САРВОДАИ САРМАДИ (идомаи матлаб) 6


Cotton field
Ба ихтиёри колхози ба номи Сталин рo қадар замин расид, ки бештар аз заминҳову кӯҳҳои Эзису Муждиф буд. Гуфтанд, ки пахта кор.
Ҳамаро аз сифр шурӯъ кардан рост омад. Ба худ андешид : бо забони оташ дар майдон будам. Шукри худо пирӯз гаштам. Хoҷагии қафомондаро бо мадади худову меҳнати софдилонаи халқ пешсаф намудам. Кӯҳистонӣ тавонист аз дили санг рӯзӣ рӯёнад. Чаро аз хок пахта нарӯёнад ?
Банда ҳанӯз размандаам ва садҳо зану марди раммовар дар паҳлӯ дорам . Иншооллоҳ нерӯи халқ метавонад. Парчами пирӯзӣ бар фарқи Дашт парфишон созад.
Соли – аввал – 1956 бо мадади деҳқонони пахтакори вилояту ҷумҳу рии ҳамсояи Ӯзбекистон пунба ба замин зери хок сохт. Чигит неш зад. Ягона, хишова, сӯзониду обу ғизо, чеканча, заҳрпошӣ, нармкунӣ аз қаду бар, баргрехонӣ — сармояи сунъӣ ва ниҳоят чидану ба давлат супоридан ҳамаро омӯзтанд.
Раиси деҳқанзода ин тадбирҳо нек омӯхт ва ба дигарон – ҳамдиёрон омӯзонд. Медонист, ки имрӯзу пагоҳ мададгорон мераванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тракторчӣ, обмон, аграном, инженер – муҳандис ин ҳамаро бояд аз худиҳо мутахассис тайёр намояд.
Мешуд, ки Ҷеранро, ҳо ҳамон ҷеане, ки ҳар ду кӯҳу пуштаи колхозро дар Масчоҳи кӯҳистон шабу рӯз гашта,аз пешрафти иқтисодӣ мусоидат дошт, дар алафзоре баста, худ пиёда нашъунамои пахтаву бедаву гандуму макка, лаблабуву дигар зироатҳоро медид, ки камбудиҳоро ошкор месохт, баҳри рафъаш тадбирҳои таъҷилӣ меандешид.
Ҳамон куртаи ҳарбӣ ба тан шабҳо ҳамроҳи обмонҳо аз ҷӯй ба ҷӯй, қитъа ба қитъа мегашт. Гушна монад нони қоқ ба оби ҷӯй, ки нӯшиданаш раво набуд, тар карда мехӯрд, хаста шаваду ба чашмаш хоб ояд дасти чап зери сар монда дам мегирифт.
Вале фаъолияти раис ба ин ҳам ба поён намерасид. Ӯ дар ҷабҳаҳои дигар — ободии диёр, беҳдошти маишати ҳамдиёрон, тарбияи наврасон, ҳифзи саломатии онон талош меварзид.
Соли 1950 Маҳмадсиддиқ Қосимов, Зокирхон Мирзоев, Зикриё Мирзоев, Олим Қосимов бо “ ҷурми ” зидди мутаҳидшавии хоҷагиҳои хурд ба Сибир бадарға шуда буданд. Пас даҳ сол раис ба суроғи он “ гунаҳкорони бегуноҳ ” ба Сирдарё рафт то ишонро бо аҳли оилааш ба Дилварзин баргардонад. Ӯ се рӯз дар ҳалли ин мушкилот сарфи умр намуд. Ин муддат писари шашсолааш Мирзораҳмат мариз гашт. Касе пайдо нашуд кӯдакро ба маркази ноҳия – ба бемористон бубарад.
Падар омад. Аммо дер шуда буд. Мирзораҳмати дӯстрӯякро зиндагӣ поён омад. Ӯ дар оғӯши хок буд.
Оре, ҳамон солҳои авали муҳочират, ба иллати тағйир ёфтани иқлим даҳҳо одамон ва бештарашон кӯдакон фавтиданд. Қариб оилае набуд, ки талафи ҷонӣ надода бошад. Он солҳо бемории сурхакон дар чӯлистон доман зад. Касе аз сарваронро марги паёпаи хурдсолон ба ташвиш наовард.
Муаллифиин сатрҳоро низ, ки он айём даҳ сол доштам, сурхак аз пой афтонд. Рафъи он боло худованд буду даво оби биринҷ. Се тан аз додару хоҳаронам – Абдуқаҳҳор, Мағфират ва Қудратулло қурбони азхудкунии Дилварзин шуданд.
Ду соли аввал колхози ба номи Сталин пешсаф буд. Ҳар сол ба ҷои ду супориш ва бьештар аз он ба давлат пахта фурӯхт. Аммо раис ҳаргиз намегузошт, ки байрақи пешсафӣ касе аз дасташ бигирад. Гузориши кор ҳамон оҳанги кӯҳистон. Хуршед рух намуда “ диск ” — зангӯлаи даъват ба кор садо медод. Ва ҳамагон савори мошинҳо бо белу каланд мусаллаҳ ба ҷабҳа равон мегаштанд.
Раис ба бригадае рафт, ки пахтазор зери алаф. Аъзои бригида кам. Бархе дар саҳро неву аз паи ҳалли мушкилоти хонаводагӣ буданд. Ҳаво гарму сӯзон. Ҷеран хоҷаашро ба деҳа бурд.
Мирзо Остонаев – узви бригадае, ки пахтазорашро алаф пахш карда буд, марди меҳнатӣ, ҷангсолор бо баччу кач, як зумра хешу табораш сару по луч хишт мерезад. Ҳашар дорад.
Аз дур намоён шудани раисро дида, то омаданаш Мирзо ҷавоб – гап тайёр кард.
— Зимистонро зери боми осмон пушти сар кардем. Гуфтанд, ки
маҳбусон аз қороргоҳашон – “ Майдончаи комсомолӣ ” берун оянд, хонаи шуморо аз даст мебароранд. Он шашсад нафар хонаи бисёриҳоро соз карданду фвқат ҳавлии маро “ надиданд ” . Тобистон омад. Худам наҷунбам, додом аз гӯр дасту остин бар зада барои ман хона намепӯшанд.
Ҳо, ба раис ин мегӯям ва муттаҳамаш месозам – андешид дар дил.
Раис бо чеҳраи ғазаббор дар назди ҳашарчиён қарор гирифту ҳарфе нагуфт. Ба саломи Мирзову дигарон алейк надод.Ҷеранро рӯи хишт- ҳои наврехта гардон кард. Дар як лаҳза “ хирман ” – ро аз даст баро — вард. Бо ин қонеъ нагашт, аз асп фуромаду як – ду қолаб хишти ним — шикастаро низ чун “ шахси ҷинояткор ” зери лагат гирифт.
Мирзо мехост гӯяд, ки : ту бародар, худатро Ҳофиз сохтию маро хиштрез пиндоштӣ. Ва бо каланд бо ёрдамчиёнаш ҳуҷум орад ба сараш. Аммо ҷуръат накард, чаро ки гуноҳашро медонист. Нағз медонист, ки ҳамон қитъаи зери алафмонда дар ҳоли аз нашъунамо монда қарор дорад.
Раис бо як ҷаҳиш ҳудро рӯи асп гирифту бо таҳдид :
— Канӣ ҳама ба пеш, ба саҳро ва қамчинро боло бардошт.
Коргузор ба сарварии иштирокчии ҷанги зидди фашистон Мирзо Остонаев ин дам чун ҷинояткор дар ҳайати “ баталёни ҳаримавӣ ” ба душвортарину пурхатартарин рамзҳо – аз асорати тоҷи хурӯсу шӯрак наҷот додани пиёдааскарон – ниҳолҳои пахта сафарбар шуданд.
Пас аз ҳафтае, ки нашъу намои пахтазор ҷараёни мӯътадил гирифт, раис чанд танро ба ҳавлии Мирзои “ ҷабрдида ” равон намуд. Онҳо хишт рехтанд, девор бардоштанд, болор чиданд, шифер заданд, дару тиреза соз карданд. Хонаи зебо қомат афрохт.
Раис Ҷеранро ба сутуне баста вориди хона шуд. Чеҳрааш хандон. Мирзои ҳамяроқашро ба оғӯш кашида, ба бунёди хона табрик намуд. Ва афзуд.
— Ана ако, кор ин хел мешавад. Ҳам лаъл ба даст омад, Ҳам ёр наран- ҷид. Аммо барои он “ ба беадабии Ҷеран ” маро бубахшед.
— Илоҳи додар, барака ёбед, мани дасттанҳо то зимистон ҳам хона- пӯшӣ наметавонистам.
Ба ин зайл раис аз вилояту ноҳия барои колхозчиён масолеҳи сохтмон оварда, барояшон манзил бунёд менамуд.
Бале, марди мастчоҳӣ дар футӯҳоти дашти хористони саргаш устуворона пеш мерафт. Олами вуҳуш бо расидани қудуми Инсон аз водӣ ба қаъри кӯҳу пушта ақиб менишаст.
Он солҳо дар сафҳаҳои рӯзномаву маҷаллоти маҳалливу марказоти Иттиҳоди Шӯравӣ аз корнамоии беназири мардуми ғаюри Мастчоҳ ҳикоят карда мешуд.
Ибтидои солҳои 60 – ум яке аз Ҷаридаҳои русӣ нигошта буд : “ Тоҷикистон иқлими гарм дорад, ки монанди Миср ба равнақи пахтакорӣ басо мувофиқ. Вале дар ин кишвари афсонавии биҳиштманзар, беш аз навад дар сади ҳудудашро кӯҳҳои осмонбӯси сарсафед иҳата кардаанд, на ҳама аз нашъунамо доштани “ тиллои сафед ” огаҳанд.
Гирем, кӯҳистони Мастчоҳро. Мардумони ин минтақа табиатан бе — бок, ғаюру мубориз буданд. Онҳо ба чорводорию боғдорӣ, дуредгарӣ бештар шуғл доштанд.
Мастчоҳиён – ҳамон мардумонеанд, ки бо Шӯравӣ омезиш наёфтанд, ба тарзи зиндагии болшевикӣ ба осонӣ нагаравиданд. Ва танҳо баҳори соли 1923 баъди задурӯрдҳои шадид торумори охирин сарбозони миригарӣ — Давлати худгардони Масчоҳ бо Иттиҳоди Шӯравӣ шартномаи сулҳ баст. На, сулҳ, балки Масчоҳ таслим гардид. То солҳои авали то истиқлолияти хеш аз сар гирад. Инҳо дар таърихи тн сарзамин бо номи “ Войнаи Шоодибек ” , ” Ошӯби Мирсанг ” , ” Исёни Тилло ” мунъакис шудаанд.
Аммо баъд кӯҳистониён тан тақдир доданд. Корсозии шӯравӣ аз
корбасти миригарӣ ба чашмашон “ беҳтар ” ба ҷилва омад.
Ҳукумати Тоҷикистон нерӯи ин мардумро дар фатҳи Дилварзин, ки андешаашро Ленин ба миён гузошта, вале комёб нагардад, истифода бинмуд. Дар сафи пеши муборизо – не, ки ба водӣ кӯч бастанду ба “ ҷанги ” нобаробар алайҳи чӯли саркаш майдондорӣ бинмуданд, абармарде чангсолор Наврӯз Раҷабов дар набардҳои дуюми ҷаҳон се дафъа захм бардошта, фаъол будааст.
Ҳафтае бо ӯ будам, то аз рӯзгори ин марди наҷим наҷим маводе омода созам. Рӯирост иқрор мешавам, ки аз ӯ бигрехтам. Чаро, кит об наовардем бо Раҷабов дар майдондорӣ.
Ҳанӯз субҳ надамида, сар аз хоб мебардорад. Ва бо табассуми малеҳ :

Субҳро ҳар кӣ зинда дарёбад,
Ҳамчу хуршед дар ҷаҳон тобад.

Бечора ҳамсараш, ки аз саҳро мондаву хаста хислати шавҳарро хуб омӯхта. Апаи Рисолатмо — рӯи айвон, кия гон дарахти сояафкан надо- рад, дастархон орост, чою нону қанд овард.
Ман субҳона хӯрдани нонро маскаву шир ва ё қаҳва одат доштам. аммо дар тааҷҷуб мондам вақти раис гуфт :
— Шир нест, мо гов надорем. Ман гуфтам :
— Бок не.
Дар ҳайратам, ки чӣ тавр ин мард ширу ҷурғот нахӯрда, пиёда зери офтоби сӯзон майдонҳои киштро зери по карда метавонад. Бешак ба ин мард худованд дар вуҷудаш нерӯи рустамиро арзонӣ доштааст.
Ҳамон куртаи низомӣ, ҳамон гимнастёркаи камавндирӣ, ба тан аз хона берун меояд.
Ҳаво ҳанӯз торик. Саги Мирзоумар то “ қароргоҳаш ” назди пул, ки рӯи канали “ Тоҷикистони Шӯравӣ ” бунёд ёфта гусел намуду ақиб гашт.
Дере нагузашта, ғурриши мошинҳо оромиро халал ворид месозад. “ размандагон ” савори мошинҳа пайи ҳам аз пул гузашта , даст пеши бар ба раис салом мегӯянд. Ӯ низ ду даст пеши бар ба саломашон алейк мегӯяд. Чеҳраи хандонашгӯё : “ Кушоиши кор, худо мададгора — тон ” – бародарон, хоҳарон, падарон, модарон, фарзандони разманда маънӣ дошт, ки бешак ишон ба ҷабҳа, ба корнамоӣ мерафтанд.
Аз паси мошинҳо бархе харсавору аспсавор “ бо низом ” аз назди раис мегузаштанд. Оне ки дер мехесту вақти тулӯи офтоб озими саҳро мегашт, аз Худо талаб мекард, то ба чашми раис нахӯрад. Ин на он маънӣ дошт, ки Раҷабов барои танбали маломаташ месозад, балки ра- ис ба ин гунаҳо самимона аҳвол мепурсид. Шармашон меомад аз одо- би раис.
Пас аз гусели ҷангиён раис худро зини ҷеран мегирифт. Саҳроро давр мезад. Ба низоми корҳо ошно мегашт. Дар дафтараш он бегоҳ хондам:
Розҳову ниёзҳо. Ниҳоли пахтае бо гиря : агар ин шаб обмонро хоб ояд моро сел бо худ мебарад, то канал. асам ба ҳурмати офтоб баро — мад июлу гарде нури надидаанд, то аз зиндони шурак халос нашава — му хашарот аз тан дур нагардад ҳосил нахохам дод.
Раис ин розҳо худ медонист ва таъҷилан чораи рафъи наҷоту шифо меёфт ва хирмани пурбаракати худо эҳдо медошт ба ӯву ҳаманабар — донаш.
Бо ӯ рӯзе посёлкаро аз назар гузарониданд. Дидам марде қомат — хамида, ришаш дарози чун барф, чун паҳлавони сӣ сола бо каланд аз чуқурие лой мебардошту ҳамроҳи занаш, ки беш аз шаст сол дошт,
чобукона хишт мерехт.
Аммо ба ҳавлии дигар гузашта, ба рости аз дидани он манзара ба чашмам бовар накардам. Охир он чӣ ки дидам афсона набуд. Ҳақиқат буд, ки дар умрам бори аввал медидам. Ба назар замин ҳамвору гӯё
гилемчае пахн карданд, то рӯяш биншинӣ. Вале аз шарфаи пои мо за — мин дарид. Гилемча лаб во кард. Сари зане берун омад ки дар тан кур- таи чити аракшор дошт.
— Ҳамшира тинҷ ҳастед? – гуфт раис .
— Бари додар мурам, нағзему – гӯён кампирро овоз дигар шуду оҳан — ги гиря соз кард. Саҳари бачам саҳро рафту келинам… ва сухани гӯянда поён наёфта гиряи тифли навзод аз заминкан боло шуд.
Раис кампирро фаҳмид. Ба манн нигарист.Аз чеҳраи кушодаву лаби хандонаш осоре надидам. Ҳар ду чу санге дар руи гур лол будем.
Дидам, ки раис аз ҷайб руймолча берун оварду рӯяшрпо аз ман сӯи дигар гардонда ашки чашмонашро пок мекард.
— Инҷо духтур хаст? – пурсидам аз раис.
— Хоби шаб норозиёна чавоб дод.
Ва ман хоби шаб гуфтанашро нафахмида, хулоса намудам ки у ҳарфи маро дуруст нашнид ва чизи дигар пиндошт.
Вале дар холе ки гиря гулугираш дошт, афзуд:
— Духтур куҷо ? Ҳозир як ниҳоли пахта мурад туро ҷазо медиҳан- ду аммо аз он ки тухми кӯдаку пиронсол пок шавад ҳам касеро ғам нест. Одамон дар заминкан, рӯи хоки пурнам, пур аз ҳашарот, боз кӯ — дак тавлид ёфт. Ҳаво сӯзон дар ин гӯрхона ҳаво ҳам намерасид. Оби нӯшокӣ ҳам тухми анқову шири мурғ арзиш дорад.
— Воқеан оби нушоки аз куҷо меоред.? – пурсидам.
— Аз ягона чоҳе, ки аҳолии се хоҷагӣ аз он истифода доранд.
— Оё ҳаммом доред?
— Хоби шаб, яъне нест.
Ман он шаб даруни пашшахона хуфта натавонистам. Ин на аз он буд, ки даруни ин зиндон барои навас каши ҳаво намерасиду як села пашшаҳои меҳмон неш мезаданд. Пеши он фоҷиа оре, фоҷиаву даҳшатеро, ки дар ин маҳал манн дидам.
Паҳлӯ мегаштам чапу рост. Аз накли калонсолону китобҳо шунида ва хонда будам ки ашхосе ба иттиҳоми қотилу хиёнат ба Ватан маҳ — кум ба зиндону бадарга дар манзилҳои барои зисти одам ғайри ҷа- вобгӯ ба сар мебаранд. Сонитар фаҳмидам, ки дар кӯҳистон макони сукунати масчоҳиён беморхонаҳо аксар холи буданд. Аксарияти аҳоли чӣ будани бемориҳои силу тиф, медаву рӯда ва амсоли инҳоро ҳаргиз намедонистанд.
Бадбахтона имрӯз ин гуна маризиҳо мардумро фаро гирифта ҳар сол даҳҳо кас ба иллати гирифтори ин гунна касалиҳо шуда аз олам мегузарад.
Мӯҳлати сафари хидматӣ ҳам ба поён нарасида бо Рачабов хайру хуш гуфтам. Рости аз корнамоии кӯҳистониён дар ин шароити душ — вор қоил шудам. Аммо дар инъикоси вокеии шароити зиндагии ин қаҳрамонон низ наметавонам. Ба таъбири раис ҳар он чи ки дар вай — ронаҳо дида, дар ободи бигӯяд, ҳама қаламдод бикунад.
— Мо ин ҳама мушкилот пас сари хоҳем кард, чӯлро ба гулистон бадал месозем. Нигоштаи қаламкаши русро хондаму суханони дустам Саидҳаким Боқиев – ҷавонмарди бо нангу ор, марди воқеан зиёи, ки ҳамвора баробари дар хизмати аҳли диёр фаъол буданд, бемутолиа худро хар гиз инсони комил намепиндорад ёдам омад.
Шукри худо, ки нестанд ононе, ки бо амали шоиста накше муас — сир ба ёдгор гузошта. Бигирем акои Наврӯзмуҳаммад Раҷабовро. Ишон дар ҳар боб – оиладорӯ, оини сарварӣ, тарбияву омӯзиш ва ҳам фарҳангу меҳанпарасти моро устод буданд. Агар ҳамон рӯҳе беши — каст, ғурури иродаи бешикаст намедоштанд, ҳаргиз беш аз чаҳор даҳсола мартабаи падари халқ, сорбони қофилаи ҷомеаро ӯҳдабарои намекарданд. Ҳар махфиле, ки Раҷабов бошанд он ҷо базми шеър аст. Ва манзара ранге ба худ мегирад, ки гӯё Саъдиву Ҳофиз, Хайёму Ка — лим, Иқболу Лоиқ ва хамсоли инҳо дар рубоиоташон бо шумо ҳадис мегӯянд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: