Ҳасани Қариби


Ҳасани Қариби аз шоирони чавону тозагуй ва номовари Эрон аст,ки ҳарфаш нав, бадеъ ва самимона аст. Мо аз китоби у- “Ба нокучои ин чодаҳо” чанд ғазали уро тақдими хонандагони азиз мегардонем, умед аст хотирашон шод гардад ва табъашон болида.

Нилуфаре бар об
Вақте сафар оғози як такрори беҳудаст
Дунё бидуни чодаҳо дунёи осудаст.
Мо хаймаро такфир мекардему мехондем:
-Нафрин ба ҳар пое,ки роҳеро напаймудаст.
Рафтему сарҳо ногаҳон хурданд бар девор
Тақдир боре инчуни будаст то будаст.
Мо роҳиёни дузахи фардои човидем
Инро Худо гуфтасту Шайтон низ фармудаст
.Ночор чун нилуфаре бар об мемонем
Бо руҳи саргардону бо чисме,ки фарсудаст.
*********8 ****** 8****** 8*****
Шаб
Ди шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Мавлави

Шаб буд агар шаб буд,дилтангтарин шаб буд

Шаб буд агар шаб буд,дилтангтарин шаб буд,
Фардои фуру рафтан,фардои ҳамин шаб буд.
Торик агар пилке,беҳуда ба ҳам мехурд,
Гуфтанд бубин –дидем-маънои бубин,шаб буд!
Гуфтанд намебинед,нур аст,ки меборад,
Дидем ҳаво шаб буд,дидем замин шаб буд.
Рафтанд…намедонем,монданд…намедонем
Он суй агар шак аст,ин суй яқин шаб буд.
Ди шайх чароғеро дар шаҳр ба руз афрухт,
Мо қиссаи он рузем,рузе,ки чунин шаб буд.
*** *** *** *** *** *** *** ***
Аҳриман
Расид аз курароҳи осмон бебок –Аҳриман,
Ба дунё хайма зад чун васлаи нопок Аҳриман.
Халоъ дар зеҳнҳо печид,пиндори кашонидаст,
Ғубори шаб ба руи Машриқи идроки Аҳриман.
Савори асб лам додаст бо лабханди заҳрогин
Аҳуроро чу сайде баста бар фитрок Аҳриман.
Шабона найзаро дуздид аз пиндори оҳангар
Ва садҳо буса зад бар шонаи Заҳҳок Аҳриман.
Тамоми роҳҳ о боз аст,аммо хуб медонам
Ки руи чоҳро пушонда бо хошок Аҳриман.
Худоро инчунин дар заҳмати дузах намеандохт
Агар мекард он шаб сачдае бар хок Аҳриман.

Реклама

комментария 2

  1. Аслан барои чи иронихо ин кадар хассос хастанд,аммо ман фикр мекунам мардуми точик ба аон андозае ки иронихо хастанд, нестанд.манзурам ине ке иронихо чи дра чодаи шеьр ва чи дра чоддаи фарханг аз дигар аквоми шарки пешрафтатаранд. Магар хамин тавр нест?
    Аслан, мо хама ку мардуми якчавору якдил хастем.Саломат бошед.

  2. Дусти кироми Шодмехри азиз!
    Аз ин ки дар навиштаи ин сомона сахм гузоштед, изхори србаланди мекунам.Аммо дар мавриди суоли Шумо, ки фармудед чаро иронихо ин кадар хассос хастанд,хуб бояд арз намоям, ки хеч кас дар алохидаги чизе нест ва моро мо мекардаги чиз ин худи моем.Вокеан мардуми Ирон бузурганд ва точикон хам аз чунин бузурги бархурдоранд ва кам нестанд теьдоди он нафарони сохибдилу рушанфикри мо.Дар хар сурат аз сахматон дар ин сомона муташаккирам.
    Муваффак бошед!
    Фирдавс

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: