Дар бораи мо


Мо ва амаки бузургам Шохмирзо тасмим гирифтем , то ин сомонаро сомон дихем, то ин, ки тавассути ин сомона иртиботамонро ба соири одамон вусъат бахшем.

Ман ва Лео

Ман ва …..

Реклама

комментариев 25

  1. Сомонаи мазбур, бешак яке аз сомонаҳоест, ки дар роҳи пешрафту беҳбудёбии вазъи фарҳангии Точикистон, саҳме басазое хоҳад гузошт. Дасти шумо ва ҳам дасти амаки бузургворатон дард накунад!
    Комёб бошед.

  2. dustan e hamzaban e tajik! dorud! besyar barayam jaleb bud ke tavajjoh e shoma be akhbar e iran ra didam. man yeki az shaeran e iran hastam ke behamrah e dustanam talash darim ta ba javanan e hamzaban e tajik ertebat va ashnaei e bishtari dasgte bashim. khoshhal mishavam agar be weblog e man sar bezanid va peygham begozarid.
    rezavahhab.blogfa.com

  3. Хеле хуб аст!

  4. Tashakkur baroi sar zadan ba in sahfa!

  5. Ахсант ба хар дуатон!

  6. Бисёр оли. Дар оянда ба Шумо комёбихо таманно мекунам!!!

  7. سلام دوست عزيز من امروز به طور اتفاقي با سايت شما اشنا شدم .سايت جالب داريد.من دانشجوي رشته الكترونيك هستم .چند وقت بيش به زبان روسي علاقه من شدم و حروف روسي وكمي از زبان روسي را ياد گرفتم .و به طور اتفاقي با سايت شما اشنا شدم البته فعلا خواند حروف روسي كمي برايم دشوار است

    اميدوارم هر جا هستي موفق باشي و به اميد موفقيت همه فارسي زبانها

    ميثم از ايران

    аге хандане фарси браи шума сахт аст митаванам ан ра бе руси миневисам

  8. Dear Meysam!
    Tashakkur az in ke sare zadid be sahfee mo, rostri khushnud shudam az in ke maro inja niz peydo namudid. Man ki farsiru baladam bikhanam binavasam va hatto suhbat bekunam. Khub minba’d ba farsi mitavonid benavisid.
    Khuda nigahban.

  9. Ассалому алайкум бар муассиси ин сомонаи дидани ва хондани! Шукрона мекунам, ки шумори чавонони ру ба рушд нихода руз аз руз меафзояд ва шукрона аз он мекунам ки чавонони боори мо даст ба муаррифию шиносондани харфу сухани точиконаи хеш хастанд.Шукрона аз он мекунам ки симохои точиконаи точикхо дар торнигорхо руз аз руз намудор мешавад.Шукрона аз он мекунам,ки Фирдавс баринхо зиёд шуда истодааст.Ва инчо дуо мекунам:
    Худоё чунин чавононро зиёда гардон
    Худоё сомонахои точикиро зиёда гардон.
    Худоё ба чавонон иродаи устувору вичдони оку дили пок арзони дор.
    Худоё сухани точиконаро дар хамачо мунакис гардон
    Ё раббал олими! ОМИН

    Бобоназари мусофир

  10. عشق ابدی من
    سلام به فردوس عزیزم

  11. سلام به دوست عزیزم مریم
    یک دنیا آرزوی خوب برای شما

  12. Shumo shoir ham budaed? chi kadar khub,!

    Шеъри муосир: камранг ва дур аз мардум

    20.10.2009
    Қамари Аҳрор
    Фарёд макун ки нест фарёдрасе, З-ин даҳр зи ҳамдигар напурсанд касе Беҳуда фиғон макун, ки гунг аст ҳама, Хомӯш бимон дило, ки набвад ҷарасе.

    Ин порае аз эҷодиёти шоири навқалам Фирдавси Аъзам аст, ки аксаран дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва ҳаёту мушкилоти ҳамсолонаш менависад.

    Фирдавси Аъзам аз эҷодкорони 24-солаи суғдӣ мегӯяд, ки ҳаргиз худро шоир намеҳисобад ва барои шӯҳратёр шудан ҳам эҷод намекунад, танҳо мушкилоти ва зиндагии сангини мардум ӯро водор мекунад, то қалам ба даст бигирад ва ба ин васила то андозае дилашро таскин бахшад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, аксари шоирони давр ба хотири маддоҳии нафаре шеър мегӯянду худро шоир мехонанд.

    Фирдавс меафзояд, пас аз даргузашту фирори як идда шоирони маҳбуб дар кишвар шеър ҳам каме рисолаташро аз даст додааст. Ба андешаи Фирдав, нисбат ба даҳсолаҳои қабл шеъри иҷтимоӣ ё сиёсӣ мавқеи худро гум кардааст ва имрӯз наметавон шоиреро ном бурд, , ки шеъраш дархӯри мардум бошад.

    Фирдавс мегӯяд, «пас аз даргузашти Лоиқ Шералӣ ва тарки ватан намудани Бозор Собир, ки имрӯз дар ватан нест, ҳеҷ шоир, ҳеҷ эҷодкори шуҷоъу далерро чун эшон дар фазои назми тоҷик мушоҳида намекунем. Мутаассифона, пас аз онҳо ҳеҷ нерӯи бузурге падид наомад, ки бо як инқилобе пардаи ин сукутро бидарад. Имрӯз аксар шоирони мо дарборӣ гаштаанд ва танҳо маддоҳу ситоишгарӣ ҳукумату арбобони давлат шудаанд. Ва ҳеҷ як шеъре эҷод намешавад, ки ба худшиносии фарҳангии мо равона шуда бошад, ё ки мардумро ба таҳаввулот, ба як инқилоби иҷтимоӣ даъват намояд».

    Дар ҳамин ҳол Гулноз, аз қаламкашони дигари суғдӣ, мегӯяд, имрӯз аксар шоиру эҷодкорон худ ба мушкилии зиёд мувоҷеҳанд, аммо наметавонанд дар навиштаҳояшон дарду мушкилот ва ниёзмандиҳои худро бозгӯ созанд. Худи Гулноз, ки солиёни зиёд аз беманзилӣ азият мешуд, як моҳ муқаддам масъалаи манзили зисташро ба баррасии мақомот гузошта, пешорӯи мушкилу дардисарҳои зиёд шудааст.

    Гулноз аз ҷумла гуфт, «шоир ҳам хеле ниёзҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худро дорад. Масалан, агар руҷӯъ кунам ба зиндагии як моҳ қабли худ, ман худро хеле бадбахт ҳис мекардам, ба хотири он, ки масъалаи манзили зисти ман пайдо шуд. Бовар кунед, ҳамин қадар мушкил буд ниёзҳои худро ба назди як нафаре кашондан».

    Вале бо ин ҳама Фирдавс, аз ҳамсӯҳбатони мо, мегӯяд, ки ҳоло дар ҷодаи пажӯҳишу шинохти Мавлоно Ҷалолиддини Рӯмӣ қарор дорад ва бо ин вуҷуд тасмим дорад, ки як дафтари ашъори худро низ барои ҳаводорони шеъри ҷадид мунташир хоҳад хоҳад кард.

  13. Салом агар сомонаи маро линк медодед хеле хуб мешуд http://www.rustamtj.wordpress.com ташаккур!

  14. Salom bar Shumo, hatman in korro mekunam,zinda boshed

  15. Салом, ТАШАККУР!!!

  16. Дуруду калом бародар Фирдавс бо ин торномаи хеле хубу дидани,ки саршор аз навиштачотхои пурмаъво аст.
    Ба шумо аз даргохи Яздони поку Кирдигор таманнои онро дорам,ки бигузор офтоби бахту саъодатманди ба болои сари хамаи Шумо хамеша аз панчарахои лочувурдии саршор чун резаборон нурафшони кунад,ва бигузор киштихои орзухоятон харчи зудтар аз гирдоби яъсу ноумедихо ба сохили мурод шино кунад,ва чун ситораи руз,ки бар шуълаи хуршеди сахар голиб меояд-хамеша бар болои душворихои зиндаги пируз бошеду камоли эчодатон ба осмонхо парвоз кунад.
    Худованд нигахбони хамаи мою шумо бошад!

  17. Дуруд сипос хохари азиз хонуми Шахло!
    Вокеан лутф мекунед,ки хамвора се бар кулбаи мо мезанед ва моро хамеша дар эчоди ин ё он навишторе хавасманду рухбаланд мекунед.Аз ин хама садокату отифаву инояти Шумо миннатпазирам.Худованд шуморо низ муваффак бигардонад ва хамвора накуному сарбаланду сабз бошед.
    Мутшаккирам.

  18. Салом ман Рустам, мехостам бо Шумо хамкори кунам , сомонаи ман http://www.rustam.okis.ru
    Мехостам маводхои Шуморо ба сомонаи худ чойгир кунам Шумо рози хастед?

  19. Дуруди бепоён бародар Фирдавс. Бисёр сомонаи хонданибоб ташкил намудаед ва аз он бисёр хушам омад. Ба Шумо дар корхои ояндаатон муваффакиятхо орзумандам. Бигзор дар оянда ба мисли дигар бузургони мо аз Шумо ба неки ёд оранд бо ин хизматхое, ки дар рахи истиклоли забони форси-точики эчод мекунед. Бо камоли эхтиром Бехруз…

  20. офарин ба шумо Фирдавс. ман бори аввал аст, ки ба сомонаи шумо сар мезанам ва аз он хеле хушам омад. маколахои хеле хонданибоб. ман, ки дар як мачалла хамкори дорам, хостам бипурсам, ки метавонам маводхоеро аз сомонаи шумо дар ин мачалла истифода кунам?

  21. Ба муассиси ин сомона ташаккур мегуям! Офарин чунин шахсини зиндадил бигзор бисёр бошанд ба сафашон чашм нарасад

  22. man ongoh sar tojvar doshtam,
    ki sar dar kanori padar doshtam.

  23. man ham xelo shod ki dar Tojikistoni aziz 4unin javoni kuwod fikr va zinda dil bisyor wuda istodaand man minat dori xudro ba sardori barnoma izhor mekunam, Va ba dustonam haminro arzi tamanno doram ki doimo dilashon dar tapishu khunashon dar gardishu fikrashon dar ejodiyot boshad: Bo kamoli ehtirom Sorbon_2341@mail.ru

  24. Салому дуруд ба созмондихандагони сомонаи мазкур аз чумла Фирдавс, ки захмататро хеле эхсос кардам. Хеле хушхолам, ки сомонаи хуберо оиди вазъи адабиёт ва мавкеи адабиёти бузурги точик, макоми он ташкил кардед. Ва ман дар мавзуи «Инъикосаи масъалахои адабиёти точик дар Интернет» рисолаи дипломи навишта истодаам, ва максади чамъоварии фехристи агентихо, сомонахо ва блгохое, ки пайрави ин мавзуъ хастам. Сомонаи шумо бародари азиз Фирдавс хеле хуб лутфан мехохам, ки агар имконият дошта бошед, бароям дар бораи таърихи ин блог ва каме маълумот мефристондед. почтаам mujon89@mail.ru

  25. Офарин сад млн бор бар Шумо!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: