Сарводаи Сармади (Идомаи матлаб)2


Сарбозон галтану хезон ба пеш мехезиданд . Мусал салхо пай пай сухан» мегуфтаанд .Душман ноилоч акиб мегашту аммо аз талавоси чон охирин неруи хешро истифода менамуд .
Навруз тавонист бо чанд тан аз ярокат мавкеи пештаро ба даст орад .Чангиёни мо бо дастгирии «катюшахо»,ки акнун пуршидат «нутк»доштан ба таъкиби шургони гитлери гузаштан .Пиёдааскарони аз кандакхо боло часта, бо садои «уро …»пеш давиданду кароргохи немисхои дар холи фироро бо бисиёр мухимоти чанги ганимат гирифтан . Мухорибаи поён омад .Даххо фашистон куштаву мачру ва асир афтоданд .Навруз сарбозонро боин пирузи табрик намуд .
—Бародарон,хушнудам ,ки боз як масъулияти фарзандиро дар назди механ ба чо овардам .Мову шумо таврнистем накшаи навини горатгарони душмани манхус,он лошахурроболу пар бишканемусинааш бишкофем.Аммо,дустон чун собик ин галаба бароямо бо бахои чон насиб гашт .Чор тан аз сарбозони руин танро аз даст додем .
Сарбозон зери дуди гализи вомандаи он набарад боа мри фармондех бо кандани кабр машгул шуданд ,то он чор бародари шахидшударо ,ки чисмашон дар огуши сабзаи навдамида руи кокухои лабханзада меходид ,ба хок супоридам .
Навруз бо атроф дида тухт .Аниктар дуртар аз худ пахлуи танки нимсухтаи душман харакати супробе бачашмаш хурд .Бо дурбин назар ба он духт .Сарбози бушман ,ки бехуш буд ,чашм кушода ,атрофро муоина дорад .
—Бачахо,немис ,—гуфт –ба танка нигаред.
Хама бачахоро ба замин партофта ,суи он хабис оташ кушодан .
Аммо дер шуда буд гуё .
Он чисм як комат рост кардк бо афтамат сарзер ба замин афтод.
Хозирон бо командир ру оварданд .Уро огуштаи хуни замин часпида диданд .
Фигон бароварданд.
—Навруз, бародар ,намур ,маро тарк магу!
—Зиндаам ,садо дод базур –дастам месузад…
Онтири белгард корашро кард.Навруз муддати зиёд бистари гашт ва бил охира майдони мухорибаро тарк бинамуд.
Хам ярокони хини ба шифо хона гусеел намудани Наврузи тирхуда ашк рехтан .Бо у хайрбод гуфтанд.Афсуз мехурданд ,ки аз чавон марде зиндадилу хайфиратман. Сарваре гамхорку мехрубону дилсуз,инсоне начибу донишман чудо шуданд.
Дар лахзаи чудои харчанд дар асари тири аду чисми нимтаху хуншор дошт,зиндадилироаз даст надода бо лабханди ночуре афзуд:
Омад шудан зи рафтани хуршед дур нест,
Гар зиндагист ,дида ба дидор мерасад.
Аммо ман бачои АМН меравам ,шумо бошед хануз чои чон дар кафи даст дорем,худованд нигохатон дорад .Баъди анчоми зафармандонаи чанг ба сурогаи ман ба Масчо оед, аз дидори хар яки шумо хушну хохам шуд хар гучо бошед худо никахдоратон ,—ба сухани падруди иктифо намуд .
Бале хамоно хамнабардон уро тарк гуфтан намехостан :
—Ту мерави ,дигкр ба мо ки шеър мехонад.Оё Моро чун ту сарварие мехрубрн ба гамхори мегират ,мисли ту хикматдону андарзгу кучо ёбем .
Рост гуфтанд хам ярокон .хузури Наврузмухаммадро дар набардхои охиринраво надоданд пизишгони халдонудард ошно .
Сарбоз-кахрамогни пайкор ба дасти баставу хамоил ба гардан ба зодгох бар гашт .
Амм дар масчо Наврузи Рачад дар шумораи шахидон ном навист гашт.Хамширааш –Гулузор дар гамии чигар банд хануз перохани сияхи мотами ва тан дошт.Ухаргах ба маористони деха мепафт .Мадфангохи фарзанди Падар чуй мегашт.Ва яке аз турбатхои руи хокаш сабза дамидаро манзили Наврузмухаммади гулмаг мехонду сар ба руяш нихода мегирист.
Додарам,вой додарам шахидам,бахри ,ки бахри чи мурди.Хо ,бахри Ватан ,дар хифзи Модари азиз тарки Дуне гуфти.Кошки мемурдаму хабари маргата намешунидам ох додарам э вой додарам мегуфту чома медарид.
Марди пир ,зане солхурда рандаш медодон,ки : Духтарам,шукри худо гуй,бошад,ки фарзанди падарат боз гардат.
Зан сар ба хок бардошта.Ду тан хешовандонро диду гуфт:-

— Фарзанди падарам бармегардад ? Ӯ зиндааст ? Дар даҳанатон мурам, инро ба шумо кӣ гуфт? Бехудона суол мекард аз он ду ҳоле, ки чашмҳояш пуроб буданд.
— Дунё ба умед бачам. Ӯ худ гуфта буд, ки худо хоҳад пирӯзона боз меоям.
Он шаб, ки аз наздикон ҳарфе умедворкунанда бишнид, хушҳол хобид. Хобе дид. Аммо заифии ҳофиза имкон надод он чӣ ба хоб дид комилан ёд оварад. Аммо ҳаминаш дар зеҳн монд: Падару модар ба иллате мегиристанд, бо ин ҳол ба дастсш чизе доданд гаронбаҳо.
Таъбир : агар фавтида бидиҳадат чизе хуб аст – худро тасаллӣ доду хурсанд бинмуд.
Ҳамон субҳ аккае болои боми манзилапш биншасту ба шақ – шақ омад.
— Дар нӯлат мурам, хушхабар ор, хуш гӯ, биё донат диҳам, — ба парранда он “ меҳмони ” хабаргӯ, паёмор рӯ овард Гулузор.
Вале парранда ҳамоно шақ – шақ мегуфту аз кунҷ ба кунҷи бом нишаста ҷои дигар намерафт.
Он ду махлуқи худо забони ҳам намефаҳмиданд. Вале оне сар – сари бом мезад аз кишвари дурр – аз майдони ҷанг ба парвоз омада, ва ё худо медонад аз куҷо ва чӣ гуфта медонист, ки Наврӯзмуҳаммади ҷангсолор дар масири зодгоҳ қадам мезанад. Парранда наметавонист бигӯяд:
— Эй бандаи ғофил, эй Гулузор, пероҳани шодӣ бипӯш, атрии дидор бибӯй, додарат меояд. Наврӯзат зинда … Пирӯзона меояд ба даргаҳат.
Шодиёна бидеҳ, комам ширин намо. Сулаймонпешае пайдо нагашт то шақ – шақи Акка бигӯяд – тарҷумон бишавад.
Ин дам Қурбонбоқии магазинчӣ ба хонаи Гулузор меояд:
— Акот куҷост, хоҳар?
— Дар хона, — ҷавоб медиҳад.
— Шӯяш, ки ба хонаи мо равад, марде ба ӯ гапи муҳим дорад.
Устотурсун ба назди меҳмон шитофт. Ҷавонмарди либоси низо- мипӯш бо чеҳраи хандан ӯро ба оғӯш кашиду:
— Бародар, шодиёна бидеҳ, оё ҳиммати чизе додан дорӣ? – гапро кашол дод, то Устотурсунро ба шунидани хушхабар тайёр намояд. Андешаи қосид ба хотири он буд, ки мусоҳибаш мабодо шодикаф нагардад.
— Гӯед, худор хоҳад то ҳанӯз кассе дурҳимматиам надидааст.
— Хайр, чӣ медиҳӣ ?
— Ҳар он чӣ дилатон хоҳад, аммо намедонам.
— мегӯед. Додорама дар ҷанг талаф додам. Шумо бору бӯғчаашро оварда бошед, раҳмат мегӯям.
— Худро ба даст гир. Шукри худо банда аз он чӣ ту мепиндорӣ қимматтар, бале ҳазору сад ҳозор бор авлотар мегӯчм, — суханро поён набурда ба ҷавон нигарист, то дар чеҳрааш чӣ мехонад:
— Ҳе, буродар гаптун бошад гӯед, дилам мекафад. Сад ҳазор аз бору буғча қиммат- тар ин сурати додарам будагит – дия.
— Ҳо, раҳмат, ёфтед. Аммо сурати зинда.
— Додарам зинда. Наврӯзмуҳаммади бобом зинда.
Устотурсун мардро дубора ба оғӯш бигрифту бӯсид аз рухсораш ва ашки шодӣ аз дида равон сохт.
Ҳамон замон ба хона омад.
— Хоҳар, нон паз, манн ба шаҳр меравам.Пагоҳ як меҳмони азиз меояд.
Ва худ хари Ҳамроҳбойро гирифта ҷониби Ӯротеппа чорхез давонд.
Бо як дам ба ағбаи Оббурдан часпид. Ба поёп нигарист. Ду тан барфро даронда ба боло мехезанд.
Он ду дар масофае овознорас аз Устотурсун дури доштанд. Харакӣ бисёр мехост зудтар ба онҳо наздик ояду пурсад: — Бародарон, додари маро ёд диданд ? Ӯ аскар, дасташ маъюб, дар танаш либоси ҳарбӣ, қоматаш баланд…
Шамол мевазид дар қуллаи ағба. Шамоле сарду барфолуд ва баландшикоф. Ҳар қадар ба поён равад вазиши бод пуршиддат ва “ шаппотие пурбарф ” ба рӯяш мезад. Аз хар фуромад. Чашмонашро аз шиддати шамол ёрои кушодан надошт. Маркаб низ тавони ҳаракат гум кард, ки “ зумъ ” буд.
— Их, ҷонвар, ғайрат кун, — садо баравард нӯхтаи харро кашида.
Мард камее нишаст рӯи барфи бодкӯб. Дар ЧК лаҳза шамол то зону барояш
“ кӯрпаи ” сафед сохт. Танаи харро ба худ сипар карду чашмонашро молиш дод, аз барф тоза намуду ҷӯёи он ду раҳакӣ гашт. Вале суробе надид. Ин дам шамол бо амри худо аз вазиш бозмонд. Нияти аз ҷой хестан намуд мард. Аммо натавонист. Дасту пояш сусту беҳаракат гар- дид. Мисли он, ки рӯи бистаре нарму дар зонае гарм манзилаш бошад, дар чашмонаш хоб омад.
Ҳо, хоб. Худо накардалаҳзае пинак равӣ дидор ба қиёмат ҳукм намо. Хушбахтона, ақлу ҳушёрӣ боло гирифт. Гуйё хоҳар гуфташ.
— Ако, зинҳор дар роҳи ағба хоб нараву беҳаракат набош хаҳзае. Ағба “ дам ” дорад. Мвбодо “ дамат ” назанад.
Якбора аз ҷой бо чолокие бархост. Ва дарк намуд, ки агар зудтар тадбире наандешад дам ӯро мекашад.
Оре, ағба дам дорад. Дар баландии ин ағба роҳгузврро ҳавои нафаскашӣ намерасад. Дар ин лаҳза агар даҳонро ба “ кор ” наандозӣ, одамро хобь меояду баъде лаҳзае аҷал гиребон мегирад.
Ёдаш омад қисмати ду танро, соли гузашта ба иллати “ дам ” занӣ ин ҷаҳонро видоя намуданд. Он қисса ин ранг будааст. Ду ҷавони тақрибан 25 – 30 сола аз Ӯроттеппа баъди мардикории ҳаштмоҳа барои аҳли хона пӯшоку хӯрок харида, роҳи зогоҳ пеш мегиранд. Бо бори вазнин ағбаро бодушворӣ сар карда, ба поён рӯ меоранд. Дар каҷгаҳи охир тундбоди сахте бо ҳоли вазидан меояд. Ҷо – ҷо бодкӯб. Пайраҳаро гум мекунем. Ногоҳ ба қаъри чуқурие пурбарф мевазанд. Даруни барф хеле талоши наҷот карда, шалпару аз “ ҳол ” мераванд. Лаҳзае “ дам гирему қувва ҷамъ кунем “ мегӯяд ба худ.
Пас аз дақиқае чанд ҳардуро хоб мебарад. Хоби абад. Ҷисмашонро охири баҳор баъди обшавии барф рӯи қарғ ёфтанд.
Идома дорад…

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: