САРВОДАИ САРМАДИ (кисми охарин7)


Guriston
Худо медонад ки кадомин аём модаре дар диёрамон чун ако Раҷабов дорулфунуне поён надода- донишманде муфассири панд — номаи ниёгон, натоқе соҳиру маҷлисро ба ҷаҳон орад.
Қариб ду даҳсола дар кӯҳистони Мастчоҳ ифои вазифачӯи масъул дар дӯш доштам. Бо ин пири хирад борҳо дар деҳоти ин водии фирдавссифат сафарҳо доштам. Дар ҳар сафар аз ишон дарси муносибад бо ҷамеа гуфтору кирдор санъати сухангӯиву маънибардори фазилати пандпазири эҳтироми рӯҳи гузаштагон қадри имрӯзиён маънии чанд рӯзе дар ин дори фоно буду бошамон аз бар манамудам. Масалан дар фазилати адаб устод ин сухани бузургиро ёдрас медоштанд:

Адаб тоҷест аз нури илоҳи,
Бинеҳ бар сар бирав ҳар ҷо ки хоҳи.

Аз дафтари хотираҳои устод мехонем : “ Вақти раис интихоб шудан 24 сол доштам ”.
Аз илми сарвариву деҳқонӣ чандон бархӯрдор набудам. Пирони деҳ – акои Маҳадшариф, Давлатмалик, Муллоюнусу Ниёзбобо машварату ёронашонро бароям арзони доштанд.
Анбори колхоз тихи 15 сар аспу 25 сар гов ва як сар аспу 250 сар бузу гӯсфанд боигарии ферма буду бас.
Тӯли ду сол шумораи чорво садҳо сар афзуд. Дар анбори колхозу ҳамбахои аҳли деҳот гала намегунҷид.
— Аз худ розиед, устод ? –
— Норизо бошам пушаймон нестам. Агар ин матлаб ҷидди пазиред, ношукри ба даргоҳи Худо мебуд. На, ҳазорон шукр парвар — дигорро, ки банда умр ба дасти бад надодам. Аз ман мақбули дарго — ҳи он зоти пок, ки хости худаш буд, амале рух намедод, оё ситораи панчгушаи тилло сари сипарам чило медод? – гуфтанд хандида.
Бале, бо он ситора ифтихор дорам. Вале ҳаргиз он инъомро ман — суби заҳмати хеш намедонам. Агар чунин ман — манӣ гӯям носипосиву номардӣ мебуд. Ба рости айёми ҷавонӣ бо худ гуфтам : оё рӯзе фаро мерасида бошад, ки ҳамингуна ҷоизаи олӣ ба банда насиб мекарда бошад ?
Барҳақ, фармудаанд:

Ҳар чиз талаб кунӣ, биёбӣ,
Рӯ аз талабаш агар натобӣ.

Чун ҳамдиёрон инҷонибро ба мақоми роҳбарӣ писандиданд, “ бо дил гуфтам : зи дигарон беш мабош “
Аз сидқи дил, ҳалол меҳнат кардам, аз паи молу сарвати дунё нарафтам. Ин буд шиорам :

Дунё агар диҳандам наҷунбам зи ҷои хеш,
Ман бастаам ҳинои қаноат ба пои хеш .

Мардумро дар атрофи худ муттаҳид сохта, софдилона ҳамагон аз як гиребон сар берун овардем. Ва он чи матлаб буд, Худованд бароварда гардонид. Ҳамдиёрон аз мусофирату саргардониҳо боз- омаданд, чӯли ноободро ба бустони ҳақиқӣ ббадал сохтем. Маҳз, ҳа- мин пиру барно, марду зани бонанг буданд, ки доди корро доданд. Ва ҳукумат сазовор донист ишонро ба унвони олии Қаҳрамони меҳнат, ки пеши ман аст. Оре, халқ қаҳрамонӣ зоҳир намуд. Вагарна аз мани маъюб куҷо амали қаҳрамонӣ сар мезад? Медали тилло рамзи қаҳрамонии онҳоест, ки Диилварзинро ба боги биҳиштманзар бадал бинмуданд.

Норозиям – гуфтам дар чавоб ба пурсиши шумо. Оре, дар ин калима метавон ҳақиқатро чуё буд. Чилсолагии азхудкунии замин дашт тачлил гашт. То панҷоҳсолагии футӯҳоти он касоне, ки хишти аввалини ободонӣ гузошта буданд, шояд ангуштумор монанд. Ва дидани он рӯз боз насиби касе шавад, ба гумонам мисли пештара як маҷлиси мутантану пурмӯҳтаво, зиёфати шоҳона.
Басо афсӯс мехӯрам, ки то ҳанӯз арзишман асаре, ки симои фоте- ҳонро, ҳақиқати талху ширини афхудкуниро бозгӯ бошад ба табъ нарасидааст. Ва ба назари банда хеле муҳиму зарурист, агар бо ифтихори корномаи аввалинҳо муҷассамае, ки худ баёнгари ҳамаи рӯзгори пешиниён бошад, бунёд бисозем. Зеро он ҳам поси хотири он қаҳрамонҳо хоҳад буд ва баъдан дар тарбияи наврасони имрҳзу оянда нақше хоҳад дошт.
Норозиям, бале. Аз он ки сарварони пешин он ҳарфи олимонро : ин дашт дар сурати обшор гардидан бими ба заҳистон бадал шудан дорад, ба инабат нагирифтанд. Ва ин дам, ки оби зеризаминӣ боло медамаду даҳҳо манзили зист фурӯ меравад, оё чӣ рӯзҳои сахту даҳшатбор пеши рӯй дорад ?
Ки ғами одамон мехӯрад ? Оё кафолати ҷуброни зарарҳо вуҷуд дорад, дар ҳоле, ки аксари мардум дар ҳоли фақру бенавоӣ ба сар мебаранд ?
Боз аз он норозиям, ки ифодаи Ҳофиз – он булбули Шероз беш — тар эҳсос мешавад :

Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.

Бе парда таъкид менамоям, ки ҷомеа ба қашшокии маънавӣ рӯ ба рӯ омадааст. Бархе аз ҷавонону наврасон аз ҷодаи одаму одамият берун по мениҳанд. Боиси таасуф аст, ки аҳли фарҳангу ҳунар қадру қиммат надоранд.
Гузориши таълиму тарбия дар мактабҳо ба ҳоли ногувор афтидааст. Устодон ҳуқуқи ночиз мегиранд, ки китобу дафтару давод дастраси муҳассилин нест.
Агар сарварон андешаи беҳдошти маорифу соҳаи ҳифзи сиҳатии оммаро дар сар надоранд, дар сиёҳномаи таърих сабти ном хоҳанд шуд.
Боз дарднок он аст, ки на ҳамаи масъулону сарварон аз паи эҳ- тироми ҷомеа гом мебардоранд. Ҳама мебинанд, ки моҳо ночиз аммо аз куҷо он хонаи дакаданг, яъне хиёнатпешаҳо дар ҳоли афзоиш.
Аз пояи инсоф берун по ниҳода, аз халқу ах Худо ҳаросе надо — ранд. Инро иллат боз касифии маънавият, дури аз фарҳангу ахлоқи
ҳамида.
Аз ин боб, ки даври қамари Ҳофиз мегӯем қасоидҲои ҷамъият бештар чеҳраи манфури хеш айн месозанд. Биёед аз Худо талаб намоем, ки иллати моро аз балоҳову фоҷиаҳо эмин дорад, дар дили ҳар тоҷик нерӯи содиқ будан ба суннати пешиниён – аҳли китоб, мӯъҷиофаринӣ, муборизу меҳанпарастӣ, фарзанди меҳнату ороста бо ахлоқи ҳамида эҳдо бикунад. Омин ё раббилоламин.
— Устод, агар мӯъҷизае рух бидиҳаду дар шумо тавони чилсолагӣ ҳулул гардад ?
— Сад дареғ, ки умри бандаи фақир поён омада. Ҳаргиз моҳӣ болои маҷнунбед наҷаҳад, касе надид, ки гурба либос шуст, ин ҳол набуда, ки говмеш ба парвоз ояд. Гар Худованд инам рӯзӣ бубидан боз аз меҳнати ҳалол қут ба даст меовардам ва Қуръони Маҷид ҳифз бинмуда, ҳамвора машғул ба тасбеҳу ибодат бо меҳмонии хеш дар ин ҷаҳон дар ҳоли мутолиа ва корбаст ба фармуди Яздони поку боазамат поён медодам.
— Дар масири зиндагӣ аз кадомин фарзандони ҳамдиёр пайгирӣ доштед ?
— Зидагиномаи равонашон то биҳишти ҷовидон шод бод Бобо- хон Ҳамдамов, Ибодулло Оқилов, Маҳадшариф Ҳасанов бароям ибратбахшу пандпазир будааст.
— Ба онҳое, ки имрӯз сарварии ҷомеъро ба ӯҳда доранд чӣ мефармоед ?
— Банда насиҳатгӯ наям, аммо ишонро даъват менамоям, эй бародар бидон, ки
Дареғо аспи мансаб зин надорад …

Ва

Гар бар сари нафси худ, амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Андешаи он бинмо, ки чун ин сарварӣ бо умри кӯтоҳ дар ихтиёри туст. Фардо ту ё он тарк хоҳи гуфт. Оё халқи Худо ба рӯят чӣ сон бинигарад.
Агар нек бидонӣ, ки
Умри одамӣ чу акси мо дар рӯи об ноустувор аст, аз ин рӯ, то метавонӣ некӣ кун. Ҳукм намо : ту ҳар ду ҷаҳон обод кардаӣ, бо тоату ибодати хеш.

— Ба фарзандону наберагон чӣ?
— Гуфтааму боз мегӯям, ки фарзандони азизам бароятон гулчине аз сухансароёни баргузидаи миллат мураттаб сохтаам. Онро ҳадяно — маи зиндагӣ бисозед. Иншооллоҳ, амал аз ҳикматҳо бикунед ҳамвора аз паи луқмаи ҳалол, омӯзиш, набард алайҳи бадхулқиҳо, пӯшидани пироҳан аз матои ҳамида ахлоқи, бо дӯстон муруват, ҳалими саховат, дури аз тиҳимағзону бадгавҳарон, тоату ибодат пешаатон бошад, бан- даи хоки аз шумо розӣ хоҳанд буд.
Ва фаромуш насозед, ки ман бо овози боланд мегӯям : баъди маргам сари шумо аз пушти ман, яъне амалҳоям паст нахоҳад шуд.
Чаро, ки шукри худованд пои ноҷо нагузошта, нахоида ҳарфе нагуф- та, бо захмати хеш луқма ба даҳон доштам.
Ҳар яки шумо ҳам мебояд дар пайравии падару модар зинда- гиро ба охир бубаред .
— Ако, хаста нашудед ?
— Одам ганимат, — ҳар дам ғанимат.
— Дил майли зодгоҳ дорад?
— Чаро не ? Ин тавоне медоштам ҷеранро рӯи зини он ҳайвони чун ғизол зебо суи Эсиз ба парвоз меомадам. Аз нилаи Зарафшон рӯд замини ҷигари сӯхта шодоб мекардам, то ҳарорати бадан паст гардад. Ва хамчунин бо буи хоки мушбези мадфангоҳои волидайн гулобе ба- рои пирохани сафари дар пеш тахия менамудам.
Ин лаҳза аз ҷеран ҳам ёд бинмудед. Монанд ба рахши Рустам ба- роям арзиш дошт. Дар ҳама бурду бохт, барору нобарориҳо аз кӯҳис- тон то ба Дилварзин моро ҳамрозу амбоз буд он асп.
Мисли фарзанди падар дӯсташ медоштам қисмат чунин буда. Марги фоҷиабор насибаш шуд.
Рӯзе ба маркази вилоят аз паи коре рафтам. Сараграном аспро бо гандуми деҳқони хуб зиёфат медихад. Дар масири бошишгоҳе аз ғурриши мошине асп рам мехӯрад. Савора фармонро идора карда наметавонад.Ҷеран бо суръат давида дар замини зери об монда дучо- ри садама мешавад. Бо азобе худро берун мегирад. Аммо он бархӯрд барояш лахзаи умр будааст.
Чун ҷеран – дӯсти азизу ҳамсафари беозорам сарбурида дарёф- там, фиғонам боло гирифта. Пас он аспе дигар савор нашудам. Ва агар қудрате медоштам пайкараи он махлуқи нозанинро, ки саҳмаш дар футоҳоти дашт чашмгир буд бо шаҳомате аз зарандуд бунёд мекар — дам.
— Шуморо бархе аз сахархези таъна мезаданд.
— Пешоббағали кушода чун субхеро .
Ҳар кас, ки надид, хоби маргаш бубарад.
— Заруроте ба омӯхтани забони хориҷӣ ба миён ояд, кадоминро фарогир мушудед.?
— Забони Қуръон ва англисиро, ки забони сивилизасияи қарни оянда хоҳад буд.
— Ҳавапаймое дар ихтиёр медоштед…
-Бо ҳамсари гиромиям бо қасди тавофи Каъба маскани азизамро тарк мугуфтам.
— Қариб ним аср раис будед. Кадомин харфи бузургон вирди забон доштед?
-Ба қасди он ки диле наёзоранд сухани Саъдӣ — он муаллими ах — лоқ шиори амалам буд :

Эй забардасти зердастозор,
Гарм то чанд бимонад ин бозор ?
Ба чи кор оядат чаҳондорӣ?
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!

— Ба марги киҳо афсӯс мехӯрдед.?
— Банда таронасарои марг нестам. Мо ҳама барои марг зода шудаем, вале аз ҷавонмаргии истеъдотҳо, чун Саъдулло Оқилов Маҳмуди Вохид, Холмахмад Сангинов, Муллошоди Бокиев, Юсина маломати дард дорам.
— Аз сарварон киҳоро меписандед?
— Ба Бобоҷон Гафурову Рифъат Ҳочиев, Ибодулло Оқилов, Саид — шариф Шаривоф дуои ба дарозкашии умр салтанат раво медидам.
— Қасидае аз хомаатон мерехт…
— Ба падару модарам эҳдо менамудам.
— Ситорагони адаби наср ҳама дар ҳаёт мебуданд, киро механ — дед?
— Балоҳур ба парвоз меомадам сӯи Иқбол.

Биё эй ишқ, эй разми дили мо,
Биё эй кишти мо, эй ҳосили мо.
Куҳан гаштанд ин хоки ниҳодон,
Дигар одам бино кун аз гили мо.

— Соат чанд ?
— Сеи саҳар.
— Ҳама дам гиред, ҳоло вақт аст – фармуданд.
Аммо беморбинонро хоб аз чашм парид. Субҳи козиб фаро расид. Бемор тарафи қибла паҳлӯ гашта :
— Очаш соат чанд ?
— Шаши саҳар.
— Ай дарев, ки дареғ. Муллонеъмат маро биҳил кун. Эй Худо мушкилама осон кун. Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадан расулуллоҳ. Ё оллоҳ…
Сӯҳбат ин ҷо анҷом ёфт ва баъди соате чанд марг дар кӯбид.
Посе аз шаб гузашт. Беморӣ хуруч кард.
— Ҳо баччам, Шукур.
— Лаббай додо.
— Таҳорат дорӣ ?
— Ҳо
— Ҷони додо хунам.
— Чӣ хонам ?
— Алҳамдро хону куфам кун.
Писар фармудаи падар ба ҷо овард. Бемор дар ҳоли хоб орому осуда.
— Неъматулло – додарзодаи устод низ сари бистар ҳозир шуда, Ёсин хонда, дам карданд.
— Очаш, ҳо очаш.
— Лаббай.
— Муллонеъмат дамам андохт, дилам сиҳат шуд.
Бисту якуми феврали соли 1998. Садҳо одамон гирди дари буми майит ҳозиранд. Пироҳани мотамӣ ба тан. Синаҳо лабрези дард, дидаҳо ғамбору чеҳраҳо ғамхона.
Апаи Рисолатмо навҳа мекунад.
— Хунам балом, ҳамсарам ҷигар, гули маракаҳо дареғ, бахту давлатам ҳусни диёр балом вой балом, сутуни дилам балом, дидаи биноям балом, во ҷигаре ҷигар…
— Шамъи мафҳилҳо будед – додо, баломе – фигон дорад Чумъа .
Махадшариф, Ориф ашкрезону асобадаст назди издихом омада:
-Мехмонони падар хуш омадед, кадамхоятон болои дида навхаву афгон доранд, ки :-додои андарзгуву муфассир балом, чароги махфилхо балом, диёрро холи кардед падар, дарег…
Нодирамову Адолату Танзиламову Фариштамох сиёпушанду миёнбаста ба иллати талафоти гарон – фавти падар ашк дар дидагонашон равон асту равон.
Хона мегиряд, дару девор ашк мрезад, ҳар гиёҳу дарахтони ин манзил нола дорад.
— Додои ғазалсароям, — нола доронд Нодирамоҳ.
Падари сухандону андарзгуям, чигар ашк мерезад Танхиламоҳ.
Ҳарфи ло илоҳ бар бо нигоҳи чашм фарзандонро якояк падруд гуфта, шабеҳи кӯдак ҷон таслими Худованд марди наҷиб.
Фиғону нола ба осмон бархост. Муллонеъмат — додарзодаи мар — ҳум он дам марсияе таълиф намуд ба ин маънӣ :

— То дами поёни умраш будам уро дар канор,
Лафзи истигфору тавба бар лабаш шуд ошкор
Мавҷ зад хуноби ҳасрат аз димоги хотираш
Фазли ҳак оинасон ба ёдаш устувор
Чун забон дархам дихад бикшод аз фазли илоҳ,
З-он ки ман доим ба ин максуд будам интизор
Ӯ пушаймони кашиду ашк аз мижгон бирехт
Пас ба ёд овард он дам аз гузашти рӯзгор.
Кард васият он замон бар ахли фарзандони худ
Баҳри ишон кард ин шакрфишониро нисор
Гуфт гиред баъди ман аз домани соҳибдилон
То ки бошед дар ҳама хол мисли богу токзор
Модари худро намоед ҳурамту доред дӯст.
Дар савоби зиндагӣ дод ба шумоён этибор.
Ҳеч кас боки намонад андар ин дори фано
Бар ҳама халқи маълум гаштаст ин қарор.
Аз шумо дорам умед гуфт аз гуноҳам бигзаред,
Оҳи пурдарде кашид аз дил баровард ин шарор.
Гуфт ёраб, мушкилам осон кун аз фазлу карам.
Варна аз андуҳи ман дар нола ояд кӯҳсор.
Дар ҳузураш буд Ҳузури вақти ҷон биспурданаш,
Ман гумон кардам, ки биштофт ӯ ба сӯи лолазор.

-Додои бо нангу ор, чигарпораам кардаед — мегиряд Фариштамоҳ.
Ва аммо рӯи тахти баланд марде гуё хуфта. Тифлона ба хоб рафта, чеҳрааш шукуфон, лабонаш моил ба табассуманд. Аҷоиб манзарае, бул — аҷаб саҳнае : даҳҳо гирёну яке хоб асту хандон. Гиряҳо мегӯянд: Ҳамсари азиз, падари бузургвор, акои арҷманд бобои меҳрубон тарки дунё кардеду фақат соате мемонед – ва то рӯзи ҷазо дидори ҳам нахо- ҳем дид. Алвидоъ, Падруд…
Хуфтаи хандон амали саҳнадоррону саҳнабозонро даркмена- мояд. Худованд нерӯи сухангӯиву чашм кушодану ба атрофиён гуфта- ни он ки:
— Оре, тақдир чунин будааст. Бандаи офарида аз хок шуда ба хок меравад. Шумо, ки анбӯҳи бекаронед, омадед то маро ба охирин сафар гуселу ба он дунё раҳнамун созед. Хуш омадед азизон хоки қу —
думатон рӯи мижгон. Агар дар зиндагӣ ба иллати хоме шахси шуморо озурдаам, илтичо дорам,ки ин бечораро бо неруи чавонмарди бахшидани гунохашро савоб донед.У имкон надошт гуяд: то лахазоти дидор дар рузи киёмат хар яки шуморо дар хивзи Худованд рахмону рахим во мегузорам.Падруд азизони дил .
Бандаи омода ба хичратро гусл бинмуданд . Чисми уро хокониданд . Аз матои сафеди пок либоси сафар пушониданду саропош гулоб пошиданд, то муаттару хушбу бошад.
Марди дар ҳоли сафар рӯи шота – аспи чубин савор гардид. Чубинасб болои дарёи мардони ба видоъ омада мавҷ мезаду сӯи манзили охират пеш мерафт .
Савора назди масҷиди деҳ бозистод. Аз баландгӯяк ин садо

Хирадмандо, ба марги ту замину осмон гиряд.
Ба маргат аз фироқу ҳасрату фарёди ҷон гиряд…

Наттоқ раиси ҳукумати ноҳия Саидшариф Шарифов ду мисраъи баъдӣ ба гаронӣ ба забон овард. Гиря гулӯгираш бинмуд ва дар ҳоле, ки ифтихори Тоҷисиктону тоҷикистониён буд. Ба китоби умри ин абармард Наврӯзмуҳаммад Раҷабов назар биафканем ҷуз қаҳрамонӣ, футуҳот зиндагии пандпазир намебинем. Сарвари сарварон, устоди деҳқонон, пири муаллимон, марди шеърдону шеърдӯст, номдеҳу некандешу накӯкор ин аст сифатҳои ин шахси бузург.
Раиси ҳукумати вилояти Ленинобод Қосим Қосимов дар сифати Н. Раҷабов гуфт :
— Сад дареғ, сад афсӯс, ки марги нобаҳангом моро аз марди содуқи Ватан Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, баҳодури ҷабҳаи зиндагӣ Раҷабов ҷудо сохт.
Дӯсти бузургу падари арҷманд тақдири хеш ба замин пайваст. Ҷаваони навхат ба саҳнаи ҳаёт қадам мезад, ки ҷанг сар шуд. Ба ҷабҳа рафт, ба адӯ қирон овард. пирӯзона ба зодгоҳаш омад, сарвари хоҷагӣ гардид. Сидқидилона бо ҳамдиёрон меҳнат кард. Дар футӯҳоти Дилварзин басо ҷанбозиҳо намуд. Фароғат барояш хондану кор будааст. Алвидоъ, устоди арҷманд !
Собиқадори меҳнат Аваз Сафаров, бародархони марҳум.
— Шаст сол боз бо устод Раҷабов як ҷо кору зиндагӣ дорам. Қариб рӯзе набуд, кидидор набинем. Ин лаҳза бароям гарон, андӯҳам интиҳо надорад, зеро марг маро аз акоям, устодам, деҳқони забардаст, олим, роҳбари сахтгиру дулсӯз, ҳамбози ғаму шодии мардум ҷудо сохт.
Аз даргоҳи Худованд талаби он дорам, ки руҳашон шод, қабрашон пурнуру муаззам гардон.
— Нигорона, ёд дорӣ он маросими мутантани бо банда доъкуниро ?
— Оре, ҳузур доштам.
— Аммо худоро шукр мегӯям, ки ҳарчанд ҳама гирён буданд вале банда хушҳолу дилшод. Ба издиҳом нигариста ҳадиси шариф ёдам омад : агар се саф бо имом ҳафт нафар намозхон дар ҷаноза бошад, кофист, Худованд гуноҳони майит бубахшад. Ва агар намозхон беш нур болои нур будааст. Дуруд Парвардигорро дар ҷанозаи мани пургуноҳ садҳо намозгузор ширкат дошт.
Ниҳоят пас аз адои намози ҷаноза “ сафина ” рӯи рӯди пурмавҷи мардум ҷониби қабристон хиромид.
Муллонеъмат бо мадади фарзандон “ Бисмиллоҳи ва ало миллати Расулиллоҳ ” гӯён мурдаро аз тобут гирифта, ба лаҳад гузоштанд.
Рӯи майитро ҷониби қибла гардониданду ин калимот ба забон оварданд : “ Оллоҳума ло туҳарримно аҷраҳу ва ло тафтано баъдаҳу “ .
Дафнкунандагон “ минҳо халақнакум ” хонда ба мушти хоки дар даст дошта дам кунонда, ба рӯю гӯр мерезанд. Худованд дар ин оят мефармояд : мо шуморо аз хок халқ кардем, боз шуморо ба хок бармегардонем ва ниҳоят бори дигар шуморо аз ҳамин хок зинда месозем.
Лаҳзаҳои ба манзили охирин ниҳодани марҳум Муллонеъмат баён дштанд : Парвардигоро ба ӯ забони гӯё бахш то аз пурсиши Мункару Накир боз намонад.
Пасон дари хонаи охирин девор бардошта, аз хок “ қир ” сохтанд. То ҳаёти навин тани беҷон интизори Рӯзи Ҷазо буд.
Сураи “ Таборакаллазӣ ” бихонда, фузуданд : савоьи ин калимоти раббониро ба равони Наврӯзмуҳаммад ҳадя бинмудем, Худованд қабраш пурнур, рӯҳаш шод бидорад. “Омин ё раббалоламин“.
Пас аз чанд рӯзи анҷоми маросими азо фарзандон ба сарманзили қиблагоҳ омада, ояте тиловат бинмуданд. Баъд дар болову поини марқади хоксоронаи ӯ ду арча шинонданд. Арчаи ҳамешасабз тасбеҳу зикр гуфта, ба фавтида хушҳолӣ мебахшидааст.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: