Девид: Сират аз сурат беҳ аст.


Девид Холзмейр санаи 24-уми ноябри соли 1978 дар шахри Такомаи Иёлоти Вашингтон ба дунё омадааст. Мавсуф чахор сол собикаи низоми таълими дорад. Донандаи хуби забони гурчи аст. Ба якчанд давлатхои Аврупо, Хиндустон ва дигар манотики дунё сафархои хидмати намудааст. Номбурда фориuуттахсили Донишгохи шахри Сиетл ва Донишгохи uарбии Вашингтон мебошад. Аз соли 2006 инчониб ба хайси муаллим дар Донишкадаи Вашингтон фаъолият мебарад. Дар як чанд барномаву семинархои таълими ширкат варзидааст. Аз августи соли 2005 то мохи июни соли 2006 дар Донишгохи шахри Линвуди Вашингтон ба донишчуён таълим додааст. Аз мохи апрели соли 2002 то мохи апрели соли 2004 ба хайси муаллими забони англиси дар мактабхои рустои давлати Гурчистон кор кардааст. У ба донишомузони ин русто забони англисиро омузонида, дар овардани шабакаи интернет ба ин мактаб сахм гирифтааст. У хамчунин тренери хуби баскетбол ва футбол аст Машғулияти дӯстдоштаи Девид футбол, баскетбол, кӯҳгардӣ ва хондани китоб мебошад.
Аз мохи сентябри соли 2008 то кунун Девид мехмони сарзамини Точикистон аст. Ва хамакнун дар Донишгохи давлатии Хучанд ба хайси устоди забони англиси кор мекунад.

Мо чанде кабл ба сухбати у нишастем ва андешаву назароташро рочеъ ба Точикистон ба таври фишурда манзури шумо мегардонем.

-Сараввал шуморо ба Точикистон хушомадед мегуям ва барои пазируфтани даъвати мо бароми сӯҳбат ба шумо арзи сипос менамоям.

-Ташаккур (бо забони точики)- шумо лутф мекунед, ки бо ман хамсухбат хастед ва ин аввалин мусоҳибаи ман барои рӯзнома аст.Арз кунам хидмататон, ки ман чанде қабл бо хабарнигори родиёи «Озодӣ» низ сӯҳбат карда будам.

Мехостем ба хонандагон максади сафаратонро ба Точикистон рушан созед

-Бояд бигуям, ки хадаф аз омадани ман ба Точикистон чахонгарди ва сайру саёхат набуда, балки аз руи барномаи вижаи омузиши ба хайси муаллими забони англиси дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд дарс гуфтан аст. Феълан ман ба донишчуёни факултаи забонхои хоричи, ки бештар забони англисиро меомузанд, ба таври реали ин забонро меомузонам. Банда аз мохи сентябр то кунун дар ин даргох ва инчунин дар «Гушаи Амрикои», ки дар китобхонаи оммавии ба номи Тошхуча Асирии шахри Хучанд мавчуд аст, тренингу семинархо ва барномахои махсуси таълимӣ доир менамоям, ки иштироки хамаи забономӯзхо ба ин барномахо хеле ва хеле зиёд аст.

Чун ин чо сухан дар бораи донишчӯ рафт, назари Шуморо дар мавриди тафовут миёни донишчӯёни ду кишвар донистан мехостем

– Ростӣ, донишчӯёни точик дар мавриди омӯзишу хониш чандон фаъол нестанд ва аз тарафи эшон раванди азхудкунии, на ин ки забон, балки дигар фунун низ ба он тарзе, ки бояд бошад, нест. Аммо донишчӯёни амрикоӣ ин тавр нестанд. Ва чун Амрико давлати мутараккӣ аст, ахолии ин марз дар талоши хаммонанди ин пешрафт будааст. Дар донишгоххои Точикистон бештар таваччӯх ба намуди зохир дода мешавад, ки ин хушбахтона дар мо нест.Бояд ба сирату заковату дониши хар як донишчӯ нигарист на ба сару либосу чехраи зохирии ӯ.Ин амали масъулини вазорати маориф нишон медихад, ки намуди зохири хар донишҷӯ афзалтар аз ботини ӯст.

Назари шумо ба низоми таълиму тарбия дар Точикистон?

Дар ин бора бояд бигуям, ки низоми таълиму тарбия дар
Точикистон на он кадар хуб аст. Сифати таълим бад буда муаллимон дорои тачрибаи кам мебошанд ва барномаи донишгоххо чун барномаи таълимии мактабахои миёна аст. Китобхо кухнаву фарсуда ва ёдгори солхои 70-уи ва 80-уми замони шурави буда кариб собикаи сисола доранд. Дар Амрико ба низоми таълим ва системаи маориф диккати махсус дода мешавад, ки хамасола садхо нафар донишчуён аз кишвархои мухталифи чахон барои осузишу тахсил ба амрико меоянд, ки ин гувохи хуб будани системаи маорифи ин кишвар аст. Аз кишвари Точикистон бошад хамакнун зиёда аз 360- нафар донишчуён дар донишгоххои мухталифи Амрико машгули тахсилу омузиш хастанд. Донишгоххои Точикистон ба як ислохоти чадид ниёз доранд.Дар хама кор фиреб кардан мумкин аммо дар сохаи омузиш ва таълиму тадрис фиребу найранг ва дуругиву бемасулиятиву нодидагири нашояд.

Шумо иллати костагии раванди таълимро дар Точкикистон дар чи мебинед?

-Шояд яке аз сабабхои костагии раванди таълим дар Точикистон кам будани маош ва камтачрибагии устодон мебошад.Вакте, ки устоди донишгох аз лихози моли танкиси мекашад ва аз ин сабаб наметавонад ба баъзе хостахояш расад пас у чигуна метавонад ба донишчу таълими дуруст ва андешаи тозаро бидихад.Ана хамин камбуди маош боис ба зарзаднаи ришваву пораситони ва баъзе «падидахои номатлуб» мегардад.

Оё дар Амрико донишчуёнро ба харгуна корхои чамъиятиву берун аз донишгохи чалб мекунанд ё на?

Агар манзуратон чалби донишчуён ба майдонхои пахтаву харгуна парадхо дар марсимхои расми бошад бояд кайд кунам ки ин амалхо дар Амрико билкул вучуд надоранд. Ёдовар шудан ба маврид аст ки дар робита ба ин мушкили ман чанде кабл як матлабе нигошта будам ки дар миёни ВАО- и Точикистон ва сомонахои интернети сару садохоеро ба дунбол оварда буд.Дар аксар донишгоххои Точикистон шуруъ аз сентябр донишчуёнро ба пахтачиничалб мекунанд ки ин хело нигаронкунанда аст.

Точикистонро чи гуна дарёфтед?

Вокеан аз табиати Точикистон хушам меояд ва Точикистонро кишваре дарёфтам uани аз фархангу тамаддуну таърих.Аз он рузе, ки ман дар Точикистон зиндаги мекунам то кунун хиёнату беэхтиромии касеро барнисбати худам надидаам.Ман ба чандид давлатхои Аврупову чахон сафар кардаам аммо назири точикон хушахлоку мехрубон ва самими кам дидаам.

Ташаккур барои сухбат
Мусохибон ЧЕЛОНИ ва ФИРДАВС

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s