Ҷавонон: Созандаанд ё сузанда?


Ин ки мо Тоҷикистонро қафомонда мегӯем, иллат ҳамон аст, ки ҳанӯз сари кор кадрҳои шӯравианд. Ҷавонон комилан хобу аз ҷавонии худ бехабаранд. Гӯиё дар мо ҷавонон танҳо роли муҳоҷиратро мебозанду бас. Бас! Вақти он аст, ки ҷавонон худро бояд дар арсаи сиёсату иқтисод ва умуман умури кишвардорӣ бояд нишон диҳанд.

Даврони ҷавони ба истилоҳ фасли кушодани панҷараҳост, фасли кушодани панҷараҳои нигоҳу андеша ба суи фардоҳо. Фасли ошнои бо навтарин навовариҳо, фасли фатҳи куллаҳои муваффакият, фасли таваллуди афкори мутафовиту созанда, фасли сабзидани ниҳоли масъулият ва гайраҳо. Аммо ин даврон  бо вуҷуди хуб буданаш ба  гуфти коршиносон аз фиребандатарин давронест, ки як интихоби галат ва ё кучактарин иштибоҳ метавонад таъсири шадиди манфие ба ояндаи  ҳар фард бирасонад.

Ба кавле чи ширин аст доштанҳо дар баробари надоштанҳо, чи лаззат аст тавонистанҳо дар баробари натавонистанҳо, ба куллaи муваффакият баромаданҳо дар баробари сукутҳо, дар авҷи кудрат буданҳо дар баробари пастиҳо, яъне гуфтани аҳстам,ки ҳамаи ин таҳарукҳову шурҳову неруҳо маҳз дар ҷавонист ва маҳз дар ҳамин давра метавон ҳам ба даст овард ва ҳам аз даст дод. Оё ин даврон ва фасли кушоданҳову сохтанҳо барои ҷавонони тоҷик, ки дар ҳамаҷо аз ояндаи миллат буданашон ҷор мезанем чи гуна давронест ва оё ҷавони тоҷик дорои андешаи созандаву рушан мебошад? Бо чунин ҳадаф , калам бар даст гирифта дар рушани андохтан ба ин суолот гом мениҳам.

Ҳадафи асоси-муҳоҷират

Хеле сахт аст вакте мебини иддаеро, ки  аслан аз омадани ин даврони барояшон муҳим гофиланд ва талоше барои  даст задан ба ин имконоту неруҳои мутаҳҳарики хеш намекунанд. Дар ҷое, ки аксар ҷавонони мо имкони истикбол аз ин давронро ба пурраги надоранд ва беҳтарин авкоти нишотбаҳши худро дар куи ҳиҷрату оворагариҳо мегузаронанд. Аммо инчунин, бисёре аз ҷавонони кишвар хоса ҷавонони шаҳри Хуҷандро ҳангоми суҳбат дарк мекунам, ки аслан фурсати ҷавониро беарзиш мешуморанд ва машгуланд ба хушгузарониву сармастиҳои замона ва ин фурсатро танҳо барои даст ёфтан ба ҳавасҳову хостаҳои хеш унвон мекунанд.

Ҷавони пурнишоттарин, гуворотарину зиндадатарин ва дар айни ҳол фаребандатарин фасл аз даврони зиндагии инсон ба шумор меравад. Ба ҳамин далел таваҷҷуҳ ба  ҷавону давраи ҷавони ва баҳраманди аз он аҳамияти вижае дорад. Инсони муваффак он касест, ки аз давраи ана ҳамин пурэнержию пуршитоби ҷавони дар масири тунду шуру шавк баҳрае муфид ба даст меоварад. Бисёре аз инсонҳо хоса ҷавонон ин даврони пурнишоту муҳимро бо сармастиҳову беҳудагиҳои замона ба гафлат мегузоранд ва онро бе ҳеҷ баҳрае ё манфиате аз даст медиҳанд.

Аммо Икром Раҳимов як ҷавони Хуҷанди  дар мавриди чи гуна гузаронидани даврони ҷавони аз ҷониби ҷавонон чунин андеша дорад.

-Бояд бигуям,ки на танҳо ҷавонони вилояти Сугд , балки тамоми кишвар аслан ба хушгузаронии даврони ҷавони вакт надоранд, ҳатто ба сарашон чи гуна гузаронидани ин айём намеояд, онҳо  то ин, ки зиндагияшонро пеш бубаранд,  бояд пул кор кунанд , муҳоҷир шаванд ё мардикор. Ва  бо ин иштиголот аслан пай намебаранд, ки чи гуна даврони ҷавони аз сар рафту ҳосиле ба даст наовардаанд.

Шумораи аъзами ҳамсуҳбатонам таъкид бар он доштанд, ки маҳз костагии шароити иктисоди намегузорад то як ҷавон зиндагии осудаҳолона дошта бошад.

Аммо бо вуҷуди ин, андешаи муҳим будан барои ҷомеа, фаол будан дар гирдиҳамоиҳои ҷомеа, чун неруи мутаҳҳарик дар канори ҷомеа будан дар аксар ҷавонони кишвар хоса ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба хуби ва ба пурраги дида ва эҳсос мешавад.

Pузноманигори ҷавон Ҷамшеди Обидпур бo назари хушбинона то як андоза гуфтахои мазкурро тасдик намуда  иддао дорад, ки ҷавонони кишвар ба тадриҷ фаол шуда истодаанд.

-Максади ҳар шахс вобаста ба имкону ҷаҳонбини ва нияти уст. Вале ҳар пиру барно ҳадафи мушаххас дорад ва расидан ба он максадро орзуи худ мешуморад. Аз нигоҳи ман солҳои охир ҷавонони мо нисбатан фаъолтар шудаанд. Ҳамакнун бо таваҷҷуҳи бархе ниҳодҳои давлати аҳдофи ояндасозон дар самти мушхасан маълум гашта, дар ин бобат Барномаи вижае низ кабул гаштааст. Агар ҳамчунин ҳар яки кори ҷавонон бо тавсияву пешниҳоди бузургсолон амали гардад, кори мо хеле пешрав хоҳад шуд…

Як муҳоҷири тоҷик ки худро Расул Самадзода муаррифи намуд, сатҳи пасти иктисодиро аасоситарин омили монеа дар рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон хонд. Ба бовари ҳамсуҳбатам маҳз ҳамин  муҳоҷират аст, ки намегузорад ҷавонони мо ба ҳоли худу оилаи худ расидаги бикунанд, у меафзояд:

-Ба  назар чунин мерасад , ки  ҷавонони  мо он бореро, ки дар оянда бояд кашанд, бо ине, ки ман мешиносам, омода нест, зеро тавону кувваташ барои касби илму ҳунар камтар сарф мешавад, бештар дар фикри кути лоямут, дар муҳоҷират, дар банди гирифтриҳои иктисодию моли аст, гузашта аз ин он ҷавонони хонадоршуда  ба фарзанди худ дуруст намерасанд.

Вокеан дуруст аст, муҳоҷират намегузорад то ҷавони мо  фарзандашро дуруст тарбия кунад, падарвор раҳнамоияш кунад ва дардовараш он аст,ки мактаб ҳам комилан бачаҳоро таълиму тарбия намедиҳад.Ва дар ин маврид будани падар дар канори фарзанди хеш ногузир аст. Имруз дар катори муҳоҷирони кишвар кам нестанд шумори он ҷавонони Сугди, ки хонаводаву фарзандoнашoнро канор гузошта роҳи ҳиҷратро ихтиёр кардаанд.

Пас инҷо лозим мешуморам то маълумоти омории мухоҷирони ҷавони вилоятро пешкаш намоям ва бубинем, ки вазьият дар ин устон чи гуна аст. Мувофики маьлумоти Хадамоти Мухоҷирати Вазорати Корхои Дохилии Тоҷикистон дар вилояти Сугд дар зарфи се мохи соли равон дар вилоят аз хисоби ноболигон ва ҷавонон ба хисоби умуми 3733 хазор нафар дар мухоҷирати мехнати аз  ҷумла Руссия, Узбекистон,Казокистон ва дигар давлатхои ИДМ мебошанд. Дар худи шахри Хуҷанд бошад 183 нафар ноболигон дар мухоҷират карор доранд. Дар зер мутавваҷҷех бошед ба омори зер:

Шахру навохи Шумора

Хуҷанд 183
Кайроккум 48
н.Айни

23
н.Мастчох 4
Табашар 10
Спитамен 146
Истаравшан 101
Конибодом 1537
Исфара 93
Панҷакент 98
Гончи 315
Шахристон 22
Б.Гафуров 531
Ашт 427
Ҷ.Расулов

0
Чкалов 100
Зафаробод 0
Исфара-2 95
Хамаги 3733

Аз ин омор бар меояд, ки аз  2170961 нафар ахолии вилояти Сугд 3733 нафарашон аз хисоби навҷавонон дар куи хиҷрат ба сар мебаранд.Албатта як муҷиби асосии ру овардан ба куи ҳиҷрат- ин   бартараф кардани камбудиҳои рузгор ва ба ҳаракат даровардани завраки рузгор ба ҷониби фардоҳост. Чаро ки дар чунин як давраи сахти гузариш ҳеҷ кас намехоҳад, ки бо максади тамошову саёҳат ба сафар барояд.

Дар ҳар ҷомеае гом ниҳодани ҳар фарде бидуни ҳадафе буда наметавонд. Кучактарин гомҳо метавонанд дорои аҳдофи вижае бошанд. Баъзеҳо лаззату осудагро интихоб мекунанд, иддае ҳадафашон аз будан нишоту шодмониву хуррамист, баъзе дигар ҳадафашон дар ҷомеа созандагиву бунёдкориву ояндасозист. Чун даврони ҷавони айёми огози замони андешарониҳои окилонаву вокеъонa аст, ҳар як ҳадаф аз суи ҷавонон метавонaд масиреро муайян намояд. Оё имруз ҷавонони мо дар макомотҳои болоии кишвар дорои ҷойгоҳ ҳастанд? Оё аз ҷавонон ба таври  вокеъиюодилона ба унвони нируи созанда истифода мекунанд ё на? Оё ҷавонони мо, ки «Ояндаи Тоҷикистон дар ихтиёри онҳост» чи аҳдофи мушахассе дар пешрафти ҷомеа доранд?

Коршиноси ҷавон Ясриби Каримзод андешаҳояшро чунин баён мекунад.

-Ҳар он нафаре, ки кадам мемонад бе ҳадаф нест, вале ҳадафи кисми аъзами ҷавонон, муҳоҷират асту халос, ки ин дог ва дарди ҷомеаи мо мебошад. Имруз, ки кишавари тозаистиклоли мо дар марҳилаи гузариши демокроти карор дорад мебояд, ки дар ҳар шохаи коргузори ҷавонони рушанфикру дурбин фаолияте дошта бошанд. Вале аз нукоти назари бештари кишварҳои мутараки бингарем андешаи ҷавонон накши боризе дорад, лек тавваҷҷуҳ нисбати ҷавоннон кам зоҳир мешаваду онҳоро мисли ҳоло ,ки гуё андешаи солим надоранд, истифода мекунанд.

Бо дар назардошти ин иддао метавон таъкид бар он дошт, ки дар Тоҷикистон дар ҳакикат ин  мушкил мавҷуд аст, ки ҷавононро баъзе аз ташкилотҳои ҷаъмияти ба музди хуб таклифи кор мекунанд ва нафъи онҳо барои Тоҷикистон нею барои дигар кишвар равона мешавад. Ҳукумат нисбати ин чиз таваҷҷуҳ надорад. Масалан, мебояд ҷавононе, ки забондони хуб ва андешаву фикрҳои хуб доранд  дар ҳукумат ва дигар корҳонаҳои Тоҷикистон бошанд ва барои банд кардани онҳо ҳакмузди хуб мисли ташкилотҳои хориҷи бидиҳанд. Бисёре аз ҷавонон зимни суҳбат бо муаллифи ин сутур изҳори гила намуданд,ки дар ҷунин ҷомеаи кишвар зистан барояшон мушкил будааст, Абдукарими Раҳим ҷавони донишманду огоҳи шаҳри Хуҷанд аз он шикоят мекунад, ки  шароити молияшон он кадар хуб нест ва ба истилоҳ «тагову огое» надорад, ки дар макомотҳои болоии кишвар фаолият намояд.

Коршиноси ҷавон оид ба  масоили сиёси Набиюллоҳи Суннати ҷавониро марҳилаи сохтанҳову бохтанҳо унвон карда бар ин бовар аст, ки маҳз бозидани накши ҷавонон ба унвони муҳоҷир намегузорад то ишон аз ин даврон баҳраманд бишаванд ва иддао дорад, ки ҳар гуна таҳаввулоте маҳз тавассути афкори навовари ҷавонон  сар мезанад:

Аслан айёми ҷавонӣ марҳилаи фаҳмиданҳову гузаштанҳо, афтидану хестанҳо ва баҳрабардорӣ аз таҷоруби ширину талхи зиндагист. Табиист, ки ҷавонони мамолики дигар дар қиёси мо ҷавонони Тоҷикистон хеле баҳушу бедоранд. Мисоли оддӣ ҳаводиси соли 2007 ва соли 2010-и Қирғизистон, ки кори ҷавонон буд. Бад-ин минвол метавон ҳадс зад, ки ҳар кишваре рушд карда аст, дар он нақши асосиро ҷавонон мебозанд. Ин ки мо Тоҷикистонро қафомонда мегӯем, иллат ҳамон аст, ки ҳанӯз сари кор кадрҳои шӯравианд. Ҷавонон комилан хобу аз ҷавонии худ бехабаранд. Гӯиё дар мо ҷавонон танҳо роли муҳоҷиратро мебозанду бас. Бас! Вақти он аст, ки ҷавонон худро бояд дар арсаи сиёсату иқтисод ва умуман умури кишвардорӣ бояд нишон диҳанд. Вагарна, рӯзе барои мо ҷавонон идораи давлатдорӣ басо мушкил меафтад.

Албатта зимни гуфтугу бо  ҷавонони фаолу огоҳи шаҳри Хуҷанд аксар ҷавонон бар ин назаранд, ки таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар нисбати масоили онҳо, ба вижа масоили таъмини ҷои кор беаҳамиятанд ва аксар коршиносон муътакиданд, ки чавонон дар сар танхо рохи даромадро меандешанду куи хичратро.

Мадина Почоева хабарнигори нашрияи»Согдийсикий Правда» ҳадафи ҷавононро танҳо дар пулёбию муҳоҷират мебинад.

-Ба фикри ман ҷавонони мо имруз аз гузаштани фурсати ҷавонии худ бе хабаранд, чунки онҳо дар души худ бори гарони зиндаги доранд, максад факат чи хел карда пул ёбаму руз гузаронам, ин муҳоҷират асту, фиреби якдигар ва ҷинояткори. Ва шумораи хеле ками ҷавононро метавон дид, ки баройи оянда барномае дошта бошанд.

Гурез,бесавод омад!

Бесаводи  марги ҳар як миллат аст гуфтаанд аҳли фазл. Бесаводи бузургтарин омил дар шикасту заволи ҳар ҷомеае маҳсуб меёбад.Бесаводи ба ҷомеа танҳо торики, ҷаҳолат, ҷангу тафрика меораду бас. Одами бесавод хатарноктарин одам аст, чун таҳлилу киёс надорад, чун бинишу дидгоҳ надорад ва ҳар коре гуи бидуни тардид мекунад ва шояд ру овардани аксар ҷавонон ба ину он аз ҳамин самт аст.Ва  бино ба андешаи рушанфикрон нозуктарин даврони инсони ҳамин марҳлаи ҷавонист,ки метавонад ҳам созанда ва ҳам сузанда бошад.Пас моро мебояд  то созандагони ҷомеаи навини худ бошем.

Мусаллам аст, ки имруз дар кишвар авзои иктисоди хеле риккатовар аст ва он  намегузорад то муаллим-ин тарбиятгари наслҳо  бо шуру шавку ҳавас машгули таълим бошад. Иддае аз коршиносон бар ин боваранд,ки муҷиби аслии камсаводии ҷавонон ин адами таваҷҷуҳи устодон ба омузишу парвариши хонандагон аст ва набояд ҳар гуна «устод»-и «тасодуфи»-ро ба даргоҳи маърифат кашид. Инҷо устоди донишгоҳи славяни , рузноманигор Шариф Муллоев роҷеъ ба усули донишомузии ҷавонон  изҳори нигарони карда набудани эътино аз суи муаллимон барои ҷалби донишҷуёнро баён мекунад.Ба бовари у як комиссиюне бояд санҷиши дарсҳои муаллимонро дар макотиби миёна таҳлил кунад ва натиҷагири онро амали намояд.

-Банда имрузҳо дар он ташвиш дорам, ки бо ин тарзи донишомузии ҷавонон, ояндаи миллату давлат чи мешавад? Ман ҳамаи ҷавоноро дар назар надорам, вале кисми аз онҳо сайу кушише надоранд, ки дониш омузанд. Боргоҳи илму маърифат Донишгоҳи омузгори ба саҳнаи бесаводон мубадалл гашта, 80 фисади хатмкардагони он бесаводанд, ва онҳо ба мактаб мераванд. Дар мактаб, ки худ дониши кофи надоранд, чи гуна дарс мегуянд? Худ шоҳиди онам, ки муаллими ба ном ҷавон, факат ба хархашаю дилозори машгул аст.Ва ба худ суол медиҳам,ки айб дар ош аст ё мош? Ва посух медиҳам,ки айб аз устодон ҳам ҳаст,ки кушише намекунанд,ки донишҷу ба илм ру орад! Бояд нагузошт,ки шахсони тасодуфи дар мактаб дарс гуянд.Шаъну эътибори номи баланди Устодро паст занад! Устод бояд ба маънои томаш ҳакики бошад,на маъҷози!»

Ба ҷои охирсухан

Бояд  кайд намуд, ки ҷавонон ин кишри бузурги ҷомеа дар ҳама мамолики дунё ба унвони  сармояҳои бузург  ва ояндасозони ҳар ҷомеае маҳсуб меёбанд. Накши муассири ин кишр дар тамаддунсози, бозсози, навовари, дигаргункуни ва дигар росто хеле бориз аст. Ва масъулини кишвари моро мебояд то ба онҳо, ба мушкилоти онҳо, ба додҳои онҳо таваҷҷуҳи хосе дошта бошанд ва ҳамеша баҳри посухгуи ба суолоту дархостҳо ва ниёзҳои онҳо талош бикунанд. Дар сурати нарасидан ба мушкилоти онҳо ва дар сурати набудан дар канори онҳо ояндаи норушанеро метавон чашм дошт.

Бароям хеле аҷиб буд вакте зимни суҳбат бо як дустам  аз у мешунидам,ки мегуфт Фирдавс, хоҳиш мекунам дар ҳамин навишторат ҳатман ҷавонони боҳушу бедори моро нисбати ноадолатиҳо, беътиноиҳо,нобаробариҳо даъват кун.Ман ҳам даъват мекунам….

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: