Шоҳмансури ШОҲМИРЗО: Нақши Айнӣ дар бедорию эҳё ва пуёии миллати мо зиёд аст


Ба баҳонаи 15-уми апрел-рӯзи таваллуди Устод Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти навини тоҷик

Устод Садриддин Айниро бешак метавон дар радифи чеҳраҳои мондагори Осиёи Марказӣ дар амри рӯшангарию бедорфикрӣ хонд. Эшон, ки парвардаи мадориси Бухоро ва ҳамнишини донишмандону фозилони машҳури Мовароуннаҳр,мисли Аҳмад-махдуми Дониш, Садри Зиё, Аҷзӣ, Туғрал, Ҳайрат, Шоҳин, Турмағамбет Иезтлуев буд ва дар мадраса низ аз толибилмони саршиносу фаъол маҳсуб мешуд, дарвоқеъ пайванде миёни насли гузаштаву ҷадид буд. Садриддин Айнӣ қабл аз ҳама улуми роиҷи замон, фиқҳ, адабиёт, таърих, ҷуғрофия ва сарфу наҳви забони арабӣ, туркиро хуб фаро гирифт ва дар ҳоле, ки дар Мовароуннаҳри замони ҳукумати Манғитиён афкори рӯшанфикрона ва пешқадам саркӯб мешуд, чароғи маърифату илмро бар даст гирифт ва бо мақолоти рӯҳбахшу ҷасурона дар мағзҳои мардум андешаҳои бедорию мубориза ва илмомӯзию доништалабиро кошт ва бо таъсиси рӯзномаи «Бухорои шариф» дар таърихи 11-уми марти соли 1912 бо навиштаҳои пурмӯҳтавою ҷолибаш инқилобе дар афкори мардум ба вуҷуд овард.

Сипас, дар нашрияҳои дигари форсизабон ҳам бо номи аслӣ ва ҳам бо имзои мустаъор пайваста мақолоту рисолаҳои тарбиявиву маънавӣ менавишт. Устод Айнӣ дар фазои хафақони Бухоро зарурати матбуот — рӯзномаро эҳсос намуд ва ба таъсиру нақши калом таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамуд. Ҳатто вай дар яке аз мақолоташ — Қавми тоҷик ва рӯзнома перомуни ин мавзӯъ изҳори назар намуда, аз ҷумла гуфта буд: рӯзномаи ҳар қавм забони он қавм аст ва қавме, ки рӯзнома надорад, забон надорад. Ин сухани Устод дар он замон, ки ҳукумат ва давлатмардонаш аз ҳар гуна минбари нашри афкор ва сухани озод мисли барги бед меларзиданд, ҷуръату ҷасорати зиёдро мехост ва гуфтани он рафтан ба коми аждаҳоро мемонд.

Айнӣ хуб медонист, кореро, ки як мақола, як навишта, як баёния, як рӯзнома метавонист бикунад дар рӯзгори он замон ҳеч василаи дигар наметавонист анҷом бидиҳад. Ва таърих собит намуд, ки нашароти он замон -«Бухорои Шариф», «Оина», «Овози тоҷик», «Шӯро» дар бедорию огоҳии мардум нақши мунҳасир ба фард гузоштаанд. Устод Айнӣ ба масоили адабӣ маҳдуд нашуда, ба масоили сиёсӣ низ дахл менамуд ва бо навиштани мақолоти сиёсӣ, монанди «Чингизи асри 20», «Деви ҳафтсар» ва ғайра ба масоили кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Эрон пардохт ва кишварҳоеро, ки қасди ҳамла ба Эрон доштанд, ҳушдор дод, ки «дар ҷангалҳои ин сарзамин палангҳое хуфтаанд, ки дар сурати бурузи ҳар гуна таҷовуз ҳамла хоҳанд кард».
Хидмати дигари шоистаи Айнӣ ҳамоно таълифи алифбо -«Таҳзиб-ус-сибён» буд, ки дарвоқеъ дастур ва сармашқи боарзиш барои ҷомеаи он замон буд.
Сипас, Аллома Айнӣ (таъбири Саид Нафисӣ, ки пас аз мутолиаи «Намунаи адабиёти тоҷик» ба ӯ дода буд) ба шеър ба таври ҷиддитар рӯй овард ва бо тахаллусҳои Муфлисӣ, Ҷунунӣ, Мӯҳтоҷӣ ва ғайра ба сурудани ашъори инқилобию адабӣ ва ишқӣ рӯй овард ва қабл аз Нимо Юшиҷ аввалин шеъри навро дар ҳавои Марселезаи фаронсавӣ, ки онро дар Когон шунида буд, «Марши ҳуррият» — ро суруд:

Эй ситамдидагон, эй асирон,
Вақти озодии мо расид.
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.

Ин муште буд бар даҳони ҳукуматдорони нокоромаду айёшу ғофили Бухоро, ки ҳеҷ пешрафте надоштанд ва ҳамвора бар мардум зулм мекарданд. Устод Айнӣ бо эҷоди ашъори инқилобиву озодихоҳона аз шеър ба унвони силоҳи қавӣ алайҳи ҳукамо истифода менамуд ва ҳар шеъри ӯ дар ҳақиқат зарбае мӯҳлик бар пояҳои ҳукумати фарсудаи амирони манфури манғит буд, ки ба хотири ин сурудаҳо Устодро муддате мавриди таъқиб қарор доданд ва ҳатто маҳкум ба зиндон намуданд. Вале сели хурӯшону дамони илҳоми шоирро кӣ метавонад бубандад?

Хонандагон бесаброна интизори хондани ашъори тозаи ӯ буданд ва онҳоро мехонданду ҳифз мекарданд ва сурудаҳои ӯ мавриди истиқболи шуарои ҳамзамон ва милоки сароиши онҳо қарор гирифт. Садои мутантани шоир дар амри даъвати тудаҳо бар мубориза алайҳи ҷоҳилону золимон, ки дар садри онҳо амирони Бухоро қарор доштанд, бештар аз пештар мегардид ва гӯянда пас аз қатли бародараш тавассути омилони амир ошкоротару бурротар мегардид:

Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам он қозию он муфтию он шайху амир
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

«Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дар зиндагиномаи Устод метавон саҳифаи заррин ва мондагор унвон намуд, ки соли 1926 дар Маскав бо мусоидати Абулқосими Лоҳутӣ ба нашр расид ва ин китоб бидуни шубҳа иддаоҳои бепояи пантуркистҳо ва душманони миллати тоҷикро ботил намуда ба гувоҳии аксари муаррихону донишмандон шиносномаи миллати тоҷик маҳсуб мешавад.

Аллома Айнии бузург дар ин китоб бо зикри зиндагинома ва намунаи шеъри шоирони форсигӯй, ки дар қаламрави Мовароуннаҳр ба сар бурдаанд ва аз Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ шурӯъ мешавад, нишон дод, ки ин қавм дурӯзаю дирӯза нест ва миллате, ки ин осорро офарида соҳиби ҳақиқии ин сарзамин аст ва ҳаққи доштани давлати мустақилро дорад. Сиёсатмадорони бардурӯғ, ки мавҷудияти қавми тоҷикро дар ин хитта инкор мекарданд, посухи муносиб гирифтанд ва яке аз сабабҳои таъсиси Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар он замон ҳамин асари намирандаи Айнӣ буд. Ин китоб дар доираҳои адабию ҳунарии чаҳон бо истиқболи самимӣ рӯбарӯ шуд ва аз ҷумла ҳамчунонки гуфта шуд, доктор Саид Нафисӣ, донишманди фарзонаи Эрон аз хондани он ба ваҷду ҳаяҷон омад ва муаллифи онро «Аллома» хонд.

Устод Айнӣ бо таълифи ин тазкира дарвоқеъ, бузургтарин хидматро дар рӯзгори мардкуши он айём анҷом дод ва ба навъе хотираи таърихии миллатро эҳё намуд ва ин асар дар зеҳни давлатмардони шӯравӣ дар амри шинохти қавми тоҷик нақши мусбат гузошт. Сипас, Устоди арҷманд дар солҳои баъдӣ ба таълифу эҷоди ҳикояву достон, повесту роман ва асарҳои таърихӣ, ҳамчунин навиштани рисолаҳои илмӣ дар бораи зиндагӣ ва эҷодиёти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Бедил, Восифӣ ва ғайра пардохта, бунёди илм, таърихи навин, рӯзноманигорӣ, адабиётшиносӣ …ро ниҳод.

Дарвоқеъ , Устод Айнӣ шахсияти чандбуъдӣ буд, ки мақоми ӯ барои ҳеч як аз донишмандону фозилони Осиёи Миёна дар гузаштаву ҳол насиб нагардид. Ин ҳарфро ба сароҳат ва бидуни шакку тардид мегӯям, ки ҷойи холии Устодро то кунун касе пур накардааст. Хидмати дигари босазои Устод ин буд, ки шумори зиёде аз адибону нависандагон, муҳаққиқон, пажуҳишгарон ва аҳли адабро дар Душанбеи тозатаъсис ҷамъ овард ва ба онҳо дар роҳи иртиқои илму адаб маслиҳатҳои судманд медод ва бархе аз осори онҳоро таҳрир менамуд, ки минбаъд онҳо ба навъе роҳи Устодро идома доданд ва дар улуми мухталиф,адабиёт,таърих, фалсафа,фолклор,забоншиносӣ, тарҷума, нақди адабӣ, аруз, шеър, нависандагӣ … корҳои боарзиш анҷом доданд.

Айнӣ шахси дурбину оқибатандеш буд ва тавассути талошҳои эшон бузургдошти бисёре аз фарзандони некноми миллат,аз чумла Устод Рӯдакӣ дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид ва оламиён бунёдгузори адабиёти классики форсӣ-точикиро шинохтанд. «Ёддоштҳо»-и Айниро метавон дар маҷмӯаи осори Устод асари намиранда ва ҷовидонӣ талаққӣ намуд. Ин асар дар тарсими Бухорои он замон, муҳити адабию илмӣ, шахсиятҳои машҳури давр… мавқеъи намоён дорад. Муҳаммадризо Шафеьии Кадканӣ, муҳаққиқ, шоир ва мутафаккири Эрон ҷойгоҳи ин асарро дар адабиёти Осиёи Миёна муҳим хонда, барои таьлифи он ба Устод унвони «Байҳақии замон»-ро додааст.

Мурод аз навиштани ин матлаб низ муруре ба зиндагиномаю фаъолияти беназири бунёдгузори адабиёти навини тоҷик буд, ки мехостам дар рӯзи таваллудаш ин шахсияти камназирро ёд кунем ва агар тавонем бар пояи мақбарааш гули тозае бигзорем. Нақши Айниҳо дар бедорию эҳё ва пуёии миллати мо зиёд аст. Мақолаи ман олимона нест ва танҳо бардоштҳои шахсиам ба унвони яке аз алоқамандони эчодиёти ин бузургмард буд, ки пешниҳод дорам бо мутолиаи дубораи китобҳои ӯ, баргузории маҳфилҳои ёдбуд, нашри дубораи осораш, навиштани мақола, мусоҳиба дар садову симо дар амри муаррифии андешаҳои волои эшон барои насли имрӯз рӯҳу хотирашро шод кунем.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: