Тулуъи абадй


Фардро рабти чамоат рахмат аст,

 Чавхару уро камол аз рахмат аст.

 То тавони бо чамоат ёр бош

 Равнаки хангомаи ахрор бош.

                                            Мухаммад Икбол

 Инсонхои шуста, инсонхои созанда, инсонхои покизаслу некуманиш василае хастанд барои давом ёфтани зиндаги ва барои вучуди мафохиме, ки чавхари будан аст, яъне Ишк,неки, шарофат, имон, зевои ва муродифи инхо. Дар як хадиси Расули Акрам (с) омадааст, ки бехтарини амалхо пас аз имон овардан ба Худо, мухаббат овардан ба мардум аст. Инсони комил касест, ки як умр тавофи каъбаи дил кард, бо хар кадам хайру баракат рехт, бо хар сухан чонхои сухтаро мархам ниход, бо хар нафас рушнои дамид. Инсони комил гуруб надорад. ИН офтоб, ки дар чашмхо гурубид, дар дилхо тулуъи абади хохад кард. Рисолаи суханваи тозакор Шохмирзои Хучамухаммад номаи тафсири инсони комил аст, бозгхуи кору пайкори касест, ки чун мазхари ишк ва мучассамаи неки дар пиндори зиндагон абадият ёфтааст.

 Боре дар як махфили шеър адиби суханпарвари мо шеъреро дар ситоиши Наврузмухаммади Рачабзода кироат кард. Ахли махфил ба василаи ин шеър ин бузургмардро шинохтанд ва сипос гузориданд. Инак “Ахтари зулматсуз” ин китоби мехр, ки дар дасти ман шуд, маро боз ба ёди он родмарди бехамто мебарад. Ба ёди касе , ки харгиз чашмобачашми ман карор надошт, боз хам то ман расид. Он арчахое ки дар мазори у сабзанд, ки медонад то кай сабз хоханд монд, аммо тухми савобе, ки у киштааст,хамаруза барои ояндагон паёми тозаи милоди уст. Китоби Шохмирзои Хучамухаммад низ ёфгораи сабзест, барои Наврузмухаммади Рачабзода. Ман ба ин пайкарасози бомухаббат тахсин мегуям ва таманно мекунам, ки хастии худи у низ идомаи хастии кахрамонаш бошад.

                                                                                                             Фарзона шоираи махбуби точик

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: