
Ба огуше пур аз атри бахорон
Ба чашмони мунири нозанинон
Биё ай махзари рузи мухаббат
Биё ай иди гул ай иди дехкон
Биё навруз ай огози тавлид
Гуле аз боги вахдат соз эхдо
Биафрузон чароги сулху вахдат
Даруни манзили торики дилхо
Биё чун хадяе бахшо табассум
Бурун овар гам аз дилхои мардум
Бизан теша дарахти кинаву кибр
Зи нав эхё намо гулхои гандум
Биё ай мурги субхи навбахорон
Биё ай чашни чумла одамиён
Чадиде кун зи нав дунёи кухна
Биё ай шури ишку чуши имон
Ки то ин сабзгулшан човидона
Бувад кошонаи сулху амони
Хумои бахт бикшояд пару бол
Ба авчи осмони зиндагони
Эй гунчаи гул лабони хандон дори
Рухсори базебу зеби гулдон дори
Аз акди расову шуълаи чашмонат
Пайдост нишони оли Сомон дори
LikeLike
Бахорам ман бахори зиндагони
Биёрам бахри мардум шодмони
Табиатро ман аз нав зинда созам
Чаманхоро бубахшам гулфишони
LikeLike
Навруза ба навбахор кай мебинам?
Гулхаро ба як катор кай мебинам?
Гулхоро ба як катор дар фасли бахор дунёро ба як карор кай мебинам?
LikeLike