Салла гӯӣ, калла меорем мо!


Ба назар чунин мерасад, ки дар мақомоти поёнии ҳукумати кишвар афроде кору фаъолият мебаранд, ки салла биёвар гӯӣ, калларо ҳамроҳи салла меоранд. Амали иҷборан ба дӯши мардум таҳмил кардани хариди сахмияҳоро метавон бад-ин мисол шабеҳ диду мушоҳида кард. Зеро сарвари кишвар даҳҳо маротиба эълом дошт, ки хариди саҳмияҳо на иҷборӣ, балки бояд довталабона сурат бигиранд. Аммо таври маълум ин гуфтаи президент ҳиҷ маҳал аз ҷониби мақомоти поёнӣ иҷро намешавад ва бешак амали зимомдорони поёнӣ дар бобати иҷбории фурӯши саҳмия поймол кардани сиёсати аввалчеҳраи кишвар аст. Гузашта аз ин, чунин амалкарди масъулин сабаби он мешавад, ки мардум ба ҳукумат ва президент эътимод нахоҳанд варзид.

Мардуми фақру хариди саҳмияҳои иҷборӣ

Роғун он гуна, ки ҳама гуфтаанд, иншооти аср ва ифтихору шарафмандии миллати тамаддунсози тоҷик мебошад. Харидорӣ намудани саҳмияҳои Роғун барои ҳар як фарди Тоҷикистон чун вазифаи фарзӣ дониста мешавад, зеро мо дар ин иншоот оянда равшанӣ ва гармии хонадони ҳар яки худро мебинем.Вақте, ки Роғун бунёд мешавад теъдоди азими мушкилоти энергетикии Тоҷикистон роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Иштироки шумораи аъзами мардуми кишвар ҳокӣ аз он аст, ки ин сохтмонро ҳама дастгирӣ мекунанд.

Он гуна, ки медонем ин рӯзҳо дар бештари корхона ва муассисаҳои давлатӣ ва ҳатто ғайридавлатию инфиродӣ маъракаи маҷбурии ҷамъоварии маблағхои ба истилоҳ «хайрия» барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва харидории саҳмияҳои он ҷараён дорад. Бо назардошти ин, ки Раисҷумҳур даҳҳо маротиба таъкид кард, ки раванди хариди саҳмияҳо бояд ихтиёрӣ ва довталабона сурат бигирад, аммо боз шоҳидем ва мебинем, ки масъулин мардумро дар хариди саҳмияҳо маҷбур мекунанд ва ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати сарпечӣ аз кору фаолиятшон озод хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки 52% аҳолии Тоҷикистон аҳли фуқароанд  ва ин маънои он аст, ки чунин қишри ҷомеа албатта имкон ва қобилияти саҳим будан дар ин маъракаро надорад.

Дар воқеъ, имрӯз харидани саҳмияи Роғун ба таври зӯриву маҷбурӣ сурат гирифта истодааст. Корхонаҳои хусусӣ аз тарси зӯроварӣ ва коркунони давлатӣ барои худро назди боло “гарм» нишон додан зердастону тобеони худро водор карда истодаанд, ки саҳмия бихаранд. Ин раванди зӯроварӣ дар ҳама соҳоти ҷомеа густурдааст: ҳам дар соҳаи маориф-мактабҳои миёнаву макотиби олӣ, ҳам дар соҳаи тандурустӣ -беморхонаҳо, ҳам дар корхонахои хусусӣ ва дар дигар корхонаҳои давлатӣ, ҳатто дар ин раванд масоҷиду мадорис низ истисно нестанд

Лаббайку балеву дурӯғи ростини ТВ-ҳо

Имрӯз хеле хуб мушоҳида мекунем, ки расонаҳои хабарии расмӣ барномаҳое таҳия ва пешкаш мешаванд, ки танхо яктарафа ҳастанд. Ва мебинем, ки кормандону хабарнигорони телевизиюни давлатӣ зимни сохтани барномаҳову гузоришот оиди сохтмони «Роғун» ва харидории саҳмияҳои он танҳо суроғи он нафароне мераванд, ки сухани ба истилоҳ «давлатӣ» мезананд ва ин кормандони дарборӣ аз ҳамсӯҳбатони ба истиллоҳ ҳақиқатгӯю талхгу канора мегиранд. Агар тақозои касби журналистӣ дутарафнигарӣ ва чандандешӣ бошад, ку мардворӣ биёянд, ба сари онҳое, ки иҷборан хариди саҳмияро таҳмил кардаанд ва поймол шудани гуфтаи президенти кишвар дар бобати довталабона ва ихтиёрӣ будани хариди саҳмияро нишон диҳанд, мо аҳсант мегӯем, аммо афсӯс…

Албатта хидмат ба ватан хуб аст, хоса хидмати ҳарбӣ нею моддӣ! Ва албатта он рӯз дер нахоҳад буд, ки Тоҷикистон низ дар арсаи ҷаҳон яке аз қудратмандтарин кишвари энергетикӣ мешавад. Аммо кӣ кафолат дода метавонад, ки ҳамаи маблағи ҷамъшудаи мардум бидуни ҳеҷ каму кост ба суратҳисоби «Роғун » равона карда мешавад?!

Дар робита Шаҳриёри Курбонпур сокини ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ иддао дорад, ки Тоҷикистон дар сурати бунёди ин иншоот соҳиби энергетикаи худӣ мешавад. Ҳамсӯҳбатам мӯътақид аст, ки дар ҷамоварии маблағҳои Роғун ҳеҷ каму костие сар намезанад ва ҳукумати кишвар нозири чунин ҷамъовариҳост. Ӯ мегӯяд:

-Ин ҳам вақт мехоҳад ва илова бар ин кафолати маблағҳои мардум бидуни каму кост ба суратҳисоби «Роғун » ирсол шуда, худи ҳукумати Тоҷикистон аст. Чунки дар ин бора дар матбуоти даврӣ борҳо ин масъала мавриди суол қарор гирифт. Мардум суол карданд, ки Сангтӯда сохта шуд ва мо солҳои 1996 саҳмия гирифтем, кани саҳмияҳои мо, бо назардошт дар мавриди ин масъала Раисҷумҳур низ таъкид намуд ва оиди маблағи аз мардум барои сохтмони Роғун ҷамъшуда танҳо зери назорати худи Президенти кишвар аст. Ин масъала ҷиддист ва ҳар давра оиди маблағҳои ҷамъшудаи Роғун Вазорати молия ба халқ тариқи телевизион ва нашрияҳои ҷорӣ маълумот медиҳад.

Донишҷӯ саҳмия харад ё хонад?

Донишҷӯ саҳмия харад ё хонад?

Феълан дар ҳама муассисахои идорию таьлимӣ маъракаи хариду фурӯши саҳмияҳо ҷараён дорад, аммо ин раванд чӣ гуна сурат гирифта истодааст, ба ҳама рӯшан аст. Дар донишгоҳҳо донишҷӯёнро, дар бозор савдогаронро, дар мактабҳо бечора муаллимони каммаошро раванди маҷбуркунии хариди саҳмияҳо ҳамла мекунад. Диловар ном донишҷӯе дар робита ба ин мавзуь гуфт, ки хариди саҳмия барои донишҷӯён амри иҷборӣ шудааст. Инчунин вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов низ ин амрро хилофи супориши раисҷумҳур унвон карда буд. Ба боварӣ ҳамсӯҳбатам фурӯши иҷбории саҳмияҳо ба донишҷӯёнро аввал хиёнат ба таькиди президент унвон карда, сониян ҳамчун нақзи ҳуқуқи донишҷӯён талаққӣ менамояд.

-Имрӯз муаллим маро маҷбур мекунад, ки саҳмия бихарам, дар холе, ки ман аз навоҳии дурдаст ба шаҳр барои таҳсил омадаам ва рӯзгори як оилаи деҳотӣ ба ҳама рӯшан аст. Ман ин амали масъулини донишгоҳро хиёнат ба супориши президент медонам. Чаро вазорати маориф дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати ин гуна амалҳои ноодилонаи масулини донишгоҳ чора намеандешанд?

Ба бовари Шаҳриёри Қурбонпур дар сурати зери назорати ҳукумат будани маблағҳои ҷамъшудаи НОБ-и Роғун, Худо накарда аз мансабдорон ва мутахассисони сатҳи поёнӣ ва миёна ба тороҷи ин маблағҳои аз ҳисоби мардум ҷамъшуда даст зананд, ҳаргиз ба онҳо “ош” намешавад ва ҷазои сахттарин, яъне ба лаънати Худои мутаъол гирифтор мешаванд.

То 28 феврал яъне интихоботи порлумонӣ танҳо ду вожае буд, ки фазои матбуот ва расонаҳои Тоҷикистонро пур мекард ва мудом дар забони мардум садо медод. Ин ду вожа албатта Роғун ва саҳмия мебошад.То чанд ҳафтае ҷои ин ду вожаро вожаҳои бузурге чун Интихобот ва Ахзоб мегирифт, аммо ҳоло бошад дар ин шабу рӯз дар Тоҷикистон чун пештара корбурди вожаҳои Роғун ва саҳмия дар ҳоли густариш қарор дорад. Ва албатта ҳамаи шабакаҳои телевизиюн машғули таҳия ва омодасозии барномаҳои марбут ба ин маърака ҳастанд. Ба андешаи нигоранда ягона вожае, ки дар авохири соли 2009 то ин дам аз тарафи мардуми кишвар, ба вижа аввалмақомҳои ҳукумат корбурд шудааст, ин «Роғун» мебошад, ки ҳатто (тавба кардаам) аз зикри номи Худо ҳам бештар будааст.

Мавриди зикр аст, ки то имруз дар қаламрави Чумхури ба маблаги худудан 750  миллион сомони саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба фурӯш рафтааст. Аммо ин раванд чи гуна сурат гирифт, оё ихтиёрӣ буд ё иҷборӣ? Рӯзноманигор Ҷӯра Юсуфӣ чунин андеша дорад:

-Албатта, ин амал бояд комилан ихтиёрӣ анҷом гирад ва аксар чунин ҳам хаст, бахусус, сарватмандон ва ширкатҳои доро ба маблағҳои ҳангуфте саҳмия харидаанд. Роғунро бояд сохт…танхо набояд мардуми нодорро мачбур кард, ки саҳмия бихаранд. Ба андешаи банда, он сармоядоронеро маҷбур бояд кард, ки корхонаҳои азимро бо роҳу воситаҳои гуногун бо нархи хеле арзон хусусӣ гардонида буданд..

Вале то ҳол равшан нест, ки хариди саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун бо чи тартиб сурат гирифта истодаанд. Низом ва шаффофияти он чи гуна аст ва ба ақидаи як зумра коршиносон ҷиҳати масрафи ин маболиғ каме норӯшантар аст, ки оё ҳамон пули мардум ҷо ба ҷо сарф мешавад ё не?

Алло, ин қарори раиси вилоят!

Як ҷавондухтари сокини шаҳри Хуҷанд дар ин маврид мегӯяд, имруз мардуми оддӣ, хоса мардуми деҳот аз ин воқеият дуранд, ки то кадом андоза пули онҳо ба суратҳисоби Роғун меравад. Ба бовари ӯ хиёнат дар ин маъракаи муҳим метавонад хиёнат ба худи миллат бошад. Мавсуф таъкид мекунад, ки ҳар рӯз раиси маҳаллашон ба хонаи онхо омада таькид мекардааст, ки саҳмия хардидааст ё на. Ин ҷавондухтар, ки нахост номи корхонааш зикр шавад, мегуяд, ки аз ҳукумати вилоят ба корхонаи онҳо занг зада дархост кардаанд, ки раиси вилоят фармон бароварда, ки ҳама шаҳрвандони вилояти Суғд бояд саҳмия бихаранд. Аммо пас аз дарёфти воқеият аён шуд ,ки раиси вилоят ҳаргиз чунин қароре набаровардааст, балки ин масьулинанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу равиш худнамоӣ пеши «болоӣ»-ҳо намоянд.

Дар мавриди сарнавишт ва хариду фуруши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун бисёре аз ҳамсӯҳбатонам ба таҷрубаи талхи саҳмияҳои нирӯгоҳи Сангтӯда ишора мекунанд ва изҳори нигаронӣ мекунанд. Коршиноси ҷавон  Абдуқодири Абдукаҳҳор чунин мегӯяд:

-Cуоли матраҳ ин аст ки чаро ахиран ҳукумати Тоҷикистон ба фурӯши иҷбории саҳмияҳои Роғун пардохтааст? Ва чаро бархе аз мардуми кишвар барои хариди саҳмияҳои Роғун икдом намекунанд? Шояд ин аз он хотир бошад ки бештари мардум нигаронанд, ки боз такдири хариди саҳмияхои НБО- и Сангтӯда ба тақдири саҳмияҳои Роғун ҳамсон мешавад. Ва шак нест, ки бигӯем аз суди саҳмияҳои НБО-и Сангтуда як гурӯҳи ба истилоҳ мофиёӣ, ки ҳамон замон қудрат дар панҷа доштанд, ҳамакнун айёшиву ишрат доранд. Ҳамчун як узви ҷомеъа ба талқини хариди иҷбории саҳмияҳои РОҒУН мухолифам, зеро ақида дорам, ки зиёд дар ин маврид кор гирифтани иҷборӣ ба нафъи кор нахоҳад буд.

Ҳамсони ин фикр як сокини нохияи Мастчоҳ, ки моил ба ифшои номаш набуд, зикр кард, ки хариди саҳмия ин ҳуқуқ аст на ӯҳдадорӣ.

-Раиси ҷумҳур дар муроҷиатномааш зикр накардаст, ки худат нон нахурию лекин бояд саҳмия бихарӣ! Агар зикр карда бошад ҳам, ин ягон асоси ҳуқуқӣ надорад ва харидорӣ кардани саҳмия ин ҳуқуқ аст на ӯҳдадорӣ. Яъне хохишмандӣ аст на маҷбури! Ва ҳеч нафарро барои харидан ё нахариданорӣ таҳқир кардан нодуруст аст ва тибқи қонуни ҷиноятӣ нисбати чунин кирдор ҷазо муқаррар шудааст.

Дар сӯҳбатҳояш Қоҳир Расулзода раиси вилояти Сугд низ иттилои мачбурӣ фурӯхтани саҳмияҳоро расман рад кард. Аммо боз мушоҳида мешавад, ки чунин мушкилот дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ эҳсос мешавад.

Рӯзноманигор Осими Орифпур дар шаҳри Хучанд маҷбуран фурӯхтани саҳмияҳо ба мардуми оддиро нақзи ҳӯқуқи ишон хонд ва гуфт ин амалро мухолифи сиёсати президент медонад.

-Имрӯз дар соддатарин муроҷиат кайд карда мешавад, ки он нафари бонангу номус бояд саҳмияҳои Роғунро харидорӣ намоянд. Аммо ин муроҷиат тарафи дигар низ дорад. Яъне нафароне, ки саҳмияҳоро харидорӣ карда наметавонанд, бенангу номусанд ва ин албатта мувофиқи моддаҳои кодекси чинои тухмат чиноят мебошад. Ин ҳам ба он нафароне, ки маҷбурашон намекунанд.

Ба ҷои охиргуфтор

Акнун боз масъалаи маҷбури фурӯши саҳмияҳо ташвишовар аст. Дар минтақаҳои кӯҳистон ва ноҳияҳои хоҷагидор саҳмияҳоро маҷбуран мефурӯшанд ва нафари саҳмия нахаридаро мухолиф ба сиёсати Президенти кишвар арзёбӣ менамоянд. Ин албатта қонунвайронкуни ва поймоли хукуку озодихои шахрвандон аст.

Реклама

комментариев 5

  1. Бале имруз дар хама навохии Точикстон, шахрхо, дар хама корхонаву муассисахо чунин амали зуровари дар харидори намудани сахмияхои Рогун мушохида мешавад.Охир агар мардум нодор бошанд, ин айби ишон нест ку мачбуран бихаранд.

  2. Дар вокеь ин амали зуровариро бояд чиноят хонд ава он хама мачбуркунандахоро махкум кард.Аслан, мо мардуми точик табиатан заиф хастем,ки алайхи чунин амалкардхо хеч гох садо буланд намекунем.

  3. Имруз,ки Узбекистон намехохад то точикситон як кадам пеш биравад, пас моро лозим аст то бо иттиходу якмароми то хадде,ки метавонем, Рогунро бунёд кунем, чун дар сурати бунёд намудан, метавонем яке аз кишвархои тавлидкунанда дар сохаи энергетика бошавем.Ба хама хамдиёрони азизам барор мехохам.

  4. Ин бенангиро бубинед,ки аз идораи хукумати вилоят чи гуна бо рохи фиреб занг зада мардумро дар хариди сахмия мачбур мекунанд.Ин одамон танхо ба фикри хешанд ва дар назди раиси чумхур худнамои мекунанд.

  5. hey mardum charo hanuz khobidaed, vakti onast,ki barkhezemu nisbati in noodamoni noodil sado kunem, mo millati ozodu ozodkhohem, pas charo moro fishor meovarand dar kharidi in sahmiyaho, harchand,ki medonem,in arzishi buzurgi millist…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: