Рузи ушшоқ


Ё назаре ба тоърихчаи ин ид дар тули тоърих дар кишварҳои гуногун

Рузи Волентин (рузи ушшоқ ё рузи ишқварзи) идест ҳамасола дар рузи 14 феврал баргузор мешавад.

Ин ибрози ишқ маъмулан бо фиристодани корти волентин ё хариди ҳадяҳое монанди гули сурх анҷом мешавад.Собеқаи тоърихии рузи Волентин ба ҷашне ки ба ифтихори қудиси Волентин дар колисоҳои котолук баргузор мешавад, боз мегардад.

Пешинаи тоърихи

Тоърихчаи комил ва дақиқи Волентин дар даст нест ва он чи аз пешинаи ин руз медонем бо афсона даромада аст.

Имруз колисои котолук ба ин натиҷа расидааст, ки ҳадиақал се қудис (сент ба англиси Saint лакаби бисёр мукаддасу мазхаби дар колисохои котоликхост) ба номи Волентин вуҷуд доштаанд, ки ҳамаги ба шаҳодат расидаанд, ба ҳамин далел чанд афсона талош дар бозгуи ин тоърихчаи ин оин доранд.

Ривоятҳои машҳур

Дар садаи савуми милоди ки мутобиқ мешавад бо авоили шоҳоншоҳии Сосони дар ирон дар Руми Бостон фармонравое будааст, ба номи Клодиюси дувум.Клодиюс ақида дошт мардони муҷаррад нисбат ба ононе,ки  ҳамсару фарзанд доранд, сарбозони ҷангҷутар ва беҳтаре ҳастанд.Аз ин ру  издивоҷро барои сарбозони Императури Рум кадган мекунад.Клодиюс ба қадре бераҳму фармонаш ба андозае қотеъ буд,ки ҳеҷ кас ҷуръати кумак ба издивоҷи сарбозонро надошт.(Шояд зикр аст дар он ҳангом ҳануз Императури Рум  бо оини масеҳият нагаравида буд ва ин амр тақрибан 40 сол баъд аз даврони Клодиюси дувум яъне дар даврони Констонтини аввал сурат гирифт ) Аммо кушише ба номи Волентин махфиёна ақди сарбозони румиро бо духтарони маҳбубашон ҷори мекард, ҳангоме,ки Клодиюс ин амро дарёфт,Волентинро дастгир ва зиндони кард.Клодиюс  ба манзури мунсариф сохтани Волентин аз бовари хеш ба зиндон ва ба истиқболи вай шитофт ва уро мавриди муҳаббати фаровон қарор дод.

Ин дар ҳоле буд, ки Волентин низ ба гунаи мутақобил кушид то Клодиюсро ба оини масеҳият фаро хонад, амре,ки муҷиботи хашми Императори Румро фароҳам сохт ва ҳукм ба эъдоми вай дод, ҳангоме,ки Волентин дар зиндон ба сар мебарад,яке аз зиндонбонон духтаре нобино дошт,ки ба зиндон меомад, ба тафсил бо Волентин сухан мегуфт ва дуруст пеш аз он,ки  Волентин ба эъдом маҳкум гардад,, барои он духтари нобнино корте фиристод ки бар руи он нигошта буд: «Аз тарафи Волентини ту (From your Valentine)» имзо кардааст, истилоҳе,ки то имруз мавриди истифода қарор гирифта ва руи кортҳои Волентин мушоҳида мешавад.

Афсонаи дигар ҳоки аз он аст,ки ҳангоме,ки  Волентинро ба зиндон афканданд, мардум барои вай ёддоштҳои кучак,ки  дар лифофа печонда буданд ва дар шикофиҳои девораи сулулии вай ҷосози мекарданд мефиристоданд ва у онҳоро ёфт ва дар ҳаққи онҳо ниёиш кард. Ба дигар сухан, бунёди тоърихии корти Волентин ҳамин амр аст.Кушиши Волентиюс дар 14 феврал 270 мелоди (дар бархе  ривоят мутобиқ бо соли 273 баъд аз милод ) эъдом шудааст. Бинобар ин уро ба унвони фидои ва шаҳиди роҳи ишқ медонанд ва аз  он замон Волентин табдил ба  намоде барои ишқ шудааст ва бадин руст,ки дар кишварҳои ҷаҳон, ба вижа кишварҳои урупои ва Омрикои шимоли маросими рузи Волентин ҳама сола дар 14 феврал баргузор мегардад.

Шаҳрҳои мансуб ба Волентини муқаддас

Бар асоси боварҳои кунуни бақоёи Волентини муқаддас дар садаи 19 милоди дар қабристони бостони дар Итолиё кашф шуд, ҳамакнун дар се шаҳри Рим, Дублин ва Глосгу нигаҳдори мешавад.Бахше аз ин бақоё пас аз интиқол ба як тобути талои тавассути поп Георгийи 16-ум ба калисои котулик Войт Фройр дар Дублин пйтахти Ҷумҳурии Ирланд эҳдо шуд.Бахши дигаре аз ин бақоё ,ки гуфта мешавад, шомили устухонҳои Волентини муқаддас аст, тавассути як хонаводаи фаронсави дар садаи 19-ум ба калисои Фронсиси муқаддас дар шаҳри Глосгу дар Искотланд мунтақил шуд.Хориҷ аз ҳалқаҳои мазҳаби аз  мардуми одди камтар касе  вуҷуди ин бақоё дар шаҳр иттилоъ дошт то ин,ки  дар соли 1999 тасмим ба интиқоли ин бақоё ба колисои дигаре ба номи The Blessed John Duns Scotus гирифта шуд.Ин иқдом таваҷҷуҳи густурдаи расонаҳо ва ба табъи он умуми мардумро ба дунол дошт ба тавре,ки шаҳри Глосгу ба хотири мизбони Волентини мукаддас  «Шаҳри ушшоқ» лақаб гирифт ва аз соли 2002 ин шаҳр дар рузи Волентини муқаддас мизбони фестиволе ба номи «фестиволи ишқ» мебошад.

Русуми Волентин

Дар кишварҳои урупои ва Амрикои додани шоколот ба унвони ҳадяи рузи Волентин аз шухрати хосе бархурдор аст.Тазъини шоколот ва пухтани анвоъи он низ аз одоби ин руз ба шумор меравад. Аз назари илми ҳам собит шудааст,ки хурдани шоколоти dark ё ҳамон сиёҳ мизони ишқро дар инсон боло мебарад,албатта на  масрафи беруяи он.

Дар дигар фарҳангҳо

Бархе бар онанд,ки Волентин фаротар аз суннати гарби аст,ки  пеш аз ин дар бисёре кишварҳои ҷаҳон мавҷуд будааст.Дар кишвари Чин рузи мушобеҳи Волентин мавҷуд аст,ки  таҳти унвони «Шаби ҳафтҳо» номида мешавад. баробари афсонаи чини писари говчарон ва духтари бофанда дар ҳафтумин рузи ҳафтумин моҳ аз тақвими қамари дар осмон бо якдигар мулоқот карданд.Охирин «шаби ҳафтҳо» дар 30 Ут 2004 буд. (30 ут дусаду чиҳилу ним рузи сол дар тақвими Грегури)Ривояти дигар аз ин руз бо андаке тафовут нисбат ба Чин дар Жопон низ мавҷуд аст,ки  аз он ба унвони «Тонобото» ёд мегардад.Дар кишвари Миср рузи ишқи дигаре мавҷуд аст,ки  баробар бо 4 ноябри ҳар сол аст.Дар Кореи Ҷануби дар 11 декабр ҳар сол рузи таҳти унвони «Рузи папару» мавҷуд аст,ки дар он  завҷаҳои ҷавон ҳадяҳое ба якдигар тақдим мекунанд.

Дар фарҳанги ирони

Сепандормазгон ҷашни гирмидошти замин ва зан  ва рузи меҳрварзи ба  мазоҳири меҳру фурутани аст.Дар ин руз ки мусодифаст бо 29 баҳманмоҳ мардон ба занони худ бо муҳаббат ҳадя медоданд ва занону духтаронро аз корҳои рузмарра маоф карда бар таҳти шоҳи менишонданд ва аз онҳо тоат мекарданд.

Ахиран гуруҳе аз дустдорони  фарҳанги ирони пешниҳод кардаанд,ки  ба манзури ҳифзи фарҳанги ирони Сепандормазгон ба ҷои Волентин ба унвони рузи Ишқ гироми дошта шавад.

Дар Арабистони Сауди

Дар Арабистони Сауди фуруши маҳсулот марбут ба рузи Волентин монанди гули руз дар рузҳои наздик ба ин руз мамнуъ мебошад ва пулиси мазҳаби ин кишвар аз магозадорон мехоҳад то ҷунин чизҳоеро ба фуруш нарасонанд.

Дар Гарб-Аврупо

Дар ҳоле,ки бо ирсоли корт, гул, шоколот ва ҳадяҳое дигар дар Бритониё рузи Волентин суннатест,аммо ин руз дар манотиқи дунё дорои расму русуми гуногунест. Масалан дар Норфолк кишваре дар шарқи Инглистон чунин расме руи кор аст,ки дар ин руз  нафаре ки уро «Ҷак» меноманд,ба назди дари хонаҳо меояд ва бо гузоштани ширинию ҳадяҳо баори кудакон бар дар так-таке карда меравад. Бо вуҷуди он,ки у барои бачаҳо ҳадяҳо мегузошт,аммо аксар кудакон аз ин одами аҷиб ҳарос доштанд.

Дар Фаронса ин кишвари  аз лиҳози расму оин котулики Рузи Волентин чун «Рузи Волентини муқаддас» чун дигар кишварҳои Гарб як хел ҷашн гирифта мешавад.

Дар Испониё бошад «Рузи Волентин» чун рузи»Волентини муқаддас» номида шуда монанди русуми кишвари Бритониё ҷашн гирифта мешавад.

Дар Португалия ин рузро ба унвони рузи «Dia dos Namorados» яъне «Рузи ошиқон» меҳисобанд.

Дар Демарк ав Норвей Рузи Волентин (14 феврал) чун рузи » Valentinsdag» номида шуда, ҳарчанд бо дараҷаи оли ҷашн нагирад ҳам,аммо қисми аъзами мардуми ин кишвар вақте ҷудо намуда бо ҳамнафасу дустдори хеш паромуни суфраи румонтику ошиқона ҷамъ мешаванд ё ба дусдоштаи худ корт, гули сурх ҳадя мекунанд.

Дар Свиден кишваре дар шимоли Аврупо ин рузро «Alla hjärtans dag» ё «Рузи тамоми қулуб» унвон мекунанд,ки дар соли 1960 огоз ёфтааст.

Дар Финландия ин рузро бо гуиши худ «Ystävänpäivä» мегуянд,ки он чун «Рузи дуст» тарҷума мешавад.Он гуна ки ин ном нишон медиҳад дар ин руз кас тамоми дустонашро ба хотир меоварад, на танҳо дустдоштаро, балки тамоми он нафароне,ки  иртиботи наздик доранд.

Дар Истония ин рузро «Sõbrapäev» меноманд,ки ин руз низ чун «Рузи дуст» унвон мешавад.

Дар Словения мутобиқи як мақол «Рузи Волентин калиди реша яъне руишро меоварад»,яъне дар 14 феврал рустаниву гулҳо шуруъ ба сабзидан мекунанд.Инчунин гуфта мешавад,ки дар ин руз паранҳову тоирони гуногун бо ҳам ибрози ишқ мекунанд ва хонадор мешаванд.Бо вуҷуди ин онро ба тозаги ба уинвони рузи ишқ ҷашн мегирифта шудаанд.

Дар Мексика бошад ин рузро «Día del Amor y la Amistad» яъне «Рузи ишқ ва дусти» унвон мекунанд.Дар ин руз мардумон дустони худро ҳурмату эҳтиром мекунанд.

Дар ҷануби Амрико «Рузи ишқ ва дусти» ва «Рузи ҳамроз» хеле шуҳрат доранд,ки ҳардуи ин ид дар рузи 14 феврал баргузор мешаванд.

Осиё

Дар Ҷопон дар соли 1960 Моринага яке аз бузургтарин  ширкатҳои  санъати ширинисози русуми  ҳадя додан ба мардон аз тарафи занонро ихтисос дод,ки танҳо занон бояд ба мардон шоколот бидиҳанд.Ба вижа занони оффиснишин ба кормандони худ шоколот медоданд.Пас аз як моҳе рузи 14 март  иде таҳти унвони «Рузи сафед» аз тарафи ин иттиҳодияи ширинисози ба вуҷуд омад,ки он чун  рамзи «Рузи ҷавоб» мебошад,ки ин ба мардон низ имконият дод то ба шоколоти додаи занон ҳадяе баргардонанд.

Дар Кориёи Ҷануби дар рузи 14 Феврал занон ба мардҳо шоколот ҳадя мекунанд ва мардон бошад дар рузи 14 Март (Рузи сафед) ба хонумон канфетҳои бидуни шоколот медиҳанд.Дар рузи 14 Апрел («Рузи сиёҳ»)  онҳое,ки дар таърихи 14 феврал ва 14 март чизе нагирифтаанд ба рестуронҳои чини рафта мокорунии сиёҳ хурда ватанҳоии хешро «мотам» мегиранд.

Дар давлати пурҷамияттарини ҷаҳон Чин чунин расме мавҷуд аст,ки дар «Рузи Волентин» мардҳо ба занҳои дустдоштаи худ шоколот медиҳанд.

Дар Филипин  бошад ин рузро «Рузи қулуб» меҳонанд.

Ҳизби сиёсии «Ҷамоати исломи»-и Покистон ба тозаги ҷашнгирии ин рузро мамнуъ эълон намуд ва ин рузро «Рузи шармандаги «унвон кард.Ба акидаи ин ҳизб мардумони Гарб дар ин руз ташнагиҳои ҷинсии худро таъмин мекунанд,ки ин тавҳин ба шаъни Ислом аст.Бо вуҷуди ин дар Покистон ҷашнгирии ин ид ба тадриҷ меафзояд ва дукони гулфурушҳо умед доранд,ки теъдоди зиёди гулҳо ба  хусус гули сурх мефурушанд.

Ин буд шаммае аз торихчаи “Иди ошиқон.”

Тарчума ва тахияи муаллиф

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: