Aъзам ХУЧАСТА


Azam Khujasta-a famous modern tajik peot.

Azam Khujasta-a famous great modern tajik poet.

52whdnm1

Шеър шоир мешавад

Шеър шоир мешавад
Вақте ту бо сеҳри сухан
Байтҳои ноб иншо мекунй.
Шеър шоир мешавад
Вақте ту бо начвои гул
Розҳои сина ифшо мекунй.
Шеър шоир мешавад
Вақте ки ту
Медиҳй бар вожаҳо умри абад
Ҳарфҳоро солики дунёи мантиқ мекунй
Менавозй пайкари эҳсосҳо
Ишқро бар ошиқон шайдову ошиқ мекунй.

Шеър шоир мешавад
Вақте ки ту
Шона бар зулфи парешон мезанй
Сурма бар абруву чашмон мезанй
Шеър мегардй саропо дар назар
Оташ андар олами чон мезанй.

Шеър шоир мешавад

Гули Марям
Ай хонуми даймоҳй, моро ту баҳор астй,
Ай лутфи шаҳаншоҳй, шахдиву хумор астй.
Ту туркиву ман точик, ту хушгилу ман ошиқ,
Туркона кушй моро, баҳ-баҳ чи нигор астй.
Мо дар раҳи ту фардем, н-аз руи ҳавасбозй,
Донам,ки немедонй, донй, ки на ёр астй.
Мо сайди туем бингар, завлона ба по дорем,
Дар доми туем, аз чи дар қасди шикор астй.
Гоҳе гузарй аз мо нодидаву бепарво,
Пайваста шитобони, ту тундсавор астй.
Ҳар дидани ту моро бар хеш намоёнад
Оййина мо ҳасти, бе гарду ғубор астй.
Теҳрону Душанберо пайванд диҳем бо ҳам
Ту ҳалқаи васли мо,на ҳалқаи дор астй.

Кош

Барфи нахустин омаду рафт
Аммо
Кай расад барфи охир
Ту медонй?

Ҳануз пушти тирезаи баста
Ки ях бар захомати шишаҳо афзудааст
Китоби сарди рузҳоро мехонй.
Пушти тиреза
Дарахтон ҳамчунон бо дастони урён
Ба роҳи чучаҳо дар сояи сукут хуфтаанд
Ва интизор дар соқаҳояшон чавона задааст.
Ин зимистон таманнои гармй
Дар шохаҳои дарахтон ях зад
Ва насими руйидан туфон шуд

Ин зимистон табассум дар лабони духтарон сармо хурд
Ва эҳсос дар коби чашмҳо тагарг шуд
Ва шушаҳои яхй дар чангалҳо барг шуд

Кош ин барфи охирин бошад
То сабри гандида
Дар пайванди нур ва гармй об шавад
Ва дар шохаҳои хушкида
Гушвора хандаи офтоб шавад.

Чй шуд?

Эй бандии банди гамон, овои озодй чй шуд?
Вайронамаскан гаштайи, руъёи ободй чй шуд?
Аз хештан бибридайи, савти дигар бигзидайи,
Мотамнаво мебинамат, он шуру он шодй чй шуд?
Фарри каён пар-пар шуда, фарҳангҳо абтар шуда,
Он шуълаҳо ахгар шуда, ойини ачдодй чй шуд?
Ту аз «ман»-и худ дуртар, бо хештан ночуртар,
Садпораву ранчуртар, ангезаи родй чй шуд?
Чамшедро чоме дигар, Ковусро номе дигар,
Ин субҳро шоме дигар, он асли бунлодй чй шуд?

Илхом аз Шанбам, шоираи иронй


Ба баҳори нав расидем

Гули ман, баҳор мекун, ба баҳори нав расидем
Зи ғамон фирор мекун, ба баҳори нав расидем
Гули сабзаро биёвар, зи чаман ба мулки сина
Ҳаваси хумор мекун, ба баҳори нав расидем
Сари зулф бод медеҳ, гули лаб ба ханда во кун
Дили мо шикор мекун, ба баҳори нав расидем
Ба сипоси ин саъодат, ба тавофи куйи У рав
Назаре нисор мекун, ба баҳори нав расидем

Ман хастаам

Ман хастаам, ман хастаам дар гиру дори солҳо
Афтодаам, гум гаштаам андар хами гудолҳо
Ин ранги зардам кас надид, ҳарфи дилам кас нашнавид
Манро зи ман бигсастаанд, ин курҳо ин лолҳо
Аспи сапедам мерабуд гоҳу гаҳе бар Каҳкашон
Ҳайфо, варо бибридаанд, ҳам ёлҳо, ҳам болҳо
Ришу ҳичоби зоҳирй ойинаи тақво шуда,
Чуз ҳарзаҳое беш нест, ин қилҳо, ин қолҳо
Фарри Каён пар-пар шуда дар хитаи номоварон
Мадҳе намегуяд касе аз Рустаму аз Золҳо
Лайлй зи Мачнун хаста шуд, Вомиқ зи Узро дур гашт
Ҳусну малоҳат рафтааст, аз ин хату ин холҳо…

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: