Теъдоди масҷидравҳо дар Амрико меафзояд.


Теъдоди масҷидравҳо дар Амрико меафзояд.
Муаллиф: Абдусаттор Газзoли.
Шумораи масоҷид ва ба ин макони муқаддас руоварандаҳо ҳоки аз афзоиши ин теъдод дар солҳои ахир дар ҷомеаи Амрикост.Дар ҳоле ки дар давоми 5 соли ахир шумораи ба масоҷидравҳо 75 фоиз афзоиш ёфтааст, тақрибан 2 миллион муслимин бо масоҷид пайваста иртиботи зиҷ ба ин даргоҳи поку нурониро бунёд кардаанд.Ва ин ҳам дар ҳолест, ки иштироккунандаҳои ин даргоҳ дар соли 1994 танҳо 500.000 буд.Ин нишондодро мо тавассути як тадқиқоти масҷидомузи дар саросари кишавр ба даст гирифтем.Ин барраси нишон медиҳад, ки арзёбии умумии ҷамъияти мусулмонҳо дар Амрико 6/—7 миллион мебошад.Ва таҳминан 1.629 фоизи мусулмонҳо ҳаёти диниро ихтиёр кардаанд, ки ин ҳам бошад ба масҷидравию дар намозҳои ид ширкат кардани онҳо мебошад.47 фисади масҷидравҳо ҷавонони зери 35 сола, буда гуруҳи одамони 36-59 42 фоиз ва гуруҳи одамони 60-соларо 11 фоиз ташкил мекунад.Ин нишондод метавонад собит созад, ки шумораи ҷавонони мусулмони амрикои хеле баланд аст.
Масоҷид дар кишвари Амрико танҳо макони ибодат набуда, балки дар онҷо низ имкони баргузор гардидани фаолиятҳои иҷтимои ва сиёси низ мушоҳида мешавад.Дар давоми интихоботи ахири президенти масоҷид дар иттиҳод намудани мусулмонҳо барои ба қайдгирри овоздиҳи нақши боризеро иҷро кардаанд ва 89 фисади роҳбарону ходимони динии масоҷид бар ин боваранд, ки ҷамъияти муслиминро лозим аст ба раванди сиёси шомил кард.70 фисати ҷамъияти муслимин барои овоздиҳи ҳуқуқ доранд ва мувофиқи арзёбии дуруст 65 фисад (2.3 миллион)-и овоздиҳандаҳо дар интихоботи 2000 ширкат намуданд
Тадқиқот, ки таҳти унвони «Масоҷид дар Амрико» буд, тавассути Шурои равобити исломии Амрико, як ниҳоди мусулмонҳо баргузор гардид.Чаҳори дигар аз ниҳодҳои мусулмонҳо;Ҳавзаи исломии Амрикои шимоли,Ҷамъияти исломии Амрикои Шимоли, ва Ҷамъияти мусулмонҳои Амрикои сарпарастии ин лоиҳаро бар душ доштанд.Ин аваллин тадқиқотест, ки шумораи масоҷидро ба 1200-то еълом намуд. Қарнҳост,ки насли мусулмонҳо дар Амрико умр ба сар мебаранд.Соли 1893 ҷамъияти муҳоҷирони мусулмон аз давлатҳое чун Араб,Суррия,Лубнон ва дигар мамолики мусулмон ба Амрико ҳиҷрат намуданд.Нажоди аслии онҳо асосан турк, курд,албани ва рабҳо буданд.Ва аз ҳамин сабаби муҳоҷират шумораи ҷамъияти мусулмонҳо дар Амрико ру ба афзоиш аст.
Нахустин масҷид дар Амрико дар шаҳри Мейн соли 1915 тавассути мусулмонҳои албаниги сохта шудааст.Ва соли 1919 алакай ҳамин табаа боз як масҷиди диггаро дар шаҳри Коннектикут бунёд намуданд.Татарҳои лаҳистонзабон соли 1926 дар шаҳри Бруклини Нию Ёрк масҷиде иморат намуданд, ки ҳануз дар истифода аст.Дар шаҳри Питсбурги иёлати Пенсилавания бошад нахустин масҷидро амрикоиҳои африқои мусулмонтабро таъсис доданд дар соли 1930. Масҷиди дигаре тавассути Шайх Довуд Аҳмад Файзал дар соли 1955 дар саххри Нию Ёрк. Ин масҷид як нуқтаи вижаеро дар рушди пешрафти ҷамъияти мусулмонҳои Амрико нишон медиҳад.Ва бояд гуфт, ки ҳаракати Дорул-ислом дар ҳамин ҷо шуруъ гаштааст.
Ҳарчанд, ки бунёди нахустин масочид дар Амрико ба соли 1915 рост меояд аммо то шумори каме аз онҳо то соли 1960 бунёд гардид.Рушди бузурги шумораи масочид дар ин кишвар дар солҳои 1970 огоз меёбад.Аксари масочид (87%)дар Амрико дар ҳамин солҳо 1970 зуҳур ёфтаанд.30 фоизи масочид дар давоми солҳои 1990-ум ва 32 фоизи дигар дар солҳои 1980 падидор гаштанд.Дар Амрико тибқи як барраси 1.209 масочид мавчуд аст.
Ин барраси оиди гуногунии гуруҳҳои этникии ширкаткунандаҳои масочид чунин иттилоъ медиҳад: Дар масочиди Амрико осиёиҳои чануби, амрикоиҳои офриқои ва арабҳо аз гуруҳҳои бузурги этники маҳсуб меёбанд.Дар як масчиди миёна 33 фисади аъзоён осиёиҳои чануби буда, 30 фоизи он амрикоиҳои офриқои , ва 25 фоиз арабҳо мебошанд.Танҳо 7 фоизи масчидҳоро гуруҳҳи алоҳидаи этникии алоҳида ташкил мекунанду бас.Ва гуфтан метавон, ки тақрибан 90 фоизи масочид додои гуруҳҳи этникии дар боло зикр гардида мебошанд.Ба осиыгиҳи чануби шомил мешавад покистониҳо, ҳиндиҳо,афгонҳо ва бангладешҳо.
Дар мавриди забон бошад,97 фисади масчидҳо инглисиро ҳамчун забони асоси корбурд мекунанд ва барои хондани хутба низ аз ин забон истифода мебаранд.Ва албатта ҳастанд масочиде, ки забони урду ва арабиро истифода мекунанд.Аммо шумора каме аз онҳо.
Дар мавриди нақши зан дар масочид бошад, ин тадқиқоти мазкур ишора менамояд, ки тақрибан дар 70 фисади масочид занҳо ичозаи адои намозу ҳидматро соҳибанд.Бо вучуди ин дар давоми 5 соли ахир танҳо дар нисфи масочид занҳо ичозаи намоз хондан доштанд. Дар тақрибан 66 фоизи масочид занҳо дар паси пардаҳои пушида аз чинси музаккар ё паси девор намозро ба чой меоранд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 1994 дар 52 фоизи масочид занҳо ибодатро ба чой меоварданд.
Албатта масчидҳо боиси таваччуҳи амрикоиҳо гардида онҳоро ба ислом роҳнамои мекунанд.
Ин тадқиқот хулоса мекунад, ки болотар аз нисфи (55%) масочид дорои як ниҳоди марбута мебошанд, ин ҳам дар ҳолест, ки 45фоизи масочид аз ягон ниҳоде марбуту бастаги надоранд.27 фоизи масочид бо Чамъияти Исломии Амрикои Шимоли (ЧИАМ) узвият доранд ва ҳамроҳанд.Ва танҳо 10 фоизи масочид бо ниҳодҳои дигар мисли Ниҳоди Амрикоиҳои Мусулмони Турки, Шурои Мусулмонони Амрико ва Шурои Равобити Исломи узвият доранд.

Шарҳи воқеию таърихии Ислом дар Амрико

Мувофиқи ақидаву дидгоҳҳои муҳақиқон ва пажуҳишгарон пеш аз ин ки Кристофер Колумбус Дунёи Навро кашф намояд, чамъияти мусулмонҳо ҳануз 300 сол қабл аз ин воқеа Амрикоро тасхир намуда буданд.Дуктур Бэрри Фелл бостоншинос ва забоншиноси саршиноси Нию Зиланд ва ҳамзамон устоди Донишгоҳи Ҳарварди Бостон шаҳодати ин амрро дар китобаш «Ҳамосаи Америка» нишон медиҳад, ки мусулмонҳо қабл аз Кристофер дар Амрико будаанд.
Иван Ван Сертима дар китоби машҳури ҳуд: «Онҳо қабл аз Колумбус омаданд» бидуни шак иртиботи қарин доштани одамони офриқои бо бумиёни Амрикоро тасдиқ мекунад.
Ин шарҳи воқеию таърихи дар асоси рузномаву мачаллаҳои марбут ба Ислом дар Амрико таҳия шудааст.
Аз инглиси тарчумаи
Фирдавси Аъзам

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: