Сомонаҳои тоҷики афзоиш меёбанд.


Ба номи Худованди ҷонофарин,
Ҳакими сухан дар забон офарин.
Худованди бахшандаи дастгир,
Карими хатобахши пўзишпазир.

Бо чунин абёти огозин огоз гашт боз як сомонаи точики бо номи «Куръон» аз тарафи  торнигорандаи точикистонии мукими Чумҳурии Исломии Ирон бародари азизи мо Одинамуҳаммад,ки феълан дар ин сарзамини фарҳангҳову тамаддунҳо дар масири тадрису омузиш карор дорад.

Мухтасар лангари назар меандозаем ба гузаштаи у.

Одинамуҳаммад

Одинамуҳаммад 1 феврали соли 1987 дар деҳаи Худгифи Офтоби ноҳияи  Мастчоҳи устони Сугди Чумҳурии Тоҷикистон чашм ба олами ҳасти кушодааст. Баъд аз ҳатми литсейи 1 ба Филлиали Хуҷандии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ХФТУТ) дохил шуда, баъд аз ду соли он барои идомаи таҳсил ба ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуд ва дар айни ҳол донишҷуи  яке аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. Дусти мо чун фориг аз кору омузиш мешавад беиҳтиёр калам ба даст гирифта гоҳгоҳе дар ҷоддаи зебои шеър каламфарсои намуда машки шеър мекунад ва боиси ифтихор ҳа ҳаст,ки  шеърҳояш дар фаслномаи «Оина»-и донишпажуҳони тоҷик дар Ҷумҳурии Исломи ва дигар бахшҳо ба нашр расидаанд.

Боиси вокеан хушнуди ва ҳам сарафрозист,ки дакика ба дакика дар олами Интернет шумори торнигорҳои тоҷикии аз тарафи тоҷикон навишташуда афзоиш меёбад,ки дар роҳи шинохту муаррифии миллату фарҳангу тамаддуни оламшумул накши боризе доранд.Одинамуҳаммад мисли даҳҳо торнигорандаҳои дигар бидуни ҳадаф даст ба чунин икдоме набурдааст. У ҳадаф аз сомон додани чунин сомонаро бо максади ширкат намудан аз инки фарҳанг ва таълими “Қуръон”-ро дар ҷомеаи кишвари азизамон Тоҷикистон ба роҳ андозад, аммо Одинамуҳаммад  ин сомона дар уқёнуси фарҳанги Қуръон қатрае беш намедонад.Ва мекушад то илму ҳарфу ҳадиси Худоро ба гуши аҳли башар бирасонад.Ва аз кавли орифи раббонӣ, шоири бузурги форсизабон Мавлоно чунин меорад:

Оби дарёро агар нат-вон кашид,

Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.

Одинамуҳаммад бо такя ва дар асоси чаҳор чиз,ки донистан ва амал карданашон барои мо воҷиб аст,ин сомонаро  сомон додааст.Инҳо:

Илм: ки шинохти Худованд (субҳонаҳу ва таоло), паёмбар (с) ва дини Ислом аст. Зеро бояд бо илму дониш Худоро шинохту парастиш намуд, на бо ҷаҳлу нодонӣ.

Амал: касе, ки чизеро бидонад ва ба он амал накунад, ҳамонанди яҳуд хоҳад буд. Зеро онҳо илм доштанд, аммо ба он амал намекарданд.

Даъват ба сўи Худованд: зеро донишмандону даъватгарон ворисони паёмбарон ҳастанд. Худованд бани исроилро (яҳудиён) лаъну нафрин кард, ба хотири инки ҳамдигарро аз кори бад наҳй намекарданд ва ҳатто ҷамъе аз некону хубони онҳо бо сокит нишастанашон афроди гунаҳкорро амалан ташвиқ мекарданд. Ба ин хотир барномаи аъмоли онҳо бисёр бад ва нописнд буд.

Доштани сабру бурдбори дар мушкилот ва озорҳо: дар ҳамаи марҳилаҳои ёдгирӣ, амал кардан ба он таолим ва даъват кардан ба сўи он бояд сабру тоқат дошта бошем.

Дар интиҳо  шеъре аз Одинамуҳаммадро пешкаш карда, барои бародари донишмандамон тавфику барор мехоҳам ва умед дорам ки ин торнигор бешак дар роҳи густариши каломи Худо ва маърифати Куръон бехтарин армугонро ироа хоҳад намуд.

Илтиҷо.

Маъшук туву мо зи паи луъбатаконем,

Эй ишк ту куҷои, ки раҳгумзадагонем.

Дармони ҳама дардию дармони ҳама ранҷ,

Дармон ҳамаги аз туву мо дарбадаронем.

Сарчашмаи илму ҳунару файзу камоли,

Ҳар чанд, ки мо аз паи ин тирадилонем.

Раззоку раҳиму азали ҷумла сифотат,

Рузи ҳама аз туст вале кадр надонем.

Бо «кун фаякун»-ат ҳамаро халк намуди,

Ҳастии ҷаҳон аз туву мо бехабаронем.

Мо бандаву бечораву муҳтоҷи нигоҳат,

Бар мо назаре кун, ки ба нимроҳ намонем.

Хуб,бояд бигуям,ки дар тули ин чанд муддате чандин сомонаҳои тоҷики таваллуд шуданд ва алакай саҳифаҳои худро бо навишторҳои ҷаззобу хондани пур намуда, хонандаҳои хешро сооҳиб гаштаанд пас ёдовар шудан аз онҳо зараре нахоҳад дошт.Сомонаи навбунёди «Фарёди хомуш»-и Маликнеъмат аз зумраи сомонаҳоест,ки он фарогири назму насру тадкикоту пажуҳишу маънавияту дигару дигарҳо мебошад. У кист, яъне Маликнеъмат чи шахсиятест. Мухтасаран мепардозем ба ки будани у.

Маликнеъмат

Маликнеъмат дар таърихи 20 ноябри соли 1959 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ мутаваллид шуда аст.Шоир, нависанда, аълочии маорифи Тоҷикистон, аълоҷии фарҳанги Тоҷикистон,узви ИН Тоҷикистон, узви ИР Тоҷикистон, номзади илмҳои суханшиноси, муаллифи китобҳои «Нилуфари маҳтоб», «Одамасп», «Эҳёи Мадрушкат»,«Ин дарахтон», «Маснавии нави» ва монографияи илмии «Рашаҳоту айнилҳаёт»-и Фахруддин Алии Сафи ва моҳияти адабию ирфонии он» устод Маликнеъмат имрузҳо дар деҳаи худ машгули тадрису омузиш аст.Ва чун омузгори забони тоҷики ифоиз вазифа мекунад.

Шоир мекушад то омухтаҳо,навиштаҳо,мушоҳидаҳо,дардҳо,ва умуман эҷодиёти  хешро, барои хонандаи тоҷик ва кулли форсзабонон иро намояд.Форсзабонгуфтанам беҳадаф набуда. Чун дар торнигори у саҳфаи вижаи форси мавҷуд аст,ки навиштаҳо ва назми уро мардуми форзабон низ метавонанд ба суҳулат бихонанд ва лаззат бубаранд.

Ба устод низ дар ин ҷодда барору тавфику устоврию комёбиё роҳёби мехоҳам.

Дигар сомонаи тафреҳии тоҷики, ки чанде пеш милод ёфт, ин сомонаи «Таронаҳои беҳтарин»— унвон дорад,

Ҷаҳонгир

ки тавассути дусти арҷманди мо ва ҷавони ҷуёву пуё Ҷаҳонгири Султон аст, ки муҳтавои аслии торнигори у аслан муаррифи ва таргиби санъати мусикии тоҷик аст. Хонандаҳои тоҷик ва тамоми дунё имкон доранд ҳама маълумот, аксҳо, сурудҳо, ва таронаву аҳборҳои марбут ба  хумёгарони тоҷикро инҷо дарёфт намоянд. Беҳтарин таронаҳо аз беҳтарин сарояндаҳо.Агар ба ин гуфтор шак доред, пас боре меҳмони ин торнигор шавед, то худ бифаҳмед,ки ман чи мегуяму шумо чи мебинед.

Аз паси ин торнигор  сомонаи рузноманигор Неъматуллои Акбар арзи ҳасти кард,ки он ба гуфти худи муаллиф барои аҳли сухан, илм ҳунар ва завк мебошад. Албатта ҳеч торнигорандае бидуни ҳадаф даст ба блог намебарад. Неъматулло низ ҳадафе дорад.Ва ҳадафаш ин аст, ки фикру андешаву чакидаҳо ки баъзан  дар сараш пайдо мешавандва онҳо, ки хоси рузномаҳои даври  нестанд, барои онҳоро гуфтану ҳифз кардану ба маъраз гузоштан ин торнигорро тор додааст.Ба фикри у блог дар иброз намудани андешаҳояш ва бархурди онҳо бо дигарон накши боризеро метавонад бозад.

Неъматулло

Дигар ин, ки бахшҳое, ки у ихтисос додааст, каме содда ва он ҳам бо вуҷуди содагиашон камёфт ҳастанд. Ба унвони мисол бахшҳое чун , Андеша, Ҷаҳон, Корикатур, Синамо, Аксҳо, Мусики ва гайраҳо,ин баргузидаҳо мавзуҳое ҳастанд, ки як андоза ҳам бошад, тафреҳиянд ва ҳаводорони сухану завку ҳунарро форигтар аз ташвишҳои зиндаги  сари паҳлуҳои мусбати ҳаёт ҷалб мекунад.

Масалан дар бахши Корикотур чунин андеша меоварад: «Одам вакте хост барои амали кардани талаботҳояш коре бикунад, пеш аз он, ки гап зад, нахуст, ишораҳо дошт. Расмҳо ҳам аз он ҷумлаанд»

Албатта дар рузҳои наздиктарин беҳтарин андешаҳо ва гуётарин навишторҳоро метавонед дар ин саҳфа хонед,омузед ва баҳраманд гардед. Ба дусти азиз андешаи бикр ва тавфик дар умураш мехоҳам.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: