Мусохиба


Макоми зан, оила, накши тахсил ва хусни зиндаги.Ё шаммае аз холати ин масоили руз дар чамоати Мастчохи нохияи Мастчох.

  • Оиди ин масоил мо тасмим гирифтем бо каламкаши шахири точик устод Шохмирзои Хучамухаммад хамсухбат шавем. Мавсуф 18 феврали соли 1949 милоди дар рустои Худгифи Соя, нохияи Мастчох дар оилаи
    дехкон чашм ба ин олами хасти во намуда.
    Узви конфедератсияи байналхалкии журналистон
    Шохмирзои Хучамухаммад кайхост, ки аз соликони чодаи Сухан мехсуб меёбад. Мавсуф дар рузномаи нохияи Мастчох- “Машъал”, “Агитатори Точикистон”, кумитаи радио ва телевизиони чумхурии Точикистон фаолият дошта,хамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (хамрох бо писараш Шохмансур) ва “Касидаи чавонмарди” (дар хамкори бо Мирзохамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” асари сеюмини уст, ки аз рузгору корномаи Кахрамони Мехнати Сотсиалисти зиндаёд Навруз Рачабов хикоят мекунад. Муаллиф бо сухани буррову суханни нишонрас симои кахрамонро тавре нигориш дода, ки ягон нофахмие дар нисбати у боки намемонад.

Устоди кироми, сараввал Шуморо ба муносибати иди бахор-иди эхёву сарсабзихо шодбош мегуям. Сониян мехостам аз лисони шаккарбори шумо нуктае чанд оиди Зан-Модар-ин маншаи вучуд. бишнавам.6lsmfkz

_ Макому мартабаи модар дар каломи осмони-Куръони Мачид ва аходиси набави ситоиш шудааст.Расули Акрам (сс) фармуд: «Бихишт зери кудуми модарон аст». Ва чун ба адабиёти чахон ру оваред, садхо модарномахо перомуни бузургии зан-модар-ин маншаи вучуд суруда шудаанд.
Муаллими ахлок Саъдии Шерози дурри маъни суфт:

Канору бари модари дилпазир,
Бихишт асту пистон дар у чуи шир.
Дарахтест болои чонпарвараш
Валад меваи нозанин дар бараш
На рагхои пистон даруни дил аст
Пас ар бингари шир хуни дил аст
.
Модарномаро боз то ба даххо сафха метавон ба дарозо кашид. Зеро агар Фарходсифат кухкани бинмуда аз руди Зарафшон бо кулахо то ба куллаи кухи осмонбуси кишвар-Исмоили Сомони об барориву фаввора бисози ба якшаба ранче ки модар сари гахвораи тифл менамояд, баробар намешавад. Фалсафаи модар ин аст, ки хизмати фарзанд дар нисбати у адонашаванда будааст. Бубинед , Парвардигор ба шарофати нури Мухаммади хаждаххазор олам офарид.

Ва он Хазратро низ Модар сабаби вучуд шуд. Аз ин ру метавон хулоса баровард, ки Модар аз махлукоти муътабари яздонист, ки дуояш назди офаридагор макбулу пазирост. Аз нигохи банда мухобот нахохад шуд, агар бигуям, ки хеч сухансарое чун Лоик дар офариниши сифату бузургихои модар бо мухаббат ва ин кадар самимонаву дилчаспу макбулу асарбор достон нагуфтааст.
Устод аз сузиши мехр мегуяд:

Сад чону дил фидои як мудаъои модар
Фатху кушоиш орад дасти дуои модар.

Ин дам саволе ба миён меояд: оё мо хама фарзандони модар уро -модарро он худованди заминиямонро чунон мебояд эхтиром менамоем?

Дар ин маврид посух на хамеша мусбист. Аммо шукрона мегуям, ки фарзандонеро, ки хурмати волидайнро-падару модарро аз сидк ба чо оварданду меоранд, хар чо бираванд, оби равон пешашон меояд , хока гиранд зар мегардад.
Сад дарег, сад афсус, ки бархе фарзандони модар- ин сиришти пок рисолати худро фаромуш намуда, амали шайтони зохир менамоянд. Шохидам нохалафписаре модарро чунин гуфт: «Ту кай мемурда боши, худо хам аз ту безор аст, некон мемиранд, ту боши барои гандагихо чу хук хохи мурд»
Гуиё «чурми» модар ин буд: пири доманаш гирифта, солиёни зиёд дардманду бистари. Ва бо он чисми ранчуру нотавон хамвора зикри худо бар лаб дошт, бо ишораи дасту по намоз мегузорид. Хуш, модар чи ёфту он фарзанди лаъинтабъу бадкеш чи кашид?! Як субхи рузи чумъаи тобистон модари суфиманиш бо нидои хак лабайк гуфт. Ахли дех гувоханд, ки фарзанди девсирати кампири рахмати сохиби хонаву рузгор бошад хам, саргардону бенуру рондаи маъракахои мардум буда, назди зану фарзанд саг кадр дораду у не. Оре, сазои окшуда ин аст.

Хуб, устод, оё гуфтан метавонед, ки имруз зан дар чомеаи кунуни чи макомеро дорост?

6lsmfkz1 Имруз дар чомеаи кишвар сахми занон дар хама чабхахои зиндаги эхсос мешавад. Сарвари давлат бахри баланд бардоштани макоми зан мудом бо чашми мехри падари менигарад.Бо квотаи президенти садхо духтарон-хатмкардахои дабистонхои дехот дар донишгоххо тахсил доранд.Метафвон чандин занонро ном бурд, ки дар чодаи илм мушикофи доранду хусули эчоду таълифи эшон мушкилоти хамватанонро осон менамояд.
Аммо ин нукта ки гуфтем шодиовару ифтихорангез.
Ва чун хама парвардаи обу гили Точикистони азизем, боясти хамкисмати » хар шоду гамаш» бошем. Яъне дра чомеаи мо мутаассифона ночурихо ва нобасомонихое рубаруст, ки дилро хичил месозад.Шунидани ин бурхон нанги бенангист, ки бархе аз занону духтарони точик ба амалхои паст даст мезананд, аз кабили беномуси-танфуруши. Аз як расонаи хабарии хоричи шунидам, ки гуфт: Дар кишвархои дуру наздик садхо занонони точик (бадбахтона бархе бо хидояти волидайн) барои ба Дубай ба нияти маоши рузгор пайдо намудан, ба «хунари» танфуруши фотихаи «бахти сафед» гирифтаанд. Ин беномусиро чанд тан аз духтарони ахли сукунати маркази вилоят содир намудаанд. Хушбахтона масъулони кудратии кишвар ингунахоро ба зодгох баргардонида, паси панчара кашиданд.
Бубинед, таърих гувох аст, ки гузаштагони мо аз чумлаи занон кахрамонони Шохномаи Фирдавсию «Ривояти Сугди»-и Сотим Улугзода алайхи адуи тачовузкор бахри хифзи марзу бум, ки рустамона размидаанд. Аммо чи бешарафист, ки барои «чолон» намудани «нафси саркаш» аз ачдоди Зебонисову Робияхо ва Махастиву Манижахо ин гуна размхо, ки ба шаъни Ватану миллат газанд меоранд, руй дихад.Чунин будаст, ки сухансарое фармуда: «Чу мо фарзанди куххои баландем, ба мо пасти намезебад «Хохарам»!
Беш аз дах сол кабл нахустсафафри чумхурии Исломии Ирон, дусти кабири мо-точикон, киёи Алиасгари Мучтахиди Шабистари аз сафари Тошкант бармегаштааст.Тирамох.Вакти пахтачини будааст.Ин марди хассосу мехрубон хини ба каламрави Мастчох расидан, аз ронанда хохиш менамояд, ки сабукравро дар канори рох нигах дорад. У вориди пахтазор гашта, назди чинакчиён карор мегирад. Бо сагирау кабир бародарвор вохуриву сухбат менамояд.
Пирамаред эшонро нахсиносад, хам аз руи русуми точики ба бошишгох, ба мехмони мехонад.
_ Бисёр мехохам бо масчхохиёни бо нангу ор сари сурфае биншинаму харфу хичои дилбоз бишнавам. Аммо халли масоили мухим, талошхо дар рохи сулхи бародарони точик дар сар дорем нишасту сухбатхо вакти дигар.

_ Лутфан бигуед, — мепурсад аз муйсафед,-пахтачинхо кихоянд?

_ Дар кадамотун мурам мехмон,-хаминхо бо ишораи даст
пахтачиндухтарону писаракони пешдоман ба миён бастаро нишон медихад.

_ Инхо хама мактабхон бояд бошанд.

_ Рост, гуфтед, додар. Аммо падархову бародарони инхо хама ба Руссия ба мардикори рафтаанд.

Мехмон каме сукуту андеша варзида баъд ба мизбон ру меорад:
_Шумо ахли китоб хастед?

— Шукри худо Куръон, Чоркитоб мудом руи даст дорам.

— Хеле хуб. Пачтачини хам равост, чаро ки он ба иктисодиёти кишвар зарур. Вале фаромуш насозед, ки мову шумо ворисони Абубабдуллохи Рудакиву Хофизу Камолу Саъдиву Фирдавси хастем.
ва
Дониш андар дил чароги равшан аст.
В-аз хама баъд бар тани ту чавшан аст.

бояд шиори хар точик бошад.
хайр, худо хофиз.

Шукри худо, ки баъди беш аз хазор сол давлати Точикон бо хиёнати абаркудратхову душманони миллати мо бо табартаксимкунихо, бо аз даст рафтани Бухорои маркази ислому дин ва Самарканди сайкали руи замин дигар бора бо амри растохези, мехрубонии худо арзи хасти кард.
То хануз замони гузариш пеши ру дорем. Холи таълиму тадрис дар макотиби умумиву оли табъро болида намесозад. Чи касем, ки хонахои дабдабанок месозему дар хона китобхона надорем.Хеле бад аст, ки бо чурми зумраи кухнапарастони сари мансаббуда (манзур маориф) сифати таълиму тарбия дар мактабхо бех намегарад.Писаракону духтаракони гулру кори вазнини пахтакори бар душ доранд. Метарсам, ки дар дахсолахои наздик маъракаи чабхавии «махви бесаводи» зарур нагарад. Бубнинед, имруза дар мактаби замоне овозадори № 10 (н.Мастчох) ба иллати набудани устод фанхои физикаву риёзи, забонхои руссиву англиси омузонда намешаванд
Хуш масоили халталаб бисёр. Ба таъбири шоир «ин дарда ки ба гуям!?» ба хар хол мо оптимистем ва умед ба сабохи босафову байти булбули Шероз:

Сабр кун Хофиз ба сахти рузу шаб,
Окибат рузе биёби комро
мудом дар лаб дорем.

Хуб, устоди азиз, холо лутфан оиди чи гунагии зан лукмае мегуфтед??

6lsmfkz2

Банда на онам, ки оиди ин мавзуъ рисолаи доктори таълиф намуда бошам. Аммо ба хайси як узви чомеа тули умри кутох миёни мардум, руи сахнаи театр,намоиши оинаи нилгун,сахфаи кутуб то андозае аз Олами Зан чакомахо бардоштаам. Дар нисбати зан боло бахои Паёмбари гиромиро зикр намудем. Замоне дар редаксияи адаби — драммавии радиои Точикистон фаолият доштам. Рузе аз як марди кухистони ба дастам нома расид.Унвонам мазамматномаи зан.Чанд байт меорам аз он «дарднома» и аз зан дидаи он мард.

Хар чо, ки бунафша буд бар хок афтод,
Кулли марди нек бар зани нопок афтод,

Аммо ин нуктаро ба чомеаи занон нисбат додан хукми адл нахохад буд. Зан бояд пеш аз хама сохиби ахлоки пок бошаду аз Худо битарсад. Мардум маколе дорад: «Пеш аз аруси чашмонатро боз кун, баъд махкам пуш» Ин чи маъи дорад? Зохиру ботини маъни хитоб ба духтари болиге гушзаду хушдоре аст, ки дар арафаи издивоч карор дорад.У бояд шавхаре интихоб намояд, ки бо хамаи сифатхояш марди ороста бошад. Агар худованд фардеро хамболинаш созад, ки сохиби аклу хусни расо, хунар, дорои, нангу номус, хирад, бомухаббат бошад пас дарёбад, ки хам дар ин дунё ва хам дар укбо бихиштро сохиб аст.

Боз мегуянд:

Точ бар сар мекунад зан мекунад,
Хок бар сар мекунад, зан мекунад.

Ахли маъни дурри маъни суфтаанд. Ба хонадоне, ки зани отифа по гузорад, баракати физо мефизояд. Шукрона дар махаллаи мо ин гуна оилахои намунави хеле зиёд хастанд. Аввалан, рузгорашон обод, хама тансихат, бодониш ва зебо, нафърасони миллату механ.

Ба пиндори Шумо зани нек чи сифате дорад?

6lsmfkz3

Яке аз занони Хазрати Мухаммад рисолатпанох (сс) пеш аз он, ки шавхарро ба масчид гуселонад, эшонро шустушу мекард, бо перохани тоза, баданашонро бо гулом муаттар месохту муи сару ришашонро шона мезад. Илова бар ин сифати дигари хуби зан он аст, ки бояд бар шуй хамвора хандон бувад.
Дар адабиёти чахон зикр шудааст: зани нек бояд хофизи амволи рузгор бошад ва агар ба сарфу харч ба ифрот рох дихад, пас у ахли дузах хохад буд. Ин таъкиди Каломи Рабонист.

Оё Шумо худ боре бо хамсар тунди кардаед??

6lsmfkz4

Чаро не (хандоханд). Шукри худо тули беш аз чил соли оиладори сохиби дах фарзанду наздик ба си набера шудем. Аммо бузургон фармудаанд:

Зану шавхар чанг кунанд,
Аблахон бовар кунанд.

Ё, ба чанги зану шавхар остонаи хона хандидааст.

Фарзанд чи гуна волидайн намуна….?

6lsmfkz5

Фахмидам. Худро аз чумлаи донишмандони маъруф намепиндорам. Шукри худо мегуям, ки фарзандонам хама ахли Куръон, дар замирашон дарахти гояи хештаншиноси, худогохи сарсабз аст. На онем, ки бо захмати калам барояшон кох бунёд созем. Аммо тули солхо даххо китоб гирд овардаам, ки хамаруза фарзанду наберагон ва пайвандонам аз ин кохи бегазанд дар масири зиндаги панд мегиранд.

Лутфан чанд нукоте оиди мартабаи арус арза доред.

6lsmfkz6

Басо духар, ки сохибточ гардад
Ба гирдаш сад писр мухточ гардад.

Хак чониби сухансарост. Духтар дар хонадони волидон мисле мехмон аст. Чун бахори хабдах ба хонаи умраш дар кубад, хостгорхо меоянд. Хушбахтии духтар орзуи хар падару модар аст. Хушбахтона , бисёр падару модарон то ахди аруси духтарро бо асосхои илми оиладори хуб мусаллах менамоянд. У донишхои шавхардориро, пухту паз, духатн, муносибот бо ахли хонаи хамболинро фаро мегирад. Дорои ин сафатхо хушбахт ва дарахти орзухо боровар. Аммо бархе баръакс духтари тихимагз,чисман носолимро бо таъбире «ба бозор» мебаранду фарчом сарди , агар чудо нашаванд, зиндаги талх. Табиист, падару модаре, ки аз хавои шахри Китоб, хоса каломи яздони бархурдор бошад, бо муаллимони ахлок-Саъдиву Чомихо, Газолихову Аттор, аходиси набави, «хамсухбати»-ро пеша карор дорад, иншооллох шафоат хохад дид.

Он гуна , ки хамагон вокифем, кам нестанд теъдоди хавзахои илме ки дар Мастчох фаол хастанд.Лутфан сухане чанд рочеъи ин хавзахо мегуфтед!

6lsmfkz7

Чаннатмакони киблагохи, хадис мегуфтанд, ки дар дехи кучаки мо Худгифи Соя, ки дар огуши куху руди Зарафшон вокеъ буд, русуме дилбоз руи амал будааст. Дар мехмонхонаи мо ва бобои Муллорачаб шабхангом мохо чанд дафъа бо гирди хам омадани уламову удабо ва фузалои дех махфили шохномахони, мавлавихони барпо мегардидааст. Аксар вакт дар ин чамъомадхо олимони ирфоние чун Эшони Муфти ва Муллоумар ширкат мечустаанд.Феълан ин суннати ниёгон гуиё вучуд надорад.Шукрона тухми киштаи он гузаштагони хирадманд дра холи бороварист.Бо вазиши насими маънавизои хамон суннати гузаштагон ат, ки имруз чанд тан аз фарзандони ин кухан диёр аз кабили Мирзолатиф (эшон наздик ба сад сол умр кардаанд), Хочи Муллониёз, Хочи Мухаммадназир,Хочи Мирзоолим,Нурмухаммад хофизони хуби Куръону хадис, фикху ирфон буда,дар таълиму тарбияи наврасон сахми бузург доранд.хамчунин дар бахри илму адаб гаввосиву сохибгавхарии парвардагони ин марзу бум монанди Мирзо Шукурзода, Чура Юсуфи, Аъзам Хучаста, Сайфуллои Муллочон, Олим Салимзода, Нормухаммад Саидзода, Шохмансури Шохмирзо, Фирдавси Аъзам , Абдукодири Абдукахор ва чанде дигаронро метавон аз шамъи фурузони хамон махфилхо ва неъмати «Чашмаи шоир» донист.
Ин дам дар ИХД Сомониён ки ахли сукунаташ аз чор дех Ревомутку Рогиф ва Худгифи Сояву Худгифи Офтоб таркиб ёфтааст, ахли фазл хеле фузун аст.
Дар боби тарбияи наврасон, хоса, духатарон бештар эътибор дода мешавад. Бо эхтимоми Хочи Зиннатпочо хавзаи илмие амал мекунад, ки даххо занону духтаронро ба таълим фаро гирифтааст. Хадафи Хочибону як чиз аст: Занону духтарон Куръону Чахоркитобро фаро бигиранд, хирадманд, худшиносу худогох, мехнатдусту покахлок ба камол расида аз бадихо дар хазар бошанд. Бо сахми Зиннатпочову хамтоёнаш расму оинхо-маъракахои шоду гам ба танзим омадаанд. Самари хуб ин аст, ки аз навхонадорон оилаи мустахкам созмон додаанд. Шукрона гуиё ба иллати «мувофик наомадани ситорахо» вайроншавии оилахо ба мушохида намерасад.

Оиди накши китоб, фикр мекунам Шумо сари ин мавзуъ то андозае гуфта гузаштед. Аммо агар нуктае оиди арзиши ин ганчина ва фаолияти китобхонахо арз медоштед, мамнун мегаштам.

6lsmfkz9

Хеч ганче бехтар аз фарханг нест,
То тавони руй бар ин ганч нех

Оре дар хама давру замон китоб дусту хидоятгари инсон будааст. Китоб назди Худованд басо мукаррам аст. Офаридагор ба воситаи чабраил ба хазрати Одам си китоб фиристод. Хамчунин ба чанд расули худ ва китоби охирину мукаддас он мукаддасот хотамуланбиё Расули акрам (сс) Куръони Мачидро
Дахсолаи охир дари китобхонахои дех баста. Агар китоб нахонем, як сифати инсониро аз даст дода, ба хайвоне наздиктар мешавем. Сухансарое фармуда: касе харруз акалан панчох сахифа китоб нахонад, харгиз хирадмандаш нахонед. Пас хар кас ба худ суол кунад, оё имруз сахфае хондааст. Мо миллати фархангпарварем. Аммо аз нихгохи сохибназарон вактхои охир дра олам аз чумлаи онхое чой гирифтаем, ки сатхи фархангиямон коста.
Чумхури дар нисбати муносибат бо хоричиён сиёсати дархои кушодаро пеш гирифтааст.дар дехот ба чои як колхозу як раис беш аз си хочагиву си раис амал мекунад. Сарвар бояд донишманду хирадманд бошад. Сарварон вакти вохуриву сухбат бо хоричиён чехраи миллату ватананд.Хастанд, онхое, ки ба сифати рохбари арзанда , афсус, ки бархе чаваконе гандумнамои мекунанд.Табиист инчунин афроди бедониш бенанги моянд, ки аз ин «дермантинхо» худ мебояд, ки канора гирем.


Таманнои шумо ба хамаи Занон-модарон ки дар арафаи иди худашон карор доранд.

6lsmfkz8

Аз даргохи Яздони Манон талабу дархост дорам, ки ба хамаи модарони дунё саодату сарбаланди, заковату хирадманди, отифаву садокатманди ато намояд ва бигзор дар хонадони хар модари точик нуру зиёву рушани фурузон бод ва кулуби эшон саршор аз мухаббату ишку илтифот бошад.

Барои сухббати самимиятон як чахон ташаккур!
Сухбаторо Фирдавси Аъзам

goldred

Реклама

комментария 3

  1. Man to hanuz namedonistam, ki dar Mastchoh chunin havzahoi ilmi amal mekardaast. Ahsant ba kulli mastchohioyon baroi chunin farhangdustiyashon

  2. Ба Фирдавси Аъзам барору кор мехохам. Тавфик бод Шуморо дусти азизи ман
    Чамила

  3. Firdavsi aziz, az sahifa va navishtai shumo khele khusham omad , kalamaton tezu burro bod.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: