Нигаронӣ (Ҳикоя)


Шохмансури Шохмирзо- хабарнигори сомонаи "Ахтари зулматсуз" дар Чумхурии Исломии Ирон шахри Техрон

Шоҳмансури Шоҳмирзо.

Бибии Шарофат вақте набераи навзодашро аз таваллудхона оварду вориди хона шуд, гўё чароғе дар манзил рўшан шуду ҳама ҷоро нуристон кард. Ба паи қадами меҳмони нав исфанд дуд карданду қанду қурс чошиданд.Рўи ҳавлӣ аз сару садои бачаҳои ҳамсояву хешон кўдакистонро мемонд. Хешу табор падару модарро ба муносибати таваллуди писари дуюм табрик мегуфтанд: умри дарозу тани бедардаш диҳад ,муборак шавад,хурмои Маккаву Мадина шавад…Ашрафҷон ҳам дигар танҳо намемонад,ёрбоз пайдо кард…

Бибии Шарофат кўдакро, ки дар парпечи мисли барф мехобид, берун оварду дуову дуруд фиристонду дар гаҳвора басташ.Бибӣ зани бохосият аст ва соҳиби даҳ фарзанду набераву абераи зиёд мебошад.Тақрибан доягии ҳамаи хешу таборонро ў анҷом додааст.Тифли навзод мегирист.Модари кўдак мехост шираш диҳад,вале Бибӣ нагузошту гуфт: мон ермаку дермакамро кунам,гаҳвора аз осмон омадааст. Баъд шурўъ кард ба алла гуфтан:

Аллаё, алла ,

Хоби ширинат барад,

Аллаё, алла…

Модар ба даҳони кўдак пистон монду мисли шире,ки сафедияш кунанд,зуд хобаш бурд.   Хешу ҳамсояву ақрабо пасу пеш меомаданд. Бибии Шарофат, ки маъмулан дар чунин лаҳзаҳо хеле эҳтиёт мекунад,очаю бача бачиллаанд,то чил рўз бояд одами бегона набинадшон гуфту тибқи фармудааш меҳмононро ба хонаи бағалӣ мебурданд.Бибӣ ба ҳар меҳмони омада омину хушомадед мегуфту ҳар дам худаш аз ҷо мехест,ки дари хонаи навзод  баста бошаду садо надарояд ва кўдакро беқарор накунад.Дар сари тири гаҳвора модар кўдакро шир медод.Рухсораҳои бача мисли себи гулобӣ медурахшиданд.Бачаи калонӣ — Ашрафҷони ҳафтсола,ки дар канори модар менишаст,оҳиста гаҳворапўшро як тараф карду чизе нагуфт ва берун рафт.Модар ҳарчанд гуфташ дар пеши додарат шин,ки берун меравам,Ашрафҷон худро ношунида гирифту дарро сахт пўшиду берун рафт.Зери тути калони хонаашон бачаҳои хола ва ҳамсояҳо бозӣ доштанд.Ашрафҷон ҳам ба назди онҳо рафту вале ба бозӣ ҳамроҳ нашуд.Гўё ин лаҳза чизе ба ёдаш омаду давон ба назди модар омад.Модар зориаш карду гуфт: акнун ёрбоз пайдо кардӣ ,соҳиби додарак шудӣ.Ашрафҷон боз ҳам эътиборе ба суханони оча надоду каме хомўш монду аз модар пурсид:оча,чуба хоҳарам таваллуд накардӣ,акнун мана ба  аскарӣ мебаранд…

Модар бачаро ба оғўш кашиду аз пешониаш бўсид ва чизе нагуфт.Дар хонаи канорӣ  садои гуфтугўю мағал ба дару девор печида буд.


Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: