Номмонӣ (Ҳикоя)


Шохмансури Шохмирзо- хабарнигори сомонаи "Ахтари зулматсуз" дар Чумхурии Исломии Ирон шахри Техрон

Шоҳмансури Шоҳмирзо,шаҳри Теҳрон.

Вафобой,ошнои деринаи ман соҳиби фарзанд шуд.Кадоме аз ҳамсояҳо бо ҳалқи сўхта давон-давон  рафту дар сари замини пахта ўро пайдо карду шодиёна гирифт.Вафобой қосиди хушхабарро 10 рубл медиҳаду каланд сари китф зуд аз саҳро ба хона бармегардаду дар тараддуди номгузорӣ мешавад.Шаб,ки аз кор омадам,ба ман гуфтанд,ба хонаи ошноятон даъватед,меҳмони нав шудааст.

Ман,ки маъмулан ба ҳар даъват сари вақт меравам,ин бор ҳам вақти гуфтагиашон баъди намози шом ба хонаи дўстам рафтам,ки аллакай меҳмонхона пури одам буд.Дар як канори дастархон ҷой гирифтам,ки агар лозим шавад,хизмат кунам.Вале зоҳиран чойбиёру ошбиёрҳо он қадар буданд,ки ба ёрии ман ниёз нашуд.Аз ҳар боб сухан ба миён омаду меҳмонон чою лочараи гарму ош хўрданду омин гуфтанду рафтанд.Вақти баромадан ҳар кадом Вафобойро бори дигар муборак гуфтанду орзу карданд қадами меҳмони нав  нек бошад ва барояш умри дароз хостанд.Вафобой ба чанд тан,аз ҷумла мани ошнояш ишора кард,ки наравем, гап дорад.Ҳама,ки рафтанд,мо 7-8 нафар дубора вориди меҳмонхонаи дувоздаҳболора шудем.Чой оварданд.Кам -кам сўҳбат сар шуду аз лочараҳои хуштамъ яке дар пиёла тар карда,баъзе дигар ҳамин тавр хушк хоида-хоида фурў мебурданд.Андаке баъд Вафобой,ки як деҳотии асилу содда,ки дар умраш аз Хуҷанд берунро надидааст,”хай бародаро,бед  ба сари мақсад биёем» гуфту таваҷҷуҳи ҳозиронро ба худ ҷалб кард.Ана,шукри Худо насиб будааст соҳиби фарзанд шудам,меваи одамизод фарзанд,шукр писар будааст.

-Номи писар баланд аст-луқма партофт Зиёбек,писараммаи ошноям.

-Ҳамаи шумоҳо аз ман як курта бештар даррондаед,маслиҳати шумоҳоро мехоҳам.Як номи хубу зебо ёбед,ки ба йигит гузорем,шарташ ин,ки дар қишлоқ ҳеҷ кас надошта бошад.Духтарҳоямро худам ном мондаам,вале ин писар.Албатта,раҳматии падарам мебуданд кор ранги дигар мегирифт.Ҷояшон Ҷаннат бошад,ҳамеша мегуфтанд вазифаи падар ин аст,ки барои фарзандаш номи нағзу бомаънӣ гузорад.Ман як колхозчӣ,шумоҳо ҷаҳондида,китобхонда,бадро аз нек фарқ мекунед,боз ҳам гап гапи шумоҳо,марҳамат…

-Номдарёби худатон Сафобой,кофта мегардед,беҳтарин ном,-нахустин шуда пешниҳод кард Содиқи ҳамсояаш.

-Э не,монед хамин бойу пойа,одамони мо садқаи ин номҳо шаванд.Падарам як дег ош карда ҳамаи деҳаро ҳой гуфта маро Вафобой ном гузошта буданд,вале ин беақлҳо кадомаш номи манро пурра мегирад,ё Бафо мегўянд ё хуб ҳиммат кунанду дар пеши худам бошанд,баъд зўрашон ҳам биёяд бо зумми гардан Вафобой мегўянд.Ин нашуд.

-Не Вафобой,- ба гап ҳамроҳ шуд Абдусамади ҳамсинфи соҳибхона.Номи базеб :Сафобой -Вафобой.Қонуни номгузории авлодатонро нашиканед,номи ҳамаи авлодии шумоҳо охираш як бой дорад-ку!

-Э шшумоҳо,-боз ҳам норозиёна гапро бурид Вафобой,-гуфтам-ку,одами қишлоқ ин чизҳоро намефаҳмад,то ҳол аз роддом наомада, ҳама Ҷафобойаш мегўянд.Баъд медонед,ки чунин беҳурматиҳоро ман намебардорам,дармегирам,ёр мешавам,оқибаташ хуб намешавад.Ин ҳам нашуд,як номе гўед ҳеҷ кас надошта бошад,нав бошад,одамон ҳайрон шаванд,ки ин номро аз куҷо ёфта бошад?

Чанд лаҳза сукути кўтоҳ дар меҳмонхона доман зад.Вафобой боз ҳам худаш яхи оромиро шикаст.Ин ном ба сари худам ҳам зада буд,навашро гўед…

-Сом,-садо баланд кард Алибой,хеши наздики Вафобой,ки чой ҳурт мекашид,-бачаи Наримон,қаҳрамони «Шоҳнома»,ҳеҷ кас ин номро надорад.

Вафобой каме андеша карду «бачаи ман дар шаҳр не,дар пеши ҳамин чаласаводону дохундаҳо калон мешавад,пагоҳ калон шавад, ки Сом мегўяд,”Хом”-аш мегўянд,не маъқул не» гуфту ба ин баҳс нуқта гузошт.

-Хайр ин тавр бошад ,Ораш,Ораши Камонгар,номи навбаромад,ба фикрам дар деҳа касе ҳам надорад-таклиф кард Болтуалӣ.

-Не,не,Ораш -Хораш,ин нашуд…Рад кард соҳиби писар.

-Ҳамин нома монед,номи нағз,современний -пуштибонӣ кард Илҳомҷон.

-Дар ҳамин дунё номи нағз кам аст магар?-кам намеомад Вафобой,ягон номи дигар гўед.

-Бедорбахт,-пешниҳод кардам ман,ки бовар доштам қабул мешавад.

-Номи нағзу,ошноҷон,аммо ҳаминҳоро намедонед,»Бахт»-ашро партофта ё Бедораш мегўянду ё Бекор ё Беор.

Зоҳиран пешниҳодҳо тамом шуданд,агар касе ҳам номеву ҳарфе дошт,аз ин исрору якравии соҳибхона ба танг омада буд,ки ҳама боз хомўш монданд,то ин ки Камол-полвон,ёрҳазли Вафобой,ки дулунҷа лочара мехоид,ба насиҳат гузашт.-Гўш кун Вафобой,ту моро барои маслиҳат ҳой гуфтӣ ё чизи дигар,агар назару ақидаи моро хоҳӣ,пас ба ҳарфамон гўш кун,мо ҳар чӣ гўем,қабул намекунӣ.Агар фикри маро донистанӣ бошӣ, яке аз ин номҳоро ба писарат мон,ана, боз як номи зебо мегўям,ки аз ин навтараш нест:Ардашер!

-Ардашер набераи холаамон -ташреҳ кард Абдулатиф.Ин ном ҳам нагузашт.Ҳамин тариқ,чанд номи наву ба кавли Қосим шинам пешниҳод шуд:Дориюш,Монӣ, Туғрал,Дарё,Борбад,Авранг…

Вафобой ҳар як аз ин номҳоро бо ҳар далел рад мекарду намеписандид.Шаб аз нисф мегузашт,чароғҳои ҳамсояҳо кам-кам хомўш мешуд.Дар рўи дастархон акнун фақат пораҳои сўхтаи лочара боқӣ монда буд.Вафобой асабию нороҳат буд,ки ёрмаслиҳатҳо мушкилашро ҳал накарданд,номе наёфтанд,ки писандаш шавад.Маҷлис камранг мешуд.Маъмулан дар ин ҳолатҳо соҳибхона як чои тоза биёрам мегўяду меҳмонон ҳам монеъ мешаванду навбат ба омин мерасад.Ҳамин тавр ҳам шуд.Омин гуфтему ба меҳмони нав умри дарозу ризқи равон,номбардори падару бобоҳо шавад хостему хестем.Дами дар Вафобой як оҳи сард аз сина берун кашиду бо каме лабханд ҳангоме аз дарвоза берун мерафтем,»ман худам як номи олиҷаноб ёфтаам,медонед,ки ман номҳои болохонадорро дўст намедорам,ном бояд соддаю зебо,хоксорона бошад ва соҳибашро шафоат кунад,агар зид набошед,навзодро  «Посбон» ном гузорам,бигзор посбону нигаҳбони Ватан бошад… ман тафтиш кардам ҳеҷ кас дар деҳа ин номро надорад,шояд дар республика ҳам ин ном набошад…

-Ёфтанашро бинед-а,-бо хушҳолӣ ба ҷамъ нигарист Муродалӣ,ки тамоми нишаст як калима аз даҳонаш набаромада буд.

-Офарин,муборак бошад,илоҳо шафоат кунад,посбони ин хоки азиз бошад,- ва барои бори сеюм омин гуфтему даст ба руй кашидему зери аккоси парокандаи сагҳои велгарди деҳа хона ба хона шудем.

Посбон бузург шуд.Дере буд аз ошнояму писараш хабар надоштам,то ин ки суроғашро гирифтаму писарашро ба ёд овардем.Гуфтанд 8-9 солест аз Русия наомада.

-Бечорае,зану фарзанд дорад?-бо дилсўзӣ пурсидам ман ва тасаввур кардам бачаҳо дар орзуи дидори падар чӣ рўзе доранду Посбон ҳам дар кадом корхонае кор мекунад.

-Посбон кори хуб дорад,-афзуд Абдулатиф,ки ҳарду дар маросими номмониаш канори ҳам ҳузур доштем,-дар  Новосибирск дар як қабристони насрониҳо қаловур аст,,кораш ҳам нағз ,падару модарашашро вай мебинад,маошаш ҳам калон, ном шафоаташ кард…

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: