САРВОДАИ САРМАДИ (идомаи матлаб)4


Falling Apple
Он шахс дар идораи ҳукумат шумо – раисро озурд. Ин дафъа ояд навиштаи ҳозираро наздаш гузоред. Ғамгин нашавед бадро бадии хеш кифоят бошад.
Аксар ояндагон ба одоби аёдати бемор ончуноне мебояд, риоя доранд. Вале бархе барои худнамои шахси беҳолу ранҷурро бо лаҳни дағалу гӯшхарош садо баланд карда:
— Ҳо ако мегӯм, ки чуту ҳайед ? Шермард чашмҳоро акка кунондед – о. Набоядтун ҳам базӯр – базӯр хӯрдан гиред, як гап мешавад. Ин гап ба ҳеҷ касс аз шунавандагон мақбул набуда. Вале гӯяндаи “ донову хиранманд ” то дер чашм аз мариз наканда, ҷоя майда менишинад.
Банда акоро хеле хушҳол ёфтам. Ишон гулгуну хандон … Сабаби инро низ худам пай бурда будам. Дар роҳ мошиниҳокими вилоятро дучор омадам, ки бо сардори ноҳия С. Шарифов аз ҷониби хонаи Наврӯзмуҳаммад ба ҳаракат омада буд.
— Ҳокими вилоят Қосимов ба диданам омаданд, додар, суханҳои тасаллибахш гуфтанд, як пиёла чой гирифта рафтанд. Тӯҳфа ҳам оварданд. Муллошомирзо нависед :
— Устод бифармоед :

Афтодагӣ омӯз, агар толиби файзӣ,
Ҳаргиз нахӯрад об замине, ки баланд аст.

— Шарҳ диҳам ?
— Не, ако, мақсадатонро фаҳмидам.
— Саломат бошед.
— Устод, иншои хатмкунандаи мактабе ба дастам афтод. Муаллиф шуморо қаҳрамони шаш майдон хандааст. Вале марди ҳикматдон, устоди деҳқонон, падари меҳрубон, ростқавлу покниҳоду поктинат ситоиш кардааст. Ин ҳама суханҳо умумиву бедалел.
Устодро нафорид гуфторам, ки бо оҳанги норозиёна:
— Ман аз осмон ситора наовардаам. Ситораи тиллогине, ки болои синаи банда ҷило медиҳад бароям хеле муқаддасу пурарзиш аст. Вай азони манн нест. Он ситораи нерӯву қудрати халқ аст. Халқ – ҳамдиёрон дар майдони зери осмони офтобаш сӯзон, алайҳи ташнагӣ, маризӣ, гуруснагӣ, сардӣ истодагарӣ бинмуда алами Зафар ба ҷилва овардаанд. Онон – ҳамдиёрон – ҳамон эсизиву муждифиҳои сарлучу пойлуч буданд, ки аз паси ман ба корзор шитофтанд. Дашти ваҳширо мисли дигар масчоҳиёни сар то по ором карданд, ба худ мутеъ сохтанд.
— Ҳо додар, нек қазоват кунед. Гузаштагонамон ва мо худ алҳамдуллилоҳ аз дили ҷешилу санги кӯҳ ризқ рӯёнда мардумони дигар шаҳру навоҳиро аз чанголи марг борҳо раҳои бахшем. Ҳамту не, ё газоб меҷӯям ?
— Не, ҳаргиз, шумо ҳақед.
— Пас чаро аз дили хок зар нарӯёнем ? Албатта, осон набуд ободонӣ, азхудкунии дашт. Ҳама пиру барно қаҳрамонӣ нишон дод. Пас, ба навиштаҳои он нигоранда ҳаргиз розӣ нестам. Мабодо дар рӯзнома он навиштаҳоро чоп накунед. Агар муаллиф халқро фотеҳу қаҳрамон мегуфт…
— Марди хирадманд ҳаргиз таърифро дӯст намедоштанд. Аз фаъолияти ишон пурсон шавед, мегуфтанд: ин кардему он анҷом додем. Ва ҳамвора пеши назар ҷонфидоии аҳли диёру дигар ҳам — сангаронро меоварданд. Нашнидаам боре гӯянд: ин кардему он сохтам. На, худхоҳону манмангуёнро аҳли сӯхбат намепиндоштанд.
Аммо ҳамагон медонанд, ки муаллифи иншо, ки Наврӯзмуҳаммад Рачабовро дар шаш чабҳа қаҳрамон хонд ғалат нагуфт. Далел: 1 Ба ҳайси муаллим алайҳи бесаводи инқилоб дар равони ҳамдиёрон чиҳод дошт. 2 Алайҳи хунхории гитлерӣ ҷонбозӣ бинмуд. 3 Раиси колхоз ба номи Сталин. Тавонист як хоҷагии мардумонаш қашшоқу дар дами маргро аз гуруснагӣ раҳоӣ бахшад. Иқтисоди колхоз ғани гашт: ҳам гандум фаровон ҳам чорво афзуду хам хусули боғ зиёд шуд. 4 Фатҳи Дилварзин. Колхози “ Зарафшон ” дар ҷумҳури соле то 43 сентнер зар бардошт. 5 Ӯ директори савхози навбунёди “ Правда ”. Коргари тӯли панҷ соли сарварии ин мард ҳосили мислаш диданашу- да ба даст оварданд. 6 Бозгашт ба хоҷагии “ Зарафшон ”- и аз зараф — шонӣ монда. Ҳосилнокӣ, ки дар замони раисии ӯ 43 буд, ба 26 фуро- мад. Кашфи навбати дуюму сеюми азхудкунии Дилварзин.
— Бо ин таҳлили шумо ҳам чандон ризо буда наметавонам. Агар, ки пиру барно дар ҷабҳа баҳри саводомӯзиву пирӯзӣ бар душман, тараққии соҳаҳои хоҷагӣ, азхудкунии дашт якҷону яктан муттаҳидона бо азми комил корзор карду Раҷабови маъюб як фарде паҳлӯи онон ба табарзан ҳам мегуфт, хубтар буд .
Мирзо Нуров афзуд :
— Соли 1965 фармони раиси Сарвари Советии Олии ИҶШС дар бораи ба пешқадаманаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон додани унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ба табъ расид.Он ҷо номи Наврӯз Раҷабову Ҳоҷи Амиров ҳам буд. Баътар аз Иркутск яке аз қумондон- ҳои аскарони сурх, ки муддате дар Ревомутк қарор доштанду дар пахши ошӯбҳо ва барқароркунии Ҳокимияти Совети дар соли 1923 ҷангида буд, нома расид. Вай нигошта буд : манн дар ҳайратам, ки дар кӯҳистон, ки ҳаргиз ба пахтакорӣ мувофиқ нест, мастчоҳиён чӣ гунна “ қаҳраман ” эҷад намудаанд ? Шояд зери нохунак гирифтани кали – маи қаҳрамон барои аскари сурхи собиқ чашмбандиву қаллобиро мефаҳмонд ?
Вале номaнавис ғалат карда буд. Пеонерон – кашшофон чанд сурати қаҳрамонону манзараҳои Мастчоҳ ва ба води муроҷиат кардану қаҳрамони воқеи буданро бо далелҳо навишта ба он марди ба шубҳа уфтода, фиристоданд. Собиқ қумондон аз мастчоҳину қаҳрамонон узр хост.
Ба ҳамсӯҳбатам чой дароз кардам. Аммо дастам гӯё ҳайрон монд. Ҳазрат дар ҳоли хоб. Ба чеҳраи марди нурони вали аз дарди ранҷи ҷонкоҳ азиятдидаи пӯсту устухон шуда дида дӯхта, қиссаҳои аз ӯ шунидаам якояк пеши чашм ҳувайдо мегаштанд.
… Соли аввали раисӣ — 1944 барои ин мард осон набуд. Даст маъюбу докппечу ба гардан овезон, миён ҷароҳотдида, по тирхӯрда. Ба худ андешид : лейтинант, сарвар шудӣ, муаллим будӣ, эҳтиром доштӣ, ба ҷанг рафтӣ, сарбаланд боз омадӣ. Акнун ё аз ин имтиҳони роҳбарӣ — мартабаи падари халқ будан баромада метавонӣ ? Такя ба худову халқи вай кун, ки иншоолоҳ ноумед шайтон будааст.
Мӯйсафедони диёр самандеро бо зину лаҷом ороста ба назди раис омаданд :
— Мана додар, ин Ҷеран дар ихтиёратон, бисмилло гӯеду савор шавед. Пиёда нагардед.
— Дастам маъюбу – гуфт ба табассум ба ҳозирон.
— Боке не. Ҷеран меҳрубону гапшунав аст. Худованд кушоиш диҳад ба шумо …
— Раҳмат, аҷр аз худо бинед.
Раис бо азобе худро болои зин гирифт.Ҷеран гуё ҳама ҳоли худовандашро медониста бошад, наҷунбида гӯш ба фармон бурд.
Лаҷомро кашида, аспро чониби саҳро гардониду чу, “ чонвар “ гуфт.
Гандумзори кабкабуди аз замин қариб як ангушт боло қад кашида, зери курпаи барф ба ноз хоб.
Дарахтони урёнро наззора бинмуд. Гӯё маҳтобӣ гуфташ:
— Раис, ғам махӯр, ту тирамоҳ моро об додӣ. Баҳорон саропо ҳоли шукуфон бубин.
— Аз тухмавизу толқун турову ҳама паррандаву чарандаро иншоолоҳ, сер хоҳам кард, — гуфт Тут. Ва :
— Илтиҷо дорам ману манҳоро аз офати табардастони бедод эмин дор.

Саманд аз бағали чангали зирк кадам мезад.
Зикрхори азамати урён лаб ба сухан кушод:

— Эй марди шариф, ба поям бингар, диди паҳлӯи ман холист. Ин субҳдам шахсе чакманпуш бо зоғнул решаи ҳамсояам кофту бо худ бурд. Акнун бар асари кирдори он ноҷавонмард решаҳои ман низ озор диданд, ки дар вуҷуд эҳсосе дард мекунам. Агар бародар чорае наандеши мо ҳама нобуд мешавем, бо мавҷудотамон қирон хохад расид. Ва ҳусни диёр мекохад, бадтар аз ҳама охир мо дору ба ҷисму рӯҳем. Баргу тана, меваам ба ҳазор маризиҳо даво.
— Осуда салтанат намо, зирк. Ман тадбирҳои ҳифзи туву ҳамчинсо- нат хоҳам дид.
— Худо ҳофизат бод, марди дардошно.
Аспи роҳрав ногоҳ бозистоду гӯшҳояшро “ ҷур ” карду чап нигарист. Савора ба он тараф дида дӯхт. Чизе ба чашм нахӯрд. Вале донист ки касе бо табар ба дарахте бархӯрд дорад. Ҷеран ба ҷониби табардор чорхез давид.
Пай буду Ҳайдар не. Ҷисми Санҷиди пир, ки дар кӯҳистон Ҷигда- аш мехонанд маҷрӯҳ. Чанд шохи азим аз танаш мехобиданд. Танаи бедастмондаи дарахт мегирист .
— Шукри Худо, ки ту омадӣ дӯст, агар лаҳзае чанд дер мекардӣ он нобакор маро аз қаъри замин берун оварда, тӯъмаи оташам месохт.
— Иншоолоҳ туро Санҷид умри дубора мебахшам, маъюс мабош,
— гуфт марди савора.
Аз ин ҳол раис малул гашт. Шабонгаҳ чун одат ҳамаро ба маҷлисгоҳ хонд. Аз ин дидаҳо сухан кард. Гуфт : Агар боре навдаи сул ё шохчаи ҷӯробак бурида бинам, вайронкорро дар ин ҷо ба маҳкама мекашам. Ба ҳама қисматҳо дидбонҳо таъин намуд. Боғу роғ аз табоҳкорон наҷот ёфт.
Аммо Ҷеран аз лаҳзаҳои нахуст бо раис унс гирифт. Савора ҳай — вонро зулм нмекард. Ҳаргиз. Дар ҳаққаш ғамхор буд. Охир ин ҳайвони безабон низ ҷон дорад ва ҷони ширин барояш хуш аст.
Раис дар фазилати асп аз китобе хонда буд: Асп аз бехтарин ҷон- варони ҳасби сурат ва сират ба ҳар ранге бошад. Ва аз ҷамиъи ҳайво- нот ақлу фаросати ӯ бештар ва аз ҳама тезравтару шунавотар.
Ва ахлоқи некӯ дорад. Чун фармонбардорӣ ва зиракӣ ва риёзат. Дар шарафи ӯ ҳамин шофист, ки Рисолатпаноҳ (с) фармуда : Ал – хайру маъқудун бинавос – ил – хайли илло явм – ил – қиёматӣ, яъне некӯӣ баста шуда ба мӯи пешонии аспҳо, то рӯзи қиёмат. Ва низ он Ҳазрат (с) фармуда, ки малоик дар лаҳву бозӣ ҳозир намешавд, магар вақти бозӣ кардани мардон бо занони худ ва дар вақти асп давонидан ва тир андохтан. Баъзе уламо бар онанд, ки хилқати (сиришти ) асп пештар аз одаме аст. Ва гуфтаанд. Аввал касе, ки бар асп савор шуд, Ҳазрати Исмоил (а) буд. Пеш аз он аспон мусаххари касе нашудаанд.
Дар сӯҳбат ва мартабаи ҳайвонот сухан рафт. Акои Наврӯзмуҳаммад гуфтанд:
— Дар рисолаи “ Саёдия ” хондаам : Агар дандони асп ба кӯдак банданд, дандонаш бе садама барояд. Мӯи думаш ба ҷое биовезанд, пашшаҳо он ҷо наояд. Агар сумаш дар хона дафг кунанд, муш аз он ҷо бигрезад. Ва агар хуни асп дар гӯш чаконд, дард дафъ гардад.
Мулломаҳмад Азизов – аз дӯстони қаҳоамони мо вориди сӯҳбат шуд.
— Наврӯзмаҳаммад бароям мартабаи устодӣ доштанд. Соли 1970 раиси колхози ба номи Куйбишев интихоб гаштам. Омаданду табрикам гуфтанд.
Аз меҳр бо лаҳни “ Ту ” муроҷиат менамуданд, ки хушам меомад. Боре танбеҳам доданд :
— Мулломуҳаммад, тундӣ макун, додари ако.
Аз дуруштӣ дӯстон бигардонанд рӯ !
Марде, шикастанафсу фурӯхтан, орифу сарвае варзида мешинох- танд устодро.
Ҳар бор ба маркази вилояту ҷумҳурӣ сафар кунанд, дар бозгашт бо як бағал китоби тозаинтишор вориди хона мегашттанд. Дидаам басо сарварону зиёиёнро, ки танҳо барои намоишу пур кардани рафҳо адабиёт харидорӣ менамуданд. Наврӯзмуҳаммадро китобхона Дил буд.
Ёвагӯву абедонишонро аҳли сӯҳбат намеҳисобиданд. Рукегӯ аммо ҳақгӯ фарде буданд.
Пирамарди миёнақади ришаш мошубиринҷ ба аёдати бемор омад. Чеҳра барои аҳли хонадон ношинос. Нишасту аз мариз ҳолу аҳвол пурсид. Бо ишораи сар “ посухи ” шукр хубам, раҳмат мӯйсафед, хуш омадед” гирифт.review of the literature
Аёдатгар :
— Агар малол наояд, банда “ Ёсин ” хонда куф кунам. Шояд худованд ба дардашон даво бахшад.
— Кошки, дар даму нафасатон мурам, тақсир.
Бемор аз нафаси он марди бузург бо марҳамати офаридагор дар ҷисму рӯҳаш сабукие эҳсос бинмуд. Аммо пас аз рафтани ӯ аз фарзандон пурсид.
— Мӯйсафедро мешинохтед ?
— Не, надонистем.
… Наврӯзмаҳаммад ба дидани Абдурозиқ ( равонаш шод бод ) падари сармуҳосиби хоҷагии “ Зарафшон ” Боймурод, ба колхози ба номи Фирдавсӣ меравад.
Ҳамин мард низ ба он хона меояд. Пас аз Раҷабов мепурсад :
— Мугӯем, раиc, мана шинохтед?
— Чехраатон шинос барину…
— Не, нашинохтед. Аммо ман то дами марг наметавонам некии шуморо фаромӯш созам.
Ҳамсӯҳбат маънидор ба сӯи гӯянда назар афканд: Хуш бифармоед, агар ҳарфе хуш аст.
Солҳои баъдиҷангӣ. Гуруснагиву нодорӣ ҳануз домангири ҷомеа буд. Аммо бандаро нияти тӯи хатнаи писар ба сар омад. Аз Ӯротеппа биринҷ овардам. Ҳамаи маводи ба кори хайрро пайдо намудам, ҷуз рӯған. Шунидам, ки колхози ба номи Сталин равғани зағир мефурӯх- тааст.Рӯ ҷониби Эзис ниҳодам. Ба идораи раис даромадам.Ҷавоне
хушсурату пероҳани ҳарбӣ ба тан хуррам истиқболам намуду :
— Марҳабо, ако, агар ягон хизмате доред гӯшам ба шумо – гуфт.
Матлабамро баён намудам. Раис сар ба зер афканду ба андеша фурӯ рафт. Баъди лаҳзае сар бардошту сармусоҳибу мудири анборро наз- даш хонд:
— Меҳмон аз Сурхкат, исмашон Раҳматулло: Ба коре хайр камар бас- танд. Аммо мушкилоте доштанд: равған.
— Бо қарор фурӯши равғанро қатъ кардем- ку – авзуд сармуҳосиб.
— Дуруст мегӯед, — афзуд раис, — аммо меҳмонро ноумед бо дасти холи гусел кардан оё хуб аст ?
— Не албатта.
— Биёед қонуншиканӣ мекунем. Ҳочати мехмонро бароварда сохта, пас он амали қарорро риоя намоем.
Агар шумо бароям некӣ раво намедидед, маро роҳи ағбаи барфпӯшу душвор интизор буд.
Чун ин гуфт чеҳраи Наврӯзмуҳаммад ба сони гули намози шом шукуфта гашт.
— Хайрият “ чобаатонро “ холӣ нагузоштаам. Вагарна ин дам бади ним аср мегуфтед:
— Ноодам, маро ноумед гузоштӣ . Хандону хушҳол пир ба муҳосиб ба забони бузургмарде фузуд:

Рав некӣ бикун, ки даҳр некӣ донад,
Ӯ некиро зи некӯвон настонад.
Мол аз ҳама монду аз ту ҳам хоҳад монд,
Он беҳ ки ба ҷои мол некӣ монад.
Раҳмат додар. Аммо он рӯз байте гуфтед, ки ин буд.

То тавони ҳоҷати мискин барор
То барорат ҳоҷататро кирдигор.

Ба қавли ако Наврӯзмуҳаммад Мулло аваз қарзи фарзандпадарии хеш он чунон ки бояд ба ҷо овард. Тӯлӣ беш аз чор моҳи маризӣ то охорин нафас сари бистар паҳлӯи бародар қарор дошт. Муҳобот на- хоҳад шуд агар гӯем : аз ӯ дида касе беҳтар “ ташхисгаре “ аз ҳоли
Наврӯзмуҳаммад пайдо нест.
— Бародарам хурду калонро, қатъи назар аз он, ки ӯ дар кадом вази- фа фаъолият дорад, зҳтиром ба ҷой меоварад. Аммо худо накарда ҳарфе носазо аз касе бишнавад – ҳамон замон дар ҷояш посухе сазовор мегуфт: Колхози “ Зарафшон ” дар ҷумҳурӣ аз хоҷагии ҳосили аз хама баландгаринда буд. Роҳбарони ноҳия ҳар сол як ду сентнер ба ҳосили рекордӣ бор мекарданд. Ин амал косаи сабри раисро лабрез кунонд. Дар як ҷамъомади калон ба супоришгар бо ғазаб гуфт:
— Мо ҳосилро ба 43 – сентнер расонидем. Ин аз нақша беш аз даҳ. Инсоф кучост ? Имкони гирифтанаш 45 нест. Чаро дигар хоҷагиҳоро дида наметавонед ?
— Бардорад зам кун – ҷавоб гуфт котиби авали ҳизби ҳукмрони ноҳия.
Наврӯз паст омад :

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: