Комил Ёдгор-мусаввири моникалам.


Ба муносибати 60-солагии Рассоми мардумии Тоҷикистон Комил Ёдгор дар Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ ба номи Камолиддини Беҳзод намоиши осори ҳунарии ў баргузор гардид. Ин бахонае шуд то рокими ин сутур чанд чумлае рочеь ба хаёт ва фаолияти мусаввири моникалами точик Комил Ёдгор ироа намоям.

Шарҳи ҳол:
Комил Ёдгор 6 майи соли 1950 таваллуд шудааст. Омўзишгоҳи рассомии шаҳри Душанберо дар соли 1971 ва Институти рассомии ба номи В. И Сурикови шаҳри Маскавро соли 1978 хатм кардааст. Соли 1987 котиби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон интихоб шуда буд. Комил Ёдгоров аслан рассоми монументалист маҳсуб мешавад. Асарҳои ў «Фоҷеъаи Саргазон», «Парастуи аввалин», «Парастуҳои заминҳои навкорам», «Пиллаи Дилварзин», «Аѓбаи Шаҳристон», «Тарки дарбор», «Суѓддухтарон», «Қатли шоир» ва даҳҳои дигар мебошанд. Дорандаи ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон (1987) аст. Офаридаҳои ин мусаввири мониқалам дар Чехословакия, Булѓория, Кореяи Шимолӣ, Никарагуа, Япония ва дигар кишварҳо намоиш дода шудаанд. Эҷоди қалами ин ҳунарманд аз марзҳои Тоҷикистон фаротар рафта, дар расадхонаву осорхонаҳои Аврупову дигар манотиқи ҷаҳон зуҳур ёфтаанд. Ў ҳунари ҳайкалсозӣ ҳам дорад. Аз соли 1979 инҷониб Комил Ёдгоров дар корзори ҳунари рассомӣ машѓул аст. Аввалин асари ў «Парастуи нахустин» ном дорад, ки дар намоишгоҳи умумииттифоқӣ ҷойгоҳи волое касб карда буд.
Наққошӣ ва муҷаcсамасозӣ ҳунарҳое ҳастанд, ки қабл аз пайдоиши хат дар зиндагии инсон ҳузур доштаанд. Комил Ёдгор, ин мусаввири барҷаста дар тўли 30 сол ба танҳоӣ беш аз 50 иншооту биноҳои фарҳангию давлатиро бо асарҳояш тазйин кардааст, ки ҳунарсолории ў шояд бесобиқа бошад. Фақат дар шаҳри Хуҷанд 5 иншооти бузурги фарҳангӣ тавассути дастони мониқалам — Комил Ёдгор офарида шудаанд, ки охирин намунаи он — осорхонаи таърихии вилояти Суѓд аст.
Бузургворе гуфта буд, ки инсон барои саргармии худаш дар шаҳр зиндагӣ мекунад ва дар русто барои саргармии дигарон. Воқеан, Комил Ёдгор аз зумраи чунин инсонҳост, ки дар шаҳрҳову кишварҳо хонд, дид, омўхт, санҷид, такмил ёфту рушд кард ва дубора ба дудмоне , ки зиндагияш оѓоз ёфта буд, баргашт.
Барои мусаввир Комил Ёдгор имрўз деҳа қароргоҳи ҳунар гаштааст. Ба андешаи ў русто бартариҳои зиёд дорад, чун оромӣ, зебоӣ ва ѓайраҳо. Аммо дар зодгоҳ устохонае надорад, ки қаламкашӣ кунад. Ахиран се маротиба катбӣ ва шифоҳӣ ба ҳукумати марказӣ ва ҳукумати вилояти Суѓд муроҷиат кардааст,лек ҳамоно посухи рад шунавид.
Вале ба осори ӯ назар мекунед устохонааш пеш аз ҳама мағзи фикрофаринаш аст.Ҳастанд Расомоне ки устолхаонаҳои муҷаҳҳаз доранд аммо осорашон ба дил роҳ намеёбад. Бинобар ин, дар осори ў симои шодӣ дида намешавад. Бояд таъкид намуд, ки қаламрави ҳар ҳунаре — чӣ тасвирию чӣ наққошӣ аз чашмаи андеша маншаъ мегирад ва ин ҳунар аз дидгоҳи Комил Ёдгор гунае аз андеша аст.
Ба эътимоди Комил Ёдгор, ҳар нафар мувофиқ ба дарду ҳолати худ метавонад асарро дарку фаҳм намояд, яъне пазироии бинанда аз асар бастагӣ ба дарду ҳолати бинанда дорад. Санъати мусиқӣ ҳамсон бо санъати тасвирӣ аз диди ин рассом ниёзе ба тарҷумон надоранд. Ў мегўяд осори ҳунарии чеҳраҳое чун Микеланҷело, Рафаэл, Леонардо дa Винчи ҷовидона дар авроқи таърихи башарият маҳфуз мемонанд ва ҳеҷ кўҳнашавӣ надоранд. Аз рассомони Ѓарб ҳамаро эътироф мекунад, хоса рассоми чирадасти Итолиё Сандро Ботичеллиро, ки услуби вежа ва хосаи худро дорад. Олами Комил Ёдгор аз лиҳози фалсафӣ хеле амиқ асту мураккаб.
Оскар Войл, нависандаи ирландӣ чӣ хуб фармуда, ки «Як ҳунарманди бузург чизҳоро ҳамон тур, ки ҳастанд намебинад, агар медид, ҳунарманд набуд». Гумон мекунам, ин гуфторро метавон дар ҳаққи ҳунармандоне чун Комил Ёдгор ишора кард, ки дар воқеъ диде доранд мутафовит аз диди дигарон.
Комил Ёдгор наққоши навпардозест, ки аксаран мавзўъҳоро барои асарҳояш интихоб намекунад, бадоҳатан дар зеҳнаш пайдо намешаванд. Масалан, ў шоҳиди солҳои ҷанги хунин буд, ҳамаро бо ду чашми сар медид. Даҳшатҳои он солҳо, нолаҳои модари писаргумкардаро мешунид. Ин ҳама дар ў таъсире амиқ гузоштааст, ки чун рассом ва ҳунарманд хомўш будану бетараф будан нисбати ин ҳолатро ба худ иҷозат намедиҳад. Дарвоқеъ, рисолати ҳунарманд дар ҳамин ҷо бурўз мекунад, ки бештару пештар ва амиқтар печидагиҳои зиндагӣ ва муаммоҳои онро бинаду эҳсос кунад ва дар амри кушодани ин чигилҳо талош ба харҷ диҳад.

Дигар аз осори ҷозибаноки ў «Нури ситораи дур аст», ки бахшида ба 1100-солагии Исмоили Сомонӣ дар зарфи ду сол офарида шудааст ва айни замон асари мазкур дар Осорхонаи Камолиддини Беҳзод нигаҳдорӣ мешавад. Комил Ёдгор соли 1999 ба унвони рассоми халқии Тоҷикистон мушарраф гашт.

Дигар асари дардолуду фоҷиавии рассом «Фоҷиаи булбул» унвон дорад, ки аз ҳаёту куштори фоҷиаовари Кароматуллоҳи Курбон нақл мекунад. Ба эътиқоди Комил Ёдгор, Кароматуллои Қурбон сарояндае буд нотакрору бемисл ва дорои овози фавқулодда, ки умр фурсат надод то дар ҳунари сарояндагӣ ва навозандагии тоҷик таҳаввулоте ба вуҷуд оварад. ў аз ҷанги хонумонсўзи солҳои 1992-97-ум бо таассуф ёд мекунад, ки ҳам қишри оддӣ ва ҳам истеъдодҳои барҷастаи моро ба коми хеш бурд. Ва дар миёни он ҳама қурбониҳо кам набуданд ҳунармандони моҳир.

Асари Комил Ёдгор «Ҳамсояҳо» аз лиҳози мавзўъ ва мўҳтаво шабоҳате қарин ба «Фоҷиаи булбул» дорад. Рассом дар зиндагии ҳаррўзаи рустоӣ шоҳиди хархашаву мубоҳисаҳои ҳамсояҳост. Ҷангу ҷидолу муноқишаҳо ва нотифоқии онҳо ўро ором намегузорад ва даст мебарад ба тасвири ҳолати рўҳии хеш дар шакли тоблу. ў аз бемеҳриҳо, аз беотифагиҳои инсонҳо гила мекунад.

«Атои худо» — асарест, ки мавзўи онро Комил Ёдгор мавзуи ором унвон мекунад. ў дар ин мусаввара талош кардааст ҳаёти якрўзаи деҳотиёнро ба тасвир кашад. Гов дар ин тасвир рамзи серию пурист, онро беҳтарин муъҷиза мехонад. Зеро зиндагӣ бидуни маҳсулоти ин махлуқ душвор аст. Он гуна, ки дар тасвир мушоҳида мешавад, ҳамроҳи модар ду кўдак низ ҳузур доранд, ки зебоии ин манзараро даҳчанд мекунад. Рассом ҳадаф аз офаридани чунин асареро таҷассуми зебоии бонуи тоҷик ва мўъҷиза будани вайро медонад.

Дар «Субҳ» рассоми мониқалам ҳаёти ҳаррўзаи инсонҳои гуногунро таҷассум мекунад, ки ба иллати нодориҳо ва талош барои бақо, дар партовгоҳҳои мухталиф ризқи хеш меҷўяд. Дар ин асар рассом кўшидааст нишон бидиҳад, ки ин зумра одамон баҳри ризқи хеш ҳатто бо сагу гурба дар набарданд, чун ин махлуқот низ дунболи қути лоямути хеш мегарданд. Яъне рассом мурод аз чунин наққоширо эътирози худ нисбати камбизоативу нодорӣ баён мекунад ва аз дороён даъват мекунад, дасти кўмак ба эшон дароз кунанд. Ин асари зебо гўиё мегўяд : дар ҳоле, ки Худованд ҷумла инсонро якхел, яъне урён меофарад, чаро қисме нисбати иддае бетараф ҳастанд, чаро мардум дидаи бино боз намекунанд? Ин андешаҳо рассоми моҳирро ранҷ медиҳанд. Ў ин амалкарди инсонҳоро истисмор мехонад.

Комил Ёдгор дар асарҳояш ба вижагии мутобиқати рангҳо бо мавзўъ ва мўҳтаво таваҷҷўҳи хосе дорад. Аз ҷумла, дар асари «Даравгар», ки мавзўи он воқеан умумибашарист, тарзи ранггузорӣ низ мутобиқи мавзўъ сурат гирифтааст. Ин асар нишон медиҳад, ки ҳамарўза теъдоди аъзами инсонҳо аз истифода ва истеъмоли машрубот, маводи мухаддир ҷон месупоранд. Яъне мусаввир талош мекунад то ба корбарони ин корзор нишон бидиҳад, ки оқибати ин амалҳо ҷуз маргу фано чизе нест ва рўзе аз рўзҳо доси марг сабзаи инсониятро хоҳад даравид.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: