Зарбаи «Нокдаун»-и Сафорати Узбакистон ба Точикистон


Чанде кабл тибки иттилои сомонаи  Озоди гурӯҳе аз занони фаъоли тоҷик, дар назди сафорати Узбакистон дар Душанбе ҷамъ шуда, хостори боз намудани роҳҳо, қатъи муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон ва ба ҳолати одӣ баргаштани муносиботи ду кишвари ҳамҷавор шудаанд.

Аммо мақомоти сафорати Узбакистон дар Душанбе нахостанд бо ин гурӯҳи занон мулоқот ва муроҷиъатномаи онҳоро қабул кунанд. Оё  ин муносибати макомоти сафорати Узбекистонро коршиносни точик чу гуна арзёби мекунанд? Ва оё рисолати сафоратхонахо дар хар давлате хоса руи чунин масьалахои пешомада дар чист.?

Сардй дар робитаxои ду кишвари xамсоя Узбекистон ва Точикисотн аз ибтидои асри 21 оғоз шудааст.Аммо ин чо  сардиву гармии муносиботи ду хамсояро як су гузошта ба навтарин «амалкардхо «-и ин хамсояи мепардозем.

Албатта дидгоху назари коршниноси точик рочеь ба ин мавзуь гуногун мебошад.Аслан чунин масоилро мебояд дар сатхи давлати ва дар хамоханги бо макомоти ду кишвар халлу фасл намуд. Ба бовари Набиюллохи Суннати коршиноси масоили сиёси аслан рисолати сафоратхонахо дар хар кишваре ки бошад, равобити ду кишварро  ба хам пайвастан аст, аммо ин чо кори сафорати Узбекистон дуруст аст, зеро унхо ба хотири шахрвандхои худ ки дар Точикистон муваккат ба сар мебаранд, бояд сару кор дошта бошанд,на халли мушкилоти табааи точикистони. Хамсухбатам меафзояд, ки ин гуна  масъаларо аз онхо на, балки аз хукумати Точикистон дархост кардан даркор ки ин масоил дар сатхи хукуматайни ду кишвар  яьне Точикистонч ва Узбекистон хал хохад шуд, на як сафоратча. Ба эьтикоди у ин хамоиш хоки аз  инкори  худи ду хукумат-Точикистон ва Узбекистон  аст.

-Ин ки мардуми Точикисстон ба сафорати Узбекистон мурочиат кардаанд, гайримантик аст. То хадде мардуми Узбекистонро низ тахрик додан зарур аст, ки эшон низ ба хукумати хеш мурочиат намоянд, то дар ин мушкилот ки на факат мушкили табааи Точикистон аст, расидаги намоянд. Зеро равобити чи дустиву чи иктисодии мардуми одди ин ду кишвар карнхост, ки хуб буд ва хануз хешу табори ва хатто дар оилае мебини ки зан агар узб бошад, шавхара то аст ва ё баръакс. Ман ин корро никору касоси ду хукумат медонам, на ду миллат. Ва чамъ шудани точикзанони фаъол дар назди сафорати Узб гайримантики аст. Чи коре сохта аст аз дасти як сафоратчае ки ба мушкилоти мардуми худаш (манзур мардуми Узбакистон, ки муваккат дар Точикистон кору фаъолят доранд) расидаги карда наметавонад?-мегуяд Набиюллохи Суннати

Аммо Хикматулло Сайфуллозода  тахлилгари  масоили сиёси бар он аст,ки чунин тачрибае дар гузаштахои ин ду миллат  вучуд надошт ва  чунин эьтироз аз чониби мардумро бетаьсир мехонад.Ба бовари  ин тахлилгар чунин намоиши занонро макомоти узбак метавонанд намоиши сохтакорона ва фармоиши унвон кунанд.Хикматулло Сайфуллозода тахлилгари маоили сиёси дар идома мегуяд ки ин гуна муносибат ягон тарзи дипломати ва ахлокии инсонии мо шаркихо кабул надорад. Ба иддаои у ин гуна муносибат ё намоиш метавонад  масъаларо миёни  ду кишвари хамсоя боз чиддитар намояд.

Ба иттифоки аксар коршиносон ин амалкарди макомоти сафорати Узбекистон ноши аз  бетафовут будани давлати Тошканд ба хукумати  Душанбест. Абдувости Салимзода хабарнигори Родио «Садои Хуросон»- ЧИЭ бар ин дар робита ба ин масьала мегуяд,ки дар хoли хозир хукумати Тошканд хеч андешаи нармсозии муносибат ба Точикистонро надорад ва ин амалкарди масьулони сафорати Узбекистон  ки нахостанд бо знони точик сухбат кунанд нигаронкунанда аст ва ин худ бозгу аз беэхтиромии онхо ба миллати точик мебошад. Ба иддаои у чунин икдоми сафорати Узбакистон ва хукумати ин кишвар дар мавриди Точикистон ва шахрвандони он ба аввалин бор нест ва фикр мекунам ки ин масьала кабл аз хама ба имичи сафорат ва хукумати Узабакистон таьсири манфи мерасонад ва аммо Точикистон низ набояд чунин икдомхои «бародаронаро» нодида гирад.

Бо дар назардошти бинишу бардошти коршиносон аз ин муносибот ва амалкарди макомоти сафорати Узбекистон дар Душанбе метавон  чунин натичагири намуд,ки ин амалкард боз як зарбаи «нокдаун»- хукумати Тошканд буд ба пайкари Точикистон ва мардумаш.Аз диди коршиносн сафораткхонахо дар хар кишваре махз ба хотири  рохандозии муносибатхо, тахкими равобит ва халли хама гуна нофахмихо боз карда мешаванд вагарна аз хузури ин намояндагихо дар хар кишваре чи фоида?

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: