Шаб ва хоб خواب و شب


آی شب،

آمدی؟

خوش آمدی!

اختران در مقدمت گل کرده اند

ماه روشن کرده است روی تورا

شانه گشته باد گیسوی تورا

کهکشان برچیده ابروی تو را

لیک

باز تنها آمدی.

خواب من اندر رکابت نیست ای شب،

کوشش کار ثوابت نیست، ای شب.

باز من را طعمه ی اندیشه ها خواهی نمود

رخت خوابم کوه و دشت و بیشه ها خواهی نمود.

شب، ای شب

از جه پلک چشم های من نمی آید به هم؟

از چه من در بی خوابم؟


Эй шаб,

Омадй?

Хуш омадй!

Ахтарон дар макдамат гул кардаанд

Мох рушан кардааст руи туро

Шона гашта бод гесуи туро

Кахкашон барчида абруи туро

Лек,

Боз танхо омадй

Хоби ман андар рикобат нест, эй шаб

Кушиши кори савобат нест, эйшаб

Боз манро туъмаи андешахо хохй намуд

Рахти хобам куху дашту бешахо хохй намуд

Шаб,эйшаб

Аз чй пилки чашмхои ман намеояд ба хам

Аз чй ман дар хоб бехобам?

نویسنده : اعظم خواجه اف
Аъзам Хучаста

Реклама

комментария 2

  1. 123
    Ҳофизи Шерозӣ

    Биё, то гул барафшонему май дар согар андозем,
    Фалакро сакф бишкофему тархи нав дарандозем.
    Агар гам лаккар ангезад, ки хуни ошикон резад,
    Ману соки ба хам созему бунёдаш барандозем.
    Чу дар даст аст руде худ, бизан мутриб, суруде хуш,
    Ки дастафшон газал хонему покубон сар андозем

    Мавлонои Балхӣ
    Эй растахези ногахон в-эй рахмати бемунтахо,
    Эй оташе афрухта дар бешаи андешахо.
    Имруз хандон омади , мифтохи зиндон омади,
    Бар мустамандон омади чун бахшишу фазли Худо.
    Хуршедро хочиб туи, уммедро вочиб туи,
    Матлаб туи, толиб туи, хам мунтахо хам ибтидо.
    Дар синахо бархоста , андешаро ороста,
    Хам хеш хочат хоста, хам хештан карда раво.
    Эй рухбахши бебадал в-эй лаззати илму амал,
    Боки бахонасту дагал, к-ин иллат омад в-он даво
    Мо з-он дагал кажбин шуда бо бегунах дар кин шуда,
    Гах масти нуралайн шуда , гах масти нону шурбо.
    Ин сакр бин хал ахклро,в-ин накл бин хал наклро,
    К-аз бахри нону баклро,чандин нашояд мочаро.
    Тадбир сад рангафкани,бар Руму бар занг афкани,
    В-андар миён чанг афкани,фи истиноьи лояро.
    Мимол пинхон гуши чон,минах бахона бар касон,
    Чон раби хулсани занон,валлах, ки логаст эй киё.
    Хомуш ки бас мустаьчилам,рафтам суи пои алам,
    Когаз бинех бишкан калам соки биомад алсало.

    Саъдӣ Шерозӣ
    Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам,
    Ки сар дар канори падар доштам
    Агар бар вуҷудам нишастӣ магас,
    Парешон шудӣ хотири чанд кас.

    Аз бахри худо, ки моликон ҷавр
    Чандин накунад бар мамолик
    Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд
    Турки ту бирехт хуни тоҷик.

    Зи аҳди падар ёд дорам ҳаме
    Ки борони раҳмат бар ӯ ҳар даме.
    Ки дар тифлиям лавҳу дафтар харид
    Зи баҳрам яке хотами зар харид.

    Дар ақсои олам бигаштам басе,
    Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
    Таматтӯъ зӣ ҳар гӯшае ёфтам,
    Зӣ ҳар хирмане хӯшае ёфтам.

    Бани одам аъзои якдигаранд,
    Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
    Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
    Дигар узвҳоро намонад қарор.

    Абулқосими Фирдавсӣ
    Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
    Ба дониш дили пир барно бувад.

    Агар хоҳи аз ҳар ду сар обрӯй
    Ҳама рости кун,ҳама рост гӯй.
    Пай афкандам аз кохи баланд,
    Ки аз боду борон наёбад газанд.
    Намирам аз ин пас ки ман зиндаам,
    Ки тухми суханро парокандаам.

    Носир Хусрав
    Ба пири хизмати модар падар кун
    Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун
    Мазан таъна бар эшон аз дили сер
    Ки то ёби замон гарди ту ҳам пир.

    Умари Хайём
    Гар бар фалакӣ, ба хок бозорандат.
    В-ар бар сари нозӣ, ба ниёз орандат.
    Филҷумла, мараз ба ҷаҳл то битвонӣ,
    В-озор маҷӯ, то ба ниёз орандат.

    Май гарчӣ ба шаръ зиштном аст, хуш аст,
    Чун бар кафи соқиву ғулом аст, хуш аст.
    Талх аст ҳаром аст, хушам меояд,
    Дерест, ки ҳар чиз ҳаром аст, хуш аст.

    Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,
    Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.
    Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ишқ,
    Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.

    Ҳарчанд, ки аз гуноҳ бадбахтаму зишт,
    Навмед наям чу бутпарастони куништ,
    Мирам чу гаҳи саҳар зи махмурӣ боз,
    Май хоҳаму маъшуқ, на масҷид на куништ.

    Ҳар дил, ки дар ӯ меҳру муҳаббат насиришт,
    Хоҳ аҳли саҷҷода бошаду хоҳ аҳли куништ.
    Дарт дафтари ишқ номи ҳар кас, навишт,
    Озод зи дӯзах асту фориғ зи биҳишт.

    Онон, ки кашандаи шароби нобанд,
    В-онон, ки ба шаб ҳамеша дар меҳробанд.
    Бар хушк касе нест, ҳама дар обанд,
    Бедор якест, дигарон дар хобанд.

    Онон, ки куҳан буванду онон, ки наванд,
    Ҳар як паси якдигар якояк бираванд.
    В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
    Рафтанду равему боз оянду раванд.

    Бар синаи гампазири ман рахмат кун,
    Бар чону дили асири ман рахмат кун.
    Бар пои хароботрави ман бахшои,
    Бар дасти пиёлагири ман рахмат кун.

    Хушеди сипехри безаволи ишк аст,
    Мурги чамани хучастафоли ишк аст.
    Ишк он набувад, ки хамчун булбул ноли,
    Хар гах, ки бимирию наноли ишк аст.

    Лоиқ Шералӣ
    Сухане ҳеҷ на аз фарри каёнӣ гуфтем,
    Ту бадахшонӣ, хуҷандӣ, хуталонӣ гуфтем,
    Ту самарқандӣ, зарафшонӣ, вахонӣ гуфтем,
    Ту бухорӣ, ту ҳисорӣ, ту фулонӣ гуфтем.

    Чунки бегонапарастем, амон аз ману ту!
    Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту!

    Дод, сад дод аз ин хидмати фарзандии мо.
    Оҳ, сад оҳ аз ин хешиву пайвандии мо.
    Ёфт чун рахна ба девори маҳалбандии мо,
    Бехирад тохт ба авранги “хирадмандии” мо!

    Баски авранг надорем, амон аз ману ту,
    Фаҳми аржанг надорем, амон аз ману ту!

    Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
    Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
    Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
    Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,
    Зери поям парниён ояд ҳаме.
    Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
    Хинги моро то миён ояд ҳаме.
    Э, Бухоро, шод бошу дер зӣ,
    Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
    Мир моҳ асту Бухоро осмон,
    Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
    Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
    Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.
    Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
    Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме.

    Бадриддин Ҳилолӣ
    Ёр гуфт:«Аз мо макун катъи назар». Гуфтам: «Ба чашм!»

    Гуфт: «Катъан хам мабин сӯи дигар».Гуфтам: «Ба чашм!»

    Гуфт: «Бо мо дӯстӣ мекунба дил». Гуфтам: «Ба чашм!»

    Гуфт: «Роҳи ишқи мо мерав ба сар». Гуфтам: «Ба чашм!»

    Гуфт: «Бо чашмат бигӯ,то дар миёни мардумон,

    Сӯи мо ҳам лам наяндозад назар». Гуфтам: «Ба чашм!»

    Гуфт: «Агар бо мо Сухан дорӣ,ба чашми дил бигӯ,

    То нагардад гӯши мардумро хабар». Гуфтам: «Ба чашм!»

    Гуфт: «Агар хоҳад дилат з-ин лаъли майгун хандае,

    Гиряҳо мекун ба сад хуни ҷигар». Гуфтам: «Ба чашм!»

    Гуфт: «Агар хоҳи ғубори фитна биншинад зи роҳ,

    Барфишон обе ба хоки раҳгузор». Гуфтам: «Ба чашм!»

    Гуфт: «Агар дорад, Ҳилолӣ, чашми гирёнат ғубор,

    Кухли биноӣ бикаш з-ин хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм!

    Боботоҳири Урён
    Худовандо, ба фарёди дилам рас,
    Каси бе кас тӯӣ, ман монда бекас
    Ҳама гуянд Тоҳир кас надорад,
    Худо ёри ман аст, чӣ ҳоҷати кас.
    Сарам болин, танам бистар надорад.
    Ба ҷуз шӯри ғамат дар сар надорад
    Ниҳад дур аз ту ҳар кас сар ба болин
    Илоҳӣ, сар зӣ болин барнадорад
    Дило аз дасти танҳои ба ҷонам,
    Зи оҳу нолаи худ дар фиғонам
    Шавад дил тор аз дарди ҷудоӣ
    Кунад фарёд мағзу устухонам

  2. bakhshish sahv shud

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: