Чурабек Муродов техронихоро точик кард.


Шоҳмансури Шоҳмирзо,

Шоми панчшанбе, 11 декабр ҳафтаи дустии Точикистону Эрон дар ду Фарҳангсарои Милал ва Хонавода идома дошт. Дар Фарҳангсарои Милал бо ҳузури шоирони точик –Гулназар, Ҳақназар Ғоиб ва Нурмуҳаммад Ниёзй шаби шеър таҳти унвони “Қанди порсй” барпо гардид, ки ба гуфтаи аҳли нишаст ва меҳмонон дар амри муаррифии шеъри муосири точик муҳим буд ва аҳолии Теҳрон ба бисёре аз суолҳои худ дар мавзуи вазъи адабиёти муосири точик посух пайдо намуданд ва мизи гирду гуфтугуи рубаруе, ки дар ин маҳфил доир шуд, аҳамияти фаровон дошт. Мушоира ва мусобиқаи филбадоҳагуии шоирони точик низ писанди хотири бародарони эронй гардид. Тавре ширкаткунандагони маҳфил ба мо иброз доштанд, онҳо ашъори гуяндагони точикро бидуни мушкил мутаваччеҳ мешуданд ва танҳо бархе вожагони маҳдуд буданд, ки онҳо низ бо каме диққат мафҳум мешуданд. Шеърхонии шоирони точикро бо кафкубию даст заданҳои зиёд истиқбол мекарданд. Пешниҳод шуд чунин маҳофили гарму самимй ҳар аз гоҳе дар Теҳрону Душанбе, Машҳаду Хучанд, Исфаҳону Кулоб, Табрезу Хоруғ… доир шаванд ва ҳамроҳ бо шуаро хонандагони ҳарду кишвар ширкат намоянд ва ба ашъори шоирони муосир хонандагон оҳангу мусиқй созанд, масалан чй хуб мебуд яке аз хонандагони эронй ба ашъори як шоири точик оҳанг бисозад ва шаби шеъри ин ду ҳунарманд дар ҳарду кишвар барпо шавад. Ҳамин таврр ин барнома бо аҳли сухану ҳунари Афғонистон низ баргузор гардад. Дар Фарҳангсарои Хонавода низ шуру ҳангомае то посе аз шаб ба дару деворҳои толори ин Фарҳангсаро ғулғула афканд ва теҳрониён исрор мекарданд, идома ёбад ва аз ҳузури ҳунармандони точик файз бубаранд. Ин маҳфили самимию дустона бо ширкати ҳунармандони бономи точик –устод Чурабек Мурод, Қурбоналй Раҳмонов, Шуҳрат Ҳусейнзода ва гуруҳи навозандагони чавони точик бо истиқболи самимии ҳозирин мувочеҳ шуд. Ибтидо оғои Мевачиён, мудири равобити умумии Фарҳангсарои Милал меҳмононро хушомад гуфт ва риштаи суханро ба устод Чурабек Мурод дод. Номбурда ибтидо ҳозиронро даъват намуд, ки омода шаванд ва онҳоро ба Чопону Ҳиндустону Покистону Афғонистону Ироқу Точикистон ва дубора ба Эрон хоҳад овард. Ва зимни як тамрини муқаддамотй сурудҳои ин кишварҳоро бо забони маҳаллии онҳо замзама намуд, ки як мисраъро Чурабек мехонду мисраи дигарро аҳли толор. Дар ин репертуари адабй бисёре аз суруду мусиқии маҳаллии ин мамолик дар ҳамхонии ҳофизи мардумии Иттиҳоди шуравии собиқ ва ҳозирон, ашъоре суфиёна, дубайтиҳои мардумии водии Зарафшон ва ғайра бо лаҳча ва гуишу оҳанги маҳаллии мардумони мухталиф садо доданд, ки тамоми толор ба по хеста буд ва ҳамзамон суруд мехонданд ва пас аз поёни расмии барнома бо исрор Ҳочй Чурабекро дубора ба саҳна хонданд ва дархости замзамаи сурудҳои навро намуданд. Хонандаи машҳур даъвати онҳоро пазируфт ва руи саҳна омад ва гоҳ бо овозрабо ва гоҳ бидуни истифода аз он ва гоҳ бо мусиқй ва гоҳе ҳам бидуни мусиқй абёти пандомезу шуху масруркунандаро қироат намуд ва орзу кард ҳамаи ҳозиронро дар Точикистон –хонаи ҳар эрониву форсизабон бубинад. Хабарнигори шумо бо муаллифи 1000 суруд, 400 оҳанг, ки бо 24 забон садо додаанд, мусоҳибаи ихтисосй анчом дода, ки дар оянда тақдиматон хоҳад шуд.

Дар ин маҳфил, ки Рамазон Мирзоев, Сафири фавқулодда ва Мухтори Точикистон дар Теҳрон, доктор Мирзо Муллоаҳмад, раиси Анчумани дустии Точикистону Эрон, Алиашрафи Мучтаҳиди Шабистарй, Сафири собиқи Чумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва раиси Анчумани дустии Эрону Точикистон, Абдуғаффор Абдучаббор мудири бахши робитаҳои фарҳангии Вазорати фарҳанги Точикистон ва дигар мақомоти фарҳангй ҳузур доштанд, таъкид шуд, ки чунин барномаҳо дар қолабҳои мухталиф ва пайваста дар шаҳру устонҳои гуногуни ҳарду кишвар ба муддати зиёд барпо шаванд ва доираи васеи мардумро чалб намоянд. Ва қарор шуд дар рузҳои наздик бо ҳузури ашхоси мазкур нишасте дар амри барномарезии ҳафтаи дустии Эрон дар Точикистон, ки қарор аст дар баҳори оянда дар Точикистон баргузор гардад, доир шавад ва чиҳати пуёиву сермаҳсулй ва босамар будани он пешниҳодоти муфиду корсоз андешида шавад. Аз чумла,оғои Шабистарй пешниҳод намуд аввалан исми ин ҳафтаро бояд тағйир дод, зеро,- афзуд мавсуф, — чй гуна мешавад ду бародарро дуст унвон кунй, ҳамин маҳфил собит намуд, ки мо як чизем ва тафовутҳои хеле кучаку чузъй миёни мо вучуд дорад, ҳафтаи дустй масалан миёни Точикистону Олмон бошад, ё миёни Эрону Итолиё, вале миёни ду кишвари бародар беҳтар аст ҳафтаи фарҳангй ё ҳунарй унвон намоем ва ба пойтахтҳои ду кишвар маҳдуд нашавем, балки бигзор машҳадиёну исфаҳониёну шерозиёну хучандиёну кулобиҳову бадахшониҳо низ шоҳиди ин ҳафтаҳо бошанд ва ба назарам дар эҳёи ҳофизаи ду миллат ҳеч чиз мисли ин фаъолиятҳо таъсиргузор нахоҳад буд.

Оғои Рамазон Мирзоев, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Точикистон дар Эрон низ аз фарти шодию сурур ба ҳунармандон ибрози сипос менамуд ва қавл дод дар густаришу тавсеаи чунин маҳофил ба чон хоҳад кушид ва ин тачрибаи аввалро, ки хеле боаҳамият ва чаззоб буд, тақвият, таҳким ва иртифо хохад дод.

Бештари ҳаводорони эронй, ки низ бо чашми худ ин лаҳзаҳои фаромушнопазирро шоҳид буда, онҳоро наворбардорй ё cабт менамуданд, тасмим гирифтанд ҳатман меҳмони ин азизони дустдоштанй хоҳанд шуд ва афсус мехурданд, ки то кунун аз якдигар дур буданд ва сипоси қисмат мегуфтанд, ки онҳоро пас аз чандин чудоиҳо ба ҳам овард ва мисраи Устод Лоиқро, ки Чурабек Мурод гаштаву баргашта хонд ва онҳо ҳифзаш намуданд, такрор мекарданд: Чудо аз асли худ мирад, касе моро чудо кардаст.

 

Реклама

комментариев 7

  1. Жаль не мое…..

  2. За такие посты надо награды давать, на полном серьезе!

  3. Отличный пост – слов нет. Спасибо.

  4. Dear Shukhshin!
    Thank you for your comment.I appreciate that.be well
    Firdavs

  5. Thanks for your cooperation!

  6. Слушай, как долго этот пост писал? Очень любопытно….

  7. Слушай, сколько по времени такой пост сочинял? Жутко интересно….

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: