Матбуоти Амрико


Чанд сатри таърих

Дар Аврупо дар карни 18 чузвхо ва варакахои иттилоотие барои нахустин бор ба таври рузнома чоп ва пахш мешуд.Тибки иттилои ба даст омада , пас аз карни 19-ум теъдоди хонандагони рузномахои аврупои зиёд гардид ва ба хазорони милиёнхо хонандагон расид.Дар рузномахои авалия он гуна,ки дар хабар аст,махдудиятхо мушохида мешуд,манзурамсифати хачму мухтавост.

Аммо дар Амрико бошад,матбуоти рузонаи арзон тибки як манбаъ ба соли 1892 рост меояд.(доири ин руйдод дарз зер хохам гуфт)Ин рузномахо нахуст танхо дар шахри Нию Ёрк тавзех мегардиданд, аммо пас аз муддати на чандон дур дар тамоми шахрхои бузурги шарки Амрико ин рузнонмахо ба таври густурда густариш ёфтанд.Ва дар нахустин солхои карни 20-ум рузномахои шахри (минтакави Ф.А) падидор гардид,ки аксар манотики ИМА ро пушиш медод. Дар тайи даврони мухочират анбухи рузномахои фаровоне бо забонхои ачнаби дар Амрико интишор гардид дар соли 1811–1897 рузнома бо забони олмони дар шахрхои шарку гарби Амрико мунташир мешуд.Аммо кайд кардан ба маврид аст,ки бузургтарину  боэътибортарин рузномахо “Зе Нию Ёрк таймз” (The New York Times) ва “Лондон таймз” (London Times)буданд,ки дар соири кшвархои аврупои ин ду рузнома мавриди фуруш ва таваччух карор мегирифтанд.

Дар Амрико хамчунин интишори рузномахои ба сурати як пеша даромада аст.Агар чи рузнонахо дар ИМА махалли хастанд, аммо ба хеч вачх тамоман дар моликияти афроди махалли карор намегиранд.Беш аз 70 дарсади ин рузномахо ба василаи  ширкатхои интишороти контролу назорат карда мешаванд.Дар баъзе аз ин рузнонмахо хамонанди бисёре аз рузномахои аврупои моликон сиёсатхоро  таъин мекунанд ва сардабирону рузноманигорн онро пайрави мекунанд.

Бояд гуфт ,ки бо зухури интернету кутуби электруни ва сомнонахои иттилооти  ба тадрич теъдоди рузномахо афзоиш ёфта шумори хонандахо коста гардида истодааст, хоса дар Амрикову Аврупо.

“Паблик Оккюренс”

Тибки иттилои як расонаи интернети нахустин рузномахои Дунёи Нав (Амрико Ф.А) дар Бостон шахри хозираи иёлати Масачусетс нашр мешуданд.Ва  бо нахустин икдом 25 сентябри соли 1690 бо нашрияи “Паблик оккюренс”-руйдодхои сиёси ва чамияти огоз ва кушиш карда шуд,ки он хам хаводиси дохили ва хам хоричро фаро мегирифт.Ва аз тарафи Ричард Пиерс нашр мегардид.Аммо ин нашрия танхо як руз давом кард ва ба таври ичбори аз тарафи хукумати мустамликадорони Бритониё аз фаолият боз монд. Ва дуруст баъд аз 14 сол дар соли 1704 “Тхе Бостон Ниюз Леттер” тавлид ёфт ва он ба таври конуни 72 сол фаолият бурд.Ин аввалин рузномаи хакики дар Бостон ва дигар мустамликахо ба шумор мерафт.Аввалин маколаи ин рузнома24 Апрели соли 1704 нашр ёфт ва зухури он ба як ходисаи фаромушнопазир дар таърихи Бостон ба хисоб мерафт.Он аз тарафи Чон Камбе нашр мегашт ва нашрияи аввал шомили як вараку ду сахифа буд.

Аз “Бухорои шариф ” то “Чароги руз”

Расман огози таърихи матбуоти точик бо нашри аввалин шумораи “Бухорои шариф” дар 11 марти  соли 1912 нисбат дода мешавад.Вале пажухишгарон тазкира ва осори насри кадими точикро зинаи аввали журналстикаи точик мешуморанд.Чи тавре,ки аз таърихи он медонем,дар нимахои 2-юми асри 19 ва огози асри 20 бархе аз нашрияхо чоп шуданд,ки матолиберо бо забони точики нашр намуданд. Ва дар даврони Шурави бошад, матбуот зери назорати шадиди  давлату хукумат карор дошт, вале дар ин давра  низ аз талошхои озодбаёни дар бархе аз онхо ба мушохида расидааст.Масалан ибтидои солхои 90-уми асри 20 давраи шукуфоии матбуоти озоди дар Точикситон шуморида мешавад,ки нашрияхои монанди “Чароги руз”, “Растохез”, “Сухан”, “Адолат” ва монанди инхо нисбат дода мешавад.Аммо мутаасифона дар солхои чанги “бемаъно”-и Точикситон солхои 1992–1997 дахо журналистони точик кушта ва садхо журналистони бохунари боистеъдод кишварро тарк намуданд.

Хуб, инчо боз ру меорем ба Амрико.Дар авоили солхои 1800 ИМА вориди мархилаи рушду тараккиёти технологияи  босуръат мегардад,ки он бо огози реалии “воситаи алокаи мудерн” нишона гузошт.Ихтирои киштихои буги,рохи оохан ва телеграфхо аз асари куввахои бодию  истифодаи аспхо чун наклиёт ба давраи алокаву комуникатсия оварда расонд. Дастгохи баландсифату босуръати чопи масири рушду нумуъро пеш гирифт.Ноширон дарк намуданд,ки ояндаи судбахшу манфиатноки рузномахо вобаста ба арзон намудани онхо ва афзудани реклому таблигот мебошад. Ва дар фосилаи на чандон зиёд матбуот аз сатхи пасти хонанда ба дарачаи бузургу густурдаи гурухи мутолиагарон дакка зад.Бояд гуфт,ки тамоми ин ноширон мардони рох ва суботкор буданд.Онхо идеализмро бо ифтихори милли муттахид намуда ва рузномахои онхо баори кисми аъзами мухочирон воситаи омухтани тарзу шеваи  зиндагии мардуми Амрико гардид.

Ракобат омили рушд

Аз соли 1820 такрибан 25 рузномаи харруза ва зиёда аз 400 хафтавор дар ИМА нашр ва дарч мегардид.Хорас Грилех “Нию Ёрк Трибюн”-ро соли 1841 ташкил дод ва он яке аз рузномахои муассир гардид. Ва дигар рузномахо амсоли “Нию Ёрк Таймз”,  “Балтимор сан” ва “Чикаго трибюн” дар солхои 1850 таъсису ташкил ёфтаанд. Ду шахси бузургу сутург дар ин замина,ки зикри номашонро инчи мухим медонам, инхо Чосеф Пулитзр ва Вилиям Рандолф мебошанд,ки баъд аз чанги шарванди (1861–1865 Ф.А) ба истилох “имерияи” рузномаро бунёд намуданд.Ракобати шадиду сахти ин ду “Журнализми зард”-гузоришхои хангомахезу одатан гайри дакик бо максади чалби хонандагонро  ба вучуд овард. Занчири рузномахо тахти чунин моликият ва сохибият то авоили карни 20 як симои умдаро гирифт.

Аммо бо ракобатхои чидди барномахои телевизиюни нигох накарда, баъд аз Чанги дуюми чахон насли чавону калонсоли Амрико хар хафта рузномахои рузонаро аз дасти мутолиа мегузарониданд.Аз хама бонуфузтарин ва боэътимодтарин рузнонмахои рузонаи Амрико инхо : “Зе Валл Стреет Чурнал”, “Зе Нию Ёрк Таймз”, “Лос Анчелос Таймз” ва  “Вошингтон Пост” мебошанд. Ва аммо шумораи умумии рузномахо дар соли 1946 ки 1.763 буд дар соли 1999 ин адад ба 1.438 расид.Бо вучуди ин теъдоди рузномахои рузи шанбечопшуда,соли 1946 аз 497 адад ба 905 дар соли 1999 расид,ки ин ба хисоби умум бо дар назар гирифтани рузнома хафтавор ба 2.388 рост меояд.Ин адад шумораи баландтарини рузномахоро нишон медихад.Дар Амрико  тибки баъзе манобе зиёда аз 2343 рузномахои хамаруза аст,ки ин хело теъдоди калон мебошад. Барои киёс дар Аврупо , масалан Олмон ки дорои 82.4 милиён ахоли мебошад, 405 рузномаи харруза мавчуд аст, ки 26 тои ин рузнома хафтавор мебошанд ва харруз 28 милиён адад рузнома ба фуруш меравад ва ба хисоби умум 73 фоизи мардуми ин кишвар рузнома мехонанд.Ин теъдодро кам шуморидани нестам ва бо илова бар ин як хабарнигори дорои 2 сол тачриба дошта маоши 34.000 евро мегирад ва аз ду сол боло бошад,43.600.

Аммо имруз дар Амрикои дорои ахолии зиёда аз 300.737.973 рузномахо дучори ракобатхоянд, на танхо аз шабакахои телевизиюни,балки аз тамоми ВАО шомили шабакахои интернетии шахсикунонидашуда,телевизиюнхои якчояамалкунанда,нашрияхои махсуси манфиатрасон ва дигару дигар.

Харчанд,ки рузномахое чун “Зе Волл Стрит Чоурнал”, “Имрузи ИМА”, “Зе Нию Ёрк Таймз”, “Лос Анчелос Таймз” ва “Вошингтон Пост” дастраси мардум мешаванд ва дар тамоми шахрхову манотик фурухта мешаванд,аммо мо наметавонем онхо рузномаи милли унвон намоем ва дар Амрико рузномаи милли вучуд надорад-мегуяд як манбаи иттилооти.Бо истиснои шумораи кам тамоми рузномахо дар Амрико аз тарафи ширкатхои бонуфуз, шахсиятхои баруманд ва оилахои сарватманду доро хусуси гардонида шудаанд.Бояд тазаккур дод,ки хар иёлат ва шахр дорои рузномахои гуногуни худи аст, аммо рузномахое чун “Зе Нию Ёрк Таймз” ва “Вошингтон Пост” ва дигархо,ки харруз нашр мегарданд, дастраси тамоми ахоли мебошанд.Ва лозим ба ёдоварист,ки маоши як журналисти хубу кордон дар як сол  аз 40 то 50 хазор доллари амрикоист.

Бо манзури рушани андохтан ба рузномахо метавонам ин фактро манзури хонанда карор бидихам, ки дар соли 1960 хар руз дар  Англия беш аз 1 рузнома ба нисбати хар хонавода ба фуруш мерасид ба таври мутавассит 112 рузнома барои хар 100 хонавода буда,аммо ин нисбат аз он пас ба пайваста дар холи кохишёбист.Имруза камтар аз 90 рузнома барои хар 100 хонавода ба фуруш  мерасад.

Ё худ тибки иттилои ноширон ва мухарирони Амрикои аз сабаби ракобатхо нисбат ба дигар васоити алока шумораи рузномахои харруза тайи ним асри  гузашта кохиш ёфтааст.Аз соли 1970 ин чониб  шумораи рузномахои бегохи (шомгохи) паст гаштааст, дар холе, ки теъдоди рузномахои бомдоди  ва шанбеги ру ба афзоиш ниходааст.

Бо далели мукоиса, масалан соли 1950 шумораи рузномахои харруза дар ИМА 1.772 -ро нишон медод дар холе,ки соли 2000-ум теъдоди онхо ба 1.480 фаромад.Аз ин ру метавон зикр кард,ки гардиши рузномахои харруза ру ба кохиш нихода истодааст.Лозим ба ёдоварист,ки реклом ё пайёмхои бозаргони хамвора  ичрокунандаи накши назаррас дар рузнома ба хисоб меравад.Ва манобеи асосии даромади рузномахои Амрико махз аз хамин хисоб аст.Хатто дар кучактарин  гушаи рузнома онро дидан мумкин аст.

Ба таври умуми хар руз дар Амрико такрибан 55 милиюн рузнома ба фуруш меравад 59 милиюн рузномаи шанбеги.

Дар зер теъдоди рузномахои ИМА тибки омори 1990-2005-ро манзур мегардонам.

Теъдоди рузномахои ИМА тибки омори 1990-2005

Сол Рузномахои бомдоди Рузномахои шомгохи Мачмуъи рузномахои рузона Рузнмохои шанбеги
1990 559 1084 1611 863
1991 571 1042 1586 875
1992 596 996 1570 891
1993 623 954 1556 884
1994 635 935 1548 886
1195 656 891 1533 888
1996 686 846 1520 890
1997 705 816 1509 903
1998 721 781 1489 898
1999 736 760 1483 905
2000 766 727 1480 917
2001 776 704 1468 913
2002 777 692 1457 913
2003 787 680 1456 917
2004 814 653 1457 915
2005 817 645 1452 914

Манбаъ: Editor and Publisher Yearbook data

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s