САРВОДАИ САРМАДИ (идомаи матлаб)3


untitled
Чунин бадбахтӣ аз он “ дамзаниҳо ” ба кӯҳистониён якбору дубор рух надода буд.
Аз ин рӯ, Устотурсун аз ҷебак пораи қурут ба даҳон гирифту ба пеш давид. Маркаб аз пасаш “ чорхез “ буд.
Каҷгаҳеро ба қафо гузошту ба поён назар афканд. Суробҳо коҳилона боло меомаданд.
Он ду тан марди харсавори ба истиқболашон ояндаро диданд. Яке ҷавони захмин, лейтенант Наврӯз Раҷабов буду дигаре Миробид. Устотурсун ҳам ҳамсафари бародарашро намешинохт. Ӯро дар умраш надида буд.
Миробид. Ин мард шаҳрванди Ӯротеппа. Наврӯзмуҳаммад дар бозори Гули Сурх гашту гузор дошт. Марди миёнсол дучор омадаш.
— Писарамро ёфтам — гӯён сазаро ба оғӯш гирифту бӯсид. – Бале Саидусмони манн зинда – афзуд мард. Ҳайрон нашавед , писар. Шумо ба Саидусмони манн себи дукафонро мемонед Хати сиёҳаш омад -гуён талх гирист он ношинос .
— Бандагӣ падар. Фарзандатонро худо раҳмат кунад. Ба сони қаҳрамон ҷон супурдааст, — гуфт Наврӯзмуҳаммад ва майли рафтан кард.
— Не, азизи дил, шумо ба хонаи ман меравед. Бигзор зани синабирёни манн дар чеҳраи шумо фарзандашро бубинад. Аз ин баъд шумо бандаро писар хоҳед буд ба ҷои Саидусмон.
Cарбоз сухани пирамард ба замин назад. Ба хонааш рафт. Модари он шаҳидро зиёрат карду тасаллӣ дод бо сухан дили абгорашро. Пас меҳмондорӣ рӯзи дигар Миробид бо писархондаш рӯ ҷониби Мастчоҳ ниҳод.
Харсавор дастро болои чашм соябон сохту ба ояндагон назар кард. Дастаи яке ҳамоил ба гардан, қоматбаланд, дар тан либоси низомӣ.
Дигар ихтиёр аз даст дод.
— Ҳо бобо — … бо – бо – бо тамоми қувва овоз сар дод, ки акси садо шунид аз шахи кӯҳ.
— Лаббай, ако шамоли сабуке ба гӯшаш зад, ин ҳарф аз тарафи муқобил.
Нӯхтаи хар ҳаво доду пайраҳаро миёнбур карду уқобосо ба “ парвоз ” омад.
Аз зери пояш санге ба ҳаракат омаду ба санги дигар бархӯрд. Сеси санг аз рӯ пештар боб арф омезиш хӯрда поён медавид, ҷониби
“ сайд ”.
Устотурсун ғеҷиду ба замин афтид, чанд қадам ихтиёр аз даст дод баъд дар бағали харсанге қарор гирифту аз ҷой хест. Оҳиста ба назди додар, ки аз “ ҷаҳишаш “ бародар мисли санги кӯҳ “ лол ” буд, расид.
Ҳарду гардан ба гардан, оғӯши ҳам бе овоз чу абри баҳор мегирис — танд. Ва бояд аз даридани абру рух намудани офтоб, шукронаи ҳақ ба ҷой оварданд, ки дидор бинанд.
Ва баъди соате чанд офисери харсавру ҳамсафарон сиҳату саломат роҳи пурбими ағбаро ба қафо гузошта, ба Камодон ва Эсизи чашминтизор расиданд.
Вуруди қаҳрамонписар ба Мастчоҳ аз воқеоти дурахшоне буд. Дар ҳар деҳ ӯро бо меҳру муҳаббати бепоён истиқбол намуданд. Эзис ба ифтихори зиндаву саломат бозгаштани фарзанди “ шаҳиди ” хеш табли шодӣ мезад.
Он рӯз баробари Гулузору Устотурсун ҳама пиру барнои деҳ, рӯдхонаи Зарафшон шеъру таронаи “ Наврӯзӣ ” — Наврӯз муборак ! замзама доштанд.
— Ёд дорӣ, Наврӯзмуҳаммад ?
— Ҳама дар зеҳн дорам.
— Пас аз чанд соли сарбозӣ зодгоҳро бозёфтам. Аммо дидам, ки нафаси шуми ҷанг то ба ин гӯшаи дурдаст расида. Бархе ҷавонону миёнсолон ба ҷабҳа рафта ҷоми шаҳодат нӯши ҷон кардаанд. Аммо марги Музаффар бароям басо дарднок буд.
— Ҳо, ҳамон Музаффари валади Мирзошоҳи Худгифи Соягӣ. Муллим будем ҳарду. Баробар ба ҷанг рафтем. Чи ҷавони донишманд, ҳусни маҳфилҳо буд. Афсӯс, сад дареғи он марди шариф.
— Бале, ҳазрат. Сад дареғ, ки басо азизон аз ҷаҳон рафтанд ба касофати ин ҷанг.
— Деҳу деҳистониёнро дар ҳоли қашшоқӣ дарёфтам. Гуруснаву нодорӣ. Чанд тан аз гуруснагӣ варамида “ нон ” – гӯён ҷон таслими ҷонофарин бинмудаанд.
Сарбоз ҳанӯз пероҳани низомӣ аз тан накашида , захмаш шифо наёфта, боре гароне бар ӯҳдаааш вогузор гашт.
Охирҳои фасли хазон аз соли 44 буд.
Аъзои колхозро ҷамъ бинбуда Наврӯзмуҳаммадро ба раисӣ пази- руфтанд. Рад накард.
Аммо гуфт:
— Падару модарон, бародару хоҳарони азиз, ҳаргиз аз касе илтиҷо накардаам, ки маро раиси хоҷагӣ хонад. Хилофи иродаи шумоён ҳарфе нагуфтам. Аммо мебояд, ки ҳама аз як гиребон сар берун орем, то колхози қафомондаву иқтисодиёташ заифу нотавонро пешсафу пурзӯр намеом.
— Оё барои расидан ба ин ҳадаф паҳлӯи ҳам буда метавонем ?
— Оре, ҳарчӣгӯед, мо дар хизмати шумо қарор додем раис, — баробар посух дод издиҳом.
Раиси колхози ба номи Сталин Наврӯз Раҷабовдар фаъолияти хеш тартиботи ҳарбиро, ки талаботи замонм ҷангӣ буд, пиёда сохт.
Ҳар субҳ шахсе бо зарби дасти оҳанин садои чархи фулодини мошин, ки назди мактаб устувор буд, баланд мекард. Ҳамон замон онҳое, ки мебоист фаъолият дошта бошанд, ҷамъ меомаданд. Ҳеҷ кас танбалӣ намекард, то дар назди халоиқ шармандаву шармсораш насозад раис.
Дар зимистон ҳам кассе ором набуд. Ҳатто дар сардиҳои туфкун – яхкун садои занг мардумро ба фаъолият мехонд. Зану мард машғулияти амале. Яке девори афтидаи боғе мебардошт, дуввумин аз киштзор санг мечинд, сеюмин ба майдонҳо шӯрхоку пору медаро — вард, чорумин яхоб мемонд. Ашхоси дигарро раис ба тагоб барои ҳезум мефиристод, то пирону барҷомондагон ва ятимону занони бепарасторро аз маводи сӯхт бениёз гардонад.
Баҳор рух намуд. Ҳаво гарм. Ба гандумзор об монд. Бале киштҳоро бо маслиҳати пирону деҳқонон “ сӯзонду ” сер аз об кард. Гандум пухт. Даравирд. Маъракаи хирманкӯби бо иштироки фаъолонаи хурду бузург сурат гирифт. Анбори хоҷаги, ки мушҳо солиёни зиёд аз набудани донае аз ғалладона ба қавле варамида мурда буданд, пур шуд.
Ханбаҳои мардум низ бори аввал баъди тантанаи сохти колхозӣ лабрези гандум шуданд. Нусрати деҳқанони хоҷагӣ дар саросари ноҳия вирди забон гашт.
— Чи гунна даст дод ин комёбӣ?
— Хеле осон ва хеле мушкил.
— Чи гуна?
— Он гуна, ки Худо дод.
Тирамоҳ барои кишт як дона гандум наёфтем дар қаламрави хоҷагӣ, аз ҳамсояҳо қарз гиртфтем. Кӯшидем, ки ҳар донаи ба замин рехтаро сабзонем. Бо инояти парвардигор тухмӣ бенуқс нашъунамо ёфт. Нагузоштем, ки ба яғмо равад.
Покизагӣ имкон дод то аввал қарзҳоро баргардонему аз ҳама муҳим мардумро аз вабои гуруснагӣ наҷот бидиҳем.
Пири ранҷур нафири хоб дорад. Ӯро осуда мегузорем.
— Амакам воқеан аз рӯзҳои авали фаъолияти рассашон низоми ҳарбӣ ҷори намуданд. Ҳоҷӣ Муллонеъмат вориди сӯҳбаб мешавад.
– Туфайли саъйи ишон мардум аз ҷилои Ватан ба хотири пайдои як бурда нон комилан даст кашид. Ҷанҷолу хархашаҳо, ки гоҳ – гоҳ аз ашхоси танбалу коргурез рух медод, аз байн рафт. Раис ҳамвора аз сӯҳбати кӯҳансолон бархурдор мешуданд ва маслиҳати ононро дар муносибат бо тобеан амалӣ месохтанд. Марди руҳшиноси варзида метавон гуфт амакамро. Бо ҳар фард он чунон ҳарф мезанад, ки боистӣ. Буданд инсонҳое, ки бо як ишора маънӣ мебардоштанд ва онҳое ҳам вуҷуд доштанд, ки то тунд нагӯӣ дасту рӯ намешустанд. Ба ин тариқа баъзан дастдарозӣ ба ғанаку долакандози колхозу ҳаду ҳамсоя низ аз миён рафт. Ҳама ҳалолкор шуд, Худо барака эҳдо бинмуд.
Амакам ба тарбияи аҳли хоҷагӣнизбештар эътибор медоданд. Худ ҳамвора меомӯхтанд ва онҳоеро, ки рӯ ба таҳсил дотанд, зиёдтар эҳтиром ба ҷо меоварданд.
Хоҷагӣ чуноне анбори холӣ ба раис мерос дод, ҳамчунин қӯтану оғилҳои холиро низ. Чорводорӣ ҳамбо қарзи мадади ҳамсояҳо пешсафу номовар гашт. Солҳое ҳам кам набуданд, ки ба рӯзи меҳнат бузу гӯсфанд ва ҳашто гови ҷӯшо ба оилаҳо ҳуқуқ дода мешуд.
— Апатун мурод додар, аз нодорӣ нагӯед, ки – иброз намуд апаи Рисолатмоҳ – ҳамсари Наврӯзмуҳаммад – раис ғами дигарро мехӯрданду андешаи хонаи худро фаромӯш месохтанд. Манн гӯему шумо нависед, то акотун чашм аз хоб кушодан.
— Гӯшам ба шумо, модар, бифрамоед.
— Бо амри тақдир соли 1945 – ҳамон соли серҳосил бо раис хонадор шудам. Чӣ ҷои дурӯғ, сарпаноҳи дурусте надоштем. Дар арвоҳаш мурам акои Саидшо бо мадади якчанд пирони деҳа бароямон хона сохта доданд.
Оре, апаи Рисолатмоҳ шавҳари хешро наҳ намезад, ганда намегуфт. Аз нақли ин модари меҳрубон дарёфтам, ки ӯ низ дар ҷабҳаи меҳнату зиндагӣ дар набард будааст.
Аз ин рӯ, зарур мешуморем нақли апаи Рисолатмоҳи шукргузорро манзури хонадони гиромиқадр бинмоем, то шояд пандпазир бошад.
— Банда додар, модари сенздаҳ фарзанд ҳастам шукри Худо. Аммо офаридгор се кӯдакамро бигрифт. Ба додааш ҳам шукр гуфтам, ба гирифтанаш низ навҳа оғоз нанамудам, пероҳан надаридам, бо панҷа рухсор чок накардам, то ба даргоҳи Худо гарон нарасад.Ҳар дам ҳамсарам мегфтанд. – Очаи кӯдако, фаромӯш накун, ки бузургон фармудаанд:

Шукр гӯӣ неъматад афзун шавад,
Гар нагӯӣ, аз кафат берун шавад .

Ин андарз раҳнамои зиндагиам буд.Раис ба ободии рӯзгори дигарон ғамхорӣ доштанду…
Ҳини арӯсӣ дар хонаамон аз моли ҷаҳон ду намуди кӯҳ надоштем. Вале баҳор омад. Кори саҳро оғоз ёфт. Баробари ҳама палмкаши намудам,то баддаҳанҳо таъна назананд шавҳарамрову нагӯянд ки :
— Чаро мо пору кашему зани раис дар хона хутошону пардоз дошта бишинанд?
Он айём техникаи асосии нақлиётӣ хар буд. Раис он намади хонаамонро ,ба устои тӯқумдӯз доданд. Хонаамон урён монд. Аз Ҳасани Эшон панҷ кило бузмӯ харидем. Апаи Норҷун духтари Муллоҳусейн аз он бузмӯйҳо бароямон гилем бофт.
Як кӯрпа доштем, кӯрпачаро орзу мекардем. Ба хона меҳмон ояд, зуд барои кӯрпаву кӯрпачаҳо ба ҳавлии окои Қурбонбоқи медавидем. Аммо аз нодори ба кассе лаб намекушодем. Вале ҳоли мо ба дигарон аён гашт. Азизмуҳаммаду Мирзосидамин ҳарду як кӯрпаги ба мо гӯё хона муборак оварданд, — ҳарчанд ки муздашро додем. Апаи Ағобико дегашро ба мо ҳадя кард. Аҳрори мадрушкади – ҳо ҳамон шофёри
олиҳиммат як деги дигар харида тӯҳфа намуд.
Ба хонаамон агар меҳмон ояд то гуселаш хеле азоби рӯҳи мекаши — дам. Чаро, ки ҳеҷ асбобу анҷом надоштем. Барои қабулу гусел маҷбур будем, ки ба ҳамсояҳо муроҷиат намоем. Худам як соғу доштам. Ба мани наврӯзгор апаи Ниёзбибӣ як чойник, як пиёла, бибии Бадалҷун, лаганд, аз Саидаҳмад, як карсун аз Устомаҳдризо «инъом» гирифтем. Косаҳоро бошад аз хонаи Қурбонбоқӣ «прокат» меовардем.
Қурут мепухтем барои меҳмонон аммо кӯза холӣ. Ҳамсояамон апаи Зубайдамо, илоҳи ҷояшон ҷаннат бошаб рӯғанам медоданд, кулӯлаи чойро ба зани раис духтари Мирзокарими Маҳадлатиф дароз мекард.

Шукри худо ин нодорихо зуд рафъ шуданд
То ба дилварзин омадани огили манн кариб холи буд.

Солҳои шастум Боҳиров сардори ҳукумат буд. Раисро миннат карда мегӯяд:
— Навруз, худат гов надори, бо кадом забон ба колхозчиён рӯзғордорӣ меомӯзӣ ? Нафаҳмидӣ, ки «мол дори ҳол дорӣ» гуфтаанд. Пагоҳ бояд дар оғилат гови чанбаршох бинам.
Соли 1962 мо соҳиби гов шудем. Аммо алафро раис аз хоҷагиҳои Марксу ба номи Ленинобод мехариданд.
Додари азиз, аз мохонаи раис ҳаргиз напурсед. Дар сандуқ ягон бор пасандоз надоштем .Шукри Худо кирмакпарвар шуда рӯи пула дидам. Даҳ бача калон кардам. Вале то дами нафақа ягон рӯз аз кори саҳро канор набудам.
Кори рӯзғорро ҳам шукри худо ӯҳда мекардам.
Ҳазор бор шукр мегӯям худоро, ки дар паҳлуи ин марди бузург хуш гузашт умрам бо ҳама бешу камаш. Ҳамсарам марде шикастанафас, фурӯтан, меҳмондӯсту сӯҳбаторо ҳастанд. Умри азизашонро дар хиз- мати халқ пушти сар намуданд. Мешуд, ки ҳафтаҳо ба хона сар наме- дароварданд. Аспакию пиёда тамоми қитъаҳои замини пахтаро шабу рӯз зери назорат доштанд. Ба хона танҳо риштароши омада, либосҳои арақдамидаю шӯшабастаро иваз намуда, боз ба саҳро рӯ меоварданд. Аммо ҳаргиз бе мутолиа набуданд, лакоту шалпар ба хона меомаданд. Хӯроки дӯстдоштаашон угрои сералафи бадӯғ буд. Модарам – Тан — зиламо домодашонро хеле дӯст медоштанд. Ҳар гоҳ раис ба хона оянд модарам косаи ош наздашон мегузоштанд. Бо иштиҳо таомро лабкаш намуда, даст ба китоб мебурданд. Байтҳои дилбозро гулчин намуда ба дафтарашон навишта азёд мекарданд. Баъд ҳар мисраъро ба ману
фарзандон гӯшрас намуда маънидод менамуданд.
Додар пургӯӣ кардам?
— Не, марҳамат, идома дихед.
— Чилу чор сол раис буданд. Аммо гоҳе ғамгину малул медидам ишонро, вале ҳарфе ба ман намегуфтанд. Боре пас аз се рӯз ба хона омаданд. Риш расида, чеҳра офтобсӯхта,лабҳо парсингбаста, ғута дар обу арақ, як остини курта нест.
— Ин чӣ ҳол аст, чо кардед ? Ягон кас задтун ? – худро дошта натаво- ниста гиристам.
— Ҳеч гап не, остинама саг даронд.
— Не, аз барои худо, ба сари баччаҳо гӯед ки чӣ шуд ?
— Ахмоқ, худоро шафеъ набиёр. Як обмони муттаҳам ҳақоратам дод.
— Наход бо ҳақорат остин дарад ? Било пагоҳ мебурому хунама дар сараш рӯшан мекунам.
— Хап шин, айба медунӣ ? Ман адабашро нағзакак додам, хез чой биёр. Як дафъаи дигар, додар ба хона омада худро касал сохта, се рӯз кор нарафтанд.
— Ҳа додош чӣ шуд ? Касал нестед, барои чӣ идора намеравед ?
— Тобам не, дигар хоҳиши кор надорам. Баъдтар фаҳмидам, ки котиби райком дар ҷамъомаде гуфтааст:
— Ман раиси қаҳрамонам гуфта ифтихор мекунӣ, лекин дар колхозат баъзеҳо гов медузданду чаро намебинӣ ? !
— Бар падари дузд ланат, идораҳои қудратиат дуздро ёбанду ҷазо диҳанд. Агар маро бо тудаи дуздон мансуб медонӣ, инро исбот кун, бародар ! – чавоб гуфтаанд раис.
Рости гап, шавҳарам ҳаргиз бо дурӯғгӯёну танбалон созиш надош- танд. Ва таҳаммул намекарданд ба ҳарфи сарвароне, ки айби худро ба шахсони дигар мепартофтанд.
Гоҳе ба мисли кӯдак гиристаанд. Шояд шарҳи ин раво набошад ба бачаҳо мегуфтанд:
— Фарзандонам, хоки поҳотон шавам. Панҷ вақт намоза тарк накунед, фарзандонатонро ба масҷид баред, дар назди уламо хононед. Коре на — кунед ки ба ман лаънат расад. Ба нафс амир бошед. Меҳнат кунед. Ҳалол хӯред. Ҳаргиз суханчин набошед. Бо хубон шишту хез кунед, аз паи ҳавову ҳавас умри худ барбод надихед. Ман аз осори гузаштагон пандномае бароятон таҳия кардам, аз руи он ба сар баред. Вагарна дастам берун аз гӯр.
Бумор сар аз хоб бардоштанд. Ва аёдаткунон хонаро пур карда бу — данд. Сурайёву Шарифамо аз сӯҳбати апаи Рисолатмо лаззат мебур — данд.
Мариз нӯшоба хостанд. Маҳадориф ба ишон шарбат дод. Муйсафед хушнуд шуда ба атрофиён назар афканданд.
Як – як ҳамаро ҳолу аҳвол пурсиданд, мисли он, ки дигаронро ба дидор рафта бошанд. Гуфтанд :
— Шарифомо, ба дафтаратон нависед:

Сад бор бадӣ кардию шарми ту наомад,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накар дӣ.
идома дорад….

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: