Намоишгоҳи байналмилалии хушнависии кишварҳои ЭКО дар Тоҷикистон доир хоҳад гашт


Шоҳмансури Шоҳмирзо,шаҳри Теҳрон

Доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ,Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар Намоишгоҳи хушнависии шаҳри Қазвини Эрон ин шаҳрро маркази хушнависии минтақаи ЭКО  унвон намуда афзуд: аз ин ба баъд дар ин шаҳр ҳамоишҳои хушнависӣ,намоиши осори ҳунармандони минтақа,давраҳои омўзишӣ барои шогирдон ба таври доимӣ барпо хоҳанд шуд.

Вай дар ин маросим эълом кард,ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии хушнависии кишварҳои ЭКО баргузор мегардад.Ба гуфтаи доктор Аюбӣ ин намоишгоҳи дуҳафтаина дар шаҳрҳои Душанбе,Хуҷанд ва Кулоб баргузор хоҳад гашт ва дар он осори хушнависии кишварҳо ба намоиш гузошта хоҳанд шуд ва дар чорчўби ин барнома давраҳои омўзишӣ барои алоқамандони ин ҳунари пуртарафдор тавассути устодони машҳури ин ҳунар баргузор хоҳад гашт.
Қарор аст дар ин Намоишгоҳ 200 асари хушнависии маҳсули дасти ҳунармандони саршиноси кишварҳои ЭКО -Афғонистон,Озарбойҷон,Эрон,Покистон,Қазокистон,Қирғизистон,Тоҷикистон,Туркия,Туркманистон ва Узбакистон ба маърази диди дўстдорони ҳунар гузошта шавад.Намоишгоҳ дар Осорхонаи ба номи Камолиддини Беҳзоди шаҳри Душанбе оғоз ва пас аз он дар  дигар шаҳрҳо  баргузор хоҳад гашт ва номаи фарохони асарҳои хушнависӣ  барои кишварҳо тавассути Муассисаи фарҳангии ЭКО ирсол шудааст.
Дар Намоишгоҳи хушнависии Қазвин шуморе аз намояндагони Тоҷикистон,ки барои ширкат дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон омада буданд,ширкат доштанд.

Leave a comment