки кормандони соҳаи тиб аз зарари эҳтимолии холкӯбӣ мардумро огаҳ мекунанд, дар миёни тоҷикон, махсусан мардон холкӯбӣ ҳамоно мавҷуд буда, аксаран онро дар маҳбас ва ё дар замони хизмат дар қувваҳои мусаллаҳ ба ҷо меовардаанд. Бархе коршиносон мегӯянд ҳамакнун дар бозорҳои Тоҷикистон холкӯбӣ дар шакли тайёри коғазширеш пайдо шудааст, ки аз он дар ин авохир ҳатто ҳофизон, аз ҷумла Фарзонаи Хуршед ва теъдоде аз арӯсон баъди тӯй барои зебу зиннати худ истифода мекардаанд. Рӯҳафзои Иброҳим як ҷавонзани тоҷик ин амалкарди ҳамсолонашро қабул надорад ва мегӯяд мо бояд ба ғарб барои омӯзишу таълиму тадрис пайравӣ кунем ба ба фарҳанги онҳо: – Дар мавриди он ки холкўбӣ ё худ татуировка, ки феълан  дар миёни ҷавонони тоҷик низ маъмул шудааст, таъкид медорам, ки он аслан хоси тоҷикон набуду нест. Ин моли ғарб аст ва шарт нест, ки ҳар як амали ғарбиҳоро мо ба фарҳани худ ворид намоем. Ин тақлиди кўр-кўронаи мо маҳсуб мешавад. Имрўзҳо махсусан, дар маркази шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон чунин ҷавононро зиёд мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар бадани худ ҳар гуна нақшу нигор гузоштаанд ва ҳатто баъзан аз диданаш шахс ба даҳшат меафтад. Масалан расми аждаҳор ё ягон нақши воҳиманоки дигар. Гумон мекунам, ки ба хусус, вақте духтарон дар бадани худ ин гуна нақшҳо мегузоранд, новобаста аз он ки вай коғазширеш аст ё холкӯбӣ, албатта барои боз ҳам ҷалби дигарон аст, на чизи дигар. Ин ба кишваре, ки бештар аз 97 фоизи онро мусалмонон ташкил медиҳад, фикр мекунам, хос нест – таъкид медорад вай. Ӯ қисса кард, чанд рўз пеш аз ин дар яке автобусҳои шаҳри Душанбе бо духтаре вохӯрда аст, ки дар шикамаш чунин нақш дошт ва ба замми ин куратачааш ё ба қавле кофтаи вай боло аз нофаш меистод. Ҳангоме татуировкаи ӯ намоён гашт, ҳатто як зани рус ба ў лаънат хондааст: – Дар ин гуна вазъият – афзуд Рӯҳафзо, – худи мо духтрон, ки дар ин мусофирбар зиёд будем, дар вазъияти ногувор мондем. Аммо дар ҷавоби ин ҳама гуфтугузорҳо дар мавриди вай, он духтар «чӣ кор доред?», гуфту монд… Хуб мебуд, агар тақлиди мо ба донишу пешравии ҷавонони ғарбӣ бошад на ба ҳар гуна амалҳои ноҷои онҳо ,ки боиси костагӣ дар фарҳанги мо шавад.

Холкӯбӣ ва халқа дар гӯшу бинӣ рамзи чист?

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки дар бештари маврид холкӯбӣ ва боз як навъи мӯди ҷавононписарони тоҷик – халқ дар гӯшу бинӣ ҳамоно аз тақлиду пайравӣ ба миллатҳои ғайр маншаъ гирифта, рамзу маъное надорад. Вале ҷавони 21-солаи тоҷик бо исми Фарҳманд Шамсиев ин амали ҷавонони тоҷикро ба ҳамқадами замон будани онҳо рабт медиҳад: – Ин кори шахсии ҳар фард аст. Ҳич кас ҳуқуқ надорад, ки моро аз татуирвказаниву халқабаргӯшӣ нигоҳ дорад. Мехоҳем мекунем, намехоҳем не! Замони онҳое, ки ин амалҳои моро маҳкум мекаранд. Воқеан дар солҳои ҷавонони калонсолони ҳозира низ ҳамин гуна ақидаҳо мавҷуд буданд ва аксарияти онҳо барои пӯшидани шимҳои поҷавасеъ ва мӯйдарозӣ мавриди накӯҳиши бузургсолон қарор мегирифтанд, вале ҳамон солҳо низ ин мӯд буд, ҷавонон ва ҳозира калонсолон онро иҷро менамуданд. Аммо, бино ба таъкиди муллоҳо, тасвирпардозӣ дар бадан, халқа кардан дар гӯшу бинӣ аз рӯйи қавонии ислом кори хубе набудааст. Онҳо мегӯянд, ҳар нафаре, ки худро мусалмон меҳисобад набояд ба чунин амал даст занад, вагарна дар охират ӯро ҷазо интизор аст.

Хошияхои конфронси Лондон дар мавриди Афгонистон

Аъзам Хучаста

Конфронси баррасии масоили Афғонистон дар Лондон дар ҳоле ба кори худ поён дод, ки ширкаткунандагон дар мавриди хуручи неруҳои низомии хоричй аз ин кишвар иттифоқи назар доштанд.Ба иборати дигар, дар ин нишаст стротегияи хуруч аз Афғонистон дар меҳвар қарор дошт.Аз суханрониҳо ва арзёбиҳо ба вузуҳ мушаххас буд, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО стротегияи хуруч аз Афғонистон ва вогузории масъулиятҳо ба давлати Кобул зарфи панч соли ояндаро дар дастури кор қарор додаанд. Дар банди 10 эъломияи ниҳойии нишасти Лондон ба ҳукумати Афғонистон суфориш шудааст, ки зарфи се соли оянда дар тамоми манотиқи доғ масъулияти ичрои амалиёти низомиро бар душ гирад ва зарфи панч сол ҳузури физикии неруҳои худ дар ин манотиқро таъмин намояд.

Дар ин робита Кай Эйде, сафири вижаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт:«Мо стротегияи гузарро дунбол мекунем ва ҳам ҳукумати Афғонистон ва ҳам чомеаи байналмилал аз ин ҳадаф чонибдорй мекунанд». Вай афзуд, мо то кунун ба Афғонистон ба унвони «сарзамини ҳеч кас» бархурд мекардем ва тасмимот дар мавриди ин кишвар ҳазорҳо мил хорич аз он гирифта мешуд.Акнун афғонҳо бар онанд, ки сарнавишти худро ба дасти худ рақам зананд. Дар мавриди хуруч аз Афғонистон Барак Обама, раиси чумҳури Амрико гуфта буд, ки мехоҳад хуручи низомиёни амрикойи аз ин кишварро аз тобистони соли 2011 оғоз кунад.Аммо Ҳилларй Клинтон, вазири умури хоричаи Амрико ба ширкаткунандагони конфронси Лондон гуфт, неруҳои афғон аз имсол масъулиятҳои бештареро бар уҳда хоҳанд гирифт ва ин кор ба тартиб аз як вилоят ба вилояти дигар сурат хоҳад гирифт. Дипломатҳои аврупойии ҳозир дар конфронси Лондон дар суханрониҳои худ таъкид бар он доштанд, ки давлати Кобул ибтикори амали бештаре нишон диҳад ва идораи умурро ба даст бигирад. Дар поёни дуввумин конфронси Лондон таҳти унвони «Раҳбарии афғонй,ҳамкории минтақайи ва мушорикати байналмилалй» эъломияи 34 моддайи ба тасвиб расид ва дар он масъулиятҳо ва тааҳудоти ҳукумати Афғонистон ва чомаеи чаҳонй баён шудааст.Дар ин санад талош барои амалй кардани оштии миллй, аз масъулиятҳои муҳими давлати Кобул унвон ва таъкид шудааст, ки чалби намояндагони қавмиятҳо ва гуруҳҳои мухталиф, аз чумла ба истилоҳ толибони миёнарав, бояд дар авлавияти фаъолиятҳои давлат қарор дошта бошад.Дар ин робита Девид Милибанд, вазири хоричаи Инглис гуфт, чомаеи чаҳонй фақат дар соли аввал барои барномаи оштии миллй ё идғоми миллй 140 миллион доллар ихтисос додааст ва боястй ҳукумати Афғонистон аз ин маблағ истифодаи лозим ба амал орад. Вазири хоричаи Инглис таъкид кард, раиси чумҳури Афғонистон дар мавриди ваъдаҳояш дар мавриди маҳори фарҳанги худкомагй ва фасоди идорй боястй бештар кушо бошад. Ҳарчанд ширкаткунандагони дуввумин конфронси Лондон натичаҳои онро муваффақиятомез арзёбй ва таъкид карданд, соири масоили мавриди баҳс дар конфронси Кобул, ки дар ояндаи наздик баргузор хоҳад шуд,мавриди баррасй қарор мегирад, аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ин нишаст чун дигар нишастҳои мушобеҳ таъсири чандоне бар раванди ҳаллу фасли масоили Афғонистон нахоҳад дошт. (Қобили зикр аст, ки конфронси аввали Лондон дар мавриди Афғонистон 31 январ – 1 феврали соли 2006 бо ҳузури намояндагони 70 кишвар ва намояндагони ниҳодҳои мухталифи байналмилалй дар пойтахти Инглис баргузор шуда буд.)Аз мавзуъоти муҳими нишасти дуввуми Лондон баррасй ва тасвиби тарҳи мусолиҳа бо «толибони миёнарав» буд.Ба ин манзур дар назар гирифта шуд, ки 500 миллион доллар ихтисос дода шавад.Ин маблағ барои чалби он даста аз толибон, ки силоҳи худро канор мегузоранд ва ё ба чузву томҳои артиши миллии Афғонистон пайваст мешаванд, харч хоҳад шуд.Иқдоми мазкур зоҳиран ба ин маъност, ки давлатҳои ғарбй дар набард бо толибон шикаст хурда ва ба ин натича расиданд, қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомй надорад.Аммо ин савол матраҳ аст, ки оё бо чи меъёре метавон толиби тундравро аз толиби миёнарав чудо кард? Оё фақат гуфтани ин ки «ман толиби миёнарав ҳастам» кофист то тараф мавриди эътимод қарор гирад? Ба роҳатй наметавон ба ин пурсишҳо посух дод, зеро чунбиши толибон ба таври сохторй ташаккул наёфтааст ва хуручу вуруд ба бахшҳои он кори душворе нест. Ба илова ба чуз аз теъдоде аз сарони ин чунбиш, дигар аъзо дар ҳеч феҳристе, ки «тундрав» ё «миёнарав» будани онҳоро ташхис диҳад, шомил нестанд.Аз ин ру метавон натича гирифт, ки ҳар толибе метавонад бо муаррифии худ ба унвони «толиби миёнарав» маблағи лозимро дарёфт намояд ва дар мавриди дилхоҳ мучаддадан ба сафи чангчуён бипайвандад. Аз ин нигоҳ, тарҳи мусолиҳа бо «толибони миёнарав» роҳ ба нокучост.Ва мантиқй ба назар намерасад, ки «толибони миёнарав» бо пайвастан ба давлат, дар муқобили «толибони тундрав» биистанд. Бо ин ҳол тарафи дигари ин тарҳ он аст, ки ба заъми қудратҳои ғарбй чунбиши толибон, ки парвардаи сарвисҳои вижаи ҳамин кишварҳои ғарбй аст, дар мақтаи кунунй рисолати худро то ҳадде анчом доданд.Яъне дар ҳашт соли пеш зуҳури ин гуруҳ баҳонае шуд барои лашкаркашии Ғарб ба Афғонистон ва истиқрори неруҳои низомии ин кишварҳо дар чавори рақибони аслиашон – Чин, Эрон ва Русия.Акнун давлатҳои ғарбй ниёз ба замон барои бозсозй ва сафоройии чадиди неруҳояшон дар минтақа доранд, то зимни маҳак задани вокунишҳои рақибони худ ва давлатҳои минтақа, барномаҳои ҳузури дарозмуддати худро тадвин кунанд.Ба назар мерасад Ғарб бо ироаи тарҳи мусолиҳа бо «толибони миёнарав» қасд дорад фаъолияти ин чунбишро дар минтақа густариш диҳад.Яъне бо пароканда кардани неруҳои толибон зимни фароҳам кардани заминаи шикасти ин неруҳо, нооромиҳоро ба Осиёи Марказй мунтақил ва аз ин тариқ ҳузури низомии худро афзоиш ва ҳамзамон хостаҳои худ ба давлатҳои ин минтақаро таҳмил кунанд.Фазосозиҳои Ғарб дар мавриди табдил шудани водии Фарғона ба конуни нооромиҳо аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст. Дар мачмуъ конфронси Лондон собит намуд, ки Ғарб бо такрори иштибоҳи Шуравй, вижагиҳои қавмй ва сиёсии чомеаи Афғонистонро нодида гирифтааст.Аз ин чост, ки соҳибназарон ва шахсиятҳои Афғонистон ба созанда воқеъ гардидани натичаҳои нишасти Лондон ба дидаи шубҳа менигаранд. http://khujasta.wordpress.com/

Ғурбати дониши фалсафа дар Тоҷикистон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Рӯзгоре буд, ки фарзандони тоҷик, донотарин мардони дониши фалсафа дар ҷаҳон ба шумор мерафтанд. Гузашта аз фалосифаи порсии даврони пеш аз ислом, ки дар таърихи фалсафа ба фаҳлавийун маъруф ҳастанд ва порае аз дидгоҳҳои фалсафии онон то ҳанӯз ҷойгоҳи илмии худро аз даст надодааст, барои касе пӯшида нест, ки зуҳуру густариши ин дониш дар даврони пас аз ислом дар машриқзамин (ва ҳатто дар мағрибзамин, ки ба зудӣ ба он ҳам ишора хоҳад шуд), марҳуни хадамоти абармардоне аз фарзандони миллати тоҷик мебошад.Нахустин касе ки ҷаҳониёнро бо орои Суқроту Афлотуну Арасту, ки баъд аз густариши ойини масеҳият дар мағрибзамин ин оро ба фаромӯшӣ супурда шуда буд, огоҳ сохт, ин Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ, яке аз фарзандони барӯманди тоҷик мебошад.

Аҳамияти Форобӣ, на танҳо дар муаррифии дидгоҳҳои фалосифаи номбурдаи юнонӣ нуҳуфтааст, балки бештар ба иллати шарҳҳоест, ки бар осори Арасту нигошта ва ба ҳамин сабаб аст, ки ӯро Муаллими сонӣ хонда ва дар мақоми баъд аз Арасту қарор додаанд. Маҳз осори Форобӣ чун “Ал-ҷамъ байна раъйайн”, “Ағрози мобаъбут-табиаи Арсату”, “Фусулул-ҳикам” ва “Эҳсоул-улум” (ки дар қуруни вусто таҳти унвонҳои Alpharabius, Alfarabi, El Farati, Avenassar ба забони лотин баргардонда шуд) аст, ки мағрибиёнро низ умуман бо дониши фалсафа ва хусусан бо бо орои фалосифаи юнонӣ ошно сохта.

Форобӣ дар ин осор, ба вижа дар китоби “Ал-ҷамъ байни раъйайн”, тавонистааст миёни ду дидгоҳи тақрибан ба ҳам зидди Афлотун ва Арасту ҷамъ кунад, ки дар таърихи фалсафа бесобиқа аст.Аммо номи мубораки Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино, машҳур ба Бӯалӣ ва Ибни Сино (ё Пури Сино), барои ҳар тоҷике маъруфу шинохташуда мебошад. Аҳамияти Бӯалӣ фақат дар ин нест, ки ӯ табибе буда ҳозиқ, чунон ки миёни мардумон машҳур мебошад, балки аҳамияти ӯ беш аз ҳама, дар файласуф будани ӯст. Чун илми тиб дар назди Бӯалӣ, яке аз даҳҳо улумест, ки ин абармарди майдони дониш дар замони худ ҳарфи аввалу охирро дар заминаи он улум мезада.Бузургии Сино дар дониши фалсафа он ҷо бароямон бештар ҷилвагар мешавад, ки бидонем, дар мадориси илмии мағрибзамин баъд аз реннесанс, он гоҳ ки миёни донишмандон перомуни масъалаи фалсафие ихтилоф меафтод ва бо ҳам ба ҷарру баҳс мепардохтанд, агар касе аз эшон сухане аз Бӯалӣ барои таъйиди дидгоҳҳои хеш меовард, ҳамагон сукут мекарданд ва гардан мениҳоданд. Яъне донишмандон дар он даврон, дидгоҳи Бӯалиро дар ҳам масъалае, ба манзилаи сухани фасл пазируфта буданд.Гузашта аз ин ду абармард, ки то ҳудуде барои ҳар тоҷике шинохташуда ҳастанд, ҳамчунин фалосифае чун Закариёи Розӣ, Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ва Мулло Садрои Шерозиро низ дорем, ки аз парчамдорони дониши фалсафа дар ҷаҳон ба шумор мераванд.Ба ҳар ҳол, ҳадаф аз ёдоварии номи ин абармардон ин нест, ки камина ин ҷо қасди муаррифии фалосифаи эронитабор умуман ва фалосифаи тоҷикро хусусан дошта бошам, бояд дар маҷоли дигаре бо эшон ва орову дидгоҳҳояшон ошно шуд. Ҳадафи роқими сутур дар ин навиштор, чизи дигар аст.Мехоҳам бигӯям, ки мо тоҷикон, бо як чунин гузаштаи пурифтихор ва бо ин ҳама дурахшиш дар дониши фалсафа, чаро имрӯз вазъамон ба ҷойе расида, ки на танҳо барои дигарон фалсафа намеомӯзем ва фалсафа аз забони мо фаро намегиранд, балки ҳунари инро ҳам аз даст додаем, ки ақаллан он чиро аз гузаштагонамон ба мерос бурдаем ва маҷҷонӣ дар ихтиёрамон гузоштаанд, ба дигарон ба гунаи бояд бирасонем.Бадтар аз ин, корамон ба ҷойе расида, ки ҳатто бо орои фалсафии фарзандонамон, ки бо эшон забони муштарак дорем, аз тариқи бегонагон ошно мешавем, гӯи забони Форобию Синоро дигарон беҳтару некӯтар аз худи мо медониста бошанд.Имрӯз, ин вазифаи аввалиндараҷаи Окодемии улуми кишвари азизамон Тоҷикистон аст, ки ин нақсу камбудро ҳар чи зудтар бартараф созад. Шояд дар замони Шӯравии собиқ узр доштем, ки дастамон кӯтоҳ ва ихтиёрамон дар дасти худамон набуд. Аммо имрӯз дигар ҳеҷ узре надорем ва ҳеҷ баҳонае аз мо пазируфта нест.Имрӯз, бар донишмандони мост, ки дониши фалсафаро аз ин ҳолати ғурбат, ки солҳост дар ҷомеаамон чунин ба сар мебарад раҳонида ва он нашоту пӯёие, ки дар гузашта байни тоҷикон дошт, барояш баргардонанд. Ва ин кор, агар бихоҳем, шуданист.Чун, хостан, худ тавонистан аст .

http://kemyaesaadat.com/

Ботур Косими


комментария 2

  1. салом ба ман сенарияи 23 феврал даркор агор давонед ёрдам куне

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: