Дастагуле аз кишвари дуст


Шохмирзо Хучаев дар майдони Озоди,шахри Техрон

Гуфтуфу бо Шохмирзои Хучамухаммад-

рузноманигор, адиб ва мухаккики точик

Шохмирзои Хучамухаммад (Хучаев)18 феврали соли 1949 милоди дар рустои Худгифи Соя, нохияи Мастчох дар оилаи дехкон чашм ба ин олами хасти во намудааст.Узви конфедератсияи байналхалкии журналистон Шохмирзои Хучамухаммад кайхост, ки аз соликони чодаи Сухан мехсуб меёбад. Мавсуф дар рузномаи нохияи Мастчох- “Машъал”, “Агитатори Точикистон”, кумитаи радио ва телевизиони чумхурии Точикистон фаолият дошта,хамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (хамрох бо писараш Шохмансур) ва “Касидаи чавонмарди” (дар хамкори бо Мирзохамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” асари сеюмини уст, ки аз рузгору корномаи Кахрамони Мехнати Сотсиалисти зиндаёд Навруз Рачабов хикоят мекунад. Рузноманигор, мухаккик ва адиби точик Шохмирзои Хучамухаммад чандест ки дар Чумхурии Исломии Ирон сукунат дорад.Уро чи ва ё ки бурд ончо?Оё кахрамони ман дар Ирон ба чи шугле машгул аст?Адиби точик чи навиде метавонад ба хонандаи точик иброз намояд? Бо ин максад мо сухбати телефоние анчом додаем бо ишон, ки фишурдаи онро манзури ахли сухан мегардонем.

Устоди азиз, лутф фармоеду мучиби ба Эрон ба таври ногахони сафар карданатонро ба хонандаи арчманд рушан намоед ва оё сафари шумо чи хадафе дошт ва дорад?

Ба номи Худованди чону хирад.Сафари банда ба Эрон ҳаргиз ногаҳони нест.Тухми муҳаббати Эронзаминро аҳди бачаги волидайн дар замири дили мо бо баёни қиссаҳои афсунсози достонҳои ширини Шоҳномаву қисмати талхи Фирдавсии бузург киштаву парвариш дода буданд.Меҳри ин кишвари бузургони чаҳон дар қалби мо амсоли рўди Зарафшон ҳамвора туғён дошт.Бале,хеле мехостам мулки Куруши Кабир,Дориюшу Ардашер,Ҳофизу Саъди,Абдулқодири Челониву Шамси Табрези,Хайёму Фирдавсиву Ғазоливу Боязид…ва амсоли инҳоро бо чашми сар бубинам.Он чо,ки ин бузургон қадам задаанд,бо амри Яздон мўъчизае рух диҳад -аз қаъри асрҳо аз хоки мазори онон  бўе ба машомам бизанад.Тасаввурнопазир буд он ҳама орзуҳо.Яъне чи гуна хоҳад буд,ба таъбири солмандон Рустаму Рахш гаштугузор доштанд.Дар боғи Фирдавси бошаму достони ба тозаги таълифнамудаи соҳиби Шоҳномаро аз лаҳни форами Фотима -бо муаллиф ҳамроҳ бишнавам.Ва аз шучоату покии Сиёвуш дар баданам мурғак дамиду Фирдавси гўядам-

-Ку бародар,наздик биё ва қадаҳи моломол бар дастам диҳад…

Ин чи ҳол.Рўъёст ё бедори?Аммо имрўз он афсонаи боздид аз Эрон ба ҳақиқат табдил шуд.Ва ин неъмат меҳрубонии Худост.Зеро:

Бе амри он султони бахт,

Барге наяфтад аз дарахт.

Оре,дўстам.Умрам ба шаш даҳсола расиду писарам Шоҳмансур,ки хока гирад зар гардад,рўзе занг зад ва гуфт:

-Додо,ҳуччатҳотун ҳама тахт,Душанбе биёед,рўзи шанбе парвоз ҳаст,аз паи билет шавед…

Мани ташнаи таборони эрониам бо сар давидам.Ачр аз Худо бубинанд Бахтиёру Ҳуснуддину Имоммаҳад дар омодашавии ҳуччатҳову билет рисолати хешу таборию шогирдиро ба чо оварданд.

Фирдавси азиз,аз ҳадафи сафар пурсиди.Дар меҳмонхонаи Порси Машҳад кўдаки маҳтобрўе дидам.Чун пазмони набераҳоям шуда будам,ба сўяш рафтаму бо ў сўҳбат намудам ва аз ду рухсори себи гулобимонандаш бўсидам.Пурсидамаш:исми шумо?

-Суруш.

-Оҳ,чи исми зебое,ҳамноми писари ман.Ин лаҳза касе болои сарам пайдо шуд.Саломаш додаму фузудам:

-Суруш бар гўши дилам гуфт:Ман паёми Фирдавсиям.Он болобаланди хуршедлиқо бо лабханд пурсид: бачаи кучоед, ин чо чи кор мекунед?

-Точикистониям,ба суроғи Фирдавси омадаам,мехоҳам қаҳрамонони ўро бубинам.

-Шумо марди хушбахтед,манам аз шаҳре ҳастам,ки зикраш дар Шоҳнома умада.

-Бо ин ҳама ҳусну чамол бояд аз чое бошед,ки чаҳор фасли солро дошта бошад,ва ман дар шимолу чануби Эрон ин минтақаро дидаам ва Суруши шумо ҳам ҳамин ҳоло бояд қорч(занбурўғ) хўрда бошад,ки аз даҳони ў ба димоғам зад,агар ин пешгўии ман дуруст бошад ,пас шумо бояд аз Шимоли Эрон бошед?…

-Шумо ба марз наздик шуди,оре,ман духтари Мозандаронам,,исмам Марчона,шуғлам муҳандис…

Мо бо Марчонаву Суруш тафоҳумномаи дўсти имзо кардем.Ў маро ба Шимол,ба Мозандарон ва ман ўро ба Точикистон даъват намудам.

….Рўзе бо даъвати дўсти арчмандам Рамазонхўча Мирзоев,Сафири Кабири Точикистон дар Эрон ба мачмўаи варзишии Маҳмудия(сауна),ки дар Порквейи Теҳрон қарор дорад,рафтем,ки шароити хуби варзиши дорад.Ҳаддод,дўсти Сафир зимни сўҳбат аз ман пурсид,ки Эронро чи гуна дарёфти?

Гуфтам беш аз он чи мепиндоштам,банда ба суроғи Рустам омадам…

-Хубе,Рустаму ёфти?-суол кард дустам Ҳусейн,ки он чо менишаст.

-Рустамҳоро ёфтам,алҳамдуллиллоҳ,ки хеле зиёданд.

Оё Эрон чи кишварест аз нигохи шумо, онро чи гуна дар хаёл доштед ва чи сон бозёфтед?

Солхои мактаби китоберо бо номи Теҳрони махуф,аз Муртазо Мушфиқи Козими хонда будам.Вақте ҳавопаймо дар фурудгоҳи Имом Хумайни фуруд омад,берун омадам ва худро даруни систернае дидам,ки аз бўи бади газу бензину дуд лабрез буд.Мошини Пайкон моро ба шаҳраки Ғарб,ки манзили зисти писарам он чост,овард.Шаб буд,вале ҳама чо чароғон.Мисли рўз садҳо ҳазор автомобилу мошин дар ҳаракат,чодаҳо пур аз мошин буданд.Вориди манзили писарам шудем.Аз гулўям чизе чуз чой намегузашт.Палави пухтаи набераҳо дар дег монд.Шикамам аз газу дуд пур шуда буд.Ҳолам чунон бад шуд,ки аз омадан наздик буд пушаймон шавам.

-Маро ачал овард,-гуфтам дар дил ва ин байт ба забонам печид:

Фарди бадсиришти бадкеш

Ранчи писар асту меҳнати хеш.

Шаб.Хоб дар дидагонам нест.Аҳли хона ҳамаги парешону ғамгин.То субҳ ду бор ба назди пизишкон рафтем.Сўзандоруву қурсу чаккак(капелнитса) дар рафъи дарди мани мискин очиз буданд.Ниҳоят,дар асари бемори ба чое расидам,ки тасмим гирифтам:шанбе омадам,сешанбе бармегардам.Дар хонаи писарам ансамбли гиря ба наво даромад.Ба навҳаи писару келин ва набераҳо ман ҳам ҳамсадо гардидам.Нихоят,раҳми Парвардигор омад:бо истеъмоли ду қурси оддии зидди партофтан ҳолам рў ба беҳбуди ниҳод ва маро хоб бурд.Дари шифо боз шуд,аз хизонаи ғайб даво расид.Баъдан ду ҳафта ба Машҳад омадам.Пас аз зиёрати ҳарами Имом Ризо(а) ва боздиди даҳрўза дубора ба Теҳрон баргаштам.Ба меҳрубонии Худо ҳолам хуб шуд.Аз қатор,ки берун омадам,ба Шоҳмансур гуфтам:на,Теҳрон махуф нест.

-Ин сарлавҳаи хубест барои сафарномаатон,-гуфт писарам.

Эрон аз нигоҳи банда кишвари афсонавист.Паҳнои бузургу сарватҳои зиёд,манобеъи фаровон,мардуми пурталошу коргар…кишвари чор фасл.Ҳоло чиллаи зимистон,вале бозору фурўшгоҳҳо пур аз мева -тарбузу себу ангуру қулфанай,сабзавот…

Хиёбонҳо гулпўш,дарахту гулҳо дар гармхонаҳо гулбарсар.Кадоме навишта буд,ки Эрон ҳавояш касифу канализатсия надорад,хиёбону кўчаҳо ифлосу пур аз партов,магасҳо касали паҳн мекунанд.Аммо инҳо чеҳраи асосии Теҳрон нестанд,албатта,кишвари паҳновар асту чунин мушкилотро метавон дид,вале дар мачмўъ чунин нест,хубиҳоро бояд бинему аз хубиҳо  гўем.Теҳрон бо наздики 14 миллион чамъияту қариб 5-6 миллион мошин чандон чиркину дилгир нест,албатта,бо сабаби зиёдии мошину корхона ҳавояш каме вазнин аст,вале дарахтону гулистонҳои шаҳр манзараи онро чаззоб мекунанд ва мисли Маскаву Берлину Лондон дилрабост.Бино ба гуфтаи мақомоти масъули Теҳрон дар солҳои наздики оянда дар шаҳр дастгоҳҳое гузошта хоҳанд шуд,ки ҳавои ғализу маризборро тасфия намуда,аз касифию ифлосии ҳавои он мекоҳанд.Ин нукта газоф нест,ва бо таваччуҳ ба дастоварду пешравиҳое,ки ин кишвар дар солҳои охир доштааст.мо ба ин нукта бовар дорем.Бисёр давлатҳо пешравию рушди Эронро намехоҳанд,аммо Худо ба ин кишвари дўсти мо ёри хоҳад намуд.Мо бояд аз пешрафтҳои ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ифтихор намоем.Ман ба ақидаи муаллифони хоричи,ки Эронро осорхонаи бозу кушода гуфтаанд,комилан мувофиқам.Ба фикри ман,ҳанўз ҳам аз вучуди осорхонаҳо он тавр,ки боиставу шоиста аст,истифода нашуда.Чунончи,кишвари Туркия -ҳамсояи Эрон ҳамасола аз ҳисоби чалби турист беш аз 22 миллиард доллар ба хазинаи кишвараш ворид мекунад.Ҳол он ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии Туркия ба андозаи теъдоду шаҳомати осори мавчуд дар Эрон нестанд.Албатта,Эрон дар солҳои охир дар ин замина соҳиби дастовардҳои намоён шудааст,чунончи теъдоди боздидкунадагону зиёраткунандагони Ҳарами Имом Ризо(а) дар Машҳад дар як сол ба беш аз бист миллион нафар расидааст,ки рақами кам нест,вале ҳар вачаб хоки Эронро бояд ба Машҳад табдил додан зарур аст.

Оё аз оромгоху мазорхои кадоме аз фузалову уламову удабои Ирон зиёрату боздид ба амал овардед ва дар мулки Фирдавсию Аттору дигар уламои шахири Ирон ба чи шугле саргарм хастед?

Бозорҳои пурбору серодам.Аммо пас аз зуҳр ,яъне баъди пешин то 3-4 соат аксар мағозаву фурўшгоҳҳо бастаанду кўчаву хиёбонҳо гўё холианд.Ин муддат аксари мардуми Эрон истироҳат мекунанд.Идораҳои давлати то бегоҳи фаъоланд ,вакте бегоҳи мардум аз кори идораҳову муассисаҳо фориғ мешаванд,дари ҳамаи фурўшгоҳҳову мағоза,бозор…боз мешавад.ва боз мисли саҳар ҳама чо лабрези одаму мошин мегардад.Ин вазъ то нимаи шаб давом дорад.Эрониҳо қадам задан дар фазои кушоду парку боғҳоро низ дўст медоранд.

Чуноне гуфтам,Эрон чои хонашини нест.Бо кўшишҳои азизонам Шоҳмансуру Хучаставу доктор Нормуҳаммад Теҳрону Машҳад,Тусу Нишопур ва Шерозро дидаму зиёрат кардам.Эрон чунон,ки гуфтам,чойҳои дидании зиёд дорад.Иншооллоҳ ният дорам Шимолу Бандари Аббос,Исфаҳону Кошон ,Мозандарон,,.ро бо чашмони сару дил бубинам.Аз гарди сафар нияти иншои сафарнома ҳам дорам,киХудо даст диҳад,ҳатман ин корро хоҳам анчом дод.Аммо шабонгоҳ пас аз соате бо набераҳоям дар чангали рўҳангези Порки Саттори ҳавохўри қалам ба даст мегирам.Низ аз рўзгори мардуми сарбаланди Лангар,манзараҳои биҳиштии он ва гузаштаву имрўзаш китоберо дар даст доштам,ки таълифаш поён ёфт.Бо Бобои Муллоҳасан Шарифов,пизишки сабукдасту инсони покравиш ҳардуямон аз зиндагиномаи пандпазири қиблагоҳи шодравонашон -акои Муҳаммадамин рисолаеро шурўъ ба навиштан кардаам.Алъон бо чанд Муассисаи пажуҳишию таҳқиқи дар заминаи чанд тарҳи фарҳанги ҳамкори дорам,ки иншооллоҳ дар фурсати дигар хонандагонро бо чузъиёти он ошно хоҳам намуд.

Ҳамчунин,бо таваччуҳ ба завқу салиқаи ҳамватанон ба китобҳои арзишманд китоберо бо номи Васоё,ки дар он васиятномаи шахсиятҳои бузурги таърих -Ҳазрати Муҳаммад(с),Ҳазрати Масеҳ(с),Ҳазрати Юсуф(а),Имоми Аъзам(р),Куруши Кабир,Луқмони Ҳаким,Имом Муҳаммади Ғазоли,Искандари Мақдуни,Робиндронат Такур ва ғайра омадааст,бо хати кирилли баргардон мекунам ва умед аст бо ёрии дўстонам ҳамин сол чоп шавад.

Дар бораи китобу гул,ки шумо ба он алоқаи шадид доред…

Бале,ман аз кўдаки ошиқи гулу китобам ва ҳамеша дар гирд овардани китобу парвариши гулҳои гуногун талош варзидаам.даар Эрон он чи чолиб аст,ки ба тавсеаи фарҳанги гулу дарахтпарвари ҳамеша таваччухи амиқ зоҳир мекунанд.Сари ҳар қадам паркеву гулгаштеву чаманистоне,ки дар рўҳияи мардум таъсири мусбат мерасонад.Дўстони азизам доктор Саидзодаву оқои Шукуфта маро ба гулхонаи азими Шондиз,дар наздикии Машҳад бурданд,ки аз тамошои он ҳануз ҳам таҳти таъсир қарор дорам.Ҳазору як хел гулу гиёҳ,ки дар ёду хотир доштани номи ҳамаи онҳо аз имкон берун аст,он чо аст,ки инсон бори дигар ба эъчози худои ва қудрати Парвардигор имон меоварад,ҳеч гуле ба гули дигар монанд не ва ҳар кадом аз дигаре зеботару чаззобтар.Навъҳои мухталифи гулу гиёҳ дар ин чо парвариш ва ба чойҳои дигар кучат мешаванд.Лаҳзае,ки дар ин гулзор будам,худро гўё дар Биҳишт медидам,ки анфоси муаттараш димоғи рўҳро болида месохт ва лаҳзае аз замин канда шудам.

Лутфан нуктае чанд аз вижагихои сафарномаи хеш иброз бидоред.

Оре,Эрон биёиву бо ифтихор гўи:

Ҳама хоки Эрон сарои ман аст,

Ки неку бадаш аз барои ман аст.

ва бузургонаш -Фирдавсию Аттору Хайёму Саъдию Ҳофизу Ғазолию…ро набини,иштибоҳест нобахшидани.Бо ин андешаву ният ба побўсии Аттору Хайём расидам ва ҳар дуро масти шароби ишқи илоҳи дарёфтам.Дар Шероз аз бўи ишқи Саъди бехуд будам,дар Ҳофизия низ фазои орифонаву ошиқонаеро дидам,дарвеше дар гўшае дар тафаккур,чавоне бо умед даст рўи санги марқади ориф монда,пире бо умед бо Девон-и андалеби боғи форси фол мегирад…Дар мавриди Тахти Чамшеду Нақши Рустаму боғи Ираму музеи синамою китобхонаю китобфурўшиҳо,марказҳои пажуҳишию таҳқиқи ва боз даҳҳо дидании дигар дар сўҳбати оянда хоҳам гуфт.

Ташаккур


Реклама

Один ответ

  1. Salom aleykum Firdavs
    Didam va khondam, vokean olist, tashakkur

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: