Оё мо ниёзе ба Порлумон дорем?



Дар холе, ки мавзуи кулли расонахои чи хатти ва чи электронии точики таи чанд мохи ахир асосан ба масоили умда ва доги рузе чун боздошти вагонхои Точикистон дар каламрави Узбекистон, пулаки шудани рохи Душанбе-Чанок ва албатта нооромихо дар кишвари хамсоя ишора мекард ва гуфтан метавон мучиби нигаронии шадиде дар чомеа гаштааст, Порлумони кишвар нисбат ба ин масоил бетафовут буд ва хомуширо ихтиёр намуд. Бо интихоби Шукурҷон Зуҳуров, ба мақоми раиси Маҷлиси Намояндагон, ки шахсияти чадиде барои Порлумон махсуб меёбад бисёриҳо, бар ин бовар буданд, ки бехбудие дар Порлумон эчод хохад шуд. Тибки назари коршиносон Порлумон кудрати дигар ва тагйир намудани самти зиндагии мардумро надорад. Ва ба гуфти аксар тахлилгарони точик Порлумон ва вакилони он танхо ба хостахои худ расидаги меккунанду халос. Магар мояи тааҷҷуб нест вакте мебини вакилони сокиту хомуши Порлумон, ки намояндаи ин ва он минтақа ва созмони сиёсӣ дар ниҳоди олии қонунгузории кишвар мебошанд, нисбати ташвишхо ва нигаронии мардум аз ину он масоил мухри хомуши бар лаб мениханд ва сукутро ихтиёр мекунанд? Аммо суоли матрах инчост, оё дар холе, ки Порлумон нисбати нооромихо дар Киргизистон бетафовут буду хеч вокунише аз худ нишон надод ва дар холе ки натавониста нисбати масоили мубрами дар боло зикршуда садо буланд кунад, оё фаолияти Порлумонро чи гуна метавон арзёби кард? Оё дар холе, ки аз дасти вакилон коре сохта нест, дар холе, ки ягона ниходи вижаи давлати, ки бояд додрасу химоятгари мардум бошад, пунбадаргуш аст, оё мо ниёзе ба чунин Полумон дорем ё хайр? Барои посух ба ин суолхо мутавваччех бошед ба назархои зер.

Чура Юсуфи, рузноманигор

Бадбахтона ин хайати нави парлумон хам маколи кузаи наву обаш хунукро ба ёд меорад. Сабаб он аст, ки аксарияти мутлаки вакилон аз як хизб (ХХДТ) ё ахзоби дастнигари ин хизби хоким астанд ва харчанд байнашон шахсиятхои шинохта хеле зиёд хастанд, тахти шиори «хохи нашави расво, хамранги чамоат шав» ба ин чамъияти камранг бо номи Мачлиси намояндагон пайвастаанд. Ва барои хомушии мармузи парлумон дар киболи умдатарин масоили хаёти ичтимои, иктисоди ва сиёсии Точикистон бояд ХХДТ посух гуяд…Посух гуяд, ки чаро парлумон (собикаш хам аз они ХХДТ буд), конуни рохро ба манфиати ширкатхои хоричи тагйир доду манфиатхои мардумро поймол кард ва рохеро, ки Рохи Вахдаташ номидем, пулаки шуд?…Чаро парлумон дар мавриди баёноти пайдарпайи муовини спикери Думаи Русия дар бораи зери суол бурдани Истиклолияти давлатии Точикистон ва хатто ба хайати Русия ворид кардани он хомуш аст? Ва боз чарохои дигар… Умуман парлумон дар кишвари мо чазираеро мемонад, ки гуё аз розу ниёз, дарду ранч, хулоса, мушкилоти чомеа дар канор аст.

Парлумон ягона ниҳоди давлатиест, ки афкрори ҷомеъа то ҷое ба дарки вазифа ва салоҳияти он мерасад.

Хикматулло Сайфуллохзода тахлилгари масоили сиёси

Ва албатта, шинохти ин шохаи муҳими ҳокимияти давлатӣ ҳанўз аз солҳои 90-уми асри пор оѓоз меёбад. Ин ҳамон марҳалаест, ки ду ҷанбаи мусбӣ ва манфии парлумон ба ҷомеъа ошкор гардид. Аммо то интихоботи соли 2000-ум дар мавриди фаъолияти парлумон ҳеҷ ҷонибе таваҷҷўҳ зоҳир намекард. Бо омадани мухолифин ба кишвар ва аз сар гирифтани фаъолияти сиёсии онҳо, ба хусус ворид шудани намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба парлумони касбӣ, таваҷҷўҳи ҷомеъа низ сўи парлумон пайдо гардид. Аммо, мутаасифона таҷрибаи10 соли гузашта нишон медиҳад, ки фаъолияти парлумон, сатҳи баҳсу андеша ва масоили матраҳи он ва қонунҳои қабулшуда ҳанўз ба сатҳи парлумони ѓайрикасбии соли 1990 нарасидааст.

Сабаб чӣ бошад, ки бо доштани давлати мустаъқил ва парлумони касбӣ миллат соҳибандешону донишмандонеро дар парлумон пайдо намекунад, ки масоили доѓ ва умдаеро ба баҳс бикашад ва дар ѓафлатзадагии дигарон такон ворид намояд. Ба гумони банда, мушкил як аст, роҳ надодан ба пешниҳоди расмии андешаву фикр ва зери назорати шаддид қарор додани тасмимгириҳои парлумон аз сўи дастгоҳи раёсати ҷумҳур. Агар ин низоми ѓайрирасмӣ аз байн наравад, ҷойгоҳ ва мавқеи парлумон барои ҷомеъа нолозим мешавад. Бале, масъулияти давлатдорӣ, ба хусус дар шароити феълӣ тақозо мекунад, ки масъулиятшиносии давлатмардони кишвар ба маротиб боло бошад, аммо дар нисбати сарвари давлат ин ҳарфҳо боз ҳам болотаранд. Аммо, ин набояд ба маънои маҳдудсозии шохаи дигари ҳокимияти давлатӣ қарор дода шавад. Бо ин тарзи муносибат мо пайдо шудани андешаи солим ва иқдомҳои наҷибро дар ҷомеъа аз байн бурда, ҳамаро вобастаи як фикр мегардонад. Ва миллат ба як миллати сархам ва бетафовут табдил меёбаду тақдир, дурнамои онро боз ҳам дигарон тарҳрезӣ мекунанд.

Бисёр аҷиб аст барои доираи соҳибандешон, ба хусус ВАО, ки чаро парлумон дар қиболи масоили доѓ хомўш меистад ва вокунише аз худ нишон намедиҳад, дар ҳоле ки афкор ва назари қишри пешқадами ҷомеъа дар ВАО матраҳ мегардад. Ва саволи муҳим ҳам ҳамин аст, ки оё ВАО-ард ҳамроҳ бо миллат ва ё парлумон? Ин аз ҷумлаи саволҳои матраҳи ҷомеъа аст, ки аз ин ба баъд ниёзе ба чунин парлумони лабайк гуро қабул надорад. Бояд масъулини парлумон ва вакилони муҳтарами он андаке тафаккур намоянд, ки оё ин тазоди фикрии миёни парлумон ва ҷомеъа то кай идома меёфта бошад? Оё ин бумбасти низоми се шохаи ҳокимияти давлатӣ нест? Оё вақте мардум дар навоҳие ба хотири дифоъи ҳуқуқи хеш ба майдон мерезанд ва дар ҷои дигаре дилҳои мардум ором надоранд, парлумон, ягона ниҳоди мардумии кишвар хомўш буданро ҳақи хеш медонад? Ин гуна хомўшӣ хилофи раъйи мардуми кишвар нест?

Саволҳои ниҳоят зиёде ҳаст дар миёни мардум, вале парлумон бо ин хомушии хеш онҳоро на кам, балки афзоиш мебахшад. Худо кунад, ки оқибати он нек бошад!

Хуршед Атовулло сардабири рузномаи Фараж

Аслан аксар вакилон вакилони парлумони пешин хастанд ва ба дасти худ шартномаи пулаки шудани рохро миёни Хукумати Точикистон ва он ширкати хоричи тасдик кардаанд. Ва имруз танхо ин пулаки шудани рох метавонад дар Точикистон таркиши ичтимоиро ба вучуд орад. Имруз ба душмантарошихои баъзе ВАО дар симои Махмуду Абдулочонов хандаи кас меояд, зеро мардум мардуми солхои наввад нест ва думболи ин гунахо дигар намехезад. Ин амал ба хотири тарошидани симои душмани беруна ва бо ин бахона то андозае муттахид доштани чомеаву аз мушкилоти дохили дур кардани онхо амали мешавад.Фикр мекунам ниёзе ба парлумон нест ва дар ин маврид ман чанд бор гуфта будам. Ба чои харочоти хангуфт ба чои нигох доштани парлумон метавон як шуъбаи хурде дар назди дастгохи ичроияи президент таъсис дод аз хисоби ду-се хукушиносу иктисоддон, зеро тамоми конунхо аз чониби хукумат пешниход мешаванд ва гох-гохе парлумон ба он тагиротхои чузъи ворид менамояд.

Минбари коршинос

Реклама

комментария 3

  1. Durud bar shumo dusti aziz!!!
    Bale voqean chunin ast ammo charo gushi shunavoe nest, ki ba in badbakhtiho poyon bakhshadu millati bechoraro az in badbakhtiho najot dihad?
    Khudoyo khudat ba dodi mo biras vagarna…

  2. салому дуруд дусти хубам. Умедворам ин чанд муддат хубу саломат будед ва ахстед ва иншооллох хохед монд.Бароятон тавфик мехохам,феь;лан худо нигахдор

  3. Порлумони кишвар то он вактеки ивази шурваимафкурахо сурат намегирад, хамин тавр хомуш мемонад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: