Паёме аз ниёгон


Нигохе ба замони мози

Нигохе ба замони мози

Паёме аз ниёгон

 

                  Падарам дар кашокаши такдир

                  Мешавад пир, мешавам дилгир.

                                                          Лоик

    Зиндагии ахли кухистон нисбати водинишинон  басо сангин будааст.То он, ки донаи гандум орд гардаду руи дастархон ояд, кухистони захмати хеле сангин ба харч мебарад. Дар инчо ба хар вачаб замин ки  аз он имкони гирифтани хосил бошад, хунармандона муносибат мекунанд.Шояд бипурсед, ки чаро киштзорон ба кадру киматанд?Агар боре ба мардуми ин манотик хамсухбат шуда бошед, худ бе он, ки касе шарху тавзех бидихад, ба осони дарки маъни хохед кард.Ин хама ба иллати он будааст, ки бошандагон бештару замин камтар.Аз ин ру дехконони забардаст руи  чошилу хатто тахтасанги  хамвору азамат шурхок рехта, дона мепошанд, то ризку рузи ба даст биоваранд.

Марди кухистони бахорон вакте киштукори замини дехро поён дод, рузи дигар бо хару хингил, барзагову югу испор ба тагоб меравад. Киъахои калону кучаки ин дараи  тангро аз санг тоза карда, баъди чуфту мола гандуму бокила, мулку наску бедаву чав мекорад то хамбааш аз галлаву   кохдонаш аз хошок пур бошад.

 Ва хар кадар рузхо паи хам сипари гарданду  фасле фасли дигарро инкор сохта, Бахор чои худ ба Тобистон вогузорад, киштахо суи осмон боло кад кашида, майл ба пухтан мекунанд.Ва аз таровиши хусни аруси табиат- рустанихо, гирду атроф ба чашм  сафобахшу чолиб падид меоянд.

 Ана, дар хамин айёми шукуфоии гули Коку, дар чисми Зиркхор, ангеза намудани хаёт- лаби мугча во шудан, баргзо буд, буи хулбуи лаби чуи дех дамидаро насим ба машом мезад, Наврузмухаммад чашм ба олам кушуд. Чи рамзе? Дар вучуди  хоки мурда  бо гармтар шудани хаво-саховатпеша гаштани офтоб эхсоси хаёт- эхёи чисмхои гуиё фавтида- сабзиш рух дод. Чатри сиёхи мотамии заминро  боди зиндагиэчоди бахорон ба партовгахе хаво дод.Охиста-охиста дар гархои дарахтону дигар рустанихои дехистон хуни хаёт ба харакат омад. Хама чо пирохани сабзу хуррам ба тан дошт. Абри «гирянда» ки дар осмони Эсиз гуиё ба хохише бошад, «рохи гузар» руи  марзу киштахо «ашки» найсон рехта, ба замин зебои меафзуд.

   Рачабмахмад ин хама табдили табиатро назора дошт.Ба хар сангу гули харсангхо, сабзиши нуричашмфизои  галлазорон , бусаборони  гулхои  зардолузорону  себистону амсоли  инхоро дида,  боги дилаш мешукуфт.Сад шукри эзиди якто менамуд, ки дар ин айёми бихиштиманзар  сохиби писаре гашт.Падараш зинда шуду гуё боз омад,Юсуфи гумгашта ту гуи дар рахи Канъон  будааст.

У- Рачабмахмад боз масрур буд, ки фарзандонаш- Устотурсуну Гулузор дастёри доранд, дар рузгор  ба  волидайн.Ва онхое аз рузгори ин мард огохи доранд, мегуянд: Рачаби Навруза худо барои кор офарида.Сар то кадамам сафеде , кай дам мегири?!Аз худо рохатам талаб кун.Мисли мо-ку як бурда нони коку як коса пиёба мехури.

 -Хак ба чониби гуяндахо,- мегуфтааст бо лабханд акои Рачабмахмад ва худ меафзудааст: Ман табиати ин мардумро нафахмидам. Хайрон аз онам, ки ба кадомин  савти эшон аргушт равам.Агар кунчи хона сукут варзи мегуянд, ки «Ба шиштан дег намечушадо, додар хамбаат холи шавад, ки  нуни муфтат медихад?!»

  Ду руз паи хам Реват  барои хазуми хушк рави , наъра мезанад, ки :Харам юргаю чолок аст гуфта, махлуки худора бо накуши, вай хам худи ту чун дорад-о!

  Рохе ба шикор равию холи бошад дастат, аксар шод мешаванд,  дар дил харчанд аён насозанд хам.Агар шер боши дер гайбат хоханд гуфт:

 -Волой набераи ромити  дар куху пушта ягон хайвони худора  гаштан  намемунад-е.Хичи а худо метарси?!..

  Аммо касе унвони уву олаш харфе аз «танбал», «миёншиакста», «бенанг», «аз маърака дур» наметавонист бигуяд, зеро ин хисол дар у бегона буданд.Ва баракс мардони дахондори кишлок ифтирхорона Рачабмахмадро муаррифи доштанд:-шарики шоду гами ахли диёр,устухонаш дар чодаи мехнат сахт гашта, хайрхоху хайрандеш, чавонмарду худотарс…

  Акои Рачабмахмад мисли дигар хамдиёрон зиндагие миёнхолона дошт.Ба касе мухточу ба чизе ниёзманд набудааст.Аз киблагохаш богеву китъаи замине  насиба гирифт.Хар дарахтро ки аз хамсухбатони  наздикигузаштагонаш будаанд,  чун ашхоси хамдил дуст медошт. Он дарахтон-тафсиргарони ахли гузаштагонашро , ки «пирони бачомондаро» ба хотир меоварданду  парасторе мехрубону розшунавро эхтиёч доштанд, парво менамуд.

 

   Хар гох ба бог мерафт.Чун по ба остонаи ин мавзеи барояш мукаддас гузорад, мисли он, ки бо шахсиятхои бузургу  азизу муътабар рубару омада бошад, ду даст пеши бар гузошта «асалому алехкум» мегуяд.Ва ба суфачае наздик омада гуё бо мехмонни гиромикадр дучор бошад, ду даст боло намуда: хайрияту кудум,»кадам нур, бало дур» гуфта даст ба ру бурда омин мекунад. Баъд руи купачаи махмилини  суфа, пахлуи «муйсафедони нурони»- падару модар, бобою биби ва дигар пайвандон нишаста ишонро як-як холу ахвол мепурсад.Бо онон «сухбате» гарму дилчасп сурат мегирад.

   Аммо ин хама наметавонад тасалли калбаш бишавад.Бо «ичозаи» мехмонони ифтихори- он пайкарахои нурони аз чой бархест.Ба атроф дида духт.Дарахтони зардолуву себу олу аз пурбори сархам буданд.Кадам чониби  зардолуе, ки аз дигар хамчинсон солору умрдида менамуд,гузошт.Сафедак буд ном ин зардолуи пирро.Ногах сафедак монанд ба одам лаб ба гуфтор кушод:

  -Ман зардолуям,аз кошифиву ворухи, талках, дарафшаку, махтоби чанд рузу хафтае пештар мепазам.Хурду калон, пиру барно насдам меоянд, то аз пухтахоям, ки хеле азизу  хуштаъманд, коми хеш ширин менамоянд.Ман, ки махлуке аз офаридагорам, омадагонро-мехмононамро хуш- бо чехраи хандон мепазираму бо шакарин бозёфти рузгор, буди дороиям мурот мекунам.

 Ту низ метавони мехмони ман боши.Ин дамаз ту ба димогам буе аз Навруз мерасад.Чехраат маро шиносу ситораат маро макбули дил.Иштибох нахохам кард , агар бо дилпури ва котеъона хукм намоям: бале ту аз ворисони  сазовори Наврузмухаммади хушном асти (худо биёмурзад варо).

  Шамоле сабук вазид. Ба чанд зардолуи пухта, ки ба неруи бод наметавонист худро дар чисми дарахт нигох дорад,ба замин сарзер шуд, паи хам руи сабзаи чун сурфагустурдаи табиат карор гирифт.

  Сафедак афзуд:

 -Биё азизам аз мевахои пухта бихур ва ба ман умри бардавом бихоху ба рухи онхое, ки дар сабзишу нумуи сафедаку хамсафонаш, ки дар атроф кад кашидаанду ба эчоди бог сабабанд,ояте аз каломи худо тиловат бинамову хадя фармо.Ин амалат аз суннати фарзандони содик хохад буд.Маъзурам дор, дустам.Кас  пиру солхурда шавад , сергап мешудааст- гуфт бо лабханд он дарахт, ки  руйхои «ожангдораш» шохиди кариб ду карн тул доштани умрашро гуё буданд.

 -Барои ин пазирои аз чун туе, ки пеши чашмонам гузаштагонамро падидор сохти,мамнунам.Ин дам тавоне надорам, пеши ту харфе дигар физоям.Охир мани бачаи дирузаро ку неруву кудрате  бо шумо дарахтон- хамнафасони волидайнам сухане хотирнишину чолибу дилпазир иброз намоям-бо хаячону овози ларзон садо баровард Рачабмахмад.

 -На , на чунин магу, хамдам, садо дод себи гулоби, ки аз чониби офтобнишини бог афрохта буду аз пурбори шохахояш заминбус буданд.Аз каъри чашмони рахшонат хондам, ки ту марде хасти мехнативу дасти хайрат ба домани тадбирхои ахли диёр хамеша мерасад.Дарёфтам, ки вокеан номбардори хамон гузаштагонат хасти:ишон аз ашхоси бонангу ор буданд.Онон, ки пеши чашми мо умри азиз поён бурдаанд,, харгиз амале надоштанд, то ба ангушти надомат ба дандон бурдан сабабе бошад.

 -ташаккур дусти азиз.Аз лутди ту хушам меояд.

 -Аз он ки хар гох мо пиронро дат мегири,халки ташнаамонро аз оби хаётбахши тагоб «тар» менамои, гохе «нохуну муи расидаамонро» поксози аз чисмамон карда,гули махфилу маъракаамон месози-ачр аз худо бубини- арзи сипос дошт себои гулоби. -Хо додо, хо додо, овози кудаке шунид мард, ки ба сони хайкали ру чониби себ бехаракат меистод.

-Хо додо..- боз хамон садо ба гушаш худр.

-Лаббай, чуни додо-сар ба чониби овоз ба кафо гардонид мард ба худ омада.

Акои Рачабмахмад писараш Наврузмухамади дуструякро дид, ки дар даст борхалтае дошт.

-Додомед, бед бачам.

Писарча, ки лолахои рухаш аз гармову гаронии бори даст себи хубониро мемонданду аракшор буд,дар назди падар карор гирифт.

-Ана, ош овардам-гуфт табакчаи болояш бо нон «сарпушдорро», ки  румоли анбармуй печида ба дасти падар дода.

Падар табакро як су гузошту ду бари руи фарзандро буса зада ва гуфт:

-Худам ба хона мерафтам, шумо овора шудед додо,хоки кадамотун шавам.

-Охир нарафтед.Очам дилкашун шуданд, гуфтанд, ки «ако хезеду бари додоту ош баред» гуфт Наврузмухаммад.

Киблагох аз навдаи хамшудаву дарсраси себ ду меваи чун шафак аргувониро канду ,буид ва машомашро муаттар сохт ва ба хамсухбаташ дароз намуда афзуд:

-Бах-бах, чи буе хуш, хуред асал барин.

Дарахти солхурдаи рузгордида

Дарахти солхурдаи рузгордида

 

Муддате мадид харду хомушу  бехарф.Дастхову лабу дандон «сухан» мегуфтанд бо ошу бо себ.

 Бачаи кунчкову зиракро бихиштманзарии боги бобои ба хайрат наовард, чаро ки   хар руз у инчо мехмон буду  гахе чурахояшро мизбони менамуд.Бо хамсолон руи сабзахои  чун гилеми колин хунармандона бофта часту хез дошт, аз себу зардолуву олухои чун шаккару ангубин хуштамъу лазиз тановул менамуд.Вале хар гох мехост аз падар пурсад, ки:

 -Додо, шумо калон астед, ё ин себ ё он зардолу?

Аммо чуръат намекард, хар дафъа ба гумони он, ки падарро малол наояд.Ин бор хам ин савол гирфи сараш хона дошт.Аз чой бархест.Ба осмон нигарист.Хуршед савори киштие дар укёниси нилии беинтихо ру чониби Магриб шино дошт.Вале ин манзараро Наврузмухаммад аз сурохи  хонаи барги дарахтон дид.дарахтони пурмеваву барг чатреро эчод намуда замини богро аз «сузиши» офтоб «эмин» медоштанд.Нури Мехр аз холичои  баргхову мевахо то замин ба худ рох ёфта, руи бистари бог гул меканд.

  Падар бо иштихои зиёд таъом мехурд.    Наврузмухаммад даст ба танаи себи азамат расонд.Панчахои хануз дар хукми тагояк будааш, ки бо гушту пусти нарм фарогир бо танаи дарахт «бархурданд»Пусти дарахт мисли кампирзане, ки руву пешони ва панчахояш ожанг доранду зангхурдаву дурушти  дагаланду кафида ба назар дар хукми мурда падид меомад.Аммо себ хусул дошт.Мевахояш басо ширину сероб,хушмаззаву хушбуй.

  Додо-нихоят сари максад омад , дар холе , ки пирамард охирин лукмаро аз табак ба дахон мебурд,       Ин себа шумо шинондед?

 -Не , бачам. Хамаи ин дарахтхоро бобои мо  Муллоашурбоки сабз кардаанд.

 -Бобо, дар кучоянд?

 -Рухашон шод бод,худо рахмат кунад.

-«Рухашон шод бод,худо рахмат кунад»- зери лаб такрор намуд бача.Вале хурдсоли дасти маънифахмияш надод

 Ин хама хайрату чехраву чашмони саволзову посухчуи писари хушзрхну кунчкови Рачабмахмадро Себи гулоби ба хуби пай бурд, ки ногох лаб ба гуфтор боз намуд:

-Бобою бобокалонхоятро медони бача?

 Он хурдсол дар холи бехуди карор дошт.Садоро танхо худи у мешунид.Лол буд чисму рухаш аз гуфторхо.

 Гулоби монанди гуяндае хамадон харф мезад.Исмам себи гулоби аст.Коми бандагони хоки-фарзандони одам ширин кунам.Вучудам аз маводи даво  саршор.Хар ки ширинам хурад аклаш мефизоям.Чисмашро аз охан-он муъчизае аз бихиштро, ки барои харакато бонизоми хун, хеле арзишманд будааст,арзони хохам кард.Аммо ин дам намедонам аз кадомин бобе достон сароям.

 Дарахти пир ба симои хайратбори  мусохиби кучакаш, ки гушу хуш буд,назора намуду интизори гуфтори тарафи мукобил наистода,майдонзори сухан буд:

-Хуб мебуд, агар сухане чанд аз гузаштагон ба гушат занам?-фармуд гулоби.-Ту абераи Мулобоки хасти.Кист он мард?Таърихи олатро варак мезанем.Масири зиндагияш бо охирхои садаи понздахуму нимаи аввали карни шонздах мувофик уфтода.Ишонро Ватан Ромит-хо хамон мавзеъи  чаннатсифати замин будааст.Як гушаи Точикистон.Муллобоки бино ба накли ровиён аз мардони руинтан,бахри тантанаи адлу поки, парафшонии парчами озоди, нангу шараф то охирин нафас дар набард будааст.Мавсуф дар калъаи Ромит манзил гузида, дар хоки мукаддаси он ба  хоби абад рафтааст..

Марди сарбаланд аз худ номи накуву  се писари дасташон хунарэчод боки гузошт, ки исмашон-Устомирзобоки,Устофатхуллову Устобекмухаммад будааст.Он се чун киблагох бо золимиву беадолати тавони тахаммул надоштанд.Яке аз амалдорон хамеша нисбати зердастон, хоса мардуми камбизоату бедифоъ ситам раво медид.Он се бародар золими бадхоху бадандешу бадкорро сар аз тан чудо сохта, садхо мазлумонро аз чанголи бало рахои бахшидаанд.

 Ва аммо  писарони Муллобоки баъд аз ин амал дар зодгох осуда зистан наметавонистанд.Селаи гургони хуношоми хокимони берахму ситамкор бо шикори се бародар хар чо даву тоз доштанд.»Тарророн» Мастчохро барои худ панохгох карор доданд.Фирориён хуб медонистанд, ки  хукуматдорон аз касди дастгиру мучозот намудани котилони  хамнишинашон харгиз даст нахоханд кашид.Аз ин лихоз дар як макон зистан барояшон хатарноку пурбим мебуд.ба хотири таъмини амният Устомирзобоки дар Эсиз,Устофатхулло дар Лангар ва Устобекмухаммад дар Пастигав сукунат ихтиёр намуданд.Хар як, ки фарде сохибхунару аз доди корро медодахо буданд,дар макони зист сохиби хонаву дар, молу мулк ва оила гардиданд.

-Ана ба ин минвол халкаи ол-авлоди ту мусохиби наврас аз Муллобоки-аз Ромити зебову афсонави маншаъ бигрифта, шукри холик то ба ин дам дарахти азимеро мемонад, ки решаву шоху навдахои зиёди хусулдехро дорост-гуён лаб аз гуфтор бубасту хомушу сокит бимонд гулобисеб.

-Худо умрат ба дарозо эхдо бикунад,- арзи миннатдори бинамуд Наврузмухаммад,ки хар гуфтаи дарахти рузгорфифаро ба сафхаи хотир чун накше бар санг хак сохт.

 Сухбати падару писар то бегох идома дошт.Хини бозгуихои киблагох Наврузмухаммад дарёфт, ки аксари ин дарахтон, ки хусни деханд, бо саъйи бобохояш Муллоашурбокию Наврузмухаммади хамномаш реша ба замин давонда, имруз хам боровару хосилдеханд.

 Хуршед дехистони пуршуру руди шухи Зарафшон, куху пуштаро тарк гуфту дар Магриб аз чашмхо нопадид гашт.Чои нурхои офтоби равшаниву гармиэчодро чодари сиёхи шаб сохиби кард.Ин дам, ки ахтарон  дар осмон чониби хаму заминиён «чашмакзанихо» доштанд, Рачабмахмад бо писараш боги ачдодиро-он макони зебову гулпуши пур аз мевахои зиндагибахши бихиштиро бо касди хона: «то сунхи дигар падруд»  гуфтанд.Аранге дар забони у беихтиёр ин мисрахо  канда-канда мепечиданд:

 

 Мурге дидам нишаста дар бораи Тус

 Дар пеш нихода каллаи Кайковус.

 Бо калла хамегуфт, ки афсус, афсус,

 Ку бонги чарасхову кучо наъраи кус?

 

  Муаллиф

 

Реклама

Один ответ

  1. Сураи Нос سورة الناس

    Дар Макка нозил шуда 6 оят дорад

    Тарщумаи оятыо:

    Биг;:»Ба Парвардигори мардум паноы мебарам, №1_фармонравои мардум,№2_Худои мардум,№3_аз шарру васвасаи васвасагари ниыон|,№4_он ки дар дилыои мардум васваса мекунад,№5_хоы аз щинниён бошад ё аз одамиён!»№6_

    Тафсири умум| оятыо:

    Ин сураи бузург барои ыар мусулмон насиыатыо ва суфоришоти арзишманди илоыиро дарбар гирифтааст.

    Бандаи мусулмон ба Худованд аз шарру зарари шайтон паноы мебарад, зеро ки \ одамиро ба кардани корыои зишт ва андешидан дар мавриди он тарьибу таырик менамояд. Бинобар ин вацте , ки инсон ба ёди Худо шавад ва аз \ ёр| ва пуштибон| бихоыад, яцинан шайтон аз ; гурехта , пиныон мешавад. Ва вацте , ки инсон аз Худо ьофил шавад, шайтон ба ; наздик шуда,ба маъсияту гуноы ;ро таырик намуда , ба роыи бад мекашад.

    Дар дунё баъзе мардум ыам чун шайтоныои щинн| мебошанд , зеро ки оныо низ дигаронро ба корыои бад ва гуноы тарьиб намуда , ба роыи кащ ва фасод мебаранд ва ин гуна одамонро шайтоныои инс| номида мешавад. Бинобар ин бояд ыар шахси мусулмон аз ин гур;ы мардум дур| бищ;яд , зеро ки оныо фосид ва бадахлоц ыастанд ва ыамчунин, бояд ; ба Худованд паноы бурда , мададу ёр| бихоыад , то Аллоы таъоло ;ро аз шарру осеби тамоми шайтоныои щинн| ва одам| нигоы дорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: