Алвидоъ , падар


Саргарми омузишу тадкикот

Саргарми омузишу тадкикот



Алвидоъ , падар

Итоати падар итоат ба Худо бошад ва сарпечи аз
падар сарпечи аз худо бошад.
Аз «Нахч-ул-балога»


Рачабмахмади мерган пас аз фавти хамсараш-Нодирамох то дер ба худ наомад. У дуюмин шарики умр ба хок супурд. Турфа ба одамхо дар гайбаш суханхои маломатомез мегуфтанд: марди сархур,занмурда. Ин хамаро у дарк менамуд. Вале маргу зист кори парвардигор аст. Рачабмахмад харду хамсарро дуст медошт,эхтироми заношуи ончуноне мебояд, ба чо меовард. Касе аз хамдехон ёддошт намедихад, ки Рачабмахмад боре ба занаш тахкир,зулму ситам раво дида бошад. Баракс аз хонадории у хасад доштанд.
Аммо марди захмину «тирхурда» ба хотири он, ки фарзандо гушнаву урён намонанд, ба по хест.Хо, хамин орият уро ба каъри маърака кашид.
Харду хамсоя бо дами гарме хонадони мотамзадаро сурог мекарданд. Дар кухистон конунхои сахт руи кор буд.Фардеро ачал гиребон гирад, ба хурмати сохибони маит тамоми ахли дех азодори мекарданд,худро шарики он мусибатзада мехисобиданд.
То як сол, ки сохиби мурда гулшукуфт наораду пирохани мотам аз тан дур насозад, касе наметавоист табли шоди бизанад.Хатто баланд намехандиданд,то бехурматие нисбати мотамдор набошад.
Ёд дори, Рачабмахмад? Хо, ёд дорам.Пас аз чанд мохи азодори ба назди фалони рафтаму гуфтамаш:
-Ако, медонам, ки пештар аз амри бандаги ба чо овардани хамсари ман шумо нияти туй доштед.Аз Уротеппа биринч оварда будед, ки наберахоятонро хатна мекунед,дасташонро халол мекунед?
-Хо , дар кадами додар мурам,рост гуфтед.Аммо худо нахост.
-Илохи барака ёвед.Хурмати маро ба чо овардед.Шодиву гам хама аз чониби худост.Бояд шукргузори хар амри худо бошем.Хар гам гами мо ва шоди хам аз чониби худованд барои мост.Акнун хезеду кори хайрро ифтитох намоед.
-Не, додар, халки худо механдандам,зани шумо кудак набуд-ку!?
-Ако, хей кас санги маломат намезанад.Шаш мох гузашт аз марги он худорахмати.Худам пешмедароям.
Бале,Рачабмахмад муйсафедро бо азобе ба туй рози кунонди.Агар оксакколон-пешкорон-пешвоён дахолат намекарданд,муйсафед юй гуфта: не,дега болои оташдон намемунам,якрави дошт.
Хо, банда кафгир ба даст гирифта, ба хонаи он мард рафтам.Ахли дехро худам ба хонааш хондам.Колабшикани кардам-гу? Оре, аммо марди сохибтуй маросимро хеле одиву хоксорона бе «хайу хуй» гузаронд.На касе суруд хонда на шаб гулхан афрухт,бузкаши ташкил накард.баъд бархе баддаханхо таъна задандаш:хунараша бинед,на буз монду на марра.
Аммо пирамарди рузгордидаву дурандш ва бохирад ин харфхои кучагиро , ки аз дахони лаккиён берун меомад, беарзиш хонд.Саг меаккад, корвон мегузарад-хукми он пир буд.
Наврузмухаммад бо раъйи падар дар маъракахо ширкат меварзид.Сад шукр менамуду ифтихор дошт, ки киблагохаш гули маърака.Охир дар маъракаи ахли диёр агар у набошад, амале сурат намегирифт.Рачаммухаммад оши туйи се кишлок Эсизио поён, Эсизи боло ва Муждифро ухда менамояд.
-Палава пазаду Рачаби Навруз пазад. Воллои мурда хурад зинда мешавад, ситоиш менамуданд хамзамонон.
Дар илми шикор хамто надошт.
Ахён меиданд, ки у дар шикор дасти холи баргардад.
Охирхои тирамоху аввалхои зимистон.Замин зери кабати тунуки куртаи барф хобида.Шаб буд.Рачабмахмад ба писар ру овард.
-Додо, бо ман ба кух меравед?
-Аз барои чи?
-Барои хезум.
Аслан , «хезум»-яъне инбахона буд.Агар касе сурог кунад:Додом тагом барои хезум рафтанд, бояд бигуянд бачахо.Чаро ки шикор манъ буд.
-Майлаш
Харду омодаги диданд.Кузболро пур аз гулингу чормагзу магзу намаку нон карданд.
Посе аз шаб гузашта, падару писар баргаштанд.Дар замини осмон ситорахо сарсабзу нурафшон.Мох муниртар.
Шамоли аз самти дарё вазида хеле сард.Атроф ба назар сокит.Оромиро ахён аккоси сагон, ки аз дурихо шунида мешуд ва таронаи якмароми Зарафшон халалдор месохту бас. Барфи яхбаста зери пои равандагон гарч-гарч мешикасту паст мехамид. Он ду аз пиёдапули Хотамун гузашта, кад-кади пайрохаи борики багали чапи рох мепаймуданд.Дех дар акиб монд,аммо кишлоки Ревит наздик меомад.
Шикорчиёнро пайраха ба кади тагоб-байни ду кух бурд.Онхо субхйидам дар кутанчо карор гирифтанд.Оташ гиронданд даруни хона,чою нон хурданд.
Омин гуфтанду аз худо кушоиш хостанд ва аз чой бархостанд.Муйсафед аз оташдон як мушт хокистар бардошту ба гушаи руймоли миёнаш баст.
Аз ин амал Наврузмухаммад ба хайрат афтод, вале аз падар напурсид, ки:-додо, хокистар чи хикмате дорад?
Харду аз ваззапия ба багали кух часпиданд. Дар рушании руз руи шахи сиёх даме таваггуф намуданд.Бод буи бурс ба димогашон мезад.Муйсафед ба атроф , аниктараш ба тарафи кибла чашм давонд.У борхо аз он махаллаи сералаф, ки охувон ба руи барфистон хуроки пайдо менамуданд, сайд ба даст оварда буд.Шикорчи дар тахмини худ хатто накард. Сели охувон ончо «маъраке» ороста, ба завк «алафдарави» доштанд.
_ Додо, хезед! Зуд ба поён меравем ва илова намуд,-агар боз каме инчо монем,шамол буи мову борутро ба машоми оху мебарад,худо нишон надихад.Он гох рама рам мехурда, мегурезад.
Харду шабехи бодпое ба багали кухи мукобил часпиданд.»Мухосирашудагон»-ро ба гафлат мононда ба чое расиданд, ки бод буи оху ба он ду мезад.
Хуршед савори самамди хеш боло мерафт.
-Шумо аз хамин чо начунбида шинед.То хой нагум ё ишора накунам,амале накунед.
-Хуб додо.
-Шикорчи ба фосилаи тиррас ба галлаи охувон, ки алафзори чо-чо гумбарраруста карор дошт,наздик омад.Яке хануз алаф мехурду дигаре майли хоб дошт.
-Шаш такка,нух чаппуш-модабуз,-шумурд мард.Он яке охуи солдидаи бузурчисму шохро ба нишон гирифт,ки харисона аз барги алафи пухтаву хушкида, ки аз сербори сархам буд, хурдан дошт.
Борхо ин хол мушохида кардааст, мард.Сайд марги худ-лахзаи вопасини зиндагияшро эхсос менамудааст.Ин бор хам он оху лхзае аз хурдан боз истод.Сар боло бардошту ба сайёд нигарист.Бале,кушандаашро дид.Аммо дигар хукуки зистан надошт.Наметавонист фирор кунад,худро зери багали бурс ё санги азими дар пахлуяш вокеъ панох созад.Пойхояш ин тавон надоштанд.бечора оху хатто имкон пайдо накард то ба хар акрабояш,хамнишинонаш бигуяд:
-Падруд, хамнафас, ман мемирам,маро зиндаги охир омад,алвидоъ чаманаистон.Эй бурси нозанин, човидон бош.Пиряхи азим маъзур дор маро. Аё Санги Кабир, ки опгушам гирифтиву аз гармову аз сармо начотам дода буди.
-Инак,- афзуд дар дил мардона оху-эй сайёд,эй махлуки худо, чаро истодаи, бахри чи таъхир мекуни,оташро ба синаам фишон.!
Шукрона мегуям.Маро кисмат ин будааст.Лек инсоф ба чо ор.Модарохувони дар холи зоишро монанди бархе номардхову аз инсоф дурхо сар назан.Фаромуш масоз , ки модарро аз тифли ширхора чудо сохтан ба хотири нафси шум чи кадар гарон будааст.Бар сари нафси хеш мард бош.
Мерган ин хамаро аз он як нигохи вопасини оху дарк бинамуд.Оташ кушод.тир синаи оху бишикофт.Сайд як такон хурду ба замин уфтод.Аз он садои маргбор галла аз хонаи хеш ичборан фирори гашт. Ин хама Наврузмухаммад мушохида дошт. Падар суи охуи тирхурда шитобид, ки бо тег сар аз танаш чудо созад, то бештар чон наканад.
Писар гамгин гашт.У дид, ки опхувон рамида манзили худро тар сохаанду нопадид аз чашм гаштаанд. Мерган ба он чое, ки писараш шинак дошт, нигаристу:
-Додо, акнун хезеду бед, мову шумо шер, кадамтун мубораку бобарору ризкатон фаровон будааст.
Наврузмухаммад аз боло суи падар давид.Аммо падар писарро нохушу ношод дид:
_ Ха, бачам, касал нестед-ку?
-Не, нагзам.
Аммо ба хотири он, ки падар наранчад, ёрои гуфгтани руйрост накард:
-Додо, оё дил доред?Охуро куштед.Ин хусни кухсор-ро сар задед.Дигар сокинони ин сарзаминро , он чарандагони нозанинро, ки дар васфашон адибон хазорон мисраъхо эъчод кардаанд, аз Ватан беватан сохтед.Шояд дуи хамин хайвонхо буд, ки ман аз модар чудо гаштам?
Онлахза падар дар чашмамш чаллоди берахм ба чилва омад.
Марди солори рузгордидаву румузфахм аз маъюсии фарзанд маъни бардошт.
-Додо,пешмаргатон шавам,фахмидам, дилатон барои оху сухт.Фаромуш накунед, ки ин неъматро худованд барои инсон офаридааст.Агар амри худо намебуд, тир ба чисми ин охубарра намерасид.Дина худатон як сухани хуб гуфтед:

Бе амри он султони бахт
Барге нафтад аз дарахт

Пас бояд шукр кунем, ки бо ин сайд, бо ин гушти халоли дорувор,лукмаи поке хамдиёронро муроот мекунем.-афзуд писарро ба огуш кашида.-Аз вачхи он раммаи дар холи гурез малул набошед.Он гала имруз то пагох боз ба хаминмахал бар мегардад.Ин хонаи онон аст.Ман инхолро борхо мушохида кардаам. Агар ба харфи ман бовар накунед, рузи дигар оед,бо чашми худ чаридани охувонро хохед дид.
Бо инхама харфи падар дар чехраи Наврузмухаммад яъсу навмеди чои хеш ба падидае аз хушхоли табдил сохт.Акнун у хам худро дар шикори бобарор , ба дом афкандани сайде бузург сахмгир мехонд.
Аммо дар дил хукм намуд,харгиз чонзодаро аз зиндаги, аз зистан махрум нахохад кард:
Маёзор муре, ки донакш аст,
Ки чон дорау чони шинин хуш аст.

Соли сиюшаш дар масири таърих гом ниход.Наврузмухаммадро, ки мактаби дехро хатм намуда буд, андешаи такмили дониш ба сар омад.Бо ризоияти падар ба маркази нохия-Мадрушкат, ки он чо мактаб-интернат амал мекард,омад.
Аз накли хамсаф, бародархонди шодравон Наврузмухаммад Рачабзода собикадори мехнат Аваз Сафаров.
-Августи соли 1936 ба касди тахсил ману хамсолу хамсинфам-Туйхон Давруков (равонаш шод бодозими Мадрушкат будем.Дар назди таълмгох бо чавони навхати кокинае, ки куртаи алочаи то пошнаи по дошт ва хайрону музтар меистод,дучор омаде.Гуфтамаш:
-Кучои хасти ва падарат кист?
-Аз Эсизи Поёнам, писари Рачабмахмади мерган.
-Хамсоя будем.Мо аз Худгифи Офтоб-афзудем ва худро ба и шиноссондему максади дар инчо буданамонро баён кардем.
Бо Навруз шинос шудем ва аз он лахза дар калби хам нихоле аз боги дусти, бародари шинонда сабз намудем, ки танхо марг тавонист моро чудо созад.
Аммо дидем, ки мактаб аброи мо бегона будааст.ба он танхо ятимон- аз падару модар махрумшудагон шомил месдхудаанд.Чора надоштем.дуруге маслихатомез эчод намудем.ба сарвари мактаб-интернат гуфтем, ки:
— Оре, мо бекасем, хануз тифл будем, ки волидонамон ин чахонро падруд гуфта буданд ва мо ятим мондем.Ва ба хотири он, ки сарварро рахму шавкат ояд, аз дидагон ашк рехтем.Гиря корагор уфтод.Раиси таълимгох гуфт: аввал имтихон бояд супоред.-Омодаем,- гуфтем баробар.

Аз руи матни кутохе диктант навиштем.Муаллим як марду уротеппаги навиштахоямонро аз назар гузарониду:
-Хар се кабул шудед.Аммо хатти Рачабов хонову зеботар, офарин!
Бо хидояти мудири таълим ба назди мудири анбор- Махсуми Чалолиддин омадем, то аз у либоси мактаби гирем.
Вале он мард ба сурати мо нигариста гашаш омад.Киёфааш тунду газабнок сурат гирифт.
— Бо ин киррахои дасту гардану по чи гуна либосхои тозаву озода мепушед?
Ба дастамон собун доду фармуд:
-Равед лаби чу худро шустушу карда бед.
Мо дар «хамоми гарми» чуи пуроб, кик баданро мегазид, шустушу намудем.
Пасон шиму куртаву костюм, ботинка ба тан кардем.Хамдигарро кариб нашиносем.Охир мо ин гуна либосхои зеборо дар умрамон бори аввал медидем.
Тахсил шуруъ гашт. Аз рузхои аввал Наврузмухаммад бо саъю кушиши зиёд ба дарс меомад.Хар харфу сухани устодонро дар марзи дил чун накше дар санг хак мекард.У бо хидояти муаллимон ба мутолиа бисёр машгул мегашт.
Нимсолаи нахустин тахсилро ба бахои хубу аъло ба поён бурд.
Ба понздах кадам гузошт.Соли сиюхафти нахс ба хукми вакт вуруд бинмуд.
Он айём ба муаллимоне, ки неруи дар калбхо афрухтани машъали «дониш» дооранд,чомеа ниёзманди эхсос менамуд.Наврузмухамади хушманду закитабъ бо дастури шуъбаи маорифи нохия ба омузишгохи педагогии шахри уротеппа равон гардид.
Рачабмахмад то ба Донишгох фарзандро хамрохи намуд.Хини бозгашт ба Мастчох назди истгохи «Гули сурх» ба писар ру овард:
— Додо, нури дидаи падар, нагз хонед, ба халки худо шоиста хизмат бигузоред.Он чунон зихед, ки хамвора лукма аз нони халолу беолоиш ба дахон дошта бошед.Бар нафси хеш амир бошед.Чун бо ин сифатхои накуву ороставу пероста гаред, махбуби хамагон карор мегиред.Соли оянда , тутпаз,худо хохад омада, шумоо ба хона мебарам.Ва писарро ба огуш кашиду аз ду рухсорааш буса заду худохофизи намуд.
Пирамард борхаллта ба пушт «кохилона» чониби Масчо кадам ниход,кадам заду пеш рафт. Наврузмухаммад аз паси киблагох нарафт.У мисли хайклае бечон гуё дар холи бехаракат карор дошту чашм аз падар намеканд.
Ногох муйсафед боз истода ба тарафи мукобил ру гардонд.Падару писар ба хам чашм духтанд.

Дидор дар киёмат!

Дидор дар киёмат!


-Додо, панотун ба худо, рохато сафед!-дасташро боло бардошта садо дод Наврузмухаммад.
-Хайр, писарам,ту дар ин чахон маро харгиз нахохи дид.Падруд., дидор ба киёмат, гуфт муйсафед.
-Чаро ин харф ба з абон овард, худ надонист.Хичолат кашид аз гуфтаи хеш.Вал;е донист, ки дури нагузошт,то сухан ба гуши писараш расад.
Лахзае сокит чу кух ба фарзанд дида духт, баъд якбора ба зодгох рох пеш гирифту дигар ба Уротеппа барнагашт.
Ва аммо Наврузмухаммадро харгиз андешае ба сар наомад, ки мабодо ин дидор бо падар барояш вопасин ва он суханхои пеш аз худохофизи васият будааст.
Бо гайрат ба тахсили илм пардохт.Аз олами илм бархурдор гашт.Он хама фармудаи устодон дар дафтари зехн нек бинвишту забт сохт.Бахор омад.Пас он субхи тобистон чилвагар шуд.Мухассил аз санчиши устодони сахтгир бахои аъло дарёфт.зангула садо ва поёнёбии тахсил дод.
Наврузмухамад хар руз чандин бор ба бозору чойхона меомад, то бозгашти киблагохро шодбош гуяду бо у ба зодгох равад.Хо, у Эсизро хешу таборо, сангу хорашро пазмон шуда буд.Чаро пазмон мешавад?Бори нахуст чавон аз маконе, ки хуни нофаш рехта , кариб як сол дур афтод.Тули тахсил чавонро м,ушкилоти зиёде гиребонгир буд: гахе гурусна хам монд, пуле дар чайб пайдо накард, то ивази перохан кунад,ба хаммом равад.Аммо сад шукр, ки дигарон-одамони хайрхох, хамсабако дасти мададу эхсон суяш дароз карданд.
Хушбахтона ин хама пушти сар шуда, лахзаву рузхои шодиву сурурбор низ кам набуд.Мухим:чавон аз бахри донишу фазл бахра гирифт.Худро дар холи чисмию равони пешрафтаву камолёфта мепиндошт.
Ту гуи чашмонаш дар интизори падар «дариданд»Хар бор ба чое, ки падарро гусел карда буд, омада харфи киблагох ёдаш меомад:-Додо, тутпаз худо хохад омада шуморо ба хона мебарам.-Омада шуморо ба хона мебарам:такрор менамуд гуфтаи падарро.
Ба таъбири пирони кухистони афсонагу буд.Чавонро андшаву гумонхои неку ботил ба сар омад: шояд касе туй дораду падарам ош мепазанд, не, дар ин вакти серкори хеч кас туй надорад,ё додом касал шуданд ва амсоли ин.
Пас аз чанд рузи интизорихо бобои Аминхон ном марди хамкишлокияшро дучор омад.Уро падарвор ба огуш кашид.Холу ахвол пурсид.-Ба хурм,ати худо таго, аз дидани шумо дар чашмхоям нур дамид-гуфт бо оханги шоди , вале гирябор.
-Шукри худо ахли диёр хама соку саломат.
-Падарам , ваъдаи омадан карда буданд,-суханро поён набурда гирист чавон.
Оре, бахори соли 1937 буд.Рачабмахмади пахлавонсурат, хамон мергани бехамто, хамон марди дехкон,хамон шахси пешкор,хамон марди хамвора либоси футуватбатанро рузе ачал доман гирифт. Ва хамдехон ба як чахон фигони нола дар мазористони ачдоди барояш манзили охират эчод бинмуданд.
Бобои Аминхон наметавонист бо харфи нохуш бачаи чавони бе ин хам маъюсу «огахшуда» аз марги падарро гамгин созад.факат афзуд:
-Додотун, хохарзода дар тагоб хирманкуби доштанд.
Агар майли бозгашт дошта бошед, биёед бо хам ба кишлок биравем.
Ба хона омад чавон киблагохро дар халкаи хамдиёрон пайдо накард. Хамон буд посухе , ки аз Аминхон дар Уротеппа шунид.
Аммо субхи дигар бародару хохар ба огушахш бигрифтаву аз фавти падар огохаш сохтанд.
Тан ба такдири илохи дод.Тахорат сохту ру чониби мазори волидайн ниход.
— Ассалому алейкум ахли кубур-гуфт.Дар сари кабри падару модар дузону биншаст.Хомуш,вале хун бигрист.Ба руймолча губори болои санги гур пок карду ба мижгон молид.Ояте ба рухи хуфтагон хадя сохту гуфт:
-Волидайни муътабар,Ончунон хохам зист, ки хохон будед. Падруд, азизон,то рузи чазо. Худованд манзилгохтон нурафшон ва рухатон шод бидорад.


Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: