Р.Бобочонова:Занонро дастгири мебояд!


Раъно Бобочонова, профессор, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи Б. Fафуров

Баҳори хучастапай ва хучастасиришт ҳам фаро расид,аммо имсол аруси сол дар ҳоле меҳмони кишвари мо шуд, ки  фазои Точикистонро машгули ракобати аҳзоб  ва натоичи интихоботу дигар маъракаҳои сиёси мебинад.Бо манзури донистани як дидгох, аз равзанаи андешаи як  зани сиёсатмадор, зане шиновар дар рудхонаи сиёсат, доктори улуми филолог ва профессор, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи Б. Fафуров саркорхонум Раъно Бобочонова,  суҳбате оростем,ки нахустин суоли пешниҳодшуда ин буд:

Муаллимаи азиз,нахуст суолро мехостам рочеъ ба интихобот бипурсам. Баҳори имсол дар ҳоле огоз шудааст,ки фазои сиёсии-ийтимои кишвар таҳти таъсири интихобот карор дорад.Бардошти шумо аз ин фазо чигуна аст?

Ман андеша дорам, ки интихоботи имсола зоҳиран оромтар гузашт ва нишони корбарии аҳзоби сиёси дар давраи аз интихобот то интихобот буд. Аҳолии кишвар, аз чумла намояндагони аҳзоби сиёси ба кафолати президент эътимод бастанд ва он кашмакашу чанчолҳои интихоботи соли 2005 набуд. Рекламаҳои сиёсие, ки таҳкиркунанда буд дар интихоботи соли 2010 чой надошт. Дахолати макомоти ичроияи ҳокимияти давлати ба кори интихобот низ эҳсос намешуд ва худи намояндагони аҳзоби сиёси ба он ишора карданд. Камбудиҳо буданд аз кабили суст будани баъзе раисони ҳавзаҳои интихоботи, ман намехоҳам номашонро зикр кунам, лекин мазмунан вакте чомеаро ба исломи ва гайриисломи таксимбанди мекарданд ё ба танкиди беасос мегузаштанд номзадҳо ба вакили онҳо ҳомуш буда муросокории зиёдашон ба назар мерасид. Дар шакли умум бедории сиёсии мардуми мо, таваччуҳ ба интихобот ҳамчун як вокеаи чиддии сарнавиштсоз на чандон зуҳур ёфтааст. Аз як чониб баъзе аҳзоби сиёси танҳо дар арафаи интихобот фаъол мегарданду боки корашон маълум нест. Аз чониби дигар аҳоли, ки ман мушоҳида мекунам, ба интихобот бетафовут ҳастанд ва аз он нодида мегиранд.

Оё Шумо ба унвони як сиёсатмадор гуфта метавонед, ки занҳо дар ҳаёти сиёсиву иктисоди ва фараҳангии Точикситон тавонистаанд ба ҳуд чойгоҳ ва макоми муассиреро ихтисос бидиҳанд ва оё имруз саҳми ишон дар ҳама чабҳаҳои зиндаги эҳсос мешавад ё на?

Дар ватане, ки феминизм галаба кардааст, ман дар назар дорам Шветсия ё Британия ин кадар норозиги аз вазъи занон вучуд дорад. Онҳо пайваста кушиш доранд, ки шароити занон беҳтар шавад.Дар ҳолати Точикистон бошад, имруз танҳо орзуи бо онҳо баробар шудан аст. Ба он андозае нест, ки аз он рози шуда хотирчамъ гашт. Дар сатҳи миёна, дар соҳаи идеологиву фарҳанги мавкеи назаррас доранд, вале дар арсаи иктисодиву сиёси эҳсос намешавад .

Мехостам ба ин нукта рушани андозед, ки сабаби поин будани сатҳи фарҳанги сиёсии занҳои точик махсусан деҳотиён дар чист?

Дар тарбия, кадом оилае медонед, ки духтарашро барои ба мансаби сиёси расидан омода кунанд. Вазифаи волидайн духтарашро калон карда барвакт бо номи нек шавҳар диҳад, ё аз сараш сокит кунад. Андешаи духтар хонда чи кор мекунад сахт реша давондааст хусусан дар деҳот.

Хуб, ба андешаи Шумо имруз зани точик дар арсаи сиёсату умури давлатдори ва умуман дипломатия чи накшеро соҳиб аст?

Шумо вазирзан ё дипломатзани точикеро медонед, ман мутаассифона аз фаъолияти онҳо бехабарам, дар назари ман дар гузаштаи шурави Бихочал Рахимова чунин нафар буданд. Вале бо як гул баҳор намешавад.

Мегуянд имруз дар порлумон ва дигар ниҳодҳои давлатии Точикситон занон ҳузури густурдае надоранд ва мучиби аслии ин иддаоро маҳз беэътимоди ва бечуръатии худи занон медонанд.Шумо дар ин маврид чи андеша доред?

На занони бачуръат ва кордон зиёданд. Яке аз мушкилоти онҳо маблаг надоранд ва сониян аз зинаҳои поени тайёр намекунанд ба ракобати сиёси. Дар чаҳони мардон ба сиёсат даст задании занон бисёр душвор аст.Занонро бояд дастгири кард.

Хонум Бобочонова, агар Шумо ворид шудан ба Порлумонро медоштед бештар ба кадом масоили чомеа мудоҳила мекардед?

Дар соҳаи ичтимоиёт: макоми модари танҳоро ба конун ворид сохта имтиёзҳое ки у замони шурави дошт баркарор мекардам. Яъне зан эҳсоси вокеи дошта бошад, ки давлат дорам чи гам дорам. Шартномаи никоҳу маҳрро як маънидод карда онро ба ҳаёти занон ворид карданашро фикр мекардам. Доир ба ташкили чои кор, маоши шоиста, вазъи мактабу богчаҳои алтернативи, соҳаи нотариати алтернативи, ташкилотии тафтишоти алтернативи конун баровардан ташаббус нишон медодам.

Суҳбатамон аз баҳор шуруъ шуд во бо баҳор ба интиҳо мерасад.Агар паёми баҳоронае дошта бошед, бифармоед?

Баҳор муъчизаи табиат аст, зеро танҳо дар баҳор табиат бори дигар эҳё мегардад. Лек умри инсон , ки гузашт дигар бебозгашт аст таманнои онро дорам, ки ба кадри инсон бирасем ва ҳама чиз ба хотири инсон бошад.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: