Навидхо


Дар Эрон бо ҳуруфи форсӣ ва сириллик аввалин маҷмӯаи шеъри зулол, шакл ё сохти ҷадиди шеър дар адабиёти форсӣ, нашр шуд, ки муаллифаш шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста аст.

Мавсуф аз кормандони радиои «Садои Хуросон» аст, ки 15 сол ба ин сӯ дар Машҳади Эрон ба зиндагӣ мекунад.

Асосгузори шеъри зулол Додо Билвердӣ ё Абулфазли Додо, шоири эронӣ аст, ки аввалин зулолашро 22-юми январи соли 2010 гуфтааст. Ҳоло ҳудуди 100 нафар дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бо ин сабк шеър мегӯянд, аммо аввалин маҷмӯаро шоири тоҷик нашр кардааст.

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Аъзами Хуҷаста пурсидем, ки оё ин чӣ шеър аст ва чӣ вижагиҳо дар қиёс бо назми анъанавиву шеъри сафед дорад?

-Агар ба таърихи нақлиёт нигарем, аввал, ароба буд, баъд мошину қатор ва ҳавопаймо пайдо шуданд, сабки зулол ҳам идомаи ҳамон навовариҳо дар шеъри классикии форсӣ аст. Як вижагиаш дар ин аст, ки аввал қолаби зулол пайдо шуд, баъд шеъраш. Масалан, аввал ғазал пайдо шуд ё рубоӣ, пас аз он муҳаққиқон гуфтанд, ки бо ин вазн ғазал сароида мешавад, бо фалон вазну қофия ва ҳаҷм рубоӣ.

Шеъри зулол ин тавр нест. Мисраи аввал ба як вазн аст. Мисраи дуввум ду-се, мисраи севвум севу чор ҳиҷо зиёдтар ва боз баръакс кам шуда меравад ва бо вазни мисраи аввал анҷом меёбад.

Суол: Маҷмӯаи аввалини Шумо нашр шуд. Таври маълум, эрониҳо ба шеър, ба қавле хеле сахтгир ҳастанд. Бахусус, агар гап дар бораи сабки нав равад. Оё то ба ҳол чӣ вокунишҳо шудаанд?

Хуҷаста: Рӯзи яксолагии шеъри зулол – 22-юми январи соли 2010, ростӣ, ба ин сабк як ҳамлаи густарда дар сомонаҳои интернетӣ аз сӯи бархе шоирон сурат гирифт. Вақте он матолибро хондам, хулоса кардам, ки дақиқан ҳамон сарнавишти Нимо Юшич, ки асосгузори шеъри озод ё шеъри сафед дар адабиёти форсӣ аст ва сарнавишти Сӯҳроби Сипеҳрӣ, ки як сабк, як равияи ҷадидро дар шеъри форсӣ ба вуҷуд овард, такрор шуд.

Додо Билвердӣ ба унвони муаллифи ин сабк мавриди танқидҳо, ҳатто на танқидҳо, балки маҳкумиятҳои шадид қарор гирифт. Мунаққидон мегӯянд, зулол на қолаб аст, на сабк аст. Маҳкумиятҳояшон ба ин бармегардад, ки ин шеъри нав нест, такрорист. Замоне касе бо номи Фардин дар Эрон ин гуна шеър гуфтааст. Мо таҳқиқ кардем ва ба хулосае расидем, ки як шеъри Фардин монандие ба зулол дорад, аммо қавоиди онро риоя накардааст. Аммо арзёбиҳо ҳанӯз чизи ҷадиди созандаеро ошкор накардаанд.

Аммо баъзе ҷо бардоштам ҳамин аст, ки ин маҳкумиятҳо ба муносибатҳои шахсии ҳамон нафаре, ки маҳкум мекунад ва асосгузори зулол — Додо Билвердӣ робита доранд. Ин барои ман шахсан муҳим нест. Барои ман худи сабк муҳим аст. Аммо интизорем, ки бархе виҷдонҳо бедор мешаванд ва холисона, ҷудо аз ин ки муаллифи ин сабк кӣ аст, мӯшикофӣ мекунанд.

Суол: Худи шумову шеъри зулоли шуморо маҳкум кардаанд?

Хуҷаста: Бале. Як бор маҳкум шудам, фақат ба он хотир ки шеъри зулол гуфтам, веблогамро дар яке аз сайтҳо бастанд ва вурудамро ба веблог мамнӯъ карданд. Як номаи муаддабона ҳам заданд, «ба далели он ки шумо аз фалонӣ пайравӣ мекунед, мо веблог ва имзои шуморо масдуд кардем, то иттилои сонавӣ мунтазир ва шикебо бошед.» Ҷаҳони маҷозӣ – интернет бепоён аст, ман омадам аз тариқи дигар ва боз шеър мегӯям.

Суол: Тавре мебинем, теъдоди маҷмӯаатон хеле кам аст. Сабаб мушкили молист ё ба қавле, рафтан ба иктишоф, тавре ки мегӯянд, «разведка»?

Хуҷаста: Вақте мехостам китоб чоп кунам, гуфтам, ки то рӯи кор омадани китобе ба ин сабк мунтазир шавам. Аммо дӯсти хеле наздикам, ки шоиру мунаққиди хубе ҳаст, Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ ва низ Ҷӯра Юсуфӣ аз Хуҷанд гуфтанд, ки чаро мунтазир мемонӣ, аввалин бош. Ман ҳам омадам майдон.

Машварат кардем, ки аз тарафи рост ба форсӣ ва аз тарафи чап ба сириллик шеърҳо ҷойгир шаванд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Хулоса кардем, ки теъдодаш ҳазор нусха бошад. Бо ношир сӯҳбат кардам. Истиқбол кард, аммо вақте қарордод мекардем, баҳси теъдод омад, гуфтам, 1000 нусха. Ношир дар ҳайрат афтода, гуфт, барои 70 миллион нафар дар Эрон, 7 миллион дар Тоҷикистон ва беш аз 20 миллион дар Афғонистон, қаламрави Шӯравию Ховари миёна ҳамин 1000 нусха? Гуфтам, чизи ҷадид аст.

Ҳоло ҳамин теъдод ҳам ба фурӯш меравад ё не. Гуфтам, ин як нашри озмоишӣ аст, ку бубинем, чӣ тур мешавад. Омадем ба майдон ва ҳоло мунтазирем, ки аҳли адаб мепазиранд ё танқид мекунанд, ки инро ҳам қабул дорем. Аммо ҳеҷ гоҳ маҳкумиятҳоро қабул надорам, боз меравам ҷилавтар, ба пеш.

Суол: Оё мешавад як шеър аз ин маҷмӯаатонро барои мо бигӯед?

Хуҷаста: Сапедаро салом,

Маҳи зи нав расидаро салом,

Умеди зиндагӣ, навиди растани башар,

Тулӯи рӯзи растахез ва субҳи навдамидаро салом,

Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо,

Азизи ҷону дидаро салом,

Падидаро салом!

Шохмирзои Хучамухаммад-муаллифи китоб.
Шохмирзои Хучамухаммад-муаллифи китоб.

Шохмирзои Хучамухаммад-муаллифи китоб.

Мавсуф 18 феврали соли 1949 милоди дар рустои Худгифи Соя , нохияи Мастчох дар оилаи дехкон чашм ба ин олами хасти во намуда.Узви конфедератсияи байналхалкии журналистон Шохмирзои Хучамухаммад кайхост, ки аз соликони чодаи Сухан мехсуб меёбад.Мавсуф дар рузномаи нохияи Мастчох- “Машъал”, “Агитатори Точикистон”, кумитаи радио ва телевизиони чумхурии Точикистон фаолият дошта,хамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (хамрох бо писараш Шохмансур) ва “Касидаи чавонмарди” (дар хамкори бо Мирзохамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” асари сеюмини уст, ки аз рузгору корномаи Кахрамони Мехнати Сотсиалисти зиндаёд Навруз Рачабов хикоят мекунад. Муаллиф бо сухани буррову суханни нишонрас симои кахрамонро тавре нигориш дода, ки ягон нофахмие дар нисбати у боки намемонад.Ба нависанда паи офаридани осори нав ба нав илхоми пурчуш мехохем ва таманно мекунем, ки ин “Ахтар” тамоми зулматхоро бисузад.

Муждаи тавлид

Гурубе ки муждаи тавлид меорад

Агар дунё ба кас поянда мебуд,

Мухаммад то киёмат зинда мебуд.

Махз хамин афкор, ки хеч кас сутуни ин дунё нест ва ин “ачузаи хазор домод” ба касе вафо накардааст, моро хузур мебахшад, ки аз рехлати нобигагону дарёдилону навха бар фалак наандозем ва маргро чун як падидае, ки бояд хузур ёбад ва огози зиндагии сармади гардад, бипазирем.

Холо ин бор мехохам аз зиндагии пур аз мубориза, талош, пайгирихои мудовим, чонфидоихои Кахрамони Мехнати Сотсиалисти Наврузмухаммад Рачабов хадис гуям, ки тавонист бо часорати ботинию фитри, некнафасию хирадманди, хикматдони дар мухиту фазои диёр асаре човидона гузорад.

Донишманди хушкареха,мубаллиги таъриху адабиёти точик дар Ирон Мирзо Шакурзода боре дар сухбати хосае гуфта буд: “Ман Навруз Рачабовро барои он дуст медорам ва эхтиром мекунам, ки гами абадиёташро мехурад ва дар миёни рохбарони замон ягона фардест, ки аз сарвар буданаш одамияту олимияташ боло меистад.”

Худованд уро гуё барои хамин сифатхо сиришта буд.Ба табиаташ чоплусию хушомадгуи, дуруяги, тамаъ, фиску фасод, кинаварзию беномуси бегона буданд.Аслан у наметавонист, ки ин феълу хуйхоро ба худ дошта бошад.

Хамин бурдбории у буд, ки кабл аз судури фармони кахрамонияш вайро беш аз харвакта мардум дуст медоштанд.Дигар рохбарон чун ба бемористон меафтиданд, тамаллуккрона паи тамаъу оз, тарс (дар дафтари хисобу китоб ба номам ишора шавад), мансабчуи ба “аёдат” мерафтанд, аммо авсофу сутудае, ки дар боло зикрашон рафт, мардумро во медошт, ки ба беморбинии Рачабов раванд.

Хануз дар зинда будани у дар сифоташ бисёр нигоштанду суруданд.Аммо бунёди хар шахс баъд аз марг бо мурури айём бехтару возехтар ифшо мегардад.Ман дар ин рислоаи азм гирифтам, ки чун дусту мухлисе , ки бо мархум нону намакхур ва аз гулистони фазилату хикматаш буе бурда будам, порахоеро аз умри гаронмояаш сабт менамоям.Алхол бо “одами хуб буд” гуфтани ман муроде хосил намешавад. Бехтараш ба авроки ин рисола дида духта, ва равони у рахматхои бепоён ва охираташро обод мехохем.

Муаллиф

Чура Юсуфи
Чура Юсуфи

Ситораи ситорадор

Хар аср ё худ карн инсонхои мубораку номуборак, ситорахои саъду нахсе дорад.Кахрамони киссаи хуччатии вокеъанигори шинохта Шохмирзои Хучамухаммад инсонест, ки хашт даха дар асри бист зиста.Ва мо хамдарсони хамасрон медонем, ки ин карн басе кахрамононеро ситора бахшидааст.Ин ситорахо низ чун ахтарони осмон саъдхо доранду нахсхо.Ин ситорахо низ чун анчуми само устувору паррон, аёну ноаён мешаванд.

Хушбохтона, бо рахнамунии килки суханпарваре чун Шохмирзо мо бо кайхони дили ситораи ситорадоре мисли Кахрамони Кори Сотсиалисти Навруз Рачабов ворид мешавем.Ва аз ин кайхони дурр хар ки мувофики зарфи хеш бахрае хохад бардошт.

Чура Юсуфи

шоир, узви Иттиходияи нависандагони Точикистон

Тулуъи абади

Фарзона
Фарзона

Фардро рабти чамоат рахмат аст,

Чавхару уро камол аз рахмат аст.

То тавони бо чамоат ёр бош

Равнаки хангомаи ахрор бош.

Мухаммад Икбол

Инсонхои шуста, инсонхои созанда, инсонхои покизаслу некуманиш василае хастанд барои давом ёфтани зиндаги ва барои вучуди мафохиме, ки чавхари будан аст, яъне Ишк,неки, шарофат, имон , зевои ва муродифи инхо.Дар як хадиси Расули Акрам (с) омадааст, ки бехтарини амалхо пас аз имон овардан ба Худо, мухаббат овардан ба мардум аст.Инсони комил касест, ки як умр тавофи каъбаи дил кард, бо хар кадам хайру баракат рехт, бо хар сухан чонхои сухтаро мархам ниход, бо хар нафас рушнои дамид.Инсони комил гуруб надорад. ИН офтоб, ки дар чашмхо гурубид, дар дилхо тулуъи абади хохад кард.Рисолаи суханваи тозакор Шохмирзои Хучамухаммад номаи тафсири инсони комил аст, бозгхуи кору пайкори касест, ки чун мазхари ишк ва мучассамаи неки дар пиндори зиндагон абадият ёфтааст.

Боре дар як махфили шеър адиби суханпарвари мо шеъреро дар ситоиши Наврузмухаммади Рачабзода кироат кард.Ахли махфил ба василаи ин шеър ин бузургмардро шинохтанд ва сипос гузориданд. Инак “Ахтари зулматсуз” ин китоби мехр, ки дар дасти ман шуд, маро боз ба ёди он родмарди бехамто мебарад.Ба ёди касе , ки харгиз чашмобачашми ман карор надошт, боз хам то ман расид.Он арчахое ки дар мазори у сабзанд, ки медонад то кай сабз хоханд монд, аммо тухми савобе, ки у киштааст,хамаруза барои ояндагон паёми тозаи милоди уст. Китоби Шохмирзои Хучамухаммад низ ёфгораи сабзест, барои Наврузмухаммади Рачабзода.Ман ба ин пайкарасози бомухаббат тахсин мегуям ва таманно мекунам, ки хастии худи у низ идомаи хастии кахрамонаш бошад.

Фарзона шоираи махбуби точик

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: