Гузаре бар зулоли «Тараб» -и Хуҷаста


Аъзам Хучаста ва Абулфазли Додо

Абулфазли Додо: «Ман шоири шеърҳои зулолам, газалҳоямро дар талотуми амвоҷам бинушeд ва шеърҳои зулоламро бо чашми баста бихонед»

Тараб

Чу шаб фаро расид

Қаробати ду лаб фаро расид

Ситораҳову Каҳкашон назорагар шуданд

Ки дар замини бeкарон шаҳомате аҷаб фаро расид

Фироқу дурй аз миёна пар кашиду рафт

Ва базми тобу таб фаро расид

Тараб фаро расид

Дар мавриди корбурди шеъри зулол барои аввалин бор аз шуарои Тоҷикистон Аъзам Хуҷаста муваффақ ба эҷоди ин навъи шеър шудааст

Шеъри боло бо номи «Тараб» аз дусти бузургворамон  ҷаноби Аъзами Хуҷаста буда ва аз навъи шеръхои зулоли арузи мебошад.Аз ин зулол худ ҷуши мутаассир гашта, хостам чанд каламе дар хусусаш дар ин маҷол дошта бошам, шояд муҷиби фоидат гашт.

Ҷаноби Хуҷаста аз ҷумлаи зулолсароёне хастанд,ки сай дар пардозиш,пироиш ва ороиши калимот дар чунин колаби хассосро дошта ва дар зулоли арузи ширини дар суханро ба хадди камол мерасонанд.

Дар ин зулол тасвирхои мутахаррике чун каробати ду лаб,тахайюри Кахкашон ва ситора ва базми тобу таб, холати руёии хосе ба мухотаб мебахшад.

Иборати «каробати ду лаб» дар ибтидои зулол, хисси хонандаро чун оханрабое мегирад ва мухотабро ба дунболи тасвир ташвик мекунад.Ин чунин тасвирхо ва ташбехоте дар зулол боиси ширинии оханг дар калимот низ мешавад.

Дар хар хол тасвире мондагор ва устодона дар ин шеър пайдост.Хар калима дар ҷои худаш гунҷонда шуда ва мафхуми амик дар пай дорад.

Каробати ду лаб,ки фаро мерасад, фирок ҷояшро ба базми пурҷуш ва тараб медихад.Мебинем,ки шури хосе дар ин зулол пайдост ва аз ибтидо то охир риштаи калом дар колаб махфуз аст.

Ман дар ин шеър хеҷ гуна нукси мафхуми ва хатто нукси сохтори колаби намебинам.

Барои огои Аъзами Хуҷаста ширинтарин зулолхоро орзу мекунам.

Абулфазли Додо

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: