Фиристодаи доно


Рамазон Мирзоев,Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Фиристода бояд,ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Фирдавсӣ

Барои ҳар инсон ёфтани дўст воқеан сармоя ҳаст,бавижа,ки дўст меҳрубон,шоиста,фаҳмида ва ҷавонмард бошаду аз риёву кинаву ҳасад бадур бувад.Манзури ман аз ин пешдаромади калом ошноӣ бо Рамазон Мирзоев,Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад,ки бо амри қисмат дар маросими солгарди рўзи истиқлоли Тоҷикистон  бо эшон ошно шудам.Он рўз саҳни бинои Сафорат пур аз меҳмонони дохилию хориҷӣ,намояндагони сафоратхонаҳои муқими Теҳрон ва мақомоту масъулону ҳунармандони эронӣ буд.

Сафир бо тавозўъи ба худ хос ва табассуми малеҳ ба меҳмонон хушомадед мегуфту Муродбек Насриддин,Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон бо лаҳни ширин барои ҳозирон суруд мехонд.Барои ман як чиз аҷоиб буд,ки Сафир бо ҳама -хурду калон,донишҷўю вазир,ҳамкору ошно яксон муносибат менамуд ва баръакси бархе мансабдорон,ки аз худ поинро нописандона мебинанду дар пеши калонтар аз худ(аз лиҳози вазифаю мақом)  дум меҷунбонанд, ин сифатҳоро надошт.Сафир он рўз аз дастовардҳои Тоҷикистони азиз,ҳамкориҳои дутарафаи Тоҷикистону Эрон,сиёсатҳои хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон,Президенти мамлакат барои меҳмонону ҳозирон бо хушҳолӣ ҳикоят намуду аз рушду шукуфоии кишварамон дар оянда изҳори хушбинӣ кард.Ман,ки солҳо пеш Рамазон Мирзоевро тавассути туннели Данғара мешинохтаму аз фаъолияти роҳбариаш дар ин ноҳия хабардор будам,бори аввал буд,ки он касро аз наздик медидам.Ҳамон солҳо матбуоту расонаҳо бо шўру ҳангома хабар медоданд,ки туннели Данғара бо дарозии қариб 14 километр тақрибан дар қаламрави Иттифоқи Советӣ назиру монанд надорад.Тақрибан рўзе набуд,ки барномаи «Ахбор» дар бораи ин объекти дорои аҳамияти умумииттифоқӣ хабар ё гузоришу лавҳа нишон надиҳад.Албатта,кор кардан дар чунин объектҳои глобалию бузург ҳиммату шаҳомати махсус мехоҳад,ки на ба ҳар кас Худо ин неъматро медиҳад.Ман аз ошноии нахуст бо ин пири кор,бо ин фарди фарзона ва волоҳиммат дарёфтам,ки муваффақияти ў дар он солҳои пурзарбу ҳарб бедалел набудааст ва дар тинату ботини ин мард як шаҳомате нуҳуфтааст,ки андак касонро насиб мешавад.Ў табиатан ором ,бомулоҳиза,сабур ва камгап аст.Дар чанд нишасту бархосте,ки бо Сафир доштам,ба як нукта пай бурдам,ки ҳаргиз ба хашм намеояд ва чизе наметавонад асабонияш кунад.Ҳамин далел худ гувоҳ аст,ки инсони хурду кўчак наметавонад чунин сифатро дошта бошад.Сабру бурдборӣ хоси бузургон аст ва одамони пастмояву пастҳиммат аз он бенасибанд.

Бузурге гуфтааст,ки барои он,ки касеро хуб шиносӣ бояд ҳамроҳаш 40 кило намак хўрӣ.Одам шояд дар тамоми умр натавонад ин қадар намакро хўрад ва ин ишора ба он аст,ки шинохтани ботину ниҳоди инсон кори ношуданист ва дар бораи инсонҳо изҳори назар кори осон нест,чун инсон ҳамеша ба сўи хатову иштибоҳ меравад ва касе наметавонад гўяд,ки ман камбудӣ намекунам.Рамазон Мирзоев,марди ботаҷриба ва кордида ҳамаи ин андешаю фикрҳоро бо тарозуи инсофу хирад  вазн намуда,тибқи онҳо амал мекунад.

Насли калонсоли мо медонад,ки Рамазон Мирзоев муддати 8 сол Котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Данғара –яке аз бузургтарин ноҳияҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати қаламрав буд ва дар давраи роҳбарии мавсуф туннели Данғара ба кор даромад,ки аз оби он бояд 154 ҳазор гектар замини бекорхобида шодоб мешуд.Фаъолияти роҳбарии Мирзоев баъдтар дар вазифаҳои гуногун -Мудири шўъбаи сиёсати кишоварзӣ ва бозсозии деҳоти Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ,узви Шўрои Олии ИҶШС ва муовини Раиси Шўрои миллатҳо,Сармутахассиси Дастгоҳи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон,Мудири Корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон,Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва аз октябри 2001 то кунун Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст.

Давронии сафирии Рамазон Мирзоев дар Русия бемуболиға яке аз саҳифаҳои дурахшони корномаи ў ҳисоб меёбад,ки маҳз,дар ҳамин кишвар муҳимтарин санади таърихии миллати мо -Созишномаи сулҳу оштӣ ба имзо расид,ки дар ин арса нақши Сафири доно — Мирзоев сазовори таҳсин аст.Ба ҷуз ин,саҳми эшон дар бозгардондани оворагон,ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон,имзои чандин тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия ва мустаҳкамшавии робитаҳои кишвари мо бо ин давлат лоиқи таҳсин аст.Ошноию шинохти Мирзоев аз ин кишвар,ки Академияи илмҳои ҷамъиятиро дар Маскав хатм намуда буд,дар ин давра ба ў имкон дод

Сафир Рамазон Мирзоев бо адиби точик Шохмирози Хучамухаммад,Техрон

аз ин имкониятҳо истифода намояд ва ҷиҳати таҳкими пайвандҳои сиёсию иқтисодӣ ба кор бубарад.Дурахшиши кори Сафир дар ин давра аз касе пўшида нест ва худи интихоби эшон ба унвони Сафири Фавқулодда ва Мухтор бо масъулияти муовини сарвазир нишони он буд,ки мақомоти кишвар ба он кас боварию эътимод доранд ва ин масъулияти ҳассосу муҳимро ба он кас супоридаанд.

Ҳамин таҷрибаи корсози Рамазон Мирзоев сабаб шуд,ки аз собиқаи муваффақаш ба унвони Сафир дар Эрон истифода шавад.Мирзоев,ки акнун дипломати қавӣ шуда буд,дар ҳамон ибтидо азмро ба он ҷазм кард,ки ширкатҳои эрониро барои ҳамкориҳо дар тарҳҳои иқтисодӣ ба кор ҷалб намояд.Кас ба рушди чашмгири муносибатҳои иқтисодии ду кишвари дўст -Тоҷикистону Эрон нигариста,бешак, ба нақши фаъолонаю муҳими Сафир пай мебарад.Туннели Анзоб,нерўгоҳи обию барқии Сангтўда -2,сохтмони чанд бинои чандошёна дар шаҳри Душанбе ,фаъолиятҳои ширкати Порсмурғ ва чандини дигар ба унвони намунае аз фаъолиятҳои муштараки ду кишваранд,ки Рамазон Мирзоев дар роҳандозию шаклгирии ин нақшаҳо саҳми арзанда дорад.Мирзоев,ки худаш муҳандиси риштаи гидромелиоративӣ ҳаст,тавонист бо диди бозу дониши васеъ тавонмандию имкониятҳои мутахассисони эрониро баррасӣ намуда ,онҳоро дар корҳои муштарак бо кишварамон ҷалб намояд.

Вале барои мани қаламкаш бузургтарин фазилати Сафир одамияту одамгарӣ,тавозўю некнафсии ўст,ки инсон бо ҳамин хислатҳо зебост ва ин сифатҳо ҳам назди Худо азизанду ҳам назди бандааш.Дар кишваре мисли Эрон,ки беш аз 70 миллион аҳолӣ дораду тараққикарда аст,кори дипломатӣ саҳл нест ва боварии онҳоро ба даст овардан ҳам кори содда нест,аммо Сафири мўҳтарами мо ,ҳамчунонки аз сўҳбатҳои ман бо намояндагони касбу кори гуногуни Эрон маълум шуд,тавонистааст таваҷҷўҳи масъулони ин давлатро ба даст оварад .Вай бо дилёбию истифодаи зарифонаи шеваҳои дипломатӣ метавонад гапи худро дар вазоратхонаю идораҳои Эрон гузаронад ва ба нафъи ҳарду кишвар корҳои манфиатнок анҷом диҳад.Мирзоев бештари корҳоро на бо коғазбозию мактубнависӣ,балки бо равишу тарзи саҳеҳу фаврӣ ҳал мекунад,ки дар ин бобат истеъдоди фавқулодда дорад.

Ҳамчунон,ки дар ибтидои мақола гуфтам,кашфи як дил баробари кашфи як сайёра ё Каҳкашон аст ва барои ман дар Эрон дар қатори дигар дастовардҳои фаровон ошноӣ бо Рамазон Мирзоев буд,ки Сафоратро ба хонаи адлу дод,порае аз Тоҷикистон ва даргоҳи умеди тоҷикони муқими ин кишвар табдил додааст.

Ман мушоҳида менамудам,ки чӣ тавр Сафир бо забони ширину ҳазлҳои намакин бо донишҷўён сўҳбат менамуду аз шароити таҳсилу зиндагии онҳо мепурсид ва ташвиқашон мекард ҳатман пас аз хатми таҳсил барои кишварамон хидмат намоянд.Ёдам намеравад,ки солҳое Рамазон Мирзоев дар Маскав сафир буд,яке аз нашрияҳо хотираи як зани тоҷикро дар бораи ёрии беғаразонаи Сафир навишта буд.Дар мақола зан бо эҳсоси сипос навишта буд,ки ман ҳамсари яке аз мухолифон будам.Зарурате пеш омад,ки бояд ба Ватан бармегаштам.Бинои сафоратро пайдо намуда,ба қабули Рамазон Мирзоев омадам.Ҳазор биму андеша доштам,ки шояд сафир бо шунидани ин ки ман ҳамсари яке аз мухолифинам,маро хуш қабул накунад ва «мебинем»,гўяду аз дар берунам кунад.Вале ғайричашмдошт, аз забони сафир ин ҳарфҳои меҳрбор берун омаданд:хоҳари азиз,мо ҳама фарзанди Тоҷикистонем,худию бегона барои мо вуҷуд надорад,сафорат хонаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст,мушкили ту мушкили ман аст,агар ту хурсанд бошӣ,ҳамаи мо хурсандем…Баъд,сафири баландҳиммат пули билети ману бачаамро дод,ки ба Тоҷикистон баргаштем.Ман то зиндаам ин некии Сафирро фаромўш нахоҳам кард ва дар ҳаққаш дуо мекунам.

Ин гуна саҳифаҳои меҳрбор дар зиндагии Сафир кам нестанд.Вай бо ҳама масъулияту гирифториҳо барои аёдати беморон,дидор бо гурўҳҳои гуногуне,ки аз Тоҷикистон ба Эрон меоянд,вақт пайдо мекунад. Хонаводаи тифоқу адабпарвари Сафир -ҳамсараш апаи Ҳоҷӣ Сарварбӣ,ки як зани бофарҳангу китобхон ,фарзандонаш -Комилҷону Нодирҷону Одилҷону Салтанату Гулнозу Акрамҷон ҳама соҳиби маълумоти олӣ,таҳсилкарда ва боадабу бофарҳанганд,ки ин худ як неъмати бузург барои ҳар падар маҳсуб мешавад,ки роҳи падарро идома медиҳанд ва ҳар як дар риштаи худ шоистаю сазовори эҳтироманд.Дасти марҳаматаш ба мўҳтоҷон,донишҷўёни эҳтиёҷманди тоҷики муқими Эрон,бенавоёни зодгоҳаш… ҳамеша мерасад.Чунин чеҳраҳои сиёсию дипломатӣ дар ҳақиқат барои миллати мо боиси ифтихор аст ва онҳо сармояҳои миллати мо ҳисоб мешаванд.Ман мутмаинам кишвари мо дар сурати баҳрабардорӣ аз донишу таҷрибаи чунин шахсиятҳои кордону боистеъдод ба қуллаҳои нави пешрафту шукуфоӣ хоҳад расид.Дар поён орзу мекунам Худои раҳим теъдоди чунин афроди дилсўзи меҳану миллатро зиёд кунад,ки дар ҳама ҳолат аз манфиатҳои Тоҷикистон бо тану ҷон ҳимоят мекунанд.

Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад,рўзноманигор,ш. Теҳрон.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: