Чавонон чаро аз сиёсат мегурезанд?


Ба назар чунин мерасад, ки ҷорзании «ҷавонон ояндаи моанд» танҳо рӯи коғазу баромадҳост. Аммо дар асл, ҳеҷ гуна ғамхориву бовар ба қудрати ҷавонон дар Тоҷикистон дида намешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта метавон ба он иддао кард, ки саҳми ҷавонон дар роҳи ояндасозию бунёдкори ва  саҳм дар умури давлатию ҳукуматдори хеле бориз аст ва ҳукуматдоронро боясти то ба тарзу шеваи ҷидди ин масъаларо пайгири намоянд.

Имруз чомеаи кишвар ба кудрат ва тавоноии чавонони точик дар доман задан ба тахаввулоти ичтимои,маьракахои сиёси ва умури давлатдори чи гуна  менигарад ё бахо медихад?

Аксар коршиносон бар ин боваранд, ки чавонони кишвар дорои кудрату потенсиали зиёд хастанд, аммо ба назари эшон махдудиятхои сатхи чомеави имкон намедихад, ки чавони точик рушд кунанд, озод бошад. Ба назари рушанфикрон сурат гирифтани тахаввулоту дигаргунихо махз бо ширкати чавонон алокаманд аст.

Хилватшохи Махмуд сармуҳаррири ТВ «СМТ»  майдонро барои чавонон танг мебинад ва рафтани онхо ба куи хичратро асоситарин далел унвон мекунад.

-Назари хушбинона дорам, — мегӯяд окои Хилватшоҳ,-аммо имкону потенсиал ва бархе аз мушкилоти сиёси имкон намедиханд, то чавонони точик дар халли масоили мубрами руз ва самтгирихои хаёти вокеъии чомеъа накши боризе дошта бошанд. Агар амикан ба сохтори макомоти гуногуни давлат назар андозем, дар хайати ин тим чавонон (синни 22-40) ангуштшуморанд, дар парлумон низ ва дар макомоти дигар хам. Интихоботи ахири парлумониро бубинед,оё чавоне баранда шуд? …Ва холо на хар ветеран (собикадорони 55-66 сола) омодаанд, ки курсиро барои нафари тозаинтеллект ва чавону бохуш вогузор кунад. Ба замми ин тули 17-18 соли ахир ин кишри чомеъ (манзур чавонон Ф.А ) камтар таваччух ба омузиши илмхои дакик ва назарияи сиёсату иктисод доранд, мухочиратро асоси зиндаги карор додаанд.

Аммо инчо коршноси масоили сиёси Хикматтуллохи Сайфуллода бар хилофи назари огои Хилватшох иддао мекунад, ки сахми чавонон дар холи хозир дар мубрамтарин мавзуоти руз эхсос мешавад. Ба бовари у интихоботи порлумонии гузашта нишон додааст, ки кишри чавони кишвар  дар майдони сиёсат хеле фаол будаанд.

-Тачрибаи таърих баёнгари он аст, ки хеч тахаввулоти чашмгир дар гушаву канори олам бе ширкати чавонон сурат нагирифтааст. Албатта, мисоли он хам хар хел будааст, муташшакил ва гайримуташаккил. Вале дар умум рух додани тахавулот дар як чомеъа бе ширкати чавонон номумкин аст. Банда ба ин назарам, ки иддае аз чавонони огох ва дилсузи миллат то чое руи сахна матрах хастанд. Гарчанде дар берун рафти мушкилоти бисёре аз масоил аз хамдигар фарк доранд ва фахмашон низ дигаргуна аст, таваччухи яке агар фархангикунонии чомеъа бошад, дигаре рохи начотро дар сиёсат мебинад ва дигару дигар.

Воқеан интихоботи феъли нишон дод, ки фаъолияти чавонони огох дар садади шаклгирист, ҳарчанд, ки давраи ибтидоӣ дар самти бедорист ва ҳамакнун ғайриқаноатбахш аст. Агар дар ин ва ё чанбаи интихобот ба хар шакле ширкат доштанд ва умеду ноумедихоро кашф карданд, мухим сари максади ягона омадан аст. Яъне то интихоботи навбати чи бояд кард ва бо ки буд, бовар аст, ки ҷавонон дар таҷрубаи интихобтҳои паси сар кардаашон дар оянда тасмими корагар хоҳанд гирифт.

Фирори чавонон аз мақоми рохбарӣ!

Хангоми сухбат бо бисёре аз чавонон маьлум гашт, ки гуиё аксари чавонон аз сиёсат мегурезанд. Аммо хонандаи нуктасанч бояд дарк кунад, ки ин каноргириву фирор аз майдони сиёсат нест балки аз равишу шеваи хосу печидаи рахбаорни сиёсиcт, ки  замина ва пояи барномахои марбути чавононро фарохам намекунанд (шояд мекунанд, аммо ноқис).

Мушкили бузурги тахдидкунанда ба чавонон ин аст, ки онхо худ намедонанд, ки мушкили аслияшон чист ва рохи халли он чи гуна аст? Бино ба акидаи  коршиносон маьрифати сиёсии чавононро наметавон бахои хуб дод, харчанд дар баьзе сухбатхои алохида эхсос мешавад, ки сатхи иддае аз чавонон то чое тахаввулот пайдо кардааст. Аммо ин ба назари коршиносон наметавонад баёнгари он бошад, ки рохмандии чавонон боло рафта бошад. Онхо медонанд, ки дар чомеаи Точикситон чи тахаввулоте ва чи  ба истилох «бозихо»-е чараён дорад. Сокини шахри Хучанд Мавлончон Исмоилов надоштани самти дурусти зиндагии чавононро иддао мекунад ва мегуяд натичахои ноадолатонаи интихобот тавонист мучиби адами эьтимоди чавонон ба хукуматдорону порлумони точикситон бошад. У мегуяд:

-Дуруст аст, ки хеле баъзеи онхо дорои чунин самт хастанд вале аксарият як дурнамо доранд, яъне таъмини зиндагии ахлу наводагони хеш на ба сиёсат даст задану на дигар. Акнун баъди ин интихобот ки бисёрихо тахаввуллотхои бузургеро интизор буданд, умедворихои хам чавонон ва хам калонсолон ба чунин коргузории ҳукумат бархам хурд. Ҳама медонанд, ки ки голиби интихобот мешаваду, ки сохиби чои кори хуб мешавад, ки ба сафари хорича меравад. Албатта хамон фарзандони «крыша» доштагихо.

Такя накардани дастандаркорони хукумати мо низ харгиз ва хеч гох ба манофеи миллату чомеа нахохад буд. Албатта он хама маъракахои сиёсие, ки дар дохилу хоричи кишвар баргузор мешаванд, ба чавонои мо бидуни шак дарси сиёсат меомузанд ва кам нестанд шумори он чавононе,ки моили ширкат дар майдони сиёсии чомеа хастанд, лек дастгирихо ва рохнамоиву хавасмандкунихо ба таври андак мушохида мешавад. Як далели гурехтан аз сиёсат ин харос аз печидагихои сиёсиcт, ки имруз ба унвони мисол хамин натоичи  интихоботи гузашта барои аксар онхо бехтарин дарс буд, ки дар сухбат бо мо аксар таькид доштанд. Хабарнигори Родиёи Озоди  Каюмарси Ато бар хилофи чунин зовия садо баланд мекунад ва мегуяд имруз чавонони кишвар гароиши шадиде ба сиёсат дошта  ба масьлахои сарнавиштсози кишвар чун интихобот  бетараф нестанд лекин тавачхухи Хукумат дар ин росто кам андар кам эхсос мешавад.

-Фикр мекунам, чунин як арзёби, ки кулли чавонон худро аз сиёсат дар Точикистон канор мегиранд, сад дар сад дуруст нахоҳад буд. Зеро гуруҳе аз чавонҳое ҳастанд, ки мехоҳанд вориди сиёсат шаванд ва аз ин тариқ дар Тоҷикистон ба ислоҳот даст зананд. Масалан, интихоботи порлумони як нуктаро барои мо рушан кард, ки гуруҳи чавонҳо аз пеши худ ба ҳизби наҳзати исломи омаданд ва пешниҳод карданд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёси барои ин ҳизб кумак мекунанд. Ҳамчунин пеш аз ин интихобот гуруҳи донишчуён хостори мулоқот бо раҳбари ҳизби наҳзат Муҳиддини Кабирӣ шуданд ва ба ин мақсади худ ҳам расиданд. Баъдан, фикр мекунам, чанги дохилии Точикистон ба истилоҳ алови чашми аксариятро гирифтааст.

Бесаводи -марги миллат, садгузории сунъи-зарбае ба миллат!

Имруз мушкил нест бигуем, ки кам нестанд шумори он ҷавонони  дигар мамолик ки  соҳибмақом ва дорои ҷойгоҳи назаррасе дар Вазорату Порлумон ва дастгоҳҳои болоии ҳамон мамолик ҳастанд. Аммо дар Тоҷикистон ин хак бенихоят махдуд аст. Аммо ин ҳама саддгузориҳои сунъӣ то ин муддат ба нафъи кишвар ва миллат набудааст. Имруз дар кишвархои хорич садхо чавонони точик тахсил мекунанд, ки албатта дидгоху маьрифаташон нисбати «инчоихо» болотар аст. Агар онхо бо бинишу назари тоза ва маърифаи баланди сиёсии худ омада вориди порлумону вазоратхонаи мо бишаванд, оё метавон ба бехбудии хаёти чомеаи чавон ва кишвар умед баст? Дар ин бобат Каюмарси Ато назари некбинона дорад.

-Ҳоло дар кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳазорҳо ҷавон таҳсил мекунанд, ки биниши муосир доранд ва бо омадани онҳо ва ворид шуданашон ба идораҳову сиёсати Тоҷикистон ин вазъ тағйир хоҳад хӯрд. Фикр мекунам, ҳар кадоме онҳо аз пуштибонии кишварҳои ғарбӣ низ ҳимоят хоҳанд ёфт. Зеро ҷаҳони ғарб мехоҳад бо истифода аз нерӯи ҷавонҳо раҳбарони авторитарро, ки солҳост дар сари қудратанду аксаран бо бозиҳои дугона ҳукумати худро нигоҳ медоранд, барканор ва ба ин васила ба натиҷаи аҳдофи худ наздиктар шавад.

Рузноманигор Далери Гуфрон паҳлӯҳои осебпазириро дар камсаводи мебинад. Хилватшохи Махмуд бошад гум кардани хуввияти милли ва асолати точикиро асоситарин зарба ба чавонон медонад. Рузноманигор Абдукодири Абдукаххор бошад адами таваччух аз суи макомоти кудратиро бехтарин далел барои осебпазирии хаёти чавонон мехонад.

Ба ҷои охирнавишт

Бояд аз имруз вузарову руасову рохбарони ояндаи чомеаи худро аз дохили ана хамин кишр ба вучуд овард ва бештарин сармоягузорихоро,кумакхоро,таваччуху эьтиноихоро ба масоили онхо во гузошт. Шояд дигар осебе ё худ мушкилоте,ки чомеаи чавони точикро тахдид мекунад ин мушкилоти фарханги бошад, чун мебинем,ки имруз  тахочуми фарханги Гарб лахза ба лахза гуи ба чавонон тахдид мекунад ва бояд нисбати ин масьла бетараф набуд.Он хама  талошхое,ки хукумати кишвар барои чавонон икдом мекунад нокифоя хаст ва хукуматро лозим аст бехтарин ва бузургтарин харакотро ба самти халли мушкилоти хаматарафаи чавонон равона кунад.

Реклама

Один ответ

  1. Ташаккури зиёд барои матрах намудани масъалаи мубрами руз.. Ман хамчун як нафар чавони точик бо истифода аз ин фурсат бояд ба самъи хозирин расонам, ки дар таърихи 24.05.2010. Парлумони чавонони Точикистон ба фаъолият шуруъ намуд, ки модели Парлумони касби мебошад ва 63 нафар вакилони чавон аз тамоми гушаю канори мамлакат ба он шомил гардиданд. Вакилон танхо ба хотири матрах намудани мушкилоти чавонон фаъолияти хешро идома дода истодаанд. Дар навбати аввал вакилон ба тарики сухбат ва озмун таъин гардиданд ва иншоаллох пас аз 2 соли фаъолият онхо ба истеъфо мераванд ва чойи онхоро вакилони чавони чадид ишгол мекунанд, ки ин хам бошад як институи чомеаи шахрванди барои чалби чавонон ба фаъолияти сиёсиву иктисодиву фарханги мебошад. Дар холи хозир нисбати Дурнамои сиёсати давлатии чавонон, ки мавриди мухокима карор дорад аз чавонон даъват менамоям, ки андеша ва пешниходхояшонро манзур намоянд. Боки барои мухаккикони варзида калами бурро ва гироро орзу дорам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: