Муждаи тавлид


Гурубе ки муждаи тавлид меорад

Агар дунё ба кас поянда мебуд,

Мухаммад то киёмат зинда мебуд.

 Махз хамин афкор, ки хеч кас сутуни ин дунё нест ва ин “ачузаи хазор домод” ба касе вафо накардааст, моро хузур мебахшад, ки аз рехлати нобигагону дарёдилону навха бар фалак наандозем ва маргро чун як падидае, ки бояд хузур ёбад ва огози зиндагии сармади гардад, бипазирем.

 Холо ин бор мехохам аз зиндагии пур аз мубориза, талош, пайгирихои мудовим, чонфидоихои Кахрамони Мехнати Сотсиалисти Наврузмухаммад Рачабов хадис гуям, ки тавонист бо часорати ботинию фитри, некнафасию хирадманди, хикматдони дар мухиту фазои диёр асаре човидона гузорад.

Донишманди хушкареха,мубаллиги таъриху адабиёти точик дар Ирон Мирзо Шакурзода боре дар сухбати хосае гуфта буд: “Ман Навруз Рачабовро барои он дуст медорам ва эхтиром мекунам, ки гами абадиёташро мехурад ва дар миёни рохбарони замон ягона фардест, ки аз сарвар буданаш одамияту олимияташ боло меистад. ”

Худованд уро гуё барои хамин сифатхо сиришта буд. Ба табиаташ чоплусию хушомадгуи, дуруяги, тамаъ, фиску фасод, кинаварзию беномуси бегона буданд. Аслан у наметавонист, ки ин феълу хуйхоро ба худ дошта бошад.

Хамин бурдбории у буд, ки кабл аз судури фармони кахрамонияш вайро беш аз харвакта мардум дуст медоштанд. Дигар рохбарон чун ба бемористон меафтиданд, тамаллуккрона паи тамаъу оз, тарс (дар дафтари хисобу китоб ба номам ишора шавад), мансабчуи ба “аёдат” мерафтанд, аммо авсофу сутудае, ки дар боло зикрашон рафт, мардумро во медошт, ки ба беморбинии Рачабов раванд.

Хануз дар зинда будани у дар сифоташ бисёр нигоштанду суруданд. Аммо бунёди хар шахс баъд аз марг бо мурури айём бехтару возехтар ифшо мегардад. Ман дар ин рислоаи азм гирифтам, ки чун дусту мухлисе , ки бо мархум нону намакхур ва аз гулистони фазилату хикматаш буе бурда будам, порахоеро аз умри гаронмояаш сабт менамоям. Алхол бо “одами хуб буд” гуфтани ман муроде хосил намешавад. Бехтараш ба авроки ин рисола дида духта, ва равони у рахматхои бепоён ва охираташро обод мехохем.

Муаллиф

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: