САРВОДАИ САРМАДИ 1



Дар синаи у ахтари зулматсуз аст,
Покиза дилаш зи чехраи Навруз аст .
Дар дахр касе нишони Рустам чуяд ,
Гуяд нишони у Рачаб Навруз аст.

-Эй бародар ,туро писар хондам аз мехр «Ту» мегуямад гамгину малул нести?»
Гуфтам :
—На, харгиз бифармоед устоди кабир .

Ман мемурамо ду гур кобед барои ман
Якташ барои хасратум якташ барои ман

—Чи хасрат доред? Шукри худованд хама орзухову армонхоятон.
—Не ,додар хануз не ,аммо тавба кардам . Худованд ба рахматат бигир . Вале шодии Зафар надида меравам .
—Чунин нагуйед, устод. Худ борхо мегуфтед:

Гар фишори рузгор обат кунат мискин машав,
Мард бош эй хастадил, шармандаги дар кор нест

— Оре, хак гуфти хамсухбат .Аммо дил мегуядам , ки Навруз дардат зур аст ,дустам , ба такдир тан бидех ,Ошу нонатро хурдаи .Оре ,тасимими хеш гирифтаам .Вале пур хурдаму ба халки худо хизмате накардам .Баъдтар аз ин хамсухбат бигристу :

Фармуди нокарда сияхруям кард ,
Фарёд зи кардахои нофармуда

— Агар чунин оханг соз кунед ,бо ичозаи Шумо меравам ,ако ,дам гиред
— Не ,не илтимос ,биист .Банда саропо гунохам назди худовандам Ва шукрона куфр нагуфтам ,шак наёвардаам

Бизоат наёвардаем ило умед ,
Худоё ,зи авфам макун ноумед .

—Омин, рахмат ако. Худованд бузургу бахшоянда аст.

Навмед наем зи боргохи карамат ,
Зеро, ки якеро ду нагуфтам харгиз .

—Ташаккур , додари азиз , фарзанди гироми .
— Зинда бошед .
—Имсол ,додар ,мохи май 78 мешавам .Хеле умр аммо фикр мекунам ,ки гуё аз ин дар даромадаму аз дари дигари мебароям .Барои кори чамъият ,ободии рузгори мардум бархеро орзурдаам .Аммо бегараз .Танхо ба манфиати чомиа .Ба назарам он хама бехуда будааст хамин хел ,додар , ё галат мегуям ?
—Не ,устод . Он хама дар замонаи худаш раво буд.
— Каме не ,беш аз шаш дахсола дар хизмати халк будам .
—Офарин ,шумо 44 сол сарвари хочаги будед
Ин лахза миёни ману мусохибам хомушие руи кор омад. Аниктараш бигуям ,зурии дард моро аз сухбат дур сохт .
У дида ба нуктае духт .Нигохаш маънизо. Ман хондаму мазмун гирифтам аз он нигоху тафаккур.
Марди бемору бистар садо сухан мегуфт бо худ .Он мухтаво ба сафхаи зехн сабт намудам ,ки ин аст .
— Ба ёд ор .
— Хуш хама дар хотир дорам ,аммо кадоми?
— Хам хубу хам бадро.
— Бад магу, дуст.
Ба бад гуфтан макун ху то тавони,
Ки арбоби хирад ба буд хонад

— На ба ин маъни. Бад. Яъне рузхои душвору вазнини гузаштаро .
— Ин гапи дигар.
— Дар чанг будам. Мактаби афсариам равон карданд. Баъд камандир взвот таъин шуд летинанти хурд . Нав Рачабов . Ба Чабха рафтам . Дар озор намудани шахрхои Воронижу ,Танганрог ,Курску,Маздоку дигар махалхои Украина хеле чонбозихо кардам .
Ёд дорам . Наметавонам фаромуш созам он рузхоро
—Бале магар метавон лахзаро фаромуш намуд ,ки саломату зинда монан буд.
—Хо,хамин хел рост гуфтан гир.
Фронти чоруми Украина . Взводи ман дар хайати яке аз дивизияхои тирандозии ин фронт амалиёт мебурд .Дар огуши чангали нопайдоканор маскан гирифтем .Камандири рота тирандози моро бевакти шаб ба наздаш хонд.
—Рафик лейтенант, мо дар бораи душман маълумотхои дакик дар даст дорем .Мо бояд баъди соате ,дакиктар пеш аст табли душман уро ба гафлат гузошта ,хамла ба сараш орем.
— Взводи шумо бойд ба карргохи лашкари душман рейд гузаронида дар сафи он бе сарусомони ба вучуд орад .
Онгох мо техникаи вазнинро ба кор хохем бурд
—Итоат ,Рафик камандир .
Рачабов назди сарбозораш бар гашту рахорах ин байт ба забонаш омад :
Он на ман бошам , ки рузи Чанг бини пушти ман , Он манам к-андар миёни хоку хун бини Саре .

Чангиёни корзор дидаи саропо мусаллах аз багали чангал гузашта дарёчаи шухобчаро ба кафо гузоштанд .Аммо пешрафтан дар ин шаби шулмон осон набуд .Чаро ,ки фашистон харчо дидбон доштанд .Равшани прожекторхои «Гарданда» ба пешрави халал мерсонд . Гохе гаваккашон хазида ба домани симтури девор расиданд .Бо кайчи эхтиёткорона онро бурида ,барои ворид шудан «дарича » сохтанд . Навруз аввалин шуда ба «замин » — и фашистон сар дароварданд чо посбонро бо теги бурранда «безарар » гардонанд .Либоси он манхусонро ба тан карда ба чое расиданд ,ки сипохиёни гитлери дар хоби ноз .Ончо мина гузоштанд ,ки мебоист баъди фурсате хуфтагонро ба чаханам рохи месохтанд .Аз кабати симтур берун омаданд баробар лонаи фашистон ба осмон боло шуд .Таркиши мудхише ба атроф танин андохд . Даххо фашистзода аз зарби он таркиш фавтид .Вале ин маънии марги комили душманро надошт . Аз дигар манотики наздик сагони хоб сар бардоштанд .Онхо дасту по гум карда, бе низом оташ мефишонданд .
Субх медамид. Атиллерияи мо ба хучум гузашт. Душман кисме ба мухосира уфтод,бархе дум хода карда ,ба гарб гурехт .Взводи Рачабoв ба пеш давид.Аммо таркише рух дод ,ки се тан аз хамсафонро аз саф берун оварда .Худи Навруз хам ба замини пурнам уфтод .Пораи мин ба миёнаш зада,аз гушт ба устухон расид .
Хушбахтона ,духтурхо зуд амалиёт гузаронида,оханпоро ба берун кашиданд .Баъди ду хафта чарохат шифо ёфт .Ва камандир худро аз нав дар корзор дид
—Ман ёд дорам ,ту чи :
—Оре ,ман низ .

Дафъаи дуюм аст ки дар майдони харб захми мешавам .Вакте худро руи кураи барф мачрух дидам ,рости ,дар дил гуфтам : Падруд , зиндаги .во хасрат ,калби пур орзуву хавас ба хок мебарам .Ба бандаги тан медихам , лек хайфо ки дар бегоназамин ба дили хок фуру мерафтам . Эй вой агар бимирам дар вопасин нафас ки калима мегуяду чанозаам мехонад ?
Дар Сталинграду «Камонаки Курску» ки баъд аз мухорибаи Масква сурат гирифт ,Гитлер зарбае марговар хурд ва гурги гуруснаву захмиро мемонд, ки тавони чунбидан надошт .Аммо дарандаи мачрух хамоно дандонхои тезаш устуворбуданду ба нияти ба даст овардани туъмахои дил намеканд.Фашистоне тамоми захирахои хешро бахри расидан ба максад истифода менамуданд .
Хушбахтона, дигар душманро бахт баргашта ,офтоби умеди галаба бар сар шуъла намепушид .Пирузи чониьи шуравиён лабхонд менамуд .Летенант орзу мепарварид, ки бо хамсилохон фашисти шуношомро дар кароргохаш саркубу забун бинад .Вале рохи чангиаш то ба Берлин –он кохи зулму ситам ба дарозо накашид .Сарбоз дар озод намудни сарзамини Украиниа ширкаит чусту натавонист кадами озодибахш ба хоки гасбшудаи мардумони Аврупои Шарки, ки аз шиканчаи гитлерзодагон ба дод омада буданд ,гузорад.
Бахори соли 44 буи абирангези пирузи ба машом мезад .Нерухои мо аллакай дар баъзе манотик ба хати сархади давлати расиданд.
Кисме , ки дар хаёти он лейтенант Рачабов фаолтят дошт ,дар амалтётхо бо корнамоихои чашмгтрба чисми мачру гаштаи Ватан пои хам Даво мебахшид .Лек ходисае рух дод,ки барои Наврузи чанг солор вопасин майдондор будааст .
Амалии он манхара ба ин панг дуд :
Хамлаи девонасурати душман бо парвози огоз ёфт ,ки бар сари сарбозони мо борони марг борид .Бъад танкхо ба харакат омаданд .Аз паси он пиёдааскарони фашистони суи мо давиданд.Куввахои на баробар .Мукобилияти сахти мо ду танки душманро ба саф баровард.Вале ин натавонист дар сафи гитлерчиён рахтае форид созад .
Истодагарони ба марг баробар буд .Наврузи камандир ба вазвод амр намуд: Бояд мавкеро бо душман дода ,акиб нишинам ,то ротаи эхтиёти ба дастгирамон наздик ояд .Сарбозон андаруни хандаухо ,кт ба камингохи эхтиёти мебурд ,чолокона акиб нишаст ,худро омада ба истикболи « мехмонон» набудаанд .Аз чониби рота тубхои«вазнин » ба кор омадаанд .Снайради муктадир синаи » кухи оханин — и наздикомадаро шикофт .Наврузу чангиёнаш аз хандак сар бардошта аз дастгохи гулулабар болои пиёданизомони Гитлур чанд снаряди « пошанда »шилаки намудаанд .
Чанге шадид .Замину замон гуё дар хали дарза карор дошт .Ду ду духок шабехи абре сиёх ба осмон печида .Гурришу таркиш .Садои тирхои аз ду чонтб мукобили хам,ки аз мусал салхо берун меомад,фазоро пур карда буд .Баъди парвози«катюшахо —и пайодаи душман аз пешрави боз истод .Мудате оташфишонии чонибайн идома пайдо кард .
—Ба пеш ,бародарон –гуфтани Наврузи камандир сарбозони чашинтизору интикомситонро аз хандакхо беру кашид.
Фашистон окибнишини накарда бо тирпаронихои пуршиддат мавкеи худро аз даст доданд намехостан .Пулимиёти чавонмарди украини ,ки бар сафи душман ачал мерехи, ба пешварии взводи Навруз имкон дод.
Давом дорад…

Реклама

Один ответ

  1. dust e man dorud.
    weblog e khubi dari. khoshhal misham ke be weblog e man ham sari bezani va nazar ham faramush nashavad!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: