Донишманди тоҷик узви « Гурўҳи шеъру адаби Муассисаи фарҳангии ЭКО» интихоб шуд


Профессор Мирзо Аҳмадзода, муҳаққиқ ва устоди Донишкадаи омўзгории ба номи Садриддини Айнии шаҳри Душанбе ба унвони намоянда аз Тоҷикистон узви «Гурўҳи шеъру адаби Муассисаи фарҳангии ЭКО» интихоб гардид.Ин гурўҳ дар аввалҳои моҳи майи имсол таъсис шуда , Раиси он доктор  Маҳдии Муҳаққиқ ,донишманди саршиноси Эрон мебошад ва дар ин гурўҳ шахсиятҳои саршиноси адабии Эрон, ҳамчун доктор Алии Равоқӣ ва доктор Озар шомил мебошанд.

Оқои доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ,Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар  фармони интихоби доктор Мирзо Аҳмадзода навиштааст: «Назар ба салоҳияти илмию омўзишии Ҷаноби Олӣ ба мўҷиби ин ҳукм аз таърихи 1.06.2010  ба унвони узви «Гурўҳи шеъру адаби Муассисаи фарҳангии ЭКО » мансуб мешавед.

Тарвиҷи адабиёти фохири форсӣ дар кишварҳои минтақа ва баҳрабардории олимона аз зарфияти фарохи шеъру адаби ин диёр ва истифода аз ин фурсати фарҳангӣ барои иртиқои шинохти таъомул миёни миллатҳои ЭКО,омўзиши хати форсӣ ба миллатҳои минтақа ва нишондани ҳаловати забону адабиёти форсӣ дар коми ҷони миллатҳои ЭКО аз умурест,ки он устоди бузургвор ва ҳамкорони гиромияшон ба  ташнагони водии каломи форсӣ пешкаш хоҳанд намуд ».

Гуфтанист  «Гурўҳи шеъру адаби Муассисаи фарҳангии ЭКО » ниҳоди илмию фарҳангиест,ки бо машварату маслиҳатҳои судмандаш дар густариши фарҳанги минтақаи ЭКО муассиру корсоз хоҳад буд ва қарор аст аз ҳар кишвари узви ЭКО  чеҳраҳои барҷастаи илмию адабӣба узвияти он пазируфта шаванд .

Шоҳмансури Шоҳмирзо,шаҳри Теҳрон

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: