Шайх Камол ба руи экран хохад рафт


Исмоили Барори,коргардони машхури эрони касд дорад аз зиндагии Шайх Камоли Хучанди,шоири пуровозаи точик,ки дар Хучанди Точикистон ба дунё омада дар Табрези Эрон мадфун шудааст,филми синамои бисозад.Вай касд дорад дар ин филм саргузашти шоири ориф ва шуридаро аз таваллуд то вафот,сафархои у аз Хучанд то Макка ва аз он чо то Табрезро бо такя ба манобеъи муътабари таърихию пажухиши тавассути як бозигари мучри ,ки ходисахоро ривоят мекунад,ба руи пардаи синамо оварад.Манзарахои филм дар маконхои таърихи ба сурати комилан достони дар декур ва фазохои кухан бо грим ва тачхизоти таърихии он давра бозсози ва ба сурати филми синамоии таърихи дархохад омад.Ин шева метавонад дар назари бинанда зиндагии пурмочарои шоири шинохтаро комилан зохир намояд ва бо таваччух ба истифода аз ритму чаззобият ва фазохои таърихи тамошобинро масхур созад.
Ба гуфтаи Исмоили Барори,коргардони филм,ки матни намоишномаро низ худи у хохад навишт,филми мазкур синамоии хирфаи буда 35 миллиметри,100 дакика(таркиби) ва мустанади таърихи хохад буд ва хамаи сахнахои он дар Точикистон,Эрон ва Арабистон ва бо истифода аз хунармандони машхури точику эрониву араб наворбардори хохад шуд.Хамчунин аз авомили хунарии муштарак,мутахассисону коршиносон ва тачхизоту лоборотури синамоии эрони бо кайфияту сифати аъло кор гирифта хохад шуд.Карор аст филм дар арсаи чахони тавзех ва пахш хохад гардид ва барои куллияи мухотабон дар нукоти мухталифи олам пешбини гардад.Филм бо забонхои точики ва инглиси сохта мешавад.
Исмоили Барори,тахиягар ва коргардони филм мегуяд,ки будчаи такрибии ин пружа то поёни тавлид мархалахои тахкик ва нигориши филмнома,пештавлид ва тадорукот,филмбардори,тадвин,мусики ва садогузори беш аз 700 000 доллар ва хазинахои такмили шомили умури лоборотури,садои суронд,маводи таблиги ва интишороти беш аз 200 000 доллар пешбини мешавад.Бароварди замони тавлиди филм пас аз бастани карордод ва дарёфти кисме аз маблаг ба муддати ду сол пешбини мегардад.

Гуфтанист Исмоили Барори дар соли 1965 дар Бандари Анзали(шимоли Эрон) ба дунё омада дипломи коргардонии синаморо дар соли 1987 зимни таълифи рисолае дар боби «Синамо ва дунёи кудакон» аз Донишгохи хунари Эрон дарёфт намуда ва дар хамон сол филми кутохаш бо унвони «Аксуламал» чоизаи вижаи нахустин чашнвораи саросарии донишчуёни Эронро ва низ медали нукраи чашнвораи Милали Австрия -ЕBЕНSЕЕ 1989-ро сохиб шуд.
Вай то кунун беш аз бист унвон филми синамои,достони ва мустанад ва сериёли телевизиони сохта,ки дар ин миён метавон аз «Танхои ва кулух» ,барандаи Парвонаи заррини бехтарин филм дар панчумин чашнвораи байналмилалии филми кудакону навчавонон ва хузур дар бахши мусобикаи фестивали FIRA-СAN 91-ро ёдовари намуд.
«Хадяи нодир» аз дигар сохтахои уст,ки дар бораи чавонони эрони дар замони чанги Эрону Ирок,»Суруди ошикона» пиромуни пайдоиши суруди «Хумайни эй Имом»,филми мустанади шоиронаи «Дилбохта»-хикояти фидокории як пирамарди рустои,мустанади «Зиёрат» дар ситоиши Харами Мутаххари Имом Ризо(ъ) ва «Маркази осмон» дар бораи маросими азодории шаходати Имом Хусейн(ъ) ва филми «Хона,махалла,мадраса» аввалин тачрибаи тавлиди мавози дар тахиякунандагии сериёлхои телевизионии Эрон мебошад.
Исмоили Барори хамчунин дар мачмуаъи мустанади «Ривояти Фатх» ва то кунун бо фаъолиятхои мухталиф дар Бунёди Синамоии Фороби,шабакаи дуюми симо,Иттиходияи тахиякунандагони Синамоии Эрон,Муассисаи фархангии ЭКО, ва чанд созмони дигар пардохта муддате дар Маркази Чахонии Филми Эрониён масъулияти мухим дошт.
Исмоили Барори хамчунин чанд филми синамоии баланд сохтааст,аз чумла:»Шахр дар дасти бачахо»,»Ошёна»,»Чаханнами сабз»,»Ракси Шайтон»,»Кавири марг»,»Рузи борон»,»Гузориши Марям»,ки дар чандин чашнворахои машхури дунё чоизахои муътабарро сохиб шудаанд.
Ба гуфтаи коршиносон филми «Шайх Камол» дар сурати сохта шудан бо истикболи самими ва густурдаи тамошобинони мухталиф мувочех хохад шуд ва дустдорони адабу хунар дар Точикистон ва соири нукоти олам бояд ба ин коргардон дар амри сохтани он дасти кумак дароз намоянд ва коргардон низ муътакид аст афроде пайдо хоханд шуд,ки дар ин амри хайр сахим шаванд ва гуле дар гулзори адабу фарханги форси бигузоранд,Хукумати Точикистон ва Вазорати фарханг низ агар аз икдоми ин коргардон химоят намоянд кори мухиме хохад шуд. Таври маълум то кунун дар бораи зиндаги ва осори Шайх Камоли Хучанди ба чуз чанд намоишномаи театри филме сохта нашуда ва ин икдоми коргардони эрони метавонад нахустин гоми чидди ва мухим дар ин росто бошад.

Шохмансури Шохмирзо,мухаккики точик.

Реклама

Один ответ

  1. Tavfik rafik bod duti aziz!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: