Ситораи саъд


Ситораи фурузон

Ситораи саъд

 

Борхо шунидаам, ки гуфтаанду борхо ба такрор мегуянд: марде сахназеб буд Наврузмухаммад.Гохе муосирон мефармоянд:Навруз Рачаб фардест, ки бемухобот тавони дид, дар у фарханги пиру барноро.Банда на онам, ки хеш фархангдону фархангшинос бихонам. Аммо шукронаи он зоти пок, он худованди боазаммат ба чой меоварам, ки дар умри кутохам бо мардоне аз дустони офаридаго , чун Эшонбобои Мачнун, Эшони Сиддикхон,Эшони Турахон,Махсуми Муллоумар, Махсуми Муллосаидобид ва чандин ашхоси ба ин уламо шабех сухбату мулокот иттифок афтод.Аз руи тавон аз дидорхо бахра бардоштам.Панд бигирифтам.Ин шахсиятхо, ки боло зикри номашон рафт, хама аз паи якдигар тарки ин олами фони бинмуда, феълан дра манзили чахорум рузи подошро интизори доранд.Равонашон то бихишти човидон шод боду набзилашонро худо бурнуру мушкбез бисозад.Омин!

   Бо Наврузмухаммад- ин марди бароям хеле азизу муътабар низ туфайли бародархондии хусурам-Муллоаваз Сафаров ва дустии бо киблагохам доштаи ин шахс наздики доштам.»Наздики доштам» гуфтан албатта, албатта камоли беадаби мебуд, чаро ки эшон бандаро дар хукми писар дуст медоштанд ва як шахсе хамдилу хамрух эхтиром менамуданд.

   Банда тасмим бигирифтам аз хаёти  пурмухтавову андарзпазири ин марди шариф маводе руи  сафхаи поку беолоиш бирезем, то пеши чашми хонанд сифатхои Наврузмухаммад ба монанди Инсон, Падари мехрубон, Сарвари сарварон, Марди фарханги, Чавонмарду мехнати,Чангсолор ба чилва оянд. Ба хотири он, ки Шумо мутолиакунандаро  бо суханхои берабту хуш малул насозам, биёед бо хам сайри кухистон биравем.Худро савори боли хумо пиндоред.      Ва аз баландихо, оре руи  куллахои осмонбууси кошонаи мургон-шумо метавонед бо чашми сар аз вучуди домани кух огах бошед.

   Ман боре гарону сангин ба душ дорам.Ба шумо ваъда додам, ки  сифатхое ки худованд ба у арзони доштааст,чун дар оина пеши хар рахгузар хувайдо созам.Барои ин роз ифшо сохтан, бахри тафсири ин маъни,дар офариниши ин пайкара, бахри бунёди таълифи дилбоз, ки  бо як олам умед саманди  хомаро махмез мезанам,аз Худованди бахшандаву мехрубон мададу  имдод металабам.Агар нигоштаам шумо хамсухбати закитабъро заррае макбули дил гардад, сарбаланду пирузам, худо накарда, ба дардатон нахурад,узрам бипазиред.

   Инак, мову шумо чашмандозе ба айёми гузашта дорем.Аниктараш хохем дид, ки Наврузмухаммадро чи кисмате айём эхдо намуд.

 Фаромуш накунед, ки шумо руи боли мурге  азим , ки шохи парандагонаш хонанд,парвоз дореду агар даст суи осмон боло бикунед, метавонед ситораи бахтро дар огуш дошта бошед.

  Соли ду аз дахаи сеи карни  ру ба интихо чараён дошт,Дехаи Эсиз чун куху руду богу рогу дигари дехистон дар хукми шаби зулмони карор гирифта буд.Аслан хакикати холро бигуем, нисбати водиву чулистону пахно шаби кухистон ториктар будааст.Пардаи торикиро куху санг, ки ба чашм сиёху сиёхранг падид меоянд, тиратар месозанд.Ба ибораи дигар руи чодари  сиёхи шаби  кухистонро куху санг пардае месозанд, ки вахшатахгезу дахшатбор ба чашм мехурад. Аммо аз ин зулмату манзараи яъс хар фарди кухзод харгиз тарсе надорад. Агар тагобу кулаи кух рафтан зарур бошад, кухистониро бим нест.Харгиз  саволе бо тахлука бо худ нахохад дод, ки рохи тагоб кучосту масири кулла кучо?Кухзода, ки дра багали ин санглоху шаххо, бурсхову руди шухоб камол ёфта, хар сангу  шебу фароз, пайраохаву дараро панч-панчааш барин хуб медонад.

Шабистон дар хукми зимистон карор дорад.Суи дех бегохируз, дакиктар баъд аз зухр аз ду чониби ба хаммукобил- аз каъри ду тагоб, аз он чое, ки пиряхи бузург руи кулла манзил дораду хазорхо сол арзи хасти намудааст, боде сарду сахт мевазад.Ин бод, хо аз хамон руи ду пиряхи алайхи хам ту гуи дра «набард» сангар гирифта, шабехи укобе ба хаво хеста, бо худ аз дурихо буи атри баргу гули арчазорон, гулоби гули гумбарраву  ангату зирк, загосаву сулу року роба ва дигар гиёхонро ба сокинони дех салом меорад.

 Вакт дар хукми фасли нзанини сол- Наврузи хучаста салтанат дошт.Хаво сард, аммо на ончуно, ки сармоят бихурад.Ахли дехистон ба ноз хуфта.Аз мурии  оташдони бархе хонахо суи осмон дуди гализ берун меояду аз баъзе дуди тунуку беранг.Ин ба хар сокини махал шинос.Дуди гализ аз чалма хасту дуди тунук зодаи оташи бурсу дигар рустанист.Ба манзараи шаб назора доштем.Саманди вакт ру чониби субх рох мепаймуд.Хаво тоза, буи арчау хушки тоза фазоро пур карда аст.Абрхои пароканду сиёхранг дар осмони дех лангар партофта, гуиё таваккуфе доштанду баъд охиста-охиста ба чониби чануб-ба тарафи камолхуча- он баландии кух, ки аз дех ба чашм намехурад, ба харакат омаданд. Дар ин шабистони тор хонахо- манзили одамон ба курумб ва ё бо таъбири ахли кухистон сухан кунем, харсангхои бо низом бунёдшударо ба ёд меоранд.Аз тобадонхо — тирезахои хурдакак (дар кухистон аксари хонанхо ба иллати набудии шиша-тирезахо майда сохта мешуданд) ба чуз хонаи Рачабмахмади мерган рушание ба чашм намехурад.

 Хо дра хамин хонаи бо санг деворкардашуда , бошандагонаш чашм ба хоб напушидаанд.Чароги аз равгани загир гизогир, ки пилтааш аз пахтаи ухнаи  солдида эчод шудааст, хира месузад.Ин чо кушода бигуем, маргу зиндаги дар набард будаанд.Хануз офтоб гуруб накарда апаи Нодирамохро, ки  бо ифодаи ин мардум «чашм ба рох»  дошт, бемори хуруч намуд.

    Сохиби хона холи хамсарашро дарк намуд.Тахорат сохту намоз гузошт.Аз Худованд дар дуо талабид: мушкили хамсарам осон бикун.Бандае осиву наздат гунахкорам. Лутфу караматро дар хонадони бандаи факират арзони дор.

 Интизорихо, шукрона, хайрият поён ёфтанд. Пас аз бонги дуюми хуруси сафеди хамсоя, ки аз дамодами субх мужда медод,дар фазои хавлии чарогаш фурузон гиряи тифли навзод пахн гашт.Модари азияткашида кудакашро солиму бардам дарёфту ба хамсараш Рачабмухаммад, ки паси дар меистод,бонг зад:

— Додош, хо мардак,муборак шавад писар…!   

Офтоби икбол

Хуршеди икбол

 

— Дар нуми азизат мурам, себинчи карздор, шахписар муборакат бод.!

  Мардро хаячону хастаги, андешахои борил, ки он лахзаи гуворо шабехи абре сиях фарогир буд,тарк намуд.Аз шоди дар худ намегунчид.Аз хона мисли кудак шодикунон ба куча баромад.Аммо хануз шаб хукумат дошт.Ба осмон нигарист.Аз абристоне, ки гуё руи дилаш пардаи сиёх густурда буд, осоре надид.Хамон тираабрхои кабат ба кабати  барфзо аз  «гиряи» одами навбадунёомада шармашон заду ноаён гайб заданд,дар паси куххо «пинхон» шуданд.Моху ситорахо нурпоши доштанд. Ахтару мох мардро  бо «чашмакзанихои» хеш , ки у худ интизори дошт,мегуфтанд:

— Эй бандаи хоки, шери нар муборакат бод.! Яке аз он сайёра гуфташ: «Ман ахтари бахти навзоди туям.Писаратро ситора саъд аст.У бо хамидахислатхо воломаком хохад шуд.»

 Ин гуфтугу ба анчом нарасида садои муаззин баланд шуду  ахли ибодат озими масчид-хонаи худо шуданд.

 Хушхабар дар як замон дехаро пур намуд:хой мардум шодиёна дихед,субхидам дар хонаи Рачабмахмади  мерган мехмони нав-писар тавлид ёфт.

— Шодиёна бачахо!

— Чаро  хама хомушед,садо дихед.Хезед ба хавлии мерган меравем, бомтаккак мекунем,- мегуфтанду якдигарро  ба хонаи Рачабмахмади хамдехаашон мехонданд.

Бомтаккак: дар бисёр дехи кухистони мастчох хар гох тифле ба дунё ояд, бачахо ба он хона омада ё болои бом ва ё ба руи хавли пойкуби менамуданд. Ва ин амалхо яке аз суннатхо ва конуни нонавишта, як русуми мардумист.Касе ки шодиро худованд муясараш сохта, аз хона хар он чи дорад, аз кабили себу гулинг, чормагзу магз, тутмавиз ва ё пулу нон ба хар каси омада таксим  менамоянд.Сохиби хона то даме бачахоро чизе бидихад пойкубии пуршиддату  ба сони «заминро ба ларза оранда» идома пайдо мекард.

  Хуршед аз чониби машрик «сар» аз куллаи баландкух боло кард.Чехрааш хандонтар аз рузони дигар.Мехр эсизиёнро бо шуълахои  умрэчодаш ба мавлуди  кахрамонписаре чун наврузмухаммад муборакбодиву шодбош менамуд.

Акои Рачабмаухамамд  кабудчахои заранги бурсиро  дар оташдони мехмонхонааш  бо часпу талош чида, бо чахмок хафи сулро оташ зад.Шуъла фурузон гардид.Тарошахои хушки бурс карс-карс, чакар-чукар садо дода, хар су ба парвоз медаромаданд.Маъние хонда мешуд: бурсчуб ба шодии сохиби  хона хамрохи намуда, ба раксу сурудаш базморои дошт.Дар ин пагохи у касеро ба хона нахондааст.

 Аммо хуб медонист, ки ин хабари хуш кайхо вориди хонаи ахли дех гардид. Ва марду зан, ки чисму чони якдигаранд,наметавонанд ба кисмати хам бетафовут бошанд.Онхо бояд ба муборакбодии Рачабмухаммад оянд. Ба хонааш пиру барно бо чехраи хандон кадам ниханду уро — мерганро гарм ба огуш гиранд ва гуяндаш:

-Бобо, мехмони нав муборак шавад!Ва ду даст чониби осмон боло афзоянд:

-Худованд аз офатхои заминиву осмони нигохаш дорад, ризку рузияш фаровон бошад. Дарахри боге гардад, мевахои шаккаринаш коми хамаро ширин гардонад.!

— Хар кадам, ки мондаед болои дида,, илохи барака  ёбед-афзуд мард ду даст  пеши бар ру чониби хамдиёрон.

Хозиринро бо чою нону халво муроот кард.

Хини аз дараш берун рафтани  мубораккунандахо пирамаред гуфташ:

-Мерган, миён мустахкам банд,акнун вакти гушти охухури хам фаро расид-а?

-Камина дар хизмат.Пас аз ду руз хама ба лаби алоби мо ташриф оред.

-Аз  дуст як ишора , аз мо ба сар давидан-хозирчавоби намуд марди миёнкади ришаш мошубиринч.

 Вале, баъд аз ду руз навзод серуза умр медид.Ва бино ба русуми кухистониён  сохиби тифл ахли дехаро  ба зиёфати номгузори мехонд.   

       Хама рафтанд.Рачабмахмад ба хамсараш ру овард:

-Очаш, саломатии кудак нагзай?

-Шукри худо гул барин.

-Илохи барака ёби.Ман тагоб медаром.

-Худо кушоиш дихад.Панотун ба худо.

Шаб аз ним гузашт.Мерган аз курпа охиста берун омад.Чорукхоро ба по кашид.Кузболу камону тиру нону асо ба даст гирифту  ру чониби тагоби Реват кадам ниход.Ба осмон нигарист.Мох ба магриб дар шитоб, ситорагон чун савори сафинае дар укёниси бекарони нили шино доштанд.Насим буи гиёхони  нав аз хоб бардошта ба машомаш мезад.Гирду атроф сокит.Оромиро Зарафшонруд, ки бо хамон як охаги шух суруд мехонд, халалдор месохт.

    Дамодами субх ба макони охувон наздик омад. Кузбол- борхалтаро аз китф ба замин гузошт. «Дастархон» густурд.Бо чанд бурда нони ,бокулаву чанд пора халвои сари шири субхона хурд.Лахзае пинак рафт.Хастагии рохро рафъ намуд.Торики бистар гун дошта, чои хеш ба равшании руз пешкаш месохт.

   Шикорчи эхтиёткорона ба торуназор, хо хамон чое, ки борхо сайд ба даст овардааст, назди шахси камингох карор гирифт.Офтоб тег мекашиду ба атроф- руи сангу хок, бурсу хама мавчудор саховатмандона шуъла мепошид.Сайёд ба атроф кунчковона назар меандухт.Нихоят дар он тарафи анбухи гушзорон, болои гурумби сафед галаи охувонро дид, ки сар ба замин хам, алаф мехуранд.

 Хушбахтона шамол аз чониби охуванон ба тарафи у мевазид.Ин фоли нек буд.Худо накардаагар бод баракс вазад, аз шикори бобарор метавони умед накуни.Зеро бод буи ту ба машоми оху мебарад. Ва гала рам мехурад, фирор аз чои хеш хохад намуд.

Ба масофаи тиррас ба бузи кухи наздик омад.Оху- бузи нар, пайкарааш азим,ду шохи он мисли чархе ба боло кад кашида, чониби урдааш шабехи мохи нопурра сар хам кардаанд.

   Нароху навади чун хамири угро борику вале кабудранги загосаро  бо дандонхои тезаш «кайчи» зада мехоид. Риши гуиё шоназадаи такка  вакти хоидани хурок болову поин шуда ,  ба назар бо касе сухбат доштани  мардеро бо хамдилаш ба хотир меовард.Шикорчи ин манзараро хело назора намуд. Буз хамоно «дарав» дошт. Офтоб аз кулахо болотар мешуд ва хамон кадар гармияш меафзуд. Он кадар ба оху нигарист, ки сехри чашмонаш ба чисми вахши  «асар» кард.Оху як ба гирду атроф нигарист.Хамсафонаш баъди тановули «таоми лазизи» кадбонуи хунарманд руи бистари «нарми» махмалин, ки гули санг буд, руи тахтасанги  хамвори азим зери шахи чун чатре, тархи хоб намуда, бо маром  нушхор доштанд.

   Нарохуи азамат, ки  «оксаккол» пиндошта мешуд, таборонашро хушхол диду худ, низ зери сояи бурси солори як шохааш хушкида «якпахлу» дароз кашид.

  -Худоё, мададе, вакти амал аст,- бо дил гуфт шиукорчи ва мили камони шохак суи сайд рост кард.Саросема нашуд мерган.Сайд дар холи хуб буд. Охиста ва боэхтиёт яккатири аз кургошим  сохтаи хешро ба тирдон чо кард.Пилтаи аз пахтаи кухна созкардаро  ба чои даркори, ки борут нигахдори мешуд, пайваст.Шурхоку боруту сиёхии аз лахчаи бурс омехташударо ба чо карду  пораи фулоду санги чакмокро дар он соиш дод.Шуъла падидомадаро зуд ба хафи аз чуби карафси хушкида , ки баранмдаи оташ буд, расодн.Ва зуд милро ба багали оху рост намуд.Садои таркиш ба куху  пушта бархурду акси садо дод.Оху як ба хаво хесту  аз тарафи галаи охувон, ки насдиктар аз у истирохат доштанд, худро хаво дод.Вале хамчинсонаш алакай дар холи гурез буданд.Охуи тирхурда сараки ба замин зад.Хестани шуд,аммо…   

     Шикорчи чониби охуи тирхурда давид. Корд аз гилоф кашиду сайди мачруху  дар дами марг бударо сар бурид.Баъд охи сабуке кашид.Гушеро решакан карду вазза сохт.Сайдро то поён чое, ки имкони омадани хар буд, кашола кард.Аз мучрахову дандонхояш донист, ки  «асир» 22 сол дошта, падари чанд фарзанду наберу абер будааст..Охуро пуст канд, «шикамашро» як су хаво дод.Руе карге «макбара» канду часадро «ба хок» супурд.Баъд ошдонак сохт, чанд шохаи  хушкидаи бурс оварда, оташ афрухт.Тобасангро тафсонд.Чигару испурчи охуро бо назокат пора карда, кабоб пухт.Хурд, у дигар мондаю шалпар набуд.

   Ру чониби деха намуд.Аз дур марде харсавор суяш меомад.Мард «силохбардораш»-ро шинохт.Шод гашт.

   Рузи баъд бо охубирён хамдехагонро зиёфат доду фарзандро наврузмухаммад ном гузошт.Аз шоди гохе ашк мерехту мегуфт:

-Шукри Худованд намурдаму номи киблагохамро сохиб шудам, акнун падарам зинда….

        Муаллиф

 

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: