Мухочират.Микрози чудоихо, пайвандгари тамаддунхо ё…?


Он гуна ки дар хабар аст , мувофики омори чахони дар дунё зиёда аз 200 миллион нафар мухочирони мехнати кору зиндаги доранд, ки онхо одатан аз мамолики дорои кувваи зиёд ва мамлакатхои ниёзманди кувваи кори ба давлатхои рушди иктисодияшон баланд мераванд. Дар мисоли Русия, ки кисми зиёди мардуми Точикистон ба ин сарзамин мухочир мешаванд. Ва ман фикр мекунам пазируфтани мухочирон аз тарафи Русия ин далели ниёзмандии он ба кувваи арзони мухочирон аст.Ва ин ниёзманди харгиз катъ намешавад.
Умуман, агар ба мухочират хамчун як падидаи табии назар намоем, дармеёбем, ки он дар тули таърих дар пайванду васли тамаддунхо, дар боварии тамаддунхо, дар пайдоиши тамаддунхо, дар густариши тамаддунхову фархангхо накши бузургу боризе доштааст ва метавонад дошта бошад. Мухочират як падида ва асли бисёр арзишманди инсонист, ки он дар тули таърих васлкунандаи миллатхо будааст. Бубинед, вакте ки миллатхо бо якдигар иртиботи наздик хосил мекунанд, аз якдигар чизхое мегиранд ва ба якдигар чизхое медиханд. Дар якдигар таъсир мерасонанд ва аз хамдигар мутаассир мешаванд. Яъне ки як навъ доду ситоди маънави дар байни онхо сурат мегирад, ки он аз манфиат холи нест ва табиист, ки хар миллате, ки аз лихози тамаддуни боло аст, бештар таъсир мебахшад ва камтар таъсир мепазирад. Ва оне ки дар сатхи тамаддуни поинтар карор дорад, мутаасир мешавад ва камтар таъсир мегузорад.

Суду зиёни хичрон

Албатта, як сабаби асосии ру овардан ба куи хичрат-ин бартараф кардани камбудихои рузгор ва ба харакат даровардани завраки рузгор ба чониби фардохост. Чаро ки дар чунин як давраи сахти гузариш хеч кас намехохад, ки бо максади тамошову саёхат ба сафар барояд. Харчанд мухочирати мехнати дар баробари фоидаи моли расондан ба бучети оила ва иктисодиёти кишвар , инчунин мушкилотеро дар мухити хонадон эчод мекунад ва ин мушкилот умумист. Чаро ки мухочират дар хама давлатхо ва мамолики чахон вучуд дорад. Ва чи тавре ки ба мо маълум аст, вазъи буду бош ва зиндагии мардумони точик дар Русияву дигар манотик он кадар хуб нест.Бар болои хамаи ин чун сардори оила — падар моххо ва солхои тулониро дур аз фарзандон мегузаронад, албатта, тарбияи фарзандон ба зиммаи модар мешавад, ки у на хамеша аз ухдаи он мебарояд. Ва ин мебарад ба бесаводиву чахолату кафомондагиву дигар самтхои манфи. Як тан аз шахрванде, ки худро Махин ном бурд, чихатхои манфии мухочиратро чунин гурухбанди кард:
-Мухочирати мехнати барои точикон дар Руссия чунин «имтиёзхо» медихад:
1) Кушташавии мухочирони кори аз чониби сартарошидахои рус. 2) Аз ахли хонавода, фарзандон дур мондани падару модар ва таъсири ин раванд дар тарбияти онхо.3) Бо ин восита пахн шудани беморихои сирояти ба монанди СПИД. 4). Бе мутахассис мондани корхонахои давлатии Точикистон(утечка мозгов).5) Ба хайси гулом истифода шудани мухочирони точик дар Русия. 6) Поймолшавии хукуки онхо дар ин кишвар ва гайрахо.

Имруз вазъи буду боши мухочирони точик дар Русия ба хама маълум аст. Ва то чи андоза эшонро «кадр» мекунанд ин хам равшан аст. Имруз кишвархои мухочирпазир дар мисоли Русия ба кувваи арзони мухочирон ниёзманд хаст ва гардиши иктисодии кишварашро аз хисоби мехнати мухочирон бояд бидонад.Набиюллохи Суннати рузноманигору коршинос шукуху шахомат ва пешрафти Русияро аз дасти мехнаткаши мухочирон медонад:
-Бешак, Русия як минтакаи бузургест, ки на танхо точикон, балки милали дигарро низ ба кор фаро мехонад ва бояд икрор шуд, ки вокеан метавонад. Аммо як чизи мухимтар аз хамаро бояд зикр кард, ки шукухи Русия низ аз дасти мухочираконест, ки бо фулусу пашиз ба эшон касру зисти шохонаро мухайё месозанд. Вагарна ягон табаъаи Русия ба 10-15 хазорак рубл маош наметавонд корхоеро ба сомон бирасонад, ки точикон бо чону дил ба чой меоваранд. Гузашта аз ин, фишангдории хукумати Русия кудрати парешон намудани скинхедхоро надорад ва дурусттар ин ки намехохад эшонро аз пушти пардаи чиноят бурун кашад. Зеро пушти ин сартарошидахо агар нафаре аз хукумати кишвараш набошад, то ба ин гуна разолату вахшониятро ба кучахои Русия намерехтанд.Онхо як чизро чиддан медонанд ва аз он гайрмунсифона истифода мебаранд: Ин хам бошад, набудани чойи кору маоши иктифои дар кишвари Точикистон, ки мулоимтарин ва хассостарин узви кишвар аст. Ба ин хотир милали мухочир (на танхо точик)-е, ки имруз дар сохтмонхои бузурги Русия сахим хастанд, бо вучуди он ки аз чониби макомоти ин кишвар бо фарти хакорату кабохат назар карда, ба вижа миллатхои сарисиёх барои онхо аз хайвон болотару аз инсон поёнтар унвон мешавад. Мутаассифона!»

Харчанд мухочират чихатхои хубе дорад, аммо дар баробари манофеи моли расондан ба бучети оила инчунин мушкилотеро дар мухити хонадон эчод мекунад. Дар холе ки сардори оила ба муддати 365 руз ё 1 сол ба Русия меравад, бечора модар хамаи кору бори зиндаги, тарбияи фарзандон, таъмини оила ва дигар корхоро бар душ дорад, ки ин масъулияти хеле вазнин аст. Ин холате, ки имруз модар ё зани точик дорад, ба гуфти Шохмирзо Хучаев, коршиноси умури сиёси «холати солхои чанги 2-юми чахон»-ро ба хотир меоварад ки модарони мо ба сар мебурданд.У меафзояд:
-Хама ба фронт рафта буд, факат зану бачахо дар хона. Шиор чунин буд: «Хам ба чои худ ва хам ба чои он рафики дар чабха мечангидаги». Зани бечора хеле бори вазнин дошт. Холо он манзараеро, ки солхои чанг занон доштанд, дар имруза холат модарон низ сохибанд.»

Неъмати гурбат надонад хеч кас илло гариб…

Вокеан, дарду азоби мухочиратро танхо оне медонад, ки боре худ «шахд»-и он чашида бошад. Абдумалики Нодирпур, ки 10 солест аз ин «шахд» бахраманд аст, дар бораи мухочират ва холи танг доштани мухочирон дар Русия чунин накл мекунад:
-Чихатхои мусбати зиёде метавонад дошта бошад. Масалан, яке бародарро дар донишгох дохил мекунонад, дуюми иморату бино бунёд мекунад, сеюми бошад дар тую маросимхои издивоч кумаки хешро мерасонад ва умуман, вазъи иктисодии хешро бехтар мекунад. Имруз Хадамоти мухочирати Русия майдонро барои мухочирон чунон танг кардааст, ки хеч имкони дифоъ аз хукуки хешро наметавонем дошта бошем.Бубинед, ки ин хадамот танхо 3 руз мухлат дода, ки хар як мухочир бояд худро ба кайди давлати дарорад. Аммо ин харгиз барои як мухочири нав аз ватан омада кофи нест.Хуб мешавад агар хукумати Точикистон ба ин масъла таваччухи чидди нишон медод. Ман ба Руссия 9-10 сол боз омаду рафт дорам хамчун мухочир. Руйдоде накл мекунам. Банда 8 марти соли гузашта аз Точикистон ба шахри Сургут сафар доштам ва вакте ки ба Сургут расидам, он ба 9 марти рузи гайрикори рост омад. Рузи 10-ум, вакте ки ман ба нуктаи бакайдгири омадам, бароям як зумра санадхоеро номбар намуданд, ки ман харгиз имкони дар як руз ичро кардани онхоро надоштам. Ва баъд аз 20 руз хадамоти мухочирати Русия маро дар шахри Фёдорови Руссия боздошт ва ба ватан депорт намуд.

Ва бояд хотирнишон намуд, ки мухочирати мехнати хамчун як падидаи чамъияти чихатхои мусбат ва хуби зиёде дорад. Яке аз чихатхои мусбат аз он иборат аст, ки мухочирон дар баробари гирифтани манфиатхои иктисоди, бо забон ва таъриху тамаддуни халкхои дигар ошнои пайдо карда, хамзамон сохиби хунару ихтисоси хуб мешаванд, инчунин чахонбинии хешро ганиву бой мегардонанд. Аммо ин чо боз Махин танхо як пахлуи мусбат доштани мухочиратро зикр мекунад:

-Махсусан, барои Точикистон мухочирати мехнати танхо як пахлуи мусбат дорад. Ин хам ба даст овардани даромад барои шахрвандон ва ба ин восита пур шудани бучаи давлат аз хисоби мухочирони кории точик. Хамаи мо медонем кисми зиёди бучаи давлати Точикистон аз хисоби мухочирони кории точик, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, таъмин мешавад ва ин албатта, пахлуи мусбаташ аст.

Дар урфият мегуянд, то мусофир нашави, мусулмон намешави. Ё
Бисёр сафар бояд то пухта шавед хоме,
Суфи нашавад софи, то дар накашад чоме.
Мухочирати мехнати, вокеан, ба Точикистон ва ба мардуми он бисёр чизхо ва имтиёзхо хадя кард ва биёед дар зер назари коршинос Шохмирзо Хучаевро мутолиа намоем, ки у чунин изхори назар мекунад:
,
-Мухочират як мактаб аст, мактаби одаму одамгари, мактаби ихтисосу хунару касб, мактаби фархангу тамаддун аст. Мухочират мактаби имтихон аст, инсон худии хешро ба даст меорад. Ва аз хама мухимаш одам ниёзу бениёзиро эхсос мекунад. Бубинед то 10 соли гузашта ки медонист, ки ба Точикистон ба истилох «евроремонт», «шпаклевка» меомад? Хеч кас, Ана хамин дар фарханги мо набуд ва махз мухочират мучиб гашт то ин чизхо ба фарханги мо омад.Ва махз ин «неъматхо»-ро мучиб Русия гаштааст. Имруз гуломвор мехнат кардани мухочирон дар Русия милиардхо даромад ба бучаи Руссия шомил карда истодааст, ки Русия шокир буданаш лозим. Аммо мебинем, ки бо вучуди ин манфиатхои аз тарафи мухочирони точик дарёфткунанда, хануз бо ангушти тахкир суяшон ишора мекунад. Аз ин ки чаро мухочирон гирифтори хар гуна ташвишхо мешванд, ман фикр мекунам, ки худи онхо мукассиранд,чаро ки ин аз даъвогарии заъифи мост ва мо худии худро намедонем.Мо намедонем, ки дар холати тахкиршудаамон ба ки, ба чи ва чи гуна мурочиат намоем. Фарханги хифзи хукуки манфиатхои худамонро намедонем.Мо гунахкорем. Аз мост ин хама.
Мухочират ва тахкир

Яке аз мушкилоте, ки аксари мухочирони точик дар Русия ру ба ру мешаванд, ин аз сабаби надонистанашон забону меъёрхои хукуки ва кавонини он кишваррост ва ман фикр мекунам дар ин росто мукассир худи мухочиронанд, ки хатто забонро надониста «боифтихор» рохии Русзамин мешаванд.Хуб мешавад агар дар махалчойхо нуктахои кабули мухочирон ташкил карда шаванд (харчанд ки вучуд доранд дар баъзе чойхо) ва бо максади таъмини хукуку ухдадорихои мухочирон амал намоянд. Имруз хатто хонандаи мактаб, ки чуз «да , нет» чизеро балад нест, рох чониби хичрат дорад. Нуъмони Рачабзода, коршиноси чавон шиддат гирифтани суръат ва тезтар гаштани раванди мухочиратро дар Точикистон натичахои баъди чанги шахрванди медонад.
-Дар замони истиклолияти Точикистон, баъди оне ки чанги шахрванди кишварро фаро гирифт, мухочират барои мардуми точик як амри табии гардид. Агарчи аз истиклолият 18 сол мегузарад, аммо ин раванд хануз идома дорад.Мухочират танхо дар Точикистон нест, он дар хама давлатхо вучуд дорад. Масалан, дар Туркиё мардум ба кишвархои Аврупо ва Амрико мераванд, дар мо бошад кисми аъзами мухочиронро чавонон ташкил мекунанд, ки ру меоранд ба Русия.Хуб, аз расонахои хабари имруз огох хастем, ки точикон аз тарафи макомоти кудратии Русия ва скинхедхо хамвора мавриди тахкиру азият карор мегиранд, ки ин вокеан боиси ташвиши чомеа аст.Харчанд ки дар мулокоти ахираш Эмомали Рахмон як катор санадхову карордодхои хамкориро бо Русия ба имзо расонид, аммо хануз тахкиру поймолкуни дида мешавад.Ва имруз, ки бухрони моли чахонро фаро гирифтааст, Русия карор кард, ки теъдоди мухочиронро дар кишвараш махдуд намояд.Аммо бо вучуди ин мо набояд танхо ба умеди Русия бошем, бояд масири мухочиратро бо кишвархои Араб боз кард ва мухочиронро ба он чо чалб намоем.

Аммо ин чо Абдумалики Нодирпури 10-солаи собикаи хичратдошта бар гуфтахои Рачабзода садои эътироз баланд мекунад ва мегуяд, ки сохиби хунару ихтисоси хуб хам наметавонад дар ин кишвар мавриди шиканча карор нагирад.
-Дар мавриди ин ки мухочирон гуё хукуки хешро намедонанд ва гунахкори асоси худи онхоянд, ман комилан зид хастам.Чунки агар дар Русия шумо аз хакки худ дифоъ кардани шавед ва новобаста аз оне ки шумо сохиби хунари хубе хастед, мавриди лату куби берахмонаи онхо карор мегиред ва ман шохиди зинда хастам. Хуб, хар давлат бояд имичи сиёсии худро дошта бошад ва мутаассифона, Точикистон дар Русия ин имичро надорад. Аз ин чост, ки моро тахкир мекунанд, азият медиханд ва арзиш намекунанд.Моро хамчун як миллат эътироф намекунанд.
Пас чи кор бояд намуд, то дар Руссия моро ва Точикистонро эътироф намоянд. Ин суолест, ки танхо бо рохи гуфтугуи хукуматхои тарафайн халлу фасли худро меёбад, бечора ахоли, коре аз дасташ намеояд.
Ин дар холест, ки президенти кишвар бо як шарафмандиву ифтихор мегуяд, ки хар як мухочир ё сафаркарда ба хорич аз Точикистон бубояд, «Оинаи миллат дар хорич халки худро бо сатхи фархангу маърифат ва рафтору одобаш муаррифи намоядИнро набояд фаромуш кард ки мо точикон сохиби анъанаву суннатхои нек ва тамаддуни куханбунёд мебошем»

Аммо дар холе ки Точикистон дар Руссия ба истилох «кудрат»-и худро надорад, наметавон хадс зад ки мо ва моро ва миллатамонро эътироф бикунанд. Пас мо яъне хукумат метавонад ки дар асоси карордоду санандхои хамкори бо кишвархои Араб, Кувайт, Сурия,Дубай, Катар ва дигархо масири мухочиратро боз намоеяд ва бо ин рох мухочиронро чихати кор ба ин кишвархо бихонад.
Имруз баъзе чамъиятхои дифоъ аз хукуку манфиатхои мухочирон ки дар бархе аз шахрхои Руссия амал мекунанд, танхо чанбаи хонаводаги доранд ва танхо дар доираи махал амал мекунанд,Онхо ба доди касе намерсанд.Танхо дар холатхое чамъ мешаванд , ки агар ягон чорабиние барпо шавад,аммо на ба он тарзе ки масалан аз руи накшае амал кунанд, ки аз холи мухочирони худ хабар дошта бошанд.

Ба чои охирсухан

Оё мо бо вучуди ин хама нукоте ки перомуни мухочират гуфта гузаштем митавонем ки ба мухочират бо диди ба два тахкир бингарем?Посух: На!Мо наметавонем ба ин падида бо назари нафрат бингарем, чаро ки махз анна хамин раванд буд ки Моро як андозае аз факру камбизоати бирхонд.Ва як нафар харгиз набояд хаёл бикунад, ки дар чомеа чойгохи хубе ё мухиме надорад, албатта бисёр чойгохи мухиме метавонад дошта бошад, ба шарте, ки :
1.Ба хуввият ва аслии худ пойдор бошад.
2. Хичраташ ба нияти мехнати халол бошад.
3.Вокеан «оинаи миллат» ва муаррификунандаи фархангу тамаддуни халки худ бошад.
Фирдавси АЪЗАМ

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: