Зан ва ичтимоъ


  Зан ва ичтимоъ

 

                  Фирдавси Аъзам

 

    Дар тули таърих муносибат бо зану мард ва умуман инсон дар кишвархои мухталифи олам дигаргун буд. Инчо мо мехохем ба баррасии мавкеъияти танхо зан дар тули таърих дар кисме аз  кишвархои гуногуни олам бипардозем ва бубинем ки зан  дар замони мози чи маком дошту алъон чи маком.Таърих оинаест, ки  буду набуди моро иникос менамояд ва вокеъиятро ба  мо нишон медихад.

     Нахустин мурабби ва муаллими фарзанд зан-модар аст.Зан-модар миллат ва чомеаро тарбия менамояд. Аз ин ру, бояд занон сохибмаърифат бошанд, дорои донишу малакаи кофи, чахонбинии васеъ бошанд, то битавонанд ки миллатро тарбия бидиханду ба камол бирасонанд ва накши у  дар тарбия, нигохубин ва камолоти маънавию чисмонии  хам фарзанд ва хам чомеа басо  бузург мебошад. Пас инчо мехохам то мухтасаран шумо хонандаи азизро ба як сафари кутохи таърихи сафарбар намоям ва бо хам бубинем ки ин чавхари  хасти чи арзишхоеро сохиб будааст.Аммо бояд зикр намуд, ки мо харгиз он хама ходисахои таърихиро наметавонем дар ин як маколаи кучак чой дихем .Ин танхо фишурдаи он ходисахост.Ва инро бояд зикр намуд, ки дар омода намудани ин макола ман ногузир такя ба баъзе манбахо  намудам.

    Аммо, албатта ин як баррасии мухтасарест ки манзури шумо хонандаи нозукбин мегардонем ва аз ин нигошта уммед дорем ки шумо як бардоште хохед гирифт.Пас биёед  сараввал бубинем, ки дар яке аз кишвархои серахолитарини олам ки бо номи Чин машхур аст, зан чи макому чи хукуке дошта буд ва имруз чи маком.

Занон дар Чин

    Чунончи дар Чини кадим масалан зан мавкеи ичтимоии пасте дошт.Занон дар назди шавхар хукуки хурдан надоштанд ва аз имтиёзот махрум буданд. Зиндагии ичтимоияшон хам душвор буд, хуб худ казоват намоед вакте, ки  зан дар назди шавхар ки шахси наздики у ба шумор меравад,  (аммо мутаасифона дар он давр зан шахси наздики шавхар ба шумор намерафтаст) ин тавр камарзиш бошад, пас дар назди омм ва дигар табааи чомеа чи гуна будааст!? Бо хамаи ин нигох накарда  инсон аз чумла занхо он хама азобу укубатхо ва «санчишхоро» паси сар карда насли хешро то ба имрузиён оварда расониданд ва хушбахтона  дар замонаи имрузи соли 1949 «Федератсияи хамаи занхои Чин» таъсис гардид, ки хукуку манфиатхои занонро химоя ва пуштибони мекард ва баробариро дар байни марду зан эълом намуд. Вакте ки ин харакат соли 1949 таъсис ёфт, неруи кории занхо дар чойхои кори танхо 7 фисад буд, аммо дар соли 1992 ин фисад ба 38 % расид ва сахми занони Чин ру ба рушду нуму ниход. Холо бошад занхои Чин дорои хукуку озодихоянд ва узви чомеаи чахони махсуб меёбанд.

                                                                        Занон дар Хинд

     Дар Хинд занон ба унвони хизматгор ва каниз шинохта мешуданд ва эшон мачбур буданд, ки шавхарро «арбоб» ва ё «чаноби оли»биноманду зинхор ному исми шавхарро ба забон наоранд.

    Баъзе олимон муътакиданд, ки дар Хинди кадим занхо бо мардон баробархукук будаанд. Аммо иддае хилофи ин дидгох баромад мекунанд.

    Тибки баъзе сарчашмахо занхо дар Хинди кадим дар давраи Ведахо аз хукуку озодихои хосае бархурдор будаанд, аммо баъдтар  он хукуку озодихои онхо бо баробари арзи хасти намудани Ислом ру ба завол ниход. Мавкеъияти занхои Хинд дар чомеаи давраи асримиёнаги хело бад буд. Сати (як навъ амали худкуши ва девонаги ки занхои хинду дар вакти аз даст додани шавхархояшон менамуданд.) ва манъи дубора хонадор шудани занхои бива як кисми хаёти ичтимоии хиндустон гардид. Ислом ба чомеаи Хиндустон Пурдах (амал ё худ эйтикоде ки занхо бояд тору пуди хешро бо либосе пушида намоянд ва андомашонро пинхон бидоранд) -ро «хадя»  намуд. Хуб ин амал  хукуку озодихои онхоро махдуд намуд ва онхо озодона  кобили муоширату муомилот набуданд. Ва ин як рамзи зери даст гирифтани занон дониста мешуд. Ин хамаи ходисаву вокеахое ки ба занони Хинд мушкилихо овард танхо замоне буд ки Хиндустон озоду мухтор набуд ва сохиби истиклол нашуда буд. Аммо ба хар хол ин амалхои замон дар сахифахои худ рочеъ ба сарнавишти занон гувохи медиханд. 

Хидустони имруза ё худ мустакил.

  Хуб холо бошад  баръакси замони мози занхо дар хама гуна сохоти чомеа;  маълумот, сиёсат, хунар, фарханг, илму маориф ва бахшхои мухталифи давлати  фаолона  ширкат мекунанд. Конситусияи Хиндустон дар моддаи 14 баробархукукии зану мардро кафолат медихад, поймол крдани арзишу хукуки онхоро дар моддаи 15 банди 1 махкум мекунад. Алъон макому мавкеъи зан дар Хинди имруза ба таври эътидол  аст. Ва аз ин чост, ки Хукумати Хиндустон соли 2001-ро «Соли Нерубахшии занон» эълом намуд, ки  ин аз гамхориву дастгирии хукумати имруза дарак медихад. Ва имруз як фоизи бузурги занон кору фаолият мекунанд ва сахми эшон дар пешбурди корхонахои саноатии кишвар бориз аст

Мавкеияти зан дар Арабистони пеш аз ислом.

     Мавкеияти занон дар ислом хамвора мавриди ихтилофи назар будааст.Занон дар оинхои динии Арабистони пеш аз ислом накше таинкунандае доштанд.Чандшавхари дар Арабистони пеш аз ислом комилан роич буд. Дар Куръон аз зинда ба гур кардани фарзандони духтар дар Арабистони кабл аз Ислом сухан рафта аст.

Занони Арабистон

Занони Арабистон

Аз аходис ва таворих низ бар меояд, ки ин амал дар чомеаи араби кабл аз ислом комилан роич будааст. Бо зухури ислом зинда ба гур кардани духтарон, ки аз одоби араб буд канор гузошта шуд.Дар паймони издивоч  ба чои ин ки падар духтар ба домодаш коин бипардозад,мукаррар шуд, ки шавхар ба хусураш махрия бипардозад.Занон хакки моликияти фарди ба даст оварданд ва хакки мерос ба онхо дар назар гифирифта шуд, дар холе ки пештар факат хешовандони музаккар хакки ирс бурдан доштанд.Ба ин сурат бо зухури ислом мавкеияти ичтимоии занон пешрафти бисёре кард.

                                                       Зан дар давраи Газнавиён

  Зан дар давраи Газнавиён хузури ичтимои ва сиёсии камранге дошт.Накши бонувон дар ин давра бо вучуди он ки онхо  худ турк буданд,камрангтар аз даврахои баъди будааст, ки  аз чумлаи иллали он адами  омодагирии мардуми Ирон ва таъсирпазирии салотини ин давра аз кавонини дини Ислом будааст.Дар давраи Газнавиён издивочхои мутакобили сиёси бисёр роич будааст.Бад ин гуна , ки фармонравоён барои осудахотир шудан хохар ё духтари якдигарро хосгори ва ба никохи худ медароварданд.Дар ин давра махрияхо хело зиёд буд ва аксари духтарон бо махрияхои бузург ба хонаи хамсари худ мерафтанд.Дар ин давра бонувон  ба таври комилан гайри мустаким накши худро дар бархе масоили сиёси  монанди масъалаи чонишини салотин ифо мекардан 

                                                              Занони яхуди

  Дар тули таърих дар асри талмуди мавкеъияти занони яхуди бисёр пасттар аз мардон ба хисоб мерафт.Занон дар мадориси дини пазируфта намешуданд.Рахбари ва макомхои мазхаби дар ихтисоси мардон буд ва занон хакки сафар надоштанд.Дуохо ва намозхо махсуси мардон буд, ва занон наметавонистанд ки узвияти хешро дар чомеа ташкил бикунанд.Занон дар маросими курбони хаки иштирок надоштанд.Эшон набояд дар хузури мардон сухан мегуфтанд. Агар зане садояш ба кадаре баланд буд, ки вакте дар хонааш сухан мегуфт, хамсоягон кодир ба садояш буданд,мард хаку хукук дошт бидуни пардохти махрия уро (зан) талок дихад.Бар асоси кавонини яхуд (ин калимаи ибри аст ва ба маънии хилвати зану марди бегона ки бо хам хешовандии наздик надоранд ва инчунин макони дарбастае аст, ки дар шариати яхуд ин мамнуъ аст.) хилвати занону мардон мамнуъ гардид.Аз суи дигар гувохи додани занон дар додгох ва казовати онхо мамнуъ буд. 

                                                          Занони яхудии имруз

   Аз огози дахаи 1980 ислохоте дар созмонхои динии яхуди ба нафъи занон ба вучуд омад.Занон хакки хондани Тавротро ёфтанд , харчанд хануз муносибати мазхаби дар ихтиёри мардон аст.Хамчунин кавонини сахте чун сангсор

( як навъ мучозоти марг аст, ки тарики партоби санг ба тарафи мучрим сурат мегирад) канор гузошта шуд.

                                                                Занони Эрон

 Вазъияти ичтимоии занон дар Ирон дар тули даврахои мухталифи таърихи ва албатта фарханфи мутафовит буд.Масалан хамлаи арабхо ба Ирон мучиби пазириши арзишхои араби-исломи дар байни иронохо гардид.Ва инчунин хамлаи мугулхо ба Ирон таъсири зиёде ба фарянгу чомеаи Ирон гузошт. Ин албатта ба вазъияти занон таъсиррасон буд. Дар тули таърих дар замонхои хукумати подшохон ихтиёри интихоби хамсар барои духтарон ба дасти падари духтар буд.Дар замони Хахоманишинон занон хакки ирсу моликият доштанд бо ин хол дар тахти Чамшед тасвири хеч зане вучуд надорад, ки  онро нишонаи мардсолори медонанд.Агарчи тасвире хеч зане дида намешуд, вале метавон дар миёни катибахо ва дар миёни тарчумахои он накши занонро ба хуби мушохида кард.дар даврони фочир тахсил барои занон басо махдуд буд ва босаводии занонро барои ислом ва чомеа хатарнок медонистанд.

    Дар ин давра дар хонаву хиёбонхо як навъ чудоии чинсияти вучуд дошт , ки то давраи пахлави низ идома ёфт, ва махсусан дар миёни табакоти поинтарини чомеа.

  Дар ин давра издивочи кудакон ва издивочи ичбории духтарон бисёр роич буд 

Занон дар Ирони имруза

Пас аз инкилоби исломи(1357-1979) дабиристонхои духтарон ва писарон аз хам чудо шуд.Имрузхо бонувони Ирон дар хама гуна чабхахо ширкат доранд ва  ба унвони намояндагони мачлиси Ирон баргузида шудаанд.Бисёре аз занони Ирон барандахои чоизахои мухими чахони дар заминахои фарханги, хунари ва синамо хастанд.Ва умуман метавон таъкид, намуд, ки занон сохибхукуканд.                    

                                                             Занон дар Ислом

 Аммо, биёед бубинем ки диди мубини Ислом бо ин чи гуна муносибат дорад. Бубинед, акидаи дини мубини  ислом хилофи хамаи корхои зишти дар боло зикршудаи даврахи таърихи гардид. Ва зану мард ба тоату ибодат,кору зиндаги баробар дониста шуданд.Махз бо хамин шарофатии дини мукаддаси ислом имруз занону мардон ва умуман метавон гуфт, ки кулли чомеаи башарри баробархукуканд ва то андозае озодтар аз замони мозиянд.Мо шукрона аз он мекунам, ки дар кишваре зиндаги мекунем, ки хукуки зану мард баробар аст ва Конуни асосии кишвари Точикистаон дар моддаи 5 ин гуфтахоро эътироф ва чонибдори мекунад. «Инсон,хукук ва озодихои он арзиши оли мебошанд.Хаёт, кадр, номус ва дигар хукукхои фитрии инсон дахлнопазиранд.»

                                                              Занон дар Курон

  Танхо зане ки дар Куръон аз вай ном бурда шудааст, Марям духтари Умрон аст.Куръон бар хилофи Инчил хаводиси зиндагии Марямро аз ибтидои таваллуди у дунбол мекунад.Ва Закариё сарпарастии уро бар ухда гирифт.Дар Куръон омадааст, ки аз назди худо ба Марям рузии бехисоб мерасид.Хамчунин Марям дар Куръон бар тамоми занони чахон бартари ёфтааст. Рухулкудс дар Марям нозил шуда ва фарзанде ба номи Исо бар вай бахшид.Ва Марями бокира ба Исо хомила шуд.Куръон номи хамсари Одамро мушаххас накардааст, харчанд ки дар ривоёт номи Хаво омадааст. 

                                                            Занони Точикистон

Дар замонаи кунуни шукри сулху истиклолияти кишавр иштироки занхо дар хама чабхахои зиндаги эхсос карда мешавад.Дар чомеаи кунуни занони точик бо баробари шинохти макому манзалати хеш дар сохоти мухталифи давлат фаолият мебаранд.Бояд кайд намуд, ки он кишвар ё чомеа, ки арзишу макоми ин кишри чомеаро эхтирому пос медорад, хамон чомеа аз маданияту фарханги баланде бархурдор аст. Имрузхо занони кишвар хукуки ширкат дар хама сохторхои давлатиро сохибанд ва албатта кам нестанд, теъдоди занони сиёсатмадор, ки дар умури давлати кору фаолият мебаранд.Ва бубинед сафи намояндагии занон дар макомоти кудратию давлатии Точикистон руз аз руз афзун гашта истодааст,ки ин шаходати ххуб будани макоми эшон мебошад.Новобаста аз ин занон дар чомеаи кунуни сохибхукуку сохибраъянд. Симои зани точик хануз дар аввалин китобхои мардуми куханбунёду фархангпарвар ва хештаншиносу боори мо хамчун фарди озоданажоду озодихох, зебову  зебоипараст, донишманду фархангдуст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва хунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

 Як силсила фармонхову карорхои  Точикистон, инчунин накшаву барномахои давлати дар хусуси баланд бардоштани маком ва накши зан, таъмини хукуку имкониятхои баробари мардону занон ва умуман  оид ба масъалахои  занон бароварда шудаанд.  Хуб тибки иттилои ба даст омада  аз руи нишондоди чалби занону духтарон ба корхои давлатию чамъияти Точикистон дар байни хамаи чамохири собик Иттиходи Шурави чои аввалро ишгол мекунад. Агар ин вокеъият пас хушо ба холи занони мо!

  Боиси сарбаландиву ифтихор аст, ки модарони точик барои тамаддуни чахони чунин нобигахои беназири илму адабро ба мисли Рудаки, Фирдавси, Ибни Сино,  Умари Хаём, Носири Хусрав, Садриддин Айни, Исмоили Сомони, Бобочон Гафуров ва хазорон мардони бошараф ва номбардори миллатро ба Дунё овардааст.Махз модари точик чунин фидоиёнро тавлид намуда , то ки манфиатрасони чомеаву михан бошанд.  Агар бигуям ки имруз мо халки точикро хамчун миллат дар арсаи байналхалки  тавассути ин нобигагон  мешиносанду эътироф мекунанд, иштибох нахохад шуд. Мисол меорам як ходисаро.Замоне ки ман дар шахри Бостони иёлати Масачуссеттс будам, аз нафаре суол кардам, ки оё Точикистонро медонад ё на.У дар посух чунин гуфт: «Оре, ман Точикистонро хамчун кишваре медонам ки гуё Руми дар Вахши анна хамин кишвар мутавваллид гаштааст, вале манн мегуям, ки у »

    Яъне хамсухбати ман Точикистонро махз тавассути Руми мешиносад  ва ин Румист, ки Точикистонро муаррифи намуда. Пас месазад ки офарин хонем хамон модароне, ки чунин нобигагонро ба мо эхдо намудаанд

  Мо бояд шукр бикунем, ки дар таърихи миллати точик занони мо мисли занхои юнони кобили фуруш ва хадя ба ягон каси дигар набуданд.Яъне дар он даврахо дар Юнон падар метавонистаст, ки  духтарашро ба ягон каси дилхохаш хадя намояд.Ё худ дар Руми кадим зан монанди гулом хариду фуруш мешуд ва чинси зан дар баробари мардон хукуки моликият, муошират ва хакки хаёт надоштанд,падар ё ки шавхар кодир буд, ки зан ё духтари  худро бифурушад ё ба касе ба гарав бидихад.Аммо бубинед, чунин коре ва ё чунин амалхое ба сари зани точик наомада буд.Ин хама аз нангу ор ва номуси мо шаходат медихад.

  

 

 

 

 

 

   

Реклама

комментария 3

  1. Tashakkuri ziyod meguyam va muallifi in sutur firdavsi A’zam, vokean zanho dra davrahoi mulkkhtalifi ta’rikhi sohibi makomu imtiyozi gunogun budand.

  2. Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.
    Аз кадимулаеом занҳои точик бо ифату бо ҳайё буданд ва бояад ки насли ҳозира ҳам пайрави гузаштагони худ бошанд.
    Орзуи онро дорам, ки бо рафтору кирдори бомаънию бомаърифат ва фарҳанги тоҷиконаи худ тавонанд, ки тамоми мардуми ҷаҳонро дар ҳайрат гузоранд. Бигузор мардуми хориҷа ба ҷавондухтарони тоҷик таклид кунанду боиси ифтихори мо, тоҷикон, гардад.
    Аз Худованд таманнои онро мекунем,ки ҳамаи занону духтарони моро Худотарсу Худочу боимону бофаросат кунад.
    Ва аз роҳ бади шайтони эмин дорад. Омин!

  3. Дуруд ба Шумо бонуи арчманд!
    Аз ин хама таманниёти андешаи Шумо мутшаккирам, худо шуморо хифз кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: