Махбубияти Мавлоно дар Амрико


boston library, photo was taken by Firdavs in 2007

Boston library, photo was taken by Firdavs in 2007

Аз у ба хуби ёд мекунанд. Уро беҳтарин дусти хеш меҳисобанд.У меҳмони ҳар кошонаи Амрикоиҳост. Амрикоиҳо дар шеъри у сулҳу оромишро дарёфтанд. Васлкунандаи калбҳо, пайвандагари тамаддунҳо, купруке миёни миллатҳост у. Китобаш дар руйхати пурфуруштарин- ҳост. Пас кист у ки чунин инкилобе дар Амрико бунёд намудааст? Кист у ки Амрикоро ба ларза даровардааст?

Ин инсони комил ва орифи тамаддуни чаҳони ислом Мавлоно Ҷалолиддини Балхи маъруф ба Мавлоно, Румӣ мебошад. Дар Иёлоти Муттаҳида ва умуман сартосари ҷаҳон тарҷумаҳои ҷадиди пурҳаҷми осори Мавлоно қариб ҳар руз дар ҳоли ба дунё омадан ҳастанд ва инчунин тадқиқотҳои илмӣ ҳам дар бораи уву осораш ҷараён доранд.Тарҷумаҳои жопонӣ, арабӣ, итолиёвӣ, русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, узбекӣ, қирғизӣ, урду, туркӣ, лаҳистонӣ… -осори Мавлоно имрузҳо ба бозор меоянд ва мардумони дорои ақоиду кешҳои мухталифро ба самти худ мекашад. Имруз дидану мушоҳида кардани кутубу осори инглиситарҷумашудаи Мавлоно дар хонаводаҳои амрикои имонпазир аст. Боре дар меҳмонии як нафар дустам дар иёлати Нию Ҳемшеи Иёлати Муттаҳидаи Амрико карор доштам. Иттифоқан у маро дар ҳуҷрае нишонд, ки онро барои худ китобхонаи шахси унвон кард.Китобҳо бо ҳар забон навишта шудаанд. Бо забонҳои фаронсави, итолиёги, ва испониёги. Бред дусти амрикоиям чун медонист ман шефтаву шайдои Мавлоноям аз ҷояш буланд шуду аз васати кутуби шарқиёна китоберо бароям дод, ки тақрибан аз 250—260 саҳифа иборат буд.Забони китоб инглисӣ буд. Ин китоб «Дуоҳои замини ва осмони» унвон дошт. Сафҳаҳои китоби мазкурро ҳадису гуфторҳову шеъру фармудаҳои бузургону нобиғагони Шарқу ғарб фаро мегирифт.Чун китобро варақ задам, дидам, ки ашъори бузургтарин шоири орифи ҷаҳон Мавлоно дар қатори даҳҳо нобиғагони назму наср ҷой дорад.Рости хеле мамнун гаштам ва ниҳоли эҳсоси ғуруру ифтихор дар мазраи замирам сабз шуд.Чун Бред донист, ки ман дар ҳолати ҳурсандиву шоди қарор дорам, нигоҳе ба ман андоҳт ва гуфт: «Фирдавс, Румӣ (дар Амрико Мавлоноро бо ҳамин номи кучак садо мекунанд)на танҳо дар кишвари шумо шуҳрат дорад, ё у на танҳо моли шумост, балки дар Амрико низ маҳбубияти беҳадро дорост (бо ҳанда мегуяд ҳамсуҳбатам) ва кам нестанд шумори он нафароне, ки ин пири поксириштро надонанд ва наҳонанд. Ман аслан аз мавзуҳое чун фалсафа, тасаввуф, мавзуъҳои марбут ба табиату одам ҳушам меояд ва кутубе, ки ман бештар меҳонам аз ҳамин мавзуҳост. Дар гуфтаҳои Руми ман ин мавзуҳоро мебинам ва посуҳҳое дармеёбам ба ҳамаи суолҳои ба ҳуд додаам.» Воқеан Бред дуруст мегуяд, Мавлоно на танҳо шоири мардумони форс аст, у мутааллиқ ба ҷаҳон аст.
У имрузҳо бо гуфтору шеърҳои нобаш намояндаҳои тамоми миллати дунёро ба суи ҳеш меҳонад ва исбот карданист, ки у -Мавлоно моли ҳамаи ҳалқҳост, новобаста ба мазҳабу кешу оину дин. Воқеан дар суҳану ҳарфи Мавлоно асроре нуҳуфта аст, ки ҷаҳону ҷаҳониёнро шефтаву шайдои ҳуд кардааст. Басо тақвимҳову зарфҳо ва пироҳанҳоро метавон дид, ки бо номи бузурги у оро ёфтаанд. Гуи аср-асри Мавлоност.У шаҳрванди ҳамаи мамолики олам аст.У бе нишону ломакон аст.Ҳуд инро фармудааст:

На шарқиям на ғарбиям, на бариям на баҳриям
На аз кони табииям на аз афлоки гардонам
На аз ҳокам , на аз обам,
На аз бодам на аз оташ
Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад.
На тан бошад, на ҷон бошад , ки ман аз ҷони ҷононам.

Мавлоно дар ҳоли ҳозир лаҳза ба лаҳза, соат ба соат дар ҳоли фатҳи қалбҳову зеҳнҳост, дар ҳоли расидан ба ҳама мушкилоти инсонҳост, у марзҳоро гузашта то ба қулуби одамон мерасад. Рузе нест, ки чизи тозае аз у дарҷ нагардад. Дар ҷое боз мегуяд:

Боз омадам, боз омадам аз пеши он ёр омадам.
Дар ман нигар дар ман нигар баҳри ту ғамҳор омадам.
Моро ба чашми сар мабин , моро ба чашми сар мабин
Онҷо биё моро бубин, к-инҷо сабуксор омадам

Муҷиби ин гуна маҳбубияту шуҳрат ва шаҳиру номдор гардидани Мавлонову осораш дар соири мамолик ин албатта аз як тараф афлокиву малакути будани андешаи Мавлоно бошад, (андешаи у тавонист ҷаҳонро тағйир диҳад ва самти зиндагии милионҳо омдамонро дигар намояд. Ф.А) аз тарафи дигар у ба қавле орифест дилогоҳ, шоирест дардшинос, пуршуру андешаварест беназир. Андешаҳои дураҳшону ирфонию фалсафию афлокии баландеро соҳиб аст. 00000rumi
Инҷо боз руҷуъ мекунем ба Амрико. Крис як нафар ҳонуми аҳли иёлати Теҳас, ки бо ҳамроҳии мо умр ба сар мебурд, Мавлоноро дуст медорад ва аз ҳондани ашъори у дар қалби ҳеш оромиву сулҳро эҳсос мекунад: «Намедонам чи қувваест дар ҳарфу ҳиҷои шеъри Руми, ки чун китобашро ба даст бигирам, ҳудро осуда ҳис мекунам ва дар шеъри у як навъ даъват ба сулҳу ваҳдатро мебинам.У суҳанпардози бузургест. Агар ин тавр бузург намебуд, имруз китоби у дар дасти ман намебуд.» Иддаои ҳамсуҳбати ман комилан саҳеҳ аст, чаро , ки бузургии Мавлоност, ки имруз кутубаш меҳмони ҳар кошонаи амрикоиҳост.
Рузи милодам наздик меомад, иттифоқан Бред наздам омада чунин суол кард: «Фирдавс, чи чизро метавони аз ман дар рузи зодрузат интизор шави?» Ман пас аз ироаи сипосу лутф аз у, ҷавоб додам: «Чизе меҳоҳам, ки на ҳурдани бошад на нушиданӣ». Бред лаҳзае мутаҳайир шуд, сипас «фаҳмо»-гуён аз наздам бирафт. Рузи 21 ноябр ҳам фаро расид.Дустону рафиқон туҳфаборонам намуданд, ҳадяҳояшон шоколоту откриткаҳо буд. Аммо Бред, беҳтарин туҳфаро ба ман ироа намуд, ки ҳеле сарафроз гаштам.Туҳфаи у иборат аз китоб буд.Як китоб бо номи «Румӣ-дар дастони маъшуқ».Муаллифи китоби мазкур Ҷоносон Стар мебошад, ки шеърҳои Мавлоноро ҳеле ҳуб тарҷума намудааст. Ба қалами у инчунин чандин шъерҳои Мавлоно дар шакли китоб тарҷума ва нашр шудаанд. Китоби «Тулуъи ду ҳуршед», «Боғе дар моварои биҳишт», «Ашъори орифонаи Румӣ» ва ғайраҳо.Китоби «Румӣ-дар дастони маъшуқ» аз 207 саҳифа иборат буда,бо пешгуфтори ҳуди муаллиф оғоз мешавад. Пешгуфтор бо чунин ҳарфҳо шуруъ мешавад: «Дар вуҷуди мо садоест, ки ҳамеша оҳанги ҳудро ба ҷаҳон месарояд.Ин садо, нафири руҳ аст ва сарояндаи ин садо ҳуди Мавлоност.Шеъри у ба ҳама таълуқ дорад.Ишқ дар ашъори у руҳест фарогирандаи тамоми ҷаҳон»
Оливия зодаи Шведсария буда муддатест дар Амрико ба сар мебарад. Ҳар замон чун ман порае аз ашъори Мавлоноро бо инглиси барои у қироат мекардам, у аз ман ҳоҳиш мекард, ки идома бидиҳам. Ман соатҳо ба у перомуни Мавлонову ҳаёти у ва мулоқоти у бо Шамсу ҷудо шудани ин ҳарду ва дигар ҳикоятҳо қисса мекардам. Оливиа бо диққат ба он чи ман мегуфтам гуш медод. Соатҳо пои компутер менишастем ва ман аз шабакаи ҷаҳонии интернет ба Оливия сомонаҳову навиштаҳо дар бораи Мавлоноро нишон медодам. Ин ҳама нишондодҳову ҳикоятҳо муҷиб гашт, ки Оливия Мавлавиҳон шавад. Ба ман қавл дод, ки забони форсиро биомузад ва шеърҳои аслии бо форси навиштаи Мавлоноро биҳонаду аз бар кунад.Зиндаги рузеро насиб гардонд, ки ман аз Амрико ба Тоҷикистон омадам ва у ба ватани ҳеш рафт. Рузе Оливия мактуб нигошт ва ҳабар дод, ки дар омузишгоҳе забони форсиро меомузад ва ҳурсанд аз он аст, ки онро ба зуди фаро мегирад.
Бубинед, Мавлоно чи қудрати азимеро соҳиб аст, ки ҳатто як нафар дуҳтари шведсариро ҳам ба суи ҳуд ҳонд, гуи Мавлоно дар ашъораш як нав дуои ҷалб ҳонда бошад, ки ҳар касе, чун аз у шеъре ҳонд, ҳатман чун оҳанрабо ба он мепайвандад.У ҳуд инро тасдиқ мекунад ва тaъкид мекунад, ки «Мо барои васл кардан омадем»
Ба ҳар сурат Мавлоно яке аз бузургтарин донишмандону адибони тамаддуни исломи ҳамзамон маҳбубатраин шоир барои амрикоиҳо боқи мемонад.Мавлоно фориғ аз фарҳангу мазҳабу марз шоири маҷзубкунанда ба шумор меравад.Шеъри у қудраи тавонои дорад.Шеъри у оинаи аҳволи одамон аст.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: