САРВОДАИ САРМАДИ (идомаи матлаб)5


Immigration Family 004
— Даллоли бозорам гӯед, майлаш ҳар он чӣ ба зобон ояд таҳаммул накунед.
Сарвар сархаму хомҳш монд.
Маҷлиси пленуми райком ҷараён дошт. Ба Раҷабов сухан доданд. Ишон ба лафзи модарӣ баёни матлаб намуд. Волков – котиби опком раисро аз гуфтор боз дошту талаб намуд, ки бо забони русӣ гап занад.
— Ман тоҷикаму ҷамъияти тоҷиконро сарварӣ дорам. Аз ин рӯ, бо забони русӣ сухан гуфтан зарурате надорад.
Волков бо оҳанги амр :
— Русӣ надонӣ дар ҷоят шин – гуфт.
Нотиқ ба нигоҳи нафратзо ба гӯянда нигоҳе афканду толорро тарк гуфт.
Дар маҷлисе дигар, ки раиси шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ А. Қаҳоров ширкат дошту аз Раҷабовро ранҷонидани Волков малул буд, вақти ба минбар хондани раиси қаҳрамон фармуд :
— Марҳабо, Раҷабов бо ҳар забон, ки мехоҳеду бароятон мувофиқ аст, сӯҳбат кунед.
Бархе аз сарварони тасодуфиву ноҷавонмард ба сари ин марди поктинату поксиришт ба иллти оҷизиву нотавонбинӣ, бухлу ҳасад борони бӯҳтон рехтанд. Ҷурми дасти чапро бп дасти рост бор кардани шуданд. Мақомоти вилояту марказ айбҷӯёнро фош намуда, “ гунаҳ – кори ” , нокардагунаҳро аз хатори “ мешинонем ” , “ парвандаи ҷинояӣ боз мекунем ” раҳои бахшиданд.
Ҷ. Расулов дар як ҷамъомади калон ба Раҷабов “ амр ” намуд, то дига- рон донанд :
— Раҷобов бу руҳи ҷанговарона бо аҳли фаҳми хеш қадам гузоред. Аз касе ҳарфи носазо шунавед ба манн занг занед. Он “адолатхоҳон ” фаромӯш накунанд, ки Наврӯз Раҷабови қаҳрамон ифтихори мост.

Чун ин бишнидам, он лаҳза байти зер, ки дар “ Хирадномаи Нав — рӯзӣ ” сабт ёфта, ёдам омад :

Магзор худоё, ки шавад ҳеҷ мусалмон,
Хиҷолатзадаи тӯҳмати нокардагуноҳе.

Рӯзе шавқи дидори устод Муҳаммадрауф Ғуфронов дар дилам ба туғён омад.
Муаллимро ғарқи дар тафаккур ва дар чеҳра истиробеву ташвише дидам.
— Хайру хайрият ҳаст, устод ?
— Худоро шукр додар.
Сиҳат саломат ҳастем. Навакак аз ҳавлии қудоям, ако Раҷабов омадам. Ишон дер боз бистарӣ, хеле харобу лоғар шудаанд. Ду рӯз пештар беҳтар буданд.
— Бале, акоро дарди ҷонкоҳе азият дод, гуфтам.
— Худованд шифояшон диҳад. Лекин сад ҳайф, ки ҳамингунаҳо аз дунё мераванд. Аммо мурдан ҳақ аст, додар Раҷабофҳо ҳаргиз наме- миранд. Аз рӯзгори ин касс ба хуби огоҳам. Ростӣ, вақте” Вафо ” – и
Ф. Ниёзиро хондам, ба худ ҳукм намудам : Муаллиф танҳо тағйири ном карда, симои ҳақиқии қаҳрамони ҷангу меҳнат Наврӯзмуҳаммад Раҷабови ҳамдиёри моро қаламдод кардааст.
Аз хурдӣ орзу мекардам, ки агар рӯзе сарварӣ дастам диҳад, аз Раҷабов пайравӣ хоҳам кард. Шукри худованд солҳои тӯлонӣ дар ҷамъияти мухталиф роҳбар будам. Ва агар амале нек ба ҷой оварда бошам, тақлиде аз пирам Наврӯзмуҳаммад Раҷабов будааст.
Фахр мекунам, ки умри хеш ба ройгон надодаам. Дар меҳмондорҷ надидаам, ки кассе ба Раҷабов баробар бошад. Дар фазлу сухандониву кор бастан беназир буданд. Боре писарам, Инъомҷон – домодашон дар тиҷорат кораш омад накарду аз бархе қарздор монд. Қариб шаш моҳ “ ғайб ” зад, то мардикорӣ карда, сармоя пайдо бикунад.
Ин муддат мани шармсор мекӯшидам худро аз чашми қудоям дурр созам, то нагӯяндам : — ҳа, Маҳмадрауф ҳунари келиндориат 7амин будаасту…
Аммо ҳама кор акси ҳол рух дод. Устод дар ғайбати домодашон моҳе ду дафъа ба хона омада, аз ҳоли мо хабар мегирифтанд :
— Қудо, — мегуфтанд – духтари манн бачагӣ карда, мабодо шумоёнро озор надодааст ?
Ва Танзиламо ҳушдор моданд, ки :
— Духтарам, агар аз ин хонадон дастаи ҷорӯб аз ту озурда гардад, манн шод нахоҳам шуд.
Худоро шукр мегӯям, ки монанд ба қиблагоҳам устоди бузургвор, падари ғамхору бофарҳанг ёфтам. Иқрор мекунам, ки гоҳе аз фазлу сухани хусур “ хиҷолат ” мекашидам. Агар кор ба “ байтбараки ” андарзпазир оид мегашт, пирӯзӣ ҳаргиз сӯи банда майле намекардам, — ифтихормандона мегӯяд Инъомҷон.
— Наврӯзмуҳаммад Раҷабов дар чанд ҷабҳа ба ҷомеа мартабаи устодӣ доштанд : дар бобои сарварӣ, деҳқонӣ, тарбия, оиладорӣ ва амсоли инҳо, — меафзояд устод Ғуфронов – ҳаргоҳ ба колхоз “ уполнамоч ” ояд худро ноҷӯр ҳис мекарданд.
— Аз паси он “ мададгорон ” қадам монда худ роҳгардиро “ гум ” мекарданд. Бегона ояду ба мо “ чунину чунон кун ” гӯяд бароямон нанги бенангист, — норозиёна мефармуданд Наврӯзмуҳаммад.
Бемор ба атроф кунҷковона дида дӯхтанд. Фарзандон, наберагон чашм ба падар, бобо : Ҳама дар интизори “ лабвокунии ғунча ” ва шамидани бӯи атргул.
— Зафар, — садо бароварданд устод.
— Лаббай, додо.
— Шукри худованд индам хушҳолам, Ку бачам, ҳадисе бигӯ, ташнаам.
— Чашм :

Рост рав, ки ба манзил наравад каҷрафтор,
Мор то рост нагардад, наравад дар сӯрох.

— Офарин, писарам. Аммо бигӯ, ки ин андарз аз куҷо ҳифз кардӣ ?
— Солҳои донишҷӯӣ. Аз “ панду ҳикматҳо ” .
Мӯйсафед хандида, бо шеваи шӯхӣ :
— Не, ҷон, ин мираъҳоро аз “ Хирадномаи Раҷабов ” гирифтаӣ. Агар вақти таҳия аз бар мекардӣ, кайҳо бароям мехондӣ. Мардона иқрор шав.
— Оре, ҳақ гуфтанд Раҷабов, — хиҷолатманд, вале шӯхона ҷавобдод Зафар.
Ба андешаи он ки пирамарди ранҷурро аз вартаи маризӣ лаҳзае берун кашем, байбаракро идома бахшидем. Банда ин матлаъ ба забон овардам :

Эй кабки хушхиром куҷо меравӣ, биист,
Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард.

Ориф бадоҳатан :

Тавозӯъ ҳам такабур ҳарду даркор аст инсонро,
Ба гул шабам, ба оҳан оташи сӯзон даркор аст.

Маҳадбоқӣ афзуд :

Зиндагонӣ роҳаташ дар ибтидою интиҳост,
Ё лаҳад ҷои фароғат ё канори модар аст.

Нодирамоҳ гуфт :

Нармӣ зи ҳад мабар, ки чу дандони мор рехт,
Ҳар тифли найсавор кунад тозиёнаш.

Маҳадшариф аз ҳарфи Бедил :

Марги дарёдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ агар хомӣш гардад, доғи маҳфил иешавад.

Сухан аз Мавлавӣ, гуфт Танзиламо:

Зоҳиру ботин агар бошад яке,
Нест касро дар наҷоти ӯ шаке.

Шукур садо дардод :

Бо бад манишин, ки сӯҳбати бад,
Гарчи покӣ, туро палид кунад.
Офатеро ба ин бузургӣ,
Порчаи абр нопадид кунад.

Фаритамо низ :

Чаро парвоз кардӣ дар фазои худписандиҳо,
Ба пастиҳо назар андохт бояд аз баландиҳо.

Ҷумъабой сар бардошт :

Синае аз хонаи оина дорам поктар,
Ҳар чӣ ҳар касс оварад, бо хеш меҳмонаш кунам.

Азизмаҳмад, — набераи устод, он бачаи закмтабъ мегӯяд : — Ба такрор аз забони бобои бузургворам шунидаам :

Ба савганди норост макшо забон,
Ки дилро газанд асту ҷонро зиё.

Устод ҳозирин – фарзандонро баҳрисозмондиҳии базми шеър шодбош гуфта, бо ин ду мисраъ андарзхониро ҳусни хотима бахшиданд :

Сидқ меод ба ҳар коре, ки ҳаст,
То фитад домони мақсудат ба даст.

— Бале, ҳазрати Мавлоно, Абдураҳмона Ҷомӣ барҳақ фармудаанд, — ба тафсиру шарҳи маънӣ пардохтанд. – ако Наврӯзмуҳаммад пиёлаип чой ба даст бигрифта. – Бигиред фатҳи Дилварзинро. Агар кӯҳистониён бо азму яктан амал намекарданд, чӯлистон, хористон, макони ваҳш, ҳаргиз ба Инсон сари таслим фуруд намеовард.
Марди набард оҳе кашид, чашм ба нуқтае ноаён, “ насб ” бинмуд ва мутафаккиру хамӯш буд.
Оре, ҷангсолор чу ғаввосе “ дамдор ” дар қаъри дарёи ҳодтсаҳо, амалиётҳо, бурду бохтҳо, шодиву ғамҳо “ даступо мезад. Он ҳама ҷон- бозиҳои ҳамдиёронро дар роҳи ба гулистон бадал сохтани дашти лабташнаву синабирён пеши назар меовард. Ӯро гузашта ёд омад.
Наврӯзмуҳаммад раис буд. Раиси хоҷагии овозадори ба номи Сталин. Ҳаргиз наметавонист соли авали раисиаш аз зеҳн зудояд. Аб — ри ҷанг болои Эзиси фарсахҳо дур аз ҷабҳа борони бадбахтӣ рехт. Нон тухми анқову шири мурғ буда, гӯӣ. Року ашкаки роба, шилму корав, барги хору торон, орд пӯчоқи донаи зардолу хӯроки маъмули деҳотиён будааст. Гуруснагӣ ашхосе чандро ба гӯристон бурд. Шукри худо маризиҳои ҷанг шифо ёфтанд. Шарофати роҳбарии ӯҳдабароёни қаҳрамони набарди алайҳи фашистон хоҷагии иҳтидораш заиф дар сафи пешқадамон маскан гирифт.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ нимаи дуюми солҳои панҷоҳум муҳоҷирати кӯҳистониён ва Дилварзин оғоз ёфт. Аммо таъкид менамоям, ки ҳиҷрати марди кӯҳистонӣ ба водӣ ҳарчанд он замон дарднок буд, вале амале шоиста ба бор овард. Акнун манзараи он айёмро ба ҳадди тавон пеши чашми хонанда ба ҷилва меорем.
Ҳар оилаи ба макони нав азми сафардошта, бо “ иродаи ” хеш анкета пур мекард : “ Ман фалонӣ валади фалонӣ бо хоҳиши худу аҳли байтам, қасди кӯч ба Дилварзин дорам ” . Ҳақиқат на чунин будааст. Ҳукуматдорон бо такя ба нерӯҳои қудратӣ — милиса, додситониву додхоҳӣ аввал фаъолонро – соҳибони ҷоҳу мансабро равони Дилварзин намуданд. Мсъулони муҳоҷиркунонӣ дар ҳар деҳи кӯҳистон бешармона мегуфтанд бо овози баланд :
— Чун по ба макони нав гузоштед, шуморо хонаҳои ободу муҷаҳ- ҳаз, мактабу бемористону кӯдакистон ба оғӯш хоҳад гирифт. Мағозаву чойхона, сартарошхонаву ҳоммом ва амсоли ин омода ба хихмататон хоҳад буд.
Аз издиҳом касе садо дод, ки :
— Банда тарки макони аҷдодӣ бинмуда, ба Дилварзин меравам.
Ниҳоят сиёсати диктотурӣ пиёда гардид. Дар баъзе кишлоқҳо “ миёни ” хонаҳо – он вомондаҳои бобоёну бибиёнро бо сим баста ба мошинҳо пайваста, ба замин яксон сохтанд. Гарданшахон сили хӯрданд. Дар баъзе маҳаллоти дигаре, ки аз роҳи мошин дур воқеъ буданд “ шавқату раҳми ” камандаи “таъиноти махсуси ” муҳҷиркунонӣ бо зоғнӯл бомҳоро канда, манзили ободро ба чордеворе, ки баъди бомбабронкунии фашистон дар манотиқи ҷангзада боқӣ мегузошт, табдил доданд.
… Тағоймурод азбаски қисмати кӯли муҳоҷирин яксон буд, ( ин номи шартиро аз он корвониён пазируфтем) бо хешу ақрабову аҳли оилааш бо дидаи гирён савори мошин роҳи водӣ пеш гирифт.
Пеш аз ҳаракати мошин масъули ҳукумат ба дасти Тағоймурод қоғазе доду гуфт:
— Ин, анкета, мувофиқи ин ҳуҷҷат ту азми дил ба азхудкунии дашт меравӣ, даҳ сол бояд дар футӯҳоти чӯл камар бандӣ, баъд чор тарафат қибла, ҳар ҷо, ки хоҳӣ бирав.
Марди муҳоҷир беэътиётона ба гӯянда нигаристу фузуд:
— Ба ҳарфи ту ҳаргиз бовар надорам. Иншооллоҳ руху арвоҳи гузаштагон туву думравонатро барои ин ҷиноят, ки манзили халқро хароб кардед, хоҳад зад. Ман ин ҳамаро аз Худо медонам. Агар аз мо бандагони осӣ ҷурме намегузашт ва арвоҳҳо намеранҷиданд, касе кодир набуд, ки лонаи гуҷишке хароб кунад.sahara_desert
Корвони мошинҳо деҳоти фалғариёнро ба ақиб гузошта, шабонгаҳ ба домани ағбаи Шаҳристон расид.
Мошинҳо чун қатораҳои боркаш паси ҳам боло аз Хушекат бозистоданд. Марди пиру асобадаст бо душворие аз сандуқи мошин ба замин фуромад. Комташро рост карду дар даст кафлеси чубӣ ҷониби дарёчаи шӯхоб шитобид, то барои ҳамсари маризаш об орад.
Баъди лаҳзае бо кафлеси пуроб оҳиста – оҳиста ба тарафи мошин омад. Кафлесро боло бардошт. Зани пир ба поён даст дароз кард. Сараш гаранг. Пеши чашмонаш сиёҳ, гӯё кӯҳҳову сангу дарахтон ба назараш ба ларза омаданд. Кафлес аз дасташ афтод. Аниктараш бигӯем зани бемору беҳол, ки аз бӯи бензини нимсӯхтаи дар умраш надида, дилаш “ кофт ” – қайд кард, хӯрдаҳо аз даҳонаш берун омданд, ё тавони бардоштани кафлеси пуробро надошт.
Пирамард ноилоҷ ба тарафи рӯдак қадам ниҳод бо чеҳраи ғазаббору зери лаб ғур – ғуркунон.
Бозмондаи автомабилхо дарди сафаракиҳоро гӯё бедор кард. Ногоҳ садои ташвишу истиробангези марде баланд шуд, ки мегуфт:
— Ягон мулло ҳаст. Бачама тарс гирифтааст, нафасаш кунед, аз барои Худо шитобед, кассе Қуръон мехонад. Тағоймурод марде буд, ки чанд ояте ғаз каломи шариф ҳифз бинмуда. Аз баҳри савоб зуд таҳорат сохту сари бемор омад. Каломи Худо ба забон оварду бачаи беҳушу ёдро куфу суф намуд. Пас аз дақиқае чанд кӯдак чашм кушод. Модар аз гғяти хурсандӣ, аз рухсори чун себи гулоби сурхи писар бӯсиду пистон ба даҳони тифл монд.
— Илоҳӣ барака бад, бобо. Дар курсиҳотун мурам, арзи миннат — дорӣ намуд.
Ронандагон ба “ халқи ” мошинҳои аз пубори ташнамонда об рехтанд.
Офтоб кайҳо паси қуллаи ағба ғайб зад. Чодари сиёҳи шаб дар дараи танг доман густурд. Баробари он хунуки – боди сард роҳиёнро, хоса кӯдакону пиронсолонро азият медод.
Шаб зулмониву пурбим. Бархе ҷонибдори он буд, ки корвон ба роҳ дарояд. Гурӯҳе пофишорӣ дошт, ки ин ҷо шабро ба рӯз орем.
Ниҳоят, сорбони корвон тасмим гирифт, ки таваккал ба Худо ба сафар идома бахшем ва сиҳату саломат ба он тарафи ағба гузашта, пасон соате чанд ғанаб равем. “ Ғанаб ” рафтан ба ронандагон зарур буд. Ба онҳое, ки рӯи сандуқи автомобилхо манзил доштанд ин нуқта аҳамияте надошт. Зеро онон метавонистанд бо “ аллаи ” мошин пой дароз карда фароғат бикунанд.
Барои ронандагон ин хеле аҳамиятнок буд. Чаро, ки аксари онон то ин дам фақат дар кӯчаву хиёбонҳои мумфаршу ҳамвори шаҳр мо — шин медавонданду шебу фарози ағба, каҷгашти роҳҳои пурбими кӯҳистонро бори нахуст медиданд.
Аз ин рӯ, бисёр ронандаҳо ҷонибдори он набуданд, ки дар ин зулмат ба қади ағба часпиданд. Вале аз сафари рӯзона ҳам дар бим буданд, ки мабодо оби радиатор чушаду мошин “ ҳаставу нафасгир ” шавад.
Баъди соате чанд ҳашт мошин қулларо “ фатҳ ” намуда, ба поён хамид. Акнун бо ҳамон суръат дар масири рӯ ба нишеб автомобилҳо “ нола ” надоштанд. Соате нагузашта, корвон дар домани ағбаи Шаҳристон “ лангар ” гирифтан. Саманди вақт ҷониби саҳар шитоб дошт. Мусофирони ин ҳашт мошин дар ҳоли фароғат буданд. Аммо калонсолон чашм аз роҳ наканда азозони худро интизорӣ доштанд.
Дар осмон ситораҳо базме ороста, сӯи ҳам ба чашмакзаниҳо “ сухан “ мегуфтанд. Моҳ миниртар буд. Дуртар аз меҳмонони ағба, рӯи қуллаи сиёҳи бадҳайбати самти шарқии кӯҳи арчапӯш абрҳои парокандаи хокистарӣ манзил доштанд. Аз ҷониби ғарб боди сарду нарме вазида бӯи мушкбези рустаниҳоро дар замини кӯҳ рӯидаро ба машом мезад.
Аз боло садои мошини ба пастӣ рӯ ниҳода аҳён ба гӯш мерасид. Вақти аз роҳи рост ба каҷгаҳ гаштан нури чароғи мошинҳо дили зулматро шикофта, ҳама ҷоро рун рӯз равшан менамуд. Аммо баъди лаҳзае боз дар дара лашкари торикӣ ҳукумат менамуд.
Пас аз нигарониҳо ниҳоят боз се мошин ба “ меҳмонхонаи ” ағба ву- руд кард. Ҳафт автомобили дигар мебоист ҳамин замон ояд. Апқти зиёде нагузашта, шаш мошин сиҳату саломат ағбаро убур намуд. Сорбно аз ронандаи охиромада сабаби аз корвон мондани он мошинро пурсид :
— Аз ҳама охир манн будам, — гуфт ронандаи тақрибан панҷоҳсола, дуди стгор аз даҳон берун карда ва илова намуд :
— Беҳтарин мошинҳоро дурустар тафтиш намоед.
Оре, Сорбон саҳв накарда буд. Баъди сухани ронанда рӯи дили он мард пардаи яъс пӯшонд : Ҳодисаи нохуш рӯй додааст – аз дил гузаронд.
Мард дар тахмини худ хато накарда буд. Дар хамгашти дуюми ағба мошини пурбор, ки аз ақиби қофила равон буд, дучори фоҷиа гашт. Ронанда, ки фармони автомобили кӯҳнаро ба ӯҳда дошт, ҳини ба поён роҳ пеш гирифтан хобаш омад.
Дақиқае чанд ба беру номад аз кабин, сигор кашид, ҳаво хӯрд, шамоли берун ба ҷисму ҷонаш таъсир кард , хобро аз худ дурр сохт.
Ин дам дигар мошинҳо аз ӯ хеле дурр рафтанд. Автомобил ба пеш хазид. Вақте аз хамгашти дуюм ба поён гаштанӣ шуд по ба тормоз бурд. Аммо … Он қисмат аз ҳоли итоат берун, фаъолият қатъ. Ранг аз рухаш парид. Лаҳзае худро аз даст дод. Вале пирамарде, ки пахлуяш хоб буд, холи ногувори ронандаро эхсос карда натавонист.
Ронандаи кордида худро ба даст гирифт. Фшнангро иваз кард, аммо суръат суст нагашт, томоз “гапношунав”.
Ҳаёту мамот дар ҳолӣ набард. Чӣ бояд кард? Ягона умеди наҷот ба чҷниби кӯҳ ба самти чап бархӯрдкунонидани мошин буду халос.
“ Даҳони ” автомобил бо шаст ба кӯҳ бархурду лаҳзае аз гуфтор монд, баъд саллаҳо ба қафо гаштанд. Ин дам фиғони саворон баланд шуд. Касе натавонист мошини ба лаби чҷрӣ равонро боз дорад. Мошин аз роҳ баромада рӯи бурси хурдакак, ки чун арӯс зебо буд,
чаппа шуд, ду ғел заду аррачағҳои поёнии онро боздоштанд.

Марду зани саворони оила яке сар ба харсанг хурду дигариро тобае ба қалб он чунон зад, ки пас аз лаҳзае нолаву авгон чашм аз ҳаёт барбастанд.
Ду кӯдаки яке чаҳору дигаре ҳафтсола бо ронанда сабук захм бардошта, зинда монданд.
Дамодами субҳ вақти чодари тираи шаб бо “ фишори ” пури хуршед бигрехт, ҳамсафарон аз фоҷиа огаҳӣ ёфтанд ва захмиёнро ба бемористони Ӯротеппа бурда, мурдаҳоро – зану марди ҷавонро ба дили хоки заминаш бесанги Дилварзин – макони нав манзил доданд.
Ҳанӯз ба чӯлистон нарасида, муҳоҷиронро ин рӯзи сиёҳ пеш омад. Шумхабар зуд ба кҳҳистон ба гӯши онҳое, ки мебоист рахти сафар буданд, расид. Кассе баъд майл ба ҳиҷрат накард:
— Ни чего подобно, врйна без патер не бивает, — гуфт масъули муҳо — ҷиркунонӣ ва мардумро мисли гунаҳкоре, бадномшудае, дар марзу буми аҷдодҷ бегуноҳе, ҳуқуқи зиндагӣ надоштае, иҷборан рӯи сандуқи мошинҳо чун колае “ ҳаво ” дода.
— Ба пеш, — амр менамуданд ба ронандаҳо.
— Майлаш, додар, ба ҷону дил кӯч мебандем. Ленкин чашм ба роҳ, асту дасту пои вазнин дорад, худо кушоиш диҳаду баъди ҳарфе чашмаш рӯшан шавад, худам мошин киро карда, ба Дилварзин меравам, — илтиҷо менамуд марде ба намояндаи ҳукумат.
— Не, рафиқ зани манн ҳам ҳомиладор аст, кассе ҳуқуқи таъхир намудан надорад, меравию халос, пагоҳ не, балки имрӯз ҷӯлу пҳстакатро бардори ба нағзӣ бирав, — бо лаҳни тунду дағалу таҳдид суханро ҷамъбаст кард вакили давлат.
Он мард ноилоҷ ҳамроҳи хешу табор, ҳадду ҳамсоя бору кола рӯи мошин ҳаво доду бо азобе ҳамсари маризашро дар сандуқи автомрбил ҷо кунонд.
— Худо накарда,ҳодисаеногувор ба ҳамсарам рӯй диҳам, к ибо ту фасонча баъд ҳисобу китоб мекунам, — ба вакил рӯ оварда вақти падруд ба зодгоҳ гуфтаму ҳини ба ҳаракат омадани автомобилҳо.
Вакил худро бо карӣ кашиду вонамуд сохт, ки ин хушдор нашнид, як каф нос ба даҳон партофту бо шахси дар паҳлӯяш буда бо табассуми сохтаву ноҷӯр – сак маккад гуфту ба ронандагон амри ҳаракат дод бо ишораи даст.
Бо ғурриши садои мотор навҳаи зану мард, хурду бузург дар фазои деҳ паҳн гадид. Баробари сокинони ин маҳал – ронандагону бошандавгон гӯё сангу чӯб, хору хас, кӯҳу нара, рӯдхонаву чашмаҳо, паррандаву чаррандагон аз дарди ҷудоӣ ба сони абри баҳорон мегиристанд. Ҳама азодор, мотамзада, ҷигарбандталафдода аз азизе умрбод ҷудо гашта, нолаву афғонашон ба осмон мехӯрд.
Сбҳи рӯзи дигар мошине, ки рӯи сандуқаш он марди озордидаву ҳамсараш мариз аз ҳамсафарон хеле дертар дар назди чойхонаи Гули Сурхи Ӯротеппа бозистад.
— Об мехоҳам, додош, — ба шавҳар рӯ овард зан, ки забонаш парсин- баставу ранг аз рухаш парида буд.
Марди шофбурут ҷисми хеш ба поён ҳаво дод, сҳи чойхона давид.
— Як пиёла об, ако – саломро гӯё фаромӯш кард, гуфт бо ҳаяҷон ба чойхонадор.
— Ҷӯи пуроб, ӯар қадам хоҳӣ бинӯш.
— Як чойник чой диҳед.
— Ҳа, чой менӯшам, гӯед.
— Ҳо чой мехӯрам, — бо ҳаяҷон такрор намуд.
— Чойнику чою пиёларо ба даст аз дар берун по ниҳодан баробар :
— Ҳой, мардак, шаҳр дарвоза дорад, чойникро ба куҷо мебаред, баргардед, ба берун бурдан мумкин не – садо баланд кард чойхонадор.
— Бемор дорам, ако, илтимос мекунам.
Беморро биёред, ин ҷо дам гирад – гапро ба дароза кашид.
— Вай роҳгардӣ наметавонад ?
Инаш кори ман не. Нахоҳед чойникро монда равед.
Пирамари нуроние, ки рӯи кӯрпача нишаста ин ҳолро шоҳида мекард, аз рафтори ноҷавонмардонаи соҳиби самовор ба ғазаб омаду :
— Ту одам — мӣ, бӯи мусалмонӣ дорӣ ?
Ин мард маълум, ки мусофири бемор дорад. Чойникатро намехӯрад – ку !
— Равед ба беморатон чой диҳед, — ба меҳмон гуфт он пир.
— Мана, чой овардам – гуфт пиёла ба ҳамсар дароз карда.
— Ман касал, бо гилем, рум чодар кашед – ба нола дар ҳоле, ки ба худ мепечид, садо баровард зани ҳомила.
Дере нагузашта гиряи тифли нав ба дунёомада дар фазои сандуқ танинандоз гашт.
Мард аз пешонии зани қариб беҳуш бӯсиду, ашки дидагонаш мисли борони сел равон шуд : Ин ҳам ашки шодӣ буду ҳам ашки кину ғазаб,дарду алам. Шодӣ буд, ки тифлашро солим ба даст овард, мушкили занро Худо осон намуд. Ғазаб буд, ки таҳқир буд, намояндаи ҳукумат суханашро ба замин зад, ба қисмати оилааш бетараҳҳуму бетафовут муносибат дошт.
Ронандаи автомобил марди тақрибан 40 – 45 солаи рус аз ҳодисоти рӯи сандуқ рухдода огаҳ буд. Падари навзодро шодбош гуфту афзуд :
— Опбоем, когда будем дома, обязатенльно випим.
— Худо хоҳад випид мекунем, молодой челолек, — ба чеҳраи хандон оби чашм пок карда, гуфт мард.
Занро чой нӯшонд.
— Духтарчаро Сафаргул ноа мегузорем. Ин дар роҳи сафар мӯъҷизаи худост. Яъне сафарамон гул ба бор орад, — ба занаш дида дӯхта иброз намуд. – Дар мӯҳои сарат мурам, худата суст напарто, қарибба макони нав расидем.
Муҳоҷирон шоҳроҳи мумфарши чун дили даст ҳамвори Ӯротеппа – Хуҷандро ба қафо гузошта ба тарафи чап гаштанд. Рӯдҳои Сайҳунро убур бинмуда қад – қади канали “ Тоҷикистони советӣ ” бо роҳи чақар – чуқури кӯҳи Меваӯул сӯи дашт равон гаштанд.
Ҳар қадар ба чӯл наздик шаванд гӯё ба қаъри танӯри тасфон вуруд мекарданд, ки ҳамон қадар сӯзиши офтоб бештар эҳсос мегардид.
Мошинҳо ҳидояти масъулони хоҷагиҳо назди чордеворҳои беболопӯш қарор мегирифтанд. Марди шофбурут навзодро бо модараш оҳиста аз автомобил поин овард, баъд дигар фарзандону бору бӯғчаашро низ.
Вориди хонаи ваъдагӣ, “ муҷаҳҳаз ” шуд, се дар хона бе дару тереза, сақф – осмон. Тарбуз аз бағали мард ба замин зад. Тозон назди ка- лонҳо рафт.
— Манн кӯдаки новзод дорам, зери он деворҳо бе сарпаноҳ дар ин офтоби бадансӯзҳоли мо чӣ мешавад ? !
— Ҳамаи хонаҳо ҳамин хел бародар, ба тақдир тан диҳед. Мард ноумед ба назди зану фарзандонаш омад. Худро дар зиндон эҳсос дошт. На обе ва на бурдаи нон аз гулӯяш намегузашт. Мушт бар сар мезаду мегуфт :
— Худоё, худовандо, оё аз мо чӣ ҷурме гузашт, чӣ нофармоние ба ҷо овардаем, ки мо – масчоҳиёнро ба ғазабат гирифтор кардаӣ ? !
Рӯзи дигар марди шофбурут ба саҳро баромад. Пешдоман басту аз субҳ то шом нӯҳ кило пахта чид. Шабонгаҳ бо устоҳо як хонаро тол кашиду соябоне бари кӯдакон соз кард.
Баъди ҳафтае ба бародари мӯйсафеди камардараш ба ин мазмун нома навишт :
“ Ассалому алейкум, ако, моён сиҳату саломат ба Дилварзин ра- сидем. Ба макони сари зист таъин шуда нарасида, дар роҳ соҳиби меҳмони нав гардидем. Номи духтарчаро Сафаргул мондем.
Аҳволамон хеле вазнин. Офтоб баданро месӯзонад. Аз дарахт ному нишоне нест. Оби нӯшокиро аз бочкаҳо менӯшем: гарм, халлуче, ки ба гову хар медонем сад бор аз он ширинтар астю Аз ваъдаҳои калонҳо ному нишон нест. Хонаҳо бом надоранд. Шаб вақте ки офтоб нишаст, лашкари пашша ба сарамон ҳамла меорад. Бе сипар – пашшахона зиста наметавонем.
Бархе даруни гӯрҳои калон – заминканҳои пур аз қурбоққа зиндагӣ ба сар мебаранд. Ҳезум нест, ки нон пазем. Ширу ҷурғот ба хоб меби- нем. Ҳанӯз барои мактабу бемористон таҳкурсӣ бино нашудааст. Он ваъдаҳое, ки дар анкета буданд – хонаҳои барҳаво, шароити хуби маишат, пули изофагӣ… танҳо дар ҳамон анкета монданду халос.
Танҳо як чизаш — рост чӯл. Хористон аст ин ҷо, ватани мору баққаву пашша .
Аллакай аз пештар омадагон се кӯдак бар асари гармиҳо — аз ташнагӣ тарки дунё намуданд.
Ако, агар тавонед, баҳонаву сабабҳои мӯътамад пеш ореду ҷои гармотонро хунук насозед. Аз барои худо ин ҷо лонаи ба марг маҳкумшудагон асту басю Наоед ” .
Нома ба бародар расид. Бародар сатрҳои пурдарди фарзанди падар бихонду он шаб натавонист то саҳар осуда хоб равад. Субҳи рӯзи дигар худ мшин хосту бо аҳли оила зиндагиро дар ин биҳишт ҳаром хонд ба кулли ҳамдиёрон.
Марди рӯзгордида гуфт : — моро бо шиканҷа бо ҳарфҳои дурӯғин ба ободӣ, бо фатҳи чӯл бурдаанд. Меояд, ки марди масчоҳии сар то по ор чун Рустаму Исфандиёр ва Наврӯзҳо майдондорӣ кунем. Қаҳрамон он аст, ки аз хористон гулистон бисозад.
Наврӯзмуҳаммади раисро дар Дилварзин ҳамин тавр касе калиди хонаи дакаданг ба дасташ надод. Марди донишманду ояндабин муҳоҷиратро пазируфт. Аз аввалинҳо шуда ба чӯлистон омад. Дигарон ба ӯ пайравӣ карданд. Фақат аз он ки роҳбарони беадолат ба мардуми меҳнатӣ зулм раво диданд, худро маломату сарваронро дар дил нафрат мехонд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: