Ҷойгоҳи Ҳофиз дар Тоҷикистон



Шоҳмирзои Хуҷамуҳаммад муҳаққиқ ва нависандаи тоҷик Ҳофиз Шерозиро бузургтарин ва маҳбубтарин газалсарои форси гуи унвон кард. Вай гуфт: «Ҳофиз маъруфтарин шоири газалсарои форси гуи дар кишварҳои Иттиҳоди Шурави аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.»Ин нависанда ва пажуҳишгари тоҷик афзуд: «Ҳофиз дар миёни мардуми Иттифоқи Шуравии собиқ аз ҷойгоҳи мумтозе бархурдод буда, то ҷое, ки дар зери сари болини кудакон ҳануз ҳам девони Ҳофизро бо ҳадафи ҳифзи кудак аз осебу газандҳо мегузоранд»Оқои Хуҷамуҳаммад: «Дивони Ҳофиз тақрибан дар радифи  кутуби муқаддас қарор дорад ва метавон гуфт ҳонае, хонаводае дар дар кишвар вуҷуд надорад, ки дивони Ҳофиз онҷо вуҷуд надошта бошад.Ба гуфтаи пажуҳишгари тоҷик бештар газалҳои ин шоири шурида ва ороф маслак  тавассути хонандагони машҳур бо мусиқи ва оҳанг хонда мешаванд.

Оқои Шоҳмирзои Хуҷамухаммад дар идома афзуд: «Дар Тоҷикистон дар мавриди таҳқиқ ва омузиш зиндаги ва шаҳри Ҳофиз кутуб ва рисолаҳои зиёди пажуҳиши ва илми таълиф шуда, ки бештари онҳо тавассути адабпаҷуҳону донишмандони машҳур мисли шодравонҳо пруфессор Шарифҷон Ҳуссейнзода, Аълохон Афсаҳзод,Холиқ Мирзозода,Абдунаби Сатторзода, Мирзо Муллоаҳмадов ва дигарон иншо шудаанд, намунаҳое аз ашъори «лисонулгайб» оварда шудааст, ки дар вижагиҳои шеъри Ҳофиз, истифода аз саноеи лафзи ва орояҳо тавассути булбули Шероз, таъсири газалиёти Ҳофиз бар соири шуарои пас аз у мебошад.»

Тарҷумаи ашъори Ҳофиз дар кишварҳои Иттиҳоди Шуравии собиқ вазн ва оҳангу мусиқии газалиёти ин гуяндаи бузург мавриди барраси қарор гирифтааст.Муҳаққиқи тоҷик дар остонаи рузи бузургдошти Ҳофиз тасреҳ кард: «Газали Ҳофиз аз сеҳри аҷибе бархурдод аст,хондани он ба фард умед мебахшад, ки бузургтарин вижагии сурудҳои у ҳамин назокати гуфтори уст, ин шуҳрату маҳбубият пас аз Ҳофиз насиби каси дигаре нашудааст.»

Танҳо дар қарни 14-уми милоди ,замони зиндагии Ҳофиз беш аз 100 нафар бо тахаллуси Ҳофиз шеър мегуфтанд, вале касеро саодати Ҳофизи Шерози насиб нагардид.Муҳимтарин далели ширини ва лаззати маънавии шеъри Ҳофиз баҳрагири, ошнои ва ҳифз будани кутуби торих буда ва бо чандин шева онро қироат менамудааст.

Таҳияи Фирдавси Аъзам

манбаъ: http://www.iransharghi.com/

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: