Нишони Индиго ва Сомонком иваз шуд:Tcell


Имрўз ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ва ҶСП КМ «Сомонком», ки таҳти нишони «Индиго» фаъолият доранд ва якҷоя операторони пешбари алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ба шумор мераванд, дар бораи табдили нишони (бренд) худ ба нишони нави «Tcell» (тисел) иттилоъ медиҳанд. Табдили ном барои ширкат марбут ба он аст, ки ширкат ба давраи нави рушди динамикӣ ва устувории мавқеи пешсафӣ дар бозори хизматрасонии телекоммуникатсионии Тоҷикистон баромад.

«Мо шодем, ки дар бораи ба кор андохтани нишони навамон «Tcell» иттилоъ медиҳем, ки он дар навбати худ фасли нав – ворид шудан ба даҳаи дуввуми фаъолият дар Тоҷикистонро, дар таърихи ширкатҳои мо боз намуд.Таи 10 соли мавҷудият дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон мо боварии зиёда аз якуним миллион муштариро ба даст овардем. Нишони нави «Tcell» ба он даъват мекунад, ки симои муосир ва боэътимоди оператори маҳаллӣ будани моро, ки ба муштариёни хеш ғамхор аст, устувор намояд», — иттилоъ доданд роҳбарони ширкатҳои «Индиго Тоҷикистон» ва «Сомонком».

Ба андешаи роҳбарияти «Tcell», алҳол, аз ҳар вақта дида, барои табдили нишони нав фурсати муносибтар аст. Бозори хизматрасонии алоқаи мобилии Тоҷикистон ба қадри кофӣ рақобатнок аст ва воридшавии алоқаи мобилӣ ба сатҳи баланд расида, 62 фоизи аҳолии умумии ҷумҳуриро дарбар мегирад. Стратегияи минбаъдаи муваффақиятҳои нишони нав, аз хоҳиши боз ҳам бо муштариён наздиктар буданро тариқи пешниҳоди тарофаҳои махсус, тавсеаи минтақаи фарогирӣ ва беҳтар намудани сифати алоқа асоснок кардааст, бо назардошти он, ки ҳар муштарӣ аз муошират ҳаловат барад. Аз ин лиҳоз, тарзи ифодаи нави (слоган) нишони нав «Боз ҳам наздиктар!» аст.

Нищони нав инчунин арзишҳои корпоративии ҳарду ширкатро инъикос менамояд, яъне: навоварӣ, итминон, зудамалӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва кўшиши қисми ҷудонопазири кишвари хеш будан. Нишони нав бо рамзи нав – санг бо ранги пурмазмуни бунафш муаррифӣ шудааст.

«Интихоби санг барои нишони нави мо ба таври кофӣ рамзист. Тоҷикистон – кишвари кўҳсор аст ва санг – ин нишони ифтихори мост. Дар устувории санг ваҳдат ва мероси мо нуҳуфтааст. Нишони «Tcell» дархосту эҳтироми амиқ ва ихлосмандии моро ба Тоҷикистон мерасонад. Мо кўшиш ба харҷ медиҳем, ки шабака, маҳсулот ва хизматрасониамонро ҳамчун қисми ҷудоинопазир, амсоли кўҳистони тоҷик боэътимод ва мустаҳкам намоем. Хатҳо дар санг рамзи коммуникатсия ва алоқаро байни ҳамаи сокинони Тоҷикистон ифода мекунанд, ки туфайли хизматрасониҳои мо имконпазир мегарданд. Рушди инфраструктураи алоқаи мобилӣ – ин услуби аз ҳама босуръати анҷом додани хизматрасонии босифати телекоммуникатсионии ба ҳар нафар сокини кишвар дастрас, мебошад. Шабакаи «Индиго» аллакай, дар амал ҳамаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фарогир аст ва мо сармоягузориро дар инфраструктураи телекоммуникатсионии Тоҷикистон идома медиҳем, саҳми хешро дар беҳбудии ин кишвар ва истиқоматкунандагони он мегузорем», — эълом намуд роҳбарияти «Tcell».

Рамзи пурмазмуни бунафши нишони нав алоҳидагӣ ва эҷодкориро таҷассум мекунад. Ин ранги эҷод ва ҷасорат аст.

Инчунин, барои ғайриоддӣ ва бемислии нишони нав композитсияи махсуси мусиқӣ таҳия карда шуд. Ин мусиқии дилнавоз ва хотирмон рўҳи одамро болида намуда, фазои мусбии оҳанги ҳаловатбахш ва зиндадилиро фароҳам меорад.

Табдили нишони «Индиго» ба нишони «Tcell» ҳамроҳшавиро ба «оилаи бузург»-и операторҳои мобилии гурўҳи «TeliaSonera» низ мефаҳмонад. Ин ширкати пешбари телекоммуникатсионии шведӣ–финӣ бо ҳиссаи 60 фисади ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ва ҶСП КМ «Сомонком» саҳмгузори асосии «Tcell» ба  шумор  меравад,  инчунин  Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисод (AKFED), бо 40 фисади саҳмияҳо низ шарики маҳаллӣ маҳсуб мешавад.  Ширкати «Telia Sonera» инчунин саҳмиядори асосии операторҳои алоқаи мобилӣ дар қаламрави мамлакатҳои пасошўравӣ ва дар ҳудуди Осиё амсоли Azercell (Озарбойҷон), Kcell (Қазоқистон), Geocell (Гурҷистон), Moldcell (Молдова), Ucell (Узбeкистон), Ncell (Непал) Starcell (Камбоҷа) низ мебошад. Аксарияти ин операторҳо дар бозорҳои алоқаи мобилии кишварашон пешсаф ҳастанд. Дар оянда. мансуб будан ба ин гурўҳ, ширкати «Tcell» имконият дорад, ки ба муштариёнаш ҳангоми саёҳат дар кишварҳои зикршуда, ки ширкати «TeliaSonera» онҷо фаъолият дорад, манфиатҳои муфид пешкаш кунад. Аллакай роуминг дар шабакаҳои операторҳои мобилии «оилаи» «Telia Sonera» — ба таври назаррас арзон аст.

Роҷеъ ба «Tcell»«Tcell» — ин ягона нишонест, ки аз моҳи марти соли 2010 ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ва ҶСП КМ «Сомонком» таҳти он фаъолият мекунанд. Пештар ширкатҳои зикршуда таҳти нишони умумии «Индиго» кор мекарданд.

ҶСП КМ «Сомонком» (қисмати шимоли ҶТ) дар соли 1998 таъсис ёфтааст. Дар моҳи августи соли 1998 муассиса барои пешкаш намудани хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар стандарти GSM 900 соҳиби иҷозатнома (литсензия) шуд ва аз 1 марти  соли 2000 ба пешниҳод намудани хизматрасонии тиҷоратии алоқаи мобилӣ таҳти нишони «Индиго» дар шаҳри Хуҷанд оғоз намуд, баъдан – дар дигар нуқтаҳои аҳолинишини қисмати шимоли мамлакат ба ҳайси оператори аввалини мобилӣ  дар Тоҷикистон ба фаъолият шурўъ кард.

ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (қисмати ҷануби ҶТ) дар моҳи ноябри соли 2001 таъсис ёфта, дар моҳи ноябри соли 2001 ширкат барои пешкаш намудани хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар стандарти GSM 900 соҳиби иҷозатнома (литсензия) шуд. Аз моҳи июли соли 2002, ширкат ба пешниҳод намудани хизматрасонии тиҷоратии алоқаи мобилӣ таҳти нишони «Индиго», дар қисмати ҷануби мамлакат, оғоз намуд.

Соли 2003 шабакаҳои ширкат дар қисматҳои ҷануб ва шимоли Тоҷикистон бо кўмаки роуминги мустақими  миллӣ якҷоя шуда, фаъолиятро таҳти нишони ягонаи «Индиго» идома доданд.

Дар солҳои 2005 – 2006 ширкатҳо  хизматрасонии байналмилалии роуминги худкор, иҷораи каналҳо ва таҳвили маълумот (азҷумла IP, GSM – 900/1800 ва хизматрасонии телематикӣ) инчунин хизматрасонии 3G-UMTS ва WAP/GPRS/MMS-ро ба роҳ монданд.

Дар моҳи июли соли 2007 покети назоратии саҳмияҳои ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ва ҶСП КМ «Сомонком»-ро ширкати «Telia Sonera» харидорӣ намуд.

Иттилооти муфассалро роҷеъ ба ширкати «TeliaSonera» дар сайти www.tcell.tj дастрас намоед.

Саҳмиядорони «Tcell»

Ширкати «Telia Sonera»

Ширкати «TeliaSonera» хизматрасониҳои телекоммуникатсиониро дар кишварҳои Скандинавӣ, Назди Балтик, Испониё, инчунин чи тавре, ки дар боло зикр кардем, дар бозорҳои рушдёбандаи алоқаи мобилии Евразия, азҷумла Россия ва Туркиё пешниҳод кардааст. Дар ҳоли ҳозир ширкати «TeliaSonera» дар 20 мамлакати дунё, бо аҳолии зиёда аз 460 миллион нафара ҳузури воқеӣ дорад. Миқдори муштариёни ширкатҳое, ки саҳмияҳояшонро ширкати «TeliaSonera» соҳибӣ мекунад, дар охири соли 2009 аз 147,6 миллион нафар зиёдтар шуд. Фоидаи ширкати «TeliaSonera» дар соли 2009 наздики 14,3 миллиард доллари ИМА-ро ташкил намуд. Аз рўи маълумотҳо дар охири сол, дар ширкат қариб 30000 кормандон машғули фаъолият буданд. Саҳмияҳои ширкати «TeliaSonera» дар фонди коғазҳои қиматноки NASDAQ OMX дар Стокголм ва Хелсинки ба қайд гирифта шудаанд. Саҳмиядорони асосии ширкат Давлати Шведсия (бо 37,3 фисади саҳмияҳо ва овозҳо ) ва Давлати Финландия (бо 13,7 фисад) маҳсуб мешаванд. Мувофиқи маълумотҳо дар моҳи феврали соли 2010 арзиши бозории ширкати «TeliaSonera» қариб 30 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ширкати «TeliaSonera» хизматрасонии дастрасии шабака ва телекоммуникатсияро пешниҳод менамояд, ки  ба  ширкатҳо ва одамон  бидуни зиён расондан ба муҳити атроф, барои муоширати оддӣ ва самаранок,  кўмак менамояд,

Ширкати «TeliaSonera» кўшиш ба харҷ медиҳад, то сатҳи баланди боэътимодии инфраструктураи хешро таъмин намуда, хизматрасонии дараҷаи ҷаҳонӣ ва таҷрибаи беназирро ба муштариёни худ пешкаш намояд. Ширкати «Telia Sonera» ширкати байналхалқӣ бо стратегияи глобалӣ буда, вале ҳамчун оператори маҳаллӣ амалкунанда, дар ҳар як бозори алоҳидаи алоқаи мобилӣ шинохта шудааст.

Дар бозорҳои рў ба тараққии Евразия ширкати  «Telia Sonera»  соҳиби покети назоратии  операторҳои пешбари  алоқаи мобилӣ дар Қазоқистон (Kcell ), Озарбойҷон (Azercell), Гурҷистон (Geocell), Молдова (Moldcell), Тоҷикистон (Tcel), Узбекистон (Ucell), Непал (Ncell), Камбоҷа(Starcell) мебошад. Дар баробари ин ширкати  «TeliaSonera» саҳмиядори бузурги миноритарии «ҶСК «Мегафон»  дар Россия ва Turkcell дар Туркиё,  инчунин амонатгузори миноритарии молиявии Roshan дар Афғонистон  низ ба ҳисоб меравад.

Иттилооти муфассалро роҷеъ ба ширкати «TeliaSonera» дар сайти www. teliasonera.com дастрас намоед.

Бунёди Оғохон

Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисод ( AKFED ) яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN ба шумор меравад.

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) шабакаи оҷонсиҳои хусусӣ оид ба рушд маҳсуб мешаванд, ки мақсади беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои ҷаҳони инкишофёбандаро дорад. Оҷонсиҳои AKDN барои манфиати умумии ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз миллати онҳо, ҷинс ва динашон фаъолият мекунанд. Омили асосии AKDN этикаи ғамхорӣ ба қисмати аҳолии озордида ба ҳисоб меравад. AKDN ҳадаф дорад, ки дар рушди иқтисод, сиёсати устувор, зеҳнияти мухталиф ва маданияти таҳаммулпазири Тоҷикистон саҳмгузор бошад. Бештари лоиҳаҳои AKDN, ки дар соҳаи фарҳанг ва маънавиёти мамлакат, инчунин дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ нақши асосиро мебозанд, ба аксарияти тоҷикистониён маълум ҳастанд.

Иттилооти муфассалро роҷеъ ба AKFED дар  сайти  www.akdn.org/akfed. дастрас намоед.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: