Эшонхо сомонадор шуданд.


Сомонахои точики афзоиш меёбанд.

Интернетро бояд бузургтарин сомонаи чахони донист,ки то кунун ба дасти инсон тарохии мухандиси шудааст.

Бо густариши рузафзуни фановарихои технулучи ва  интернети сомонахои навину тозае низ пайдо шуда истодаанд,ки бешак дар пур намудани фазои чи иттилооти ва чи ичтимои накши муассире мебозанд. Интернет дар хаёти чи гузашта ва имрузи  башарият ба масобаи як шабакаи чахоност, ки хазорон корбаронро  бо ахдофу макосиди гуногунзамина гирди хам овардааст ва агар онро аз як тараф шабакаи иттилоттрасони номем аз суи дигар метавон онро чун  василаи васлкунандаи милиён одамхо номид. Ва чи абсо мувафаккиятхо ва дасёбихост, ки башарият тавассути корбурди ин шабака ноил гашта. Ва ин шабакаи чахони бидуни тардиде дар хаёти имрузи инсони модерн таьсироте ворид карда, ки ба чахонбини ва инсонбинии у асос мегузорад. Милиёнхо одамони гуногунзабону мухталифмилал имкони дастраси ба хар гуна иттилоотро, ки хадамоти чустучуии Google ё дигар хадамотхои интернети фарохам меоварад, дошта бошанд ва дар хар заминае маьлумот ва иттилооти дилхохро ба даст оваранд.

Хуб,  чун мебинем,ки роичтарин ва бештарин забоне ки дар интернет истифода мешавад ин хамоно забони чахонии инглисист, чун аксар нармафзорхои интернети ба василаи ин забон хастанд ва худи «ботин» ва устухонбандии интернет аз хамин забон маншаь мегирад . Аммо боиси хурсандист,ки таи солхои на чандон дур сомонахои точики ва точикзабон руз аз руз шумораашон афзоиш меёбад, ки ин аз як тараф агар рушди маьрифати технулужии мо точикон бошад, аз тарафи дигар ба таври васеь густариш ёфтани доирахои корбарии интернет аст.

Мулло Маьруфчони Истаравшани

Дар зер мехохам чанд сомонаи навтавлидро хидмати хаводори азизи ин шабакахо муаррифи намоям. Чанде кабл сомонаи Мулло Маьруфчони Истаравшани тахти унвони «Салмон» арзи хасти намуд,ки дар он рочеь ба андешахо, осори илмии тахкикнамудаи муаллиф , ашьори орифона, маколот ва гайрахо сухан меравад. Мулло Маъруфчони Истаравшанй соли 1950 мелодй дар шахри Истаравшанй бостонй по ба арсаи хаёт гузошт. Вай саводи динии худро дар махзари уламои барчастаи Истаравшан амсоли Корй Мирисо, Эшони Субхонкулихон (Мехрй),  Кори Фазлуллох ва дигарон омухта, сипас озими Бухорои Шариф гардид.У осори илмии зиёде аз таълифу тахкику тарчума дорад, ки мухимтарини онхо иборатанд аз «Шархи мавлидун-набии Аллома Барзанчй»,  «Фикхи татбикй», «Дар куй маломат», «Ахкоми ханафй», «Тафсири мукаддамотй»,  «Мачмуаи ашъор» ва дахдо тахкику тарчума ва садхо маколоти илмй мебошанд.

Мулло Маьруфчони Истаравшани инчунин дар ин сомонаи худ талош мекунад то бо навиштану эчоди маколоти тадкикоти ва пажухиши маьнавиёти хонандаи точикро сайкал бидихад.Дар навиштори тахти унвони  «Имоми Аъзам-мутакаллим факех ва ориф» чунин мегуяд: «Имоми Аъзам тамоми умри худро мисли дигар мутакаллимон вакфи илми калом ва бахсу мунозарахои бефоида ки ба мучодала ва мукобара кашида мешуд накард ва аз хатароти ва офатхои ин рох зуд огох шуд ва бо таълифи рисолаи ба номи «Фикхи Акбар» ки аввалин китоби муфид дар ироаи мазхаби сахехи ахли суннат ва чамоат аст ба фаолияти худ дар ин замина хотима бахшид ва дар махзари устоди бузургаш Хаммод ибни Сулаймон рохи фикхро пеш гирифт ва дар ин замина низ аз хама амсол ва акрони худ пеши гирифт ва ба макоми болои ичтиход ноил гашт» Инчунин дар навиштори бо номи «Танзим» дар чахорчубаи диди Ислом чунин мегуяд:»Ислом дини васат ва омадааст то ба мардуми чахон зиндагии васатро ки мутазаммини саодат ва саломатии онхост биёмузад ва аз исроф ва табзир ки решаи хамаи бадбахти ва бечорагихост чилавгири намояд» Ин ва дигар андешаву гуфтору дидро метавонед дар ин сомонаи Мулло Махмудчони Истаравшани ба таври густурдатар мутолиа намоед.

Дигар сомонаи пурмухтаво ва  хондание, ки чанде кабл таваллуд шуд ин сомонаи расмии Эшони Турачон мебошад,ки  аз тарафи дустдорон ва хаводорни эшон сомон дода шудааст, бо ин хадаф,ки дидгоҳҳои эшон , андешахо, тадкикот, калом ва осору таълифоташонро руи ин сахфа оранд.  Мудирияти ин сомона ахдофи ташкил намудани чунин як сомонаеро дар шиносоии наздик ба хонадони Ҳазрати Эшони Тураҷон (раҳимаҳуллоҳ), пахши маҷмуъаи осор ва таълифоти ин бузургон, саҳмгузори дар бедории руҳ ва маънавиёти исломии мардуми бузурги тоҷик аз роҳи пахши наворҳои исломии эшон, шиносоии фархангу маьнавиёт ва дигару дигархо матрах намудаанд.

Ҳазрати Эшони Муҳаммадрафиъ машҳур ба Эшони Тураҷон

Ин сомона дорои сахафоти чолибу хондание дорад. Масалан дар бахши «Дини Ислом» мо имкони ошнои бо ин дин, чи гуна пазируфтани он ва чойгохи занонро дар дини Ислом мебинем, ки хар як гузина бо маьлумоти комил тахия шудааст. Инчунин бахшхое низ сомонаро оро дода,ки хонандаи точик имкон дорад доир ба  зиндагинома, аксхо, савтхо, ва маколоти се шахсияту баруманди чомеаи мо чун  Эшони Турачон,  эшони Нудиддин, эшони Махмудчон маьлумоти кофи бигирад. Дар кисми «Суолу чавоб» хонандагони арчманд имкон дорад ба хар гуна суолоти хеш ба эшони Нурридин мурочиат намуда, сипас посухи онро бигиранд.Дар бахши «Китобхона» бошад, чандин маколоту таьлифоти дини, фикхи, тафсир, хадис, таьрих ва гайрахо  бо забони точики, араби, форси мавчуданд, хонандаи точик метавонад аз мутолиаи онхо манофии маьнави ба даст орад.

Агар мехохед аз муьчизахои Худованд дар Курьони Карим огох бошед, агар мехохед, чи будани хичобу назари Ислом ба онро донед, агар мехохед шахсиятхои чомеаи худро бишносед, агар мехохед аз навтарин маколоти исломию дини бархурдор бошед, агар мехохед маьнавиёт,фарханг, маьрифати исломи, хуввияти хештаншиносии худро гани гардонед,  пас мархабо дустон ба сомонаи Турачон!!

Реклама

комментариев 6

  1. Салом бародари гироми… Хеле шод шудам аз он ки рохи расидан ба ин сомонахоро барои мо кутох кардед….

  2. فردوس عزيز
    خدمت خوبى به پيشگاه پروردگار يكتا نموديد
    خداوند رهنما و مددگار شما باشد

  3. سلام به نبى الله سنتى عزيز لطف کديد صفحه منو مزين کرديد
    در پناه حق باشيد!!

  4. Салом бародари хубам, лутф кардед шумо.Банда танхо вазифаамро анчом додам.Обод бошед.

  5. Дуруд бар дусти азизи захматкашам!!!
    Мо кадрдони хизматхои шумо хастем, бисёр кори хубро анчом додед. Муваффак бошед!!!

  6. Дуруд ба дусти донишманди мо!
    Муваффак бошеду комёр.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: