МУСОҲИБА БО САРДОРИ ШЎЪБАИ РЕКЛАМА ВА PR ДЕПАРТАМЕНТИ МАРКЕТИНГИ ШИРКАТИ «TCELL» дар чануб -Ардашер Деҳотӣ


ОИДИ МУАРРИФИИ  НИШОНИ  НАВ

Суол:                Чаро Шумо ба қароре омадед, ки фаъолиятро бо нишони нав шурўъ намоед ?

Посух:        Ивазкунии нишони  нав барои  ширкати мо  ин пеш аз ҳама вобаста ба  ворид шудан ба марҳалаи нави  рушди динамикӣ   мебошад.  Ин нигоҳи  нав ва эҳсоси навест, ки симои нави ширкатро, ҳамчун пешсафи муосир дар пешгоҳи  бозори технологияи аълосифат ва телекоммуникатсия таҷассум  мекунад.

Дар моҳи ноябри соли 2007 покети назоратии саҳмҳои    «Индиго Тоҷикистон»  ва «Индиго Сомонком» аз ҷониби  ширкати TeliaSonera харидорӣ шуданд, ки ширкати мавсуф хизматрасониҳои алоқаи мобилиро дар кишварҳои Скандинавия, Балтика, Испониё  ва дар бозорҳои  мобилии  рў ба тараққӣ  ниҳодаи  Евразия – Россия, Туркиё, Гурҷистон, Озарбойҷон, Молдова. Қазоқистон Узбакистон, инчунин дар Осиё – Непал ва Камбоҷа пешниҳод мекунад .  Дар соли 2009  барои ширкатҳои гурўҳи Аврупо ва Осиё  як нишони  нави умумӣ  таҳия шуд, дар натиҷа  ширкатҳои мо «Индиго Тоҷикистон» ва «Индиго Сомонком»  ба ин гурўҳ таҳти нишони  нави таҳияшудаи «TCell» шомил шуданд.

Суол:          Чаро нишони «TCell» ?

Посух:

Нишони нави мо, азҷумла  номи нави он моро бо «оилаи » Аврупоӣ ва Осиёии  TeliaSonera  наздик мекунад:

Кcell (Қазоқистон), Geocell (Гурҷистон), Azercell (Озарбойҷон), Moldcell (Молдова), Ucell (Узбекистон), Ncell (Непал) Starcell (Камбоҷа). Ҳарфи аввали нишона  «Т»  Тоҷикистонро  ифода намуда. идомаи он « ….сell» » ширкати мобилиро нишон медиҳад. Бо ин нишони навамон мо мехоҳем  аз таваҷҷуҳи хосаамон нисбати  Тоҷикистон ва  узвияту  ўҳдадориамон     дар назди он дарак диҳем. Новобаста аз он, ки сармоядорони асосии  мо аврупоиҳо ҳастанд, мо барои Тоҷикистон ва халқи он ҳамчун  ширкати маҳаллӣ боқӣ мемонем.

Суол:         Чаро рамзи сангро интихоб кардед?

Посух:            Рамзи санг  тасаввуроти  моро  ба он водор  мекунад, ки мо аз куҷо омадаем: пайванди мо, мерос  ва  омили инсонии мо аз куҷо реша мегирад. Агарчи мо ҳама  шахсиятҳои беназирем, амсоли он, ки  сангҳо низ беҳамтоянд, дар ҳар сурат мо дар  як сайёраи замин зиндагӣ дорем, ки ҳиссиёти моро муттаҳид  карда, яклухтии моро ба вуҷуд оварда, ба мо нерў мебахшад. Зиёда аз 93 фисади қаламрави Тоҷикистонро кўҳҳо ташкил медиҳанд, дарёҳои кўҳӣ,  табиати кўҳсор – ҳама  дар  мафҳуми санг муттаҳид  мешаванд. Санг – ин ягонагӣ бо фитрати   дарунии  инсонӣ, бо огоҳии  дохилии мост.

Релйеф ва тамаддуни Тоҷикистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, интихоби санг барои мо  ҳамчун аломати нишон хеле рамзист.

Рамзи нишон эҳтироми амиқ ва ўҳдадории моро  дар назди кишвар инъикос мекунад. Мо майл ба он дорем,  ки шабака ва хизматрасониҳои мо  мисли санг боэътимод ва бунёдӣ  бошанд. Хатҳо дар санг рамзи муттаҳидӣ ва пайвастшавии байни ҳамаи тоҷикистониёнро, ки  алоқаи моро мавриди истифода қарор медиҳанд, ифода мекунад. Рушди инфраструктураи алоқаи мобилӣ – ин роҳи аз ҳама босуръат барои таъмини ҳамаи аҳолии Тоҷикистон бо алоқаи аълосифати телекоммуникатсионии дастрас мебошад.

Шабака аллакай тамоми аҳолии Тоҷикистонро фарогир аст, аз ин лиҳоз мо вазифадор ҳастем, ки сармоягузориро барои хизматрасонӣ ва рушди ояндаи инфраструктураи телекоммуникатсионии  Тоҷикистон идома диҳем ва дар ояндаи гулгулшукуфии кишвар ва беҳбуди сокинони он кўмак  менамоем.

Суол:         Чаро ранги бунафш?

Посух:      Мувофиқи тавзеҳи мо  ранги бунафш беҳбудӣ, инчунин навоварӣ, эҷодкорӣ, илҳом ва имкониятро  инъикос мекунад. Ин ранг  беҳамтоии «TCell». эҷодкорӣ ва завқро , ки хоси фардияти нишон аст, дар худ таҷассум менамояд. Ранги бунафш ягона рангест, ки ҳарорат ва тароватро якҷо намудааст. Нишони «Индиго» ранги кабуд ва сурхи сиёҳтоб (тамашк)  дошт. Вале ранги нишони  нав якшавӣ ва муттаҳидии ҳарду рангро  мефаҳмонад. Азбаски мо ширкати технологӣ ба ҳисоб меравем, ранги бунафши нишони мо – ин беҳамтоӣ  ва асосаш  тафовут дар бозор, ҳамроҳ бо раванди сабки муосир аст.

Суол:         Ин ташаббуси кӣ буд?

Посух:   Ширкати «Индиго Тоҷикистон» ва «Индиго Сомонком» ташаббуси саҳмдори худ- ширкати TeliaSonera –ро дастгирӣ намуда,  саҳмдори дигари мо  – Бунёди Оѓохон  ин иқдомро некў шуморид.  Ширкати TeliaSonera бо дониши густурдаи  худ  ва таҷриба дар бозори телекоммуникатсионӣ, дар ҳама  заминаҳои  фаъолияти  мо пўштибонӣ менамояд.

Суол:          Чи гуна ширкати TeliaSonera, табдили нишони навро дастгирӣ намуд?

Посух:      Бо ташаббуси ширкати TeliaSonera, ширкати байналхалқии махсус дар муддати 1,5 сол(!)  нишони нави Евразии моро тарҳрезӣ намуд. Дар ҷараёни корҳои эҷодкорона аз ҷониби онҳо бисёр семинару вохўриҳо нисбати ворид намудани нишони нав дар бозорҳои маҳаллӣ, барпо шуд. Дар ин вохўриҳо бозорёбони (маркетолог) ҳамаи ширкатҳои парасторӣ (сестринских)   (азҷумла ширкатҳои мо низ), ки ба гурўҳи ширкати TeliaSonera дохиланд, иштирок варзиданд ва  он ҷо онҳо мафҳуми  нишони навро омўхтанд ва мубодилаи таҷриба намуданд.

Суол:         Бо табдили нишони Шумо кадом таѓйирот дар хизматрасонӣ ё қиматгузориҳо  мавриди назар қарор гирифтааст?

Посух:       Дар оянда таѓйиротҳо ба амал меоянд, вале ман намехоҳам онҳоро  ошкор намоям, чунки онҳо аҳамияти рақобатпазириро доро мебошанд. Бо оѓози нуфуз кардани   нишони нав худи  Шумоён навигариҳоро мушоҳида ва эҳсос мекунед.

Суол:         Оё дар тарофаҳо таѓйирот ба амал меояд?

Посух:       Дар пешниҳоди тарофаҳо ва хизматрасониҳо ҳамеша  таѓйирот сурат мегирад. Мо нақша дорем, ки барои алоқаи фараҳбахши муштариёнамон пешниҳодҳои нав ва аҷиби арзишнок  пешкаш намоем. Дар охири ҳамин моҳ мо нақша дорем, ки лоиҳаи  «Bleckberry» -ро ба роҳ монем, ки ба муштариёни корпоративӣ дар чаҳорчўби истифодабарии захираҳои Интернетӣ ва почтаи электронии ҳифзшаванда имкониятҳои фаровон медиҳад. Инчунин, дар фурсати наздиктарин  суръати таҳвили маълумот зиёд шуда, хизматрасониҳои иловагӣ  мавриди пешниҳод қарор мегиранд.

Суол:         Шумо табдили нишонро дар тамоми  қаламрави Тоҷикистон кай ба роҳ мемонед?

Посух:      Табдили нишон аллакай  дар миқёси ҷумҳурӣ оѓоз  гардидааст. Тариқи телевизион, радио, рўзномаҳо ва маҷаллаҳо, тавассути рекламаи беруна  паҳнкунии нишони нав оѓоз шудааст.  21 марти соли ҷорӣ дар ҷойҳои сераҳолӣ, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурѓонтеппа, Кўлоб, Турсунзода, Чкаловск ва Б. Ѓафуров тақсим намудани китобчаҳои махсуси иттилоотӣ ва тўҳфаҳо  бо рамз ва унсурҳои нишони нав сурат гирифт. Инчунин, Марказҳои хизматрасонии мо мувофиқи мафҳуми  нишони нав,  ба пуррагӣ аз сари нав таҷдид  карда шуданд.

Суол:          Барои нав кардани нишони ширкат чи қадар маблаѓ сарф              намудаед?

Посух:       Ин сирри тиҷоратии ширкат маҳсуб мешавад.

Суол:          Кӣ барои Шумо нишони навро тарҳрезӣ намуд?

Посух:        Бо мақсади ба таблиѓот  роҳ надодан, ман номи ин оҷонсиро намегўям, танҳо метавон гуфт, ки ин оҷонсии машҳури  байналхалқӣ оид  ба тарҳрезии нишонҳои тиҷоратии  (брендҳо)  синфи байналхалқӣ   мебошад. Онҳо барои чунин ширкатҳои пешсаф, амсоли  British Petroleum, LG, Visa, FedEx, Levi’s  ва ѓайраҳо нишонҳои  нав  тарҳрезӣ  намудаанд.

Суол:          Чашмдошти  Шумо  аз ҷалб намудани муштариёни нав ба пазируфтани   симои нави  Ширкати шумо?

Посух:        Ман умедворам, ки номи нав ва симои нави  муосири ширкат  таваҷҷуҳи истифодабарандагони алоқаи мобилиро ба худ ҷалб мекунад. Нишони нави  мо чунин арзишҳои асосиро инъикос менамояд:

  • Мо ширкати маҳаллии тоҷикӣ, пешниҳодкунандаи хизматрасонии дараҷаи баланди  алоқаи мобилӣ, ки бо

кўмаки  ширкати  TeliaSonera, — яке аз ширкатҳои пешбари телекоммуникатсионӣ дар Аврупо ба ҳисоб мераваду  дониши васеъ  ва  дар соҳаи телекоммуникатсия таҷрибаи  чандинсола дорад,  фаъолият дорем.

  • Мо дар соҳаи пешниҳод намудани технологияҳои нав ва хизматрасонӣ дар бозори  алоқаи мобилӣ пешсафем.
  • Мо минтақаи фарогириамонро васеъ менамоем, инфраструктураи телекоммуникатсионӣ месозем, хизматрасониро ба муштариён беҳтар менамоем, то ки баҳри гулгулшукуфии  кишвари хеш кўмак намоем ва халқи Тоҷикистон  тавонад аз сифати баланди алоқа  комгор шавад.

Ман аз самими қалб ба ҳамаи муштариёне, ки ба мо бовар доранд ва нишони ширкати «Индиго» -ро интихоб намуда буданд ва инак нишони нави  «TCell» -ро интихоб  мекунанд, изҳори сипос менамоям. Ман умедворам, ки диди мо ва арзишҳои  ширкат низ аз тарафи аксарияти мардум ҳамовозӣ пайдо мекунанд.  Ба чи миқдор  ҳамовозиро – ман фикр мекунам,метавон тақрибан  баъди ним сол фаҳмид.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: